барқияҳо
БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ
14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Робинетт Байден барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
“Ҷаноби Олӣ!
Хабари сар задани тундбоди харобиовар дар якчанд иёлати ИМА, ки муҷиби ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандони кишвар ва хисороти бузурги моддӣ шудааст, боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Амрико ва ибрози ҳамдардии ин ҷониб ба наздикону пайвандони фавтидагон, хоҳони шифои комили осебдидагон ҳастем”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.12.2021 №: 246 Мутолиа карданд: 4539