иҷтимоиёт
ВАО. ТАДҚИҚОТ БЕҲТАРИНҲОРО МУАЙЯН МЕКУНАД
Дар Тоҷикистон тадқиқоти нав оид ба муайян кардани афзалиятҳои расонавии сокинон оғоз шуд.
Тадқиқоти мазкур пурсиши зиёда аз 2,5 ҳазор аҳолии кишварро пешбинӣ мекунад. Дар натиҷаи он маълум мешавад, ки сокинони кишвар кадом шабакаҳои телевизиониро тамошо мекунанд, кадом радиоро мешунаванд ва кадом рӯзномаю маҷаллаҳоро мехонанд.
Чи тавре Набӣ Юсуфов, директори ТҶ “Машварати расонавӣ”, ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар дод, ғайр аз бартариятҳо ба расонаҳои анъанавӣ, тадқиқот, инчунин, интихоби аҳолӣ дар нисбати шаклҳои нави расондани иттилоъ тавассути абзорҳои интернетӣ - сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва почтаи электрониро низ муайян хоҳад кард.
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, тавассути муайян кардани симои корбари фаъоли воситаҳои мухобироти оммавӣ, тадқиқот метавонад якбора ба се ҳадаф ноил шавад. Якум, аудиторияи истеъмолкунандагон ва сатҳи истифодаи ВАО-ро муайян кунад. Дувум, ба расонаҳои ватанӣ барои беҳтар сохтани муҳтаво кумак намояд. Сеюм, ба манбаъҳои ахбор дар муайян сохтани воситаҳои муассиртарин барои паҳн кардани маҳсулоти иттилоотӣ, ки мустақиман ба аудиторияи мақсадноки онҳо нигаронда шудаанд, ёрӣ расонад.
Тадқиқоти афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон лоиҳаи Ташкилоти ҷамъиятии “Машварати расонавӣ” аст, ки дар шарикӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” роҳандозӣ мегардад. Дастгирии молиявии ин лоиҳа аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Тадқиқоти мазкур бори сеюм гузаронда мешавад. Боиси зикр аст, ки солҳои 2018 - 2019 рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар байни расонаҳо ҷойи аввалро ишғол кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.12.2021 №: 246 Мутолиа карданд: 1802