logo

ҳуқуқ

БАҲСИ МАНЗИЛ. ЧАРО ҲАЛНОМАИ АСОСНОК БЕКОР ШУД?

Соли 1993 барои кор ба Федератсияи Россия рафтам. Як миқдор маблағ ба даст оварда, ба бародарам фиристодам, то аз шаҳри Душанбе барои ман хона харад. Бародарам хонаро харид ва чун дар мусофират будам, қарор додем, ки онро ба номи хоҳарам – Майсарахон Қандова ба расмият дарорем. Аз Россия баргашта, моҳи феврали соли 2008 бо хоҳарам ба идораи нотариалии давлатии ноҳияи Сино рафтем ва дар асоси шартномаи ҳадя байни ҳардуямон ҳуқуқи соҳибӣ ба манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳисор, бинои 81/1, ҳуҷраи 14-ро гирифтам. Бо харҷи маблағи зиёд хонаро таъмир карда, соли 2015 ба иҷора супурдам. Маблағи хизматрасониҳои коммуналиро низ пардохт мекардам.
 
Ғайриинтизор соли 2018 Майсарахон Қандова ва Муродшо Шоев вориди манзили истиқоматии ман шуда, иҷоранишини манзил Иброҳим Наботзодаро худсарона аз хона пеш кардаанд. Онҳо чунин амали ғайриқонунии худро ба он нисбат доданд, ки гӯё манзили мавриди баҳс бо пули бародарам Соиб Қандов барои онҳо харида шудааст. Ғосибони манзили истиқоматиам болои ин корашон нисбат ба ман таҳдиду таҳқир намуда, ҳатто мавриди лату куб қарор доданд, ки дигарбора аз дари ин хона надароям. Аз рӯйи ин амал, ман ба нозири минтақавӣ ва кормандони минтақавии № 112-и муассисаи минтақавии идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил дар ноҳияи Сино муроҷиат кардам. Онҳо ҳолати корро санҷида муайян карданд, ки соҳибмулки қонунии манзил ман ҳастам, аз ин рӯ, аз М. Қандова ва М. Шоев талаб карданд, ки хонаро холӣ намоянд. Вале ин ду нафар, ки ниёз ба манзили истиқоматӣ надоранд ба талаби шахсони салоҳиятдор гӯш надода, гуфтанд, ки санади судӣ оварда нишон деҳ, пас аз он мо хонаро холӣ мекунем.
Маҷбур шудам, ки барои ҳалли қонунии ин баҳс ба суд муроҷиат намоям. Суди ноҳияи Сино 15 феврали соли 2021 даъвои маро дар намояндагии Ҷамшед Амиралиев бо ҷавобгарии Майсара Қандова, ҳамҷавобгарон Муродшо Шоев, Инобат Қандова дар бораи кӯчондан аз манзили истиқоматӣ бидуни додани дигар манзили истиқоматӣ қонеъ кард. Вале ҷониби дигари баҳс ба ин ҳалнома розӣ нашуда, аз болои он шикояти кассатсионӣ пешниҳод намуд. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе  парвандаро аз рӯйи шикояти кассатсионии М.Шоев дар намояндагии С. Сафаров нисбат ба ҳалномаи суди ноҳияи Синоро баррасӣ намуда, онро бинобар дуруст ва қонунӣ будан беқаноат мононд. Ҳамчунин, дар марҳилаи суди назоратии шаҳри Душанбе даъвои онҳо бинобар беасос будан рад шуд. 
Мунтаҳо, ин баҳс то ба Суди Олӣ рафт ва коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олӣ бо сабабҳои норӯшане ҳалномаи суди ноҳияи Сино ва қарори коллегияи судӣ оид парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе  аз 25 майи соли 2021-ро бекор кард.
Суди зинаи якум, марҳилаи кассатсионӣ, назоратӣ масъаларо аз рӯйи қонун баррасӣ намуда, баҳсро одилона ҳал карданд. Вале Суди Олӣ ҳангоми баррасии парвандаи гражданӣ таҳти раисии Ш. Ализода ин ҳама ваҷҳоро ба инобат нагирифт ва шикояти назоратии тарафи дигари баҳсро бидуни иштироки мо қонеъ карда, бо қабули ҳалномаи нав санадҳои судии суди поёниро бекор намуд. Суди Олӣ далел овардааст, ки гӯё Майсара Қандова, Соиб Қандов, Инобат Қандова ва Муродшо Шоев, сокинони доимӣ дар ин манзили баҳсӣ ҳастанд. Вале тавре дар оғоз гуфтам, онҳо на сокини доимӣ балки худсарона хонаи манро ғасб намудаанд. Далели дигари носанҷида ин аст, ки гӯё Майсара Қандова маъюб мебошад, вале дар асл маъюб нест, ки ман барои исбот намудани ин воқеият санадҳо дорам.
Бо вуҷуди ин ҳама, ман ҳамчун як шаҳрванд ба тантанаи адолат бовар дорам, аз ин рӯ ба унвонии рӯзномаи «Ҷумҳурият» навиштам, то масъала мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ҳақ ба ҳақдор расонда шавад.
 
Ҷӯраҷон ҚАНДОВ, 
сокини ноҳияи Рашт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2021    №: 247    Мутолиа карданд: 3544
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед