барқияҳо
БАРҚИЯҲО
11 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Канслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Олаф Шолтс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли самимият Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба мақоми олии Канслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон табрик ва таҳният менамоям.
Бо ибрози беҳтарин таманниёт ба Шумо сиҳатмандии комил, дар пешбурди ваколатҳои тозаи пурмасъулиятатон ва дар амри татбиқи нақшаю барномаҳоятон ҷиҳати пешрафти Олмони дӯст дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, ҳамчунин тақвияти беш аз пеши обрӯву нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ муваффақиятҳо орзумандам.
Тоҷикистон алоқаманди густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон яке аз кишварҳои калидии Иттиҳоди Аврупо мебошад. Дар ин замина мо хоҳони вусъати бештар бахшидан ба таъмиқу тавсеаи онҳо дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.
Изҳори умед менамоям, ки бо саъю эҳтимоми муштарак шарикии гуногунҷанбаи кишварҳои мо минбаъд низ рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав бардошта хоҳанд шуд.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми амиқи маро бипазиред».
11 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Канслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар солҳои 2005-2021 Ангела Меркел барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ!
Бо камоли сарфарозӣ ба Шумо барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайваста тайи фаъолияти самарабахшатон ба сифати Канслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон сипоси амиқи ин ҷонибро иброз медорам.
Бо хотироти нек аз мулоқоту суҳбатҳое, ки тайи солҳои гузашта бо Шумо доштам, мехостам таъкид намоям, ки мо нақши Хонуми Олиҷоҳро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Олмон муҳим арзёбӣ карда, ба хизматҳои Шумо дар ин ҷода арҷгузорӣ менамоем.
Умедворам, ки анъанаҳои равобити ҳасана ва шарикии байни кишварҳои мо минбаъд низ рушд ёфта, арсаҳои нави ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро фаро хоҳанд гирифт.
Ба Шумо сиҳатмандии комилу саодати рӯзгор ва ба мардуми дӯсти Олмон пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.12.2021 №: 245 Мутолиа карданд: 3889