Ҷараёни рақобату бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо дар шароити муосир аз ҳар вақти дигар бештар ва шадидтар ба назар мерасад. Ин падида, аслан, зодаи даврони мо ва ё лоақал ду аср аз мо пештар нест, балки реша ба таърихи хеле қадимаи инсоният дорад. Аз замоне ки давлатҳо ва империяҳо ба вуҷуд омаданд, вобаста ба имкону фаҳмишҳои замон чунин муборизаҳои сиёсӣ ва мақомталабию талоши яккатозиҳо вуҷуд дошт. Аммо чунин рақобатҳо дар замони мо, ки ҳамқадами рушди бемайлони технологияи иттилоотӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошанд, аз ҳар давру замони дигар хатарноктар арзёбӣ мешаванд.
Таҷрибаи таърихӣ борҳо собит намудааст, ки дар ин гирудорҳо танҳо халқе ва ё давлате азият мебинад, ки аз арзишҳое ба монанди: ваҳдат, худшиносӣ, садоқат, шуҷоат, ватандӯстӣ, адолатпарварӣ дур ҳаст.
Тоҷикон дар ин миён яке аз миллатҳое ба ҳисоб мераванд, ки бо муборизаҳои тулонӣ дар дарозои таърих тавонистанд то имрӯз аз худ ва ҳувияти миллии худ ҳимоят намоянд. Садҳо ҳуҷумҳои истилогарона, болои сарзамини таърихиашон сурат гирифт, аммо маҳв нашуданд, баръакс қавму қабоили кӯчии дур аз зиндагии инсониро аз паси худ чун муаллими маънавӣ ба самти илму ирфон бурданд.
Раванди ҳодисаҳои сиёсие, ки имрӯз дар ҷаҳон ба вуҷуд меояд, то ҷое пешгӯйинашванда ва зудтағйирёбанда ба назар мерасад. Аз шаклгирии чунин вазъ табиист, ки баъзе неруҳои аҳриманӣ истифода намуда, барои пиёда намудани аҳдофи сиёҳи хеш дигар аз қолаби нангу номус низ берун шуда, даст ба амалҳои нангин мезананд.
Ҳодисаҳои имрӯзаи давлати ҳамсояи мо Афғонистон гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд. Тавре маълум аст ҳаракати «Толибон» пас аз 20 сол, дубора дар миёнаи моҳи августи соли 2021 ба таври мармуз ва ҳайратовар ҳокимиятро дар Афғонистон соҳиб шуданд. Ин гурӯҳ новобаста аз ваъдаҳои худ боз дар Афғонистон низоми истибдодии асримиёнагиро ҷорӣ намуда, ҳазорҳо нафар шаҳрвандонро бехонаю дар ва равонаи зиндону асорат намуданд. Бархӯрди бештари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла абарқудратҳо, ба ҳодисаҳои Афғонистон хеле аҷиб аст. Чаро? Чунки то омадани «Толибон» ба қудрати сиёсӣ ин гурӯҳ чун ҳаракати террористӣ аз тарафи аксари давлатҳои дунё ва ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, эътироф шуда буд. Аммо вақт нишон дод, ки бештари ин кишварҳо шояд он замон «Толибон»-ро нашинохта будаанд ва ё ин як навъ бозии сиёсӣ буду имрӯз мехоҳанд, бо онҳо робитаи ҳасана дошта бошанд.
Вале Тоҷикистон мамлакатест, ки сухану амалаш нисбат ба ин ҳамсоядавлат як мебошад. Ин нукта борҳо дар баромаду мулоқотҳои Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шуда буд. Тоҷикистон ҷонибдори низоми сиёсие дар Афғонистон аст, ки ин низом низоми мардумсолор бошад, ҳуқуқҳои инсон, миллату халқҳо ҳифз ва риоя шаванд, дар идораи давлат иштироки намояндагони ҳамаи қавму миллатҳои Афғонистон баробар таъмин гардад.
Дуруст аст, ки Тоҷикистон аз ҳар давлати дигари ҳамсарҳад бо Афғонистон, бештар ба вазъи ин кишвар манфиатдор аст. Зеро ин ду давлат таъриху фарҳанг, забон ва дину мазҳаби ягона доранд ва гузашта аз ин Тоҷикистон бо Афғонистон дорои сарҳади тулонӣ мебошад.
Аз чунин мавқеъгирии Тоҷикистон намояндагони «Толибон» истиқбол накарданд ва баръакс дар симои давлати мо рақиби худро диданд. Аммо таъкид бояд намуд, ки ҳолати имрӯзаи Афғонистон на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба давлатҳои минтақа, бахусус Осиёи Марказӣ низ, хатари ҷиддӣ дорад. Бо назардошти ормону амалҳои “Толибон” гуфтан мумкин аст, ки онҳо дар фаъолият бо дигар қувваҳои террористӣ, аз ҷумла “Давлати исломӣ”, “Ансоруллоҳ”, “Ал Қоида”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” ва ҳатто ТТЭ ҲНИ, муштарак мебошанд. Чунин муштаракот аз эҳтимол дур нест, ки кору амлаҳои якҷояи онҳоро дар оянда ба бор орад. Дар ин самт набояд гуфторҳои лафзии намояндагони онҳоро, ки гӯё амалҳои ҳамдигарро қабул надоранд, ҷиддӣ қабул кард. Ба ғайр аз ин, бояд ба назар гирифт, ки теъдоди муайяни шаҳрвандони давлатҳои Осиёи Марказӣ шомили ин гурӯҳ ва ё ҳамкории амалию фосилавӣ бо онҳоро доранд. Аз ин рӯ, тахмин задан мушкил аст, ки “Толибон” танҳо барои Афғонистон дарди саранд, шояд дар оянда, бо ба даст овардани музаффариятҳо нақшаҳои фаротар аз Афғонистонро барномарезӣ кунанд.
Бо вуҷуди ин, Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин хатарро эҳсос намуда, нисбат ба он ҷиддӣ ва хело оқилона муносибат менамояд. Аз рӯйи маълумоти охир, бо гурӯҳи «Толибон» афроди алоҳидаи ифротӣ, ки шаҳрвандони давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мебошанд, ҳамкорӣ доранд. Онҳо барои вориди марзи давлатҳои Осиёи Марказӣ шудан ва ҷорӣ намудани чунин як низоми истибдодӣ, аммо барои худашон исломӣ кӯшиш доранд. Намояндагони ҳаракати террористии «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ» ва “Давлати исломӣ”-ро чун як воҳиди низомӣ дар назди марзи Тоҷикистон бо Афғонистон қарор додаанд. Ин нуктаро ҳанӯз 18 феврали соли 2021 раиси мақомоти амниятии Афғонистон Аҳмадзиё Сироҷ дар конфронси минтақавии мубориза ба муқобили терроризм ҳангоми суханрониаш таъкид карда буд. Ногуфта намонад, ки дар байни намояндагони ин гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳоло ТТЭ ҲНИ) низ ҳастанд. Шаҳрвандони мо бояд дарк кунанд, ки ормони давлатдории онҳо ин ҳамонест, ки имрӯз саркардагонашон дар Афғонистон ташкил намуданд. Бо назардошти ин, ба қавли худи Пешвои миллат, ҳар яки мо бояд дар чунин шароити ҳасос зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи марзу буми хеш ҳар лаҳза омода бошем.
