иқтисод
СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ БОЗОМӮЗӢ ШАВАНД. ПЕШНИҲОДИ ОЛИМОНУ МУТАХАССИСОН ЗИМНИ МИЗИ ГИРДИ МТС
Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбати гирди миз зери унвони «Арзёбии фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» иқтисодшиносони Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, БДАТ «Амонатбонк» ва КВД «Тоҷинвест» омилҳои ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсиргузорро мавриди баррасӣ қарор доданд. Олимону мутахассисони мамлакат додани қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат ба соҳибкорони хурду миёнаро яке аз роҳҳои асосии рушди саноати деҳот донистанд.
Ба гуфтаи Фарҳод Шарофов, устоди ДДТТ, имрӯзҳо қариб барои ҳамаи соҳибкорони ватанӣ имтиёзҳои қарзию андозии давлату Ҳукумат равона гардидааст. Аммо бештари имтиёзҳоро соҳибкорони калон дарёфт менамоянд. Барои он ки мо тавонем соҳибкории истеҳсолиро дар деҳот ривоҷ бахшем, бояд зиёдтар ба соҳибкорони хурду миёна қарзҳои камфоизу дарозмуддат диҳем. Ба ин васила, онҳо аз зинаи соҳибкории хурд зудтар ба зинаи соҳибкории калон хоҳанд гузашт,- гуфт ӯ.
Фирдавс Нориён, директори маркази бозомӯзии соҳибкорони КВД «Тоҷинвест», иброз дошт, ки соҳибкорон баробари дастгирии қарзию андозӣ, ҳамзамон, ба такмили дониш ё бозомӯзӣ ниёз доранд. Зеро имрӯзҳо раванди рушди технология, бахусус дар ҷодаи соҳибкорӣ, босуръат ҷараён дорад ва ҳамоҳанг будани фаъолияти соҳибкорон бо падидаҳои нави замон шарти муҳими соҳа мебошад.
Дар ҷамъомад, ҳамчунин, такмили қонунгузорӣ дар соҳаи соҳибкории экологӣ, электроникунонии низоми иҷозатномадиҳӣ ва андоз аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи соҳибкорӣ арзёбӣ гардид.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.12.2021 №: 244 Мутолиа карданд: 2742