иҷтимоиёт
ЧАРОҒИ САБЗИ САОДАТИ МИЛЛӢ
Кормандони Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро дастаҷамъона тамошо карданд.
Ҳайати эҷодию техникии рӯзнома бо таваҷҷуҳ ба ҳар нуктаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тасмим гирифтанд, ки нақшаву барномаҳои кории худро дар асоси ин ҳуҷҷати барномавӣ таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру нишондодҳои навбатии Пешвои миллат, ки моро ба ҳифзу таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, фатҳи уфуқҳои нави рушд ва саодати миллӣ ҳидоят мекунанд, саҳми шоиста гузоранд.
Воқеан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба сифати яке аз василаҳои муҳими муайян намудани рушди давлат дар низоми давлатдорӣ баромад мекунад. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дигаргуниҳои куллӣ дар самти низоми идоракунӣ, рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳо дар асоси нишондодҳои паёмҳои Сарвари давлат ба амал омадаанд.
Пас аз тамошои Паём корманди рӯзнома Ташрифулло Саъдуллоев таассуроташро чунин баён кард: “Сарвари давлат зимни ироаи Паёми нав ба Маҷлиси Олӣ ба соҳаҳои бунёдии пешбарандаи мамлакат таваҷҷуҳ намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда ва рушди соҳоти гуногун дастуру тавсияҳои мушаххас доданд. Бахусус, эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 Солҳои рушди саноат ва ба миён гузоштани масъалаҳои ниҳоят муҳим дар соҳаи маориф аз нуктаҳои пураҳамияти Паём буданд”.
- Пешвои миллат чун ҳамеша ба ҳаёт ва фаъолияти бонувон таваҷҷуҳ карданд ва яке аз нуктаҳои ҷолиби диққати Паёми имсола, ки давоми мантиқии паёмҳои қаблист, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон аст. Аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд то соли 2030 ба 30 ва 25 дарсад расондани хизматчиёни давлатию кадрҳои роҳбарикунанда далели равшани ин гуфтаҳост. Баҳри амалисозии ин ҳадаф дар муддати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод хоҳад шуд. Ҷаноби Олӣ ба зан – модар эҳтироми баланд қоиланд ва ба нақшу мақоми онҳо дар рушди ҷомеа ҳамеша арҷ мегузоранд, ки барои мо бонувон қобили қадршиносист. - гуфт Меҳрангез Қодирова.
Ба андешаи Лашкар Шарифзода, сардори шуъбаи иттилооти рӯзнома, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми Тоҷикистон, ҳуҷҷати роҳнамо ва барномаи яксолаи корӣ буду ҳаст. Роҳбари давлат чун ҳарвақта дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ба ҷавонон рӯ оварда, масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисиро, бевосита таъкид карданд. Зимнан, Сарвари давлат зарур шумурданд, ки таълими забонҳои русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шаванд.
- Воқеан, дар шароити кунунӣ, яъне рушди муносибатҳои байналмилалӣ донистани забонҳои хориҷӣ омили калидии рушди бисёр соҳаҳо мебошад. Ҳадаф аз таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат ҳам ғамхорӣ нисбат ба фардои Ватану миллат мебошад. Моро зарур аст, ки дар татбиқи ин дастури Роҳбари давлат масъулияти бештар дошта бошем. Зеро муҳтарам Ҷаноби Олӣ ояндаи давлату миллатро ба мо - ҷавонон вобаста медонанд ва бояд ба ин боварӣ арзанда буд. Хушбахтона, барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ имрӯз тамоми шароит фароҳам аст. Танҳо масъулият ва ояндабинии мантиқӣ мебояд, - гуфт Л. Шарифзода.
Маҳмуд МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.12.2021 №: 249 Мутолиа карданд: 5159