сиёсат
Иштироки Пешвои миллат дар вохӯрии ғайрирасмии сарварони давлатҳои узви ИДМ
28 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии ғайрирасмии сарварони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуд, иштирок намуданд.
Дар он миёни сарварони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод мубодилаи афкор сурат гирифт. Инчунин, ҳангоми мулоқот таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, амният ва фарҳангиву гуманитарӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.12.2021 №: 251 Мутолиа карданд: 1230