мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МАРВАН АБДУЛЛОҲ АЛ – ҒОНИМ
7 декабр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб Марван Абдуллоҳ ал-Ғонимро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот вазъи имрӯзаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон бо Давлати Кувайт мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кишвари мо ҷонибдори тавсеа ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба бо кишвари дӯсту бародари Кувайт ва манфиатдори рушди муносибатҳо бо Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб мебошад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, саноати металлургияи ранга, сабук ва хӯрокворӣ, сохтмон, роҳу коммуникатсия ва сайёҳиро, муҳокима карданд.
Саҳмгузорӣ дар иҷрои лоиҳаҳои алоҳида дар соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок аз самтҳои судманди ҳамкории ду кишвар номида шуд.
Саҳми Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисодии кишварҳои араб дар маблағгузории як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла амалӣ намудани панҷ лоиҳа дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ки аз соли 2001 сурат мегирад, назаррас арзёбӣ гардид.
Мусоҳибон ҷиҳати рушду густариши ҳамкориҳо, дастгирии баргузории форумҳои соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва дигар чорабиниҳои муштаракро зарур донистанд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо матраҳ гаштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.12.2021 №: 244 Мутолиа карданд: 4475