Мушкилоти дигаре, ки имрӯз рӯ ба рӯи давлати мо истодааст, ин ҳамсояи шимолу шарқии худ – Қирғизистон аст. Тавре маълум аст мо бо ин давлати ҳамсоя солиёни дароз мешавад, ки мушкилоти марзӣ дорем. Ҷониби Қирғизистон ҳанӯз аз солҳои 60-уми асри гузашта, дидаю дониста талоши тасарруфи заминҳои Тоҷикистонро дар мавзеи Ворухи шаҳри Исфара мекунад. Ин мушкилот, мутаассифона, борҳо сабаби рух додани якчанд муноқишаҳои марзӣ гардидааст, ки дар он, асосан, шаҳрвандони Тоҷикистон хисорот бардоштанд. Чунин бархӯрдҳо оқибат баҳори соли 2021 ба муноқишаи мусаллаҳона овард, ки натиҷаҳои он барои ҳамагон маълум аст. Пас аз мулоқоту суҳбатҳои тарафайн ин мушкилот то ҷое бартараф шуд, аммо даъвоҳои навбатии тарафи Қирғизистон доир ба заминҳои тоҷикон вақтҳои охир тариқи ВАО метавонанд вазъро боз ҳам вазнинтар гардонанд. Чунин мавқеъгирии Қирғизистон дар андешаи кас ибораи «каждуми зери бӯрё»-ро бедор мекунад. Яъне, ин ҳамсоядавлати мо хело огоҳона фурсат меҷӯяд. Аз ин рӯ, ин масъала дар оянда боз ба як мушкилоти вазнин табдил хоҳад ёфт. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар чунин шароит ва бо назардошти мавқеи Тоҷикистон нисбат ба Афғонистон давлати Қирғизистон дар симои «Толибон» шарики худро дар минтақа меҷӯяд. Махсусан, робитаҳои ду моҳи охири Қирғизистон бо «Толибон» гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд.
Фаъолияти тахрибкоронаи ҷараёни пантуркизмро мо дар таърихи миллат мушоҳида намудем, ки ба чи оқибатҳои манфӣ оварда расонд. Таъкид намудани ин нукта зарур аст, ки пантуркизм то имрӯз вуҷуд дорад ва дар талоши ҳадафҳои бузурги худ аст.
Тавре маълум гардид, қувваҳои муайяни манфиатхоҳ имрӯзҳо дар атрофи мо чун анкабут тор метананд. Агарчанде ки ҳар яке дар алоҳидагӣ мақсадҳои махсуси худро доранд, аммо айни замон мехоҳанд дар иртибот бо ҳамдигар амал намоянд. Бояд ба инобат гирифт, ки чунин неруҳо ва ҳаводоронашон ҳар лаҳза мехоҳанд вазъ дар дохили Тоҷикистон ноором гардад ва аз ин пайти муносиб истифода кунанд. Масалан, ҳодисаҳои охире, ки дар Бадахшон рух дод далели ин гуфтаҳо мебошанд. Ҷараёни ин ҳодисаҳо собит намуд, ки як амали ноҷо ва як рафтори нодурусти мо боиси хушҳолию сарфарозии душман мегардад. Дар рӯзҳои бетартибиҳо дар шаҳри Хоруғ мо шоҳиди он гардидем, ки чанд нафар хоинони миллати мо, аз ҷумла чанде аз ҷонибдорону думравони ТТЭ ҲНИ, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиши алангаи низоъ намуданд. Лекин мардуми шарифи Бадахшон ва, умуман, Тоҷикистон бояд ҳис кунанд, ки ҳамаи ин талошҳои нотавонбинони миллат баҳри пиёда сохтани ҳадафҳои нопоки танҳо худашон ҳасту бас. Аз ҳиссиёти мардуми Бадахшон истифода бурдани қувваҳои моҷароҷӯйро дар баҳори соли 1992 таърих фаромӯш накардааст. Аз ин рӯ, аз сабақҳои таърихӣ бояд холисона ва огоҳона ибрат гирифт.
Дар чунин шароити ҳасос моро зарур аст, ки муттаҳидию ваҳдати миллиро аз даст надода, баръакс барои таҳкими он талош кунем. Инчунин, зиракии сиёсӣ ва ҳушёру бедор буданро фаромӯш накарда, дар миёни аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон, ҳисси ватандӯстию худшиносиро тарбия кунем. Аз чанд мушкилоти рӯзгор, ки дар муҳити зиндагии мо ҳаст ҳангома насохта, барои зиндагии шоиста худ муборизу заҳматқарин бошем. Агар мо имрӯз ба қадри ин сулҳу ваҳдат ва оромию пешрафт нарасем фардо дақиқан дер мешавад. Ба чунин сатҳ расондани як давлати ҷангзада кори саҳлу сода набуд. Барои ин роҳи сахту ноҳамворро миллати мо зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тай намудааст. Барои ҳамин ба қадри чунин шароит расидан яке аз нишонаҳои инсон будан аст.
Давлатшоҳ МАҲМУДОВ,
омӯзгори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