logo

иҷтимоиёт

СИЁСАТШИНОСӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ДИПЛОМАТӢ Ё ЯК ТАҲҚИҚОТИ ПУРАРЗИШ ДАР РИШТАИ ФАЛСАФА

(Дар ҳошияи китоби С. С. Ятимов таҳти унвони “Унсури классикӣ дар омӯзиши муаммои ҷаҳонбинии геополитикаи минтақавӣ ва рушди ҷаҳонӣ” “Классический элемент в исследовании проблем мировоззрения геополитики регионального и глобального развития”, Душанбе – 2020).
 
Солҳои охир дар соҳаи геополитика чандин таҳқиқоти тозаи олимони тоҷик, аз ҷумла таҳқиқоти арзишманди доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Саймумин Сатторович Ятимов, рӯйи кор омаданд. Ин таҳқиқот дар бораи муҳимтарин равандҳои геополитикии Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ, инчунин, таъмини амнияти минтақавӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, шарикии стратегӣ бо Россия, густариши муносибатҳои бисёрҷонибаи фоидабахш дар минтақа, ба вуҷуд овардани фазои дӯстона бо тамоми кишварҳои дунё, новобаста аз сохтори сиёсии онҳо, ҳамраъйӣ дар барномаҳои экологӣ, фаъолияти Тоҷикистон дар доираи СММ, САҲА, СААД, СҲШ, дигар созмонҳо барои нигоҳдории амнияти Осиёи Марказӣ ва марзи ҷанубии ИДМ, баромадани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, дар самти ҷануб ҳамкорӣ бо Чин, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон баҳс менамоянд.
 
Китоби тозанашри профессор Саймумин Ятимов “Унсури классикӣ дар омӯзиши муаммои ҷаҳонбинии геополитикаи минтақавӣ ва рушди ҷаҳонӣ” аз лиҳози илми сиёсатшиносии муосир яке аз нодиртарин пажӯҳиш дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Боиси зикр аст, ки С. Ятимов тайи чанд сол мунтазам дар риштаи илми сиёсатшиносӣ тадқиқот мебарад, ки ин пажӯҳишҳо дастовардҳои шоёни муаллиф дар ин риштаи илм ба ҳисоб мераванд. Муаллиф геополитикаро аз назари илми фалсафа, хосатан сиёсатшиносӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, дар инкишофи илми муосир саҳми худро гузошт. 
Дар ин асар дар бораи масъалаҳои тараққиёти ҷаҳонбинӣ, шуур, худшиносӣ, худшиносии миллӣ, характери инсон, бузургӣ ва геополитика, Гегел ва масъалаҳои худшиносии миллӣ сухан меравад. 
Муҳаққиқ дар муқаддимаи асари худ таъкид мекунад, ки “руҳи одамизод қувваи аслии ҳаракатдиҳандаи амал аст. Он омили пешравии инсон маҳсуб мегардад. Муҳим он аст, ки чунин руҳ солим бошад”. Ба таъкиди сиёсатшинос “бидуни пешрафти ақидатӣ ва шеваи андеша рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва устувории сиёсии ҷомеа имкон надорад. Ва “барои донистани халқ, (хулқу атвор, сабабҳои пешрафт ва ё ақибмондагӣ - С. Я) дарки моҳияти фалсафаи ӯ амри зарурист”. Дар фалсафаи Гегел масъалаи худшиносӣ мақоми баландро ишғол менамояд. Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардондани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид.
Ба таъкиди муаллиф “баъд аз истиқлолияти сиёсӣ муҳимтарин шарти ҳимоя ва рушди Истиқлолияти давлатӣ – истиқлолияти идеявӣ, зеҳнӣ ба шумор меравад. Асоси сулҳу субот, рушд ва пояндагии давлати миллӣ ба даст овардани истиқлолияти маънавӣ ва ҷаҳонбинӣ аст. Миллате, ки ба хотири ҳамин забон, фарҳанг, анъана, урфу одат мустақилият пайдо кардааст, номи давлати миллиро соҳиб гаштааст”.
Аз ин бармеояд, ки муҳаққиқ худшиносиро маҳсули ҷаҳонбинӣ мешуморад. Воқеан, таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. 
Тафаккури инсонро Гегел ситоиш карда, зикр мекунад, ки маҳз тавассути тафаккур мо бо дониш, эҳсос, маърифат, кӯшиш ва иродаамон аз ҳайвон фарқ мекунем ва тафаккури инсон ба ҳузури кулл алоқаманд аст. Муаллиф оид ба хираде, ки ҳукмрони олам аст ҳарф зада, раванди таърихию ҷаҳониро тобеи хирад месозад. Хирад  ҷавҳар ва неруи беохир  буда,  мундариҷаи беинтиҳои ҳамаи ҳаёти табиию руҳонист. Хирад нахуст мабдаест, ки тавассути он ҳама воқеият ҳастии худро соҳиб аст. Хирад предметест, ки барои коркарди он фаъолияти худи он равона гаштааст. Амалӣ гаштану табдили он аз олами ботинии хеш ба зуҳуроти на танҳо олами табиӣ, балки олами руҳонӣ низ ҳадафи ниҳоии хирад аст. Гегел олами руҳониро ном гирифта, онро маҳз таърихи умумибашарӣ медонад. Фалсафа илме дониста мешавад, ки қобилият дорад, идеяи ҳақиқию абадиро бо тамоми шаҳомате, ки дар олам зуҳур мекунад, кашф намояд. Андешаҳо оид ба гуногунҷиҳатии қобилият ва дастраси авлоди башар шудани он, инчунин, ҷараёни аз насл ба насл гузаштани дастовардҳои қобилияти инсон на танҳо дар «Фалсафаи таърих», балки дар «Фалсафаи ҳуқуқ» ва «Илми мантиқ» низ ба чашм мерасад.
С. Ятимов вобаста ба ин менависад: “Гегел ҷонибдори он аст, ки одам дар ҳама ҳолат бояд муносибати худро ба зуҳурот ва тибқи имкони маънавиаш ба моҳияти масъала муайян созад. Дар зиндагӣ тамошобини одӣ, бетараф набошад. Характер дошта бошад. Дар мантиқи тафсири ӯ, сифати инсон – маҷмуи ягонаи мундариҷаи маънавияти ӯ мебошад. Ва он дар гуфтор ва беш аз ҳама дар рафтори инсон арзи ҳастӣ мекунад”.
Дар заминаи андешаи олимони соҳа, хусусан Гегел муаллиф оид ба руҳ ва мақсадгузорӣ, маърифат ва манзалати миллат, табиат, ҷамъият ва характери инсон изҳори назар карда, муҳимтарин вазифаҳои фалсафа, фалсафаи руҳро баён менамояд.
Ба ақидаи муаллиф “олими нотакрор дар забон ва услуби баён, таҳлил ва такмили андеша аз мансубияти худ ҳамеша ба ин миллат ифтихор мекунад. Мекӯшад, ки қувваи эҷоди ӯ на танҳо барои пешрафти фалсафаи олам судманд, балки баҳри ҷаҳонбинии миллати худи ӯ арзишманд ва “офати давру фалак аз ҷону танаш ва чашми ҳасуд аз Ватанаш” (Ҳофиз) дур бошад. Ин муносибат ва арзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ аз ҷониби Гегел, ҳамчун фалсафаи ҳамешагии руҳ садо медиҳад. Чунин рафтор намунаи ибрат ва пайравист”.   
Ҳар як инсони худшиносу худогоҳ ва оқил бояд хуб дарк намояд, ки дар тули сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат дигаргуниҳои куллӣ, дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум барномаҳои муҳими давлатӣ татбиқи амалии худро ёфтанд. Ҳарчанд роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди ин сарзамин ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем.
Ҳадаф аз таҳлили гуфтаҳои боло дар он аст, ки халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиктсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ умр ба сар бурда истодааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, ки «Тоҷикистонро танҳо худи тоҷикистониҳо обод месозанд на каси дигар». Ин андешае аст, ки аз ҳар фарди худшиносу миллатмеҳвар меҳнати созандаю эҷодкоронаро талаб менамояд. Нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани он тавассути аз худ намудани дастовардҳои илмӣ - техникии муосир вазифаи ҷонии ҳар як фарди ҷомеа бошад. Якдиливу якмаромӣ, шарти асосии пойдории сулҳу ягонагии миллат аст. Мардум бояд дарк кунанд, ки дар дунёи иқтисоди бозоргонӣ ҳеҷ як давлате ба давлати дигар ёрии беғаразона расондан намехоҳад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони тоҷик бояд ба қадри суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, ҳушёрии сиёсӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба ин сарзамини биҳиштосоро рисолати худ шиносад. 
Дар зуҳуроти ҷамъиятӣ, аъмоли шахсе, ки мадди назар меафтад ва ӯ ҳамчун фард аз мавқеи худшиносӣ рафтор мекунад, онро чун падидаи индивидуалӣ, якка ва ҷудо аз гурӯҳ ё худи ҷамъият шуморидан иштибоҳ аст. Зеро олими немис зикр менамояд, ки «мафҳуми худшиносӣ дар шахсе, ки зуҳур меёбад ва дар воқеъ объективона арзи вуҷуд кардааст, ишора ба ҳолате мекунад, ки барои ин худшиносӣ, худшиносии дигаре вуҷуд дорад». 
Муаллиф дар қисмати охирин “Фалсафаи руҳ” ва аҳамияти амалии он” чунин менависад: “Омӯзиш ва таҳқиқи асарҳои олимони Ғарб, аз он ҷумла “Фалсафаи руҳ”-и Гегел, аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳи асосии пешрафти миллат ва таъмини истиқлолият, суботи давлати миллӣ, дарёфт кардани роҳ, усул ва методҳои дар мағзи наслҳо коридани ҳисси хештаншиносӣ, худшиносӣ ва ҷаҳонбинии миллӣ аст. Ва дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, илм ва эътиқодоти динӣ ҳам, дар системаи ягонаи таъмини манфиатҳои миллӣ, ҳамчун ҷузъиёти фаъоли мусоидаткунандаи ҳамин навъи шуур ба хотири дар амн қарор додан ва рушди ҷомеа хизмат мекунанд”. 
Тадқиқотҳои муаллиф дар соҳаи геополитика ва худшиносии миллӣ, дар муайян намудани мақсад ва вазифаҳои таҳқиқ, объект ва предмети геполитика, таҳлили сарчашмаҳои маълумот, коркарди маълумот ва натиҷагирӣ аз онҳо муқаррар шудааст. Муҳтавои назариявӣ ва методологӣ, хулосаҳо, ки дар асар оварда шудааст, натиҷаи фаъолияти муаллиф дар самти таҳқиқ ба ҳисоб меравад. 
 
Ҷ. ҶӮРАЗОДА, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор,
Р. УСАНОВ, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фарҳангшиносии ДДХ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2021    №: 246    Мутолиа карданд: 2069
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед