сиёсат
СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғоз Пешвои миллат Президенти кишвари дӯст ва дар шахси ӯ мардуми бародари Қазоқистонро ба муносибати ҷашни таърихӣ – 30-солагии истиқлолияти давлатӣ гарму ҷӯшон табрик намуданд.
Дар зимн, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои назаррас ва пешрафти бузургеро, ки Ҷумҳурии Қазоқистон тайи солҳои истиқлолият дар ҷодаи давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими обрӯву эътибори худ дар арсаи байналмилалӣ ба даст овардааст, махсусан зикр карданд.
Ҳамчунин, тавсеа ва таъмиқи бемайлону босуботи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Тоҷикистону Қазоқистон, ки дар сатҳи шарикии стратегӣ мунтазам рушд меёбанд, қайд гардид. Дар баробари ин, ҷонибҳо аҳамияти татбиқи минбаъдаи ҳамаҷонибаи тавофуқотеро, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои байнидавлатӣ зимни сафари Президенти Қазоқистон муҳтарам Қосим – Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ба даст омада буданд, таъкид сохтанд.
Президентҳо атрофи масъалаҳои умдаи рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ табодули афкор намуданд.
15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таманниёти нек Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати рӯйдоди таърихӣ – 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон самимона табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат саҳми бузурги Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистонро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ва ташаккули давлатдории он баланд арзёбӣ намуданд. Дар зимн, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дастовардҳои Қазоқистон дар роҳи таҳкими истиқлолият бо номи Шумо ва роҳбарии бисёрсолаи оқилонаи Шумо - Нурсултон Абишевичи муҳтарам, робитаи ногусастанӣ доранд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, дар робита ба баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.12.2021 №: 246 Мутолиа карданд: 1585