logo

иҷтимоиёт

СОҲИБКОРОНИ КОРЕЯ: "Тоҷикистон имкониятҳои фаровони сармоягузорӣ дорад"

Дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси» бо иштироки намояндагони 180 ширкат форуми сармоягузории Тоҷикистону Корея баргузор гардид. Соҳибкорони кореягӣ бардошти худро аз сафари чандрӯзаашон ба Тоҷикистон ва боздид аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ баён дошта, барои ҳамкории муштарак бо ҳамтоёни тоҷикашон изҳори ҳавасмандӣ намуданд. 

Ҳанс Бае Ки, директори техникии ширкати «ҲансБиотех», роҳбари ҳайати сармоягузорони Корея, изҳор дошт, ки омодаем дар соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сайёҳӣ, тиб ва хизматрасонӣ ба таври шарикӣ лоиҳаҳои нави афзалдоштаро татбиқ намоем. 
- Давоми чанд рӯзе, ки мо – соҳибкорону сармоягузорони Корея дар доираи форум аз гӯшаю канори Тоҷикистон боздид намудем, хуб дарк кардем, ки Тоҷикистон имкониятҳои фаровони сармоягузорӣ дорад. Ба ин асос, ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию  тиҷоратӣ бо соҳибкорони тоҷик боз ҳам ҳавасмандии мо афзуд. Ин вохӯрӣ ба рушди муносибатҳои ду мамлакати дӯст такони ҷиддӣ хоҳад бахшид,- иброз дошт ӯ. 
Дар форум, ҳамзамон, Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноат,  доир ба имкониятҳои сармоягузории ду кишвар, инчунин, тавофуқоти то ин дам байни соҳибкорон ҳосилшуда сухан ронданд. 
Ба гуфтаи Абдураҳмон Абдураҳмонзода, сарфи назар аз таъсири пандемияи COVID – 19 гардиши савдо байни Тоҷикистону Корея танҳо тайи даҳ моҳи соли равон зиёда аз 50 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Аммо ин нишондиҳанда дар муқоиса  ба иқтидорҳои истифоданашуда хеле кам аст. Мо метавонем дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ,  сайёҳӣ, дорусозӣ, коркарди маъдан ва ғайра ҳамкории густурда дошта бошем. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.2021    №: 241    Мутолиа карданд: 1527
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед