logo

маориф

МАОРИФ. САҲМИ СОҲАИ ОЯНДАСОЗ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ВАТАНПАРВАРИИ МИЛЛӢ

Дар замони ҷаҳонишавӣ тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми тоҷик ва ҷаҳони муосир  ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ вобастагии калон дорад. Тарбияи ҷавонон аз муҳит ва шароити ҷамъият вобаста аст. Муҳимтарин унсур ва асолати соҳаи маориф дар масири стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ шудани таълиму тарбияи насли нав ба замони муосир мебошад. 

Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносиву ватанпарварии миллӣ барои мо, хусусан омӯзгорону волидон чароғи раҳнамо буда, мутахассисон ва муҳассилинро барои расидан ба мақсади наҷиб ҳидоят менамоянд. Ин сиёсат созанда буда,  барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ва мустаҳкам гардидани ғояҳои муосири давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши муҳим мебозад. Воқеан ҳам, дар ҷомеаи мо насли наве ба воя мерасад, ки дорои ҷаҳонбинии фарох,  донишҳои замонавӣ ва ташнаи илму ирфон аст. Муҳити созанда дар кишвар имкон медиҳад, ки ҷавонон солимфикр ба воя расанд. Иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргузор намудани озмунҳои  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон, Ватани азизи ман” дар тарбияи кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дар руҳияи арзишҳои суннатию башарӣ муҳиму саривақтӣ мебошад. Тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия аст. 
Дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ҷавонон нақши асосиро мебозанд, аз ин рӯ, ояндаи ҳамаи кишварҳо ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Айни ҳол, мутобиқи нишондодҳои оморӣ ҷавонони синнашон то 30 - сола наздики 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, "ҷомеа" гуфта мо  асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», пас, ин мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон аст. Барои он ки мардуми мо, хусусан ҷавонон, маърифати созанда дошта бошанд, бояд ҳар яки мо - ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас, амалӣ созем. Гарчанде Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал мекунад, баъзе  падару  модароне ҳастанд, ки дар таълиму тарбияи фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Аз ин лиҳоз, баҳри риояи қонуну тартиботи ҷамъиятӣ бояд робитаи волидон бо муассисаҳои таълимие, ки фарзандонашон дар онҳо таҳсил доранд, мустаҳкам шавад. Ин амал, ба кам шудани сатҳи ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон мусоидат намуда, ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» оварда мерасонад. 
Дар тарбияи маънавию ахлоқии фарзандон ҳамкории мустаҳками таълимгоҳ, оила ва ҷомеа нақши ҳалкунанда мебозад. Ин аст, ки дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино шурои волидон фаъолият менамояд. Мунтазам гузарондани вохӯриҳову корҳои фаҳмондадиҳии шурои мазкур бо падару модарон дар пеш рафтану самараи хуб додани корҳои тарбиявӣ нақши муҳим дорад. Таълиму тарбияи фарзанд равандест, ки бояд дар якҷоягӣ ба роҳ монда шавад ва он фосиларо намепазирад. Маҳз ҷавонони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки воқеан ҳам тафаккури созанда доранд, метавонанд тақдири ояндаи давлату миллат ва  ҷомеаро соҳиб  бошанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон аз он шаҳодат медиҳанд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри иҷтимоии ҷомеа ҷиддист. 
 
Қ. НОСИРӢ, дотсенти ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино,
С. ТАИБОВ, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2021    №: 244    Мутолиа карданд: 5703
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед