иҷтимоиёт
ФАРҚ КАРДАНИ ХУБ АЗ БАД НИШОНИ ИМОНДОРИСТ
Ҳарчанд мо аз ибтидои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дур мешавем, ҳамон қадар навгониҳое, омилҳое, пешравиҳое, ободкориҳову созандагиҳое пеши рӯ меоянд, ки аз ояндаи дурахшону тобони ин халқу ин диёр навид дода, обрӯ, манзалату иззатмандӣ, арҷмандии кишвари моро, алалхусус, Сарвари хирадманду арҷманд, ғамхор, созандаву ободкор, содиқу вафодор, раиятпарвару фаррухпай, чеҳраи намоёни сиёсати умумибашарӣ, Пешвои эътирофшудаи башарият дар асри ХХI, мусулмони ангуштшумори олами ислом, меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, ки ҷаҳониён аз таҷрибааш пайравӣ кардаанд ва карда истодаанд, бунёдгузори неругоҳҳои бузурги барқи обӣ, нақбҳо, пулҳо, роҳҳо, фурудгоҳҳо, дабистону бемористонҳои бешумор, хонаҳои истиқоматӣ, осоишгоҳҳо, қасрҳои фарҳангу варзиш, боғҳои истироҳативу мевадиҳанда, бунёдкунандаи беҳтарин хиёбону гулгаштҳо, нақбҳои обгузару каналҳо, пуштибони бовафову беҳамтои ятимону маъюбон ва пиронсолонро боло мебарад. Бешак, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бандаи муқарраби Холиқи якто асту дӯстдори халқи Тоҷикистон. Ӯ бо мардум аст ва мардум бо ӯ. Корҳоеро сомон дод, ки таърихи ин мулк назирашро ёд надорад. Ҳамаи ин ободкориҳои бемисл дар пеши назари мо сурат гирифтанд. Зикри ин дастовардҳо аз доираи васф берун аст. Танҳо як ваҳдати саросарии миллӣ кори хайрест, ки баҳояшро мардуми дилогоҳу худохоҳи тоҷик медонад. Савоби ин ваҳдатро ҷуз Худо каси дигаре ҳисоб карда наметавонад. Ин неъмати бузургест, ки Худованди оламиён тавассути бандаи боэътимодаш Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик ҳадия намудааст. Боқӣ ба ин музаффариятҳо, пешравиҳо баҳо доданро ба виҷдону имони ҳар як сокини мамлакат ҳавола мекунем. Халқи тоҷик бо сарварии Президенти кишвар дар ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, ватансозӣ, давлатдорӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Тамоми шаҳру деҳоти Тоҷикистон бамаротиб обод шуда, либоси наву шинам ба бар карданд.
Ин ҳама дастовардҳо шоҳиданд, ки халқи Тоҷикистон Сарвари худро дӯст медорад ва сарварашон халқро ва ин як ҳақиқати бебаҳс аст. Президенти мо - Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ, дӯстии халқҳои кишвар ва якпорчагии давлати тоҷиконро поянда гардонд ва созандагиро шиор намуд.
Абдуллоҳ БОБОЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.12.2021 №: 245 Мутолиа карданд: 1588