logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ МАМНУЪГОҲИ ҲАЙВОНОТУ ПАРАНДАҲОИ НОДИР

7  декабр  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор мамнуъгоҳи ҳайвоноту парандаҳоро, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» таъсис дода шудааст, ифтитоҳ карданд.
 
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мақсади ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла олами набототу ҳайвонот, беҳбуди вазъи экологии минтақа, хусусан пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, ҳолати майдони хеле зиёди заминҳои партов ва аз кишт берунмонда беҳтар шуд.
Дар маҳалли бунёди мамнуъгоҳ садҳо гектар замин бекор хобидаву аз ҳосил монда буд. Дар ин ҷо ҷангалзор нобуд гашта, ҳайвоноти нодир ва парандаҳо вуҷуд надоштанд. Акнун, бо таъсиси мамнуъгоҳ, мутахассисону коргарон фаъолияти худро ба масъалаи бунёди ҷангал ва афзоиши ҳайвоноту наботот дар ин мавзеъ равона мекунанд.
Дар робита ба ин, соли 2020 аз ҷониби ҶС «Қуллаҳои Тоҷик» дар шаҳри Ҳисор дар майдони зиёда аз 4000 гектар, ки қисми зиёди онро кӯҳсор ва заминҳои талу теппа ташкил медиҳанд, мамнуъгоҳи ҳайвоноту парандаҳо бунёд ёфт.
Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар мамнуъгоҳ ҷиҳати афзоиши олами ҳайвонот парвариши парандаҳо ва ҳайвоноти нодир ба роҳ монда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани саршумори оҳуи холдор, бухороӣ ва мурғи тазарв қарори махсус қабул намуда буд ва ҳоло бо мақсади татбиқи он то имрӯз дар кишвар барои рушди соҳа, парвариши бештари ҳайвонот ва парандаҳои нодир, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид шудаанд, тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Бо таъсиси мамнуъгоҳ, 150 сокини мамлакат соҳиби кори доимӣ шуд.
Дар мамнуъгоҳ, ки ҳадафи таъсиси он беҳтар намудани муҳити зист ва афзун гардондани гуногунии биологӣ мебошад, дар нишебиҳои кӯҳ, ҷариҳо, талу теппаҳо ва қитъаҳои замини барои кишти зироатҳои кишоварзӣ мушкил ниҳолу буттаҳои гуногуни хушсифати маҳаллӣ ва хориҷии мевадиҳанда, ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз парвариш мешаванд. Инчунин, дар мамнуъгоҳ тухмии аълосифати ба иқлими минтақа мувофиқ, гиёҳҳои гуногуни шифобахш ва дигар рустаниҳои ғизоӣ киштаанд.
Дар нишебиҳои кӯҳ ва минтақаҳои душворгузар, зиёда аз 400 000 ниҳоли гуногуни мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ ва гулҳо шинонда шудаанд. Ҳамзамон, дар минтақа зиёда аз 1 миллион бех ниҳоли пистаи маҳаллӣ парвариш мегардад, ки ин тадбир дар таърихи кишвар бесобиқа мебошад.
Дар 13 гектари мамнуъгоҳ парваришгоҳи ниҳол бунёд гардидааст, ки ҳоло дар он мутахассисони маҳаллӣ фаъолият доранд. Ниҳолҳои омодашуда барои бунёди ҷангал ва боғҳо дар саросари кишвар нигаронда шудаанд.
Ҷиҳати амалӣ кардани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти зиёд намудани саршумори чорвои нодир ва тоза кардани насли ҳайвоноти ба иқлиму табиати Тоҷикистон мутобиқ, дар мамнуъгоҳ оҳуҳои бухороӣ ва холдор парвариш мешаванд. Инчунин, аз хориҷи кишвар аввалин бор ба Тоҷикистон оҳуҳои намуди «морал», «сурх», «наҷиб», «лан» ва бузҳои навъи «алпӣ» ва «муфлон» ворид гардиданд.
