logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ.1, мод.989, мод.990; с.2009, №5, мод.321, №9-10, мод.543; с.2010, №1, мод.2, мод.5, №3, мод.153, №7, мод.547, №12, қ.1, мод.812; с.2011, №6, мод.430, мод.431, №7-8, мод.610, №12, мод.838; с.2012, №4, мод.256, №7, мод.685, мод.693, №8, мод.814, №12, қ.1, мод.1004; с.2013, №3, мод.181, №7, мод.508; с.2014, №3, мод.143, мод.144, №7, қ.1, мод.389, мод.390; с.2015, №3, мод.201, №7-9, мод.707, мод.708, №11, мод.955, №12, қ.1, мод.1108; с.2016, №3, мод.130, мод.131, мод.132, №5, мод.359, мод.361, №7, мод.613, мод.614, №11, мод.877; с.2017, №1-2, мод.5, мод.6, №5, қ.1, мод.275, №7-9, мод.568, мод.585; с.2018, №1, мод.9, №5, мод.268, мод.269; с.2019, №1, мод.8, №6, мод.312, мод.313, №7, мод.464; с.2020, №1, мод.6, №7-9, мод.604, мод.606, мод.621, №12, мод.900, мод.901; с.2021, №6, мод.384, мод.385), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 85:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «понздаҳ то бист» ба калимаҳои «сӣ то чил» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «чил то панҷоҳ» ба калимаҳои «ҳафтод то ҳаштод» иваз карда шаванд. 
2. Ба ном ва диспозитсияи қисми 1 моддаи 128 ва моддаи 131 пас аз калимаҳои «моддаҳои психотропӣ» калимаҳои «, ҳаммонанди (аналоги) онҳо» илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 474: 
- сархати сеюми қисми 1 хориҷ карда шавад; 
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «ҳафт то даҳ», «бист то сӣ» ва «сад то дусад» мувофиқан ба калимаҳои «понздаҳ то бист», «чил то шаст» ва «дусад то чорсад» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «дувоздаҳ то бист», «чил то панҷоҳ» ва «сесад то чорсад» мувофиқан ба калимаҳои «чил то шаст», «сад то яксаду бист» ва «панҷсад то шашсад» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 4741:
- дар санксияи қисми 1 калимаҳои «сӣ то панҷоҳ», «панҷоҳ то сад» ва «сад то дусад» мувофиқан ба калимаҳои «шаст то ҳафтод», «яксаду ҳафтод то як саду ҳаштод» ва «шашсад то ҳафтсад» иваз карда шаванд; 
- дар санксияи қисми 2 калимаҳои «панҷоҳ то ҳафтод», «сад то яксаду панҷоҳ» ва «дусад то сесад» мувофиқан ба калимаҳои «навад то сад», «яксаду ҳаштод то яксаду навад» ва «ҳаштсад то як ҳазор» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 3 калимаҳои «панҷоҳ то сад» ба калимаҳои «шашсад то ҳаштсад» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 4 калимаҳои «дусад то сесад» ба калимаҳои «ҳаштсад то як ҳазор» иваз карда шаванд.
5. Моддаи 4742 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 4742. Ғайриқонунӣ ба роҳ мондан ва гирифтани таълими динӣ
1. Барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар чунин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз навад то яксаду панҷоҳ, кормандону роҳбарони иттиҳодияҳои динӣ аз яксаду шаст то яксаду ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳафтсад то нуҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
2. Барои ғайриқонунӣ гирифтани таълими динӣ, -
ба андозаи аз панҷоҳ то навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. 
3. Барои риоя накардани тартиби гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то яксаду сӣ, кормандону роҳбарони иттиҳодияҳои динӣ ва шахсони мансабдор аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз шашсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
6. Дар моддаи 4743:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад ва дар санксия калимаҳои «сӣ то чил» ба калимаҳои «ҳаштод то навад» иваз карда шаванд;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Барои дар давоми сол баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, -
ба андозаи аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
7. Дар санксияи қисми 1 моддаи 4744 калимаҳои «панҷоҳ то сад» ба калимаҳои «яксаду чил то яксаду панҷоҳ» иваз карда шаванд.
8. Дар санксияи моддаи 570 калимаҳои «аз даҳ то бист» ба калимаҳои «аз панҷ то даҳ» иваз карда шаванд.
9. Дар санксияи моддаи 571 калимаҳои «аз даҳ то бист» ба калимаҳои «аз панҷ то даҳ» иваз карда шаванд.
10. Дар санксияи моддаи 574 калимаҳои «аз даҳ то бист» ба калимаҳои «аз панҷ то даҳ» иваз карда шаванд.
11. Дар санксияи моддаи 588 калимаҳои «аз даҳ то бист», «аз сӣ то чил» ва «аз сад то яксаду панҷоҳ» мувофиқан ба калимаҳои «аз панҷ то даҳ», «аз даҳ то бист» ва «аз панҷоҳ то сад» иваз карда шаванд.
12. Санксияи моддаи 598 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1813
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 6 октябри соли 2021,  № 508

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда,  қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами  ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, № 186


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2021    №: 251    Мутолиа карданд: 1217
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед