сиёсат
ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ.
ФОРУМИ ҲАМКОРӢ ТАҲТИ РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ЗАРФИЯТҲОИ БАЛАНД КАСБ КАРД
30 ноябр дар бӯстонсаройи ҳуқуматӣ (шаҳри Душанбе) дар чаҳорчӯби раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти 14-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.
Дар форум вазирони корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Қирғизистон Руслан Казакбаев, Корея Чон Ий Ён, Туркманистон Рашид Мередов, Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Сиздиков иштирок доштанд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни натиҷагирӣ аз саммит ба хабарнигорон гуфт, ки дар чаҳорчӯби ҷаласа чор нишасти коршиносони мақомоти соҳавии кишварҳои Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея дар бахшҳои ҷангал, бетарафии карбонӣ, тандурустӣ ва технологияи рақамӣ сурат гирифт.
- Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея сол ба сол иқтидорашро зиёд карда, ба ҳадафҳои худ расида истодааст. Ҷонибҳо аз табодули афкор, ки дар руҳияи дӯстии анъанавӣ, шаффоф ва ояндабинии нек сурат гирифт, изҳори қаноатмандӣ карданд, - иброз дошт С. Муҳриддин.
Зикр шуд, ки қабули нақшаи кории котиботи форум барои соли 2022 ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳо дар шаш самти дурнамои ҳамкорӣ дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат як қадами муҳим ба пеш мебошад. Онҳо, аз ҷумла соҳаҳои нақлиёт ва логистика, энергетика, таҷдид ва диверсификатсияи саноат, тағйирёбии иқлим ва муҳити зист, тандурустӣ ва тиб, маориф, фарҳанг ва сайёҳиро фаро мегиранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати худро дар Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея ба охир расонд. Тибқи қарори ягонаи вазирони корҳои хориҷии ҷаласаи 14-ум, Ҷумҳурии Корея раисиро барои баргузор намудани Форуми 15-уми ҳамкорӣ ба зимма гирифт.
Дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви форум Изҳороти муштарак қабул шуд.
Бояд гуфт, ки ташаббуси таъсиси абзори форумро соли 2007 ҷониби Корея бо мақсади афзоиши талошҳо ҷиҳати густариш ва тақвияти робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея, инчунин, рушди ҳамкории минтақавӣ пешниҳод карда буд.
Дар доираи раёсати Тоҷикистон 29 ноябр дар Душанбе нахустин Анҷумани соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳузури маҷозии роҳбарони палатаҳои савдо ва саноат, доираи соҳибкорони кишварҳои иштироккунанда ҷиҳати баррасии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя баргузор гардид.
Иштирокдорон имконияти ҳамкории байниминтақавиро муаррифӣ намуда, дар мавриди таҳкими робитаҳои сармоягузорию татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои авлавиятнок бо истифода аз зарфияти фаровони мутақобилаи истифоданашуда табодули афкор намуданд.
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.2021 №: 241 Мутолиа карданд: 1671