Айни замон бо сохтору ниҳодҳои хориҷӣ барои ворид намудани ҳайвоноти навъи «бизони амрикоӣ» гуфтушунидҳо идома доранд.
Дар мамнуъгоҳ қариб 22 000 сар ҳайвоноту парандаҳои гуногун мавҷуд аст, ки қисме аз онҳо маҳаллӣ ва қисми дигарашон аз Россия, Полша, Фаронса, Беларус ва дигар кишварҳои Аврупо оварда шудаанд.
Аз ҷумла, бедонаҳои маҳалливу хориҷӣ, кабки фаронсавӣ, намудҳои гуногуни харгӯш, тазарви фаронсавӣ, шутурмурғ, мурғҳои марҷони маҳаллӣ, русиву фаронсавӣ, оҳу ва ғайра.
Бо мақсади мунтазам зиёд намудани саршумори парандаҳо, бинои инкубатсионӣ, ки бо тамоми шароиту таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад, ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин, дар ин мавзеъ чор ҳавзи моҳипарварӣ мавриди баҳрабарорӣ қарор гирифт, ки дар онҳо зиёда аз 43 000 сар моҳии истеъмолии навъҳои гуногун парвариш меёбад.
Бо мақсади аз ҳодисаҳои табиат эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандаҳо, дар ҳудуди минтақа 13 бинои махсус, аз ҷумла қафасҳо (волйер) бо иншооти иҳотагардида, бунёд ёфт.
Айни ҳол дар қафасҳои мамнуъгоҳи ҳайвоноту парандаҳои ҶС «Қуллаҳои Тоҷик» кабкҳо, намудҳои мухталифи харгӯш, тазарв, шутурмурғ, мурғҳои марҷон ва оҳуҳои гуногун дар карантин нигоҳ дошта шуда, баъди муҳлати муайян онҳо ба хотири афзоиши саршумор дар ҳудуди заминҳои парваришгоҳ, ки ҳазорон гектарро ташкил медиҳад, сар дода мешаванд. Ин таҷриба, яъне парвариши ҳайвонот дар қафасҳо, дар мамнуъгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ маъмул мебошад. Барои дар мамнуъгоҳ ҷорӣ кардани ин усул коршиносон аз хориҷи мамлакат ҷалб гардидаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин мавзеи зебо ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Бояд гуфт, ки заҳмату талоши мутахассисону коргарони ҶС «Қуллаҳои Тоҷик» дар шаҳри Ҳисор ба татбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши ҳифзи муҳити зист, зиёд намудани насли ҳайвоноти нодир, ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида, таъсиси ҷойҳои нави кор, инчунин, амалисозии нақшаву барномаҳои давлатӣ дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) равона гардидааст.
Баъди эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар шудани фаъолияти мамнуъгоҳҳои кишвар таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла шикорчиён, ба имкониятҳои туризми байналмилалии Тоҷикистон бештар мегардад.
Ба хотири рушди минбаъдаи бахши парандапарварӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар парваришгоҳ шумораи зиёди парандаҳои нодирро сар доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватанӣ ва мутахассисону коргарони мамнуъгоҳро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, ба онҳо барои истифодаи бештари имкониятҳо дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Дар посух ба таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барқарорсозии муҳити экологӣ, набототу ҳайвонот ва парандагони он хуб ба роҳ монда мешавад. Бунёди мамнуъгоҳ барои иқтисоди кишвар аз бисёр ҷиҳат самарабахш аст. Бо таъсиси мамнуъгоҳ барои фаъолияти олимони соҳа ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ, мусоидат ба мутобиқсозии ҳайвоноту наботот ба иқлими Тоҷикистон, афзоиши саршумори ҳайвоноту парандаҳои нодир, истифодаи талу теппаҳо барои рустанипарварӣ ва ҷангалпарварӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Бояд гуфт, ки ташаббускорон ва мутахассисону коргарони мамнуъгоҳ ба масъалаи ободониву созандагӣ аҳамияти махсус медиҳанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки атрофи парваришгоҳ ободу зебо гардида, 20 километр роҳҳои маҳаллӣ асфалтпӯш шуданд. Инчунин, ҷиҳати таъмини сокинони маҳаллаҳои наздики парваришгоҳ бо оби босифати нӯшокӣ, 3 стансияи обтаъминкунӣ бунёд гардид.
Қобили зикр аст, ки ҳоло дар кишвар шумораи зиёди мамнуъгоҳҳо ва хоҷагиҳои ҷангал фаъолият доранд. Ҳадаф аз таъсисашон, ҳифзи олами ҳайвоноту наботот ва афзоиши онҳо мебошад.
Фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал ва мамнуъгоҳҳо ба рушди сайёҳии экологӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.
Кормандони хоҷагиҳои ҷангали кишвар, дар баробари парвариши ҳайвоноту наботот, ба ҷамъоварии меваю рустаниҳои шифобахш, ки Тоҷикистон аз ин неъматҳои табиӣ бой мебошад, машғуланд.
Боиси тазаккур аст, ки Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали шаҳри Ҳисор» соли 1993 ташкил шуда, аз се минтақаи ҷангалпарварӣ - Алмосӣ, Шарра ва Чанор иборат мебошад.
Заминҳои фонди давлатии ҷангал 1994 гектарро ташкил медиҳанд.
Самти асосии фаъолияти муассиса бунёду барқарорсозии ҷангал, ҳифзу ҳимоя ва нигоҳдории олами набототу ҳайвонот аст. Дар он намудҳои гуногуни ниҳолҳо, аз ҷумла, арчаи зарафшонӣ, фарк, заранг, бодоми талхдона, себи кӯҳӣ, дӯлона ва дигар намудҳои ниҳолҳо мерӯянд. Ҳамчунин, дар ин ҷо намудҳои гуногуни ҳайвоноти ваҳшӣ, аз қабили хирс, гург, рӯбоҳ, ҷайра ва дигар ҳайвоноту парандаҳо сукунат доранд.
Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳринав» соли 1947 таъсис ёфта, ду минтақаи ҷангалпарварӣ (Селбурсой ва Регар) дорад. Масоҳати хоҷагӣ 1019 гектарро ташкил медиҳад.
Самти асосии фаъолияти ин хоҷагӣ низ бунёду барқарорсозии ҷангал ва ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвонот мебошад. Дар он мурғи ҳилол, кабк, мурғобӣ, тазарв ва дигар намудҳои ҳайвоноту парандаҳо мавҷуданд.
Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали Қаратоғ»-и шаҳри Турсунзода соли 1988 ташкил шудааст. Заминҳои фонди давлатии он 456 ҳазор гектарро ташкил дода, аз 3 то 5 дарсад ҷангалпӯш мебошанд.
Самти асосии фаъолияти хоҷагии ҷангал бунёду барқарорсозии ҷангал, ҳифзу ҳимоя ва нигоҳдории олами набототу ҳайвонот аст.
Соли 2021 аз ҷониби коргарони хоҷагӣ 7 гектар ҷангал бунёд ёфта, 30 гектари дигар барқарор гардид.
Дар хоҷагӣ ниҳолҳои хуч, акатсия, қарағоч, санавбар, олучаи кӯҳӣ ва ғайра мерӯянд.
Саршумори оҳуи хоҷагӣ 321 сарро ташкил дода, сол ба сол афзоиш меёбад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал барои афзун гардондани гуногунии биологӣ, ҳифзи ҳайвоноту набототи нодир, ниҳолпарварӣ ва барои пешрафти иқтисоди мамлакат судовар мебошад.
Қобили зикри хос аст, ки табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон имрӯзҳо таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро бештар ҷалб менамояд.
Амну субот дар кишвар, рушди бахшҳои муҳим, рӯду чашмаҳои мусаффо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, мавзеъҳои таърихӣ, мамнуъгоҳҳо ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон  имкон фароҳам меоваранд, ки ташрифи сайёҳон ба мамлакат сол ба сол бештар гардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2021    №: 244    Мутолиа карданд: 1257
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед