logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, № 7, мод. 551; с. 2011,    № 3, мод. 159, № 7-8, мод. 609; с. 2012, № 4, мод. 259, № 7, мод. 714, № 8, мод. 815, № 12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, № 7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, № 3, мод. 142, № 11, мод. 643; с. 2015, № 11, мод. 950; с. 2016, № 3, мод. 128, № 5, мод. 357, № 7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, № 1-2, мод. 4; с. 2018, № 5, мод. 267; с. 2019, № 1, мод. 3; с. 2020, № 7-9, мод. 602, мод. 608; с. 2021, № 1-2, мод. 5, № 4, мод. 197), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 2 моддаи 46 пас аз калимаҳои «на дертар аз 24 соат» калимаҳои «, гумонбаршудаи ноболиғ бошад, на дертар аз 12 соат» илова карда шаванд.
2. Ба қисми 3 моддаи 92 пас аз калимаҳои «зиёда аз 72 соат» калимаҳои «, шахси ноболиғро бошад, зиёда аз 48 соат» илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 203:
- дар қисмҳои 1 ва 2 калимаҳои «ҷисмонӣ ва» ба калимаҳои «ҷисмонӣ ё» иваз карда шаванд;
- қисмҳои 5 ва 6 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«5. Пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғи то ҳафтсола наметавонад дар як рӯз бе танаффус зиёда аз 30 дақиқа ва дар маҷмуъ бештар аз як соат, аз ҳафт то чордаҳсола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз як соат ва дар маҷмуъ бештар аз ду соат, аз чордаҳ то шонздаҳсола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз як соату 30 дақиқа ва дар маҷмуъ бештар аз се соат ва аз шонздаҳ то ҳаждаҳсола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз ду соат ва дар маҷмуъ бештар аз чор соат давом ёбад. Давомнокии пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғе, ки бинобар ҳолати ҷисмонӣ ё руҳӣ имконияти мустақилона ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро надорад, аз тарафи муфаттиш дар асоси тавсияи омӯзгор ё равоншинос муқаррар карда мешавад, вале он набояд аз меъёри пешбинигардидаи ҳамин қисм, зиёд бошад.
6. Муқаррароти қисми 5 моддаи мазкур дар рафти гузаронидани дигар амалҳои тафтишӣ (рӯбарӯкунӣ, нишон додан барои шинохтан, озмоиши тафтишотӣ, санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса ва ғайра), ки бо иштироки шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ гузаронида мешаванд, татбиқ мегардад.».
4. Дар моддаи 316:
- дар қисми 1 калимаҳои «ҷисмонӣ ва» ба калимаҳои «ҷисмонӣ ё» иваз карда шаванд;
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғи то ҳафтсола наметавонад дар як рӯз бе танаффус зиёда аз 30 дақиқа ва дар маҷмуъ бештар аз як соат, аз ҳафт то чордаҳсола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз як соат ва дар маҷмуъ бештар аз ду соат, аз чордаҳ то шонздаҳсола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз як соату 30 дақиқа ва дар маҷмуъ бештар аз се соат ва аз шонздаҳ то ҳаждаҳсола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз ду соат ва дар маҷмуъ бештар аз чор соат давом ёбад. Давомнокии пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғе, ки бинобар ҳолати ҷисмонӣ ё руҳӣ имконияти мустақилона ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро надорад, аз тарафи суд, судя дар асоси тавсияи омӯзгор ё равоншинос муқаррар карда мешавад, вале он набояд аз меъёри пешбинигардидаи ҳамин қисм, зиёд бошад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1811
 
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                             М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 17 ноябри соли 2021, № 575
 
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    Рустами  ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, № 184


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2021    №: 251    Мутолиа карданд: 1160
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед