logo

иҷтимоиёт

ТАҲДИДҲОИ ИТТИЛООТӢ. МАВҚЕЪГИРӢ АЛАЙҲИ ОН ЧӢ ГУНА БОЯД БОШАД?

Дар Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» дар мавзуи «Мавқеъгирии расонаҳои давлатӣ муқобили таҳдидҳои замони муосир» бо иштироки устодону рӯзноманигорон ва донишҷӯёну коршиносони соҳа ҳамоиш баргузор гашт.  
 
Чорабиниро Қаноатулло Сайфуллоев, муовини директори АМИТ «Ховар», ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки воситаҳои ахбори омма ҳамчун дастгоҳи муҳим дар таҳкими давлатдории миллӣ саҳми бориз дорад. Тавре номбурд таъкид кард, матбуот василаи тарбия намудани ҷавонон ва ташвиқу тарғиби анъанаҳои миллӣ, фарҳангию таърихӣ, махсусан, дастовардҳои замони истиқлол, мебошад. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик 11 марти соли 2012 изҳор доштанд: «Муҳим нест, ки рӯзноманигор дар кадом самт: матбуоти давлатӣ ё мустақил фаъолият дорад. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи ба ҳам пайвасти мабуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад». 
-Мувофиқи маълумоти омории соли 2020, дар Вазорати фарҳанг 376 рӯзнома (112 ҳукуматӣ ва 264 хусусию ҷамъиятӣ), 245 маҷалла (114 ҳукуматӣ ва 131 хусусию ҷамъиятӣ), 319 матбаа (37 ҳукуматӣ ва 282 хусусию ҷамъиятӣ), 71 нашриёт (10 ҳукуматӣ ва 61 хусусию ҷамъиятӣ), 11 агентии иттилоотӣ, аз ин 1 ҳукуматӣ сабт шудаанд. Аз рӯйи ин рақамҳо, қариб 27 дарсади расонаҳо ҳукуматӣ ва беш аз 73 дарсади дигар муассисаҳои хусусию ҷамъиятист, ки сатҳи баланди озодии баён ва рушди мунтазами соҳаро бозгӯст. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди соҳа шароити мусоид фароҳам сохт. Агар соли 1991 ҳамагӣ 191 рӯзномаву маҷалла интишор меёфт, имрӯз ин рақам ба 621 расидааст. Ғайр аз ин, 90 телевизион ва радиои ҳукумативу хусусӣ ва студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият менамояд. 13 телевизиону 10 радиои ҳукуматӣ ва 33 телевизиону 22 радио хусусист. 19 студия ба истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ машғул аст, - афзуд ӯ. 
Умед Раҳимзода, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз шиддат ёфтани ҷангҳои иттилоотӣ дар замони муосир гуфт, ки дар пасманзари ин муборизаҳо баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ на танҳо рӯзноманигорон, балки оммаи мардум бояд саҳм гузоранд. Барои ин лозим аст, ки ҷомеа ба иттилооти зарурӣ дастрасӣ пайдо намояд.  Тавре таъкид намуд, ҷавонон қишри ҳассоси ҷомеаанду дастрасии бештар ба шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои хориҷӣ доранд. Мутаассифона, иддае аз онҳо ба далелҳои шубҳаангез бовар мекунанд. Ва боз, хушбахтона, ҷавонони ҳушёр низ дорем, ки ин чизҳоро пай бурда, ба суханҳои пучу бемояи онҳо сарфаҳм мераванд. Барои муқоисаи дирӯзу имрӯз як мисол кифоя аст: замони Иттиҳоди Шуравӣ аз 5 миллион аҳолӣ, ҳамагӣ 65 ҳазор ҷавон имкони таҳсил дар 16 муассисаи олиро дошт. Ҳоло шумораи макотиби олӣ ба 41 расида, 265 ҳазор ҷавон имкони таҳсилро пайдо кардааст. Дар хориҷи кишвар беш аз 40 ҳазори дигар ба кору таҳсил фаро гирифта шудаанд. 
Боло гузоштани манфиатҳои миллӣ аз хостаҳои шахсӣ, идеологияи ҷиҳодӣ ва хатари он ба амнияти иттилоотиву минтақавӣ маҳаки асосии суханронии Маҳбуба Камолова, сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета», буд. Ӯ бо ишора ба авзои Афғонистони имрӯза, ба воқеаҳои талхи солҳои 90-ум ишора карда, аз ҷавонон хост, то беш аз пеш ҳушёру зирак бошанд. 
Ба таъкиди Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари халқ», гурӯҳҳои манфиатҷӯ мехоҳанд ҳофизаи таърихии миллатро маҳв созанд. Аз ин рӯ, ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи ҳар яки мо, аз ҷумла рӯзноманигорон, аст. Мутаассифона, вазъи омодасозии мутахассисони соҳа беҳбудӣ мехоҳад. Барои ҳамин ба омодасозии кадрҳо бояд диққати ҷиддӣ дод.  
Дар идома Фирӯз Раҳмониён, сардори шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият», афзуд: «Мо шоҳиди онем, ки баъзе ҳарифони идеологии мо алайҳи давлату миллати тоҷик иттилои бардурӯғу бофтаеро пешниҳод месозанд. Ин муборизаҳои идеологӣ бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар мезананд, ки, мутаассифона, то ҳанӯз дар мо фарҳанги истифодаи дурусти он шакл нагирифтааст. 
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» рисолатеро анҷом медиҳад, ки ҳифзи манофеи давлату миллат ва арзишҳои миллӣ дар меҳвари фаъолияти он қарор дорад. Нашрия тули фаъолияти худ дар бедории фикрию камолоти маънавии ҷомеа нақши созгор гузошта, ин мавқеъгирӣ дар замони  Истиқлоли давлатӣ боз ҳам тақвият ёфт. Мактаби бунёдии рӯзнома дар ҳеҷ маврид имкон надодааст, ки кормандони он муқобили манофеи давлату миллат қалам тез карда бошад. «Ҷумҳурият» рӯ ба таърихи миллат меорад ва аз хидматҳои арбобони давлатию ходимони илму адаб ёдоварӣ мекунад, ки мисоли инро дар озмунҳои таъсисдодаи рӯзнома мебинем. Ин озмунҳо низ як навъ шаклбахшии идеология дар ҷомеа аст ва онро ба сӯйи шинохти ҳувияти миллӣ  ва арзишҳои давлатмеҳвар мебаранд». 
Дар ҳамоиш, инчунин, Далер Абдулло, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», Ситора Ашӯрова, мудири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», суханронӣ намуданд. Дар охири ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифт. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2021    №: 247    Мутолиа карданд: 1626
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед