қонунҳои ҶТ
КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Кодекси мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиро оид ба муқаррарсозӣ, тағйирдиҳӣ, бекоркунӣ, ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, иҷрои уҳдадориҳои андозӣ муайян намуда, ба ташаккул, рушд ва ҳавасмандгардонии фаъолияти хоҷагидорӣ нигаронида шудааст.
ҚИСМИ УМУМӢ
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ, ПРИНСИПҲО, СУБЪЕКТҲОИ МУНОСИБАТҲОИ АНДОЗӢ, НИЗОМИ АНДОЗБАНДӢ ВА ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ АНДОЗСУПОРАНДА
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи амали он
1. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- қонунгузории андоз) ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки муносибатҳои андозиро танзим менамоянд, иборат мебошад.
2. Андозбандӣ мутобиқи қонунгузории андози дар лаҳзаи ба миён омадани уҳдадориҳои андозии амалкунада сурат мегирад, агар дар моддаи мазкур муқаррароти дигар пешбинӣ нашуда бошанд.
3. Мафҳумҳо ва истилоҳоти қонунгузории гражданӣ, оилавӣ ва соҳаҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Кодекси мазкур истифода шудаанд, бо ҳамон маъное фаҳмида мешаванд, ки дар ҳамин соҳаҳои қонунгузорӣ истифода мешаванд, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
4. Муносибатҳо оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо аз молҳо ва воситаҳои нақлиёти тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолёбанда бо Кодекси мазкур ва қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
5. Муносибатҳо оид ба пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет бо қонунҳои дахлдор ва Кодекси мазкур танзим карда мешаванд.
6. Ихтилофоти байни муқаррароти Кодекси мазкур бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии баробардараҷа тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҳал карда мешаванд.
7. Санадҳои қонунгузории андоз, ки андози навро муқаррар мекунанд, шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд ва (ё) барои ҳуқуқвайронкунии андоз ҷавобгариро муқаррар мекунанд, уҳдадориҳои нави андозсупорандагон ва иштирокчиёни дигари муносибатҳоеро, ки қонунгузории андоз танзим менамояд, муайян мекунанд, қувваи бозгашт надоранд.
8. Санадҳои қонунгузории андоз, ки ҷавобгарӣ ва (ё) уҳдадориро оид ба вайрон кардани қонунгузории андоз бекор ё сабуктар мегардонанд ва ё барои ҳимояи ҳуқуқҳои андозсупорандагон, агентони андоз ва намояндагони онҳо кафолати иловагиро пешбинӣ менамоянд, қувваи бозгашт доранд.
9. Дар сурати вуҷуд доштани духӯрагӣ (тафсири гуногуни меъёрҳо) ва (ё) вуҷуд доштани ду ё якчанд муқаррарот ва (ё) ихтилофот байни муқаррароти Кодекси мазкур ва (ё) мавҷуд набудани (норасоии) муқаррароти зарурӣ барои танзими муносибатҳои андозӣ мақомоти андоз ва (ё) суд ба манфиати (фоидаи) андозсупоранда қарор қабул менамоянд.
10. Ба санадҳои қонунгузории дигар ворид намудани меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои андозӣ, ба истиснои муқаррароти зерин, манъ аст:
1) муқаррарот оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;
2) муқаррарот оид ба ҷиноятҳои соҳаи андозии пешбининамудаи қонунгузории ҷиноятӣ;
3) муқаррарот оид ба афзалияти уҳдадориҳои андозии пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба муфлисшавӣ;
4) муқаррарот оид ба андози пешбининамудаи қонунгузории гумрук;
5) муқаррароти пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба боҷи давлатӣ;
6) муқаррароти пешбининамудаи қонунгузорӣ дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;
7) муқаррароти пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ;
8) муқаррарот оид ба андозҳои пешбининамудаи созишномаҳои сармоягузорӣ, консессионӣ ва қарзӣ (грантӣ), инчунин, дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бо давлатҳои хориҷӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд.
11. Барои давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатию консулгарии давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва кормандони дипломатию консулии онҳо, инчунин, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, кормандони онҳо ва аъзои оилаи шахсони дар боло номбаршуда озод намудан аз андозҳо ва истифодаи дигар имтиёзҳои мутобиқи Кодекси мазкур пешниҳодшаванда ё дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинишуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.
12. Резиденти давлати хориҷие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он давлат созишномаи байналмилалӣ дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ба имзо расонидааст, ҳуқуқи татбиқи чунин созишномаро танҳо дар ҳолате дорад, ки агар барои мақсадҳои созишнома молики асосӣ (ниҳоӣ) шахси мазкур ё шахсоне бошанд, ки резидентони ин давлати хориҷӣ мебошанд, инчунин, агар яке аз шартҳои зерин иҷро шуда бошад:
1) бастаи асосии саҳмияҳо ё дигар ҳиссаи иштироки шахс дар биржаи фондии ин давлати хориҷӣ мунтазам савдо шаванд;
2) ҳар ду шарти зерин иҷро шавад:
а) шахс фаъолияти фаъолонаро дар ин кишвари хориҷӣ тавассути кормандони худ ва иншоот дар чунин кишвар анҷом медиҳад;
б) даромади шахс аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалиёти фаъоли шахс дар ин давлати хориҷӣ вобаста аст.
3) дар созишнома маҳдудияти имтиёзҳо пешбинӣ шуда бошад ё муқаррароти дигаре барои пешгирии суиистифода аз ин созишнома мавҷуд бошанд.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Кодекси мазкур истифода мешаванд
Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) маъмурикунонии андоз – маҷмуи чораҳои аз ҷониби мақомоти андоз бо риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалишавандае, ки ба таъмини татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои андозӣ, боҷи давлатӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет равона гардидаанд;
2) низоми махсуси андозбандӣ – тартиби махсуси андозбандии барои гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон муқарраргардида, ки тарзу усулҳои содакардашудаи ҳисоб ва пардохти намудҳои алоҳидаи андоз, инчунин, пешниҳоди ҳисоботи андозро пешбинӣ менамояд;
3) низоми умумии андозбандӣ – тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, ба истиснои низомҳои махсуси андозбандӣ;
4) дороиҳо – захираҳои дар ихтиёри ё таҳти назорати шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ қарордошта, ки аз онҳо гирифтани нафъи иқтисодӣ имконпазир буда, дорои ченаки арзишӣ мебошанд. Аз ҷумла, молу мулк (дороиҳои дигари молию моддӣ ва ғайримоддӣ), фондҳои пулӣ ё ҳуқуқҳои молумулкие, ки маблағи умумии воситаҳои (фондҳои) асосӣ ва муомилотии шахсро ташкил медиҳанд, ҳар сарвати ба шахс тааллуқдошта, категорияи ҳисобие, ки арзиши молу мулки шахсии субъект, инчунин, восита ва захираҳои барои пардохти (пӯшонидани) қарз (уҳдадориҳо) пешбинигардидаро дар бар мегиранд;
5) воситаҳои асосӣ – дороиҳое, ки дар як вақт ба шартҳои зерин ҷавобгӯ мебошанд:
а) муҳлати хизмати онҳо зиёда аз як сол мебошад;
б) ҳангоми истеҳсоли мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ё барои эҳтиёҷоти идоравӣ ба сифати воситаҳои (олоти) меҳнат истифода мешаванд;
в) арзиши ҳар воҳиди чунин дороиҳо ба ҳадди муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ мутобиқ мебошад;
г) истеҳлокшаванда мебошанд;
6) қарзи андоз – маблағи андозҳои ҳисобшуда (иловагӣ ҳисобшуда), фоизҳои ҳисобшуда ва ҷаримаҳои таъиншуда, ки аз ҷониби андозсупоранда эътироф шуда, вале дар муҳлати муқарраргардида ва (ё) дар муҳлати тағйирдодашуда ба буҷет пардохт нашудаанд;
7) бурдҳо – ҳамаи намудҳои даромад, подошҳо ва манфиатҳо дар шакли моддӣ ё пулӣ, ки андозсупорандагон дар озмунҳо, мусобиқаҳо (олимпиадаҳо), фестивалҳо, бо лотереяҳо, дар бозиҳои пулӣ, аз ҷумла бозиҳо тавассути пасандозҳо ва коғазҳои қиматноки қарзӣ, ба даст меоранд;
8) грант – воситаҳои пулӣ ва (ё) молу мулки дигаре, ки ройгон ва бебозгашт барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайян аз сарчашмаҳои зерин дода мешаванд:
а) аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ (ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ), ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - ба мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ё ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ;
в) аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ, ташкилот ва фондҳои хориҷии ғайриҳукуматии ҷамъиятӣ, ки фаъолияти онҳо хусусияти эҳсонкорӣ ва (ё) байналмилалӣ дошта, хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад - ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) даромади хориҷӣ – ҳар даромаде, ки аз манбаъҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст;
10) имзои электронии андозсупоранда – воситаи махсуси криптографии таъмини ҳаққоният, пуррагӣ ва муаллифии ҳуҷҷатҳои электронӣ;
11) андозсупорандаи электронӣ – андозсупорандае, ки бо мақомоти андоз дар шакли электронӣ дар асоси созишномаи бо онҳо басташуда оид ба истифода ва эътирофи имзои рақамӣ ҳангоми мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ тавассути ҳуҷраи шахсии андозсупоранда ҳамкорӣ менамояд;
12) кор – фаъолияте, ки натиҷаҳои он ифодаи моддӣ доранд, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ, васл ва таъмир, таҳқиқоти илмӣ, корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва лоиҳакашӣ;
13) суди саҳмия – ҳама гуна тақсимоти восита ё молу мулки шахси ҳуқуқӣ байни саҳмдорони (иштирокчиёни) он, аз ҷумла:
а) даромаде, ки саҳмдор (иштирокчӣ) ҳангоми тақсимоти даромади ҳарсолаи баъди андозбандӣ боқимонда аз шахси ҳуқуқӣ - эмитент, гирифтааст. Агар қарори дахлдор оид ба истифодаи мақсадноки ин ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳо бо меъёрҳои муайяншуда қабул карда шавад ва мақсаднок истифода шудани он таъмин гардад, чунин фоидаи соф мавриди андозбандӣ қарор дода намешавад;
б) даромаде, ки саҳмдор (иштирокчӣ) аз тақсими маблағ ва молу мулк бо тартиби аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ - эмитент харидани саҳмияҳои (ҳиссаҳои) худ гирифтааст ва даромаде, ки саҳмдор (иштирокчӣ) аз тақсими молу мулки шахси ҳуқуқӣ ҳангоми барҳамдиҳӣ гирифтааст, бо тарҳи (дар ҳар ду маврид) арзиши молу мулке (саҳмияҳое, ҳиссаҳое), ки муассис дар шакли саҳм (ҳисса) ба сармояи оинномавӣ гузаронидааст;
в) даромаде, ки саҳмдор (иштирокчӣ) таҳти пардохтҳои дигар пардапӯшона гирифтааст;
г) арзиши ҳар дороӣ, хизматрасонӣ ва ё ҳар қарзи аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ба манфиати саҳмдор (иштирокчӣ) ва ё шахси ба саҳмдор (иштирокчӣ) алоқаманд бахшидашуда ҳамчун амали воқеан тақсим намудани даромад дониста мешавад;
14) кумаки башардӯстона – мол (кор, хизматрасонӣ), ки ройгон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои фавқулодаи дорои хусусияти ҳарбӣ, экологӣ, табиӣ, техногенӣ, беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ ва ғайра фиристода шудааст;
15) қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ – қитъаҳои замини маҳалли аҳолинишин, ки тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ҷудо гардидаанд;
16) манбаи пардохти даромади андозсупоранда – ташкилот ё шахси воқеие, ки аз он (аз ҳисоби он) андозсупоранда даромад мегирад;
17) қарзи беэътимод – маблағест, ки бояд ба андозсупоранда пардохт шавад, вале бо сабаби ғайри қобили пардохт будан ё барҳам дода шудани қарздор, андозсупоранда онро пурра гирифта наметавонад ё имконияти гирифтани он аз шахси қарздор ё шахси сеюм аз эҳтимол дур аст ва он дар ҳисоби муҳосибии андозсупоранда мувофиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ҳамчун аз ҳисоб баровардашуда инъикос ёфтааст. Дар ҳар ҳолат қарзи беэътимод қарзе мебошад, ки дар ҳисобҳои молиявии андозсупоранда беэътимод ҳисобида мешавад ва барои ба суратҳисоби пардохтии бонкӣ ё хазинавии он дар давоми се сол, аз лаҳзае, ки чунин пардохт бояд анҷом дода мешуд, ягон пардохт сурат нагирифтааст ва ё, новобаста ба дигар ҳолатҳо, андозсупоранда барҳам дода шудааст;
18) маҳалли ҷойгиршавии воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ – маҳалле, ки шахси ҳуқуқӣ тавассути воҳиди алоҳидаи худ фаъолиятро анҷом медиҳад (маҳалли ҷойгиршавии воқеии воҳиди алоҳида);
19) маҳсулоти кишоварзӣ – натиҷаи (маҳсули) ибтидоии парвариши рустаниҳо ва чорво, дороиҳои дигари биологӣ, ки таҳти коркарди саноатии минбаъда қарор нагирифтааст;
20) коркарди саноатӣ – амалиёти технологие, ки бо истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз ашёи хоми кишоварзии аз коркарди аввалия гузашта алоқаманд мебошад. Барои супорандагони андози ягона амалҳои зерин коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ маҳсуб намеёбанд:
а) амалиёт оид ба тайёр намудани маҳсулоти кишоварзӣ барои фурӯш (ба навъҳо ҷудо намудан ва бандубаст);
б) якҷоянамоии маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, ки рамзи молии он тағйир намеёбад;
в) забҳи чорво ва ҷудонамоии он;
г) тозакунӣ ва хушкондани ғалла, ғалладонагиҳо ва зироатҳои техникӣ (ба истиснои пахта) дар вазни аввалияи қабулшуда;
д) омода намудани тухмии маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити табиӣ;
е) хушкондани зироатҳои сабзавотӣ ва мевагиҳо, сулфурдиҳӣ (дуднамоӣ) дар шароити табиӣ;
21) мол – ҳама гуна молу мулки моддӣ (барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда пул, замин ва ё маҳсуле, ки тавассути ноқилҳо (ба истиснои қувваи барқ), кабелҳо, радио, оптика ва ё низоми дигари электромагнитӣ ва ё низоми шабеҳи техникӣ интиқол дода мешаванд, мол ҳисобида намешаванд);
22) ташкилотҳои қарзии молиявӣ – ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо амалӣ менамоянд;
23) ташкилотҳои қарзӣ – шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиётҳои бонкии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо иҷро менамоянд;
24) номгӯи молҳои фаъолияти савдои хориҷӣ – системаи рамзҳои таснифи молҳо, ки мутобиқи Системаи ҳамоҳангсохташудаи тасвир ва рамзгузории молҳо қабул шудааст;
25) роялти – пардохти маблағ барои:
а) ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ дар ҷараёни истихроҷи канданиҳои фоиданок ва (ё) коркарди ташкилаҳои техногенӣ;
б) истифодаи ҳуқуқҳои муаллифӣ, таъминоти барномавӣ, патентҳо, нақшаҳо, тамсилаҳо, тамғаҳои савдо ё дигар моликияти саноатӣ ва ё зеҳнӣ ё додани ҳуқуқи истифодаи онҳо ба шахсони дигар;
в) истифодаи таҷҳизоти саноатӣ, тиҷоратӣ ё илмию таҳқиқотӣ ё додани ҳуқуқи истифодаи онҳо ба шахсони дигар;
г) истифодаи ноу-хау;
д) истифодаи кинофилмҳо, видеофилмҳо, сабтҳои овоз ё дигар шаклҳои сабт ё додани ҳуқуқҳои истифодаи онҳо ба шахсони дигар;
е) расондани кумаки техникии иловагӣ ва ёрирасон вобаста ба ҳуқуқҳои дар ҳамин банд пешбинишуда;
26) хароҷоти намояндагӣ – хароҷоти марбут ба қабул ва хизматрасонии ҳама гуна шахсон, аз ҷумла хароҷоте, ки барои мақсадҳои муқаррарсозӣ ё дастгирии ҳамкориҳои мутақобила, инчунин, барои иштирокчиёни ба маҷлиси шурои директорон, комиссияи тафтишотӣ, маҷлиси саҳмдорон ташрифоварда, сурат гирифтааст. Ба хароҷоти намояндагӣ хароҷоти марбут ба қабули расмии шахсони зикргардида, хизматрасонии буфетӣ (фуршетӣ) ҳангоми гуфтушунид дохил мешавад;
27) хизматрасонӣ – ҳама гуна фаъолият бар ивази подош, пул, инчунин, хизматрасонии ройгон, ки таҳвили мол, иҷрои кор намебошад, аз ҷумла инҳоро дар бар мегирад:
а) фаъолияти савдо;
б) хизматрасонии молиявӣ;
в) ба иҷора додани молу мулки моддӣ ва ғайримоддӣ;
г) маҳсуле, ки тавассути ноқилҳо, кабелҳо, радио, оптикаҳо ва ё низоми дигари электромагнитӣ ва ё низоми шабеҳи техникӣ интиқол дода мешавад.
28) хизматрасониҳои молиявӣ (барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда) – хизматрасонии ташкилоти қарзӣ, ташкилоти қарзии исломӣ ва ташкилотҳои дигар тибқи номгӯе, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ намудааст;
29) ҳуҷҷати электронӣ – ҳуҷҷати мутобиқи шакли муқарраршудаи электронӣ тартиб, пешниҳод, рамзгузорӣ ва бо имзои электронӣ тасдиқ кардашуда, ки пас аз қабул ва тасдиқ шудани дурустии он эътибори ҳисоботӣ дорад;
30) пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ, маблағи суғуртавӣ) – маблағе, ки ташкилоти суғуртавӣ ба шахси суғурташуда тибқи суғуртаи молу мулк ва суғуртаи масъулият ҷиҳати пӯшонидани зарари дар натиҷаи сар задани ҳодисаҳои суғуртавӣ расонидашуда пардохт менамояд;
31) фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо – фаъолияти соҳибкорие, ки даромад аз он аз истеҳсол ва фурӯши молҳои (молу мулки моддии) аз ҷониби худи соҳибкор аз ашёи хоми худӣ истеҳсолшуда ба даст омадааст;
32) қарзи андози аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда – маблағи уҳдадориҳои андози пардохтнашуда, ки дар шакли зерин муайян (ҳисоб) карда шудааст:
а) аз ҷониби андозсупоранда дар ҳисоботи андозии худ;
б) дар қарор оид ба таъхир гузоштани пардохти андозҳо;
в) дар қарори мақомоти андоз оид ба санади санҷиши андозӣ, ки андозсупоранда гирифтааст, агар маблағи андоз мавриди баҳс қарор нагирифта бошад;
г) бо қарори суд, ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст;
33) андози ғайримустақим – андозе (андоз аз арзиши иловашуда, андози аксиз ва андоз аз фурӯши алюминийи аввалия) мебошад, ки андозсупоранда маблағи онро барои пардохт ба буҷет бо зам намудани ин андоз ба нархи фурӯши мол (кор ва хизматрасонӣ) аз истеъмолкунанда мегирад ва ё ҳуқуқи гирифтанро дорад;
34) таҳвили мол – додани ҳуқуқи моликият ба молҳо, аз ҷумла фурӯш, мубодила ё туҳфа, интиқоли ройгон ё қисман пардохт намудани он, додани музди меҳнат ва пардохтҳои дигар дар шакли молӣ (натуралӣ), инчунин, ба гаравгиранда додани ҳуқуқи моликият ба моли ба гарав мондашуда;
35) минтақаҳои оффшорӣ (имтиёзнок) – давлатҳо ва (ё) ҳудудҳое, ки ба андозсупорандагон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ) низоми имтиёзноки андозбандиро пешниҳод менамоянд, маълумотро доир ба амалиётҳои молиявӣ ва амалиётҳои дигари молумулкӣ ифшо ва пешниҳод намекунанд;
36) махзани электронӣ – маҷмуи маълумоти электронии ҳифзшуда, ки барои муайян намудани баҳисобгирии дурусти муомилоти молу маҳсулоти андозсупорандагон ва манбаъҳои андозбандӣ истифода бурда мешавад. Тартиби пешбурди он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад;
37) амалиёти азнавбаҳодиҳии асъор, металл ва сангҳои қиматбаҳо – амалиёте, ки бинобар тағйир ёфтани қурби пули миллӣ нисбат ба асъор, металл ва сангҳои қиматбаҳо бо мақсади танзими ҳисоботи дахлдори тавозунии ташкилот (корхона, муассиса), новобаста ба майлу хоҳиши он, анҷом дода шуда, вобаста ба мусбат ва ё манфӣ будани натиҷаи ниҳоии он (фарқияти ниҳоии даромаду хароҷоти азнавбаҳодиҳӣ), дар давраи ҳисоботӣ ё ба даромад ва ё ба хароҷоти ташкилот мансуб дониста мешавад;
38) дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ – дастгоҳҳои электронии дорои хотираи фискалӣ ва таҷҳизоти интиқоли маълумот, ки маълумоти фискалиро дар бораи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд, кортҳои пардохти бонкӣ ва шаклҳои дигари пардохти электронӣ ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), дар хотираи худ сабт ва нигоҳ дошта, интиқоли мустақими онро тавассути операторҳо (онлайн) ба мақомоти андоз таъмин менамоянд;
39) хазинаи виртуалӣ – таъминоти барномавӣ ё маҷмуаи он, ки дорои маълумот дар бораи ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ бо истеъмолкунандагон дар нуқтаҳои савдои чакана (хизматрасонӣ) буда, имкони ба модули фискалӣ пайваст шуданро дорад, ҳуҷҷатҳои фискалӣ тартиб медиҳад ва нигоҳ медорад, интиқоли ҳуҷҷатҳои фискалиро дар вақти воқеӣ ба оператори маълумоти фискалӣ анҷом медиҳад, маълумоти фискалиро чоп мекунад ва ё онро дар шакли электронӣ ба мақомоти андоз интиқол медиҳад;
40) соли андозӣ – даврае, ки ба соли тақвимӣ мувофиқ буда, аз 1 январ то 31 декабр идома меёбад;
41) Шурои ҳалли пешазсудии баҳсҳо – мақоми машваратӣ оид ба баррасии пешазсудии баҳсҳои андозӣ байни андозсупоранда ва мақомоти андоз;
42) машваратчии андоз – шахсе, ки хизматрасониҳои машваратиро оид ба ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳо ва пешниҳоди ҳисоботҳои (эъломияҳои) андоз, инчунин, оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагон анҷом медиҳад;
43) хавфи андоз – эҳтимолияти аз ҷониби андозсупоранда иҷро накардан ё қисман иҷро кардани уҳдадориҳои андозӣ;
44) фоизҳо – ҳар маблағе, ки дар шакли фоизҳо, тахфифҳо, бонусҳо ва дигар воситаҳои пулӣ, инчунин, подошпулӣ барои истифодаи пули дар як вақт ё давра ба давра пардохтшаванда, аз ҷумла ноустуворона барои дар муҳлати муқарраршуда пардохт нагардидани андоз, ифода ёфтааст;
45) соҳибмулк (манфиатгирандаи ниҳоӣ) – як ё якчанд шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ, ки бевосита ё бавосита соҳибони молу мулк мебошанд;
46) сармояи оинномавӣ – маҷмуи воситаҳои молию пулии (ҳиссаҳо, саҳмияҳои) муассисон (иштирокчиён), ки барои таъсиси шахси ҳукуқӣ ва таъмини фаъолияти он ташаккул дода шудааст;
47) андозсупорандаи бемасъулият – андозсупорандае, ки уҳдадориҳои андозии худро тибқи талаботи қонунгузории андоз иҷро наменамояд;
48) андозсупорандаи бомасъулият – андозсупорандае, ки уҳдадориҳои андозии худро тибқи талаботи қонунгузории андоз таъмин намуда, ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил нест;
49) нархи трансфертӣ – нархе, ки байни шахсони бо ҳам алоқаманд ташаккул меёбад ва (ё) аз нархи бозории аҳдҳои байни тарафҳои мустақил ҳангоми анҷом додани амалиётҳои фаромарзӣ фарқ мекунад;
50) чеки электронии фискалӣ (ҳуҷҷати электронии ҳисоббаробаркунӣ) – шакли ҳуҷҷати ҳисоббаробаркунӣ барои амалиётҳо дар шакли пардохтҳои электронӣ, ки дорои маълумот ва нишонаҳои ҳатмии чеки таҷҳизоти хазинавӣ барои мол (кор, хизматрасонӣ), аз ҷумла ифодаи рақамии рамзхати мол ва (ё) рамзи эътинои фаврӣ, мебошад;
51) ҳисобнома-фактураи электронӣ – ҳуҷҷате, ки бо истифода аз шабакаи электронӣ бо ё бе имзои электронӣ дода шуда, тавассути таҷҳизоти мубодилаи электронии маълумот пешниҳод мешавад. Ҳуҷҷати мазкур бо замимаи нусхаи электронии ҳисобнома-фактураи коғазӣ тавассути ҳуҷраи шахсии андозсупоранда ва ё ҳар шабакаи электронӣ, ки барои санҷиши вобастагии байни ҳисобнома-фактура ва таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) заминаи боэътимод фароҳам меорад, ирсол мегардад;
52) кэшбэк – навъи ҳавасмандгардонӣ, ки ҳангоми пардохт намудани арзиши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) тавассути ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ (аз ҷумла воситаҳои электронии пардохт, кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) фоизи муайян аз маблағи пардохтшуда ё маблағи устувор аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ ва (ё) фурӯшанда ба мизоҷ баргардонда мешавад;
53) суратҳисобҳои бонкӣ – суратҳисобҳои андозсупорандагон, ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (пасандозии) шахсони воқеӣ, ки барои мақсадҳои Кодекси мазкур дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ кушода шудаанд;
54) воситаҳои электронии пардохт – воситаҳо ва (ё) усулҳое, ки мақсад аз онҳо интиқоли маблағ дар доираи шаклҳои истифодашавандаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳомилҳои электронии иттилоот, аз ҷумла кортҳои пардохтии бонкӣ ва таҷҳизоти дигари техникӣ бо ва бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба андозсупорандагон буда, барои таҳия, тасдиқ ва додани фармоиши пардохтӣ имкон медиҳанд;
55) қарзи баҳснок – қарзи андозие, ки андозсупоранда бо он розӣ набуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба мақомоти болоии андоз, Шурои ҳалли пешазсудии баҳсҳо, суд ё мақомоти дигари дахлдор бо аризаи хаттӣ шикоят намудааст (то баррасӣ ва гирифтани ҷавоб аз натиҷаи шикоят);
56) асъори функсионалӣ – асъори фарқкунанда нисбат ба пули миллӣ.
Моддаи 3. Тартиби муқаррар намудан, озод кардан, тағйир додан ва бекор кардани андоз
1. Муқаррар намудан, озод кардан, тағйир додан ва бекор кардани андоз бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мазкур ва (ё) ба санадҳои қонунгузории дар қисми 10 моддаи 1 ҳамин Кодекс пешбинигардида анҷом дода мешаванд.
2. Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории андоз, озод кардан аз андоз бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия пешниҳод карда мешаванд.
3. Ҳангоми муқаррар намудани андозҳо бояд андозсупоранда, имтиёзҳои андозӣ ва ҳамаи унсурҳои андозбандӣ муайян карда шаванд.
Моддаи 4. Тартиби ҳисобкунии муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории андоз
1. Муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории андоз бо санаи тақвимӣ бо нишон додани амале, ки бо гузаштани давраи вақти бо солҳо, семоҳаҳо, моҳҳо ё рӯзҳо ҳисобшаванда бояд анҷом дода шавад ё анҷом меёбад, муайян карда мешавад.
2. Оғози ҳисоб кардани муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории андоз рӯзе ҳисоб меёбад, ки баъд аз санаи тақвимӣ ё ҳодисае, ки бояд рух диҳад, фаро мерасад.
3. Муҳлате, ки бо солҳо ҳисоб карда мешавад, дар моҳ ва рӯзи дахлдори соли охирини муҳлат ба итмом мерасад. Дар баробари ин сол ҳар давраи вақти иборат аз дувоздаҳ моҳи пайдарпаи аз соли тақвимӣ фарқкунанда эътироф карда мешавад.
4. Муҳлате, ки бо семоҳаҳо ҳисоб карда мешавад, дар рӯзи дахлдори моҳи охирини муҳлат ба итмом мерасад. Дар баробари ин, семоҳа ҳамчун се моҳи тақвимӣ дониста шуда, аз оғози соли тақвимӣ ҳисоб карда мешавад.
5. Муҳлате, ки бо моҳҳо ҳисоб карда мешавад, дар рӯзи охирини моҳи дахлдор ба итмом мерасад.
6. Муҳлате, ки бо рӯзҳо ҳисоб карда мешавад, бо рӯзҳои тақвимӣ ҳисоб карда мешавад, агар дар Кодекси мазкур ҳисобкунӣ бо рӯзҳои корӣ муқаррар нашуда бошад. Рӯзи корӣ рӯзе ҳисобида мешавад, ки он мувофиқи қонунгузорӣ рӯзи истироҳат ва (ё) ғайрикорӣ эътироф намегардад.
7. Агар рӯзи охирини муҳлат ба рӯзе рост ояд, ки он мувофиқи қонунгузорӣ рӯзи истироҳат ё ғайрикорӣ ҳисобида мешавад, рӯзи анҷоми муҳлат рӯзи корие ҳисобида мешавад, ки пас аз рӯзи истироҳат ва (ё) ғайрикорӣ меояд.
8. Амале, ки барои иҷрокунии он муҳлат муқаррар шудааст, метавонад то соати 24 рӯзи охирини муҳлат иҷро карда шавад.
9. Агар ҳуҷҷатҳо (ҳисобот) ба ташкилоти алоқа ва (ё) воситаҳои пулӣ, ҳуҷҷатҳои дахлдори пардохт ба ташкилоти қарзии молиявӣ то соати 24 рӯзи охирини муҳлат супорида шуда бошанд, муҳлат гузашта ҳисобида намешавад.
Моддаи 5. Воридоти андозҳо ва тақсимоти онҳо ба буҷет
1. Андозҳо дар ҳаҷм ва бо тартибе, ки дар Кодекси мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии дар заминаи он қабулгардида муқаррар шудаанд, пардохт карда мешаванд.
2. Пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷм ва бо тартибе, ки дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии дар заминаи онҳо қабулгардида муқаррар шудаанд, пардохт карда мешаванд.
3. Маблағҳо аз андозҳои умумидавлатӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ҷудо карда мешаванд. Пардохтҳо аз рӯи андозҳои маҳаллӣ ба буҷетҳои дахлдори маҳаллӣ ворид мешаванд.
4. Расмиёти маъмурӣ оид ба назорати воридоти андоз, боҷи давлатӣ ва пардохтҳо, инчунин, пардохтҳои гумрукӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдор ва мақомоти андоз бо тартиби муқарраргардида амалӣ карда мешаванд.
5. Назорати раванди воридоти андозҳои дар қисми махсуси Кодекси мазкур муқарраргардида, аз ҷониби мақомоти андоз таъмин карда мешавад, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Моддаи 6. Татбиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои андозбандӣ
1. Татбиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои андозбандӣ ва меъёрҳои умумии ҳуқуқии байналмилалии андоз бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
2. Муқаррароти шартномаҳои байналмилалии танзимкунандаи масъалаҳои канораҷӯӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо, ки яке аз тарафҳои онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, нисбат ба резидентони андози як ё ҳар ду давлат, ки чунин шартномаро ба имзо расондаанд, татбиқ карда мешавад. Бо ин мақсад резиденти андоз мутобиқи шартнома муайян карда мешавад.
3. Муқаррароти қисми 2 моддаи мазкур нисбат ба резиденти андози давлате, ки бо он шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонда шудааст, татбиқ намегарданд, агар резиденти андоз муқаррароти ин шартномаи байналмилалиро ба манфиати шахси дигаре истифода намояд, ки резиденти андози ҳамон давлате, ки бо он ин шартномаи байналмилалӣ ба имзо расонда шудааст, намебошад.
4. Шахси дорои ҳуқуқи воқеӣ ба даромадҳое, ки аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ пардохт карда мешаванд, шахсе эътироф карда мешавад, ки дорои ҳуқуқи мустақилона истифода кардан ва (ё) ихтиёрдорӣ кардани даромадҳои мазкур мебошад, ё шахсе, ки ба манфиати ӯ шахси дигар ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани чунин даромадҳоро дорад. Дар баробари ин, аҳамият надорад, ки ин ҳуқуқ бинобар иштироки бевосита ва (ё) бавоситаи дар ин шахси ҳуқуқӣ ё назорат аз болои он ё бинобар ҳолатҳои дигар ба вуҷуд омадааст.
5. Бо тартиби дар қисми 4 ҳамин модда муқарраршуда ҳуқуқи воқеӣ ба даромади шахсе, ки фаъолиятро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳад, муайян карда мешавад.
6. Ҳангоми муайянкунии шахсе, ки дорои ҳуқуқи воқеӣ ба даромадҳо мебошад, вазифаҳое, ки шахсони дар қисми 4 моддаи мазкур зикршуда иҷро мекунанд, инчунин, таваккалҳое, ки онҳо ба зимма мегиранд, ба эътибор гирифта мешаванд.
7. Шахси хориҷӣ ҳамчун шахси дорои ҳуқуқи воқеӣ ба даромадҳо аз сарчашмаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда намешавад, агар ӯ дорои ваколатҳои маҳдуди ихтиёрдории чунин даромадҳо бошад, нисбат ба даромадҳои мазкур вазифаи миёнаравиро ба манфиати шахси дигар анҷом диҳад, ҳеҷ гуна таваккалҳои молиявиро ба зимма надошта, бевосита ё бавосита чунин даромадро (пурра ё қисман) ба шахси дигар пардохт кунад.
8. Ҳангоми пардохти даромадҳо аз сарчашмаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси хориҷие, ки ҳуқуқи воқеии гирифтани чунин даромадҳоро надорад, агар ба пардохткунанда шахсе, ки ҳуқуқи воқеии гирифтани чунин даромадҳоро (қисми онҳо) дорад, маълум бошад, андозбандии даромад бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
1) агар шахси дорои ҳуқуқи воқеӣ ба даромадҳои пардохтшаванда (қисми онҳо) резиденти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, андозбандии даромади пардохтшаванда (қисми он) мувофиқи муқаррароти Кодекси мазкур нисбат ба резидентони андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат пардохткунанда андозро нисбат ба даромадҳои пардохтшаванда (қисми онҳо) дар манбаи пардохт нигоҳ намедорад, ба шарте, ки ӯ мақомоти андози маҳалли баҳисобгириро огоҳ намояд. Тартиби чунин огоҳнамоӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад;
2) агар шахси дорои ҳуқуқи воқеӣ ба даромадҳои пардохтшаванда (қисми онҳо) резиденти андози давлате (юрисдиксияе) бошад, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои андозбандӣ дорад, дар ин ҳолат муқаррароти чунин шартнома нисбат ба андозбандии ин даромадҳои пардохтшаванда (қисми онҳо) амалӣ карда мешаванд;
3) агар шахси дорои ҳуқуқи воқеии гирифтани даромад (ё як қисми он) резиденти андози давлате (юрисдиксияе) бошад, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои андозбандӣ надорад, андозбандии даромади (ё қисми он) гирифтаи ғайрирезидент тибқи муқаррароти ҳамин Кодекс амалӣ карда мешавад.
9. Қоидаҳои болозикр ба шарте татбиқ карда мешаванд, ки макони ҷойгиршавии доимии шахсе, ки ба ӯ даромадҳо пардохт карда мешаванд ва ӯ ҳуқуқи воқеӣ ба ин даромадҳоро надорад, давлате (юрисдиксияе) бошад, ки бо он созишномаи байналмилалии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои андозбандӣ мавҷуд мебошад.
10. Агар ба пардохткунанда шахси дорои ҳуқуқи воқеии гирифтани чунин даромад (ё қисми он) маълум набошад, андозбандии чунин даромад (ё қисми он) мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур, ки нисбат ба ғайрирезидентҳо муайян шудаанд, амалӣ карда мешаванд.
11. Мақоми салоҳиятдори дар созишномаи байналмилалӣ муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки ба мақоми салоҳиятдори давлати хориҷӣ ҷиҳати мусоидат дар иҷрои уҳдадории андозӣ аз ҷониби андозсупорандаи давлати хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро нашудааст, дархост пешниҳод намояд.
12. Муқаррароти қисмҳои 4 - 11 моддаи мазкур барои муайян кардани шахсе татбиқ мегарданд, ки ҳуқуқи воқеии гирифтани даромадро аз манбаъҳои пардохт тибқи шартномаи байналмилалии андоз дорад.
БОБИ 2. ПРИНСИПҲОИ АНДОЗБАНДӢ
Моддаи 7. Принсипҳои андозбандӣ
Андозбандӣ ба принсипҳои қонуният, ҳатмият, асоснокии андозбандӣ ва ҳамкории мақомоти андоз бо андозсупоранда, адолат, ягонагии низоми андоз ва шаффофият асос меёбад.
Моддаи 8. Принсипи қонуният
1. Андоз мутобиқи Кодекси мазкур муқаррар карда мешавад ва меъёрҳои қонунгузории андоз наметавонанд ба принсипҳои бо ҳамин Кодекс муқарраршуда мухолифат кунанд.
2. Ба ҳеҷ шахс наметавонад уҳдадории пардохти андоз, ки мутобиқи Кодекси мазкур муқаррар нашудааст ё бе риояи меъёрҳои он муқаррар гардидааст, вогузор карда шавад.
Моддаи 9. Принсипи ҳатмият
Ҳамаи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ уҳдадоранд андозҳои тибқи Кодекси мазкур муқарраршударо пардохт намоянд ва меъёрҳои қонунгузории андозро риоя кунанд.
Моддаи 10. Принсипи асоснокии андозбандӣ ва ҳамкории мақомоти андоз бо андозсупоранда
1. Асоснокии андозбандӣ маънои дар қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани ҳамаи унсурҳои андоз, андозсупоранда, имтиёзҳои андозӣ, тартиб, иҷро ва қатъ намудани уҳдадориҳои андозро ифода менамояд.
2. Дар доираи муносибатҳои андозӣ мақомоти андоз уҳдадоранд бо мақсади иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андозсупоранда ҳамкорӣ намоянд. Дар баробари ин, мақомоти андоз ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти қонунии андозсупоранда монеаи сунъӣ эҷод намоянд, андозсупоранда бошад, уҳдадор аст ба мақомоти андоз барои амалӣ намудани ваколатҳояшон мусоидат кунад.
Моддаи 11. Принсипи адолат
1. Андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон умумӣ мебошад ва ҳамаи андозсупорандагон андозҳоро муносиб ба даромад ва молу мулк пардохт мекунанд.
2. Муқаррар намудани меъёрҳои фарқкунандаи андоз, имтиёзҳои андоз ё дигар афзалиятҳо вобаста ба шакли моликият, манбаи маблағгузорӣ, инчунин, андозҳое, ки барои амалинамоии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон монеа эҷод мекунанд, манъ аст.
Моддаи 12. Принсипи ягонагии низоми андоз
1. Низоми андоз дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мебошад.
2. Муқаррар намудани андозҳое, ки фазои ягонаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бевосита ё бавосита озодона интиқол додани мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) ё воситаҳои молиявиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд менамоянд, манъ аст.
Моддаи 13. Принсипи шаффофият
1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ ҳатман интишор карда мешаванд.
2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ, ки расман интишор нашудаанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
БОБИ 3. СУБЪЕКТҲОИ МУНОСИБАТҲОИ АНДОЗӢ
ВА МАФҲУМҲОИ ДИГАРИ ДАР КОДЕКСИ МАЗКУР
ИСТИФОДАШАВАНДА
Моддаи 14. Субъектҳои муносибатҳои андозӣ
1. Субъектҳои муносибатҳои андозӣ шахсоне ба ҳисоб мераванд, ки ба таври мустақим ва ё ғайримустақим дар муносибатҳои андозӣ иштирок менамоянд, дорои ҳукуқу уҳдадориҳо мебошанд ва ё бо амал ё беамалии худ уҳдадориҳои андозиро ба вуҷуд меоваранд.
2. Барои мақсадҳои андозбандӣ инҳо резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд:
1) агар шахси воқеӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми давра ва ё давраҳое, ки, дар маҷмуъ, дар давоми ҳар давраи 12-моҳаи дар ҳамин соли тақвимии ҷорӣ оғозшаванда ё баохиррасида бештар аз 182 рӯз қарор дошта бошад, барои соли ҷории тақвимӣ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - резидент) ба ҳисоб меравад, вале бо назардошти:
а) шахси воқеие, ки дар соли тақвимии ҷорӣ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, вале дар давоми соли тақвимии қаблӣ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон набуд, барои давраи ҷории андоз танҳо аз санаи якуми воқеан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштан резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мешавад;
б) шахси воқеие, ки дар соли тақвимии ҷорӣ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, вале дар давраи минбаъдаи андоз резидент намебошад, барои давраи ҷории андоз танҳо дар даврае резидент ҳисобида мешавад, ки рӯзи охирини ҳузури шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ба охир мерасад;
2) шаҳрванди Ҷумуҳурии Тоҷикистон, ки дар давоми соли тақвимӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар ҳамин соли тақвимӣ, новобаста ба давомнокии чунин хизмат, резидент ба ҳисоб меравад;
3) шахсони воқеие, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
4) шахсони воқеие, ки барои қабул шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар бораи гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе қабули шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза додаанд, сарфи назар аз муҳлати будубош дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мешаванд, агар шахс берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли зисти доимӣ надошта бошад.
3. Шахси воқеие, ки мутобиқи ҳамин модда резидент намебошад, ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
4. Шаҳрванди давлати хориҷӣ, сарфи назар аз муҳлати дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш, резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намеравад, агар чунин шахс шахси дорои мақоми дипломатӣ ё консулӣ (ё узви оилаи чунин шахс) ва ё корманди ташкилоти байналмилалӣ ё шахси дар хизмати давлатии давлати хориҷӣ (ё узви оилаи чунин шахс) қарордошта бошад.
5. Мақоми резидент ва ғайрирезидент нисбат ба шахси воқеӣ барои ҳар соли тақвимӣ муайян карда мешавад.
6. Шахси воқеие, ки ғайрирезидент эътироф мешавад, уҳдадор аст ба агенти андоз ё мақомоти андози маҳалли будубош (истиқомат) на дертар аз рӯзи гирифтани даромад ё санаи пешниҳод кардани ҳисоботи андоз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мақоми резидент дар давлати хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд будан ва тарҷумаи ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсиятро (шиносномаро) ба забони давлатӣ пешниҳод намояд.
7. Соҳибкори инфиродӣ – шахси воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома амалӣ менамояд.
8. Шахси ҳуқуқӣ метавонад резидент ва ғайрирезидент бошад:
1) шахси ҳуқуқӣ-резидент – шахси ҳуқуқӣ резидент эътироф карда мешавад, агар он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта бошад ва ё мақоми идоракунии асосии он (мақоми роҳбарикунанда, мақоми идоракунӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад;
2) шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент – шахси ҳуқуқие, ки тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ таъсис ёфтааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, гарчанде ин шахс мутобиқи қонунгузории кишваре, ки дар он таъсис ёфтааст, шахси ҳуқуқӣ ҳисобида намешавад.
9. Филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқӣ – воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ, ки, новобаста ба дарҷ намудани он дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои шахси ҳуқуқӣ, дар маҷмуъ, ба шартҳои зерин ҷавобгӯ мебошад:
1) фаъолияти соҳибкорӣ ё ғайрисоҳибкориро амалӣ менамояд;
2) дорои ҳудуд ва (ё) молу мулки алоҳида аз шахси ҳуқуқӣ мебошад;
3) дорои воҳидҳои кории ба муҳлати зиёда аз як моҳи тақвимӣ ташкилшуда ва (ё) ҳайати кормандоне мебошад, ки бо ташкилот ё ҳамин воҳид бо муносибатҳои бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзимшаванда алоқаманданд.
10. Андозсупоранда – шахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳои онҳо, ки фаъолияти иқтисодиро новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, намуди фаъолият, тобеият ва шакли моликият ва ё объекти андозбандӣ амалӣ менамоянд ва ба зиммааш тибқи қонунгузории андоз уҳдадории пардохти андозҳо, боҷи давлатӣ ва пардохтҳо вогузор шудааст.
11. Мақомоти давлатӣ – ҷузъи таркибии дастгоҳи давлатӣ, ки тибқи салоҳият ва сохтори муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколатҳои давлатию ҳокимиятиро дар шакли ташкилию ҳуқуқии ба худ хос амалӣ менамояд:
1) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия – мақоми марказии ҳокимияти иҷроия, ки пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии фаъолияти молиявӣ, буҷету андоз ва ғайраро таъмин намуда, фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро оид ба иҷро ва риояи қонунгузории андоз, баҳисобгирӣ ва сари вақт ба Буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз тарафи андозсупорандагон ва идоракунии молияи давлатӣ ҳамоҳанг менамояд;
2) мақоми ваколатдори давлатӣ – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки иҷро ва риояи муқаррароти қонунгузории андозро таъмин менамояд;
3) мақомоти ваколатдор – мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои мақомоти андоз, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳисоб ва (ё) ҷамъоварӣ намудани андозҳои алоҳида ва (ё) иҷро намудани дигар вазифаҳои вобаста ба андозбандӣ ваколатдор мебошанд.
12. Агенти андоз – ташкилот ё соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи Кодекси мазкур ба зиммааш вазифаи ҳисоб намудани андоз, аз андозсупоранда ё аз манбаи пардохт нигоҳ доштан ва ба буҷети дахлдор гузаронидани он вогузор шудааст.
13. Агенти андоз уҳдадор аст:
1) андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии дар Кодекси мазкур ва қонунгузории андозӣ пешбинишударо аз андозсупоранда ё аз манбаи пардохт нигоҳдошташаванда пурра ва дар муҳлатҳои муайяншуда ҳисоб намояд, нигоҳ дорад ва ба буҷет ворид намояд;
2) даромадҳои ба андозсупорандагон пардохтшуда, андозҳои аз андозсупорандагон (ё аз манбаи пардохт) нигоҳдошташуда ва ба буҷети дахлдор гузаронидашударо ба ҳисоб гирад, оид ба ҳар як андозсупоранда ҳисоби ҷудогона барад;
3) ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳисоботи андоз пешниҳод намояд.
14. Шахс – ҳар шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, муассисаи доимӣ, филиал ё воҳиди дигари алоҳидаи ғайрирезидент.
15. Ташкилотҳо – шахсони ҳуқуқии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисдодашуда (минбаъд - ташкилотҳои резидент), шахси ҳуқуқии хориҷии тибқи қонунгузории давлатҳои ҳориҷӣ таъсисёфта, аз ҷумла филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ (минбаъд – ташкилотҳои хориҷӣ).
Моддаи 15. Фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайрисоҳибкорӣ
1. Фаъолияти соҳибкорӣ – фаъолияти мустақилонае, ки таҳти таваккали шахсон амалӣ гардида, барои ба даст овардани даромад (фоида) аз ҳисоби истифодаи молу мулк, фурӯши мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) равона гардидааст.
2. Фаъолияти соҳибкорӣ аз рӯи андозаи даромади умумӣ ба намудҳои зерин ҷудо карда мешавад:
1) фаъолияти соҳибкории хурд – фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқие, ки даромади умумии онҳо дар 12 моҳи пайдарпайи (муттасили) тақвимии гузашта аз 1 000 000 (як миллион) сомонӣ кам мебошад;
2) фаъолияти соҳибкории миёна – фаъолияти шахси ҳуқуқие, ки даромади умумии он дар 12 моҳи пайдарпайи (муттасили) тақвимии гузашта аз 1 000 000 (як миллион) сомонӣ то 25 000 000 (бисту панҷ миллион) сомонӣ мебошад;
3) фаъолияти соҳибкории калон – фаъолияти шахси ҳуқуқие, ки даромади умумии он дар 12 моҳи пайдарпайи (муттасили) тақвимии гузашта зиёда аз 25 000 000 (бисту панҷ миллион) сомонӣ мебошад.
3. Таҳти мафҳуми фаъолияти эҳсонкорӣ фаъолияте дониста мешавад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» амалӣ карда мешавад.
4. Барои мақсадҳои андозбандӣ расондани ҳар гуна кумак фаъолияти эҳсонкорӣ ба ҳисоб намеравад, агар яке аз шартҳои зерин ҷой дошта бошад:
1) шахси қабулкунандаи чунин кумак дар назди шахси кумакрасон уҳдадории дорои хусусияти молумулкӣ ё ғайримолумулкиро қабул кунад (ба истиснои уҳдадории мувофиқи таъиноти мақсаднок истифода намудани маблағ ё молу мулки гирифташуда);
2) шахси кумакгиранда ва шахси кумакрасон шахсони мутақобилан вобаста ҳисобида шаванд.
5. Намудҳои зерини фаъолият ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ баррасӣ карда намешаванд:
1) фаъолияти тамоми зинаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки мустақиман бо амалӣ намудани ваколатҳои ба онҳо вогузоршудаи давлатӣ алоқаманд мебошад;
2) фаъолияти эҳсонкорӣ;
3) фаъолияти динӣ;
4) фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
5) фаъолияти ташкилоти ғайритиҷоратие, ки аз ҷониби муассисони ташкилоти ғайритиҷоратӣ маблағгузорӣ карда мешавад;
6) иҷрои кори кироя аз ҷониби шахси воқеӣ.
6. Барои мақсадҳои андозбандӣ амалӣ намудани намудҳои зерини фаъолият аз ҷониби шахси воқеӣ, муассисаи аз ҳисоби муассис маблағгузоришаванда ва (ё) ташкилоти ғайритиҷоратӣ фаъолияти соҳибкорӣ эътироф намегардад, агар чунин фаъолият фаъолияти асосии шахси онро амаликунанда набошад:
1) ҷойгир намудани маблағҳои пулӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
2) ба иҷора додан ё фурӯши молу мулки манқул ва (ё) ғайриманқул ;
3) ба идоракунии боэътимод додани молу мулк;
4) харидан (фурӯхтан) ё ба шахси дигар додани ҳисса дар сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ ё коғазҳои қиматноки он;
5) харидан (фурӯхтан) ё ба шахси дигар додани вомбаргҳо ё ҳама гуна векселҳои дигар;
6) харидан (фурӯхтан) ё ба шахси дигар додани саҳм дар фонди ҳиссавии сармоягузорӣ ва (ё) ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳама гуна ҳуқуқҳои шабеҳи ба фурӯшанда тааллуқдошта;
7) кори кирояи дар асоси шартномаҳои хусусияти граждании ҳуқуқидошта ё ин ки бе шартномаҳо иҷрошаванда.
7. Дар он қисме, ки шахсони анҷомдиҳандаи фаъолияти дар қисми 5 ҳамин модда пешбинишуда фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд, фаъолияти соҳибкории чунин шахсон бояд андозбандӣ гардад, дороиҳо ва фаъолияти онҳо, ки бевосита бо амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманданд, бояд дар алоҳидагӣ (ҷудо аз фаъолияти асосӣ) ба ҳисоб гирифта шаванд.
8. Фаъолияти шахси ҳуқуқие, ки муассисаи давлатӣ буда, қисми маблағҳои махсуси онҳо ба андоза ва бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ ба буҷет ситонида мешавад, фаъолияти соҳибкорӣ ҳисобида намешавад.
Моддаи 16. Кори кироя
1. Барои мақсадҳои Кодекси мазкур мафҳуми «кори кироя» маънои зеринро дорад:
1) аз ҷониби шахси воқеӣ иҷрои уҳдадориҳо дар доираи муносибатҳои тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ танзимшаванда;
2) аз ҷониби шахси воқеӣ иҷро шудани уҳдадориҳое, ки бевосита ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва (ё) мақомоти (муассисаҳои) ба онҳо баробаркардашуда алоқаманданд;
3) кори шахси воқеӣ дар мансаби роҳбарикунандаи корхона ё ташкилот.
2. Шахси воқеие, ки кори кирояро иҷро карда буд, иҷро карда истодааст ё минбаъд иҷро мекунад, дар Кодекси мазкур «корманд» номида мешавад. Шахсе, ки ҳаққи хизматрасонии чунин кормандро пардохт менамояд, «корфармо» ва чунин пардохт «музди меҳнат» номида мешавад.
3. Барои мақсадҳои Кодекси мазкур ҷойи кори асосии корманд ҷойи коре ҳисобида мешавад, ки тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор аст аз рӯи он дафтарчаи меҳнатии кормандро пеш барад.
Моддаи 17. Таъсиси муассисаи доимии ғайрирезидент
1. Таҳти мафҳуми муассисаи доимии ғайрирезидент (корхонаи хориҷӣ ё шахси ғайрирезидент) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - муассисаи доимӣ), агар ҳамин модда тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, маҳалли фаъолияти доимие фаҳмида мешавад, ки тавассути он шахси хориҷӣ фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла фаъолияти тавассути шахси ваколатдор иҷрошавандаро пурра ё қисман анҷом медиҳад.
2. Маҳалли фаъолияти доимии дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида инҳо ҳисобида мешаванд:
1) ҳар маҳалли идоракунӣ, филиал, шуъба, бюро, дафтари корӣ, ҳуҷраи корӣ, агентӣ, фабрика, корхона, коргоҳ, устохона, озмоишгоҳ;
2) маҳалли анҷом додани истеҳсол, коркард, насб, бастабандӣ ва борҷомакунии мол;
3) ҳар маҳалли фаъолият, аз ҷумла мағоза ва ё анборе, ки ба сифати нуқтаи савдо истифода бурда мешавад;
4) маҳалҳое, ки барои сохтмон истифода мешаванд, майдонҳо барои корҳои сохтмонӣ, васлкунӣ ё ҷойҳои дигари марбут ба анҷом додани фаъолияти назоратӣ;
5) яке аз маҳалҳои зерин, ки дар он тавассути кормандон хизмат расонида мешавад:
a) маҳалле, ки дар он зиёда аз 90 рӯзи тақвимӣ дар тамоми давраи муттасили дувоздаҳмоҳае, ки дар ҳамин давраи андоз хотима меёбад, хизматрасонӣ бо ҷалби кормандон анҷом дода мешавад;
б) ҳама гуна маҳалҳое, ки насб, ба кор даровардан ва истифодаи мошинҳои бозӣ (аз ҷумла воситаҳои иловагии онҳо), шабакаҳои компютерӣ ва шабакаҳои алоқа, аттраксионҳо анҷом дода мешавад.
6) конҳо, чоҳҳои нафт ё газ ва ё маҳалҳои дигар барои анҷом додани фаъолияти иктишофи геологӣ ё истихроҷи захираҳои табиӣ, карерҳо ё майдонҳо барои коркард ва истихроҷи захираҳои табиӣ;
7) маҳалли насби таҷҳизот ё иншоот, ки барои омӯзиши геологӣ (иктишоф), коркард, истихроҷи захираҳои табиӣ истифода мешаванд, вале танҳо ба шарте, ки ин таҷҳизот ё иншоот дар давоми давраи зиёда аз 182 рӯз истифода ё барои истифода омода карда шаванд;
8) ҳар маҳалли анҷом додани фаъолият (аз ҷумла назорат ё мушоҳида) вобаста ба газлӯлаҳо ва дигар хатлӯлаҳо.
3. Ғайрирезидент ҳамчунин дорои муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад, агар:
1) тавассути агенти ваколатдор ҷамъоварии мукофоти суғуртавӣ ва (ё) суғуртакунӣ ё азнавсуғуртакунии таваккалро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад;
2) иштирокчии шартнома дар бораи фаъолияти муштарак (рафоқати одӣ) бошад, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намояд;
3) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳҳои музднок гузаронад ва (ё) дар ин намоишгоҳҳо таҳвили (фурӯши) молро анҷом диҳад;
4) дар асоси муносибатҳои шартномавӣ ба шахс барои манфиатҳои ӯро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кардан, аз номи ӯ амал намудан ва ё баимзорасонии шартномаҳо ваколат диҳад;
5) шахсро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳ доштани захираи мол ва анҷом додани таҳвили мунтазам аз номи ӯ ваколатдор намояд;
6) муассисон ё шахсони идоракунандаи шахси ҳуқуқӣ – резидент ва ғайрирезидент мутақобилан вобаста бошанд.
4. Ғайрирезидент метавонад фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсис додани муассисаи доимии дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда, тавассути шахси ваколатдори аз номи ӯ баромадкунандае, ки амалҳоро вобаста ба баимзорасонии шартномаҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ анҷом медиҳад, пеш барад. Дар ин ҳолат, маҳалли фаъолияти чунин ғайрирезидент маҳалли фаъолияти ин шахси ваколатдор эътироф карда мешавад (дар ҳолатҳое, ки ин шахс маҳалли доимии фаъолият надошта бошад, чунин маҳалли фаъолияти ғайрирезидент маҳалли истиқомати доимии шахси ваколатдори ӯ ҳисоб карда мешавад).
5. Корхонаи фаръии шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, наметавонад муассисаи доимии корхонаи асосӣ-ғайрирезидент ҳисобида шавад.
6. Намояндагӣ ва (ё) филиали корхонаи хориҷии ба қайд гирифташуда муассисаи доимии ғайрирезидент ба ҳисоб меравад.
7. Фаъолияти шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти ҳамин модда ҳамчун муассисаи доимӣ аз санаи оғози чунин фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад.
8. Барои мақсадҳои татбиқи муқаррароти Кодекси мазкур санаи оғози фаъолияти шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои зерин дониста мешаванд:
1) санаи баимзорасонии ҳама гуна шартнома барои:
а) хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) ваколатдиҳӣ барои анҷом додани амалҳо аз номи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) хариди молҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода ё фурӯш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) хариди хизматрасониҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) санаи баимзорасонии шартномаи аввали меҳнатӣ бо мақсади амалӣ намудани фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) санаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани шахси воқеӣ- ғайрирезидент ҳамчун коргари кироя ё дар ҳама гуна шакли дигари ба кор қабул кардани резидент аз ҷониби шахси ҳуқуқии хориҷӣ барои иҷрои шартҳои шартнома, ки дар бандҳои 1) ва 2) ҳамин қисм нишон дода шудаанд.
9. Агар фаъолияти шахси ҳуқуқии хориҷӣ хусусияти сайёр дошта бошад (лоиҳаи сохтмони роҳ, ҷустуҷӯи канданиҳои фоиданок ва намудҳои дигари фаъолият), новобаста ба хусусияти он, тамоми лоиҳа ҳамчун муассисаи доимӣ баррасӣ карда мешавад.
10. Агар мутобиқи талаботи Кодекси мазкур маҳалли фаъолияти ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи доимии ғайрирезидент эътироф шавад, дар ин ҳолат ғайрирезидент то оғоз шудани чунин фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати андозсупоранда аз бақайдгирии давлатӣ гузашта, дар мақомоти андози маҳалли фаъолият ба қайд гирифта мешавад.
11. Фаъолияти ғайрирезидент мутобиқи муқаррароти ҳамин модда, сарфи назар аз он ки он дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудааст ё нашудааст, маънои таъсиси муассисаи доимиро дорад. Муассисаи доимии ғайрирезидент барои мақсадҳои андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахси ҳуқуқӣ эътироф мешавад ва андозҳоро бо тартиби муқарраргардидаи Кодекси мазкур ҳисоб ва ба буҷет пардохт менамояд, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Дар сурати дар мақомоти андоз ба қайд гирифта нашудани муассисаи доимӣ, андозҳо бо тартибе, ки барои ғайрирезидентҳо муайян шудааст, дар манбаи пардохт аз ҷониби агенти андоз нигоҳ дошта мешаванд.
12. Барои мақсадҳои андозбандӣ ҷиҳати муқаррар намудани мавҷудияти муассисаи доимии хориҷии резидент берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, муқаррароти қисмҳои 1-11 ҳамин модда татбиқ карда мешаванд, дар баробари ин, дар ин қисмҳо истинод ба ғайрирезидент маънои резидент ва истинод ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маънои давлати хориҷиро дорад.
Моддаи 18. Иҷораи молиявӣ (лизинг) ва ташкилоти лизингӣ
1. Ба шахси дигар додани молу мулки моддии истеҳлокшаванда дар асоси шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг), ки мутобиқи қонунгузории иҷораи молиявӣ (лизинг) ба муҳлати зиёда аз 12 моҳ ба имзо расонида шудааст, иҷораи молиявӣ мебошад, агар чунин фаъолият ба яке аз шартҳои зерин ҷавобгӯ бошад:
1) муҳлати шартномаи иҷораи молиявӣ аз муҳлати истифодабарии (истифодабарии муфиди) молу мулки ба иҷорагирифташуда 75 фоиз зиёдтар ва ё арзиши бақиявии иҷораи молиявӣ дар охири иҷораи молиявӣ аз 25 фоизи арзиши аслии он камтар мебошад;
2) баъд аз ба охир расидани муҳлати амали шартномаи иҷораи молиявӣ объекти иҷораи молиявӣ ба моликияти иҷорагир мегузарад;
3) баъд аз ба охир расидани муҳлати шартномаи иҷораи молиявӣ иҷорагир ҳуқуқ дорад молу мулки ба иҷора гирифташударо бо нархи муқарраркардаи шартҳои иҷораи молиявӣ харидорӣ намояд;
4) арзиши ҷории тахфифшудаи пардохти ҳадди ақал дар тамоми муҳлати иҷораи молиявӣ аз 90 фоизи арзиши бозории молу мулки мутобиқи иҷораи молиявӣ додашаванда зиёдтар мебошад;
5) молу мулки бо дархости иҷорагир ба иҷораи молиявӣ додашаванда баъди ба охир расидани муҳлати иҷора ба ғайр аз иҷорагир наметавонад аз тарафи шахси дигар истифода шавад.
2. Барои мақсадҳои Кодекси мазкур лизинг навъи махсуси иҷораи молиявӣ буда, дар он як тараф - иҷорадеҳ (лизингдиҳанда) бо дархости тарафи дигар - иҷорагир (лизинггиранда) аз шахси сеюм - фурӯшанда молу мулки ба иҷора (лизинг) гирифташавандаро ҳамчун моликият мехарад ва онро ба иҷорагир барои соҳибикунӣ ва истифода тибқи шартномае, ки ба талаботи муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда мутобиқ аст, бо музд медиҳад.
3. Барои мақсадҳои андоз аз даромад мутобиқи Кодекси мазкур иҷорагир (лизинггиранда), ки тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) молу мулкро барои соҳибӣ ва истифода намудан гирифтааст, харидори ин молу мулк мебошад. Барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда лизинги молиявӣ ҳамчун таҳвили даврӣ баррасӣ мешавад, ки дар он ҳар таҳвили даврӣ қисман таҳвили молҳо ва қисман пешниҳоди фоизи хизматрасонии молиявӣ мебошад.
4. Барои мақсадҳои ҳамин модда муҳлати иҷора муҳлати иловагиеро дар бар мегирад, ки иҷорагир ҳуқуқ дорад ба он иҷораро мутобиқи шартномаи иҷора аз нав оғоз намояд.
Моддаи 19. Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - лоиҳаҳое, ки дар асоси шартномаҳои қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузории (амалисозии) онҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва давлатҳои хориҷӣ (ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ), ташкилотҳои ватанӣ, хориҷӣ ва байналмилалии молиявии аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ба феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ воридгардида пешбинӣ гардидаанд. Ба феҳристи мазкур, инчунин, лоиҳаҳо оид ба сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ройгон дода мешаванд, ворид мегарданд. Тартиби пешбурди феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи андоз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи имтиёзҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур амалӣ карда мешаванд.
3. Шартномаҳои қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузории (амалисозии) лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки додани имтиёзҳои иловагии андозро пешбинӣ менамоянд, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Чунин шартномаҳо наметавонанд муқаррароти аз андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гиранд.
4. Дар ҳолати бад шудани шартҳои андозбандӣ барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то анҷом ёфтани чунин лоиҳаҳо нисбат ба онҳо шартҳои андозбандии дар лаҳзаи баимзорасонии шартномаҳои дахлдор амалкунанда истифода мешаванд.
Моддаи 20. Ҳуҷраи шахсии андозсупоранда
1. Ҳуҷраи шахсии андозсупоранда (минбаъд – ҳуҷраи шахсӣ) манбаи иттилоотие мебошад, ки дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешавад. Тартиби пешбурди он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.
2. Ҳуҷраи шахсии ҳар андозсупоранда пас аз ба қайд гирифтани андозсупоранда дар мақомоти андоз ташаккул дода мешавад.
3. Мубодилаи иттилоот байни мақомоти андоз ва андозсупоранда, аз ҷумла ғайрирезиденти бе ва ё бо таъсис додани шахси ҳуқуқӣ, инчунин, шахсони хориҷие, ки хизматрасонии фосилавиро анҷом медиҳанд, танҳо тавассути ҳуҷраи шахсии андозсупоранда амалӣ карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳои алоҳида, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд.
4. Дохилшавӣ ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда тавассути низоми ҳамгироии иттилоотии андоз аз тариқи имзои электронии рақамӣ амалӣ карда мешавад. Имзои электронии рақамӣ ба андозсупоранда дар асоси аризаи ӯ аз ҷониби воҳиди сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад.
5. Пас аз фаъолсозии ҳуҷраи шахсӣ ва то боздоштани фаъолияти он мақомоти андоз ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва иттилоотро танҳо тавассути ҳуҷраи шахсӣ ба андозсупоранда мефиристад. Бо ҳамин тартиб, андозсупоранда ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти андоз ирсол менамояд.
6. Агар ҳангоми аз ҷониби мақомоти андоз ба ҳуҷраи шахсӣ ирсол намудани ҳуҷҷати электронӣ маълумот оид ба боздоштани амали ҳуҷраи шахсии андозсупоранда ё қатъ гардидани истифодаи калиди имзои рақамии электронӣ дастрас гардад, ин ҳуҷҷат ба андозсупоранда дар шакли коғазӣ дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани маълумоти зикршуда фиристода мешавад.
7. Андозсупорандае, ки бе сабабҳои узрнок эъломияи андоз ё ҳуҷҷати дигарро дар шакли электронӣ тавассути ҳуҷраи шахсии андозсупоранда пешниҳод намекунад, барои коркарди хаттии он масъул мебошад.
Моддаи 21. Нархҳои бозорӣ
1. Барои мақсадҳои андозбандӣ ба сифати нархи мол (кор, хизматрасонӣ) нархи воқеие қабул карда мешавад, ки тарафҳои шартнома (бо ҳуҷҷатҳои аслӣ тасдиқшуда, аз ҷумла шартнома, расид, борхат) нишон додаанд, агар ҳамин модда тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад. Дар ҳолате, ки нархи нишондодашудаи мол (кор, хизматрасонӣ) аз нархи бозорӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 9 ҳамин модда фарқ кунад ва аз ҷониби андозсупоранда оид ба фарқи нархҳо асосҳои кофӣ пешниҳод нагардад, ҳангоми андозбандии чунин амалиётҳо нархҳои бозорӣ истифода бурда мешаванд.
2. Нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) нархе эътироф мешавад, ки дар асоси дархосту пешниҳод дар бозори моли (кори, хизматрасонии) шабеҳ (дар ҳолати мавҷуд набудани он – якхела) ва дар асоси шартномаҳои дар бозори дахлдор байни шахсони мутақобилан вобастанабуда баста шудаанд, ташаккул ёфтааст. Шартномаи миёни шахсони мутақобилан вобаста танҳо ба шарте ба инобат гирифта мешавад, ки агар вобастагии мутақобилаи онҳо ба натиҷаҳои чунин шартнома таъсир нарасонад.
3. Нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) дар асоси иттилоот дар бораи шартномаҳои дар бозори дахлдор дар лаҳзаи таҳвили ин мол (кор, хизматрасонӣ) басташуда, дар сурати мавҷуд набудани чунин ҳолат, нархи моли (кори, хизматрасонии) шабеҳ (якхела) дар рӯзи ба лаҳзаи фурӯш наздик, ки то ё пас аз лаҳзаи фурӯши чунин мол (кор, хизматрасонӣ) фаро расидааст, аз ҷумла иттилоот дар бораи нархҳои муайянкардаи нархгузорон, нархҳои собити (бақайдгирифташудаи) биржаҳои байналмилалӣ ва дигар биржаҳо муайян карда мешавад. Агар нархи бозорӣ бо истинод ба моли (кори, хизматрасонии) шабеҳ муайян карда шавад, нарх бо назардошти фарқияти байни моли (кори ё хизматрасонии) шабеҳ ва моли (кори ва хизматрасонии) воқеӣ тасҳеҳ карда мешавад.
4. Ҳангоми фурӯши мол (кор, хизматрасонӣ), ки нархҳои (тарифҳои) онҳо аз ҷониби давлат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд, барои мақсадҳои андозбандӣ нархҳои (тарифҳои) зикршуда истифода мешаванд.
5. Бозори мол (кор, хизматрасонӣ) доираи муомилоти чунин мол (кор, хизматрасонӣ) эътироф мешавад, ки барои фурӯшанда (харидор) дар ҳудуди наздиктарини фурӯши (хариди) мол (кор, хизматрасонии) ба фурӯшанда (харидор) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он вобаста ба имкониятҳои фурӯшанда (харидор) муайян карда мешавад.
6. Дар сурати мавҷуд набудани шартномаҳо аз рӯи моли (кори, хизматрасонии) шабеҳ (якхела) дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ) ё таҳвил нагардидани чунин мол (кор, хизматрасонӣ) ба бозори мол, нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) бо нархҳое, ки дар асоси бастани аҳдҳо нисбат ба моли (кори, хизматрасонии) шабеҳ (якхела) дар санаи ба лаҳзаи таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) наздиктарин ё пас аз он ташаккул ёфтаанд ва ё бо нархҳои шартномаи охирин, вале на зиёда аз 30 рӯзи тақвимӣ то ё пас аз лаҳзаи таҳвили чунин мол (кор, хизматрасонӣ) муайян карда мешавад.
7. Дар сурати ғайриимкон будани татбиқи муқаррароти қисмҳои 2-6 ҳамин модда нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) бо усули нархи фурӯши минбаъда ва усули «болонархӣ ба хароҷот» муайян карда мешавад.
8. Ҳангоми муайян намудани нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) манбаъҳои расмии иттилоот оид ба нархҳои бозории мол (кор, хизматрасонӣ), аз ҷумла махзани иттилоотии оморӣ, бонкӣ, биржавӣ, иттилооте, ки бо дархости мақомоти андоз аз ҷониби андозсупорандагон, нархгузорон, коршиносон пешниҳод карда мешаванд, истифода бурда мешавад.
9. Мақомоти андоз нархҳои бозориро дар ҳолатҳои зерин татбиқ менамоянд, агар:
1) шартнома байни шахсони мутақобилан вобаста ба имзо расонда шуда бошад ва вобастагии мутақобилаи онҳо ба натиҷаҳои чунин шартнома таъсир расонида бошад;
2) уҳдадориҳои тарафҳо тавассути мубодилаи мол (кор, хизматрасонӣ) иҷро гардида бошанд;
3) яке аз тарафҳои шартномаи савдои хориҷӣ мутобиқи моддаи 223 Кодекси мазкур резиденти кишвари дорои андозбандии имтиёзнок бошад;
4) яке аз тарафҳои шартнома аз имтиёзҳои андозӣ истифода намояд;
5) нархи истифодакардаи тарафҳои шартнома аз нархи расмии оморӣ, ки дар санаи наздиктарини таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) ё баъд аз он ташаккул ёфтааст, вале на зиёда аз 30 рӯзи тақвимӣ то ё баъд аз лаҳзаи таҳвили чунин мол (кор, хизматрасонӣ) зиёда аз 30 фоиз фарқ кунад. Муқаррароти мазкур ҳангоми муқоисаи нархҳои яклухт бо яклухт ва чакана бо чакана татбиқ карда мешаванд.
10. Барои мақсадҳои ҳамин модда мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
1) молҳои шабеҳ – молҳои гуногуне, ки хусусиятҳо, аз ҷумла хусусиятҳои ҷисмонӣ, сифат, ҳайсият дар бозор, кишвари баромад ва истеҳсолкунандаи якхела доранд;
2) молҳои якхела – молҳои мухталифе, ки шабеҳ набуда, хусусиятҳои ба ҳам монанд доранд ва аз унсурҳои монанд иборат мебошанд, ки ба онҳо имконият медиҳанд вазифаи якхеларо иҷро кунанд ва дар тиҷорат якдигарро ивазкунанда бошанд;
3) савдогарони касбӣ – савдогарон, тоҷирони биржаҳо;
4) давраи муайян кардани нарх – даврае, ки дар давоми он нархи миёнаи (баланд ва пасти) таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), ки барои муайян намудани нархи бозорӣ зарур аст, муқаррар карда мешавад;
5) санаи ба харидор гузаштани ҳуқуқи моликият – санаи анҷом ёфтани таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) мутобиқи шартҳои шартнома, дар шартномаҳои байналмилалӣ дар доираи шартномаҳои дарозмуҳлат аз лаҳзаи расонидани мол (кор, хизматрасонӣ) ба харидор, санаи ба имзо расонидани шартнома оид ба молҳои дар асоси шартномаҳои дарозмуҳлат фурӯхташуда, санаи ба имзо расонидани шартномаи қарзӣ барои хизматрасонӣ оид ба пешниҳоди қарзҳо, санаи ба имзо расонидани шартнома оид ба иҷрои дигар кор ва хизматрасонӣ;
6) мубодилаи мол – лаҳзаи таҳвил ё ивазкунии мол (кор, хизматрасонӣ), ки мутобиқи шартнома ба танзим дароварда шуда, дар шакли ҳуҷҷати муайян тасдиқ карда шудааст;
7) сарчашмаҳои иттилоот – сарчашмаҳои расман эътирофшудаи иттилоот, маълумоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатҳо ва ташкилотҳои дигар, маълумоте, ки аз ҷониби иштирокчиёни шартнома пешниҳод гаштааст, инчунин, сарчашмаҳои дигари иттилоот;
8) истеъмолкунандаи ниҳоӣ – тарафи мустақил ё тарафе, ки бо тарафҳои шартнома дар муносибатҳои махсус қарор надорад ва ба натиҷаҳои иқтисодии шартнома таъсир расонида наметавонад ва моли (кор ва хизматрасонии) харидоринамудаашро ба субъекти дигар таҳвил наменамояд;
9) усулии муайянсозии нархҳои фурӯши минбаъда (бозфурӯшӣ) – маънои усули муайян кардани нархи бозориро дорад, ки дар он маржаи (фоидаи) ҳангоми бозфурӯшӣ байни шахсони алоқаманд ба даст овардашуда (муомилоти назоратшаванда) бо болонархӣ, ки ҳангоми фурӯш дар натиҷаи муомилоти назоратнашаванда ба даст оварда шудааст, муқоиса карда мешавад;
10) усули «болонархӣ ба хароҷот» – усули муайян кардани нархи бозорӣ, ки дар он нархи иловагӣ ба хароҷоти мустақим ё ғайримустақим ҳангоми таҳвили мол ё хизматрасонӣ дар доираи амалиёти назоратшаванда бо нархи иловагӣ ба хароҷоти мустақим ё ғайримустақим ҳангоми таҳвили мол ё хизматрасонӣ дар доираи амалиёти назоратнашаванда муқоиса карда мешавад;
11) нархи яклухт – нархи молест, ки фурӯшанда ба харидор барои молҳои ба миқдори зиёд (яклухт) бо мақсади бозфурӯшӣ ё истифодаи касбии минбаъдаи онҳо муқаррар кардааст;
12) нархи чакана – нархе, ки дар он молҳо тавассути шабакаи чакана ба истеъмолкунандагони ниҳоӣ донабайъ ё бо миқдори хурд фурӯхта мешаванд.
11. Муқаррароти ҳамин модда ва боби 33 Кодекси мазкур барои фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла нисбат ба қарзҳои ҷалбнамудаи онҳо, татбиқ намегардад.
12. Андозбандии иҷорапулии молу мулк, ба истиснои молу мулки давлатӣ, аз рӯи арзиши воқеии иҷорапулӣ, вале на камтар аз андозаи ҳадди ақалли мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ, вобаста ба маҳалли ҷойгиршавӣ ва хусусиятҳои дигари он, муқаррар карда мешавад.
13. Моддаи мазкур дар ҳолати амалӣ гардидани муқаррароти боби 33 Кодекси мазкур татбиқ намегардад.
14. Тартиби истифодаи усулҳои дар моддаи мазкур зикргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 22. Тарафҳои ба ҳам алоқаманд
1. Барои мақсадҳои Кодекси мазкур ду тараф алоқаманд дониста мешаванд, агар яке аз шартҳои зерин иҷро карда шавад:
1) дар муносибатҳои байни ду тараф яке аз тарафҳо мутобиқи супориш, дархост ва пешниҳоди тарафи дигар амал намояд;
2) ҳар ду тараф тибқи супориш, дархост ва пешниҳоди шахси сеюм амал намоянд, агар чунин ҳолат бо ҳуҷҷатҳои асоснок исбот карда шавад.
2. Ду тараф ба ҳам алоқаманд намебошанд, бо сабаби он ки як тараф корманд ё муштарии тарафи дигар ё ин ки ҳар ду тараф кормандон ё муштариёни тарафи сеюм мебошанд, новобаста ба он, ки муносибатҳои онҳо ба муқаррароти қисмҳои 3 ё 5 ҳамин модда мутобиқ мебошанд.
3. Илова ба муқаррароти қисми 1 ҳамин модда тарафҳо ба ҳам алоқаманд дониста мешаванд, агар:
1) тарафҳои бевосита дар сатҳи роҳбарикунанда қарордошта ва бо ҳамдигар муносибатҳои хешовандӣ дошта ҳуқуқи қабули яктарафаи қарорро доранд;
2) шахсон муассисони (иштирокчиёни) ҳамон як корхонае бошанд, агар ҳиссаи ҳар яки онҳо на камтар аз 25 фоизро ташкил намояд;
3) як шахс мустақиман ва (ё) ғайримустақиман дар шахси дигар иштирок намояд ва ҳиссаи умумии чунин иштирок зиёда аз 25 фоизро ташкил диҳад;
4) шахсон мустақиман ё ғайримустақиман шахси сеюмро назорат намоянд, агар ҳуқуқи овози ҳар кадоми онҳо на камтар аз 25 фоизро ташкил диҳад;
5) зиёда аз нисфи шурои директорон ё якчанд аъзои шурои директорон ва ё якчанд директори иҷроия ё аъзои иҷроияи шурои директорони як тараф аз ҷониби тарафи дигар таъин карда шаванд;
6) зиёда аз нисфи шурои директорон ё аъзои шурои директорон ва ё якчанд директори иҷроия ё аъзои иҷроияи шурои директорони ҳар ду тараф аз ҷониби шахси сеюм таъин карда шаванд;
7) яке аз тарафҳо муассисаи доимии тарафи дигар бошад.
4. Барои мақсадҳои бандҳои 2) - 4) қисми 3 ҳамин модда тараф ҳамчун соҳиби ҳисса (саҳм) дар сармояи танзимшавандаи оинномавӣ ё ҳуқуқи овоздиҳӣ дар тарафи дигаре, ки ба тарафи якум тибқи муқаррароти ҳамин модда алоқаманд мебошад, дониста мешавад.
5. Барои мақсадҳои Кодекси мазкур тамоми амалиётҳои тиҷоратӣ ва молиявӣ, ки бо резиденти кишвари дорои андозбандии меъёри пасти дар моддаи 223 Кодекси мазкур муайянгардида анҷом дода мешаванд, ҳамчун амалиёт бо шахсони алоқаманд дониста мешаванд. Дар баробари ин муқаррароти ҳамин қисм нисбат ба андозсупорандагоне, ки ба мақомоти андоз дар бораи шахсияти саҳомони тарафи дигар маълумот медиҳанд ва исбот менамоянд, ки бо ҳам алоқамандӣ надоранд, амалӣ карда намешавад.
6. Барои мақсадҳои моддаи мазкур хешовандони шахси воқеӣ шахсони зерин дониста мешаванд:
1) ҳамсари шахси воқеӣ;
2) падару модар, фарзандон, бародар, хоҳар, амак (тағо), хола (амма), бародарзода, хоҳарзода, падарандар, модарандар, фарзандхондшудаи ҳамсарон;
3) ҳамсари хешованди шахси воқеии дар банди 2) ҳамин қисм зикргардида;
4) васии шахси воқеӣ.
БОБИ 4. НИЗОМИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 23. Андозҳо
Андоз пардохти ҳатмии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба буҷет мебошад, ки ба андозаи муайян амалӣ гардида, хусусияти ҳатмии бебозгашт ва беподош дорад (ба истиснои андози иҷтимоӣ). Андозҳо бо воҳиди пулӣ ҳисоб ва бо пули миллӣ пардохт карда мешаванд, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Моддаи 24. Намудҳои андоз
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳои умумидавлатӣ ва андози маҳаллӣ муқаррар карда мешаванд. Дар ҳолатҳои дахлдор бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур андозсупорандагон низоми андозбандии махсусро истифода мебаранд.
2. Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо дохил мешаванд:
1) андоз аз даромад;
2) андоз аз арзиши иловашуда;
3) андози аксиз;
4) андозҳо барои захираҳои табиӣ;
5) андози иҷтимоӣ;
6) андоз аз фурӯш (алюминийи аввалия).
3. Ба андози маҳаллие, ки бо Кодекси мазкур муқаррар шуда, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди амал қарор дода мешавад, андоз аз молу мулк дохил мешавад.
Моддаи 25. Низоми махсуси андозбандӣ
1. Низоми махсуси андозбандӣ низомҳои махсус ва содакардашударо дар бар мегиранд.
2. Ба низоми махсуси андозбандӣ инҳо дохил мешаванд:
- низоми андозбандии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
- низоми андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок;
- низоми андозбандии шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси патент ё шаҳодатнома амалӣ менамоянд.
3. Ба низоми содакардашудаи андозбандӣ инҳо дохил мешаванд:
- низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд;
- низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягонаи кишоварзӣ);
- низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ;
- низоми содакардашудаи андозбандии фаъолияти парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки паранда ва чорво;
- низоми содакардашудаи андозбандии фаъолияти инноватсионию технологӣ.
Моддаи 26. Унсурҳои андоз
1. Андоз танҳо дар он сурат муқарраршуда ҳисобида мешавад, агар андозсупоранда, имтиёзҳои андозӣ ва ҳамаи унсурҳои андозро Кодекси мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии дар заминаи он қабулгардида муайян карда бошанд.
2. Ба унсурҳои андоз мансубанд:
- объекти андозбандӣ;
- манбаи андоз;
- меъёри андоз;
- давраи андоз;
- тартиби ҳисоб кардани андоз;
- тартиби пешниҳод кардани ҳисоботи андоз;
- тартиби пардохти андоз.
3. Ҳангоми муқаррар намудани андоз, инчунин, метавонанд имтиёзҳои андоз ва асосҳои истифодаи онҳо пешбинӣ карда шаванд.
Моддаи 27. Объекти андозбандӣ
1. Объекти андозбандӣ молу мулк, амал, натиҷаи амал ё ҳолати дигаре мебошад, ки дорои хусусияти арзишӣ, миқдорӣ ё ҷисмонӣ буда, бо мавҷудияти он тибқи қонунгузории андоз уҳдадории андозии андозсупоранда ба вуҷуд меояд.
2. Ҳар андоз объекти мустақили андозбандӣ дорад, ки мутобиқи қисми махсуси Кодекси мазкур муайян карда мешавад.
Моддаи 28. Манбаи андоз
Манбаи андоз баҳои арзишӣ, ҷисмонӣ ё хусусияти дигари объекти андозбандӣ мебошад. Барои ҳар андоз дар Кодекси мазкур манбаи андоз ва тартиби муайянкунии он муқаррар карда мешавад.
Моддаи 29. Меъёри андоз
1. Меъёри андоз бузургии бо фоиз ё маблағи мутлақ ифодашавандаи ҳисобкунии андоз аз рӯи воҳиди ченкунии манбаи андоз мебошад.
2. Меъёрҳои андоз бо Кодекси мазкур муқаррар карда мешаванд, агар дар қисми 3 моддаи мазкур тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
3. Меъёрҳои андози аксизӣ, андоз барои захираҳои табиӣ, андози замин, андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, маблағи собит барои соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда ва арзиши патент барои соҳибкорони инфиродӣ аз рӯи намудҳои алоҳидаи фаъолият бо назардошти хусусияти минтақавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 30. Давраи андоз
1. Давраи андоз соли тақвимӣ ё дигар давраи вақт дониста мешавад, ки бо анҷом ёфтани он манбаи андоз муайян ва маблағи андоз, ки бояд пардохт карда шавад, ҳисоб карда мешавад.
2. Давраи андоз метавонад аз якчанд давраҳои ҳисоботӣ иборат бошад.
3. Нисбат ба андозҳое, ки барои онҳо давраи андоз соли тақвимӣ муқаррар шудааст, талаботи моддаи мазкур бо назардошти хусусиятҳое татбиқ карда мешаванд, ки дар қисмҳои 4-7 моддаи мазкур пешбинӣ карда шудаанд.
4. Агар шахси ҳуқуқӣ то охири соли тақвимӣ барҳам дода (аз нав ташкил) шуда бошад, давраи ниҳоии андозбандӣ барои он аз оғози ҳамин соли тақвимӣ то санаи анҷомёбии расмиёти барҳамдиҳӣ (азнавташкилдиҳӣ) ҳисоб карда мешавад.
5. Агар шахси ҳуқуқӣ дар давоми соли тақвимӣ таъсис ва барҳам дода шавад (аз нав ташкил дода шавад), давраи андозбандӣ барои он аз санаи таъсисдиҳӣ то санаи анҷомёбии расмиёти барҳамдиҳӣ (азнавташкилдиҳӣ) ҳисоб карда мешавад.
6. Агар шахси ҳуқуқии хориҷие, ки фаъолияти он боиси таъсиси муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нагардидааст, барои бақайдгирӣ ҳамчун резиденти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод намояд, давраи аввали андозбандии андоз аз даромад барои он бо тартиби зерин муайян карда мешавад:
- агар шахси ҳуқуқии хориҷӣ аз 1-уми январи соли тақвимӣ аризаи бақайдгириро ҳамчун резиденти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд, давраи аввали андозбандӣ барои он соли тақвимие мебошад, ки дар он аризаи зикршуда пешниҳод карда шудааст;
- агар шахси ҳуқуқии хориҷӣ аризаи бақайдгириро ҳамчун резиденти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд, пас давраи аввали андозбандӣ барои он аз санаи пешниҳод кардани аризаи зикршуда ба мақомоти андоз то охири соли тақвимие мебошад, ки дар он ариза пешниҳод карда шудааст. Агар аризаи шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар бораи бақайдгирӣ ҳамчун резиденти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз 1-уми декабр то 31-уми декабр пешниҳод шуда бошад, давраи аввали андозбандӣ барои он давраи вақт аз санаи ба мақомоти андоз пешниҳод кардани аризаи мазкур то охири соли тақвимие мебошад, ки баъд аз соли ба мақомоти андоз пешниҳод шудани ариза фаро мерасад.
7. Муқаррароти дар қисми 6 моддаи мазкур пешбинишуда нисбат ба шахсони ҳуқуқие, ки аз сохтори онҳо як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ ҷудо ё ба он ҳамроҳ карда шудаанд, татбиқ карда намешаванд.
Моддаи 31. Тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо
1. Тартиби ҳисобкунии андоз қоидаҳои ҳисобкунии маблағи андозро барои давраи андоз дар асоси манбаи андоз, меъёри андоз ва имтиёзҳои андозӣ, дар сурати мавҷуд будани онҳо, муайян мекунад.
2. Андозсупоранда ва агенти андоз андозро мустақилона ҳисоб ва пардохт мекунанд, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
3. Дар ҳолатҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда уҳдадории ҳисобкунии андоз метавонад ба мақомоти андоз ё агенти андоз вогузор карда шавад.
4. Андоз дар ҳаҷми пурра пардохт карда мешавад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
5. Агар давраи андоз аз якчанд давраи ҳисоботӣ иборат бошад, пардохтҳои ҷорӣ аз рӯи натиҷаҳои ҳар як давра анҷом дода мешаванд. Аз рӯи намудҳои алоҳидаи андоз, инчунин, метавонанд пардохтҳои ҷории муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешбинӣ карда шаванд. Уҳдадорӣ оид ба пардохтҳои ҷорӣ ба уҳдадорӣ оид ба пардохти андоз баробар карда мешавад.
6. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои ҳисобшударо ба таври ғайринақдӣ пардохт менамоянд.
Эзоҳ: Тартиби ҳисобкунӣ ва муҳлатҳои пардохти андозҳо дар қисми махсуси Кодекси мазкур муайян карда мешаванд.
Моддаи 32. Имтиёзҳои андозӣ
1. Имтиёзҳои андозӣ бартарияти пешбининамудаи қонунгузории андоз эътироф карда мешаванд, ки ба гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон дар муқоиса бо андозсупорандагони дигар, аз ҷумла вобаста ба пардохт накардани андоз ё пардохт кардани онҳо, бо андозаи камтар пешниҳод карда мешаванд.
2. Ба таъхир гузоштани (ба муҳлатҳо тақсим кардани) пардохти андоз имтиёзи андозӣ намебошад.
3. Имтиёзҳои андозӣ бо Кодекси мазкур пешниҳод карда мешаванд, агар дар қисми 5 моддаи мазкур муқаррароти дигар пешбинӣ нашуда бошад.
4. Имтиёзҳои андозӣ хусусияти инфиродӣ дошта наметавонанд.
5. Имтиёзҳои иловагии андозӣ дар соҳаҳои афзалиятнок мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар бандҳои 7) ва 8) қисми 10 моддаи 1 Кодекси мазкур номбаршуда дар шакли ба андозаи то 50 фоиз коҳиш додани меъёри андози дар Кодекси мазкур муқарраршуда ва ба муҳлати на бештар аз 5 сол дода мешаванд.
6. Номгӯи соҳаҳои афзалиятноке, ки ба онҳо имтиёзҳои андозӣ мутобиқи Кодекси мазкур ва имтиёзҳои иловагӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дода мешаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Ба истиснои соҳаҳои афзалиятноки нав муайяншуда, хориҷкунӣ ва ё азнавтасдиқкунии номгӯи соҳаҳои афзалиятноки дорои имтиёз дар асоси таҳлили самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшаванда барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва минтақавӣ сурат мегирад.
7. Агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, андозсупорандагон ҳуқуқ доранд имтиёзҳои андозиро аз лаҳзаи пайдошавии асосҳои ҳуқуқии дахлдор дар давоми тамоми давраи амали онҳо истифода намоянд ё аз истифодаи имтиёзҳои андозӣ даст кашанд, ба истиснои фурӯши (содироти) моле (кор ва хизматрасоние), ки аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. Агар андозсупоранда аз истифодаи имтиёзи андозӣ даст кашад, уҳдадор мебошад дар ин бора ба мақомоти андоз дар аввали сол (то 20 январ) дар шакли хаттӣ хабар расонад ва онро то анҷоми сол риоя намояд.
8. Имтиёзҳои андозӣ метавонанд бо шарти равона кардани маблағҳои аз андозбандӣ озодшуда барои мақсадҳои муайян пешниҳод карда шаванд. Дар ҳолати ғайримақсаднок истифода кардани чунин маблағҳо, онҳо бо ҳисобу зам кардани фоиз (пеня) ба фоидаи буҷет бо тартиби муқарраршуда ситонида мешаванд. Ҳаҷми маблағҳоеро, ки дар натиҷаи пешниҳод кардани имтиёзҳои андозӣ озод шудаанду дар давоми муҳлати амали ин имтиёзҳо истифода нашудаанд, дар давоми соли баъд аз анҷомёбии муҳлати амали имтиёзҳои пешниҳодшуда ба мақсадҳое равона кардан мумкин аст, ки ҳангоми пешниҳодкунии имтиёзҳо муайян шуда буданд. Дар баробари ин маблағҳои дар муҳлати зикршуда истифоданашуда бояд ба буҷет гузаронида шаванд.
9. Имтиёзҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда, аз ҷумла ҳангоми воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо шарти он ки маблағҳои аз андозбандӣ озодшуда барои мақсадҳои мушаххас ҷудо карда мешаванд, наметавонанд пешниҳод карда шаванд.
10. Дар ҳолати офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ) ва ҳолатҳои фавқулода (эпидемия ва пандемия) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба ҳамаи андозсупорандагон ё гурӯҳи андозсупорандагон таътили андозӣ пешниҳод намояд.
11. Тартиби пешниҳод ва арзёбии самаранокию мақсаднокии имтиёзҳои андозӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти давлатии дахлдори дигар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
БОБИ 5. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ АНДОЗСУПОРАНДА.
АНДОЗСУПОРАНДАИ БЕМАСЪУЛИЯТ
Моддаи 33. Ҳуқуқҳои андозсупоранда
1. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад:
1) аз мақомоти андоз ва мақомоти давлатии дигар, ки дар муносибатҳои ҳуқуқии андоз иштирок менамоянд, вобаста ба истифодаи қонунгузории андоз, аз ҷумла оид ба қоидаҳо, тартиб, муқаррарот ва дастурамалҳои дигаре, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия мешаванд, ба тариқи ройгон машварат ва маълумот гирад;
2) манфиатҳои худро оид ба масъалаҳои муносибатҳои андозӣ шахсан ё тавассути намояндаи ваколатдори худ намояндагӣ ва ҳифз намояд;
3) барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ нисбат ба амал ё беамалии корманди мақомоти андоз ба мақомоти андоз, мақомоти соҳавии дастгирии соҳибкорӣ ва Шурои ҳалли пешазсудии баҳсҳо муроҷиат намояд;
4) дар муҳлатҳои дар Кодекси мазкур муқарраргардида аз мақомоти андоз натиҷаҳои назорат ва санҷиши андозии анҷомдодашударо гирад;
5) дар сурати дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод нагардидани огоҳинома гузаронидани санҷиши андозро рад намояд;
6) дар раванди назорат ва санҷиши андоз иштирок намояд;
7) бланкҳои аризаҳои андоз ва шаклҳои ҳисоботро аз мақомоти андоз дар шакли электронӣ гирифта бо тартиби муқарраргардида ҳисоботи андозиро пешниҳод намояд;
8) аз рӯи натиҷаҳои назорат ва санҷиши андоз ба мақомоти андоз тавзеҳот пешниҳод намояд;
9) аз мақомоти андоз санади муқоисавии тасдиқшударо оид ба ҳисоб ва пардохти андозҳо дар шакли электронӣ гирад;
10) аз мақомоти андоз маълумотномаро дар бораи мавҷуд будан ё набудани қарзи андоз, дар бораи маблағҳои даромади аз ҷониби ғайрирезидент аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда ва дар бораи андозҳои нигоҳдошташуда (пардохтшуда) дар шакли электронӣ гирад;
11) бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз мақомоти андоз маълумоти дахлдор оид ба мушаххасоти пардохти андоз (суратҳисоб, таъиноти пардохт, намуди андоз, ҳиссаҷудокунӣ ба буҷетҳои дахлдор ва ғайра), ки барои пур кардани ҳуҷҷати дахлдор зарур аст, инчунин, иттилоотро оид ба усули пардохт гирад;
12) аз корманди мақомоти андоз риояи қатъии қонунгузории андозро дар муносибатҳои андозӣ талаб намояд;
13) тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои назорати андоз, қарорҳо, огоҳиномаҳо, амрҳо, дастурҳо, фармоишҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, амал ва беамалии шахси мансабдори мақомоти андоз шикоят намояд;
14) аз ҷониби мақомоти андоз риоя гардидани ҳифзи сирри амалиётҳои тиҷоратии худро талаб намояд;
15) тамдиди (ба таъхир гузоштан ё ба муҳлатҳо тақсим кардани) пардохти андозҳоро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дархост намояд;
16) баҳисобгирӣ ё баргардонидани саривақтии маблағҳои андозҳои барзиёд супоридашуда ё барзиёд ситонидашударо талаб намояд;
17) бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти андоз ҷуброни зарареро, ки дар натиҷаи қабули қарори ғайриқонунӣ, амал ва ё беамалии шахси мансабдори он расонида шудааст, талаб намояд;
18) талаби шахсони масъули мақомоти ваколатдори муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ, ки дар Кодекси мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ нашудааст, иҷро накунад;
19) хатоҳоеро, ки ҳангоми ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо роҳ додааст, мустақилона ислоҳ намояд;
20) оид ба натиҷаи санҷиши андоз, назорати андоз, амал ва беамалии шахси мансабдори мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва риояи тартиби ҳалли пешазсудии баҳсҳо ба суд шикоят намояд;
21) андозсупоранда, инчунин, дорои дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.
2. Ба андозсупорандагон ҳифзи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон кафолат дода мешавад.
3. Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои андозсупоранда боиси ҷавобгарии шахсони мансабдори мақомоти давлатии дар муносибатҳои ҳуқуқии андоз иштироккунанда мегардад.
Моддаи 34. Уҳдадориҳои андозсупоранда
1. Андозсупоранда уҳдадор аст:
1) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти андоз ба сифати андозсупоранда аз қайд гузарад;
2) бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андоз ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шавад;
3) баҳисобгирии даромаду хароҷот ва объектҳои андозбандиро мутобиқи қонунгузории андоз ба роҳ монад;
4) уҳдадориҳои андозии худро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур иҷро намояд;
5) қонунвайронкунии ошкоршудаи андозиро бартараф намояд ва барои фаъолияти қонунии кормандони мақомоти андоз монеъ нашавад;
6) дар асоси фармоиш ба шахсони мансабдори мақомоти андоз барои азназаргузаронии молу мулке, ки объекти андозбандӣ мебошанд, иҷозат диҳад;
7) ҳисоботи андозӣ ва ҳуҷҷатҳои дар Кодекси мазкур муқарраршударо ба мақомоти андози дахлдор пешниҳод намояд;
8) истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ ва таҷҳизоти дигари нуқтаҳои савдоро таъмин намояд;
9) ҳуҷҷатҳои (маълумоти) баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозро дар давоми муҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дар шакли электронӣ ва ё коғазӣ нигоҳ дорад;
10) то муҳлати дар огоҳинома оид ба таъин намудани санҷиши андоз пешбинишуда ҳуҷҷатҳои дахлдорро барои санҷиш омода намояд;
11) барӯйхатгирии (инвентаризатсияи) молу мулк ва уҳдадориҳои худро мутобиқи қонунгузорӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ гузаронад;
12) дар давоми 5 рӯзи корӣ ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ иттилооти зеринро пешниҳод намояд:
а) дар бораи таъсис додан ё қатъ намудани фаъолияти воҳидҳои алоҳидаи худ;
б) дар бораи қабули қарор оид ба азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ (қатъи фаъолият) ё муфлисшавӣ;
в) дар бораи тағйир ёфтани низоми истифодашавандаи андозбандӣ, тартиби баҳисобгирӣ, маҳалли фаъолият (ҷойи истиқомат), иттилоот барои тамос;
13) ҳангоми анҷом додани ҳар амале, ки уҳдадориҳои андозиро ба миён меорад, аз контрагент ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қайди давлатиро дар мақомоти андоз ба сифати андозсупоранда талаб намояд;
14) андозсупоранда уҳдадориҳои дигари муқаррарнамудаи Кодекси мазкурро иҷро менамояд.
2. Андозсупоранда уҳдадор аст бо мақомоти андоз дар муҳлатҳои зерин санади муқоисавиро дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ тартиб диҳад:
1) хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ – як маротиба аз натиҷаҳои соли ҳисоботӣ;
2) андозсупорандае, ки дар низоми содакардашудаи андозбандӣ фаъолият мекунад, ба истиснои андосупорандагони дар асоси патент фаъолияткунанда – як маротиба ҳар нимсолаи ҳисоботӣ;
3) андозсупорандаи дар асоси патент фаъолияткунанда - як маротиба аз рӯи натиҷаҳои соли ҳисоботӣ;
4) андозсупорандагоне, ки дар низоми умумии андозбандӣ фаъолият мекунанд – як маротиба ҳар семоҳаи ҳисоботӣ.
3. Масъулият барои напардохтан ё пардохти нопурраи маблағҳои андоз дар натиҷаи дохил накардани даромади андозбандишаванда аз амалиёт ба манбаи андоз ба зиммаи андозсупоранда вогузор карда мешавад.
4. Рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси қарори расмӣ тартиб дода шуда, дар сомонаи электронии он ҷойгир карда мешавад. Номи андозсупорандаи бемасъулият пас аз ислоҳи қонунвайронкунӣ ва (ё) пешниҳод шудани далелҳои асоснок аз ин рӯйхат хориҷ карда мешавад.
5. Андозсупоранда дар ҳолатҳои зерин бемасъулият эътироф карда мешавад, агар:
а) дар давоми зиёда аз 3 моҳи пайдарпай пешниҳоди ҳисоботи андоз ва (ё) пардохти маблағи андоз ва (ё) қарзи эътирофшудаи андозиро таъмин нанамояд;
б) бе амалан анҷом додани амалиёт ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашударо пешниҳод намояд;
в) амалҳои (беамалии) дигарро анҷом дода бошад, ки номгӯи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар соҳаи дастгирии соҳибкорӣ муқаррар карда мешавад.
БОБИ 6. ТАНЗИМИ КАНОРАГИРӢ АЗ АНДОЗБАНДӢ
ВА ПЕШГИРИИ САРКАШӢ АЗ ПАРДОХТИ АНДОЗ
Моддаи 35. Комиссия оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ
1. Комиссия оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таъсис дода мешавад. Комиссия мақоми машваратӣ ва мустақил буда, қарор қабул намекунад ва вазифаи он мутобиқи талаботи моддаи 36 Кодекси мазкур ба мақомоти андоз пешниҳод намудани хулосаҳои машваратӣ оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ мебошад.
2. Комиссия дар ҳайати на камтар аз панҷ аъзо таъсис дода мешавад. Ҳар узви комиссия бояд дар масъалаҳои андоз ё тиҷорат (бизнес) таҷрибаи кофӣ дошта бошанд. Хизматчиёни давлатӣ ва шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудаанд, аъзои комиссия буда наметавонанд. Аъзои комиссия ба муҳлати як сол таъин карда мешаванд ва метавонанд такроран таъин карда шаванд. Раиси комиссия аз ҳисоби аъзои комиссия интихоб карда мешавад. Раиси комиссия тартиби кори комиссияро муайян мекунад.
3. Мақомоти андоз мутобиқи қисми 2 моддаи 36 Кодекси мазкур маводро барои гирифтани хулосаи машваратӣ бо тартиби муқарраршуда ба Комиссия пешниҳод менамояд. Комиссия бо аксарияти овозҳо хулосаи машваратиро қабул менамояд ва дар ҳолати мавҷуд будани ақидаи махсуси яке аз аъзои комиссия, он дар хулоса ҳамчун ақидаи махсус дарҷ карда мешавад. Хулосаи машваратии комиссия бояд дар давоми 28 рӯзи тақвимӣ ба мақомоти андоз пешниҳод карда шавад.
4. Мақомоти андоз тибқи қисми 4 моддаи 36 Кодекси мазкур қарори ниҳоии худро аз рӯи хулосаи комиссия оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ қабул менамояд.
5. Низомномаи комиссия оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муайян мекунад.
Моддаи 36. Муқовимат ба амалҳои канорагирӣ аз андозбандӣ
1. Канорагирӣ аз андозбандӣ – амалҳое мебошанд, ки саркашӣ аз пардохти андоз дониста намешаванд, вале ба андозсупоранда имконият медиҳад, ки дар доираи қонунгузории андоз ҳаҷми уҳдадории андозии худро кам намояд.
2. Муқаррароти моддаи мазкур муқовимат ба амалҳои канорагирӣ аз андозбандӣ ҳисобида мешаванд, агар:
- андозсупоранда дар натиҷаи анҷом додани амалҳои канорагирӣ аз андозбандӣ манфиати андозӣ гирифта бошад;
- моҳияти татбиқи тадбири канорагирӣ аз андозбандӣ ё қисми онро ба инобат гирифта, ба таври асоснок хулоса баровардан мумкин бошад, ки андозсупоранда ё яке аз андозсупорандагоне, ки чунин тадбирро асосан бо мақсади ба даст овардани манфиати андозӣ анҷом додааст.
3. Агар мақомоти андоз тадбири анҷомдодаи андозсупорандаро ҳамчун амали канорагирӣ аз андозбандӣ ҳисобад, уҳдадор аст маводро барои гирифтани хулосаи машваратӣ ба Комиссия оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ пешниҳод намояд. Комиссия дар муҳлати дар қисми 3 моддаи 35 Кодекси мазкур муқарраршуда ба мақомоти андоз хулосаи машваратӣ пешниҳод менамояд. Мақомоти андоз уҳдадор аст, ки дар давоми 3 рӯзи корӣ ба андозсупоранда нусхаи хулосаи машваратии комиссияро пешниҳод намояд.
4. Дар ҳолати аз ҷониби комиссия эътироф гардидани тадбирҳои анҷомдодаи андозсупоранда ҳамчун амали канорагирӣ аз андозбандӣ, мақомоти андоз тадбирҳои зеринро татбиқ менамояд:
- уҳдадориҳои андозии андозсупорандаро аз нав, бидуни истифодаи амалҳои канорагирӣ аз андозбандӣ ё ба тарзе, ки барои кам кардани манфиати андозии дар Кодекси мазкур муқаррар гардидааст, муайян менамояд;
- бо мақсади пешгирии андозбандии дукарата ба уҳдадориҳои андозии дигар андозсупорандагон, ки аз амалҳои канорагирӣ аз андозбандӣ зарар дидаанд, тасҳеҳот ворид менамояд.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ нисбат ба андозсупоранда усулҳои алтернативии андозбандии дар сархати якуми қисми 4 ҳамин модда зикргардидаро татбиқ менамояд.
6. Мақомоти андоз муқаррароти қисми 4 ҳамин моддаро нисбат ба андозсупоранда ва андозсупорандагони дигаре, ки аз амалҳои канорагирӣ аз андозбандӣ зарар дидаанд, дар асоси хулосаи комиссия дар давоми 5 сол аз рӯзи охирини соли андоз, ки дар он амали канорагирӣ аз андозбандӣ истифода шудааст, татбиқ менамояд.
7. Дар моддаи мазкур:
1) «амалҳои канорагирӣ аз андозбандӣ» маънои созиш, аҳд, ваъда, уҳдадорӣ, амалиёт ё амали воқеан анҷомёфта ё банақшагирифташуда (аз ҷумла амали яктарафа) бо (бе) тартиби маҷбурӣ ё ихтиёрӣ иҷрошавиро дорад;
2) «манфиати андоз» маънои зеринро ифода менамояд:
а) кам намудани уҳдадории андозсупоранда оид ба пардохти андоз;
б) ба таъхир гузоштани уҳдадории андозсупоранда оид ба пардохти андоз ва ё ҳама гуна канорагирии дигар оид ба иҷрои уҳдадории андозӣ.
8. Дар ҳолате, ки агар тадбирҳои анҷомдодаи андозсупоранда аз ҷониби комиссия ҳамчун амалҳои канорагирӣ аз андозбандӣ эътироф карда нашаванд, андозсупоранда мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур мавриди андозбандӣ қарор дода мешавад.
Моддаи 37. Саркашӣ аз пардохти андоз
1. Саркашӣ аз пардохти андоз – аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ғайриқонунӣ ва қасдан иҷро нагардидани уҳдадориҳои андозӣ мебошад.
2. Амалҳои зерин саркашӣ аз пардохти андоз ҳисобида мешаванд, агар андозсупоранда:
- баҳисобгирии муҳосибиро (андозиро) анҷом надиҳад ва (ё) талаботи онро таъмин накунад;
- ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибиро, ки барои муайян намудани уҳдадориҳои андоз заруранд, нобуд карда бошад;
- дар давраи се моҳи ҳисоботӣ ҳисоботҳои андозиро пешниҳод накарда бошад;
- дар ҳисоботҳои андозӣ маблағҳои пардохтшавандаи андозиро (бо назардошти эъломияи тасҳеҳӣ) кам нишон дода бошад;
- дар муҳлатҳои дар Кодекси мазкур муқарраршуда ба мақомоти андоз маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои муайян намудани уҳдадориҳои андозӣ заруранд, пешниҳод накарда бошад;
- бе амалан анҷом додани амалиёт ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашударо пешниҳод намояд.
3. Ҳангоми саркашӣ намудани андозсупоранда аз пардохти андоз мақомоти андоз ҳаҷми уҳдадории андозии ӯро барои давраи то 10 сол аз рӯзи охирини соли андозие, ки дар он саркашӣ аз пардохти андозӣ содир шудааст, муайян менамояд.
4. Нисбат ба андозсупорандае, ки саркашӣ аз пардохти андозро содир намудааст, уҳдадории андозии бо қисми 3 ҳамин модда барои саркашӣ аз пардохти андоз муайяншуда ба андозаи дукарата татбиқ карда мешавад.
5. Агар дар ҷараёни санҷиши андоз мавҷуд набудани баҳисобгирии объектҳои андоз ошкор карда шавад ё аз ҷониби андозсупоранда доир ба онҳо маълумот пешниҳод карда нашавад, мақомоти андоз дар асоси маълумоти дар ихтиёр доштааш барои мақсадҳои қисми 3 ҳамин модда вобаста ба ҳолатҳои дахлдор бо истифода аз арзёбӣ кардани арзиши фурӯши мол (кор, хизматрасонӣ), арзиши молу мулк, сатҳи миёнаи музди меҳнат ва сатҳи даромаднокӣ дар ҳаҷми 10 фоиз маблағи эҳтимолии андозро ҳисоб менамояд.
6. Вобаста ба хусусияти фаъолият мақомоти андоз маблағи эҳтимолии андозро, инчунин, метавонад дар асоси натиҷаҳои муоинаи хронометражӣ, нишондодҳои иқтисодии қиёсшавандаи фаъолияти андозсупорандагони дигар, ки намудҳои шабеҳи фаъолиятро амалӣ менамоянд, муайян намояд.
7. Даромади (фоидаи) бадастомада, новобаста ба асосҳои ба даст омадани он, мутобиқи Кодекси мазкур андозбандӣ мегардад. Агар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад, ки даромад ё қисми он ғайриқонунӣ ба даст омада, бояд ба моликияти давлат гузаронида шавад, дар чунин ҳолат маблағи андозҳои қаблан аз ин даромади ғайриқонунии ба буҷети давлатӣ пардохтшуда ба ҳисоб гирифта мешавад.
8. Тартиби истифодаи усулҳои алтернативии андозбандӣ, бо мақсади татбиқи чораҳои иловагӣ оид ба мубориза бо саркашӣ аз пардохти андоз, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 38. Афзалияти мазмун нисбат ба шакл
Истифодаи шартномаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати барасмиятдарории транзаксияҳое (амалиётҳое), ки барои рӯйпӯш намудани амалиётҳои воқеӣ ва тағйирдиҳии тартиби ситонидани андоз истифода мешаванд, ба эътибор гирифта намешавад ва ба ният ва ҳадафи воқеии тарафҳои шартнома афзалият дода мешавад.
Моддаи 39. Интихоби контрагентҳо
1. Дар муносибатҳои андозӣ андозсупорандагон ҳангоми интихоби контрагентҳо масъуланд.
2. Мақомоти андоз ба андозсупорандагон бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дастрасиро ба иттилоот дар бораи баҳисобгирии контрагентҳо дар мақомоти андоз ба сифати андозсупорандагон, инчунин, ба иттилооти дигар пешниҳод менамоянд, андозсупорандагони аз чунин тартиб истифодабаранда андозсупорандагоне эътироф карда мешаванд, ки ҳангоми бастани шартнома эҳтиёткории зарурӣ зоҳир кардаанд.
ФАСЛИ II. РАСМИЁТИ МАЪМУРИКУНОНИИ АНДОЗ
БОБИ 7. НАЗОРАТИ ПАРДОХТИ АНДОЗҲО
Моддаи 40. Муқаррароти маъмурӣ
Муқаррароти маъмурии дар қисми умумии Кодекси мазкур пешбинигардида нисбат ба андозсупоранда ва нисбат ба ҳамаи намудҳои андозҳо, пардохтҳои гумрукӣ, боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет татбиқ карда мешаванд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
Моддаи 41. Назорати андозӣ
1. Назорати андозӣ шакли назорати давлатӣ буда, танҳо аз ҷониби мақомоти андоз гузаронида мешавад. Ба истиснои муқаррароти қисми 2 ҳамин модда аз ҷониби дигар мақомоти назоратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гузаронидани назорати андозӣ манъ мебошад.
2. Мақомоти гумрук назорати андозиро дар доираи ваколатҳои худ мутобиқи Кодекси мазкур ва қонунгузории гумрук амалӣ менамояд.
3. Назорати андозӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) назорати камералӣ;
2) муоинаи хронометражӣ;
3) назорати иловагии молҳои зераксизӣ ва фаъолияти дигар;
4) назорати низоми рамзгузории электронии молҳо;
5) санҷиши сайёри андоз;
6) санҷиши амалиётӣ;
7) мониторинги андозӣ;
8) нархгузории трансфертӣ ва бозорӣ.
4. Назорати риояи қонунгузории андоз, ба истиснои санҷиши сайёри андоз, мунтазам гузаронида мешавад.
Моддаи 42. Назорати камералӣ
1. Назорати камералӣ шакли назорати андозӣ буда, дар мақомоти андоз бе ташриф ба маҳалли фаъолияти андозсупоранда, дар асоси омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи андозсупоранда (агенти андоз) ва иттилооте, ки дар асоси муқаррароти Кодекси мазкур дастрас гардидаанд, бе талаб намудани ҳуҷҷат ва иттилооти иловагӣ аз андозсупоранда анҷом дода мешавад. Назорати камералӣ қисми таркибии низоми идоракунии хавфҳо буда, бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳои андоз гузаронида мешавад ва ба андозсупоранда имконият медиҳад, ки номутобиқатиҳои ҷойдоштаро мустақилона ислоҳ намояд.
2. Назорати камералӣ метавонад дар шакли автоматӣ бо истифода аз барномаҳои электронӣ бо риояи муқаррароти Кодекси мазкур анҷом дода шавад.
3. Назорати камералӣ дар рафти санҷиши сайёри андоз ва мониторинги андозӣ, инчунин, барои давраҳои гузаронидашудаи ин намудҳои назорати андозӣ манъ аст.
4. Дар ҳолати ошкор гардидани номутобиқатӣ дар ҳисоботи андозӣ аз ҷониби мақомоти андоз ба андозсупоранда огоҳинома бо талаби дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ ислоҳ намудани номутобиқатиҳои ошкоргардида дар шакли хаттӣ ё электронӣ ирсол карда мешавад.
5. Андозсупоранда уҳдадор аст, ки дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ аз санаи гирифтани огоҳинома иҷрои онро таъмин намояд ё бо ҳуҷҷатҳои асосноккунанда тавзеҳоти дахлдорро пешниҳод намояд. Дар ҳолати мавҷуд будани сабабҳои узрнок, ба монанди бемории бистарии шахси масъул ё фарзандони ӯ, хешони наздики ӯ, сафари хизматӣ, берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани шахси масъул ва ҳолатҳои дигари шабеҳ, муҳлати иҷрои огоҳинома ба 20 рӯзи тақвимӣ тамдид карда мешавад.
6. Андозсупоранда ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои худ вобас-та ба маводи назорати камералӣ метавонад машваратчӣ ё шахси дигарро ҳамчун намоянда дар асоси ваколатнома бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъин намояд.
7. Агар натиҷаи баррасии ҳуҷҷатҳо ва тавзеҳоти пешниҳодшуда боиси тағйир ёфтани уҳдадории андозии андозсупоранда гардад, мақомоти андоз, ки назорати камералиро гузаронидааст, ба андозсупоранда маълумотнома ва огоҳинома ирсол менамояд. Агар андозсупоранда дар муддати 5 рӯзи корӣ пас аз гирифтани огоҳиномаи дуюм уҳдадории андозии худро иҷро накунад, чунин андозсупоранда ба меъёрҳои хавфҳо дохил карда мешавад, ки аз рӯи онҳо санҷиши сайёри андоз вобаста ба ҳамон мавзуи назорати камералӣ таъин карда мешавад.
8. Бо назардошти талаботи қисмҳои 1-6 ҳамин модда, агар ҳангоми гузаронидани назорати камералӣ муайян карда шавад, ки андозсупоранда ба хато роҳ додааст, нисбат ба ӯ қарор оид ба амалисозии муҷозот, аз ҷумла фоиз ва ҷаримаҳо татбиқ нагардида, натиҷаи назорат дар варақаи ҳисоббаробаркунии андозсупоранда инъикос карда намешавад.
9. Ҳангоми гузаронидани назорати камералӣ риояи шартҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
1) нисбати андозсупоранда назорати камералии ҳисоботи андозии ба мақомоти андоз пешниҳодгардида, ки қаблан таҳти назорати камералӣ қарор дода нашудааст, дар 6 моҳи пайдарпай на зиёда аз як маротиба гузаронида шуда, такроран амалӣ намудани он манъ аст;
2) назорати камералии ҳисоботи андозии хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки қаблан таҳти назорати камералӣ қарор дода нашудааст, дар як сол як маротиба гузаронида мешавад.
10. Назорати камералӣ оид ба баргардонидани (ҷуброни) маблағи андоз аз арзиши иловашудаи марбут ба содироти мол бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми 30 рӯз аз рӯзи додани ариза гузаронида мешавад.
Моддаи 43. Муоинаи хронометражӣ
1. Муоинаи хронометражӣ – шакли назорати андозӣ буда, бо мақсади муқаррар намудани даромад ва хароҷоти воқеии андозсупоранда дар даврае, ки мавриди муоина қарор мегирад, гузаронида мешавад.
2. Муоинаи хронометражӣ на зиёда аз як маротиба дар як сол бо давомнокии то 3 рӯзи корӣ гузаронида мешавад.
3. Объектҳои муоинаи хронометражӣ инҳо мебошанд:
- мутобиқати маълумоти хотираи фискалии дастгоҳи назоратӣ–хазинавӣ ба бақияи хазина дар рӯзи муоинашаванда;
- баҳисобгирии амалиётҳои молиявию пулӣ;
- пешбурди китоби баҳисобгирии даромаду хароҷот (ҳангоми фаъолият дар низоми содакардашуда);
- шумораи кормандон.
4. Муоинаи хронометражӣ дар асоси фармоиши мақомоти андоз бо тартибе, ки дар Кодекси мазкур барои гузаронидани санҷиши сайёр муқаррар шудааст, гузаронида мешавад.
5. Татбиқи натиҷаҳои муоинаи хронометражӣ барои давраҳои гузаштаи андоз манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 6 моддаи 37 Кодекси мазкур пешбинишуда.
Моддаи 44. Назорати иловагии молҳои зераксизӣ ва фаъолияти дигар
1. Назорати иловагии молҳои зераксизӣ ва фаъолияти дигар бо тартиби зерин анҷом дода мешавад:
1) тавассути тамғагузории молҳои зераксизӣ;
2) тавассути ташкили дидбонгоҳи андозӣ дар ҳудуд ва ё маҳалли ҷойгиршавии истеҳсолот ё нуқтаҳои барасмиятдарории гумрукӣ;
3) тавассути низоми электронии тамғагузорӣ ва ё рамзи эътинои фаврӣ (рамзҳои QR).
2. Дидбонгоҳҳои андозӣ дар чунин ҳолатҳо ташкил карда мешаванд, агар:
- истеҳсолкунандаи молҳои зераксизӣ низоми электронии тамғагузории молиро надошта бошад;
- андозсупоранда мунтазам ҳисоботи сифрӣ пешниҳод намояд;
- тамоюли коҳишёбии нишондиҳандаҳои молиявии андозсупоранда 3 моҳи пайдарҳамро дар бар гирад;
- муҳлати қарзи андози пардохтнашуда зиёда аз 6 моҳро ташкил кунад;
- дар ҳисоботи андоз ва ҳисоботи расмии омории истифодабарандагони захираҳои табиӣ номутобиқатӣ ошкор гардад.
3. Истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони молҳои зераксизӣ барои тамғагузории молҳои зераксизӣ масъул мебошанд.
4. Тартиби ташкил намудани дидбонгоҳҳои андозиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
5. Назорати тамғагузории молҳои зераксизие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо низоми гумрукии иҷозат ба муомилоти озод ворид карда мешаванд ва ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низоми дигари гумрукӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, аз ҷониби мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Моддаи 45. Назорати низоми рамзгузории электронии молҳо
1. Назорати низоми рамзгузории электронии молҳо, аз ҷумла молҳои зераксизӣ, бо мақсади баҳисобгирии молҳои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва молҳои зераксизии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, инчунин, ҷиҳати пайгирии гардиши минбаъдаи онҳо анҷом дода мешавад.
2. Масъулият барои рамзгузории молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба зиммаи молистеҳсолкунанда, барои таъмини талаботи рамзгузории молҳои воридотӣ ба зиммаи воридкунанда ва барои ба фурӯш баровардани онҳо ба зиммаи таҳвилкунанда вогузор мегардад.
3. Назорати риояи қоидаҳои рамзгузории молҳо аз ҷониби мақомоти андоз ва гумрук анҷом дода мешавад.
4. Тартиби рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 46. Санҷиши андоз
1. Санҷиши андоз бо мақсади назорати риояи қонунгузории андоз, пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ гузаронида мешаванд. Санҷиши андоз дар шакли санҷиши сайёри андоз ва санҷиши амалиётӣ амалӣ карда мешавад.
2. Асос барои гузаронидани санҷиши андоз фармоиши мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад.
3. Дар асоси як фармоиш танҳо як санҷиши андоз гузаронида мешавад, ба истиснои санҷиши амалиётӣ.
4. Санҷиши андозӣ набояд фаъолияти андозсупорандаро боздорад.
5. Санҷиши андоз танҳо дар рӯзҳои корӣ ва вақти кории андозсупоранда гузаронида мешавад.
6. Санҷиши андозии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки хусусияти мавсимӣ дорад, дар давраҳои зерин гузаронида намешавад:
- дар хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ - дар мавсими киштукор, аз ҷумла аз 1-уми апрел то 1-уми июн ва дар мавсими ҷамъоварии ҳосил аз 1-уми август то 1-уми ноябри соли тақвимӣ;
- дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 20-уми июн то 20-уми октябри соли тақвимӣ.
7. Санҷиши амалиётиро мақомоти андоз доир ба масъалаҳои риояи талаботи зерини қонунгузории андоз мегузаронанд:
1) ба сифати андозсупоранда ба ҳисоб гузоштан дар мақомоти андоз, дурустии маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда;
2) аз ҷониби корфармо барои иҷрои кор (хизматрасонӣ) ҷалб намудани кормандони кироя;
3) мавҷудият ва истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ - хазинавӣ ё системаи ҳамгирои сеҷузъа;
4) мавҷудияти таҷҳизот (дастгоҳ), ки барои пардохт бо истифодаи кортҳои пластикӣ ва ё шаклҳои дигари пардохти электронӣ пешбинӣ шудаанд;
5) мавҷуд будани борхат ва мувофиқати ном, миқдори (ҳаҷми) мол ба маълумоти дар борхат нишондодашуда;
6) мавҷудият ва саҳеҳии рамзгузории электронӣ барои баҳисобгирии молҳои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, аз ҷумла молҳои зераксизӣ;
7) риояи қоидаҳои пуркунии зарф (бастабандӣ), гузоштани тамғаҳои аксизӣ, нигоҳдорӣ, фурӯши молҳои зераксизӣ ва амалӣ кардани намудҳои алоҳидаи фаъолияти зераксизӣ.
8. Санҷиши амалиётӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар маҳалли фаъолияти соҳибкорон на зиёда аз як маротиба дар шаш моҳ гузаронида мешавад.
9. Бо ҷорӣ гардидани тамғагузории молҳо амали бандҳои 6) ва 7) қисми 7 ҳамин модда қатъ карда мешавад.
10. Санҷиши амалиётӣ дар асоси фармоиши роҳбари мақомоти андоз гузаронида мешавад, ки он ҳангоми гузаронидани санҷиш ба андозсупоранда супорида мешавад ва дар дафтари бақайдгирии санҷиш сабт карда мешавад.
11. Шахси мансабдори мақомоти андоз, ки санҷиши амалиётиро мегузаронад, ҳуқуқ надорад аз андозсупоранда иттилооти ба мавзуи санҷиши амалиётӣ алоқаманднабударо талаб намояд.
Моддаи 47. Санҷиши сайёри андоз
1. Санҷиши сайёри андоз танҳо бо мақсади муайян намудани дурустии ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ барои давраи муайян дар маҳалли фаъолияти андозсупоранда ва дар асоси низоми идоракунии хавф гузаронида мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки маҳалли фаъолияти андозсупоранда манзили истиқоматии ӯ мебошад. Дар чунин ҳолати истисноӣ ва дар ҳолати номутобиқатии суроғаи бақайдгирии андозсупоранда ба суроғаи воқеии маҳалли фаъолият санҷиши сайёр дар мақомоти андоз гузаронида мешавад.
2. Санҷиши сайёри андоз аз рӯи дараҷаи хавфҳо, ки онҳо тибқи низоми идоракунии хавфҳо муайян мегарданд, дар асоси фармоиши мақоми ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад. Дар фармоиш ном ва рақами мушаххаси андозсупоранда, насаб, ном, номи падар ва мансаби санҷишгар, муҳлат ва мақсади санҷиши андоз нишон дода мешаванд.
3. Мақомоти андоз на камтар аз 10 рӯзи корӣ то оғози санҷиши сайёрии андоз ба андозсупоранда огоҳинома ирсол менамояд. Огоҳинома ба андозсупоранда (агенти андоз) дар маҳалли ҷойгиршавии дар маълумоти бақайдгирии давлатии нишондодашуда супорида мешавад ё ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда ва ё почтаи фармоишӣ ирсол карда мешавад.
4. Дар огоҳинома асосҳо барои гузаронидани санҷиши сайёри андоз, аз ҷумла мавзуъ, давраи санҷиш ва муҳлати гузаронидани он, нишон дода мешаванд.
5. Санҷиши сайёри андоз ҳангоми ихтиёран қатъ гардидани фаъолияти андозсупоранда аз лаҳзаи санҷиши охирин, вале на зиёдтар аз муҳлати даъво, гузаронида мешавад.
6. Дар ҷараёни санҷиши сайёри андоз ба андозсупоранда иҷозат дода намешавад, ки ба ҳисоботи андозии давраи санҷишшаванда тағйиру иловаҳо ворид намояд.
7. Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ нагардидани баҳисобгирии муҳосибӣ, ки гузаронидани санҷишро имконнопазир менамояд, мақомоти андоз барои муайян намудани уҳдадориҳои андозӣ усулҳои алтернативии андозбандиро истифода мебарад.
8. Зиёда аз як маротиба гузаронидани санҷиши сайёри андоз аз рӯи як намуди андоз ва барои як давра, ба истиснои муқаррароти пешбининамудаи моддаи 49 Кодекси мазкур, манъ аст.
9. Дар ҳолати қатъ гардидани фаъолияти воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ - резидент санҷиши сайёри андоз гузаронида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки андозсупоранда барои чунин санҷиш ариза пешниҳод мекунад.
10. Дастурамал оид ба гузарондани санҷишҳои андоз бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 48. Муҳлати санҷишҳои андоз, тамдид ва мавқуфгузории он
1. Санҷиши сайёри андоз дар муҳлатҳои зерин гузаронида мешавад, агар дар қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад:
1) барои соҳибкорони хурд - то 7 рӯзи корӣ;
2) барои соҳибкорони миёна - то 20 рӯзи корӣ;
3) барои соҳибкорони калон, аз ҷумла:
а) барои шахсони ҳуқуқӣ, ки дорои воҳидҳои алоҳида мебошанд ва ғайрирезидентҳое, ки фаъолияташонро ба воситаи муассисаҳои доимӣ амалӣ менамоянд, то 30 рӯзи корӣ;
б) барои шахсони ҳуқуқии дорои зиёда аз як маҳалли ҷойгиршавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои андозсупорандагоне, ки дар қайди воҳиди сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба андозсупорандагони калон қарор доранд, то 60 рӯзи корӣ.
2. Муҳлати гузаронидани санҷиши амалиётӣ наметавонад аз 15 рӯзи корӣ зиёд бошад. Санҷиши амалиётии андозсупорандаи инфиродӣ набояд аз чор соати корӣ зиёд давом кунад.
3. Тамдиди муҳлати гузаронидани санҷиши андоз барои соҳибкорони хурду миёна манъ аст.
4. Тамдиди муҳлати гузаронидани санҷиши андоз барои соҳибкорони калон наметавонад аз 30 рӯзи корӣ зиёд бошад.
5. Муҳлати санҷиши андоз дар ҳолатҳои зерин боздошта мешавад, агар:
1) андозсупоранда ҳуҷҷатҳои ба мавзуи санҷиш алоқамандро пурра пешниҳод нанамояд;
2) барои гирифтани иттилоот аз мақомоти салоҳиятдори (ваколатдори) давлати хориҷӣ дар доираи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат ба миён ояд;
3) барои гузаронидани экспертизаи соҳавӣ зарурат ба миён ояд;
4) тарҷумаи ҳуҷҷатҳои ба забони хориҷӣ пешниҳодшуда муҳлати иловагӣ талаб намояд.
6. Дар асоси фармоиши дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ тамдиди муҳлати санҷиши андоз на зиёда аз як маротиба ва вобаста ба ҳолатҳои дахлдор мавқуфгузории муҳлати санҷиши андоз на зиёда аз ду маротиба иҷозат дода мешавад.
Моддаи 49. Маҳдудият барои гузаронидани санҷиши сайёри андоз
1. Гузаронидани санҷишҳои такрорӣ барои давраи санҷидашавандаи андоз, ба истиснои ҳолатҳои зерин, манъ аст:
- дар асоси аризаи хаттии андозсупоранда;
- дар асоси муроҷиати расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди андозсупорандае, ки нисбат ба ӯ мавод ё парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои ҷиноятҳои бо андозбандӣ алоқаманд мавҷуд бошад;
- барои назорати дохилии фаъолияти мақомоти андозе, ки санҷиши сайёри андозро гузаронидааст.
2. Санҷишҳои такрории мутобиқи қисми 1 ҳамин модда амалишаванда бояд танҳо нисбат ба даврае гузаронида шаванд, ки санҷиши сайёри андози охирон гузаронидашударо дар бар мегирад.
Моддаи 50. Воридшавии шахси мансабдор ба маҳалли фаъолияти (ҳудуд ва бинои маъмурии) андозсупоранда бо мақсади гузаронидани санҷиши андоз
1. Ба шахси мансабдори мақомоти андоз ворид шудан ба маҳалли фаъолияти андозсупоранда (ба истиснои манзили истиқоматӣ) танҳо дар асоси пешниҳоди фармоиши мақоми ваколатдори давлатӣ ва шаҳодатномаи хизматӣ иҷозат дода мешавад.
2. Дар сурати монеъ шудани андозсупоранда ба воридшавии шахси мансабдори мақомоти андоз ба макони фаъолияти худ (ба истиснои манзили истиқоматӣ) шахси мансабдори мақомоти андоз дар ин хусус санад тартиб дода, ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат менамояд. Дар ин сурат воридшавии шахси мансабдори мақомоти андоз дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда мешавад.
3. Андозсупоранда дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад ба ворид шудани шахсони мансабдори мақомоти андоз ба маҳалли фаъолияти худ барои гузаронидани санҷиши андоз иҷозат надиҳад, агар:
- талаботи моддаҳои 47 ва 48 Кодекси мазкур риоя карда нашавад;
- муҳлати санҷиши дар фармоиш нишондодашуда фаро нарасида ё гузашта бошад;
- шахсони мансабдори мақомоти андоз барои ворид шудан ба маҳалли дорои махсуси махфият рухсатномаи дахлдор надошта бошанд.
Моддаи 51. Талаб намудани ҳуҷҷатҳо ҳангоми гузаронидани санҷиши андоз
1. Шахси мансабдори мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронад, ҳуқуқ дорад аз андозсупоранда пешниҳоди ҳуҷҷатҳои марбут ба санҷишро талаб намояд.
2. Талабномаи шахси мансабдори мақомоти андоз аз андозсупоранда ё шахси ваколатдори ӯ оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бо имзои шахсӣ супорида мешавад. Агар ба ин тариқ супоридани талабнома оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ғайриимкон бошад, он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур фиристода мешавад.
3. Ҳуҷҷатҳои талабшуда ба мақомоти андоз дар шакли электронӣ тавассути шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ё ҳуҷраи шахсии андозсупоранда, бо почта бо мактуби фармоишӣ, инчунин, шахсан ё тавассути намоянда пешниҳод карда мешаванд.
4. Ҳангоми пешниҳод гардидани нусхаи ҳуҷҷатҳои талабнамудаи мақомоти андоз дар шакли коғазӣ, чунин нусхаҳо бояд аз ҷониби андозсупоранда тасдиқ карда шаванд. Талаби аз ҷониби нотариус тасдиқ кардани нусхаи ҳуҷҷатҳои ба мақомоти андоз (шахси мансабдор) пешниҳодшаванда иҷозат дода намешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.
5. Ҳангоми дар шакли электронӣ тартиб додани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ андозсупоранда уҳдадор аст дар ҷараёни санҷиши андоз бо талаби шахсони мансабдори андоз нусхаҳои чунин ҳуҷҷатҳоро, ба истиснои ҳисобнома-фактураҳое, ки дар низоми иттилоотии ҳисоботи электронии ҳисобнома-фактураҳо сабт шудаанд, дар ҳомилҳои коғазӣ пешниҳод намояд.
6. Дар ҳолати зарурӣ мақомоти андоз ҳуқуқ дорад бо ҳуҷҷатҳои аслӣ шинос шавад.
7. Ҳуҷҷатҳои дар ҷараёни санҷиши андоз талабшуда бо риояи талаботи ҳамин модда на дертар аз як рӯзи корӣ пас аз санаи гирифтани талабномаи дахлдор пешниҳод карда мешаванд. Агар андозсупоранда дар муҳлати муқарраршуда ҳуҷҷатҳои талабшударо пешниҳод карда натавонад, ӯ дар ин бора шахси мансабдори мақомоти андозро дар шакли хаттӣ хабардор менамояд.
8. Огоҳиномаро дар бораи имконнопазир будани пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар муҳлати муқарраршуда бо нишон додани сабабҳои пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои дархостшуда андозсупоранда бояд дар давоми як рӯзи пас аз гирифтани талабнома оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо фиристад. Дар огоҳинома бояд муҳлате нишон дода шавад, ки андозсупоранда метавонад ҳуҷҷатҳои талабшударо пешниҳод кунад.
9. Дар муҳлати ду рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома аз андозсупоранда мақомоти андоз ҳуқуқ дорад дар асоси ин огоҳинома муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро тамдид кунад ё онро рад намояд.
10. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои талабшударо рад намудани андозсупоранда дар санаде, ки шахси мансабдори мақомоти андоз тартиб додааст, сабт карда мешавад. Санадро шахси мансабдори мақомоти андоз ва андозсупоранда имзо мекунанд. Дар сурати аз имзои санад саркашӣ кардани андозсупоранда сабти дахлдор ворид карда мешавад. Рад кардан ё пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зикршуда аз ҷониби андозсупоранда барои гирифтани онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 53 Кодекси мазкур асос мебошад.
11. Дар ҷараёни санҷиши андоз ва чорабиниҳои дигари назоратии андозӣ мақомоти андоз ҳуқуқ надоранд аз андозсупоранда ҳуҷҷатҳоро, ки қаблан ба мақомоти андоз ҳангоми назорати камералӣ ё санҷиши сайёр ва ё дар ҷараёни мониторинги андозӣ пешниҳод карда шудаанд, дар шакли аслӣ талаб намояд. Ҳуҷҷатҳо метавонанд аз андозсупоранда такроран гирифта шаванд, агар онҳо қаблан ба мақомоти андоз дар шакли аслӣ ба андозсупоранда баргардонида шуда бошад, инчунин, дар ҳолате, ки ҳуҷҷатҳои ба мақомоти андоз додашуда бо сабаби ҳолатҳои фавқулода гум шуда бошанд.
Моддаи 52. Талаб намудани ҳуҷҷатҳо ва иттилоот аз шахсони сеюм
1. Шахси мансабдори мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронад, ҳуқуқ дорад аз контрагент ё шахсони дигар ҳуҷҷатҳо ва иттилооти марбут ба фаъолияти андозсупорандаи санҷишшаванда (минбаъд – иттилоот)-ро талаб кунад.
2. Талаби иттилооти марбут ба фаъолияти андозсупорандаи санҷишшаванда ҳангоми баррасии маводи санҷиши андоз метавонад инчунин, дар асоси қарори мақомоти андоз дар бораи таъини чораҳои иловагии назорати андозӣ низ анҷом дода шавад.
3. Мақомоти андозе, ки санҷиши андоз ё чорабиниҳои дигари назоратии андозиро мегузаронад, супоришро барои талаб намудани иттилоот оид ба фаъолияти андозсупорандаи санҷишшаванда ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии шахсе, ки аз ӯ иттилооти зикршуда талаб карда мешавад, мефиристад.
4. Дар давоми 3 рӯз аз рӯзи гирифтани супориш, мақомоти андози маҳалли бақайдгирии шахсе, ки аз ӯ иттилоот талаб карда мешавад, ба андозсупоранда талабномаро оид ба пешниҳоди иттилоот мефиристад.
5. Ба талабнома нусхаи супориш оид ба талаби иттилоот замима карда мешавад.
6. Шахсе, ки оид ба пешниҳоди иттилоот талабнома гирифтааст, онро дар давоми 5 рӯз аз рӯзи гирифтани он иҷро мекунад ё дар ҳамон муҳлат хабар медиҳад, ки ӯ иттилооти талабшударо надорад. Агар андозсупоранда имконияти дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод намудани иттилооти талабшударо надошта бошад, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад, ки муҳлати пешниҳоди ин иттилоотро тамдид кунад.
7. Ҳуҷҷатҳои талабшаванда бо назардошти муқаррароти қисмҳои 3, 5 ва 11 моддаи 51 Кодекси мазкур пешниҳод карда мешаванд.
8. Тартиби талаб кардани иттилоот, ки дар ҳамин модда пешбинӣ шудааст, инчунин ҳангоми талаб кардани иттилооти марбут ба иштирокчиёни гурӯҳи ширкатҳо истифода карда мешавад.
9. Ҳангоми амалӣ намудани назорати андозӣ мақомоти андоз ҳуқуқ дорад бо роҳи фиристодани талабномаи хаттӣ аз ҳар шахс талаб намоянд, ки дар муҳлати 10 рӯз:
- иттилоотро дар бораи даромад ва хароҷоти андозсупоранда барои давраи муайяни андоз, дар бораи хароҷоте, ки бинобар муносибатҳои мутақобила бо андозсупорандаи дар талабнома зикршуда анҷом додааст, пешниҳод намояд, ба истиснои иттилооте, ки дар шакли электронӣ дар барномаҳои мақомоти андоз вуҷуд доранд;
- ба маҳал ва дар муҳлати дар талабнома зикршуда барои аниқ намудани иттилооте, ки дар мақомоти андоз мавҷуданд ё барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ё иттилооти дигари марбут ба андозбандии ҳамин андозсупоранда ва андозсупорандагони дигар ҳозир шавад.
10. Корманди ваколатдори мақомоти андоз дар ҷараёни санҷиши андоз бо мақсади ҷамъоварии маълумот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:
- ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба андозбандиро нусхабардорӣ намояд;
- дар асоси санад оид ба гирифтан ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ё ҳуҷҷатҳои дигари марбут ба ҳамин санҷиши андозро гирад;
- ба ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар муҳр гузошта, истифодаи онҳоро ба муҳлати на зиёда аз нисфи муҳлати ин санҷиш манъ намояд.
11. Агар корманди ваколатдори мақомоти андоз ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ё ҳуҷҷатҳои дигарро дар асоси ваколатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда гирад, мақомоти андоз бояд ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ё ҳуҷҷатҳои дигарро нусхабардорӣ намуда, нусхаҳои аслии онҳоро дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз санаи гирифтан баргардонанд.
12. Ҳангоми талаб кардани ҳуҷҷатҳои марбут ба агентҳои андоз тартиби талаб намудани ҳуҷҷатҳо, ки дар ҳамин модда пешбинӣ шудааст, анҷом дода мешавад.
13. Шахсе, ки оид ба пешниҳоди иттилоот дархост гирифтааст, ҳуқуқ дорад пешниҳод кардани иттиолоотро рад кунад, агар дархост хилофи муқаррароти ҳамин модда бошад.
14. Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда иҷро нагардидани талаботи моддаи мазкур, корманди ваколатдори мақомоти андоз ҳуқуқи тибқи муқаррароти моддаи 50 Кодекси мазкур дастрасӣ ба бино ва моликияти андозсупорандаро дорад.
Моддаи 53. Гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашё
1. Гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашё дар асоси қарори мақомоти андозе, ки санҷишро мегузаронад, ба амал бароварда мешавад.
2. Берун аз реҷаи корӣ гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашё манъ аст.
3. Гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашё дар ҳузури шахсони холис ва шахсоне, ки аз онҳо ҳуҷҷатҳо ва ашё гирифта мешаванд, амалӣ карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои иштирок дар ҷараёни гирифтан мутахассис даъват карда мешавад.
4. То оғози расмиёти гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашё шахси мансабдори мақомоти андоз қарор оид ба гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашёро нишон медиҳад ва ба шахсони ҳузурдошта ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро мефаҳмонад.
5. Шахси мансабдори мақомоти андоз ба шахсе, ки аз ӯ ҳуҷҷатҳо ва ашё гирифта мешаванд, пешниҳод менамояд, ки онҳоро ихтиёран супорад ва дар ҳолати рад кардани пешниҳоди мазкур, шахси мансабдори мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани онҳоро ба анҷом мерасонад. Ғайр аз ин, андозсупоранда уҳдадор аст:
- дастрасӣ ба иттилоотеро, ки дар дастгоҳи нигоҳдории маълумот ё дар анбори нигоҳдории электронии маълумот (монанд ба анборҳои интернетӣ) нигоҳ дошта шудаанд, аз ҷумла ворид кардани рамз ё асоси дигари тасдиқи дастрасӣ ба дастгоҳ ё воситаҳоро, таъмин кунанд;
- дастрасӣ ба иттилооти рамзкушоиро, ки барои рамзгузории маълумоти тибқи моддаи мазкур дархостшуда зарур аст, пешкаш намояд.
6. Дар сурати саркашӣ намудани шахс аз кушодани биноҳо ё ҷойҳои дигаре, ки дар он ҷо ҳуҷҷатҳо ва ашёи гирифташаванда ҷойгиранд, барои таъмини дастрасии шахсони мансабдори мақомоти андоз ба чунин ҳудуд ва биноҳо мақомоти андоз ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё суд муроҷиат менамояд.
7. Ҳуҷҷатҳо ва ашёе, ки ба мавзуи санҷиши андоз алоқамандӣ надоранд, гирифта намешаванд.
8. Оид ба гирифтани ҳуҷҷат ва ашё бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 59 Кодекси мазкур ва ҳамин модда санад тартиб дода мешавад.
9. Ҳуҷҷатҳо ва ашёи гирифташуда дар санад дар бораи гирифтан ё дар сабтҳои замимашаванда бо дақиқан ишора намудани номгӯ, миқдор, хусусиятҳои хос ва агар имконпазир бошад, арзиши ашё номбар ва тавсиф карда мешаванд.
10. Агар барои гузаронидани чорабиниҳои назорати андозӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои андозсупоранда кифоя набошад ва мақомоти андоз асоси кофӣ дошта бошад, ки ҳуҷҷатҳои аслӣ метавонанд нобуд, пинҳон, ислоҳ ё иваз карда шаванд, шахси мансабдори мақомоти андоз ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳои аслиро бо тартиби пешбининамудаи ҳамин модда гирад.
11. Ҳангоми имконнопазир будани нухсабардорӣ ва интиқоли нусхаҳо дар як вақт бо гирифтани ҳуҷҷатҳо, мақомоти андоз нусхаҳоро ба шахсе, ки аз ӯ ҳуҷҷатҳо гирифта шудаанд, дар давоми 5 рӯз баъд аз гирифтан бармегардонад.
12. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва ашёи гирифташуда ба шахсони холис ва иштирокчиёни дигар нишон дода мешаванд ва ҳангоми зарурат дар макони гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашё бастабандӣ мешаванд.
13. Ҳуҷҷатҳои гирифташуда бояд рақамгузорӣ, ресмонбандӣ ва бо муҳр ё имзои шахсе, ки аз ӯ ҳуҷҷатҳо гирифта мешаванд, тасдиқ карда шаванд. Агар шахс муҳр ё имзо гузоштани ҳуҷҷатҳои гирифташударо рад кунад, дар санади гирифтани ҳуҷҷатҳо дар ин хусус қайди махсус гузошта мешавад.
14. Нусхаи санад дар бораи гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашё бо имзо ба шахсе, ки аз ӯ ҳуҷҷатҳо гирифта шудаанд, супорида ё ирсол карда мешавад.
Моддаи 54. Иштироки шоҳид
1. Ҳар шахси воқеии болиғ, ки аз ҳама гуна ҳолатҳои марбут ба амалисозии назорати андозӣ огоҳ мебошад, метавонад ба сифати шоҳид даъват карда шавад. Баёноти шоҳид дар санад сабт карда мешавад.
2. Баёноти шоҳид метавонад дар маҳалли истиқомат гирифта шавад, агар ӯ бо сабаби беморӣ, пирӣ ё маъюбӣ ба мақомоти андоз омада натавонад.
3. Музди меҳнати кормандоне, ки ба сифати шоҳид ба мақомоти андоз даъват шудаанд, барои давраи бо ин сабаб дар кор ҳозир набудан, дар ҷои кори асосӣ нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 55. Экспертиза
1. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои иштирок дар рафти гузаронидани амалҳои мушаххас оид ба амалӣ намудани санҷиши андозӣ метавонад эксперт ҷалб карда шавад.
2. Ҷалби шахс ба сифати эксперт дар асоси шартнома байни мақомоти андоз ва эксперт ба амал бароварда мешавад.
3. Экспертиза дар вақте таъин карда мешавад, ки агар барои шарҳдиҳии саволҳои бавуҷудомада дониши махсус дар соҳаҳои илм, техника, санъат ё ҳунар зарур бошад. Дониши махсус доштани шахси мансабдори мақомоти андоз аз ҷалби эксперти тахассусӣ озод намекунад.
4. Саволҳои дар назди эксперт гузошташуда ва хулосаи ӯ наметавонанд берун аз доираи дониши махсуси эксперт бошанд.
5. Қарор дар бораи таъин кардани экспертиза аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси дархости шахси мансабдоре, ки санҷиши андозро мегузаронад, қабул карда мешавад.
6. Дар қарор асосҳои таъин шудани экспертиза, номи ташкилоте, ки бояд экспертиза гузаронад ё насаб, номи (номи падари) эксперт, саволҳо ва маводи ба эксперт пешниҳодшуда нишон дода мешаванд. Эксперт ҳуқуқ дорад бо маводи санҷиш марбут ба мавзуи экспертиза шинос шавад ва дар хусуси ба ӯ пешниҳод гардидани маводи иловагӣ дархост кунад.
7. Эксперт хулосаро дар шакли хаттӣ пешниҳод менамояд. Дар хулоса таҳқиқоти эксперт, хулосаҳо ва ҷавобҳои асоснокшуда ба саволҳои гузошташуда дарҷ карда мешаванд.
8. Эксперт ҳуқуқ дорад пешниҳоди хулосаро рад кунад, агар маводи ба ӯ пешниҳодшуда барои додани хулосаи асоснок кифоя набошанд.
9. Шахси мансабдори мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронад, андозсупорандаро бо қарор дар бораи таъин кардани экспертиза шинос мекунад, ҳуқуқҳои дар қисми 10 ҳамин модда муқаррарнамударо шарҳ дода, санад тартиб медиҳад.
10. Ҳангоми таъин ва гузаронидани экспертиза андозсупоранда ҳуқуқ дорад:
- ба далелҳои эксперт ҷавоб гардонад;
- таъин намудани экспертро аз байни шахсони зикргардида талаб кунад;
- барои гирифтани хулосаи эксперт саволҳои иловагӣ пешниҳод кунад;
- бо иҷозати шахси мансабдори мақомоти андоз дар ҷараёни экспертиза ҳузур дошта, ба эксперт тавзеҳот диҳад;
- бо хулосаи эксперт шинос шавад;
- дар бораи хулосаи экспертиза фикру ақидаи асоснок пешниҳод намояд.
11. Эксперте, ки мақомоти андоз ҷалб кардааст, бояд махфияти маълумоти марбут ба экспертизаро дар баробари корманди мақомоти андоз таъмин намояд.
Моддаи 56. Ҷалби мутахассис
1. Дар ҳолати зарурӣ барои иштирок дар амалҳо оид ба татбиқи назорати андозӣ аз ҷониби мақомоти андоз метавонад мутахассис ҷалб карда шавад.
2. Мутахассис бояд дорои дониш ва малакаи махсус бошад ва ба натиҷаи кор манфиатдор набошад.
3. Ҷалби шахс ба сифати мутахассис дар асоси шартнома байни мақомоти андоз ва мутахассис амалӣ карда мешавад.
4. Иштироки шахс ба сифати мутахассис имконияти пурсиши ӯро вобаста ба ҳамин ҳолатҳо ҳамчун шоҳид истисно намекунад.
5. Мутахассисе, ки мақомоти андоз ҷалб кардааст, бояд махфияти маълумоти марбут ба санҷишро дар баробари корманди мақомоти андоз таъмин намояд.
Моддаи 57. Иштироки тарҷумон
1. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои иштирок дар амалҳо оид ба гузаронидани назорати андозӣ метавонад тарҷумон ҷалб карда шавад.
2. Ба сифати тарҷумон метавонад шахсе баромад кунад, ки ба натиҷаи кор манфиатдор намебошад, забони барои тарҷума зарурро медонад ё ишораҳои шахсони воқеии гунг ва ё ношунаворо мефаҳмад.
3. Ҷалби шахс ба сифати тарҷумон дар асоси шартнома байни мақомоти андоз ва тарҷумон амалӣ карда мешавад.
4. Тарҷумон уҳдадор аст, ки бо даъвати шахси мансабдори мақомоти андоз ҳозир шавад ва тарҷумаи ба ӯ вогузоршударо дақиқан анҷом диҳад.
5. Тарҷумоне, ки мақомоти андоз ҷалб кардааст, бояд махфияти маълумоти марбут ба санҷишро дар баробари корманди мақомоти андоз таъмин намояд.
Моддаи 58. Иштироки шахси холис
1. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои иштирок дар амалҳо оид ба гузаронидани назорати андозӣ мутобиқи муқаррароти пешбининамудаи Кодекси мазкур шахсони холис ҷалб карда мешаванд.
2. Шахсони холис бо теъдоди на камтар аз ду нафар ҷалб карда мешаванд.
3. Ба сифати шахси холис метавонанд ҳама гуна шахсони воқеии болиғ, ки ба натиҷаи кор манфиатдор намебошанд, ҷалб карда шаванд.
4. Ба сифати шахсони холис иштирок намудани шахсони мансабдори мақомоти андоз роҳ дода намешавад.
5. Шахсони холис уҳдадоранд дар санад далел, муҳтаво ва натиҷаҳои амалҳоеро, ки дар ҳузури онҳо иҷро шудаанд, тасдиқ намоянд.
6. Шахсони холис ҳуқуқ доранд оид ба амалҳои анҷомёфта эрод гиранд, ки он дар санад дарҷ карда мешавад.
7. Ҳангоми зарурат шахсони холис метавонанд вобаста ба ҳолатҳои муайяншуда пурсиш карда шаванд.
8. Шахсони холисе, ки барои иштирок дар амалҳо оид ба гузаронидани назорати андозӣ ҷалб карда мешаванд, бояд махфияти маълумоти марбут ба санҷишро дар баробари корманди мақомоти андоз таъмин намоянд.
Моддаи 59. Талаботи умумӣ нисбат ба санаде, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар доираи назорати андозӣ тартиб дода мешавад
1. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои назорати андозӣ санад тартиб дода мешавад, ки дар он маълумоти зерин дарҷ карда мешавад:
- асос, намуд ва даврияти гузаронидани санҷиш;
- макон ва санаи иҷрои амали мушаххас;
- вақти оғоз ва итмоми амал;
- мансаб, насаб, номи (номи падари) шахси тартибдодаи санад;
- насаб, номи (номи падари) ҳар шахси дар чорабинӣ иштироккарда ё дар рафти он ҳузурдошта, дар ҳолатҳои зарурӣ суроғаи ӯ;
- таркиби амалҳо ва пайдарпаии гузаронидани онҳо;
- далелҳо ва ҳолатҳои барои санад заруре, ки дар ҷараёни иҷрои амал ошкор гардидаанд.
2. Санад ба ҳамаи шахсоне, ки ба ин раванд ҷалб ё муаррифӣ шудаанд, хонда мешавад. Шахсони мазкур ҳуқуқ доранд, фикру мулоҳизаҳо баён кунанд, ки онҳо бояд ба санад ворид ё ба мавод замима карда шаванд.
3. Ба санад аз ҷониби шахси мансабдори мақомоти андоз, ки онро тартиб додааст ва инчунин шахсоне, ки дар рафти гузаронидани назорати андозӣ иштирок ё ҳузур доштаанд, имзо мегузаронанд. Ба санад сурат, сабти видеоӣ ва дигар маводе, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои назорати андозӣ дастрас шудаанд, замима карда мешаванд.
Моддаи 60. Барасмиятдарории натиҷаҳои санҷиши сайёри андоз
1. Аз рӯи натиҷаҳои ҳар санҷиши сайёри андоз шахсони мансабдори мақомоти андоз, ки санҷиши мазкурро гузарондаанд, бояд санади санҷиши андозро тартиб диҳанд.
2. Дар санади санҷиши сайёри андоз маълумоти зерин дарҷ мегардад:
1) санаи тартибдиҳии санади санҷиши андоз, яъне санаи имзокунии санад аз ҷониби шахсоне, ки санҷиши мазкурро гузаронданд;
2) номи пурра ва ихтисоршуда ё насаб, ном ва номи падари шахси санҷидашаванда. Дар ҳолати санҷиши шахси ҳуқуқӣ дар маҳалли ҷойгиршавии воҳиди алоҳидаи он, ба ғайр аз номи шахси ҳуқуқӣ, номи пурра ва ихтисоршудаи воҳиди алоҳидаи санҷидашаванда ва маҳалли ҷойгиршавии он зикр карда мешаванд;
3) насаб, ном, номи падари шахсоне, ки санҷиши сайёри андозро гузарондаанд, мансабҳои онҳо ва номи мақомоти андозе, ки онҳо намояндагӣ мекунанд;
4) сана ва рақами фармоиши мақомоти андоз дар бораи гузаронидани санҷиши сайёри андоз;
5) номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки дар рафти санҷиши сайёри андоз аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод карда шудаанд;
6) даврае, ки барои он санҷиши сайёри андоз гузаронида шуд;
7) номгӯи андоз, ки нисбат ба он санҷиши сайёри андоз гузаронида шуд;
8) санаи оғоз ва анҷомёбии санҷиши сайёри андоз;
9) суроғаи маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда;
10) маълумот дар бораи чорабиниҳои назорати андоз, ки ҳангоми амалисозии санҷиши сайёри андоз гузаронида шудаанд;
11) тавсифи муфассали вайронкунии андоз (дар ҳолати мавҷуд будани он) бо истинод ба меъёри дахлдори қонунгузории андоз;
12) хулосаҳо ва пешниҳодҳо аз рӯи натиҷаҳои санҷиши сайёри андоз.
3. Агар дар натиҷаи санҷиши сайёри андози гузаронидашуда вайронкунии қонунгузории андоз ошкор нашуда бошад, дар санад дар ин бора сабти дахлдор ворид карда мешавад.
4. Ба санад ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи далелҳои вайронкунии қонунгузории андоз замима карда мешаванд.
5. Шакл ва талаботи тартибдиҳии санади санҷиши сайёри андоз аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
6. Санад ба миқдори на камтар аз се нусха тартиб дода мешавад.
7. Ҳамаи нусхаҳои санад аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти андозе, ки санҷиши сайёри андозро гузаронидаанд, имзо карда мешаванд. Як нусхаи санад дар давоми се рӯз баъд аз тартиб додани он ба андозсупоранда супорида мешавад. Андозсупоранда уҳдадор аст, ки доир ба гирифтани он дар ҳамаи нусхаҳои санад бо нишон додани санаи гирифтан имзо гузорад. Нусхаҳои санад дар мақомоти андоз боқӣ монда, ба маводи санҷиш ҳамроҳ карда мешаванд.
8. Имзои андозсупоранда дар санад маънои розигии ӯро бо натиҷаҳои санҷиш надорад.
9. Ҳангоми саркашии андозсупоранда (намояндаи ӯ) аз гирифтани санад, шахси мансабдори мақомоти андоз дар ин бора сабти дахлдорро ба санад ворид мекунад. Дар ин сурат як нусхаи санад ба андозсупоранда бо мактуби фармоишӣ ба маҳалли ҷойгиршавии ӯ ирсол карда мешавад.
10. Натиҷаи санҷиши сайёри андоз ба маълумот дар бораи андозсупоранда, ки аз мақомоти андоз, шахси сеюм гирифта шудааст ва маълумоти дигари дар ҷараёни мониторинг, санҷиш ва баҳисобгирии муҳосибӣ ҷамъоваришуда асос меёбад.
Моддаи 61. Тартиби баррасии маводи санҷиши сайёри андоз
1. Санади санҷиши сайёри андоз, ки дар ҷараёни он вайронкунии қонунгузории андоз ошкор карда шудааст, на дертар аз 15 рӯз аз санаи тартибдиҳии санади санҷиши андоз, бояд аз ҷониби мақомоти андозе, ки чунин санҷишро гузаронидааст, мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиши сайёри андоз бояд на дертар аз 20 рӯз пас аз баррасии маводи санҷиши сайёри андоз қабул карда шавад.
2. Агар андозсупоранда (намояндаи ӯ) дар муҳлати пешбининамудаи ҷумлаи якуми қисми 1 ҳамин модда ба санад норозигии хаттӣ пешниҳод карда бошад, ин норозигӣ низ ба назар гирифта мешавад.
3. Мақомоти андоз андозсупорандаро дар бораи сана, вақт ва ҷойи баррасии маводи санҷиш на камтар аз ду рӯзи корӣ пеш аз санаи баррасӣ огоҳ менамояд.
4. Агар андозсупоранда ба мақомоти андоз дар бораи бо сабабҳои узрнок имконнопазир будани иштирок дар баррасии маводи санҷиши сайёри андоз хабар диҳад, мақомоти андоз баррасии маводи санҷишро ба муҳлати на зиёда аз 5 рӯз ба таъхир гузошта, дар ин бора андозсупорандаро огоҳ менамояд.
5. Андозсупорандае, ки нисбати ӯ санҷиши сайёри андоз гузаронида шудааст, ҳуқуқ дорад дар ҷараёни баррасии маводи санҷиш шахсан ва (ё) тавассути намояндаи ҳуқуқии худ иштирок намояд.
6. Ҳозир нашудани андозсупорандае, ки нисбати ӯ санҷиши сайёри андоз гузаронида шуда (намояндаи ӯ) оид ба вақт ва ҷойи баррасии маводи санҷиш ба таври зарурӣ огоҳ гардидааст, барои баррасии маводи санҷиши сайёри андоз монеа шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар иштироки ин шахсро мақомоти андоз барои баррасии ин мавод ҳатмӣ эътироф намояд.
7. Пеш аз оғози баррасии маводи санҷиш мақомоти андоз уҳдадор аст:
- шахси ваколатдорро, ки маводи санҷишро баррасӣ менамояд, муайян кунад;
- ҳозиршавии шахсонеро, ки барои иштирок дар баррасӣ даъват шудаанд, таъмин намояд. Бо назардошти ҳолатҳои ҳозир нашудани ин шахсон, мақомоти андоз дар бораи баррасии маводи санҷиши андоз дар вақти набудани ин шахсон ё ба таъхиргузоштани баррасии зикргардида қарор қабул менамояд;
- ваколати иштироки шахсеро, ки нисбати ӯ санҷиши сайёри андоз гузаронида шудааст, санҷад;
- ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсонеро, ки дар расмиёти баррасӣ иштирок мекунанд, муайян кунад ва фаҳмонад.
8. Ҳангоми баррасии маводи санҷиши сайёри андоз метавонад санади санҷиши андоз ва ҳангоми зарурат маводи дигари санҷиши сайёри андоз, инчунин норозигии хаттии шахсе, ки нисбати ӯ санҷиш гузаронида шудааст, хонда шаванд.
9. Мавҷуд набудани норозигии хаттӣ ин шахс (намояндаи ӯ)-ро аз ҳуқуқи додани тавзеҳот дар марҳилаи баррасии маводи санҷиши сайёри андоз маҳрум намекунад.
10. Ҳангоми баррасии маводи санҷиши сайёри андоз далелҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳое, ки қаблан аз шахсе дархост шудаанд, ки нисбати ӯ санҷиш гузаронида шудааст, ҳуҷҷатҳои ҳангоми гузаронидани ин санҷиши андоз ба мақомоти андоз пешниҳодшуда ва ҳуҷҷатҳои дигар, ки мақомоти андоз доранд, мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.
11. Истифодаи далелҳое, ки хилофи муқаррароти Кодекси мазкур гирифта шудаанд, иҷозат дода намешавад.
12. Ҳуҷҷатҳои (маълумотҳои) иловагӣ оид ба фаъолияти андозсупоранда, ҳатто агар онҳо ба мақомоти андоз бо вайронкунии муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод карда шуда бошанд, метавонанд баррасӣ карда шаванд.
13. Ҳангоми баррасии маводи санҷиши сайёри андоз, дар ҳолати зарурат метавонад қарор оид ба ҷалби шоҳид, эксперт ё мутахассис барои иштирок дар ҷараёни ин баррасӣ, қабул карда шавад.
14. Ҳангоми баррасии маводи санҷиши сайёри андоз протокол тартиб дода мешавад.
15. Дар ҷараёни баррасии санади санҷиши сайёри андоз мақомоти андоз муқаррар мекунад:
- оё шахсе, ки нисбати ӯ санади санҷиш тартиб дода шудааст, қонунгузории андозро вайрон кардааст ё не;
- оё вайронкуниҳои ошкоршуда таркиби ҳуқуқвайронкунии андозро ташкил медиҳанд ё не;
- оё барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахс барои ҳуқуқвайронкунии андоз асос мавҷуд аст ё не;
- асоснокии норозигии андозсупоранда.
16. Дар сурати мавҷуд будани таркиби ҳуқуқвайронкунии андоз роҳбари (муовини роҳбари) мақомоти андоз ҳолатҳои истиснокунандаи гуноҳи шахс дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз ё ҳолатҳоеро, ки ҷавобгариро барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз сабук ё вазнинтар мекунанд, муайян менамояд.
17. Новобаста ба муқаррароти қисми 1 ҳамин модда, ҳангоми пайдо шудани зарурати ба даст овардани далелҳои иловагӣ барои тасдиқ намудани далели вайрон кардани қонунгузории андоз ё мавҷуд набудани он, роҳбари (муовини роҳбари) мақомоти андоз ҳуқуқ дорад дар муддати на зиёда аз як моҳ дар бораи гузаронидани чорабиниҳои иловагии назорати андоз қарор қабул кунад.
18. Дар қарор дар бораи таъин намудани чорабиниҳои иловагии назорати андозӣ ҳолатҳое, ки гузаронидани чунин чораҳои иловагиро тақозо мекунанд, ифода ёфта, сана ва шакли мушаххаси гузаронидани онҳо нишон дода мешаванд.
19. Ҳамчун чорабиниҳои иловагии назорати андозӣ мақомоти андоз метавонад мутобиқи моддаҳои 51 ва 52 Кодекси мазкур ҳуҷҷатҳоро (маълумотро) дархост карда гирад, пурсиши шоҳидон ва экспертиза гузаронад.
20. Оғоз ва анҷоми чораҳои иловагии назорати андозӣ, маълумот дар бораи чорабиниҳои иловагии гузаронидаи назорати андозӣ, инчунин, далелҳои иловагии бадастовардашуда барои тасдиқи далели вайрон кардани қонунгузории андоз ё мавҷуд набудани он, хулоса ва таклифу пешниҳодҳои аудиторҳо оид ба рафъи вайронкуниҳои ошкоршуда ва истинод ба моддаҳои Кодекси мазкур, агар барои чунин вайронкунии қонунгузории андоз дар Кодекси мазкур ҷавобгарӣ пешбинӣ шуда бошад, дар илова ба санади санҷиши сайёри андоз сабт карда мешаванд.
21. Илова ба санади санҷиши сайёри андоз бояд аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти андоз, ки чорабиниҳои иловагии назорати андозиро гузарониданд, дар давоми даҳ рӯзи пас аз ба охир расидани чунин чорабиниҳо тартиб дода шуда, имзо карда шавад.
22. Илова ба санади санҷиши сайёри андоз бо замимаи маводе, ки дар натиҷаи чорабиниҳои иловагии назорати андозӣ гирифта шудааст, дар давоми се рӯзи пас аз таҳия намудани ин илова бояд ба шахсе, ки нисбати ӯ санҷиш гузаронида шудааст (намояндаи ӯ), бо имзо ё ба тариқи дигар, ки санаи гирифтани онро тасдиқ менамояд, супорида шавад.
23. Агар шахсе, ки нисбати ӯ санҷиш гузаронида шудааст (намояндаи ӯ) аз гирифтани илова ба санади санҷиши сайёри андоз саркашӣ кунад, далели мазкур дар илова ба санади санҷиши сайёри андоз инъикос карда мешавад. Дар ин ҳолат, илова ба санади санҷиши сайёри андоз тавассути почта бо мактуби фармоишӣ ба маҳалли ҷойгиршавии ташкилот (воҳиди алоҳида) ё маҳалли истиқомати шахси воқеӣ ирсол мегардад ва дар рӯзи панҷум аз санаи фиристодани мактуби фармоишӣ қабулшуда ба ҳисоб меравад.
24. Шахсе, ки нисбати ӯ санҷиши сайёри андоз гузаронида шудааст (намояндаи ӯ) метавонад дар давоми даҳ рӯз аз лаҳзаи гирифтани илова ба санади санҷиш ба мақомоти андоз оид ба чунин илова ба санади санҷиш дар маҷмуъ ё муқаррароти алоҳидаи он норозигии хаттӣ пешниҳод намояд.
Моддаи 62. Қабули қарор оид ба натиҷаи баррасии маводи санҷиши сайёри андоз ва санҷиши амалиётӣ
1. Оид ба натиҷаи баррасии маводи санҷиши сайёри андоз бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 61 Кодекси мазкур роҳбари (муовини роҳбари) мақомоти андоз қарор қабул мекунад (минбаъд - қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз), ки чораҳои зеринро пешбинӣ мекунад:
- ҳисобкунии иловагии андозҳо ва фоизҳо (пеня) ё рад кардани он аз рӯи маводи санҷиши андоз;
- ба ҷавобгарӣ кашидани андозсупоранда барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз ё рад кардани он.
2. Ҳангоми мавҷуд будани аломатҳои таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати андозсупоранда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешавад. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва қабули қарор дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории маъмурӣ баррасӣ карда мешавад.
3. Дар қарор оид ба рад кардани ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунии андоз муқаррарот ва ҳолатҳое, ки барои қабули қарори мазкур асос шудаанд, қайд карда мешаванд.
4. Дар қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз муҳлате, ки дар давоми он шахс ҳуқуқ дорад аз болои ин қарор шикоят намояд ва тартиби муроҷиат ба мақомоти болоии андоз нишон дода мешавад.
5. Агар ҳангоми санҷиши андоз ошкор гардад, ки бо қарори мақомоти андоз маблағи андоз барзиёд баргардонида шудааст, дар қарор оид ба ҳисобкунии иловагии андозҳо маблағи мазкур ҳамчун қарзи андоз аз рӯи ин андоз эътироф карда мешавад. Агар ин маблағи андоз ба андозсупоранда баргардонида шавад, он аз рӯзи воқеан гирифтани маблағ ва дар сурати қабули маблағи андоз барои баҳисобгирӣ, аз рӯзи қабули маблағи андоз барои баҳисобгирӣ ҳамчун қарзи андоз эътироф мегардад.
6. Баъди қабули қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз, роҳбари (муовини роҳбари) мақомоти андоз ҳуқуқ дорад бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи моддаи 121 Кодекси мазкур барои иҷрои ин қарор чораҳо андешад.
7. Баъди ба охир расидани санҷиши амалиётии андоз дар ҳолати ошкор гардидани ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи боби 20 Кодекси мазкур истеҳсолот оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои андоз амалӣ карда мешавад.
Моддаи 63. Эътибор пайдо кардани қарор оид ба натиҷаҳои баррасии маводи санҷиши сайёри андоз
1. Қарор оид ба натиҷаҳои санҷиши сайёри андоз, ки бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 62 Кодекси мазкур қабул шудааст, баъд аз супоридан ба шахсе, ки нисбати ӯ қарор қабул шудааст (намояндаи шахс) эътибор пайдо мекунад.
2. Қарор оид ба натиҷаҳои санҷиши сайёри андоз дар давоми 2 рӯз аз рӯзи қабули он ба шахсе, ки нисбати ӯ қарор қабул карда шудааст (намояндаи шахс), бо гирифтани имзо ё тарзи дигар бо нишон додани санаи қабул ирсол карда мешавад.
3. Агар супоридан ё ба тарзи дигар расонидани қарор бо нишон додани санаи қабули он ғайриимкон бошад, он тавассути мактуби фармоишӣ ба маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ (воҳиди алоҳида) ё маҳалли зисти шахси воқеӣ ирсол мегардад. Ҳангоми ирсоли қарор тавассути мактуби фармоишӣ санаи супоридани он рӯзи панҷум аз санаи ирсоли мактуби фармоишӣ маҳсуб меёбад.
4. Дар сурати шикоят овардан аз болои қарори мақомоти андоз, қарори мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 65 Кодекси мазкур эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 64. Хусусиятҳои иҷрои қарорҳои мақомоти андоз
1. Корманди ваколатдори мақомоти андоз, ки санҷиши андозро гузаронидааст, барои қонунвайронкуниҳои аз ҷониби мақомоти андоз ошкоршуда, ки барои онҳо шахсони воқеӣ ё шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқӣ бояд ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шаванд, дар доираи ваколатҳои худ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тартиб медиҳад.
2. Баррасии парвандаҳо дар бораи ин ҳуқуқвайронкуниҳо ва татбиқи муҷозоти маъмурӣ нисбати шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқие, ки дар содир кардани онҳо гунаҳкоранд, мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат мегирад.
3. Агар мақомоти андоз пас аз қабули қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахси воқеӣ ё шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқӣ барои ҳуқуқвайронкунии андоз маводро ба мақомоти прокуратура фиристад, мақомоти андоз уҳдадор аст, ки иҷрои қарор дар бораи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахси воқеӣ барои ҳуқуқвайронкунии андозро боздорад.
4. Бо пешниҳоди мавод ба мақомоти прокуратура иҷрои қарор дар бораи ситонидани ҷаримаи маъмурӣ аз шахсони дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда муайяншуда боздошта мешавад. Чунин боздошт бо қарори роҳбари (муовини роҳбари) мақомоти андоз на дертар аз рӯзи дигари пас аз ба мақомоти прокуратура пешниҳод шудани мавод сурат мегирад. Дар баробари ин, ситонидани қарзи андоз, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, ба давраи боздоштани иҷрои қарор оид ба ситонидани ин қарзи андоз боздошта мешавад.
5. Агар дар асоси маводи ба мақомоти прокуратура ирсолшуда қарор оид ба рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қарор оид ба қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсони воқеӣ ё шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқӣ қабул шавад, амали қарорҳои боздоштшудаи мақомоти андоз барқарор карда мешавад. Барқарор намудани амал бо қарори роҳбари (муовини роҳбари) мақомоти андоз на дертар аз рӯзи дигари рӯзи гирифтани огоҳинома аз мақомоти прокуратура анҷом дода мешавад. Агар нисбати парвандаи ҷиноятии дахлдор ҳукми сафедкунанда қабул гардад, қоидаи шабеҳ татбиқ карда мешавад.
6. Агар амалҳои (беамалии) шахс, ки барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани ӯ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз асос шудаанд, асос барои баровардани ҳукми айбдоркунанда нисбати ин шахс гарданд, мақомоти андоз қарорро дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани ин шахс барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз бекор мекунад.
7. Мақомоти прокуратура оид ба натиҷаҳои баррасии маводи аз мақомоти андоз гирифташуда, на дертар аз 3 рӯзи пас аз қабули қарори дахлдор, ба мақомоти андоз хабарнома ирсол менамояд.
8. Нусхаи қарорҳои мақомоти андози дар ҳамин модда зикргардида аз ҷониби мақомоти андоз ба шахсе (ба намояндаи ӯ), ки нисбати ӯ қарори дахлдор қабул шудааст, дар давоми 5 рӯз аз рӯзи қабули қарори дахлдор супорида мешаванд.
9. Муқаррароти ҳамин модда нисбат ба шахсоне, ки андозсупоранда, супорандаи пардохтҳо ва (ё) агенти андоз мебошанд, татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 65. Иҷрои қарорҳои мақомоти андоз ҳангоми овардани шикоят
1. Ҳангоми овардани шикояти хаттӣ аз болои қарори мақомоти андоз, ки аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз қабул шудааст, иҷрои он нисбат ба қисми шикоятшуда то баррасии шикоят ва ирсоли огоҳиномаи хаттӣ ба андозсупоранда дар бораи натиҷаҳои шикоят боздошта мешавад. Қисми шикоятнашудаи қарори мақомоти андоз аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз аз санаи қабули чунин қарор эътибор пайдо мекунад.
2. Агар мақомоти болоии андоз қарори мақомоти поёнии андозро дар асоси шикояти андозсупоранда бекор намуда, қарори нав қабул намояд, чунин қарори мақомоти болоии андоз аз санаи қабули он эътибор пайдо мекунад.
3. Агар мақомоти болоии андоз баррасии шикояти андозсупорандаро рад намояд, қарори мақомоти поёнии андоз аз санаи қабули қарори мақомоти болоии андоз дар бораи рад кардани баррасии шикоят, вале на пештар аз анҷом ёфтани муҳлати пешниҳоди шикоят, эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 66. Иҷрои қарорҳои мақомоти андоз
1. Қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз бояд аз рӯзи эътибор пайдо намудани он иҷро карда шавад.
2. Таъмини иҷрои қарори дахлдор ба мақомоти андозе вогузор карда мешавад, ки ин қарорро қабул кардааст.
3. Дар ҳолати баррасии шикоят аз ҷониби мақомоти болоии андоз, қарори ин мақомоти болоии андоз, ки эътибор пайдо кардааст, дар давоми 3 рӯзи пас аз эътибор пайдо намудани он ба мақомоти андозе фиристода мешавад, ки қарори ибтидоиро қабул кардааст.
Моддаи 67. Қабули қарор оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии андоз
1. Дар асоси натиҷаҳои баррасии санад ҳуҷҷатҳо ва маводи ба он замимагардида бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур роҳбари (муовини роҳбари) мақомоти андоз қарор қабул мекунад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
1) ҳисобкунии иловагии андозҳо, фоизҳо (пеня), ҷарима ё рад кардани он;
2) ба ҷавобгарӣ кашидани андозсупоранда барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз ё рад кардани он.
2. Қарори дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида дар давоми 10 рӯзи пас аз баррасии санад қабул карда мешавад.
3. Дар қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахс барои ҳуқуқвайронкунии андоз ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии андоз ифода ёфта, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дигари тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо, далелҳои барои ҳимояи худ овардаи шахси ба ҷавобгарӣ кашидашаванда ва натиҷаи санҷиши ин далелҳо дарҷ мегарданд.
4. Дар қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахс барои ҳуқуқвайронкунии андоз моддаҳои Кодекси мазкур ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин ҳуқуқвайронкуниҳо ва андешидани чораҳои дахлдори ҷавобгариро пешбинӣ мекунанд, дарҷ мегарданд.
5. Дар қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахс барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз муҳлате, ки дар давоми он шахсе, ки нисбати ӯ қарор қабул шудааст, ҳуқуқ дорад аз болои ин қарор шикоят намояд ва тартиби шикоят ба мақомоти болоии андоз дарҷ мегарданд.
6. Аз рӯи вайронкуниҳои ошкоршудаи қонунгузории андоз, ки барои онҳо шахсон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, шахси ваколатдори мақомоти андоз протокол оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад. Баррасии парвандаҳои ин ҳуқуқвайронкуниҳо ва татбиқи муҷозоти маъмурӣ нисбати шахсоне, ки дар содир кардани онҳо гунаҳгоранд, тибқи қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 68. Тартиби муроҷиат дар бораи ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ
1. Баъд аз қабули қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқӣ барои ҳуқуқвайронкунии андоз, мақомоти андоз барои иҷрои маҷбурӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иҷро дар бораи аз ин шахсон ситонидани маблағи муҷозоти молиявии татбиқгардида муроҷиат менамояд. Айнан чунин тартиби ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ дар ҳолатҳое, ки тартиби мурофиаи ғайрисудӣ барои ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ манъ мебошад, татбиқ мегардад.
2. Мақомоти андоз уҳдадор аст дар муҳлати 20 рӯзи тақвимӣ пеш аз муроҷиат ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иҷро, шахсонеро, ки барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, оид ба ихтиёран пардохт кардани маблағи дахлдори муҷозоти молиявӣ дар шакли хаттӣ огоҳ намояд.
3. Ҳангоми зарурат, ҳамзамон, бо пешниҳоди ариза дар бораи ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ нисбати шахсе, ки барои ҳуқуқвайронкунии андоз ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, мақомоти андоз метавонад бо тартиби муқарраргардида оид ба таъмини даъво ба суд дархост пешниҳод кунад.
Моддаи 69. Баррасии парвандаҳо ва иҷрои қарорҳо оид ба ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ
1. Маблағи муҷозоти молиявӣ аз рӯи қарорҳои мақомоти андоз, ки татбиқи муҷозоти молиявиро нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пешбинӣ менамоянд, аз ҷониби мақомоти андоз мустақилона бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 144, 145 ва 152 Кодекси мазкур ситонида мешавад.
2. Парвандаҳо оид ба татбиқи муҷозоти молиявӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда аз ҷониби мақомоти андоз мутобиқи талаботи Кодекси мазкур ва қонунгузории мурофиавӣ баррасӣ ва маблағи муҷозоти молиявӣ ситонида мешавад.
3. Парвандаҳо оид ба ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ бо аризаи мақомоти андоз нисбат ба шахсони воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ нестанд, аз ҷониби суд баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 70. Назорат аз болои мақомоти ваколатдор
Мақоми ваколатдори давлатӣ иҷрои талаботи қонунгузории андозро аз ҷониби мақомоти ваколатдор вобаста ба масъалаҳои баҳисобгирии объектҳои андоз, пардохтҳои андозӣ, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин, дар муҳлатҳои муқарраршуда ба Буҷети давлатӣ гузаронидани онҳоро таҳти назорат қарор медиҳад.
БОБИ 8. МОНИТОРИНГИ АНДОЗӢ
Моддаи 71. Муқаррароти умумии мониторинги андозӣ
1. Мониторинги андозӣ амали ихтиёрии андозсупоранда буда, он дар асоси созишномаи мутақобилаи байни мақомоти андоз ва андозсупоранда бо мақсади пешгирии ҳолатҳои риоя нагардидани қонунгузории андоз гузаронида мешавад.
2. Мониторинги андозӣ нисбат ба андозсупорандае гузаронида мешавад, ки даромади умумии ӯ дар соли гузаштаи ҳисоботӣ зиёда аз 15 000 000 (понздаҳ миллион) сомониро ташкил медиҳад.
3. Мониторинги андозӣ дар асоси дархости андозсупоранда гузаронида шуда, он давраи аз 1 январи соли навбатии ҳисоботӣ оғоз гардида, муҳлати дар созишнома пешбинишударо дар бар мегирад. Давраи гузаронидани мониторинги андозӣ бояд на камтар аз як соли пурраи молиявиро дар бар гирад.
4. Дар давраи мониторинги андозӣ гузаронидани назорати камералӣ, муоинаи хронометражӣ ва санҷиши андозӣ манъ аст.
5. Шахси масъули мақомоти андоз нисбат ба маълумоте, ки аз ҷониби андозсупоранда дар доираи мониторинги андозӣ пешниҳод гардидааст, ҳар моҳ расман хулоса (дар шакли хаттӣ ё электронӣ) пешниҳод менамояд.
6. Нисбат ба андозсупорандае, ки таҳти мониторинги андозӣ қарор дода мешавад, татбиқи ҷаримаҳо барои маблағҳои илова ҳисобшуда амалӣ карда намешавад, агар шахси масъули мақомоти андоз андозсупорандаро оид ба камбудиҳои муайяншуда расман огоҳ накарда бошад.
Моддаи 72. Ҳамкории иттилоотӣ
1. Ҳамкории иттилоотӣ байни мақомоти андоз ва андосупорандае, ки дар мониторинги андозӣ иштирок мекунад, дар асоси созишнома амалӣ карда мешавад.
2. Дар созишнома уҳдадориҳои мутақобилаи андозсупоранда ва мақомоти андоз оид ба пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ ва маълумоте, ки барои амалӣ намудани мониторинги андозӣ ҳатмӣ мебошанд, инчунин, тартиби дастрасии шахси масъули мақомоти андоз ба низоми иттилоотии андозсупоранда муқаррар карда мешаванд.
3. Шакли намунавии созишномаи дар бораи ҳамкории иттилоотии байни мақомоти андоз ва андозсупорандаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ менамояд.
Моддаи 73. Қарор дар бораи гузаронидани мониторинги андозӣ
1. Қарор дар бораи гузаронидани мониторинги андозӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси аризаи андозсупоранда қабул карда мешавад.
2. Шакли ариза дар бораи гузаронидани мониторинги андозӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
3. Ариза барои гузаронидани мониторинги андозӣ бояд аз ҷониби андозсупоранда на дертар аз 1 июли соли қабл аз оғози давраи гузаронидани мониторинги андозӣ пешниҳод карда шавад.
4. Андозсупорандае, ки барои гузаронидани мониторинги андозӣ ариза пешниҳод намудааст, қабл аз қабули қарори мақомоти андоз дар бораи гузаронидан ё рад кардани он, метавонад аризаи худро бозхонд намояд.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ аз рӯи натиҷаҳои баррасии аризаи андозсупоранда то 1 ноябри соле, ки ариза пешниҳод шудааст, дар бораи гузаронидани мониторинги андозӣ ё рад кардани он қарор қабул мекунад.
6. Қарор дар бораи рад кардани гузаронидани мониторинги андозӣ бояд асоснок карда шавад.
7. Асос барои қабули қарори рад кардани гузаронидани мониторинги андозӣ риоя нагардидани муқаррароти пешбининамудаи қисми 2 моддаи 71 Кодекси мазкур мебошад.
8. Қарор дар бораи гузаронидани мониторинги андозӣ ё рад кардани он дар давоми 5 рӯзи пас аз қабули қарор ба аризадиҳанда фиристода мешавад.
Моддаи 74. Тартиби гузаронидани мониторинги андозӣ
1. Мониторинги андозӣ аз ҷониби шахси ваколатдори мақомоти андоз дар доираи уҳдадориҳои хизматии ӯ ва созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ гузаронида мешавад.
2. Ҳангоми гузаронидани мониторинги андозӣ шахси ваколатдори мақомоти андоз ҳуқуқ дорад аз андозсупоранда маълумот, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва тавзеҳот вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ва пардохтҳои ҳатмиро талаб намояд.
3. Маълумот, ҳуҷҷатҳо ва тавзеҳоти дархостшударо андозсупоранда ба таври хаттӣ ё электронӣ пешниҳод менамояд. Тасдиқи нотариалии нусхаи ҳуҷҷатҳои ба шахси ваколатдори мақомоти андоз пешниҳодшаванда ҳатмӣ намебошад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.
4. Дархост дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба андозсупоранда аз ҷониби шахси ваколатдори мақомоти андоз дар шакли электронӣ ирсол карда мешавад.
5. Маълумот, ҳуҷҷатҳо ва тавзеҳот, ки дар ҷараёни гузаронидани мониторинги андозӣ мутобиқи қисми 3 ҳамин модда дархост шудаанд, аз ҷониби андозсупоранда дар давоми 5 рӯз пас аз санаи гирифтани дархост пешниҳод карда мешаванд.
6. Агар дархости шахси ваколатдори мақомоти андоз дар муҳлати муқарраршуда иҷро карда нашавад, андозсупоранда дар бораи имконнопазирии иҷрои он бо нишон додани сабабҳо ва муҳлате, ки ӯ метавонад маълумот, ҳуҷҷатҳо ва тавзеҳоти дархостшударо пешниҳод кунад, шахси ваколатдори мақомоти андозро расман огоҳ менамояд.
7. Агар аз ҷониби шахси ваколатдори мақомоти андоз ҳангоми гузаронидани мониторинги андозӣ ихтилофот ё тафовут байни маълумоти ба мақомоти андоз пешниҳоднамудаи андозсупоранда ошкор гардад, дар чунин ҳолат шахси ваколатдори мақомоти андоз расман андозсупорандаро барои пешниҳод намудани тавзеҳоти зарурӣ ё ислоҳоти дахлдор огоҳ менамояд. Андозсупоранда уҳдадор аст, ки аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома дар давоми 10 рӯз маълумоти ислоҳшуда ва ё тавзеҳоти заруриро пешниҳод намояд.
8. Дар ҷараёни гузаронидани мониторинги андозӣ мақомоти андоз ҳуқуқ надорад ҳуҷҷатҳои қаблан дар шакли нусха ба он пешниҳодшударо такроран талаб намояд.
9. Агар пас аз баррасии тавзеҳоти пешниҳоднамудаи андозсупоранда ихтилофот ё тафовути ошкоршуда ислоҳ нашуда бошад, шахси ваколатдори мақомоти андоз тибқи муқаррароти моддаи 76 Кодекси мазкур дар ин бора хулосаи асоснок тартиб медиҳад.
Моддаи 75. Пеш аз муҳлат қатъ кардани мониторинги андозӣ
1. Мониторинги андозӣ дар ҳолатҳои зерин пеш аз муҳлат қатъ карда мешавад, агар:
1) аз ҷониби андозсупоранда талаботи созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ таъмин нагардад ё иҷро нагардидани он барои гузаронидани мониторинги андозӣ монеъ шуда бошад;
2) маълумоти пешниҳодшуда бо маълумоти расмии дар мақомоти андозӣ мавҷудбуда мутобиқат накунад;
3) андозсупоранда дар ҷараёни гузаронидани мониторинги андозӣ зиёда аз се маротиба ҳуҷҷат (маълумот) ва тавзеҳоти заруриро пешниҳод накунад.
2. Мақомоти андоз дар давоми 10 рӯзи пас аз санаи муайян шудани ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, аммо на дертар аз 1-уми июни соли баъди даврае, ки барои он мониторинги андозӣ гузаронида мешавад, андозсупорандаро дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани мониторинги андозӣ дар шакли хаттӣ огоҳ менамояд.
Моддаи 76. Хулосаи мақомоти андоз
1. Ҳангоми гузаронидани мониторинги андозӣ мақомоти андоз бо дархости андозсупоранда ё ташаббуси худ хулоса тартиб медиҳад.
2. Хулосаи пешниҳодшуда мавқеи мақомоти андозро аз рӯи натиҷаҳои мониторинги андозӣ инъикос менамояд.
3. Шакл ва талаботи тартиб додани хулосаро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд.
4. Хулосаи мақомоти андоз ба андозсупоранда дар давоми 5 рӯз пас аз рӯзи тартиб додани он ирсол карда мешавад.
5. Хулосаи ниҳоии мақомоти андоз аз рӯи натиҷаҳои давраи мониторинги андозӣ дар давоми 3 моҳ, вале на дертар аз 1-уми майи соли пас аз соли ҳисоботӣ тартиб дода мешавад.
6. Дар ҳолати норозӣ будан бо хулосаи пешниҳоднамудаи мақомоти андоз, андозсупоранда дархостро барои баррасии минбаъдаи хулоса ба Шурои ҳалли пешазсудии баҳсҳо ирсол менамояд.
7. Андозсупоранда бояд дар муҳлати на дертар аз 1-уми июни пас аз давраи мониторинги андозӣ тавзеҳоти худро нисбат ба хулосаи пешниҳодгардида ба мақомоти андоз ирсол намояд.
8. Хулосаи асосноки мақомоти андоз бо дархости шахси ҳуқуқӣ дар давоми 15 рӯз аз санаи гирифтани дархост ба ин шахси ҳуқуқӣ фиристода мешавад. Ин муҳлатро мақомоти андоз метавонад барои аз ин шахси ҳуқуқӣ ё шахси дигар дархост намудани ҳуҷҷатҳои (маълумоти) зарурӣ барои омода намудани хулосаи асоснок ба 1 моҳ тамдид намояд.
9. Мақомоти андоз дар давоми 3 рӯз аз рӯзи қабули қарори дахлдор шахси ҳуқуқиро дар шакли хаттӣ дар бораи тамдиди муҳлати пешниҳоди хулосаи асоснок хабардор менамояд.
10. Шахси ҳуқуқӣ мақомоти андозро оид ба розигии худ бо хулосаи асосноки мақомоти андоз, ки ин хулосаи асоснокро тартиб додааст, дар давоми 1 моҳ аз рӯзи гирифтани он бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷрои хулосаи асосноки зикршуда (агар мавҷуд бошанд), огоҳ менамояд.
11. Андозсупоранда хулосаро бо назардошти мавқеи мақомоти андоз, ки дар он дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ (андозӣ) ва ҳисоботи андоз нишон дода шудааст, бо роҳи пешниҳоди ҳисоботи аниқшуда ё бо тартиби дигар ба расмиёт медарорад.
12. Дар сурати норозӣ будани андозсупоранда бо хулосаи мақомоти андоз, андозсупоранда тавзеҳоти расмии худро дар давоми 1 моҳ пас аз рӯзи гирифтани он ба мақомоти андоз пешниҳод менамояд. Мақомоти андозе, ки чунин тавзеҳотро гирифтааст, дар давоми 3 рӯз маводи дахлдорро ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои оғоз намудани расмиёти мусолиҳаи мутақобила ирсол менамояд.
13. Мақомоти андоз дар муҳлати на дертар аз 2 моҳ пас аз санаи ба охир расидани мониторинги андозӣ андозсупорандаро дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) хулосаҳои иҷронашуда, ки ба ин андозсупоранда дар ҷараёни мониторинги андозӣ фиристода шудаанд, хабардор менамояд.
Моддаи 77. Расмиёти мусолиҳаи мутақобила
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ пас аз гирифтани мавод оид ба натиҷаи мониторинги андозии гузаронидашуда, ки тибқи қисми 12 моддаи 76 Кодекси мазкур пешниҳод шудааст, расмиёти мусолиҳаи мутақобиларо оғоз менамояд.
2. Расмиёти мусолиҳаи мутақобила дар мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми 1 моҳ пас аз рӯзи гирифтани мавод оид ба натиҷаи мониторинги андозии гузаронидашуда бо иштироки андозсупоранда (ё намояндаи ӯ) ва мақомоти андоз, ки хулоса тартиб додааст, гузаронида мешавад.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ пас аз анҷоми расмиёти мусолиҳаи мутақобила мавқеи расмии худро бо огоҳинома дар давоми 3 рӯз ба андозсупоранда дар бораи тағйир додани хулоса ё бетағйир гузоштани он ирсол мекунад.
4. Андозсупоранда дар давоми 1 моҳ пас аз гирифтани огоҳиномаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи тағйир додан ё бетағйир мондани хулоса мавқеи худро расман ба мақомоти андоз ва мақоми ваколатдори давлатӣ ирсол менамояд.
5. Дар ҳолати норозӣ будан ба хулосаи ниҳоии мақомоти андоз ва мавқеи дар огоҳинома инъикосёфтаи мақоми ваколатдори давлатӣ, андозсупоранда ҳуқуқ дорад ба Шурои ҳалли пешазсудии баҳсҳо ё мақомоти судӣ муроҷиат намояд.
БОБИ 9. БАҲИСОБГИРИИ АНДОЗСУПОРАНДАГОН ВА
МАХЗАНИ ЯГОНАИ АВТОМАТИКОНИДАШУДАИ БАҲИСОБГИРӢ, НАЗОРАТ ВА МОНИТОРИНГИ
АМАЛИЁТҲОИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА АНДОЗСУПОРАНДА
Моддаи 78. Баҳисобгирии андозсупорандагон
1. Бо мақсади таъмини назорати андоз ҳамаи андозсупорандагон, агентҳои андоз, воҳидҳои алоҳидаи таъсиснамудаи онҳо (филиалҳо, намояндагиҳо, муассисаҳои доимӣ ва ғайра), инчунин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 расидаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бояд дар мақомоти андоз ба ҳисоб гирифта шаванд.
2. Баҳисобгирии андозсупорандагон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- аризаи хаттии андозсупоранда ё намояндаи ваколатдори ӯ;
- иттилооти мақоми ваколатдори давлатӣ ва (ё) мақомоти дигар;
- иттилооти ташкилоти қарзии молиявӣ;
- иттилооти мақомоти ҳудудии андоз.
3. Баҳисобгирии андозсупорандагон дар мақомоти андоз инҳоро дар бар мегирад:
- баҳисобгирии шахси воқеӣ;
- баҳисобгирии шахси ҳуқуқӣ;
- баҳисобгирии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин, муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ;
- баҳисобгирии намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд;
- баҳисобгирии андозсупорандагон ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда тибқи муқаррароти Кодекси мазкур;
- баҳисобгирии андозсупоранда ба сифати андозсупорандаи электронӣ;
- баҳисобгирии андозсупоранда дар маҳалли ҷойгиршавии объекти андозбандӣ.
4. Пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии андозсупорандагонро (минбаъд – Феҳрист) мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси иттилооти электронии баҳисобгирӣ анҷом медиҳад.
5. Пешбурди Феҳрист амалҳои зеринро дар бар мегирад:
- ворид намудани маълумот дар бораи андозсупорандагон;
- тағйир додан ва (ё) илова намудани маълумот дар бораи баҳисобгирии андозсупорандагон;
- хориҷ намудани маълумот дар бораи андозсупорандагон.
6. Ҳуҷҷате, ки ба ҳисоб гузоштани андозсупорандаро дар мақомоти андоз тасдиқ менамояд, шаҳодатнома дар бораи гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда мебошад.
7. Ба ҳисоб гирифтан ва аз ҳисоб баровардани андозсупоранда дар мақомоти андоз ройгон амалӣ карда мешавад.
8. Баҳисобгирии андозсупорандагон дар мақомоти андоз бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) шахси воқеӣ – дар маҳалли истиқомати (бақайдгирии) дар асоси аризаи шахси воқеӣ ё иттилооте, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод мегардад;
2) шахси ҳуқуқӣ – резидент дар маҳалли ҷойгиршавӣ, дар маҳалли ҷойгиршавии воҳидҳои алоҳидаи он, инчунин, дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёти ба ӯ тааллуқдошта;.
3) шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент, ки фаъолияташро тавассути муассисаи доимӣ бе таъсис додани филиал ё намояндагӣ амалӣ менамояд, дар маҳалли дар аризаи баҳисобгирӣ нишондода, аз ҷумла:
а) дар маҳалли бақайдгирии давлатии андозсупоранда, ки ваколатҳои намояндагии доимии ин ғайрирезидентро амалӣ менамояд;
б) дар маҳалли бақайдгирии давлатии андозсупоранда, ки функсияҳои агенти андозро оид ба пардохт намудани андозҳо аз манбаи пардохти даромадҳои ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
4) шахси воқеӣ – ғайрирезидент (аз ҷумла шахси бешаҳрванд) дар маҳалли муваққатии истиқомат (ё будубош) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар варақаи муҳоҷирати ӯ нишон дода шудааст. Агар тибқи муқаррароти созишномаҳои байналмилалии андоз мавҷудияти варақаи муҳоҷиратӣ пешбинӣ нашуда бошад, пас маҳалли будубоши шахси воқеӣ – ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалле эътироф мешавад, ки дар аризаи ба мақомоти андоз пешниҳодшуда дарҷ гардидааст;
5) шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла ғайрирезиденте, ки фаъолияташ мутобиқи сархати чоруми қисми 3 моддаи 17 Кодекси мазкур ҳамчун муассисаи доимии шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент баррасӣ карда мешавад, уҳдадор аст дар давоми 10 рӯзи корӣ аз санаи ба имзо расонидани шартномаи дахлдор бо шарики худ ё дар давоми 10 рӯзи корӣ аз санаи амалан оғоз намудани чунин фаъолият бо мақсади ба шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент додани рақами мушаххаси андозсупоранда, ба мақомоти андоз дар бораи ба ҳисоб гузоштани шарикаш - шахси ҳуқуқӣ - ғайрирезидент ариза пешниҳод намояд;
6) санаи оғози фаъолияти ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯзҳои зерин эътироф мешавад:
а) санаи бастани шартнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои харид ва фурӯши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), амалӣ намудани фаъолияти муштарак (иштирок дар рафоқати одӣ) ва додани ваколат ба шахси дигар барои аз номи ӯ анҷом додани амалҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) санаи бастани шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи дигари дорои хусусияти граждании ҳуқуқӣ бо шахси воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) санаи бастани шартномаи харидуфурӯш ё иҷораи молу мулк барои кушодани идора (дафтари корӣ);
г) дар ҳолати мавҷуд будани якчанд шартнома, санаи фаъолияти ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи бастани шартномаи аввалин ба ҳисоб меравад.
7) намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо дар асоси ариза ва (ё) маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
9. Ба ҳисоб гузоштани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - ғайрирезидентҳо, ки фаъолияташонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсис додани филиал ва (ё) намояндагӣ амалӣ менамоянд, асос барои аз ҷониби онҳо мустақилона пардохт намудани андозҳо шуда наметавонад, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
10. Мақомоти андоз ба Феҳрист маълумоти зеринро ворид менамоянд:
- дар бораи шахси воқеӣ, аз ҷумла шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд - оид ба маҳалли истиқомат ва (ё) будубоши муваққатии ӯ;
- дар бораи шахси ҳуқуқӣ - резидент, филиал ва намояндагии он, филиал ва (ё) намояндагии шахси ҳуқуқии ғайрирезидент – оид ба маҳалли ҷойгиршавии онҳо;
- дар бораи шахси ҳуқуқӣ - ғайрирезиденте, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ бе таъсис додани филиал ва (ё) намояндагӣ амалӣ менамояд, – оид ба маҳалли агенти вобаста – шахсе, ки функсияҳои муассисаи доимии ғайрирезидентро амалӣ менамояд;
- дар бораи шахси воқеӣ ва ҳуқуқии ғайрирезиденте, ки коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок, молу мулки ғайриманқулро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мехарад (мефурӯшад), - оид ба маҳалли ҷойгиршавии ин молу мулк ва (ё) резиденте, ки ваколати пешбурди Феҳристи соҳибони коғазҳои қиматнок ва (ё) ҳиссаи иштироки зикргардидаи резидентро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта, коғазҳои қиматнок, ҳиссаи иштирок ва (ё) молу мулки ғайриманқулро мехарад (мефурӯшад);
- дар бораи намояндагии дипломатӣ ва намояндагии ба он баробаркардашудаи давлати хориҷӣ, ташкилоти байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда – оид ба маҳалли ҷойгиршавии онҳо;
- дар бораи ғайрирезиденте, ки фаъолияташро бе таъсис додани филиал ва намояндагӣ тавассути муассисаи доимӣ амалӣ менамояд – оид ба маҳалли бақайдгирии шахсе, ки ваколатҳои муассисаи доимии ғайрирезидентро амалӣ менамояд;
- дар бораи ғайрирезиденте, ки дар ташкилотҳои қарзии молиявии резидентӣ суратҳисоб мекушояд – оид ба маҳалли ҷойгиршавии ташкилоти қарзии молиявӣ - резидент (агенти андоз);
- дар бораи шахси воқеие, ки ба синни 16 нарасидааст – оид ба маҳалли истиқомат ва намояндаи қонунӣ ё ваколатдори ин шахс;
- дар бораи воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва дигар воситаҳои нақлиёт - оид ба маҳалли ҷойгиршавии соҳибмулк;
- дар бораи молу мулки ғайриманқул, қитъаҳои замин – оид ба маҳалли воқеии ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул, соҳибмулк, қитъаи замин ва дорандаи ҳуқуқи истифодаи замин.
11. Ба Феҳрист маълумот оид ба шахсоне, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз қайди давлатӣ гузаштаанд, ворид карда мешавад.
12. Баҳисобгирии шахсони ҳуқуқии дигар, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷие, ки дар қисми 9 ҳамин модда пешбинӣ нашудаанд, дар асоси аризаи онҳо дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии онҳо дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ анҷом дода мешавад.
13. Ариза дар бораи тағйир додани маълумот дар бораи бақайдгирии шахсоне, ки дар қисми 9 ҳамин модда пешбинӣ нашудаанд, ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии онҳо дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ пешниҳод карда мешавад.
14. Дар ҳолати фавт ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ, инчунин, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ ё қатъи фаъолияти шахсоне, ки дар қисми 13 ҳамин модда пешбинӣ нашудаанд, хориҷ намудани онҳо аз Феҳрист аз ҷониби мақомоти дахлдори андоз анҷом дода мешавад.
15. Баҳисобгирии молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳои андозбандӣ дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо дар асоси маълумоти дар реҷаи онлайн пешниҳоднамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ва молу мулки ғайриманқул амалӣ карда мешавад.
16. Дар сурати барои андозсупоранда ба вуҷуд омадани мушкилиҳои вобаста ба муайян намудани маҳалли ба ҳисоб гузоштан, дар асоси иттилооти пешниҳоднамудаи ӯ мақомоти андози маҳалли истиқомати шахси воқеӣ ё маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда – шахси ҳуқуқӣ қарори дахлдор қабул менамоянд.
17. Мақомоти андоз дар асоси далелҳо ва маълумоти дар ихтиёрдоштаашон, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ба онҳо пешниҳод шудаанд, инчунин, маълумоти ба онҳо дастрасшуда, ки барои мақсадҳои баҳисобгирӣ зарур ва кифоя мебошад, мустақилона (то лаҳзаи аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод намудани ариза) баҳисобгирии андозсупорандагонро дар мақомоти андоз таъмин менамоянд.
18. Дар мақомоти андоз баҳисобгирии шахсони воқеӣ дар давоми як рӯзи корӣ, баҳисобгирии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин, ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ё қайди баҳисобгирии филиалу намояндагиҳои онҳо ва иттиҳодияҳои динӣ дар давоми ду рӯзи корӣ амалӣ карда мешавад.
19. Фаъолият бидуни баҳисобгирӣ ба сифати андозсупоранда дар мақомоти андоз метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидан асос шавад.
20. Шахсони хориҷие, ки мустақиман ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои фосилавиро (электрониро) анҷом медиҳанд, дар асоси пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳои дигари аз рӯи шакли тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гузошта (аз ҳисоб бароварда) мешаванд. Ариза дар бораи ба ҳисоб гирифтан (аз ҳисоб баровардан) аз ҷониби шахсони хориҷӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз (қатъ) намудани хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 79. Рақами мушаххаси андозсупоранда
1. Ба ҳар андозсупоранда - шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, филиал ва (ё) намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ҳангоми баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз ба сифати андозсупоранда рақами мушаххаси андозсупоранда дода мешавад. Инчунин, ҳангоми бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва (ё) намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар баробари додани рақами ягонаи мушаххаси бақайдгирии давлатӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда низ дода мешавад. Расмиёти баҳисобгирӣ, пешниҳоди рақами ягонаи мушаххас, рақами мушаххаси андозсупоранда ва шаҳодатнома ройгон анҷом дода мешавад.
2. Рақами мушаххаси андозсупоранда, ки ба шахси воқеӣ –шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, дар шиносномаи ин шахси воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори дахлдори давлатӣ сабт карда мешавад.
3. Рақами мушаххас ба андозсупоранда танҳо як маротиба дода шуда, тағйир дода намешавад ва наметавонад ба андозсупорандаи дигар (ҳама гуна шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ), ҳатто, дар ҳолати барҳам дода шудани ҳамин андозсупоранда – шахси ҳуқуқӣ (воҳиди алоҳидаи он), қатъ гардидани фаъолияти филиали (намояндагии) шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё вафоти андозсупоранда – шахси воқеӣ дода шавад.
4. Мақомоти дахлдори андоз ба шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда медиҳад. Дар сурати мавҷуд будани воҳидҳои алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ, дигар объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои марбут ба андозбандӣ ба шахсони зикргардида, инчунин, рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан муқаррар карда мешаванд. Ин гуна рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан, инчунин, ба муассисаи доимии ғайрирезиденте, ки фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе филиал (намояндагӣ) ё агентҳои ваколатдорнамудаи худ анҷом медиҳад, муқаррар карда мешаванд.
5. Шахсони воқеӣ - резидентони то синни 16 Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ихтиёран ва шахсоне, ки ба синни 16 расидаанд, уҳдадоранд барои гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда ба мақомоти андоз муроҷиат намоянд.
6. Новобаста ба муқаррароти дигари Кодекси мазкур, шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ - ғайрирезиденте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон объекти андозбандӣ дорад, бо пешниҳоди ариза аз лаҳзаи ба миён омадани уҳдадорӣ оид ба пардохти андозҳо дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шуда, бо рақами мушаххаси андозсупоранда таъмин карда мешавад.
7. Андозсупорандагон уҳдадоранд рақами мушаххаси худро дар ҳисоботи андозӣ, мукотибот бо мақомоти андоз, гумрук ё молия, дар муносибатҳои мутақобила бо дигар мақомоти ваколатдор, дар эъломияҳои гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, харҷномаҳо, чекҳои дастгоҳҳои назоратӣ - хазинавӣ, ҳуҷҷатҳои корӣ, шартномаҳо, бланкҳо ва муҳрҳо нишон диҳанд.
8. Анҷом додани амалиётҳои нотариалӣ, аз ҷумла амалиёт бо молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт, ки барои онҳо ситонидани боҷи давлатӣ пешбинӣ шудааст, инчунин, додани иҷозатномаҳо, иҷозатҳо ва шаҳодатномаҳои бақайдгирии ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, ба кор қабул намудан, кушодани суратҳисоби бонкӣ ва ё воситаи дигари ҳисоботи молиявӣ, маблағгузаронӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, насия додани молҳо (бо пардохти арзиши онҳо аз рӯи муҳлатҳо), додани қарз аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ба истиснои амалиёти воридот ва хароҷот аз рӯи ҳисобҳои амонатии (пасандозии) шахсони воқеӣ ва барасмиятдарории амалиётҳои иқтисодии хориҷӣ бе пешниҳоди рақами мушаххаси андозсупоранда манъ аст.
9. Қоидаҳои баҳисобгирӣ, додани рақами мушаххаси андозсупоранда, рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан, инчунин, қоидаҳои тайёр намудани муҳрҳо, гузоштани муҳрҳо ва ба расмият даровардани сабти рақами мушаххаси андозсупоранда дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 80. Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз
1. Назорат ва мониторинги амалиётҳо байни андозсупоранда ва мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз оид ба баҳисобгирӣ, назорат ва мониторинги амалиёти мақомоти давлатӣ ва андозсупоранда (минбаъд – Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз) дар реҷаи мустақим (онлайн) амалӣ карда мешавад.
2. Маълумот дар бораи амалиётҳои байни андозсупоранда ва мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо анҷомдодашуда ба таври автоматӣ дар реҷаи мустақим (онлайн) ба Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз ворид карда мешавад.
3. Маълумоти ба Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз воридшуда махфӣ буда, риояи махфӣ нигоҳ доштани он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таъмин карда мешавад.
4. Пешбурди Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар ҳамгироӣ бо портали интернетии «ҳукумати электронӣ» мутобиқи қонунгузории хизматрасониҳои давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 81. Уҳдадории мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо мақоми ваколатдори давлатӣ ҷиҳати пешниҳоди иттилоот ба Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз
1. Мақомоти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳо уҳдадоранд дар доираи шартнома ба Системаи ҳамгироии иттилоотии андоз иттилооти зеринро дар реҷаи мустақим (онлайн) пешниҳод намоянд:
1) оид ба амалиётҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ аз ҷониби мақомоти бақайдгирии давлатӣ;
2) оид ба истифодаи имтиёзҳои андозӣ;
3) оид ба додани шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла ҳангоми иваз намудани насаб ва номи шаҳрванд, бар ивази шиносномаҳои гумшуда, муҳлати амалашон баохиррасида ва шиносномаҳои бекоршуда аз ҷониби мақомоти дахлдор;
4) оид ба бақайдгирии (азнавбақайдгирии) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул, объектҳои андозбандӣ ва аҳдҳои ба онҳо вобаста, инчунин, оид ба соҳибмулкони онҳо;
5) оид ба доштани иҷозат, иҷозатнома, шаҳодатнома ва ҳуҷҷатҳои дигари шабеҳ ва бозхонд кардан, боздоштан ё қатъи амали онҳо;
6) дар бораи аккредитатсияи (қатъи амали аккредитатсияи) намояндагиҳои шахсони хориҷӣ;
7) дар бораи намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматии хориҷӣ, аз ҷумла ворид намудани сабти дахлдор ба Феҳристи намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматии хориҷӣ;
8) дар бораи шартномаи харидуфурӯши молу мулки ғайриманқул, шартномаҳои иҷораи молу мулк ва андозаи иҷора, оид ба додани шаҳодатномаи мерос ва туҳфаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда, оид ба шартномаҳои туҳфа, ки дар онҳо дараҷаи хешутабории байни туҳфадиҳанда ва туҳфагиранда муайян шудааст;
9) дар бораи бақайдгирии (азнавбақайдгирии) воситаҳои нақлиёт ва соҳибони онҳо;
10) дар бораи бақайдгирии (азнавбақайдгирии) ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин, ташкилотҳои ҷамъиятии (ғайритиҷоратӣ ва ғайриҳукуматии) давлатҳои хориҷӣ ва иттиҳодияҳои динӣ;
11) дар бораи баҳисобгирӣ ва (ё) бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин ва таъиноти замин барои истифодабарӣ;
12) дар бораи бақайдгирии муҳоҷирон, шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд;
13) дар бораи амалиёт бо саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ;
14) дар бораи амалиётҳои воридотию содиротӣ, интиқолии (транзитии) мол тавассути сарҳади гумрукӣ, инчунин, дар бораи муваққатан нигоҳ доштани мол дар анборҳои гумрукӣ;
15) дар бораи нигоҳ доштани мол аз ҷониби ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анборҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
16) дар бораи аҳдҳо дар биржаи фондии коғазҳои қиматнок;
17) дар бораи хариди давлатии мол (кор ва хизматрасонӣ).
2. Маълумоти дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида аз ҷониби мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо ба мақомоти андоз ройгон дар реҷаи мустақим (онлайн) пешниҳод карда мешавад. Дар ҳолати набудани заминаи техникии ирсоли маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ, дар шакли коғазӣ ва электронӣ (тавассути почтаи электронӣ) ирсол карда мешавад.
3. Маълумоти дигари дар қисми 1 ҳамин модда зикрнагардида аз ҷониби мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо дар асоси дархости мақомоти андоз то санаи 15-уми моҳи баъди моҳи ҳисоботӣ пешниҳод мегардад.
4. Барои пешниҳод намудани маълумоти дар қисмҳои 1 ва 3 ҳамин модда пешбинишуда, шахсони мансабдори мақомоти дахлдори давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳо масъулияти бевосита доранд.
БОБИ 10. ИДОРАКУНИИ ХАВФҲО
Моддаи 82. Низоми идоракунии хавфҳо
1. Низоми идоракунии хавфҳо - маҷмуи қоидаҳо, ҳуҷҷатҳо ва чораҳо оид ба ошкор намудан, арзёбии хавф, вокуниш ба хавфҳо, инчунин, мониторинг ва назорати сатҳи онҳо мебошад, ки аз ҷониби мақомоти андоз бо мақсади ошкор, пешгирӣ намудани хавфи вайронкунии қонунгузории андоз ва ҳавасмандгардонии андозсупорандагони бомасъулият тибқи Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад. Дар асоси натиҷаҳои баҳодиҳии хавфҳо мақомоти андоз шакли дахлдори назорати андозиро амалӣ менамоянд.
2. Хавф - эҳтимолияти пурра ё қисман иҷро нагардидани уҳдадориҳои андоз аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз), ки метавонад боиси ворид нашудани маблағҳо ба Буҷети давлатӣ гардад.
3. Низоми идоракунии хавфҳо аз ҷониби мақомоти андоз бо мақсади пешгирии ҳолатҳои зерин татбиқ карда мешавад:
1) кам гардидани воридоти андоз ба Буҷети давлатӣ;
2) коҳишёбии манбаъҳои андозбандӣ дар натиҷаи кам шудани ҳаҷми соҳибкории ватанию хориҷӣ ва сармоягузорӣ;
3) ба иқтисоди пинҳонӣ гузаштани андозсупорандагон;
4) коҳишёбии рақобатпазирии низоми андози миллӣ.
Моддаи 83. Меъёрҳои арзёбии дараҷаи хавф
1. Меъёрҳои арзёбии дараҷаи хавфро мақоми ваколатдори давлатӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи дастгирии соҳибкорӣ таҳия менамояд, ки тибқи онҳо дараҷаи хавфи фаъолияти андозсупоранда аз рӯи барномаи махсус арзёбӣ карда мешавад.
2. Дараҷаи хавф барои андозсупорандагон, аз ҷумла барои соҳибкорони хурд, миёна ва калон, аз рӯи арзёбии дараҷаҳои ҷудогонаи хавф ҳамчун баланд, миёна ва паст муайян карда мешавад.
3. Гурӯҳи андозсупорандагони дорои хавфи баланд набояд аз 10 фоизи шумораи умумии андозсупорандагоне, ки дар онҳо хавф ҷой дорад, зиёд бошад.
4. Ҳангоми дар дараҷаи хавфи баланд қарор гирифтани андозсупоранда мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин хусус ва дар бораи роҳҳои бартараф намудани ҳолати бамиёномада тавассути ҳуҷраи шахсӣ ба чунин андозсупоранда маълумот ирсол менамояд.
Моддаи 84. Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии санҷишҳои андоз
1. Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии санҷишҳои андоз бо мақсади идоракунии босамари раванди назорат ва санҷишҳои андоз ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти андоз дар ин самт аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил ва пеш бурда мешавад.
2. Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии санҷишҳои андоз аз қисмҳои зерин иборат мебошад:
- низоми арзёбӣ ва идоракунии хавфҳо, ки асоси банақшагирии санҷишҳо мебошад;
- нақшаҳои ҳарсолаи санҷишҳои андоз;
- маълумот дар бораи натиҷаҳои ҳар санҷиши гузаронидашуда;
- механизми робитаи баръакс бо андозсупоранда аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз;
- маълумот дар бораи андозсупорандагони бемасъулият;
- омори қонунвайронкуниҳои андоз аз ҷониби андозсупорандагон.
3. Фармоиш, огоҳинома ва қарорҳо дар бораи гузаронидани санҷишҳо, санадҳои санҷиш ва қарорҳои аз рӯи натиҷаҳои санҷишҳо қабулшуда дар Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии санҷишҳои андоз ба қайд гирифта мешаванд. Санҷишҳо наметавонанд бе бақайдгирии фармоиш оид ба санҷишҳо дар Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии санҷишҳои андозӣ гузаронида шаванд.
4. Иттилоот аз Системаи ягонаи иттилоотии назорати андозӣ бо реҷаи мустақим (онлайн) ба Системаи ягонаи идоракунии санҷишҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи реҷаи махфият ирсол мегардад.
БОБИ 11. ИСТИФОДАИ ДАСТГОҲҲОИ НАЗОРАТӢ-ХАЗИНАВӢ
Моддаи 85. Истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ
1. Ҳама гуна муомилоти пулӣ ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули нақд, кортҳои пардохти бонкӣ ва шаклҳои дигари пардохти электронӣ бо истифодаи ҳатмии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ анҷом дода мешавад.
2. Ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ риояи талаботи зерин ҳатмӣ мебошад:
- бақайдгирии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ дар мақомоти андози маҳалли фаъолияти андозсупоранда то оғози фаъолият;
- додани чеки назоратӣ-хазинавӣ барои ҳар як амалиёт;
- пайвастшавӣ бо барномаҳои электронии муҳосибӣ.
3. Чеки назоратӣ-хазинавӣ бояд дорои маълумоти зерин бошад:
- номи шахси ҳуқуқӣ ё насаб, ном ва номи падари соҳибкори инфиродӣ;
- рақами мушаххаси андозсупоранда;
- рақами силсилавии дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ;
- рақами бақайдгирии дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ;
- рақами тартибии чеки назоратӣ-хазинавӣ;
- сана ва вақти додани чеки назоратӣ-хазинавӣ;
- номгӯи мол (кор, хизматрасонӣ), воҳиди ченак, миқдор, нарх, маблағ вобаста ба ҳар мол (кор, хизматрасонӣ), маблағи андоз аз арзиши иловашуда бо назардошти меъёри фарқкунанда ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ, тахфифҳо ва маблағи умумии харид;
- рамзхати чеки назоратӣ-хазинавӣ;
- аломати фискалии дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ.
4. Чеки назоратӣ-хазинавие, ки дар нуқтаҳои мубодилаи асъор, қабули оҳанпора, зарфҳои шишагӣ, ломбардҳо дода мешавад, маълумоти иловагӣ дар бораи маблағи фурӯш ва харидро дар бар мегирад.
5. Муқаррароти ҳамин модда, нисбати ҳисоббаробаркуниҳои пулии шахсони зерин татбиқ намегардад:
1) андозсупорандагон дар мавриди хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо додани ҳуҷҷатҳои ба ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъӣ баробаркардашуда, аз ҷумла расидҳо (квитансия), билетҳо, талонҳо, аломатҳои пардохти почтавӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар, ки шакли онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ менамояд;
2) фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ;
3) супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ ҳангоми фурӯши маҳсулоти истеҳсоли худӣ;
4) соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатномаи бо шартҳои махсус дар ҷойҳои ғайристатсионарӣ фаъолият менамоянд;
5) соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд.
6. Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
7. Андозсупоранда метавонад хазинаи виртуалиро, ки имконияти интиқоли маълумотро ба Системаи ягонаи иттилоотии андоз дорад, истифода намояд.
8. Мақоми ваколатдори давлатӣ якҷоя бо мақомоти давлатии дигар Феҳристи давлатии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавиро, ки барои истифодаи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, тасдиқ менамоянд.
9. Истифодаи дастгоҳҳои нуқтаи фурӯши мол (кор ва хизматрасонӣ) ва терминалҳои пардохтӣ бе хотираи фискалӣ ва функсияҳои интиқоли маълумот манъ аст.
10. Андозсупоранда метавонад дар як вақт дастгоҳи назорати хазинавиро, ки тавассути модули мушаххассозии муштарӣ (СИМ-корт) фаъолият намуда, дорои функсияи қабули кортҳои пластикии бонкӣ (ҳисоботи ғайринақдӣ), рамзи эътинои фаврӣ (рамзҳои QR) ва усулҳои дигари ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад, инчунин, функсияҳои муҳосиби электрониро дар реҷаи автоматӣ иҷро мекунад, истифода намояд.
Моддаи 86. Назорати риояи тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ
1. Назорати риояи тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ аз ҷониби мақомоти андоз аз рӯи самтҳои зерин анҷом дода мешавад:
- истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ;
- маълумоти дар блок ва ё хотираи фискалии дастгоҳҳои назоратӣ–хазинавӣ мавҷудбуда;
- бақайдгирии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ.
2. Хариди назоратӣ аз ҷониби мақомоти андоз бе маҳдудияти даврияти он танҳо барои назорати истифодабарии дастгоҳҳои назоратӣ–хазинавӣ ва ба харидорон додани чекҳои назоратӣ-хазинавӣ дар шакли коғазӣ ва ё электронӣ гузаронида мешавад. Тартиби гузаронидани хариди назоратиро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
БОБИ 12. ОГОҲИНОМА ВА ТАВЗЕҲОТ
ОИД БА ИҶРОИ УҲДАДОРИИ АНДОЗ
Моддаи 87. Огоҳиномаи мақомоти андоз
1. Огоҳинома хабари аз ҷониби мақомоти андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) дар шакли хаттӣ ё электронӣ фиристодашуда эътироф карда мешавад.
2. Огоҳиномаҳо ба андозсупоранда (агенти андоз) аз ҷониби мақомоти андоз дар бораи маълумоти зерин фиристода мешаванд:
- маблағи ҳисобкардаи мақомоти андоз;
- натиҷаҳои назорати камералӣ;
- пешниҳод нагардидани ҳисоботи андоз;
- пардохт намудани қарзи андоз;
- бартараф намудани қонунвайронкуниҳои андоз;
- ба Номгӯи андозсупорандагони бемасъулият дохил гардидани андозсупоранда бо дарҷи асосҳо ва талаби бартараф намудани қонунвайронкунии ошкоршуда.
3. Агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, дар огоҳинома маълумоти зерин нишон дода мешавад:
- рақами мушаххаси андозсупоранда;
- насаб, ном, номи падар ё номи пурраи андозсупоранда;
- ном ва суроғаи мақомоти андоз;
- санаи бақайдгирии огоҳинома;
- асос барои фиристодани огоҳинома;
- муҳтавои огоҳинома;
- муҳлати иҷрои огоҳинома;
- тартиби пешниҳоди шикоят.
4. Огоҳинома ба андозсупоранда (агенти андоз) дар шакли электронӣ ё коғазӣ ирсол карда мешавад.
Моддаи 88. Тафсири расмии Кодекси мазкур ва тавзеҳот оид ба иҷрои уҳдадории андозӣ
1. Тафсири расмии Кодекси мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
2. Тавзеҳоти хаттӣ оид ба иҷрои уҳдадории андозӣ ба андозсупорандаи мушаххас тибқи дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати иҷрои Кодекси мазкур қабул шудаанд, аз ҷониби роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
3. Тавзеҳоти хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ дар сурате ба дархости хаттии андозсупоранда асос меёбад, ки агар андозсупоранда хусусияти тамоми ҷанбаҳои амалиёти (шартномаи) хоҷагидории марбут ба андозбандӣ ва унсурҳои андозро, ки ба ӯ ба таври иловагӣ тавзеҳ дода мешаванд, пурра ва дуруст инъикос намуда бошад.
4. Тавзеҳот оид ба масъалаҳое, ки нисбати онҳо андозсупорандагон бештар муроҷиат менамоянд, бо тартиби муқарраргардида дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешавад.
ФАСЛИ III. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲӢ
БОБИ 13. БАҲИСОБГИРИИ АНДОЗӢ ВА
ҲИСОБОТДИҲИИ АНДОЗӢ
Моддаи 89. Тартибдиҳӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ
1. Баҳисобгирии андозӣ – ҷараёни пешбурди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ аз ҷониби андозсупоранда тибқи талаботи Кодекси мазкур бо мақсади мураттаб намудани маълумот дар бораи объектҳои андозбандӣ, ҳисоб кардани андозҳо ва тартиб додани ҳисоботи андозӣ мебошад.
2. Ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ аз ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва ҳисоботи андозӣ иборат мебошанд.
3. Андозсупоранда уҳдадор аст пешбурди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи андозиро ба забони давлатӣ анҷом диҳад.
4. Андозсупорандагон уҳдадоранд пешбурди ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро мутобиқи қонунгузории муҳосибӣ, санадҳои меъёрии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия, мақоми ваколатдори давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ намоянд.
5. Дар ҷараёни санҷиши андоз бо дархости мақомоти андоз андозсупоранда уҳдадор аст нусхаи коғазии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии дар шакли электронӣ таҳияшударо пешниҳод намояд.
6. Андозсупорандагон уҳдадоранд ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми муҳлати даъво нигоҳ доранд. Агар санҷиши андоз ё шикоят аз болои уҳдадории андозӣ то ба охир расидани муҳлати даъво оғоз шавад, андозсупорандагон бояд ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро то анҷом ёфтани санҷиш ва расмиёти мурофиаи шикоятӣ нигоҳ доранд.
7. Ғайрирезиденте, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи муассисаи доимӣ бе таъсис додани филиал ё намояндагӣ амалӣ менамояд, уҳдадор аст ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро дар маҳалли ҷойгиршавии дафтари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар ҳолати надоштани дафтари корӣ – дар дафтари кории агенти андози ҳамин ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дорад.
8. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ уҳдадорӣ оид ба нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба вориси ҳуқуқии он вогузор карда мешавад.
9. Ҳангоми барҳамдиҳӣ ва ё шакли дигари қатъи фаъолияти шахси ҳуқуқӣ ҳамаи идоракунандагон, шарикон ва саҳмдорони назораткунандаи ин шахси ҳуқуқӣ бояд нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро дар давоми муҳлати мувофиқ ба муҳлати даъво бо назардошти талаботи қисми 5 ҳамин модда таъмин намоянд. Ҳангоми барҳамдиҳӣ ва ё шакли дигари қатъи фаъолияти шахси ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои зикршуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба бойгонии давлатӣ супорида мешаванд.
Моддаи 90. Қоидаҳои умумии баҳисобгирии андозӣ
1. Андозсупоранда уҳдадор аст баҳисобгирии даромаду хароҷоти худро дар асоси маълумоти бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда барои давраҳои ҳисоботии дахлдор бо истифода аз усули баҳисобгирии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба роҳ монад.
2. Андозсупоранда баҳисобгирии андозиро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бо усули хазинавӣ ё усули ҳисобу замкунӣ амалӣ менамояд.
3. Андозсупоранда уҳдадор аст баҳисобгирии ҳамаи амалиётҳои марбут ба фаъолияташро, ки барои муайян кардани оғоз, ҷараён ва анҷоми он имконият медиҳад, таъмин намояд.
4. Андозсупорандагоне, ки дар як вақт намудҳои гуногуни фаъолиятро амалӣ менамоянд ва барои онҳо дар Кодекси мазкур шартҳо ва низомҳои гуногуни андозбандӣ муқаррар гардидааст, уҳдадоранд баҳисобгирии ҷудогонаи объектҳои андозбандиро дар асоси нишондиҳандаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, аз рӯи чунин шартҳо ва низомҳо анҷом диҳанд.
5. Амалиётҳои мубодила, пардохт тавассути додани мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) ва ба гаравгир додани ашёи гарав дар ҳолати иҷро накардани уҳдадории бо гарав таъминшуда барои мақсадҳои андозбандӣ ҳамчун фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) эътироф мешаванд.
6. Барои мақсадҳои андозбандӣ ҳама гуна амалиёт бо асъор дар рӯзи анҷом додани амалиёт бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад. Бо иҷозати пешакии хаттии мақомоти андоз андозсупоранда ҳуқуқ дорад даромади андозбандишаванда ва хароҷоти марбут ба онро бо пули миллӣ аз рӯи қурби миёнаи Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи андоз ҳисоб намояд.
7. Қурби асъорие, ки нисбат ба он қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар нашудааст, дар асоси қурби асъори марбута нисбат ба доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (минбаъд - ИМА) муайян ва ҳисоб карда мешавад.
8. Шахсе, ки бо асъори функсионалӣ даромад ба даст меорад ва хароҷот анҷом медиҳад, метавонад дар бораи ҳисобкунии ин маблағҳо бо асъори функсионалӣ қарор қабул намояд. Шахс метавонад истифодаи асъори функсионалиро танҳо дар сурати риоя шудани ҳар ду шарти зерин интихоб кунад, агар:
- асъори функсионалӣ - асъори функсионалии тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
- шахс ҳисоботи молиявии худро бо асъори функсионалӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ тартиб диҳад.
9. Мутобиқи қисми 8 ҳамин модда шахс уҳдадор аст, ки ба мақомоти андоз то санаи пешниҳоди эъломияи андози давраи ҳисоботӣ барои қабули қарор дар бораи истифодаи асъори функсионалӣ дар давраи ҳисоботӣ ариза пешниҳод намояд. Қарори дар бораи истифодаи асъори функсионалӣ қабулшуда то лаҳзае амал мекунад, ки шахс шартҳои қисми 8 ҳамин моддаро иҷро накунад ё истифодаи асъори функсионалиро бо иҷозати мақомоти андоз қатъ накунад.
10. Шахсе, ки асъори функсионалиро интихоб кардааст, ҳангоми гирифтани даромад ё анҷом додани хароҷоте, ки бо асъори функсионалӣ ифода карда нашудааст (аз ҷумла даромад ва хароҷот бо сомонӣ нишон дода шудааст), бояд дар асоси меъёри қурби дар ҳисоботи молиявии андозсупоранда истифодашаванда ба асъори функсионалӣ гузаронад.
11. Шахсе, ки истифодаи асъори функсионалиро барои давраи ҳисоботӣ интихоб мекунад, бояд даромади андозбандишаванда ва андози пардохтшавандаи ин давраро бо асъори функсионалии худ ҳисоб кунад ва ё:
- маблағи андозро бо асъори функсионалӣ аз рӯи қурби миёнаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ба пули миллӣ гузаронад; ё
- бо иҷозати хаттии мақомоти андоз андозро бо асъори функсионалӣ пардохт намояд.
12. Шахси ҳуқуқие, ки дар бораи истифодаи асъори функсионалӣ қарори асоснокшуда қабул мекунад ё истифодаи асъори функсионалиро қатъ менамояд, бояд ҳамаи қоидаҳои гузаришро, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, риоя намояд.
Моддаи 91. Тартиби баҳисобгирии даромад ва хароҷот
1. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, даромади (фоидаи) андозбандишаванда бояд тибқи ҳамон усули баҳисобгирие ҳисоб карда шавад, ки андозсупоранда дар ҳисоботи муҳосибавӣ истифода мебарад.
2. Агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, барои мақсадҳои андозбандӣ:
- шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи боби 52 Кодекси мазкур андозбандӣ карда мешаванд, ба истиснои шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродии тибқи муқаррароти қисми 4 моддаи 375 Кодекси мазкур фаъолияткунанда, уҳдадоранд баҳисобгириро бо усули хазинавӣ пеш баранд;
- шахсони дигаре, ки дар сархати якуми ҳамин қисм зикр нашудаанд, уҳдадоранд баҳисобгириро бо усули ҳисобу замкунӣ пеш баранд.
3. Дар сурати тағйир ёфтани усули баҳисобгирӣ, ки андозсупоранда истифода мебарад, тағйирот дар баҳисобгирии даромад, хароҷот ва унсурҳои дигар, ки ба маблағи андоз таъсир мерасонанд, бояд дар соли тағйир додани усули баҳисобгирӣ дохил карда шаванд, то ки ҳеҷ яке аз ин унсурҳо сарфи назар нагардад ё дубора ба ҳисоб гирифта нашавад.
4. Нисбат ба супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо даромаду хароҷот бе андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ҳисоб карда мешавад, ба истиснои хароҷоте, ки нисбат ба он ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дода намешавад. Арзиши дороие, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба даст овардааст, маблағи андоз аз арзиши иловашудаи пардохтгардидаро дар бар намегирад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба ҳисоб гирифтани ин маблағи андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дода намешавад.
Моддаи 92. Тартиби баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷот бо усули хазинавӣ
1. Андозсупорандае, ки баҳисобгириро бо усули хазинавӣ пеш мебарад, уҳдадор аст мутобиқи моддаи мазкур даромадро дар санаи гирифтани он ва хароҷотро дар санаи пардохти воқеии он анҷом диҳад.
2. Лаҳзаи гирифтани даромад лаҳзаи воридоти маблағҳои пулии нақд ба хазина ва лаҳзаи ворид гардидани маблағҳои пулӣ ба суратҳисоби бонкии андозсупоранда ё суратҳисоби дигаре ба ҳисоб меравад, ки ӯ ихтиёрдорӣ карда метавонад ё ҳуқуқи аз он гирифтани маблағҳои мазкурро дорад.
3. Агар ҳисоббаробаркунӣ барои моли таҳвилгардида, кори иҷрошуда ё хизматрасонии расонидашуда дар давоми зиёда аз 6 моҳи тақвимӣ бо усули хазинавӣ анҷом дода нашавад, новобаста ба муқаррароти қисми 2 ҳамин модда, барои мақсадҳои андозбандӣ ҳисоббаробаркунӣ дар моҳи пурраи тақвимии охирин анҷомёфта ҳисобида мешавад.
4. Дар сурати иҷро гардидани уҳдадории молиявии андозсупоранда, аз ҷумла дар ҳолати баҳисобгирии байниҳамдигарӣ, лаҳзаи гирифтани даромад ва хароҷот лаҳзаи иҷро шудани уҳдадорӣ ба ҳисоб меравад.
5. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, лаҳзаи хароҷот лаҳзаи аз тарафи андозсупоранда воқеан анҷом додани хароҷот ба ҳисоб меравад.
6. Агар андозсупоранда пардохтро бо пули нақд анҷом диҳад, лаҳзаи хароҷот лаҳзаи воқеии пардохти маблағи пули нақд ва ҳангоми пардохти ғайринақдӣ лаҳзаи аз тарафи ташкилоти қарзии молиявӣ қабул гардидани супоришномаи андозсупоранда дар бораи анҷоми амалиёт оид ба гузаронидани маблағи пулӣ дониста мешавад.
7. Ҳангоми пардохти фоизҳо аз рӯи уҳдадории қарзӣ ё пардохти маблағ барои иҷораи молу мулк, агар муҳлати уҳдадорӣ ё шартномаи иҷора якчанд давраи андозро дар бар гирад, маблағи фоизҳои пардохтшуда (пардохти иҷора), ки амалан барои давраи андоз тарҳ карда мешавад, маблағи фоизҳое (пардохти иҷорае) мебошад, ки бояд дар ин давра супорида шавад.
Моддаи 93. Тартиби баҳисобгирии даромад ва хароҷот бо усули ҳисобу замкунӣ
1. Андозсупорандае, ки бо усули ҳисобу замкунӣ баҳисобгириро пеш мебарад, уҳдадор аст даромаду хароҷотро мутобиқи моддаи мазкур мутаносибан аз лаҳзаи гирифтани ҳуқуқ ба даромад ё ба миён омадани уҳдадории пардохт, сарфи назар аз вақти воқеии гирифтани даромад ё иҷрои пардохт, ба ҳисоб гирад.
2. Ҳуқуқи гирифтани даромад лаҳзае ба ҳисоб меравад, ки маблағи дахлдор бояд ба андозсупоранда пардохт карда шавад ё андозсупоранда уҳдадории худро тибқи шартнома пурра иҷро карда бошад. Бо ин мақсад, новобаста ба он ки вақти иҷрои уҳдадорӣ ба таъхир меафтад ё пардохти маблағ ба муҳлатҳо ҷудо карда мешавад, ҳуқуқи гирифтани даромад боқӣ мемонад.
3. Агар андозсупоранда корро иҷро кунад ё хизмат расонад, ҳуқуқи гирифтани даромад дар лаҳзаи иҷрои ниҳоии кор ё хизматрасонии дар шартнома пешбинигардида бадастовардашуда ба ҳисоб меравад.
4. Агар шартнома иҷрои кор ё хизматрасониро марҳила ба марҳила пешбинӣ намояд, ҳуқуқи гирифтани даромад дар лаҳзаи анҷоми кор ё хизматрасонӣ дар ин марҳила бадастоварда ҳисобида мешавад, агар моддаи 96 Кодекси мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
5. Агар андозсупоранда даромад гирад ё барои гирифтани даромад дар шакли фоиз ё даромад барои ба иҷора додани молу мулк ҳуқуқ дошта бошад, ҳуқуқи гирифтани даромад аз лаҳзаи ба охир расидани муҳлати уҳдадории қарз ё шартномаи иҷора бадастовардашуда ҳисобида мешавад. Агар муҳлати уҳдадории қарз ё шартномаи иҷора якчанд давраи андозро дар бар гирад, даромад ба ин давраҳои андоз бо тартиби ҳисобу замкунии он тақсим карда мешавад.
6. Лаҳзаи хароҷоти вобаста ба шартнома лаҳзаи иҷрои ҳамаи шартҳои зерин ҳисобида мешавад, агар ҳамин модда тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад:
- дар ҳолати аз тарафи андозсупоранда эътироф шудани уҳдадории молиявӣ;
- дар ҳолати арзёбии дақиқи ҳаҷми уҳдадории молиявӣ;
- агар тарафҳо тибқи шартнома ҳамаи уҳдадориҳои худро иҷро намуда бошанд ва маблағҳои дахлдор бояд пардохт карда шаванд.
7. Вобаста ба шартҳои дар қисми 6 ҳамин модда пешбинишуда уҳдадории молиявӣ маънои уҳдадориеро дорад, ки андозсупоранда мутобиқи шартнома қабул кардааст ва тарафи дигари дар шартнома иштирокдошта бо мақсади иҷрои он уҳдадор аст, ки даромади дахлдорро дар шакли пулӣ ё шакли дигар ба андозсупоранда пешниҳод намояд.
8. Ҳангоми пардохти фоизҳо тибқи уҳдадории қарз ё пардохт барои молу мулки ба иҷора гирифташуда лаҳзаи хароҷот лаҳзаи ба охир расидани муҳлати уҳдадории қарзӣ ё шартномаи иҷора ҳисобида мешавад. Агар муҳлати уҳдадории қарз ё шартномаи иҷора якчанд давраи андозиро дар бар гирад, хароҷот ба ин давраҳои андоз бо тартиби ҳисобу замкунии он тақсим карда мешавад.
Моддаи 94. Андозбандии соҳибии муштарак
Дар сурати бастани шартномаи хаттӣ дар бораи соҳибии муштараки молу мулк ё якҷоя анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ё шартномаи дигари хаттӣ, ки на камтар аз ду соҳибро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ пешбинӣ мекунад, онҳо мувофиқи ҳиссаи иштирокашон андозбандӣ карда мешаванд. Агар муайян кардани ҳиссаи иштироки соҳибмулкон дар моликияти муштарак ғайриимкон бошад, чунин ҳисобида мешавад, ки соҳибони моликият дорандагони ҳиссаи баробари молу мулк мебошанд.
Моддаи 95. Хусусиятҳои муайян кардани даромад ва тарҳ барои шартномаҳои дарозмуҳлат
1. Андозсупорандае, ки шартномаи дарозмуҳлат ба имзо мерасонад, уҳдадор аст, ба даромади умумии ҳар давраи андозии шартнома фоизи даромади умумии эҳтимолии андозбандишавандаи андозсупорандаро тибқи шартнома мутаносибан ба ҳиссаи корҳои анҷомдодашуда, тавре дар қисми 2 ҳамин модда муайян шудааст, мутобиқи стандартҳои ҳисоботи молиявӣ муайян кунад. «Шартномаи дарозмуҳлат» шартномаи сохтмонӣ ё муҳандисӣ мебошад, ки иҷрои он зиёда аз 12 моҳро дар бар мегирад.
2. Фоизи иҷрои шартномаи дарозмуҳлати андозсупоранда дар давраи андоз ба хароҷоти умумии андозсупоранда дар ин давра ҳамчун фоиз аз хароҷоти эҳтимолии шартнома асос меёбад.
3. Маблағи даромади умумии эҳтимолии андозбандишавандаи андозсупоранда, тибқи шартномаи дарозмуҳлат, ин даромади умумии эҳтимолӣ, ки андозсупоранда бояд дар давоми муҳлати шартнома ба даст меовард, бо назардошти хароҷоти умумии эҳтимолии тарҳшавандаи сарфнамудаи андозсупоранда дар давоми муҳлати шартнома мебошад.
4. Агар андозсупоранда дар давраи охирини андоз тибқи шартномаи дарозмуҳлати сохтмон зарар дида бошад ва андозсупоранда зарарро тибқи моддаи 197 Кодекси мазкур вобаста ба қатъ гардидани фаъолияти тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи дигар гузаронида натавонад, андозсупоранда метавонад зарари худро ба давраи андози қаблӣ баргардонад ва зарар ҳамчун тарҳ дар ин давра иҷозат дода мешавад. Агар андозсупоранда зарари ба давраи бевоситаи қаблии андоз гузаронидашударо пурра тарҳ карда натавонад, чунин маблағи барзиёд метавонад ба давраи минбаъдаи андози пешин гузаронида шавад ва ба тарҳ барои ин давра иҷозат дода шавад, аммо чунин зарар наметавонад дар тули зиёда аз ду давраи андоз гузаронида шавад.
5. Барои мақсадҳои қисми 4 ҳамин модда андозсупоранда дар давраи охирини андоз аз рӯи шартномаи дарозмуҳлат зарардида дониста мешавад, агар даромади умумии эҳтимолии андозбандишавандае, ки тибқи шартномаи дар қисми 3 ҳамин модда зикргардида ба даст оварда мешавад, аз даромади воқеии андозбандишаванда тибқи шартнома зиёд бошад ва маблағи барзиёд аз маблағе, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда ба даромади умумӣ дохил карда мешавад, барои давраи андозе, ки шартнома иҷро шудааст, зиёд бошад.
Моддаи 96. Тартиби баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ
1. Барои мақсадҳои андозбандӣ баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ мутобиқи қонунгузории баҳисобгирии муҳосибӣ анҷом дода мешавад.
2. Ҳангоми баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ андозсупоранда уҳдадор аст, ки арзиши молҳои истеҳсолнамуда ё харидоришударо, ки мутаносибан дар асоси хароҷоти истеҳсолӣ (арзиши аслӣ, яъне ҳамаи хароҷоти марбут ба истеҳсоли мол) ё нархи хариди онҳо муайян карда мешавад, инчунин, хароҷоти нигоҳдорӣ ва интиқоли онҳоро дар ҳисоботи андозӣ дарҷ намояд.
3. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки арзиши мол ё маҳсулоти нуқсондор ва ё куҳнашударо, ки бо ҳамин сабаб ё бо сабабҳои шабеҳ бо нархи зиёдтар аз хароҷоти барои истеҳсоли (нархи харид)-и онҳо сарфшуда фурӯхтан ғайриимкон гардидааст, дар асоси нархе, ки онҳоро фурӯхтан мумкин аст, баҳогузорӣ намуда, ба ҳисоб гирад.
4. Нисбат ба молҳое, ки баҳисобгирии инфиродии онҳо анҷом дода намешавад, андозсупоранда ҳуқуқ дорад барои баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ яке аз ду усули зеринро истифода барад:
- усули баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ (ФИФО), ки мутобиқи он дар давраи аввал молҳои дар оғози давраи ҳисоботӣ ба захираҳои молию моддӣ ва баъдан молҳое, ки дар давоми давраи ҳисоботӣ истеҳсол (харида) шудаанд, мувофиқи навбати истеҳсолашон (харидашон) фурӯхташуда (истифодашуда) ҳисобида мешаванд;
- усули баҳо додан аз рӯи арзиши миёнаи молҳо.
5. Андозсупорандагон уҳдадоранд дар баҳисобгирии муҳосибӣ низоми электронии тамғагузории молҳоро таъмин намоянд.
Моддаи 97. Баҳисобгирӣ ҳангоми иҷораи молиявӣ (лизинг)
1. Дар ҳолатҳое, ки иҷорадеҳ то оғози иҷораи молиявӣ (лизинг) соҳиби молу мулки моддии истеҳлокшаванда мебошад, амалиёт ҳамчун фурӯши молу мулк аз тарафи иҷорадеҳ ва харидани он аз ҷониби иҷорагир баррасӣ карда мешавад.
2. Молу мулки моддии истеҳлокшавандае, ки тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) ба иҷора дода мешаванд, дар давраи амали шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) бояд дар тавозуни иҷорагир ба ҳисоб гирифта шаванд, ки ин ба иҷорагир (лизинггиранда) ҳуқуқ медиҳад тарҳҳоро вобаста ба мавзуи лизинг (аз ҷумла истеҳлок ва хароҷоти таъмир) амалӣ намояд.
3. Нисбат ба молу мулки моддии истеҳлокшаванда, ки тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) ба иҷора дода шудаанд, қоидаҳои зерин амалӣ мешаванд:
- иҷорагир соҳиби молу мулки баиҷорагирифташуда эътироф гардида, молу мулк дар тавозуни ӯ дар давоми муҳлати шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) ба ҳисоб гирифта мешаванд;
- иҷорагир ҳуқуқ дорад хароҷотро вобаста ба объекти баиҷорагирифташуда (хусусан истеҳлок ва хароҷоти таъмир) тарҳ кунад;
- барои иҷорагир дар оғози иҷора арзиши хариди молу мулки баиҷорагирифташуда ба арзиши дар шартномаи иҷора зикргардида баробар аст. Агар иҷорадеҳ ва иҷорагир шахсони бо ҳам алоқаманд бошанд, дар санаи оғози иҷора арзиши молу мулки ба иҷораи молиявӣ (лизинг) гирифташаванда бояд ба арзиши одилонаи бозорӣ баробар бошад;
- аз санаи оғози иҷора иҷорадеҳ нисбат ба иҷорагир ҳамчун қарздиҳанда ва маблағи қарз ба арзиши молу мулки ба иҷора гирифташуда баробар дониста мешавад;
- ҳар пардохти иҷораи молиявӣ ҳамчун қисми пардохти маблағи асосии қарз ва қисман пардохти фоизи қарз дониста мешавад. Фоизи ҳар пардохти иҷораи молиявӣ бо истинод ба меъёри фоизие, ки дар шартномаи иҷора дарҷ шудааст, ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 98. Ҳисоботдиҳии андозӣ
1. Ҳисоботдиҳии андозӣ - раванде, ки пешниҳоди ариза, ҳисобҳо ва эъломияҳо оид ба низомҳои андозбандӣ, ҳар намуди андоз ё оид ба даромадҳои пардохтшуда, инчунин, замимаҳо ба ҳисобҳо ва эъломияҳои андозро, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур тартиб дода шудаанд, дар бар мегирад.
2. Ҳисоботи андозӣ аз инҳо иборат аст:
- эъломияҳои андоз бо замимаҳо, ҳисобҳо, маълумоте, ки бояд андозсупоранда доир ба ҳар намуди андоз тартиб диҳад;
- аризаҳо дар бораи баҳисобгирии андоз ё гузаштан ба низоми дигари андозбандӣ;
- ариза дар бораи бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда;
- аризаҳо дар бораи баргардонидани андозҳои барзиёд ё саҳван пардохтшуда ва ё барои баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда;
- аризаҳо оид ба амалисозии шартномаҳо дар бораи пешгирии андозбандии дукарата ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои андозбандӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;
- ҳисоботҳои муҳосибии солона, санадҳои санҷишҳои гузаронидашудаи аудитории андозсупоранда, ки бо стандартҳои аудит пешбинӣ шудаанд;
- маълумот оид ба кушодани суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
- нусхаи қарор оид ба барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳӣ ва ё муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ;
- маълумот оид ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (содирот ва воридот);
- маълумот оид ба гирифтани иҷозат ва иҷозатнома барои анҷом додани намудҳои алоҳидаи фаъолият;
- маълумот оид ба гирифтани шаҳодатномаи бақайдгирии ҳуқуқи истифодаи замин ва (ё) ҳуҷҷати дигаре, ки барои истифодаи замин ҳуқуқ медиҳад.
Моддаи 99. Тартиби таҳияи ҳисоботи андозӣ
1. Андозсупоранда (агенти андоз) ё намояндаи ӯ, инчунин мақомоти андоз ва (ё) мақомоти ваколатдори дигар, ки дар муносибатҳои андозӣ иштирок менамоянд, ҳисоботи андозиро ба забони давлатӣ тибқи тартиб ва шаклҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дар шакли электронӣ ё коғазӣ тартиб медиҳанд.
2. Тартиб, намуд ва шаклҳои пешниҳоди ҳисоботи андозӣ, аз ҷумла шаклҳои электронӣ ва коғазии он, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муайян карда мешаванд.
3. Масъулият барои дурустии маълумоти дар ҳисоботи андозӣ нишондодашуда ба зиммаи андозсупоранда вогузор карда мешавад.
4. Ҳисоботи андозӣ ба мақомоти дахлдори андоз тибқи тартиб ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод карда мешавад.
5. Андозсупорандагоне, ки нисбат ба фаъолияти онҳо шартҳои гуногуни андозбандӣ муқаррар шудаанд, инчунин низомҳои гуногуни андозбандиро истифода менамоянд, ҳисоботи андозро барои ҳар намуди фаъолият ва низом таҳия ва дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод менамоянд.
Моддаи 100. Пешниҳод намудани ҳисоботи андозӣ
1. Ҳисоботи андозӣ аз ҷониби андозсупоранда ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод карда мешавад. Ҳисоботи андозӣ аз рӯи намудҳои алоҳидаи андозҳо низ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур аз ҷониби андозсупоранда дар маҳалли баҳисобгирии объектҳои андозбандӣ пешниҳод карда мешавад.
2. Шахсони воқеие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул нестанд, эъломияи андозро ба мақомоти андози маҳалли истиқоматашон пешниҳод менамоянд.
3. Ҳисоботи андозӣ ба мақомоти андоз пешниҳодшуда ҳисобида мешавад, агар дар он рақами мушаххаси андозсупоранда, давраи андоз, намуд ва маблағи андоз ва (ё) санаи пешниҳоди ҳисоботи андозӣ дарҷ гардида бошад. Агар мақомоти андоз дар ҳисоботи пешниҳодшудаи андоз камбудӣ ва (ё) дигар номутобиқатиро ошкор кунад, уҳдадор аст фавран андозсупорандаро аз чунин хато ва (ё) номутобиқатӣ огоҳ намояд. Дар ин ҳолат андозсупоранда эъломияи ислоҳшуда ва ё иловагии андозро пешниҳод менамояд ва нисбати ӯ ҷаримаи батаъхиргузории пешниҳоди эъломия татбиқ карда намешавад.
4. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳисоботи андозӣ дар доираи муҳлати даъво бо роҳи пешниҳоди ҳисоботи иловагӣ барои давраи андозе, ки ин тағйиру иловаҳо ба он тааллуқ доранд, иҷозат дода мешавад.
5. Ҳангоми пешниҳод намудани ҳисоботи андозӣ бо тағйиру иловаҳо ба мақомоти андоз то лаҳзае, ки андозсупоранда дар бораи таъин намудани санҷиши сайёри андоз бо тартиби муқарраршуда огоҳинома гирифтааст, андозсупоранда аз ҳисобкунӣ ва пардохти ҷарима барои ҳуқуқвайронкунии содиргардида озод карда мешавад. Дар баробари ин, барои дар муҳлатҳои муқарраршуда пардохт нагардидани андозҳо мутобиқи тартиби муқарраршуда фоизҳо ҳисоб ва пардохт карда мешавад.
6. Андозсупорандагон (агентҳои андоз) ҳуқуқ доранд ҳисоботи андозиро бо интихоби худ ба тариқи зерин ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд:
- дар шакли электронӣ;
- тавассути почта;
- шахсан ё тавассути намоянда.
7. Сарфи назар аз муқаррароти қисми 6 ҳамин модда, ҳар андозсупорандаи андоз аз арзиши иловашуда уҳдадор аст, ки эъломияҳои андозро дар шакли электронӣ пешниҳод намояд.
8. Агар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ барҳам дода нашуда бошад ё соҳибкори инфиродӣ (воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ) фаъолияти соҳибкориро қатъ накарда бошад, дар ин ҳолат шахсони дар боло зикргардида ба мақомоти андоз мутобиқи талаботи Кодекси мазкур, новобаста ба фаъолияти анҷомдодашаванда, эъломияҳои андозро пешниҳод менамоянд.
9. Ҳисоботи андозӣ бе назорати пешакии камералӣ қабул карда мешавад. Моддаи мазкур нисбат ба эъломияи иловагии андозе, ки андозсупоранда мутобиқи моддаи 107 Кодекси мазкур пешниҳод кардааст, татбиқ карда намешавад.
Моддаи 101. Тамдид намудани муҳлати пешниҳоди эъломияҳои андоз
1. Ба андозсупорандаи бомасъулияте, ки то ба охир расидани муҳлати пешниҳоди эъломия барои тамдид намудани муҳлати пешниҳоди эъломияи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ба мақомоти андоз муроҷиат менамояд, дар ҳолате, ки андозсупоранда маблағи андози пешакӣ ҳисобишударо пардохт намуда бошад, муҳлати пешниҳоди эъломия ба муҳлати ду моҳ тамдид карда мешавад.
2. Тамдиди муҳлати пешниҳоди эъломия мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муҳлати пардохти андозро тағйир намедиҳад ва боиси боздоштани ҳисобкунии фоизҳо барои саривақт напардохтани андозҳо намегардад.
3. Муҳлати пешниҳоди эъломия ва пардохти андозҳо дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ (заминларза, обхезӣ) ва ҳолатҳои фавқулода (эпидемия ва пандемия) барои ҳамаи андозсупорандагон ё гурӯҳи андозсупорандагон бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда мешавад.
Моддаи 102. Пешниҳоди иттилоот оид ба пардохтҳо ё амалиётҳои дигар
Шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, муассисаи доимии ғайрирезидент ва соҳибкори инфиродӣ, ки дар давоми соли тақвимӣ ба манфиати шахсони дигар пардохтҳо анҷом додаанд, уҳдадоранд иттилооти дахлдорро оид ба пардохтҳо бо тартиб ва ҳолатҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд.
Моддаи 103. Пешниҳоди маълумот ба мақомоти андоз
1. Ҳангоми амалӣ гардидани назорати андозӣ мақомоти андоз дар асоси огоҳиномаи хаттӣ аз ҳар шахс ва мақомоти дахлдор дар муҳлати 10 рӯз пешниҳоди маълумотеро, ки дар огоҳинома дарҷ шудааст, аз ҷумла доир ба муносибатҳои мутақобилаи андозсупорандаи мушаххас бо андозсупорандагони дигарро, ба истиснои маълумоте, ки дар махзани маълумоти электронии мақомоти андоз ҷой дорад, талаб менамояд.
2. Бо мақсади андозбандӣ мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ, хадамоти алоқа ва сохторҳои он, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар бораи интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони хориҷие, ки хизматрасонии фосилавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, маълумот дархост намояд ва ҷавоби онро дар давоми 5 рӯзи корӣ гирад. Тартиби гирифтани маълумот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Корманди ваколатдори мақомоти андоз дар ҷараёни санҷиши сайёри андоз бо мақсади ҷамъоварии маълумот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:
- ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари марбут ба андозбандиро нусхабардорӣ намояд;
- бо тартиби муқарраргардида дар асоси санад оид ба гирифтан ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё ҳуҷҷатҳои дигареро, ки ба ҳамин санҷиши сайёри андоз алоқаманд мебошанд, гирад;
- ба ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар муҳр гузошта, истифодаи онҳоро манъ намояд;
- нишондиҳандаҳои дастгоҳҳои тамғагузории электронӣ ва баҳисобгирии истеҳсоли молҳоро гирад.
4. Агар корманди ваколатдори мақомоти андоз нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё ҳуҷҷатҳои дигарро дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қисми 3 ҳамин модда гирад, уҳдадор аст на дертар аз 10 рӯзи корӣ нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои мазкурро ба андозсупоранда баргардонад.
5. Дастрасии кормандони мақомоти андоз ба ҳуҷҷатҳо ва объектҳои махфӣ мутобиқи қонунгузорӣ оид ба сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 104. Муҳлати нигоҳдории ҳисоботи андозӣ
1. Бо мақсади андозбандӣ ҳисоботи андозиро андозсупорандагон (агентҳои андоз) дар давоми на камтар аз муҳлати даъвои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур нигоҳ медоранд.
2. Ҳангоми азнавташкилшавии шахси ҳуқуқӣ уҳдадориҳо оид ба нигоҳдории ҳисоботи андозӣ ба зиммаи вориси ҳуқуқии он вогузор карда мешавад. Дар сурати тақсим шудани шахси ҳуқуқӣ ба якчанд шахси ҳуқуқии навтаъсис, ки дар натиҷаи чунин тақсимшавӣ ба вуҷуд омадаанд, нигоҳдории ҳисоботи андоз ба зиммаи ворисе вогузор карда мешавад, ки ҳиссаи зиёдтарро соҳиб шудааст.
Моддаи 105. Суратҳисобҳои бонкӣ ва пешниҳоди иттилоот
1. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд:
- дар асоси мактуби иттилоотии мақомоти андоз суратҳисобҳои бонкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро кушоянд, ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии шахсони воқеӣ, ва дар муҳлати 5 рӯз тавассути шабакаҳои алоқаи электронӣ ба мақомоти андоз иттилооти мазкурро ирсол намоянд;
- ҳама гуна амалиётҳои бонкиро бо нишон додани рақами мушаххаси андозсупоранда анҷом диҳанд;
- бо дархости хаттии мақомоти андоз дар муҳлати 5 рӯз иттилоотро дар бораи суратҳисобҳои бонкӣ, бақия ва гардиши маблағҳо дар суратҳисобҳои андозсупорандаи санҷишшаванда пешниҳод намоянд;
- ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо оид ба пардохти андозҳо дарҷ намудани рақами мушаххаси андозсупоранда ва намудҳои андозҳои пардохтшавандаро (рамзҳои андозҳоро) талаб намоянд, инчунин дуруст дарҷ намудани реквизитҳои бонкии гирандаи пардохтро назорат кунанд;
- дар асоси дархости хаттии мақомоти андоз дар муҳлати 5 рӯз дар бораи суратҳисобҳои бонкӣ, бақия ва гардиши маблағҳои андозсупорандагоне, ки нисбати онҳо қарор дар бораи ба таври ғайрисудӣ рӯёнидани қарзҳои эътирофшудаи андоз қабул гардидааст ва (ё) андозсупорандагони бемасъулият эътироф шудаанд, маълумот пешниҳод намоянд.
2. Тартиб, шакл ва муҳлати пешниҳоди маълумот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Барои мақсадҳои ҳамин модда суратҳисобҳои ташкилотҳои (муассисаҳои) давлатӣ, ки дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд, ба суратҳисобҳои бонкӣ баробар ҳисобида мешаванд.
БОБИ 14. БАҲИСОБГИРИИ ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ АНДОЗӢ
Моддаи 106. Асосҳои баҳисобгирии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ
1. Баҳисобгирии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, ки амалҳои зеринро дар бар мегирад, аз ҷониби мақомоти андоз бо роҳи пешбурди ҳисобварақаи шахсии андозсупоранда (агенти андоз) анҷом дода мешавад:
- кушодани ҳисобварақаи шахсӣ барои ҳар намуди андоз;
- дарҷ намудани маблағҳои ҳисобкардашуда (иловатан ҳисобкардашуда), ба ҳисоб гирифташуда, пардохтшуда, баргардонидашудаи андоз, ҷаримаҳо, фоизҳо, маблағҳои батаъхиргузошта ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошудаи андозҳо, қарзҳои баҳснок ва мушкилситон дар ҳисобварақаи шахсӣ;
- бастани ҳисобварақаи шахсӣ.
2. Маблағи ҳисобкардашудаи андоз маблағи андозе мебошад, ки аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз), мақомоти андоз ва мақомоти ваколатдори давлатии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳисоб карда шудааст.
3. Дар Кодекси мазкур таҳти мафҳуми маблағи андози (уҳдадориҳои андозии) илова ҳисобишуда маблағҳои андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳое, ки аз ҷониби мақомоти андоз дар давраи муайяни андоз ҳисобӣ шудаанд, фаҳмида мешавад. Аз ҷониби мақомоти андоз ҳисоб кардани маблағҳои андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо, аз ҷумла зиёд ё кам кардани уҳдадорӣ, дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- аз рӯи натиҷаҳои санҷиши сайёри андоз;
- риоя нагардидани муҳлати пешниҳоди эъломияи андоз;
- аз рӯи натиҷаҳои назорати камералӣ, муоинаи хронометражӣ ё шаклҳои дигари назорати андоз;
- зиёд ё кам кардани уҳдадориҳои андозӣ аз рӯи натиҷаҳои баррасии шикояти андозсупоранда (агенти андоз) ба қарори қабулнамудаи мақомоти андоз;
- пешниҳод гардидани эъломияи иловагии (аз ҷумла ислоҳшудаи) андоз мутобиқи моддаи 107 Кодекси мазкур.
4. Уҳдадориҳои андозие, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро нашуда, таъмини онҳо амалӣ намудани шартҳои махсусро талаб менамояд, ҳамчун қарзҳои андози мушкилситон эътироф гардида, дар мақомоти андоз алоҳида ба ҳисоб гирифта мешаванд. Тартиби пешбурд ва шартҳои махсус барои иҷрои чунин уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муайян карда мешаванд.
5. Пешбурди баҳисобгирии андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои пардохтшуда, баҳисобгирифташуда ва баргардонидашуда дар ҳисобварақаҳои шахсии андозсупоранда (агенти андоз) дар асоси ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари зерин амалӣ карда мешавад:
- дар бораи пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо;
- дар бораи баҳисобгириҳо, баргардонидани маблағҳои изофапулии андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо;
- дар бораи баҳисобгириҳо ва баргардонидани маблағи барзиёд ҳисоб ва ё пардохтшудаи андоз аз арзиши иловашуда;
- дар бораи маблағҳои рӯёнидашудаи қарзҳои андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо.
6. Дар ҳисобварақаи шахсии андозсупоранда муҳлати тағйирёфтаи иҷрои уҳдадориҳои андозӣ инъикос карда мешавад. Дар давраи муҳлати тағйирёфтаи иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, аз ҷумла пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, аз ҷониби мақомоти андоз нисбат ба андозсупоранда чораҳои ҷавобгарӣ ва маҷбуран ситонидани андозҳо татбиқ карда намешаванд.
7. Дар ҳисобварақаи шахсии андозсупоранда (агенти андоз) маблағи фоизҳои бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳисобшуда бо нишон додани даврае, ки фоизҳои мазкур ҳисобӣ шудаанд, инъикос карда мешавад.
8. Ҳангоми мавҷудияти маълумоти мушаххас дар бораи бо роҳи фирор аз ҳудуди кишвар берун шудан ё супоридани дороиҳо ба шахси дигар, ё андешидани амалҳои дигари сохтакорӣ бо дороиҳо, ки метавонанд ба ситонидани андоз монеъ шаванд, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад маблағи андози ҳисобшударо ба ҳисобварақаи шахсии андозсупоранда ворид намуда, пардохти фаврии онро талаб намояд, агар ин чора барои таъмини ситонидани андоз зарур бошад.
9. Баҳисобгирии ба буҷет ворид гардидани андозҳоро мақомоти андоз бо роҳи инъикос намудани маблағҳои андозҳо ва боҷҳои ҳисоб ва пардохтшуда, инчунин фоизҳо ва ҷаримаҳо дар ҳисобварақаи шахсии андозсупоранда амалӣ менамояд. Тартиби пешбурди ҳисобварақаи шахсии андозсупорандаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муайян менамояд.
10. Баҳисобгирии воридшавии пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет, инчунин фоизҳо ва ҷаримаҳоеро, ки вобаста ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд, мақомоти гумрук амалӣ менамояд. Тартиби баҳисобгирӣ аз ҷониби Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муайян карда мешавад.
11. Тартиби баҳисобгирии воридшавии боҷҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷет, ки аз ҷониби мақомоти дигар ва ташкилотҳои давлатии дигар ситонида мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муайян карда мешавад.
Моддаи 107. Эъломияи иловагии андоз
1. Дар сурати аз ҷониби мақомоти андоз ошкор гардидани номутобиқатӣ дар эъломияи андозе, ки андозсупоранда барои давраи андоз пешниҳод кардааст, мақомоти андоз метавонад бо пешниҳоди огоҳиномаи хаттӣ аз андозсупоранда талаб намояд, ки эъломияи иловагии андозро барои даврае, ки дар огоҳинома дарҷ шудааст, пешниҳод намояд. Мақомоти андоз метавонад танҳо дар давраи муҳлати даъво ба андозсупоранда мутобиқи ҳамин қисм огоҳинома фиристад. Андозсупоранда бояд эъломияи иловагиро мутобиқи ҳамин қисм дар муҳлати дар огоҳинома дарҷшуда пешниҳод намояд.
2. Агар андозсупоранда мутобиқи қисми 1 ҳамин модда эъломияи иловагии андозро пешниҳод карда бошад, мақомоти андоз метавонад дар давоми 30 рӯзи пас аз пешниҳоди чунин эъломия ба андозсупоранда огоҳинома дар бораи эъломияи иловагии андоз мутобиқи қисми 4 моддаи 111 Кодекси мазкур ирсол намояд.
3. Андозсупорандае, ки эъломияи андозро барои даврае пешниҳод кардааст, ки муқаррароти қисми 1 моддаи 99 Кодекси мазкур татбиқ мешаванд, метавонад эъломияи иловагии андозро бо дарҷи тағйироте пешниҳод намояд, ки ба ақидаи андозсупоранда барои ислоҳи худбаҳодиҳӣ зарур аст, то андозсупоранда барои дуруст муайян намудани маблағи андоз дар ин давра масъул бошад. Дар эъломияи иловагии андоз бояд сабабҳои тағйирот нишон дода шаванд.
4. Агар андозсупоранда мутобиқи қисми 2 ҳамин модда эъломияи иловагии андозро пешниҳод карда бошад, мақомоти андоз бояд дар давоми 30 рӯз аз рӯзи пешниҳоди эъломияи иловагии андоз:
- эъломияи иловагии андозсупорандаро пурра ё қисман қабул кунад ва ба андозсупоранда дар бораи эъломияи иловагии (такмилдодашудаи) андоз тибқи қисми 4 моддаи 111 Кодекси мазкур огоҳинома супорад;
- ба андозсупоранда огоҳиномаи хаттӣ ирсол намуда, эъломияи иловагии (такмилдодашудаи) андозсупорандаро рад кунад.
Моддаи 108. Маҳалли пардохти андозҳо ва буҷетҳое, ки андозҳо ба онҳо гузаронида мешаванд
1. Андозҳои умумидавлатӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва андозҳои маҳаллӣ бошад, ба буҷетҳои маҳаллӣ пардохт мешаванд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
2. Андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои ҳисобшуда (иловатан ҳисобшуда) бояд дар маҳаллҳои зерин пардохт карда шаванд:
- маҳалле, ки дар санади дахлдори қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст;
- маҳалле, ки дар огоҳиномаи мақомоти андоз оид ба ҳисобкунии (иловатан ҳисоб намудани) андоз ва талабот оид ба пардохти андоз нишон дода шудааст;
- агар огоҳиномаи мақомоти андоз оид ба ҳисобкунии (иловатан ҳисоб намудани) андоз зарур набошад, маҳалле, ки дар санади дахлдори қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст;
- агар дар санади дахлдори қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳал зикр нашуда бошад, маҳалли зисти андозсупоранда - шахси воқеӣ, дар маҳалли фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ё дар маҳалли бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё дар маҳалли ҷойгиршавии агенти андоз (филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқӣ-резидент).
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ таносуби фоизии андозҳои умумидавлатиро байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ муқаррар менамояд.
4. Андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои тибқи Кодекси мазкур ҳисобшуда (иловатан ҳисобшуда) бояд дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пардохт гардида, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ ба буҷетҳои дахлдор ворид карда шаванд.
5. Андозҳои тибқи қонунгузории буҷет танзимшаванда тавассути ворид намудани онҳо ба суратҳисобҳои танзимшавандаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи таносуби муқарраргардида ба таври автоматӣ байни сатҳҳои дахлдори буҷетҳо тақсим карда мешаванд.
6. Ҷамъоварии андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ва замини шахсони воқеӣ дар деҳот метавонад тавассути низоми автоматии электронии пардохт бо пешниҳоди расиди тасдиқкунанда, аз ҷумла аз ҷониби корманди ваколатдори мақомоти андоз, бо мусоидати кормандони мақомоти худидоракунии маҳаллӣ амалӣ карда шавад.
7. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи андоз ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд мунтазам реквизитҳои суратҳисобҳои бонкӣ ва хазинадориеро, ки ба онҳо андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо пардохт карда мешаванд, дар сомонаҳои расмии худ ҷойгир намоянд.
8. Сарфи назар аз муқаррароти қисмҳои 1-7 ҳамин модда, андози даромад ва андози иҷтимоӣ нисбат ба шахсони воқеие, ки дар воҳидҳои алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ кор мекунанд, бояд ба буҷети маҳалли ҷойгиршавии воҳидҳои алоҳида бо назардошти тақсимоти маблағҳои ин андозҳо байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ интиқол дода шаванд.
Моддаи 109. Тартиби пайдарҳамии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ
1. Уҳдадориҳои андозии андозсупоранда бо пайдарҳамии зерин иҷро карда мешаванд:
- аз рӯи андозҳои ҳисобшуда (иловатан ҳисобшуда);
- фоизҳои ҳисобшуда;
- ҷаримаҳои ҳисобшуда.
2. Бо назардошти муқаррароти қисми 1 ҳамин модда пардохти маблағи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои ҳисобшуда барои рӯйпӯш намудани уҳдадориҳои андозии андозсупоранда бо пайдарҳамии зерин амалӣ карда мешавад:
- дар навбати аввал уҳдадориҳои қарзии солҳои гузашта;
- баъдан қарзҳои андози дертар ташаккулёфта;
- дар навбати ниҳоӣ уҳдадориҳои андозии соли ҷорӣ.
Моддаи 110. Шартҳои умумии тағйир додани муҳлати пардохти андозҳо
1. Тағйир додани муҳлати пардохти андозҳо бо тартиби муқаррарнамудаи боби мазкур ба муҳлати дертар гузаронидани пардохти андозҳо дониста мешавад.
2. Тағйир додани муҳлати пардохти андозҳо ба ҳамаи маблағи андози пардохтшаванда ё қисми он (минбаъд дар боби мазкур – маблағи қарз) бо ҳисоб кардани фоизҳо ба маблағи қарз иҷозат дода мешавад, агар дар боби мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
3. Тағйир додани муҳлати пардохти андозҳо дар шаклҳои батаъхиргузории андозҳо (батаъхиргузорӣ) ё ба давраҳои алоҳида муқаррар гардидани муҳлати пардохти онҳо (пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда) амалӣ карда мешавад.
4. Батаъхиргузорӣ ба муҳлатҳои дар моддаи 112 Кодекси мазкур муқарраршуда аз рӯзи аввали пардохти андоз иҷозат дода мешавад. Пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда дар асоси созишномаи байни мақомоти андоз ва андозсупоранда бо муқаррар намудани муҳлатҳои мушаххаси пардохтҳо ба муҳлати на зиёда аз як сол амалӣ карда мешавад.
5. Батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда дар асоси аризаи андозсупоранда нисбат ба маблағи қарзе амалӣ карда мешавад, ки он то қабул кардани қарор дар бораи пешниҳод кардани батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда ба вуҷуд омадааст ё нисбат ба уҳдадории андозие, ки дар оянда ба вуҷуд меояд.
6. Тағйир додани муҳлати пардохти андоз уҳдадории мавҷударо оид ба пардохти андоз бекор намекунад ва уҳдадории навро оид ба пардохти андоз ба вуҷуд намеорад.
7. Тағйир додани муҳлати пардохти андоз бо қарори мақомоти дар моддаи 112 Кодекси мазкур пешбинишуда, новобаста ба муқаррароти ин модда, бо пешниҳоди замонат ё кафолати бонкӣ мутобиқи моддаҳои 137-138 Кодекси мазкур ба муҳлати на зиёда аз як сол иҷозат дода мешавад, агар дар боби мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
8. Муқаррароти боби мазкур ҳамчунин ҳангоми пешниҳод кардани батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошудаи фоиз ва ҷарима амалӣ карда мешавад.
Моддаи 111. Ҳолатҳое, ки тағйир додани муҳлати пардохти андозро истисно мекунанд
1. Муҳлати пардохти андозҳо дар ҳолати ҷой доштани яке аз ҳолатҳои зерин тағйир дода намешавад:
1) агар аз рӯи аломатҳои ҷиноят нисбат ба андозсупоранда вобаста ба вайронкунии қонунгузории андоз парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида бошад;
2) дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ оид ба истифода гардидани чунин тағйирот аз ҷониби андозсупоранда барои пинҳон кардани маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё фирор намудани ин шахс барои истиқомати доимӣ ба хориҷи кишвар;
3) агар дар давоми се соли то санаи пешниҳод гардидани ариза бо сабаби вайрон кардани шартҳои тағйир додани муҳлати пардохти андоз қарор дар бораи тағйир додани муҳлати пардохти андозҳо нисбат ба ин андозсупоранда бекор шуда бошад;
4) агар ҷараёни муфлисшавӣ оғоз шуда бошад.
2. Шартҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда нисбат ба ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 113 Кодекси мазкур татбиқ карда намешаванд.
3. Ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида қарор дар бораи тағйир додани муҳлати пардохти андоз қабул намегардад ва қарори қабулшуда бекор карда мешавад.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадор аст дар давоми се рӯз пас аз санаи бекор кардани қарори қабулшуда дар бораи тағйир додани муҳлати пардохти андозҳо андозсупоранда ва мақомоти андози маҳалли бақайдгирии ӯро ба таври хаттӣ огоҳ намояд.
5. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур нисбат ба қарорҳои қабулшуда шикоят намояд.
Моддаи 112. Қабули қарор дар бораи батаъхиргузории пардохти андозҳо
1. Қарор дар хусуси батаъхиргузории пардохти андозҳои умумидавлатӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати на зиёда аз 1 сол қабул карда мешавад.
2. Қарор дар хусуси батаъхиргузории пардохти андозҳои маҳаллӣ бо пешниҳоди мақомоти дахлдори молия ва андози шаҳр (ноҳия) аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри (ноҳияи) дахлдор ба муҳлати на зиёда аз 6 моҳ қабул карда мешавад.
Моддаи 113. Шартҳои пешниҳод кардани батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда
1. Батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошудаи андоз ба андозсупорандагоне пешниҳод карда мешавад, ки вазъи молиявии онҳо дар давраи муайяни ҳисоботӣ имкон намедиҳад, ки уҳдадориҳои андозӣ иҷро гарданд, вале асосҳои кофӣ ҷой доранд, ки дар сурати батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда андозсупоранда пардохти андози пешбинишударо таъмин менамояд.
2. Сарфи назар аз муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур, батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда ба андозсупорандагон дар ҳолати ба миён омадани яке аз асосҳои зерин низ пешниҳод карда мешавад:
1) расидани зарар ба андозсупоранда дар натиҷаи офати табиӣ, садамаи техногенӣ ё дигар ҳолатҳои таъсири қувваи рафънопазир;
2) эҳтимолияти ба миён омадани аломатҳои муфлисшавии (надоштани қобилияти пардохтпазирӣ) андозсупоранда дар сурати дар як вақт пардохт намудани уҳдадориҳои андозӣ;
3) вазъи молумулкии шахси воқеӣ (бе назардошти молу мулке, ки мутобиқи қонунузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонидани андоз аз он мумкин нест) имконияти дар як вақт пардохт намудани андозро истисно мекунад;
4) дар сурати мавҷуд будани муқаррароти пешбининамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба пардохтҳои гумрукӣ дар робита ба интиқоли молҳо тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) дар муҳлатҳои шартномавӣ маблағгузорӣ нагардидани андозсупоранда вобаста ба иҷрои фармоиши давлатӣ, иҷрои кор ва (ё) хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз буҷети давлатӣ.
3. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар бандҳои 1) - 4) қисми 2 ҳамин модда зикргардида батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда аз рӯи талаботи зерин амалӣ карда мешавад:
1) ба шахси ҳуқуқӣ – на зиёда аз арзиши дороиҳои холиси андозсупоранда нисбат ба уҳдадориҳои андозӣ;
2) ба шахси воқеӣ – на зиёда аз арзиши молу мулки андозсупоранда (ба истиснои молу мулке, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонидани андоз аз он манъ аст) нисбат ба уҳдадориҳои андозӣ.
4. Агар батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда мутобиқи асосҳои дар бандҳои 1) ё 5) қисми 2 ҳамин модда зикргардида амалӣ шуда бошад, фоизҳо нисбат ба чунин уҳдадориҳои андозӣ ҳисоб карда намешаванд.
5. Агар батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда мутобиқи асосҳои дар бандҳои 2)-4) қисми 2 ҳамин модда зикргардида амалӣ шуда бошад, фоизҳо нисбат ба чунин уҳдадориҳои андозӣ бо меъёрҳое, ки дар давраи батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда амал мекард, ҳисоб карда мешаванд.
6. Батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда нисбат ба андозҳои дар манбаи пардохт ситонидашаванда ва андози иҷтимоӣ манъ аст.
7. Гузашт кардани ҳуқуқи иҷрои уҳдадории андозӣ аз рӯи муҳлатҳои тағйирдодашуда ба шахси дигар, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур нисбат ба азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ, манъ аст.
Моддаи 114. Расмиёти пешниҳоди батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда
1. Ариза дар бораи батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда аз ҷониби андозсупоранда ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
2. Ба аризаи андозсупоранда ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
1) санади муқоисавии байни мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ ва андозсупоранда;
2) маълумотнома дар бораи суратҳисобҳои андозсупоранда дар ташкилоти қарзии молиявӣ;
3) иқтибос аз суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар бораи гардиш ва бақияи маблағҳо барои давраи 6 моҳи то пешниҳоди ариза;
4) ҷадвали пардохти уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби андозсупоранда барои давраи батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда;
5) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мавҷудияти асосҳои тағйир додани муҳлати пардохти андоз, ки дар қисмҳои 3-8 ҳамин модда зикр гардидаанд.
3. Мутобиқи муқаррароти пешбининамудаи банди 1) қисми 2 моддаи 113 Кодекси мазкур ба аризаи андозсупоранда дар бораи пешниҳод кардани батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:
1) хулосаи мақомоти мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи ҳудудӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба далели ба вуҷуд омадани ҳолатҳои қувваи рафънопазир нисбат ба андозсупоранда;
2) санади мақомоти мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи ҳудудӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба арзёбии зарари дар натиҷаи ҳолатҳои қувваи рафънопазир ба андозсупоранда расонидашуда.
4. Мавҷуд будани асоси дар банди 2) қисми 2 моддаи 113 Кодекси мазкур муқарраршуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ё намояндаи он аз рӯи натиҷаҳои таҳлили вазъи молиявии андозсупоранда муқаррар карда мешавад. Тартиби гузаронидани чунин таҳлил аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
5. Ба аризаи андозсупоранда дар бораи пешниҳод кардани батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда аз рӯи асоси дар банди 3) қисми 2 моддаи 113 Кодекси мазкур зикргардида маълумот дар бораи молу мулки манқул ва ғайриманқули шахси воқеӣ (ба истиснои молу мулке, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида намешавад) замима карда мешавад.
6. Ба аризаи андозсупоранда дар бораи дархост кардани батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда аз рӯи асоси дар банди 5) қисми 2 моддаи 113 Кодекси мазкур зикргардида ҳуҷҷати мақомоти молия дар бораи мавҷуд будани чунин асос ва маблағи дар буҷети давлатӣ пешбинишуда замима карда мешавад.
7. Дар ариза дар бораи батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда андозсупоранда уҳдадории пардохти фоизҳои мутобиқи боби мазкур ҳисобкардашударо ба зимма мегирад.
8. Бо талаби мақоми ваколатдори давлатӣ андозсупоранда замонат ё кафолати бонкиро, ки бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, пешниҳод менамояд.
9. Бо дархости андозсупоранда мақомоти ваколатдор доир ба қабул намудани қарор дар бораи батаъхиргузории пардохти андозҳо ҳуқуқ дорад дар бораи муваққатан (дар давраи баррасии ариза) боздоштани пардохти уҳдадориҳои андозӣ қарор қабул намуда, андозсупоранда ва мақомоти андози маҳалли бақайдгириро дар ин бора огоҳ намояд. Муҳлати қабули чунин қарор наметавонад аз 3 рӯзи корӣ зиёд бошад.
10. Қабул ё рад намудани қарор дар бораи батаъхиргузорӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор ва дар бораи пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар муддати 30 рӯз аз рӯзи гирифтани аризаи андозсупоранда қабул карда мешавад.
11. Қарор дар бораи батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда бояд ҳадди ақал иттилооти зеринро дар бар гирад:
1) номи андозсупоранда;
2) маблағи қарзи андоз;
3) андозе, ки барои пардохти он батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда пешниҳод шудааст;
4) муҳлатҳо ва тартиби пардохти маблағи қарз ва фоизҳои ҳисобшаванда.
12. Қарор дар бораи татбиқи батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда аз санаи дар қарори мазкур зикргардида эътибор пайдо мекунад.
13. Қарор дар бораи рад кардани пешниҳоди батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда бояд асоснок бошад.
14. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад нисбат ба қарор дар бораи рад кардани пешниҳоди батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.
15. Нусхаи қарор дар бораи қабул ё рад кардани батаъхиргузорӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор доир ба қабул намудани қарор дар бораи батаъхиргузории пардохти андозҳо ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ба андозсупоранда ва ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии андозсупоранда дар давоми 3 рӯз пас аз рӯзи қабул кардани чунин қарор ирсол карда мешавад.
Моддаи 115. Қатъ гардидани амали батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда
1. Амали батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда қатъгардида эътироф мешавад, агар:
- маблағҳои ҳисобшудаи андоз ва фоизҳо то ба охир расидани муҳлати муқарраршуда пардохт карда шаванд;
- муҳлати амали қарор дар бораи батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда ба охир расида бошад;
- андозсупоранда дар муҳлати муайяншуда шартҳои батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошударо иҷро накунад.
2. Огоҳинома оид ба бекор намудани қарор дар бораи батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда дар давоми 5 рӯз пас аз қабул гардидани чунин қарор мувофиқан аз ҷониби мақомоти ваколатдор ва мақоми ваколатдори давлатӣ ба андозсупоранда ва нусхаи он ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии андозсупоранда бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ирсол карда мешавад.
3. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад нисбат ба қарор дар бораи қатъ гардидани амали батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.
Моддаи 116. Муқаррароти умумӣ дар бораи ба ҳисоб гирифтан ва баргардонидани андозҳои барзиёд пардохтшуда ва ситонидашуда
1. Маблағи барзиёд пардохтшудаи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо барои давраи андоз, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 274 Кодекси мазкур, фарқи мусбати байни маблағҳои пардохтшуда ва маблағҳои ҳисобшудаи (иловатан ҳисобшудаи) андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо барои давраи андоз мебошад.
2. Маблағи андози барзиёд пардохтшуда ё барзиёд ситонидашуда ба андозсупоранда баргардонида мешавад. Андозсупоранда дар чунин ҳолат ҳуқуқ дорад, маблағи андози барзиёд пардохтшуда ё барзиёд ситонидашударо барои пардохтҳои минбаъдаи ҳамин намуди андоз истифода намояд.
3. Пӯшонидани уҳдадориҳои андозӣ аз ҳисоби маблағҳои андози барзиёд пардохтшуда ё ситонидашуда бо пайдарҳамии зерин амалӣ карда мешавад:
1) барои пардохти қарздорӣ аз рӯи фоизҳои андози барзиёд пардохтшуда ё ситонидашуда (ҳангоми ҷой доштани чунин ҳолат);
2) барои пардохти қарздорӣ аз намудҳои дигари андоз ва фоизи онҳо ба буҷетҳои дахлдор;
3) ҷиҳати пардохти ҷаримаҳо барои ҳуқуқвайронкуниҳои андоз ба буҷетҳои дахлдор.
4. Маблағи барзиёд пардохтшуда ё ситонидашудаи андоз дар асоси аризаи андозсупоранда пурра ё қисман ба андозсупоранда баргардонида мешавад, агар пайдарҳамии муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи мазкур иҷро шуда бошад.
5. Баргардонидани маблағи барзиёд пардохтшуда ё ситонидашудаи андоз ба андозсупоранда мутобиқи қисмҳои 1-3 ҳамин модда ва бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 117 ва 118 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
6. Саҳеҳияти маблағҳои барзиёд пардохтшуда ё ситонидашудаи андоз бо тартиб додани санади муқоисавӣ байни мақомоти андоз ва андозсупоранда бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур муайян карда мешавад.
7. Қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб инчунин нисбат ба баҳисобгирӣ ё баргардонидани маблағи барзиёд пардохтшуда ё барзиёд ситонидашудаи зерин татбиқ карда мешаванд:
- пешпардохтҳо ва пардохтҳои ҷории андозҳо, боҷҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳо;
- боҷҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои аз ҷониби мақомоти ваколатдори дигар таъингардида;
- маблағҳои саҳван пардохтшудаи андоз, фоизҳо ва ҷаримаҳои он;
- маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои муқаррароти моддаи 274 Кодекси мазкур.
Моддаи 117. Тартиби ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағи андози барзиёд пардохтшуда
1. Ба ҳисоб гирифтани маблағи андози барзиёд пардохтнамудаи андозсупоранда барои пардохти қарздории ӯ, ки дар қисми 2 моддаи 116 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, аз ҷониби мақомоти андоз дар давоми 5 рӯз пас аз рӯзи муайян гардидани далели пардохти барзиёди маблағи андоз (санади муқоисавӣ) ё аз рӯзи эътибор пайдо намудани қарори дахлдори суд мустақилона анҷом дода мешавад.
2. Ҳангоми баррасии аризаи хаттии андозсупоранда оид ба баргардонидани маблағи андози барзиёд пардохтшуда, мақомоти андоз дар муддати 10 рӯз пас аз рӯзи ворид гардидани чунин ариза хулосаи асоснок тартиб медиҳад. Дар сурати мавҷуд будани ҳолатҳои алоҳидае, ки баррасии ариза омӯзиши иловагиро талаб менамоянд, муҳлати пешниҳоди хулоса 5 рӯз тамдид карда мешавад.
3. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки барои ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағи андози барзиёд пардохтшуда дар давоми муҳлати даъво ариза пешниҳод намояд, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
4. То ба охир расидани муҳлати дар қисми 2 ҳамин модда муқарраршуда мақомоти андоз хулосаи дахлдорро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур барои баргардонидани маблағи андози барзиёд пардохтшуда ба мақомоти молия пешниҳод менамояд.
5. Мақомоти андоз уҳдадор аст, ки андозсупорандаро оид ба хулосаи қабулшуда дар бораи рад кардани ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағ дар давоми 3 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи қабул кардани чунин хулоса огоҳ намояд.
6. Ҳангоми аз ҷониби мақомоти андоз риоя нагардидани муқаррароти қисми 2 ҳамин модда, барои ҳар рӯзи тақвимии муҳлати баргардонидани маблағ ба манфиати андозсупоранда мутобиқи моддаи 139 Кодекси мазкур фоизҳо ҳисоб карда мешаванд.
7. Фоизҳои ҳисобшуда аз ҳисоби буҷети дахлдор пардохт карда мешаванд.
8. Маблағи саҳван пардохтшудаи андоз, инчунин фоизҳо ва (ё) ҷаримаҳо дар асоси муроҷиати хаттии андозсупоранда ё ташкилоти қарзии молиявӣ ва ё мақомоти молия ба андозсупоранда баргардонида мешаванд, агар хато аз тарафи онҳо роҳ дода шуда бошад.
Моддаи 118. Тартиби ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағи андози барзиёд ситонидашуда
1. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад ба мақомоти андоз дар бораи ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағи андози барзиёд ситонидашуда дар давоми муҳлати даъво ё аз рӯзи эътибор пайдо кардани қарори суд ариза пешниҳод намояд.
2. Маблағи андози барзиёд ситонидашуда ва фоизҳои ба манфиати (фоидаи) андозсупоранда ҳисобишуда дар асоси аризаи андозсупоранда дар давоми 20 рӯзи корӣ аз лаҳзаи аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани чунин ариза бо риояи муқаррароти моддаи 116 Кодекси мазкур баргардонида мешавад.
3. Фоизҳо ба маблағи андози барзиёд ситонидашуда ҳисоб карда мешаванд, агар андозсупоранда дар давоми 60 рӯз дар ин хусус ариза пешниҳод намояд ва ё аз санаи эътибор пайдо кардани қарори дахлдори суд.
4. Фоизҳо аз санаи ситонидани маблағи барзиёди андоз то рӯзи воқеии баҳисобгирӣ ё баргардонидани маблағ ҳисоб карда мешаванд.
5. Фоизҳои ҳисобшуда аз ҳисоби буҷети дахлдор бо риояи муқаррароти моддаи 139 Кодекси мазкур бо меъёрҳои амалкунандаи давраи ситонидашудаи маблағ пардохт карда мешаванд.
6. Ҳангоми муайян шудани далели барзиёд ситонидани андоз, мақомоти андоз дар бораи баҳисобгирӣ ва (ё) баргардонидани андози барзиёд ситонидашуда, инчунин фоизҳои ба манфиати (фоидаи) андозсупоранда ҳисобшуда бо тартиби муқаррарнамудаи қисмҳои 4-5 ҳамин модда қарор қабул мекунад.
7. Ба ҳисоб гирифтани маблағи андози барзиёд ситонидашуда ба ҳисоби пардохти қарзи андози андозсупоранда ё ба ҳисоби пардохтҳои минбаъдаи ӯ барои ҳамин ё андозҳои дигари дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 116 Кодекси мазкур муқарраршуда аз ҷониби мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи қисмҳои 1-3 моддаи 117 Кодекси мазкур барои ба ҳисоб гирифтани маблағи андози барзиёд пардохтшуда анҷом дода мешавад.
8. Тартиби баргардонидани андози барзиёд ситонидашуда бо тартиби пешбининамудаи моддаи 117 Кодекси мазкур барои баргардонидани маблағи андози барзиёд пардохтшуда шабеҳ мебошад.
БОБИ 15. ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ АНДОЗӢ
Моддаи 119. Уҳдадориҳои андозӣ
1. Уҳдадориҳои андозӣ уҳдадории андозсупоранда оид ба ҳисоб ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пардохт намудани андоз ва боҷҳо мебошад.
2. Уҳдадории андозӣ оид ба ҳисоб кардан, нигоҳдорӣ, дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба буҷет пардохт намудан ва ё ба андозсупоранда баргардонидани андозҳо, ки ба зиммаи агентҳои андоз вогузор гардидаанд, ба уҳдадориҳои андозии андозсупоранда баробар карда мешаванд.
3. Уҳдадории андозӣ тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ё дигар санадҳои қонунгузории андоз муқаррар мешаванд, тағйир меёбанд ва ё қатъ мегарданд.
4. Таъмини уҳдадории андозӣ нисбат ба ҳар намуди андоз аз лаҳзаи ба миён омадани чунин уҳдадорӣ мутобиқи қонунгузории андоз ба зиммаи андозсупоранда вогузор карда мешавад.
Моддаи 120. Тартиб ва муҳлати иҷрои уҳдадориҳои андозӣ
1. Андозсупоранда уҳдадориҳои андозиро мустақилона иҷро менамояд, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
2. Уҳдадориҳои андозии шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошад, метавонад аз ҷониби шахси воқеии дигар иҷро карда шавад. Дар ин ҳолат манфиати моддии бадастовардаи ин шахси воқеӣ даромади андозбандишаванда эътироф карда намешавад. Маблағҳои ба ин мақсад пардохтшуда баргардонида намешаванд.
3. Уҳдадории андозӣ бояд дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории андоз иҷро карда шавад.
4. Муҳлати иҷрои уҳдадории андозӣ тибқи Кодекси мазкур бо санаи тақвимӣ ё гузаштани давраи вақт (сол, семоҳа, моҳ ва рӯз) муқаррар карда мешавад.
5. Муҳлати иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз рӯзи пас аз санаи тақвимӣ ё аз санаи иҷрои амале, ки уҳдадориҳои андозиро ба миён меорад, шуруъ мегардад.
6. Агар рӯзи охирини муҳлати иҷрои уҳдадории андозӣ ба рӯзҳои истироҳат ва ё рӯзҳои ид (ғайрикорӣ) рост ояд, рӯзи аввали кории баъд аз чунин рӯзҳо фарорасида рӯзи ба охир расидани муҳлат ҳисобида мешавад.
7. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад уҳдадории андозиро пеш аз муҳлат иҷро намояд.
8. Муҳлати иҷрои уҳдадории андозӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 110 - 115 Кодекси мазкур тағйир дода мешавад.
9. Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда иҷро нагардидан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои андозӣ, мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи бобҳои 17-18 Кодекси мазкур иҷрои онро таъмин менамояд.
10. Иҷрои уҳдадориҳои андозӣ дар ҳолати муфлисшавии (пардохтнопазирии) андозсупоранда тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 121. Тадбирҳои муваққатӣ
1. Тадбирҳои муваққатӣ аз ҷониби мақомоти андоз вобаста ба натиҷаҳои санҷишҳои андозӣ ва дар ҳолатҳои мавҷуд будани далелҳои кофӣ, ки амалӣ накардани онҳо боиси душворӣ ва ғайриимкон гардидани иҷрои қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ва ситонидани қарзи андоз мегарданд, андешида мешаванд.
2. Барои андешидани тадбирҳои муваққатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ қарори дахлдор қабул мекунад. Муҳлати амали чунин қарор аз рӯзи қабул то санаи иҷрои он ё то санаи бекор кардани қарор аз ҷониби суд эътибор дорад.
3. Мақомоти андоз дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 11 ҳамин модда ҳуқуқ дорад дар бораи бекор кардани тадбирҳои муваққатӣ ё иваз кардани онҳо қарор қабул намояд.
4. Қарор дар бораи бекор кардани (иваз намудани) тадбирҳои муваққатӣ аз рӯзи қабули он эътибор пайдо мекунад.
5. Тадбирҳои муваққатӣ аз амалҳои зерин иборат мебошанд:
- боздоштани амалиётҳо бо суратҳисобҳои бонкӣ тибқи муқаррароти моддаи 140 Кодекси мазкур;
- манъи бегона кардан ва (ё) ба гарав гузоштани молу мулк бе розигии мақомоти андоз.
6. Манъи бегона кардан ва (ё) ба гарав гузоштани молу мулк нисбати молу мулки зерин анҷом дода мешавад:
- молу мулки ғайриманқуле, ки дар истеҳсоли молҳо ё анҷоми хизматрасониҳо истифода карда намешавад;
- воситаҳои нақлиёт, коғазҳои қиматнок, ашёи ороишии биноҳои хизматӣ;
- молу мулки дигар, ба истиснои маҳсулоти тайёр ва ашёи хом;
- маҳсулоти тайёр, ба истиснои ашёи хом ва маҳсулоти зудвайроншавандае, ки муҳлати истифодаи он то се моҳ мебошад.
7. Ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои андозии дар рафти санҷиши андозӣ муайяншуда пайдарҳамии манъи бегона кардан ва (ё) ба гарав гузоштани молу мулк тибқи муқаррароти қисми 6 ҳамин модда амалӣ мегардад, агар арзиши умумии молу мулки гурӯҳҳои қаблӣ аз маблағи умумии қарзи андоз камтар бошад. Дар баробари ин, арзиши молу мулк тибқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ муайян карда мешавад.
8. Боздоштани амалиётҳо бо суратҳисобҳои бонкӣ то манъ кардани бегонакунӣ ва (ё) ба гарав гузоштани молу мулк амалӣ карда мешавад.
9. Мақомоти андоз бо дархости андозсупоранда ҳуқуқ дорад тадбирҳои муваққатии дар қисми 6 ҳамин модда муқарраршударо бо тадбирҳои зерин иваз намояд:
- кафолати бонкии ташкилоти қарзии молиявӣ барои пардохти қарзи андоз;
- гарави коғазҳои қиматнок, ки дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок муомилот мекунанд;
- замонат, ки бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 137 Кодекси мазкур ба расмият дароварда шудааст.
10. Агар андозсупоранда кафолати бонкии ташкилоти эътимодноки қарзии молиявиро оид ба пардохти уҳдадории андозӣ пешниҳод намояд, мақомоти андоз ҳуқуқ надорад дархости андозсупорандаро оид ба иваз кардани тадбирҳои муваққатии дар қисми 6 ҳамин модда муқарраршуда рад намояд.
11. Нусхаи қарор дар бораи қабули тадбирҳои муваққатӣ ва қарор дар бораи бекор кардани он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми 5 рӯз аз санаи қабули он ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда ирсол ё ба намояндаи ӯ супорида мешавад.
Моддаи 122. Қатъ гардидани уҳдадории андозӣ
1. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, уҳдадории андозӣ дар ҳолатҳои зерин қатъгардида ҳисобида мешавад:
1) иҷро гардидани уҳдадориҳои андозӣ (фоизҳо ва ҷаримаҳо);
2) ҳолатҳое, ки қонунгузории андоз қатъ гардидани уҳдадории андозро муқаррар намудааст, аз ҷумла:
- гузаштани муҳлати даъво аз рӯи уҳдадории андоз;
- муфлис эътироф гардидани андозсупоранда, агар бо қарори суд тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;
- аз ҳисоб баровардани уҳдадории андозӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур.
2. Уҳдадории андозии шахси воқеӣ дар ҳолатҳои зерин бо риояи талаботи қисми 3 ҳамин модда қатъ мегардад:
- иҷро гардидани уҳдадориҳои андозӣ;
- бо сабаби фавти шахси воқеӣ;
- тибқи санади судӣ фавтида эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ, инчунин, нокифоя будани молу мулки ӯ.
3. Қарзи андозии шахси воқеии фавтида ё фавтида эълоншуда аз ҷониби ворисон дар доираи арзиши молу мулки ба мерос гирифтаи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 129 Кодекси мазкур пардохт карда мешавад.
4. Уҳдадории андозии шахси ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
- барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ мутобиқи моддаи 126 Кодекси мазкур;
- азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ мутобиқи моддаи 127 Кодекси мазкур.
Моддаи 123. Муҳлати даъво аз рӯи уҳдадории андозӣ
1. Муҳлати даъво аз рӯи уҳдадории андозӣ 5 солро ташкил мекунад.
2. Мақомоти андоз дар давраи муҳлати даъво ҳуқуқ дорад, ки маблағи андози аз ҷониби андозсупоранда пардохтшавандаро ҳисоб намояд (иловатан ҳисоб намояд), маблағи андози барои давраи дахлдори андоз ҳисобшударо (иловатан ҳисобшударо) ситонад.
3. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки дар давраи муҳлати даъво мустақилона уҳдадории андозии худро аз нав бозҳисобӣ ва ислоҳ намояд, инчунин, баргардонидан ё ба ҳисоб гирифтани маблағи барзиёд пардохтшуда ё ситонидашударо барои давраи дахлдори андоз, талаб намояд.
4. Нисбат ба андозсупорандагоне, ки андозбандии имтиёзнокро истифода мебаранд, муҳлати даъво ба муҳлати амали андозбандии имтиёзноки мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, инчунин, мутобиқи моддаи 37 Кодекси мазкур тамдид карда мешавад.
5. Муҳлати даъво дар давраи амалӣ гардидани мораторияи санҷиши андозҳо, муҳлати батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошудаи андозҳо боздошта мешавад.
Моддаи 124. Пардохти андоз
1. Уҳдадории андозсупоранда оид ба пардохти андоз дар ҳолатҳои зерин иҷрошуда эътироф карда мешавад, агар дар қисми 2 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад:
1) аз лаҳзаи инъикоси амалиёти интиқоли маблағ дар супоришномаи пардохтии андозсупоранда, ки ба ташкилоти қарзии молиявӣ дар бораи интиқоли маблағҳо аз суратҳисоби андозсупоранда ба суратҳисоби дахлдори хазинадории Буҷети давлатӣ пешниҳод шудааст – дар сурати мавҷуд будани маблағи кофии пулӣ дар рӯзи пардохт дар суратҳисоби андозсупоранда ва ташкилоти қарзии молиявӣ;
2) аз лаҳзаи ба хазинаи ташкилоти қарзии молиявӣ додани пули нақд барои интиқол ба суратҳисоби дахлдори хазинадории Буҷети давлатӣ бе кушодани суратҳисоб дар ташкилоти қарзии молиявӣ. Чунин қоида танҳо ҳангоми пардохти андоз аз ҷониби шахсони воқеӣ, ба шарте ки барои пардохти андоз маблағи кофӣ мавҷуд бошад, истифода мешавад;
3) аз рӯзи қабули қарор аз ҷониби мақомоти андоз дар бораи ба ҳисоб гирифтани маблағи барзиёд пардохтшуда ё маблағи барзиёд ситонидашудаи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳо барои иҷрои уҳдадории пардохти андози дахлдор.
2. Уҳдадории андозсупоранда оид ба пардохти андоз дар ҳолатҳои зерин иҷронашуда эътироф карда мешавад:
1) аз ҷониби андозсупоранда бозхондан ё ба ӯ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ баргардонидани супоришномаи иҷронашуда барои интиқоли маблағҳои пулии дахлдор ба буҷет;
2) бозхонд гардидани супоришномаи иҷронашуда аз ҷониби андозсупоранда ё ба ӯ баргардонидани он аз ҷониби хазинадорӣ;
3) нодуруст нишон додани реквизитҳои бонкӣ дар супоришнома оид ба интиқоли маблағҳои пулӣ, ки боиси интиқол нагардидани ин маблағҳои пулӣ ба суратҳисоби дахлдори хазинадории буҷети давлатӣ гардидааст;
4) агар дар рӯзи пешниҳоди супоришнома ба ташкилоти қарзии молиявӣ оид ба интиқоли маблағ барои пардохти андоз андозсупоранда дар ин ташкилот дорои талаботи дигари иҷронашуда нисбати суратҳисобаш бошад, ки тибқи қонунгузории гражданӣ онҳо бояд дар навбати аввал иҷро карда шаванд ва агар дар ин суратҳисоб барои қонеъ намудани тамоми талабот маблағи кофӣ набошад.
Моддаи 125. Иҷрои супоришномаҳои пардохтӣ ва инкассавӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ
1. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд:
1) супоришномаи пардохтии андозсупоранда (минбаъд дар ин модда - супоришномаи пардохтӣ) ва супоришномаи инкассавии мақомоти андозро (минбаъд дар ин модда - супоришномаи инкассавӣ) аз рӯи пайдарҳамии муқаррарнамудаи қонунгузории гражданӣ ва Кодекси мазкур иҷро намоянд;
2) супоришномаи инкассавии мақомоти андозро иҷро намоянд, агар ба ташкилоти қарзии молиявӣ супоришномаи инкассавӣ якҷо бо замимаи қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ва санади муқоисавии аз ҷониби мақомоти андоз ва андозсупоранда бо тартиби муқарраргардида тасдиқшуда, ки дар он маълумот оид ба асоснокии қарзҳои андозии аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда дарҷ карда шудааст, дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ пешниҳод карда шавад.
3) дар асоси супоришномаи пардохтии андозсупоранда ё супоришномаи инкассавии мақомоти андоз маблағи андозҳоро ба суратҳисоби Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз як рӯзи дигари баъди гузаронидани амалиёт гузаронанд;
4) агар иҷрои супоришномаи пардохтии андозсупоранда ва супоришномаи инкассавии мақомоти андоз бо сабаби мавҷуд набудани (нокифоягии) маблағҳои пулӣ дар суратҳисоби андозсупоранда дар муҳлати муқарраршуда имконнопазир бошад, дар давоми рӯзи дигари пас аз рӯзи ба охир расидани давраи муқарраршуда мақомоти андозро дар бораи иҷро накардани (қисман иҷро кардани) супоришномаи пардохтии андозсупоранда ва супоришномаи инкассавии мақомоти андоз огоҳ намояд.
2. Шакли электронии огоҳиномаи ташкилоти қарзии молиявӣ дар бораи иҷро накардани (қисман иҷро кардани) супоришномаи пардохтии андозсупоранда ва супоришномаи инкассавии мақомоти андоз ва тартиби интиқоли электронии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда, ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.
4. Татбиқи чораҳои масъулият ташкилотҳои қарзии молиявиро аз уҳдадории иҷрои супоришномаи пардохтии андозсупоранда ва супоришномаи инкассавии мақомоти андоз озод намекунад.
Моддаи 126. Иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ҳангоми барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ
1. Муассиси (муассисони) шахси ҳуқуқӣ – резидент, мақомоти ваколатдори онҳо ё суд дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор дар бораи барҳамдиҳӣ уҳдадоранд ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон ба таври хаттӣ хабар диҳанд.
2. Шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда уҳдадор аст дар давоми 3 рӯзи корӣ аз рӯзи тасдиқ намудани тавозуни фосилавии барҳамдиҳӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавӣ ариза дар бораи гузаронидани санҷиши андозӣ ва ҳисоботи андозии барҳамдиҳиро пешниҳод намояд.
3. Шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда уҳдадор аст андозҳоеро, ки дар ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ дарҷ шудаанд, на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба мақомоти андоз пешниҳод намудани ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ пардохт намояд.
4. Уҳдадории андозии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда аз ҳисоби маблағҳои ин шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла маблағи аз ҳисоби фурӯши молу мулк бадастомада, иҷро карда мешавад. Комиссияи барҳамдиҳӣ дар давоми 7 рӯз аз лаҳзаи барҳамдиҳӣ мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиро оид ба таъинот ба ҳайси барҳамдиҳанда расман огоҳ менамояд.
5. Мақомоти андоз уҳдадор аст, ки на дертар аз 20 рӯзи корӣ баъди гирифтани аризаи шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда санҷиши маҷмуии андозиро гузаронад.
6. Қарзи андози шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда аз ҳисоби маблағҳои пулии шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла маблағҳои аз фурӯши молу мулк бадастомада, бо пайдарҳамии муқаррарнамудаи қонунгузории гражданӣ ва Кодекси мазкур пардохт карда мешавад.
7. Шахсоне, ки ба онҳо мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарии замини шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда (ҳар шакли хоҷагидории кишоварзӣ) дода мешавад, аз рӯи маблағи боқимондаи қарзи андози шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда масъулияти мутаносиб (баробари ҳиссавӣ) доранд.
8. Агар маблағҳои пулии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, аз ҷумла маблағе, ки аз ҳисоби фурӯши молу мулки он ба даст омадааст, барои пурра пардохт намудани қарзи андоз кифоя набошад, қарзи боқимондаи андоз метавонад аз ҷониби иштирокчиёни ин шахси ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пардохт карда шавад, агар дар ҳуҷҷатҳои муассисӣ уҳдадориҳои муштарак муқаррар шуда бошанд.
9. Пайдарҳамии иҷрои уҳдадориҳои андозии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда аз ҳисоби кредиторони дигари ин шахси ҳуқуқӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ тибқи қонунгузории гражданӣ анҷом дода мешавад.
10. Маблағи андоз (фоиз, ҷарима), ки аз ҷониби шахси ҳуқуқии барҳамдодашуда барзиёд пардохт ё аз ҷониби мақомоти андоз ситонида шудааст, барои пардохти қарзи андоз аз рӯи намудҳои дигари андоз бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба ҳисоб гирифта мешавад ё бо қарори шахси ҳуқуқии барҳамдиҳанда мутаносибан тақсим карда мешавад.
11. Агар шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда қарзи андоз надошта бошад, маблағи андозҳои барзиёд пардохтшуда ё ситонидашуда (фоизҳо, ҷаримаҳо) бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба шахси ҳуқуқӣ на дертар аз 15 рӯз аз рӯзи аз ҷониби ӯ пешниҳод гардидани ариза баргардонида мешавад.
12. Муқаррароти дар ҳамин модда пешбинишуда нисбат ба пардохти андозҳо ҳангоми интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ амалӣ карда мешаванд.
13. Аз рӯи натиҷаҳои санҷиши сайёри андоз ва пурра пардохтани қарзи андоз, шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавӣ тавозуни барҳамдиҳӣ пешниҳод менамояд.
14. Мақомоти андоз уҳдадор аст, ки дар асоси дархости шахси ҳуқуқии барҳамдодашуда тибқи тартиб ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дар бораи қарздор набудани шахси мазкур маълумотнома диҳад.
15. Иҷрои уҳдадориҳои андозии филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезидент, муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки фаъолиятро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ намудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда анҷом дода мешавад.
Моддаи 127. Иҷрои уҳдадории андозӣ ҳангоми азнав-ташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ
1. Уҳдадории андозии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда аз ҷониби вориси (ворисони) ҳуқуқии он иҷро карда мешавад.
2. Шахси ҳуқуқӣ дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ бо роҳи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, ҷудо гардидан, тақсим шудан ё табдил додан ба таври хаттӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавӣ хабар медиҳад.
3. Шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда дар давоми 3 рӯзи корӣ аз рӯзи тасдиқи санади супоридан ё тавозуни тақсимкунӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавӣ ариза дар бораи гузаронидани санҷиши андозӣ ва ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ пешниҳод менамояд.
4. Ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ аз рӯи намудҳои андозҳое тартиб дода мешавад, ки шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда андозсупорандаи (агенти андози) онҳо мебошад.
5. Санҷиши андозӣ бояд на дертар аз 20 рӯзи корӣ баъди аризаи шахси ҳуқуқии азнавташкилшавандаро гирифтани мақомоти андоз оғоз гардад.
6. Новобаста ба огоҳӣ доштан ё надоштани вориси (ворисони) ҳуқуқӣ дар бораи далелҳо ва (ё) ҳолатҳои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадорӣ оид ба пардохти андоз аз ҷониби шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда, иҷрои уҳдадории андозии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба зиммаи вориси (ворисони) ҳуқуқии он вогузор карда мешавад.
7. Вориси (ворисони) ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда уҳдадор аст пардохти пурраи қарзи андози ҳиссавӣ, аз ҷумла маблағи ҷаримаҳо барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои андозиро, ки ба шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда таъин шудаанд, то ба охир расидани азнавташкилдиҳӣ таъмин намояд.
8. Вориси (ворисони) ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда аз ҳуқуқҳое, ки дар Кодекси мазкур барои андозсупорандагон муқаррар шудаанд, истифода мебарад.
9. Азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ муҳлати аз ҷониби ворис (ворисон) иҷро намудани уҳдадории андозиро тағйир намедиҳад.
10. Ҳангоми муттаҳидшавии (якҷояшавии) якчанд шахси ҳуқуқӣ, вориси ҳуқуқии онҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ шахси ҳуқуқии навтаъсисёфта ба ҳисоб меравад. Ҳуҷҷатҳои (маълумоти электронии) андозии шахсони ҳуқуқии муттаҳидшуда дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқии навтаъсис нигоҳ дошта мешаванд.
11. Дар сурати ҳамроҳшавии як шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар, вориси ҳуқуқӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ шахси ҳуқуқие эътироф мешавад, ки шахси ҳуқуқии ҳамроҳшаванда ба он ҳамроҳ шудааст.
12. Ҳангоми тақсим шудани шахси ҳуқуқӣ, шахсони ҳуқуқии навтаъсис, ки дар натиҷаи чунин тақсимшавӣ ба вуҷуд омадаанд, аз рӯи ҳиссаҳои тақсимшуда ворисони ҳуқуқӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозии шахси ҳуқуқии тақсимшуда эътироф мешаванд.
13. Ҳангоми мавҷуд будани якчанд вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии ҷудошуда, тақсимшуда ё табдилшуда ҳиссаи ҳар яки онҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда мутобиқи тавозуни тақсимот, ки дар асоси қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст, муайян карда мешавад. Агар тавозуни тақсимот ба муайян намудани ҳиссаи ҳар як вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда имкон надиҳад, уҳдадориҳои андозии шахсони ҳуқуқии навтаъсис бо қарори суд муайян карда мешаванд.
14. Муқаррароти қисми 13 ҳамин модда, инчунин, дар ҳолатҳое амалӣ карда мешавад, ки тавозуни тақсимот барои ҳадди ақал аз ҷониби як вориси ҳуқуқӣ пурра иҷро намудани уҳдадории андозии қисми ба ӯ мансуббудаи шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда имкон надиҳад, агар чунин азнавташкилдиҳӣ бо мақсади иҷро накардани уҳдадории андозӣ амалӣ шуда бошад.
15. Ҳангоми ҷудошавии як ё якчанд шахсони ҳуқуқӣ аз шахси ҳуқуқӣ, ворисии ҳуқуқӣ нисбат ба шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозии он ба вуҷуд намеояд, агар дар қисми 12 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
16. Агар дар натиҷаи ҷудошавии як ё якчанд шахси ҳуқуқӣ аз шахси ҳуқуқӣ, шахси ҳуқуқии тақсимшуда уҳдадориҳои андозии худро ба пуррагӣ иҷро карда натавонад, шахсони ҳуқуқии ҷудошуда тибқи қарори суд уҳдадориҳои андозии ин шахси тақсимшударо якҷоя иҷро мекунанд.
17. Ҳангоми табдил додани як шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар, аз ҷумла тавассути тағйир додани шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вориси ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ шахси ҳуқуқии навтаъсис ба ҳисоб меравад.
18. Ҳангоми ҷудошавӣ аз шахси ҳуқуқӣ шахсони ҳуқуқии навтаъсис, ки дар натиҷаи чунин ҷудошавӣ ба вуҷуд омадаанд, инчунин, шахси ҳуқуқии мазкур ворисони ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда оид ба иҷрои уҳдадориҳои андоз бо ҳиссаи баробар эътироф мешаванд.
19. Маблағи андоз (фоизҳо, ҷаримаҳо), ки шахси ҳуқуқӣ то азнавташкилдиҳии он барзиёд пардохт намудааст ё аз он ситонида шудааст, аз ҷониби мақомоти андоз барои иҷрои уҳдадориҳои андозии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба ҳисоб гирифта мешавад. Чунин баҳисобгирӣ дар муҳлати на дертар аз 1 моҳи ба охир расидани расмиёти азнавташкилдиҳӣ ба манфиати вориси (ворисони) шахси ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.
20. Агар шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда қарзи андоз надошта бошад, маблағи андози (фоиз, ҷаримаи) барзиёд пардохтшуда ва ё аз он ситонидашуда ба вориси (ворисони) он дар муҳлати на дертар аз 1 моҳи пас аз санаи пешниҳоди ариза баргардонида мешавад. Дар ин ҳолат маблағҳои барзиёд пардохтшуда ё ситонидашудаи андоз (ҷаримаҳо, фоизҳо) ба вориси (ворисони) ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда мутаносибан ба ҳиссаи ҳар ворис, ки дар асоси тавозуни ҷудошавӣ муайян шудааст, баргардонида мешавад.
21. Муқаррароти ҳамин модда, инчунин, нисбат ба иҷрои уҳдадории пардохти боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.
22. Муқаррароти пешбининамудаи ҳамин модда, инчунин, ҳангоми муайян намудани вориси (ворисони) ҳуқуқии ташкилоти хориҷие, ки мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ аз нав ташкил шудааст, амалӣ карда мешаванд.
23. Муқаррароти пешбининамудаи ҳамин модда, инчунин, нисбат ба пардохти андозҳо ҳангоми интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 128. Иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ҳангоми ба идоракунии боэътимод додани молу мулк
1. Уҳдадориҳои андозӣ ҳангоми ба идоракунии боэътимод додани молу мулк дар асоси шартнома байни ваколатдиҳанда ва ваколатдор, аз ҷониби шахси ваколатдор мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур иҷро карда мешаванд.
2. Шахси ваколатдиҳанда-муассиси идоракунии боэътимод (манфиатгиранда) уҳдадориҳои андозро, ки дар робита бо супоридани молу мулк ба идоракунии боэътимод ба вуҷуд меоянд, мустақилона иҷро менамояд, агар иҷрои уҳдадориҳои андозӣ (ба истиснои уҳдадорӣ аз рӯи андоз аз арзиши иловашуда) тибқи шартномаи хаттӣ ба мудири ваколатдор ва ё ҳангоми супоридани молу мулк ба идоракунии боэътимод ба мудири ваколатдор - ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда нашуда бошад. Дар ҳолате, ки агар муассиси идоракунии боэътимод шахси воқеие бошад, ки соҳибкори инфиродӣ нест, иҷрои уҳдадориҳои андозии дар қисми фаъолияти муассисии идоракунии боэътимод бавуҷудомада аз ҷониби идоракунандаи боэътимод амалӣ карда мешавад.
3. Идоракунандаи боэътимод уҳдадор аст пешбурди баҳисобгирии алоҳидаи объектҳои андозбандӣ оид ба фаъолияти идоракунии боэътимоди ба манфиати муассиси идоракунии боэътимод (манфиатгиранда) иҷрошаванда ва фаъолияти дигарро амалӣ намояд.
4. Агар ба зиммаи идоракунандаи боэътимод иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, инчунин, уҳдадории таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи андозӣ ва молиявӣ барои муассиси идоракунии боэътимод (манфиатгиранда) вогузор карда шаванд, иҷрои чунин уҳдадории андозӣ аз номи шахсе, ки мудири ваколатдор мебошад, бо тартиби муқаррарнамудаи қисми махсуси Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
5. Агар мудири ваколатдор уҳдадориҳои пешбининамудаи ҳамин моддаро оид ба ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо иҷро накунад ё онҳоро нопурра иҷро кунад, уҳдадориҳои иҷрои онҳо ба зиммаи муассиси идоракунии боэътимод (манфиатгиранда) гузошта мешавад.
Моддаи 129. Иҷрои уҳдадории андозӣ ҳангоми фавти шахси воқеӣ ё фавтида эълон гардидани ӯ аз ҷониби суд
1. Дар сурати фавти шахси воқеие, ки қарзи андоз дорад, маблағи фоизҳо ва ҷаримаҳои нисбат ба ӯ ҳисобшуда беэътимод эътироф карда мешавад. Қарзи боқимондаи андози шахси воқеии фавтида аз ҷониби вориси (ворисони) ӯ, ки молу мулки меросии шахси фавтидаро мутобиқи тартиби мерос қабул кардаанд, мутаносибан ба арзиши молу мулки ба мерос гирифташуда мутобиқи муқаррароти моддаи мазкур пардохт карда мешавад.
2. Агар қарзи андози шахси воқеии фавтида аз арзиши молу мулки ба мерос гирифтаи ворис (ворисон) зиёд бошад, маблағи боқимондаи қарзи андоз беэътимод ҳисобида мешавад. Арзиши молу мулки ба мерос гирифтаи ворис (ворисон) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва ҳуҷҷати арзёбии он ба мақомоти андоз пешниҳод карда мешавад.
3. Дар ҳолати набудани ворис ё даст кашидани ворис (ворисон) аз ҳуқуқи мерос, қарзи андози шахси воқеии фавтида беэътимод ҳисобида мешавад. Қарзи беэътимоди андоз тибқи муқаррароти моддаи 131 Кодекси мазкур аз ҳисоб бароварда мешавад.
4. Дар ҳолати фавти шахси воқеӣ, ки қарзи андоз дорад, мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ ва (ё) маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ӯ уҳдадоранд, ки дар давоми 1 моҳ аз лаҳзаи гирифтани маълумот дар бораи вориси (ворисони) шахси фавтида ба ӯ (онҳо) дар бораи мавҷуд будани қарзи андоз хабар диҳанд.
5. Вориси (ворисони) шахси воқеии фавтида уҳдадор аст, ки қарзи боқимондаи андозии шахси воқеии фавтидаро на дертар аз 6 моҳ аз рӯзи қабули мерос пардохт намояд.
6. Муҳлати пардохти қарзи шахси воқеии фавтида метавонад бо қарори мақомоти андоз тамдид карда шавад, агар огоҳинома дар бораи мавҷуд будани қарзи андоз аз ҷониби ворисон (ворисони ҳуқуқӣ) камтар аз 3 моҳ пеш аз ба охир расидани муҳлати пардохти қарзи андоз гирифта шуда бошад.
7. Муқаррароти пешбининамудаи моддаи мазкур, инчунин, нисбат ба қарзи андозии шахси воқеие, ки бо қарори суд фавтида эълон шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гражданӣ амалӣ карда мешаванд.
8. Ҳангоми бекор гардидани қарори суд дар бораи фавтида эълон гардидани шахси воқеӣ, амали уҳдадориҳои андозӣ, ки қаблан мутобиқи қисми 3 ҳамин модда аз ҳисоб бароварда шуда буданд, барқарор карда мешавад. Дар чунин ҳолат аз давраи қабули қарор дар хусуси фавтида эълон гардидани шаҳрванд (шахси воқеӣ) то лаҳзаи қабули қарор дар бораи бекор кардани қарори суд оид ба уҳдадориҳои андозӣ фоизҳо ва ҷаримаҳо ҳисоб карда намешаванд.
Моддаи 130. Иҷрои уҳдадории андозии шахси воқеии бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшуда
1. Уҳдадории андозии шахси воқеие, ки аз ҷониби суд бедарак ғоиб эътироф шудааст, аз ҷониби шахси ваколатдор, ки мутобиқи қонун барои идора кардани молу мулки чунин шахс ҳуқуқ дорад (минбаъд дар ин модда – шахси ваколатдор), аз ҳисоби молу мулки шахси бедарак ғоибшуда иҷро карда мешавад.
2. Шахси ваколатдор уҳдадор аст, ки қарзи андози шахси воқеии бедарак ғоибро, ки дар рӯзи аз ҷониби суд бедарак ғоиб эътироф шудани ӯ ба миён омадааст, аз ҳисоби маблағҳо ё дигар молу мулки шахси бедарак ғоибшуда пардохт намояд.
3. Уҳдадории андозии шахси воқеие, ки аз ҷониби суд ғайри қобили амал эътироф карда шудааст, аз ҷониби васии (парастор) ӯ аз ҳисоби маблағҳо ё дигар молу мулки ин шахси ғайри қобили амал иҷро карда мешавад.
4. Уҳдадориҳои андозии иҷронашуда оид ба пардохти андозҳои шахси воқеии аз ҷониби суд бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшуда, инчунин уҳдадориҳо оид ба пардохти фоизҳо ва ҷаримаҳои ҳисобшуда, дар сурати нокифоя будани (мавҷуд набудани) маблағҳо ё дигар молу мулки ба чунин шахсони воқеӣ тааллуқдошта, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳамчун қарзҳои беэътимоди андоз аз ҳисоб бароварда мешаванд.
5. Дар ҳолати қабул гардидани қарор оид ба бекор кардани эътирофи шахси воқеӣ ҳамчун бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал, иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз рӯзи қабул кардани қарори мазкур барқарор карда мешаванд. Дар баробари ин, аз давраи қабули қарор дар хусуси бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф намудани шаҳрванд (шахси воқеӣ) то лаҳзаи қабул шудани қарор оид ба бекор кардани эътирофи шахси воқеӣ ҳамчун бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал фоизҳо ва ҷаримаҳо ҳисоб карда намешаванд.
6. Шахсони ваколатдор, ки мутобиқи ҳамин модда уҳдадоранд андозҳои шахсони воқеии аз ҷониби суд бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшударо пардохт намоянд, уҳдадориҳои андозии худро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва ҳамин модда иҷро менамоянд. Шахсони ваколатдор барои содир намудани қонунвайронкунии андоз ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои андозии ба зиммаи онҳо вогузоршуда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар ин ҳолат шахсони ваколатдор ҳуқуқ надоранд, ки ҷаримаҳои пешбининамудаи Кодекси мазкурро аз ҳисоби молу мулки шахси аз ҷониби суд бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътирофшуда пардохт намоянд.
Моддаи 131. Беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва тартиби аз ҳисоб баровардани он
1. Қарзи андозии андозсупорандагони алоҳида ва агентҳои андоз дар ҳолатҳои зерин беэътимод эътироф карда мешавад, аз ҷумла:
1) барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ - мутобиқи муқаррароти моддаи 126 Кодекси мазкур, дар ҳолати нокифоя будани молу мулки шахси ҳуқуқӣ ва (ё) имконнопазир будани пардохти он аз ҷониби муассисони (иштироккунандагони) ин шахси ҳуқуқӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;
2) муфлис эътироф шудани соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 150 Кодекси мазкур, ҳангоми нокифоя будани молу мулк;
3) фавти шахси воқеӣ ё фавтида эълон шудан, бедарак ғоиб ё ғайри қобили амал эътироф шудани шахси воқеӣ аз ҷониби суд бо тартиби пешбининамудаи моддаи 129 Кодекси мазкур, ҳангоми нокифоя будани молу мулки чунин шахсон ё ба моликияти давлатӣ гузаронидани мерос;
4) қабули санади судӣ, ки дар робита ба он мақомоти андоз ҳуқуқи ситонидани қарзи андозиро бо сабаби ба охир расидани муҳлати муқарраршуда оид ба ситонидани қарзи андозӣ ё рад намудани ариза дар бораи барқарор намудани муҳлати баохиррасида аз даст медиҳад;
5) аз баҳисобгирии андозӣ баровардани шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар мақомоти андоз мутобиқи муқаррароти моддаи 78 Кодекси мазкур, ҳангоми нокифоя будани молу мулки муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва ғайриимкон гардидани пардохти он аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ – ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доира ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ҳолати мутобиқи моддаи 78 Кодекси мазкур аз нав ба ҳисоб гирифта шудани ин шахси ҳуқуқии хориҷӣ, уҳдадориҳои андозӣ барқарор карда мешаванд.
2. Тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои андозии беэътимод эътирофшуда ва номгӯи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
3. Қарзҳои андозии дар сархати сеюми банди 2) қисми 1 ва қисмҳои 2-3 моддаи 122 Кодекси мазкур муайяншуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътимод эътироф шуда, аз ҳисоб бароварда мешаванд.
4. Қарзҳои андозии дар сархатҳои якум ва дуюми банди 2) қисми 1 моддаи 122 Кодекси мазкур муайяншуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ беэътимод эътироф гардида, аз ҳисоб бароварда мешаванд.
ФАСЛИ IV. МАҶБУРАН СИТОНИДАНИ АНДОЗҲО
БОБИ 16. ТАРТИБ ВА МУҲЛАТИ ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ АНДОЗӢ
Моддаи 132. Таъмини иҷрои уҳдадориҳо оид ба пардохти андозҳо
1. Андозсупорандае, ки уҳдадориҳо оид ба пардохти андозро дорад, уҳдадор аст, ки супоришномаи пардохтиро ба ташкилоти қарзии молиявии хизматрасон на дертар аз муҳлати пардохти муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод намояд.
2. Агар андозсупоранда қарзи пардохтнашудаи андоз дошта бошад, мақомоти андоз уҳдадор аст, ки ба андозсупоранда огоҳинома дар бораи пардохт намудани қарзи андозиро на дертар аз 3 рӯз пас аз ба охир расидани муҳлати пардохт ирсол намояд.
Моддаи 133. Огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ
1. Огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ хабардор намудани андозсупоранда дар бораи мавҷуд будани қарзи андозӣ, инчунин, дар муҳлати муқарраршуда пардохт намудани маблағи қарзи андозӣ мебошад.
2. Огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ ба андозсупоранда ҳангоми мавҷуд будани қарзи андозии пешбининамудаи моддаи 119 Кодекси мазкур фиристода мешавад.
3. Дар огоҳинома маълумот дар бораи маблағи қарзи андозӣ, ҳаҷми фоизҳое, ки аз рӯзи ба вуҷуд омадани уҳдадории андозӣ ҳисоб шудаанд, маблағи ҷаримаҳо, инчунин, чораҳои таъмини иҷрои уҳдадории андозӣ, дарҷ карда мешаванд.
4. Шакли варақаи огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд.
5. Муқаррароти пешбининамудаи моддаи мазкур нисбат ба агентҳои андоз низ амалӣ карда мешаванд.
6. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, огоҳинома метавонад ба шахсони дигар фиристода шавад. Дар ин ҳолат ҳамаи муқаррароти пешбининамудаи боби мазкур нисбат ба шахсони дигар татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 134. Тартиб ва муҳлати фиристодани огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ
1. Огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ ба андозсупоранда аз ҷониби мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ ё мақомоти болоии андоз дар шакли хаттӣ ё электронӣ фиристода мешавад.
2. Огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ ба андозсупоранда баъд аз ба миён омадани қарзи андозӣ ё аз санаи эътибор пайдо кардани қарор аз рӯи натиҷаҳои санади санҷиши сайёр фиристода мешавад.
3. Огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ дар ҳолатҳое, ки дар қисмҳои 8 ва 9 моддаи 144 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, ба шахсони дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур фиристода мешавад. Аз санаи гирифтани огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ шахсони дигар дар мавриди иҷрои огоҳиномаи мазкур бо андозсупорандагоне, ки аз андоз қарздоранд, баробар карда мешаванд.
4. Мақомоти андоз ҳангоми зарурат дар баробари ирсол намудани огоҳинома дар асоси дархости хаттӣ аз андозсупоранда пешниҳоди ҳуҷҷатҳои (маълумоти) зарурӣ, аз ҷумла санади муқоисавӣ, реквизитҳои суратҳисобҳои бонкӣ, қарздорон (дебиторон), рӯйхати молу мулкро барои амалисозии чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозӣ талаб менамояд.
5. Дар ҳолати ихтиёран иҷро накардани дархости мазкур ва аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои дархостшуда андозсупоранда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
Моддаи 135. Тағйирдиҳӣ ва иҷрои огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ
1. Агар мақомоти андоз баъд аз ба андозсупоранда фиристодани огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ ҳолатҳои асоснокеро ошкор намояд, ки боиси тағйирёбии маблағи қарзи андозӣ, фоизҳо ё ҷаримаҳо гардидааст, уҳдадор аст расман ба андозсупоранда огоҳиномаи дақиқшударо фиристад ва огоҳиномаи қаблан ирсолшударо бозпас гирад. Муқаррароти мазкур ба ҳолати пардохти ҷузъии маблағҳои қарзи андозӣ, фоизҳо ё ҷаримаҳое, ки дар огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ дарҷ шудаанд, татбиқ карда намешавад.
2. Огоҳиномаи дақиқшуда оид ба пардохти қарзи андозӣ ва бозхонди огоҳиномаи қаблан ирсолшуда ба андозсупоранда дар муҳлати 3 рӯз аз санаи ошкор гардидани ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда фиристода мешаванд.
3. Танҳо дар ҳолати қарзи андозиро дар муддати 20 рӯзи корӣ пас аз санаи гирифтани огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ пардохт накардан ва ё қисман пардохт намудани андозсупоранда, мақомоти андоз қарзи андозиро тавассути амалӣ намудани чораҳои таъмини иҷрои уҳдадории андозии дар бобҳои 17-18 Кодекси мазкур пешбинигардида қарзи андозиро меситонад.
БОБИ 17. УСУЛҲОИ ТАЪМИНИ ИҶРОИ УҲДАДОРИИ АНДОЗӢ
Моддаи 136. Усулҳои таъмини иҷрои уҳдадории андозӣ
1. Иҷрои уҳдадории андозии батаъхирафтодаи андозсупоранда бо усулҳои зерин таъмин карда мешавад:
1) кафолати бонкӣ;
2) замонат;
3) боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ тавассути суратҳисобҳои бонкӣ;
4) ҳисобкунии фоизҳо ба маблағи пардохтнашудаи андозҳо ва пардохтҳо ба буҷет;
5) маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда;
6) ҳабси молу мулки андозсупоранда;
7) ситонидани қарзи андозӣ аз суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда;
8) ситонидани қарзи андоз аз суратҳисобҳои бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда;
9) ситонидани қарзи андозӣ аз ҳисоби маблағҳои нақдии андозсупоранда.
2. Ҳабси молу мулк ва боздоштани амалиётҳои суратҳисоб дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ба сифати чораҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозии андозсупоранда дар асоси аризаи ӯ, метавонанд бо чораҳои зерин иваз карда шаванд:
1) пешниҳоди кафолати бонкӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 138 Кодекси мазкур ба расмият дароварда шудааст;
2) ба гарав гузоштани коғазҳои қиматнок, ки дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок гардиш доранд;
3) замонати шахси сеюм, ки бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 137 Кодекси мазкур ба расмият дароварда шудааст.
3. Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод гардидани кафолати бонкӣ, мақомоти андоз ҳуқуқ надорад, ки дархости андозсупорандаро оид ба иваз намудани чораҳои таъмини дар ҳамин модда пешбинишуда рад намояд.
4. Агар андозсупоранда қарзи андозро дар давоми 20 рӯзи корӣ пас аз гирифтани огоҳинома оид ба пардохти андоз пардохт накарда бошад, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад нисбат ба андозсупоранда усулҳои таъмини иҷрои уҳдадории андозии муқаррарнамудаи бандҳои 3) ва 5) - 9) қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, истифода намояд.
5. Қарорҳои тибқи бандҳои 3) ва 5) - 9) қисми 1 ҳамин модда қабулшуда бо назардошти ҳолатҳои зерин бекор карда мешаванд:
1) аз санаи эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи суд оид ба муфлис эътироф шудани андозсупоранда;
2) дар асоси ҳалномаи суд пурра қонеъ гардидани шикояти андозсупоранда оид ба натиҷаи санади санҷишӣ;
3) аз санаи эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи суд дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ташкилоти қарзии молиявӣ;
4) бартараф гардидани ҳолатҳое, ки боиси амалисозии усулҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ гардидаанд.
6. Дар ҳолати ба имзо расонидани созишнома дар бораи батаъхиргузорӣ ва пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда, истифодаи усулҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозии пешбининамудаи бандҳои 3), 5) - 9) қисми 1 моддаи мазкур муваққатан боздошта мешавад.
7. Дар ҳолати аз ҷониби мақомоти андоз бо кафолати бонкӣ ва замонат иваз намудани чораҳои таъмини иҷрои уҳдадории андозии андозсупоранда, амали чораҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардида, бекор ё муваққатан боздошта мешавад.
8. Баъд аз бартараф намудани асосҳое, ки боиси татбиқи усулҳои маҷбуран ситонидани андозҳо мутобиқи бандҳои 3) ва 5)-9) қисми 1 ҳамин модда шуда буданд, мақомоти андоз дар асоси маълумоти хаттии ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба маблағҳои пулии аз суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторони он ситонидашуда ва (ё) санади муқоисавии уҳдадориҳои андозии андозсупоранда бо мақомоти андоз дар муҳлати як рӯзи корӣ қарорҳои қаблан қабулшударо иҷрошуда ҳисобида, дар як вақт ба шахсони дахлдор огоҳинома ирсол менамояд. Қарорҳои қаблан қабулнамудаи мақомоти андоз барои ташкилотҳои қарзии молиявии дахлдор ва андозсупоранда аз рӯзи фиристода шудани огоҳиномаи хаттии мақомоти андоз оид ба иҷрои онҳо, иҷрошуда ҳисобида мешаванд.
9. Усулҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, тартиб ва шартҳои амалисозии онҳоро боби мазкур ва Тартиби татбиқи усулҳо ва чораҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия таҳия ва қабул карда мешавад, муқаррар менамояд.
10. Нисбат ба андозҳое, ки бояд дар робита ба интиқоли молҳо тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда шаванд, метавонад тадбирҳои дигари таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ мутобиқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории гумрук амалӣ карда шаванд.
Моддаи 137. Замонат
1. Замонат мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бастани шартнома байни мақомоти андоз ва зомин ба расмият дароварда мешавад.
2. Шахсони ҳуқуқӣ ё шахсони воқеӣ метавонанд зомин бошанд. Нисбат ба як уҳдадории пардохти андоз дар як вақт иштироки якчанд зомин иҷозат дода мешавад.
3. Дар сурати дар муҳлати муқарраршуда маблағи андозҳо ва фоизҳоро пурра пардохт накардани андозсупоранда, зомин дар асоси шартномаи баимзорасонидашуда уҳдадор аст, ки маблағи андози сари вақт пардохт накардаи андозсупорандаро пурра пардохт намояд.
4. Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда иҷро нагардидани уҳдадориҳои андозии бо замонат таъминшуда, андозсупоранда ва зомин барои пардохти андозҳо ҷавобгарии муштарак доранд.
5. Ҳангоми дар муҳлатҳои муқарраршуда напардохтан ё нопурра пардохтани қарзи андозии бо замонат таъминшуда, мақомоти андоз дар давоми 5 рӯз аз рӯзи ба охир расидани муҳлати пардохти қарзи андоз аз ҷониби андозсупоранда ба зомин талабнома дар бораи пардохти маблағи андозро мутобиқи шартномаи замонат ирсол менамояд.
6. Агар зомин талабнома оид ба пардохти маблағи андозро мутобиқи шартномаи замонат дар муҳлати муқарраршуда иҷро накунад, мақомоти андоз бо тартиб ва дар муҳлати пешбининамудаи бобҳои 17-18 Кодекси мазкур чораҳо оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозро нисбат ба зомин амалӣ менамояд.
7. Муносибатҳои ҳуқуқие, ки ҳангоми муқаррар намудани замонат ба сифати чораи таъмини иҷрои уҳдадории андозӣ ба миён меоянд, мутобиқи муқаррароти қонунгузории гражданӣ танзим карда мешаванд, агар қонунгузории андоз тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
8. Муқаррароти моддаи мазкур ҳамчунин нисбат ба замонат ҳангоми анҷом додани дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва боҷҳо татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 138. Кафолати бонкӣ
1. Кафолати бонкӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости андозсупоранда ба расмият дароварда шуда, мутобиқи он ташкилоти қарзии молиявӣ (кафил) маблағи андози андозсупорандаро пурра пардохт менамояд, агар андозсупоранда дар муҳлати муқарраршуда маблағи андозҳо ва фоизҳоро пардохт накунад.
2. Кафолати бонкӣ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
1) бозхостнашаванда ва ба шахси дигар вогузорнашаванда бошад;
2) набояд дархостҳои дигари мақомоти андоз оид ба иҷрои кафолатномаи бонкии аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ-кафил ва андозсупоранда пешниҳодшударо дар бар гирад;
3) муҳлати амали он набояд пештар аз 6 моҳ аз рӯзи ба охир расидани муҳлати муқарраршуда барои иҷрои уҳдадории пардохти қарзи андозӣ аз ҷониби андозсупоранда, ки бо кафолати бонкӣ таъмин шудааст, анҷом ёбад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;
4) маблағи пурраи уҳдадории андозии андозсупоранда, аз ҷумла пардохти андозҳо, ҷарима ва фоизҳоро дар бар гирад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;
5) муқаррарот дар бораи аз кафил маҷбуран ситонидани маблағҳоро аз ҷониби мақомоти андоз пешбинӣ намояд, агар кафил дар муҳлати муқарраршуда талабот оид ба пардохти маблағро мутобиқи ин кафолати бонкӣ иҷро накунад.
3. Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда пардохт накардан ё нопурра пардохт кардани андоз аз ҷониби андозсупоранда, ки иҷрои уҳдадории пардохти андоз бо кафолати бонкӣ таъмин карда шудааст, мақомоти андоз дар давоми 5 рӯз аз рӯзи ба охир расидани муҳлати иҷрои талабот ба кафил талабнома барои пардохт кардани маблағро мутобиқ ба кафолати бонкӣ ирсол менамояд.
4. Кафил уҳдадор аст, ки талабномаи мақомоти андозро оид ба пардохти маблағ дар муҳлати 5 рӯз аз рӯзи гирифтани он тибқи кафолати бонкӣ иҷро намояд. Кафил ҳуқуқ надорад, ки қонеъ гардонидани талабномаи мақомоти андозро оид ба пардохти маблағ мутобиқи кафолатномаи бонкӣ рад намояд.
5. Ситонидани маблағ аз кафил бо тартиб ва дар муҳлатҳои пешбининамудаи моддаҳои 144 ва 148 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад, агар талабномаи мақомоти андоз то ба охир расидани муҳлати кафолати бонкӣ ба кафил фиристода шуда бошад.
6. Муқаррароти пешбининамудаи ҳамин модда, инчунин, нисбат ба кафолатҳои бонкӣ, ки иҷрои уҳдадории пардохти фоизҳо ва ҷаримаҳоро таъмин мекунанд, татбиқ мешаванд.
7. Бо тартиб ва мутобиқи шартҳои муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия уҳдадорӣ оид ба пардохти қарзи андозӣ аз ҷониби шахси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқии хориҷӣ метавонад бо кафолати бонкии ташкилоти қарзии молиявии хориҷии дорои рейтинги баланди агентиҳои рейтингии байналмилалӣ таъмин карда шавад. Чунин кафолати бонкӣ (бонкҳои хориҷӣ) бояд ба талаботи пешбининамудаи бандҳои 1) - 4) қисми 2 ҳамин модда ҷавобгӯ бошад.
8. Кафил ҳуқуқ надорад, ки талабномаи мақомоти андозро дар бораи иҷрои уҳдадории бо кафолатномаи бонкӣ таъмингардида рад намояд, агар он дар муҳлати амали чунин кафолатнома пешниҳод гардида бошад.
Моддаи 139. Фоизҳо
1. Фоизҳо – маблағҳои пулие, ки нисбат ба андозсупоранда ҳангоми аз ҷониби ӯ риоя нагардидани муҳлати пардохти андозҳо, ки қонунгузории андоз муқаррар намудааст, ҳисоб карда мешаванд.
2. Фоизҳо, новобаста ба маблағи андозҳои пардохтшаванда, амалисозии чораҳои дигар оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, инчунин, чораҳои ҷавобгарӣ барои вайронкунии қонунгузории андоз, ҳисоб ва ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешаванд.
3. Фоизҳо барои ҳар рӯзи тақвимии батаъхиргузории иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, шуруъ аз рӯзи дигари муҳлати пардохти андоз, ки қонунгузории андоз муқаррар кардааст, ҳисоб карда мешаванд, агар Кодекси мазкур тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
4. Пешниҳод намудани ариза дар бораи батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошуда ҳисоб кардани фоизҳоро аз рӯи маблағҳои пардохтшавандаи андоз то лаҳзаи қабули санади дахлдор боз намедорад.
5. Нисбат ба маблағи қарзи андозии андозсупоранда, ки бинобар сабаби татбиқ гардидани чораҳои таъминотӣ дар шакли боздоштани амалиётҳо бо суратҳисобҳои бонкӣ ва ҳабси воситаҳои пулӣ дар доираи маблағҳои дар суратҳисобҳои бонкӣ ва ё хазинаи андозсупоранда мавҷудбуда пардохт нагардидааст, фоизҳо ҳисоб карда намешаванд. Дар чунин сурат барои тамоми давраи амали ҳолатҳои зикршуда фоизҳо ҳисоб карда намешаванд.
6. Фоизҳо барои ҳар рӯзи батаъхиргузорӣ дар ҳаҷми 0,04 фоиз дар ҳолатҳои зерин ҳисоб карда мешаванд:
1) барои маблағи андози дар муҳлатҳои муқарраргардида пардохтнашуда;
2) барои маблағи андози барзиёд пардохтшуда мутобиқи талаботи моддаи 117 Кодекси мазкур;
3) барои маблағи андози барзиёд ситонидашудаи андозҳо мутобиқи муқаррароти моддаи 118 Кодекси мазкур.
7. Фоизҳо ба буҷети давлатӣ аз рӯи таъиноти андозҳо пардохт карда мешаванд.
8. Фоизҳо аз ҳисоби маблағҳои пулии суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва молу мулки дигари андозсупоранда мутобиқи бобҳои 17-18 Кодекси мазкур маҷбуран ситонида мешаванд.
9. Маҷбуран ситонидани фоизҳо аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 145-149 ва 152 Кодекси мазкур ва аз шахсони воқеии дигар бо тартиби пешбининамудаи моддаи 151 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
10. Фоизҳо ҳисоб карда намешаванд:
- нисбат ба фоизҳо ва маблағи ҷарима;
- нисбат ба қарзи андозии шахси воқеии вафоткарда дар ҳолати пешниҳод гардидани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фавти ин шахс;
- нисбат ба маблағи қарзи андозии бо қарори суд бедарак ғоиб эътирофшуда - аз санаи қабули чунин қарор то санаи бекор карда шудани он;
- нисбат ба қарзи андозии соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки нисбат ба онҳо қарор дар хусуси муфлисшавӣ қабул гардидааст, - аз рӯзи аз ҷониби суд қабул гардидани парванда оид ба муфлисшавӣ;
- нисбат ба қарзи андозӣ аз рӯи як намуди андоз, агар маблағи барзиёд пардохтшуда аз рӯи намудҳои дигар мавҷуд бошад, - аз санаи анҷоми амалиёт;
- нисбат ба маблағи қарзҳои мушкилситон – аз санаи қабули қарор оид ба шомил намудани қарз ба чунин гурӯҳ мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур;
- нисбат ба маблағи қарзи муҳлати пардохташ тибқи қисми 4 моддаи 113 Кодекси мазкур батаъхиргузошташуда ва ё пардохти он ба муҳлатҳо ҷудошуда – аз санаи қабули санади дахлдор.
11. Муқаррароти пешбининамудаи ҳамин модда нисбат ба агентҳои андоз татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 140. Боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ
1. Боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (агентҳои андоз) дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ маънои қатъ кардани ҳамаи амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳо, ба истиснои суратҳисобҳои муросилотии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, пардохти музди меҳнат, дигар пардохтҳои ба он баробаркардашуда ва андозҳоро дорад.
2. Қарор дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (агентҳои андоз) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.
3. Қарор дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ба ташкилоти қарзии молиявӣ ва ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ фиристода мешавад.
4. Боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ барои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозии ин шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (агентҳои андоз) дар мавридҳои зерин анҷом дода мешавад:
1) ҳангоми пешниҳод нагардидани ҳисоботи молиявӣ ва (ё) андозӣ ба мақомоти андоз дар давоми ду моҳи ҳисоботӣ, мавҷуд будани иттилооти мушаххас оид ба хавфи напардохтани маблағи қарзи андозӣ аз ҷониби андозсупоранда ё фирори масъулини шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии қарздор аз ҳудуди кишвар, супоридани дороиҳо (маблағҳои пулӣ) ба шахси дигар ё андешидани чораҳои дигаре, ки ба ситонидани андоз монеъ мешаванд, инчунин, вокуниш накардани андозсупоранда ба огоҳиномаи мақомоти андоз, аз ҷумла ҳангоми воқеан истифода нагардидани суроғаи расмии ҳуқуқӣ ё пешниҳод накардани маълумот оид ба иваз кардани суроғаи расмӣ;
2) дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда риоя нагардидани талаботи моддаҳои 50 ва 51 Кодекси мазкур.
5. Боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бо риояи пайдарҳамии муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пардохтҳо амалӣ карда мешавад.
Моддаи 141. Тартиби бекор кардани қарор дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда (агенти андоз)
1. Қарор дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо асосҳои зерин бекор карда мешавад:
1) вобаста ба банди 1) қисми 4 моддаи 140 Кодекси мазкур – на дертар аз як рӯзи пас аз рӯзи пешниҳод намудани ҳисоботи молиявӣ ва (ё) андозӣ аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз), инчунин на дертар аз санаи аз ҷониби мақомоти андоз эътироф гардидани асоснокӣ вобаста ба набудани андозсупоранда дар суроғаи расмии ҳуқуқӣ. Барои чунин эътироф гардидан шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ё намояндагони онҳо уҳдадоранд, ки ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ тавзеҳоти заруриро расман (хаттӣ ва ё электронӣ) пешниҳод намоянд;
2) вобаста ба банди 2) қисми 4 моддаи 140 Кодекси мазкур – пас аз як рӯзи дастрасӣ пайдо кардани шахси мансабдори мақомоти андоз ба ҳуҷҷатҳои барои санҷиш зарурӣ ва ба макони амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ.
2. Дар суроғаи расмии ҳуқуқӣ мавҷуд набудани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (агентҳои андоз) дар ҳолате асоснок ҳисобида мешавад, ки агар маълумот дар бораи иваз кардани маҳалли бақайдгирӣ ба мақомоти андози маҳалли қаблии бақайдгирӣ бо сабаби хатоҳои техникӣ ё ҳолатҳои дигари шабеҳ маълум набошад.
3. Мавҷуд набудани филиал ё воҳиди алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар суроғаи расмии ҳуқуқӣ дар он ҳолат асоснок эътироф карда мешавад, ки ҳангоми барҳам додани филиал ё воҳиди алоҳида ба мақомоти андоз маълумот пешниҳод нагардида бошад.
4. Қарор дар бораи бекор кардани боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (агентҳои андоз) ба ташкилоти қарзии молиявӣ дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ на дертар аз рӯзи дигари қабули чунин қарор ирсол карда мешавад.
5. Тартиби ба ташкилоти қарзии молиявӣ дар шакли электронӣ ирсол намудани қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи боздоштан ё бекор кардани боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (агентҳои андоз) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
6. Агар мақомоти андоз муҳлати бекор кардани қарор дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда (агенти андоз) ё муҳлати ирсол намудани чунин қарорро ба ташкилоти қарзии молиявӣ риоя накунад ва ё бархилофи муқаррароти Кодекси мазкур қарор қабул кунад, барои ҳар як рӯзи тақвимии риоя нагардидани муҳлати зикршуда ва амали муҳлати қарори бархилоф қабулшуда аз маблағе, ки нисбат ба он расмиёти боздоштан амал кардааст, ба маблағи нодуруст ситонидашуда аз санаи ба буҷет ворид шудан то санаи ба суратҳисоби андозсупоранда баргардонидан ба манфиати андозсупоранда фоизҳо бо меъёри дар ҳамин давра истифодашаванда ҳисоб карда мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо фоизҳои ҳисобшуда барои пӯшонидани уҳдадориҳои андозии минбаъдаи андозсупоранда ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Моддаи 142. Тартиби иҷрои қарорҳо дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ
1. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд қарори мақомоти андозро дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда (агенти андоз) иҷро намоянд.
2. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои зарари ба андозсупоранда (агенти андоз) дар натиҷаи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда бо қарори мақомоти андоз расонидашуда, масъул намебошанд.
3. Боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда (агенти андоз) аз лаҳзаи аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ гирифтани қарор дар бораи боздоштани амалиётҳо то бекор гардидани қарори мазкур амал мекунад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
4. Ҳангоми ба ташкилоти қарзии молиявӣ дар шакли электронӣ ирсол гардидани қарори мақомоти андоз дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои андозсупоранда (агенти андоз), сана ва вақти қабули қарор аз лаҳзаи ба низоми электронии ташкилоти қарзии молиявӣ ворид гардидани он ба ҳисоб меравад.
5. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд, ки қарори мақомоти андоз ё қарори суд дар бораи боздоштани амалиётҳо бо суратҳисобҳои андозсупорандаро (агенти андозро) иҷро намоянд, инчунин, ҳуқуқ надоранд барои чунин андозсупоранда суратҳисобҳои нав, пасандозҳо (амонатҳо) кушоянд, аз суратҳисоби ӯ пули нақд диҳанд, ба истиснои суратҳисобҳое, ки мутобиқи қонун ситонидани маблағҳо аз онҳо иҷозат дода намешавад. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд, ки ба мақомоти андоз то гирифтани огоҳиномаи хаттӣ оид ба бекор кардани қарор дар бораи боздоштани амалиётҳои хароҷотии андозсупоранда маълумот пешниҳод намоянд. Мақомоти андоз ҳуқуқ дорад, ки мутобиқат ба талаботи дар ин фасл истифодагардида ва (ё) саҳеҳии маълумоти пешниҳоднамудаи ташкилотҳои қарзии молиявиро таҳти санҷиш қарор диҳад.
6. Ташкилоти қарзии молиявӣ барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои пешбининамудаи ҳамин модда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
Моддаи 143. Маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда (агенти андоз)
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад ихтиёрдории молу мулки андозсупорандаро (агенти андозро) дар асоси қарор пас аз амалӣ намудани муқаррароти қисми 4 моддаи 140 Кодекси мазкур ва иҷро нагардидани он маҳдуд намояд.
2. Қарор дар бораи маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда (агенти андоз) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.
3. Қарор дар бораи маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда (агенти андоз) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар шакли хаттӣ ё электронӣ ба мақомоти дахлдори давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, гарави молу мулк, мақомоти нотариалӣ ва гумрук оид ба манъ намудани амалҳои бегонакунӣ, ба гарав гузоштан ва манъ намудани амалиётҳои содиротӣ бо ин молу мулк ирсол карда мешавад. Қарор дар бораи маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда (агенти андоз) маънои манъ намудани истифодаи чунин молу мулкро аз ҷониби андозсупоранда надорад, ба истиснои амалҳои бегонакунӣ, ба гарав гузоштан ва манъ намудани амалиётҳои содиротӣ бо ин молу мулк.
4. Иҷрои қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи маҳдуд кардани ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда (агенти андоз) аз ҷониби мақомоти дар қисми 3 моддаи мазкур зикргардида, ки дорои ваколатҳои барасмиятдарории амалҳои бегонакунӣ, гарав ва амалиётҳои содиротӣ бо ин молу мулк мебошанд, ҳатмист.
5. Мақомоти дар қисми 3 моддаи мазкур зикргардида барои риоя намудани талаботи моддаи мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.
6. Мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадор аст, ки қарор дар бораи маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулкро ба андозсупоранда (агенти андоз) дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ ирсол намояд.
7. Қарор дар бораи маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда бо асосҳои дар қисми 1 моддаи 141 Кодекси мазкур зикргардида бекор карда мешавад.
8. Қарор дар бораи бекор намудани маҳдудкунии ихтиёрдории молу мулки андозсупоранда (агенти андоз) ба мақомоти дар қисми 3 моддаи мазкур зикргардида ва андозсупоранда дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ на дертар аз рӯзи дигари имзо шудани мактуб ё қабули чунин қарор ирсол карда мешавад.
9. Маҳдудкунии ихтиёрдорӣ татбиқ намегардад нисбат ба:
- объектҳои барои саломатӣ ва ҳаёт зарур;
- объектҳои энергетикӣ, гармидиҳӣ ва намудҳои дигари энергия;
- маҳсулоти озуқаворӣ ё ашёи хом, ки муҳлати истеъмол ва (ё) муҳлати нигоҳдории онҳо аз як сол зиёд намебошад;
- молу мулки ба иҷораи молиявӣ (лизинг) гирифташуда ё додашуда, инчунин, ба гарав гузошташуда то ба анҷом расидани муҳлати амали шартномаи лизинг ва гарав.
10. Барои мақсадҳои дар сархати якуми қисми 9 моддаи мазкур зикргардида объектҳои барои саломатӣ ва ҳаёт зарур дастгоҳҳои технологӣ ва агрегатҳои ташкилотҳои таъминоти газ, барқ, гармӣ, об ва канализатсия мебошанд, ки маҳдудият гузоштан ба онҳо боиси вайроншавии инфрасохтори муҳандисии маҳалҳои аҳолинишин мегардад.
БОБИ 18. ЧОРАҲОИ МАҶБУРАН СИТОНИДАНИ ҚАРЗИ АНДОЗӢ
Моддаи 144. Муқаррароти умумӣ оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозӣ
1. Ҳангоми дар муҳлати муқарраршуда қисман ё нопурра иҷро гардидани огоҳинома оид ба пардохти қарзи андозӣ қарзи мазкур бо тартиби дар ҳамин боб пешбинишуда маҷбуран ситонида мешавад.
2. Қарзи андозии аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур аз андозсупоранда ва шахсони дигар маҷбуран ситонида мешавад.
3. Агар уҳдадории андозсупоранда оид ба пардохти андоз бо кафолати бонкӣ ё замонатдиҳии шахси сеюм таъмин гардад, ҳангоми иҷро нагардидани уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби андозсупоранда, мақомоти андоз маблағи қарзи андозиро аз ташкилоти қарзии молиявии кафил ё зомин маҷбуран меситонад.
4. Қарзи андозӣ аз шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 145-149 ва 152 Кодекси мазкур маҷбуран ситонида мешавад.
5. Қарзи андозӣ аз шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошад, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 151 Кодекси мазкур маҷбуран ситонида мешавад.
6. Қарзи андозӣ аз шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дар навбати аввал аз ҳисоби маблағҳои пулии ӯ дар суратҳисобҳо дар ташкилоти қарзии молиявӣ ва дар сурати нокифоя будани онҳо, аз ҳисоби молу мулки дигари ин шахс маҷбуран ситонида мешавад.
7. Агар ситонидани қарзи андозии андозсупоранда аз ҳисоби маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои ӯ дар ташкилоти қарзии молиявӣ имконнопазир бошад, қарзи андозӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур аз шахсони дигар маҷбуран ситонида мешавад.
8. Агар даромади андозсупоранда аз фурӯши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) ё даромадҳои дигар ба суратҳисобҳои бонкии шахсони дигар ворид шуда бошанд, қарзи андозии андозсупоранда метавонад аз шахсони мазкур маҷбуран ситонида шавад.
9. Агар аз лаҳзае, ки андозсупоранда аз санҷиши андозӣ огоҳ шуда, маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигари худро ба шахсони дигар интиқол дода бошад, қарзи андозии андозсупоранда метавонад аз шахсони мазкур маҷбуран ситонида шавад.
10. Муқаррароти қисмҳои 8 ва 9 моддаи мазкур, инчунин, дар ҳолатҳое амалӣ карда мешаванд, ки интиқоли даромад аз фурӯши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) ё даромадҳои дигар ё интиқоли маблағҳои пулӣ ва молу мулки дигар ба шахсони дигар аз тариқи маҷмуи амалиётҳо сурат гирифта бошад.
11. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 8-10 моддаи мазкур қарзи андозӣ аз шахсони дигар дар доираи даромадҳои аз фурӯши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) гирифтаи онҳо, даромадҳои дигари андозсупоранда, маблағҳои пулии ба онҳо додашуда, инчунин, арзиши молу мулки дигар маҷбуран ситонида мешавад. Мақомоти андоз дар асоси маълумоти дар ихтиёр дошта ва вобаста ба ҳаҷми қарзи андозии андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки теъдоди шахсони дигар ва таносуби ҳаҷми қарзи андозиро нисбат ба ҳар яки онҳо мустақилона муайян намояд ва маҷбуран ситонад.
12. Ситонидани қарзи андозии эътирофнагардидаи андозсупоранда аз суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда мутобиқи муқаррароти моддаи 152 Кодекси мазкур танҳо бо тартиби судӣ анҷом дода мешавад. Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда эътироф шудани маблағи қарзи андозӣ ситонидани қарзи андоз аз суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда аз ҷониби мақомоти андоз бо тартиби пешбининамудаи моддаи 145 Кодекси мазкур ба амал бароварда мешавад.
13. Муқаррароти боби мазкур нисбат ба ситонидани қарзҳои андозӣ дар робита бо интиқоли молҳо аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, нисбат ба агентони андоз татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 145. Маҷбуран ситонидани қарзи андоз аз суратҳисобҳои бонкӣ
1. Ҳангоми дар муҳлати муқарраршуда қисман ё пурра иҷро нагардидани талаботи огоҳинома оид ба пардохти қарзи андоз, маблағи қарзи андоз аз суратҳисобҳои бонкии (аз ҷумла маблағҳо дар кортҳои корпоративии) андозсупоранда маҷбуран ситонида мешавад.
2. Муқаррароти моддаи мазкур танҳо нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ татбиқ карда мешавад.
3. Тартиби маҷбуран ситонидани қарзи андози андозсупоранда ё агенти андоз, ки дар муқаррароти ҳамин модда, моддаҳои 146-149 ва 152 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, нисбат ба шахсони дигар низ татбиқ карда мешавад.
4. Ситонидани қарзи андоз аз суратҳисоби андозсупоранда тавассути ирсоли қарори мақомоти андоз, супоришномаи инкассавӣ ва санади муқоисавии бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти андоз ва андозсупоранда дар шакли хаттӣ ё электронӣ тасдиқшуда ба ташкилоти қарзии молиявӣ амалӣ карда мешавад. Ситонидани қарзи андоз аз суратҳисоби андозсупорандагоне, ки ба номгӯи андозсупорандагони бемасъулият ворид гардидаанд, тавассути ирсоли қарори мақомоти андоз ва супоришномаи инкассавӣ ба ташкилоти қарзии молиявӣ, амалӣ карда мешавад.
5. Тартиби иҷро ва бекор кардани қарор, шакл ва тартиби ба имзорасонии санади муқоисавии аз ҷониби мақомоти андоз ва андозсупоранда дар шакли хаттӣ ва ё электронӣ тасдиқшуда, шакл ва тартиби ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ирсол намудани супоришномаи инкассавии мақомоти андозро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
6. Ташкилоти қарзии молиявӣ уҳдадор аст супоришномаи инкассавии мақомоти андозро дар барои аз суратҳисоби андозсупоранда ситонидани қарзи андозиро бо тартибе, ки қонунгузории гражданӣ муқаррар намудааст, иҷро намояд.
7. Бозхондани қарор ва супоришномаҳои инкассавии иҷронашуда дар ҳолатҳои зерин тавассути муроҷиати расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ анҷом дода мешавад:
1) пардохти қарзи андозӣ, аз ҷумла тавассути ба ҳисоб гирифтани маблағҳои барзиёд пардохтшуда ё барзиёд ситонидашуда мутобиқи боби 15 Кодекси мазкур;
2) батаъхиргузорӣ ё пардохти ба муҳлатҳо ҷудошудаи қарзи андозӣ мутобиқи боби 15 Кодекси мазкур;
3) беэътимод эътироф шудани қарзи андозӣ мутобиқи моддаи 131 Кодекси мазкур;
4) кам гардидани ҳаҷми маблағи қарзи андозӣ ва фоизҳо аз рӯи ҳисоботи дақиқшудаи андозӣ, ки мутобиқи моддаи 100 Кодекси мазкур пешниҳод шудааст.
8. Қарзи андозӣ аз суратҳисоби амонатии дархостӣ бо пули миллӣ ва дар сурати нокифоя будани маблағ, аз суратҳисоби амонатии асъории дархостии андозсупоранда ситонида мешавад. Қарзи андозӣ аз суратҳисоби асъории андозсупоранда аз рӯи қурби Бонки миллии Тоҷикистон ба андозае ситонида мешавад, ки барои пардохти қарзи андозӣ кифоя бошад.
9. Ситонидани қарзи андозӣ аз суратҳисобҳои амонатии муҳлатноки андозсупоранда то ба охир расидани муҳлати амали онҳо манъ аст.
10. Ҳангоми аз суратҳисоби асъории андозсупоранда ситонидани қарзи андозӣ мақоми ваколатдори давлатӣ ҳамзамон бо супоришномаи инкассавӣ қарори дорои маълумот оид ба фурӯши асъори андозсупорандаро ба ташкилоти қарзии молиявӣ ирсол менамояд. Ташкилоти қарзии молиявӣ уҳдадор аст фармоиши мазкурро на дертар аз рӯзи ояндаи корӣ иҷро намояд. Пардохти хароҷоти амалиётии марбут ба фурӯши асъор аз ҳисоби андозсупоранда анҷом дода мешаванд.
11. Ташкилоти қарзии молиявӣ уҳдадор аст супоришномаи инкассавии мақоми ваколатдори давлатиро, ки бо риояи талаботи ҳамин модда ирсол шудааст, аз суратҳисоби бонкии андозсупоранда бо пули миллӣ дар муҳлати на дертар аз як рӯзи корӣ пас аз гирифтани супоришномаи инкассавӣ ва ҳангоми аз суратҳисобҳои асъор ситонидани маблағҳои пулӣ на дертар аз ду рӯзи корӣ иҷро намояд.
12. Агар дар рӯзи ба ташкилоти қарзии молиявӣ ворид шудани супоришномаи инкассавии мақомоти андоз дар суратҳисоби андозсупоранда барои иҷрои ин дархост маблағҳои пулӣ нокифоя бошанд, он ба андозаи воридшавии маблағҳои пулӣ ба суратҳисобҳои мазкур на дертар аз як ё ду рӯзи корӣ баъд аз рӯзи воридшавии чунин дархост вобаста аз асъори суратҳисоб, иҷро мешавад. Супоришномаи инкассавии мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ бо тартиби дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда анҷом дода мешавад.
Моддаи 146. Маҷбуран ситонидани қарзи андозӣ аз суратҳисоби бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда
1. Ҳангоми имконнопазир будани ситонидани қарзи андозӣ аз суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад маблағи қарзи андозиро аз суратҳисобҳои қарздорони (дебиторони) андозсупоранда ситонад, аммо маблағи ситонидашаванда набояд аз уҳдадории андозии андозсупоранда зиёдтар бошад.
2. Маблағи қарзи андозӣ аз суратҳисобҳои бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда дар асоси қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ситонида мешавад.
3. Андозсупоранда (агенти андоз) уҳдадор аст дар муҳлати 10 рӯзи корӣ аз санаи гирифтани дархост рӯйхати қарздорони (дебиторони) худро бо нишон додани маблағи қарзи дебиторӣ ба мақомоти андози дархосткунанда пешниҳод намояд.
4. Дар асоси рӯйхати қарздорони (дебиторони) андозсупоранда ва (ё) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи чунин қарздорӣ мақомоти андоз ба қарздорони (дебиторони) андозсупоранда огоҳинома ирсол менамояд.
5. Қарздорони (дебиторони) андозсупоранда уҳдадоранд дар муҳлати 20 рӯзи корӣ аз санаи гирифтани огоҳинома, ба мақомоти андози ирсолнамудаи огоҳинома санади муқоисавии ҳисоббаробаркуниро бо андозсупоранда (агенти андоз) пешниҳод намоянд.
6. Санади муқоисавии ҳисоббаробаркунии байни андозсупоранда ва қарздорони (дебиторони) ӯ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
1) ном ва рақами мушаххаси андозсупоранда (агенти андоз) ва қарздорони (дебиторони) ӯ;
2) маблағи қарзи қарздорон (дебиторон) дар назди андозсупоранда (агенти андоз);
3) маълумоти шахсӣ, муҳр ва имзои андозсупоранда (агенти андоз) ё имзои электронии рақамии андозсупоранда ва қарздорони (дебиторони) ӯ;
4) реквизитҳои бонкии андозсупоранда ва қарздорони (дебиторони) ӯ;
5) санаи таҳияи санади муқоисавӣ.
7. Санади муқоисавии ҳисоббаробаркунии байни андозсупоранда ва қарздорони (дебиторони) ӯ бояд баъд аз санаи гирифтани огоҳинома тартиб дода шавад.
8. Дар ҳолати иҷро накардани талаботи огоҳиномаи зикргардида ва пешниҳод нагардидани маълумоти дархостшуда, қарздор (дебитор) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
9. Қарори мақомоти андоз дар бораи ситонидани маблағи қарзи андоз аз суратҳисобҳои бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда дар шакли хаттӣ ё электронӣ барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ ва қарздорон (дебиторон) ирсол карда мешавад.
10. Ташкилоти қарзии молиявӣ уҳдадор аст, ки қарор ва супоришномаи инкассавии мақомоти андозро дар бораи ситонидани қарзи андозӣ аз суратҳисоби бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда иҷро намояд.
11. Дар сурати пурра пардохт гардидани маблағи қарз аз ҷониби қарздорон (дебиторон), қарор ва супоришномаи инкассавии мақомоти андоз дар давоми 2 рӯзи корӣ бозхонд карда мешавад.
12. Агар аз суратҳисобҳои бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда маблағ барзиёд ситонида шуда бошад, маблағи барзиёд ситонидашуда аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси аризаи андозсупоранда ба қарздорон (дебиторон) баргардонида мешавад.
13. Тартиби боздоштан ва бекор намудани қарор дар бораи ситонидани маблағи қарзи андозӣ аз суратҳисобҳои бонкии қарздорони (дебиторони) андозсупоранда дар асоси моддаҳои 136 ва 145 Кодекси мазкур бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 147. Маҷбуран ситонидани қарзи андозӣ аз маблағҳои пулии нақди андозсупоранда
1. Дар ҳолати мавҷуд набудани маблағҳои пулӣ дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ё нокифоя будани маблағҳои пулӣ барои пардохти қарзи андозӣ, мақомоти андоз метавонад маблағи қарзи андозиро дар ҳаҷми на зиёдтар аз уҳдадории андозӣ аз маблағҳои пулии дар хазинаи андозсупоранда мавҷудбуда ситонад. Агар дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда барои пӯшонидани уҳдадориҳои андозсупоранда маблағи кофӣ набошад ё мақомоти андоз ба таври асоснок чунин шуморад, ки ситонидани андоз аз суратҳисобҳои бонкии он метавонад ба таъхир гузошта шавад, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад илова ба ҳама гуна амалҳое, ки мутобиқи моддаи 144 Кодекси мазкур анҷом дода шудаанд, қарзи андозиро ба миқдори на зиёдтар аз уҳдадории андозӣ аз ҳисоби маблағҳои дар хазинаи андозсупоранда мавҷудбуда ситонад.
2. Қарор оид ба ситонидани қарзи андозҳо аз маблағҳои пулии нақди андозсупоранда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи муқаррароти Кодекси мазкур қабул ва бекор карда мешавад.
3. Баъди қабул гардидани қарори мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ситонидани қарзи андозҳо аз маблағҳои пулии нақди андозсупоранда нусхаи қарор ба андозсупоранда барои иҷро супорида мешавад. Аз лаҳзаи гирифтани қарор андозсупоранда уҳдадор аст, ки ҳамаи маблағҳои пулии нақди ба хазинаи андозсупоранда воридшавандаро (ба истиснои маблағҳои пулии нақди барои пардохти музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробар кардашуда) танҳо барои пӯшонидани қарзҳои андоз равона намояд.
4. Шахси мансабдори мақомоти андоз инвентаризатсияи маблағҳои пулии нақди дар хазинаи андозсупоранда мавҷудбударо дар ҳузури хазиначӣ мегузаронад.
5. Ҳангоми иҷрои қарор оид ба ситонидани қарзи андоз аз маблағҳои пулии нақди андозсупоранда аз тарафи корманди мақомоти андоз санад дар бораи бақияи маблағҳои пулии нақд дар хазинаи андозсупоранда тартиб дода мешавад. Дар баробари ин андозсупоранда ё шахси масъули ӯ ба таври хаттӣ иҷрои талаботи мазкурро тасдиқ карда, дар ин хусус уҳдадорӣ мегиранд.
6. Аз хазинаи андозсупоранда гирифтани маблағҳои пулии нақди андозсупоранда аз тарафи мақомоти андоз дар асоси талаботи моддаи мазкур анҷом дода шуда, дар ин хусус санад дар се нусха дар ҳузури андозсупоранда ё намояндаи ӯ, шахсони холис бо нишон додани тамоми маблағи дарёфтшуда тартиб дода мешавад. Маблағи мазкур аз ҷониби мақомоти андоз худи ҳамон рӯз барои ба буҷети дахлдор гузаронидан ба ташкилоти қарзии молиявӣ супорида мешавад.
7. То пӯшонидани чунин қарзи андоз андозсупоранда ҳуқуқ надорад пардохтҳои дигарро, ба истиснои пардохти музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробаркардашуда, амалӣ намояд.
Моддаи 148. Ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани он
1. Ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани он амали мақоми ваколатдори давлатӣ ҷиҳати маҳдуд намудани ҳуқуқи моликияти андозсупоранда ва ситонидани қарзи андозӣ мебошад.
2. Ҳабси молу мулки андозсупоранда ва ба фурӯш баровардани онҳо барои пардохти қарзи андозе, ки андозсупоранда эътироф намудааст, бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад. Дар сурати эътироф нагардидани қарзи андозӣ аз ҷониби андозсупоранда, ҳабси молу мулки андозсупоранда ва ба фурӯш баровардани он бо тартиби судӣ амалӣ карда мешавад.
3. Қисман ё пурра ҳабс намудани молу мулк маҳдуд кардани ҳуқуқи андозсупоранда ба ихтиёрдории молу мулки ҳабсшуда мебошад. Дар ин ҳолат соҳибӣ ва истифодаи молу мулки ҳабсшуда бо иҷозати хаттӣ ва таҳти назорати мақомоти андоз амалӣ карда мешаванд.
4. Ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани онҳо танҳо дар ҳолати нокифоя будан ё набудани маблағ дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ё пули нақд дар хазина барои иҷрои уҳдадории андозӣ (қарзи андозӣ, фоизҳо, ҷаримаҳо) амалӣ карда мешаванд.
5. Ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани онҳо баъд аз ирсол гардидани огоҳинома ба андозсупоранда аз ҷониби мақомоти андоз мутобиқи моддаи 133 Кодекси мазкур амалӣ карда мешаванд.
6. Танҳо он дороиҳое ҳабс ва фурӯхта мешаванд, ки арзиши онҳо барои пардохт кардани қарзи андозӣ кофӣ мебошад.
7. Барои таъмини иҷрои уҳдадории андозӣ тамоми молу мулки ҳабсшудаи андозсупоранда метавонанд фурӯхта шаванд.
8. Ҳабси воситаҳои асосии корхонаҳои давлатӣ манъ аст.
9. Ҳабс ва ба фурӯш баровардани молу мулки ғайриманқули шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсиси муассисаи доимӣ фаъолият менамояд, нисбат ба молу мулки ин шахси хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
10. Ҳабси молу мулки андозсупоранда бо иштироки андозсупоранда (намояндаи ваколатдори ӯ), шахсони холис ва дар сурати саркашии андозсупоранда, бо ҷалби намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад.
11. Ба шахсоне, ки дар ҷараёни ҳабси молу мулк ҳамчун шахсони холис иштирок мекунанд, инчунин андозсупоранда ё намояндаи ваколатдори андозсупоранда ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо фаҳмонида мешавад.
12. То гузаронидани ҳабси молу мулк, шахсони мансабдори мақомоти андоз уҳдадоранд, ки ба андозсупоранда (намояндаи ӯ) қарор дар бораи ҳабс ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколатҳои онҳоро пешниҳод намоянд.
13. Ҳангоми гузаронидани ҳабс аз ҷониби шахси мансабдори мақомоти андоз протокол дар бораи ҳабси молу мулк тартиб дода мешавад.
14. Протокол дар бораи ҳабси молу мулк ва рӯйхати ашёи ба он замимашаванда бояд номгӯи молу мулки ҳабсшуда бо ишораи ном, миқдор ва хусусиятҳои инфиродии ашё ва ба қадри имкон арзиши онҳоро дар бар гирад.
15. Шахсони холис ва андозсупоранда (намояндаи ӯ) бо ҳамаи ашёи ҳабсшаванда шиносонида мешаванд.
16. Дар қарор оид ба ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани он макони нигоҳдории молу мулки ҳабсшаванда муқаррар карда мешавад.
17. Ба бегона кардан (ба истиснои ҳолате, ки бегонакунӣ таҳти назорат ё бо иҷозати хаттӣ ё электронии мақомоти андозе, ки ҳабсро амалӣ кардааст, гузаронида мешавад) ё харҷ намудани молу мулки ҳабсшуда роҳ дода намешавад.
18. Бо дархости андозсупоранда, ки нисбат ба молу мулки ӯ қарор дар бораи ҳабс қабул шудааст, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад, ки ҳабси молу мулк ва ба фурӯш баровардани онро бо кафолати бонкӣ ва ё замонат мутобиқи моддаҳои 137-138 Кодекси мазкур иваз намояд.
19. Дар сурати маълумот доштани мақомоти андоз дар бораи ниятҳои андозсупоранда вобаста ба пинҳон намудан ё андешидани дигар амалҳое, ки иҷрои қарори мақомоти андозро дар бораи ҳабси молу мулк мураккаб ё имконнопазир мегардонанд, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад ҳабси молу мулки чунин андозсупорандаро дар вақти ғайрикорӣ анҷом диҳад.
20. Мақомоти андоз уҳдадор аст, ки мақомоти дахлдори давлатии дигарро дар бораи манъи истифодаи ҳама гуна амалҳо нисбат ба молу мулки ҳабсшудаи андозсупоранда огоҳ намояд.
21. Манъи ҳама гуна амал нисбат ба молу мулки ҳабсшуда мутобиқи қисми 20 моддаи мазкур барои ҳамаи мақомоти давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
22. Аз ҷониби мақомоти дар қисми 20 моддаи мазкур пешбинигардида риоя нагардидани талаботи моддаи мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад.
23. Ҳангоми пурра пардохт намудани қарзи андоз, пешниҳоди кафолати бонкӣ ва ё замонат, қарор дар бораи ҳабси молу мулк аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бекор карда мешавад.
24. Мақомоти андоз андозсупорандаро оид ба бекор кардани қарор дар бораи ҳабси молу мулк дар давоми 3 рӯз пас аз рӯзи қабул кардани чунин қарор огоҳ менамояд.
25. Қарор дар бораи ҳабси молу мулк аз лаҳзаи ҳабс то лаҳзаи бекор гардидани қарор аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ё мақомоти судӣ амал мекунад.
26. Муқаррароти ҳамин модда, инчунин, ба ҳабси молу мулки шахси ҳуқуқӣ – агенти андоз татбиқ карда мешаванд.
27. Баҳодиҳии молу мулки ҳабсшуда аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои анҷом додани фаъолияти баҳодиҳӣ иҷозатнома доранд, амалӣ карда мешавад.
28. Фурӯши маҳсулоти тайёр (молҳо), маҳсулоти кишоварзӣ (ба истиснои маҳсулоти зудвайроншаванда), инчунин арзишҳои моддии ҳабсшудаи дигаре, ки барои истифодаи бевосита дар истеҳсолот пешбинӣ нашудаанд, тавассути музояда ба амал бароварда мешавад.
29. Арзиши коғазҳои қиматнок, маснуоти заргарӣ, маҳсулоти дигар аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ашёи атиқа, асарҳои санъати тасвирӣ ва ҳайкалҳои ҳабсшуда бо ҷалби ҳатмии мутахассисони ин соҳаҳо муайян карда мешавад.
30. Молу мулки ҳабсшудаи андозсупоранда, мутобиқи Кодекси мазкур, қонунгузории дахлдор ва тартиби амалӣ намудани усулҳо ва чораҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар музояда фурӯхта мешавад.
Моддаи 149. Созишнома оид ба тартиб ва муҳлатҳои пардохти қарзи андозӣ
1. Андозсупорандае, ки нисбат ба ӯ чораҳои дар бобҳои 17-18 Кодекси мазкур пешбинигардида амалӣ шуда истодаанд, метавонад нақшаи воқеии беҳбудии вазъи молиявӣ пешниҳод намояд ва бо мақомоти андоз ба муҳлати то 6 моҳи пайдарпайи тақвимӣ оид ба тартиб ва муҳлатҳои пардохти қарзи андозӣ созишнома бандад.
2. Дар ҳолати ба имзо расидани созишнома оид ба тартиб ва муҳлатҳои пардохти маблағи қарзи андозӣ, иҷрои қарорҳои қаблан қабулгардида оид ба истифодабарии чораҳои дар бобҳои 17-18 Кодекси мазкур пешбинишуда ба муҳлати амали созишнома боздошта мешавад.
3. Роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад иловатан амали созишномаи зикршударо бо андозсупоранда як маротиба ба муҳлати то 6 моҳи пайдарпайи минбаъда тамдид намояд.
4. Муҳлати иҷрои созишномаи зикргардида ва боздоштани қарорҳои қаблан қабулгардидаи мақомоти андоз оид ба татбиқи чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо наметавонад ба муҳлати зиёдтар аз муҳлатҳои дар қисми 1 ва 3 моддаи мазкур зикргардида тамдид карда шавад.
Моддаи 150. Муфлисшавии андозсупоранда (агенти андоз)
Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) пардохт нагардидани қарзи андозӣ ба буҷет пас аз андешидани тамоми чораҳои дар бобҳои 17-18 Кодекси мазкур пешбинишуда ё мавҷуд набудани маблағҳои пулии андозсупоранда дар суратҳисобҳои бонкӣ ва (ё) молу мулк ва (ё) қарзҳои дебиторӣ ҳангоми мавҷуд будани нишонаҳои муфлисшавӣ, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд бо ариза дар хусуси муфлис эътироф намудани андозсупоранда муроҷиат намояд.
Моддаи 151. Маҷбуран ситонидани қарзи андозӣ аз шахси воқеӣ
1. Агар шахси воқеӣ (ба истиснои соҳибкори инфиродӣ) дар муҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур уҳдадории худро оид ба пардохти қарзи андозӣ иҷро накунад, мақомоти андоз ба суд бо ариза дар бораи ситонидани қарзи андозӣ аз ҳисоби молу мулки шахси воқеӣ (минбаъд дар моддаи мазкур – ариза дар бораи андозситонӣ) муроҷиат менамояд.
2. Мақомоти андоз, инчунин, ҳуқуқ дорад ба суд дар бораи ба ҳабс гирифтани молу мулки шахси воқеӣ барои таъмин намудани иҷрои огоҳинома муроҷиат намояд.
3. Нусхаи ариза дар бораи андозситонӣ на дертар аз рӯзи пешниҳод ба суд аз ҷониби мақомоти андоз ба шахси воқеӣ фиристода мешавад.
4. Ариза дар бораи андозситонӣ ба суд дар ҳолате пешниҳод мегардад, ки агар маблағи умумии қарзи андозии шахси воқеӣ аз 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.
5. Қарзи андозии шахси воқеӣ аз ҳисоби молу мулк дар асоси қарори суд ва муқаррароти моддаи мазкур ситонида мешавад.
6. Қарзи андозии шахси воқеӣ бо пайдарҳамии зерин ситонида мешавад:
1) аз суратҳисоби бонкии шахси воқеӣ;
2) аз ҳисоби пули нақди шахси воқеӣ;
3) аз ҳисоби молу мулки шахси воқеӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳабс ва ба фурӯш баровардани онро манъ кардааст.
7. Ба вайрон намудани тартиби пайдарҳамии ситонидани қарзи андозии шахси воқеӣ, ки дар қисми 6 моддаи мазкур муқаррар шудааст, роҳ дода намешавад.
8. Аз рӯзи ба ҳабс гирифтани молу мулки шахси воқеӣ то рӯзи иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ҷарима ва фоизҳо барои дар муҳлатҳои муқарраргардида пардохт нагардидани андозҳо ҳисоб карда намешаванд.
Моддаи 152. Ситонидани қарзи андозӣ бо тартиби судӣ
1. Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда эътироф нагардидани қарзи андозӣ (маблағи андозҳои ҳисобшуда (иловатан ҳисобшуда), фоизҳо ва ҷаримаҳо) мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва муқаррароти қисми 3 моддаи 151 Кодекси мазкур ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат менамояд ва нусхаи аризаи даъвогиро ба андозсупоранда ирсол мекунад.
2. Аризаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи ситонидани қарзи андозӣ аз шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродиро суди иқтисодӣ баррасӣ менамояд.
3. Аризаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи ситонидани қарзи андозӣ аз шахси воқеиро суди маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда – шахси воқеӣ баррасӣ менамояд.
4. Ҳалномаи суд дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андозӣ пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад.
БОБИ 19. МАШВАРАТДИҲӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ АНДОЗ
Моддаи 153. Машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз
1. Машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз расонидани кумаки тахассусӣ ва касбӣ аз ҷониби машваратчиёни мустақили андоз ба андозсупорандагон вобаста ба амалисозии муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои андоз мебошад.
2. Машваратдиҳӣ дар асоси шартнома вобаста ба масъалаҳои зерин анҷом дода мешавад:
1) машваратдиҳӣ ба андозсупорандагон оид ба масъалаҳои андоз, аз ҷумла оид ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳӣ ва таҳияи ҳуҷҷат ва ҳисоботҳои андозӣ;
2) машваратдиҳӣ дар мавриди баргардонидани маблағҳои андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои барзиёд пардохтшуда, ситонидашуда ва товони зарари аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти андоз расонидашуда;
3) машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андозбандӣ дар мақомоти судӣ, андоз ва мақомоти дигари давлатӣ баррасишаванда.
Моддаи 154. Машваратчиёни мустақили андоз
1. Машваратчиёни мустақили андоз метавонанд инҳо бошанд:
1) шахси воқеие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои шаҳодатномаи тахассусии машваратчии мустақили андоз мебошад;
2) шахси ҳуқуқӣ - субъекти хоҷагидорӣ, ки дар ҳайати он на камтар аз 3 нафар дорои шаҳодатномаи тахассусии машваратчии мустақили андоз мебошанд.
2. Бе шаҳодатномаи тахассусӣ амалӣ намудани фаъолият ҳамчун машваратчии мустақили андоз манъ аст.
3. Машваратчии андозсупоранда ҳуқуқ дорад дар суд ва дигар мақомот ба сифати коршиноси мустақил оид ба баҳсҳои андозбандӣ иштирок намояд.
4. Тартиб ва шартҳои фаъолияти машваратчиёни мустақили андоз ва аттестатсияи тахассусии онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи молия муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 155. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои машваратчии мустақили андоз
1. Машваратчии мустақили андоз ҳуқуқ дорад ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти касбии худ «машваратчии андоз» номида шавад.
2. Машваратчиёни мустақили андоз ба мақомоти давлатӣ, андозсупорандагон ва шахсони сеюм вобаста намебошанд.
Моддаи 156. Масъулияти машваратчии андоз
1. Машваратчии андоз барои ҳифзи сирри тиҷоратӣ ва маълумот дар бораи фаъолияти андозсупоранда, ки дар ҷараёни иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ бо андозсупоранда ба ӯ маълум шудааст, иҷрои ғайрикасбии машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, ки боиси расонидани зарари моддӣ ба андозсупоранда дар натиҷаи машваратдиҳии нодуруст гардидааст, барои додани машварати ғайриқонунӣ бо мақсади саркашии андозсупоранда аз пардохти андозҳо масъул мебошад.
2. Машваратчиёни андозӣ наметавонанд ба сифати шоҳид оид ба масъалаҳое, ки дар ҷараёни иҷрои супориши шартномавӣ бо андозсупоранда ба онҳо маълум шудааст, аз ҷониби мақомоти андоз ва дигар мақомоти дахлдор ҷалб карда шаванд.
БОБИ 20. ҶАВОБГАРӢ
Моддаи 157. Ҳуқуқвайронкунии андоз
1. Ҳуқуқвайронкунии андоз кирдори (амал ё беамалии) ғайриқонунии андозсупорандагон (агентҳои андоз) ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор эътироф мешавад, ки ба иҷро нагардидан ё ба таври дахлдор иҷро нагардидани талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати онҳо ба зиммаи мақомоти андоз вогузор шудааст, оварда расонидаанд.
2. Аз ҷониби андозсупорандагон (агентҳои андоз), шахсони мансабдори онҳо ва шахсони мансабдори мақомоти ваколатдор содир шудани ҳуқуқвайронкунии андоз боиси ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Моддаи 158. Ҳолатҳои истиснокунандаи ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз
1. Ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсро дар ҳолатҳои зерин ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин нест:
- аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) иҷро намудани тавзеҳоти хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ;
- аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) мустақилона бартараф намудани ҳуқуқвайронкунии андоз то санаи гирифтани огоҳинома оид ба гузаронидани санҷиши андоз.
2. Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, ҳангоми мавҷуд будани ҳадди ақал яке аз ҳолатҳои зерин шахс ба ҷавобгарӣ кашида намешавад:
- мавҷуд набудани ҳолати ҳуқуқвайронкунии андоз;
- мавҷуд набудани гуноҳи шахс дар содир шудани ҳуқуқвайронкунии андоз;
- аз ҷониби шахси воқеии то 16-сола дар лаҳзаи содиршавии кирдор содир гардидани кирдоре, ки дар он аломатҳои ҳуқуқвайронкунии андоз мавҷуданд;
- гузаштани муҳлати ба ҷавобгарӣ кашидани шахс барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз.
БОБИ 21. ҲАЛЛИ БАҲСҲО
Моддаи 159. Шикоят
1. Ҳар як андозсупоранда ҳуқуқ дорад нисбат ба қарорҳо ва санадҳои мақомоти андоз, амал ё беамалии кормандони онҳо шикоят намояд. Қарорҳо ва санадҳои мақомоти андоз, ки бар хилофи талаботи Кодекси мазкур қабул гардида, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро маҳдуд ё манъ менамоянд, эътибори қонунӣ надоранд.
2. Шикоят нисбат ба санадҳои мақомоти андоз ҳамзамон маънои шикоят нисбат ба қарорҳои дар асоси чунин санадҳо қабулшударо дорад.
3. Андозсупоранда метавонад ба мақомоти болоии андоз ва (ё) суд шикоят намояд.
4. Шикоятҳои (аризаҳои даъвогии) андозсупоранда, ки ба суд пешниҳод шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
5. Шикоят нисбат ба санади санҷиши андоз, маблағҳои иловатан ҳисобшудаи андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо, инчунин дигар қарорҳои мақомоти андоз дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи аз ҷониби андозсупоранда гирифтани қарори мақомоти андоз пешниҳод карда мешавад.
6. Дар сурати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод нагардидани шикоят ба мақомоти андоз, муҳлати дар қисми 5 ҳамин модда муқарраршуда тибқи аризаи асоснокшудаи шахс аз ҷониби мақомоти болоии андоз дар доираи муҳлати даъво, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, барқарор карда мешавад.
7. Мақомоти андоз шикояти андозсупорандаро баррасӣ ва нисбат ба он қарор қабул намуда, дар муҳлати на бештар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба мақомоти андоз ворид гардидани шикоят шахси шикояткунандаро расман (хаттӣ ё электронӣ) огоҳ менамояд. Дар ҳолати зарурӣ муҳлати баррасии шикоят то 10 рӯзи тақвимӣ тамдид карда мешавад, агар тағйири муҳлат ба иҷрои муқаррароти қисми 10 ҳамин модда вобаста набошад.
8. Агар дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 7 ҳамин модда андозсупоранда аз мақомоти ҳудудии андоз ҷавоби расмӣ нагирад, ӯ ба мақомоти болоии андоз ва (ё) суд муроҷиат менамояд.
9. Мақомоти андоз ҳуқуқ дорад дар асоси дархости андозсупоранда муҳлати пешниҳоди шикоятро то 30 рӯз тамдид намояд.
10. Мақомоти андоз ҳангоми баррасии шикояти андозсупоранда ҳуқуқ дорад:
- бо тартиби муқарраргардида санҷиши андозӣ, аз ҷумла санҷиши такрории андозиро таъин намояд;
- ба андозсупоранда ва (ё) мақомоти андозе, ки санҷиши андозӣ гузаронидааст, ҷиҳати пешниҳоди иттилооти иловагӣ ё ин ки тавзеҳот вобаста ба масъалаҳои дар шикоят баёншуда дархост фиристад;
- ба мақомоти дахлдори давлатӣ, инчунин ба мақомоти салоҳиятдори андози давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои марбут ба мавзуи санҷиш дархост фиристад;
- бо иштироки андозсупоранда (шахси ваколатдори ӯ) ва шахси масъули мақомоти андоз, ки санҷиши андозӣ гузаронидааст, шикояти пешниҳодшударо баррасӣ намояд.
11. Аз натиҷаи баррасии шикоят мақомоти болоии андоз ё мақоми ваколатдори давлатӣ қарори дахлдор қабул намуда, нусхаи онро ба андозсупоранда ва ба мақомоти андозе, ки нисбат ба қарори он шикоят пешниҳод гардидааст ирсол менамояд.
12. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад нисбат ба амал ё беамалии шахсони мансабдори мақомоти андоз бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят намояд.
Моддаи 160. Шурои ҳалли пешазсудии баҳсҳо
1. Шурои ҳалли пешазсудии баҳсҳо (минбаъд – Шуро) мақомоти байниидоравии машваратӣ оид ба баррасии пешазсудии баҳсҳои андоз дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад, ки ҳайати он аз ҳисоби намояндагони мақомоти соҳаи молия, адлия, дастгирии соҳибкорӣ, андоз, мақомоти соҳавӣ, коршиносон ва машваратчиёни мустақил таъсис дода мешавад.
2. Фаъолияти Шуро дар доираи вазифа ва касбияти иштирокчиёни он ройгон амалӣ карда мешавад.
3. Фаъолияти Шуро аз баррасии пешазсудии масъалаҳои марбут ба андозбандии андозсупоранда ва мақомоти андоз, шикоятҳои андозсупорандагон нисбат ба санад ва қарорҳои мақомоти андоз ва масъалаҳои дигаре, ки хулосаи соҳавиро талаб менамоянд, иборат мебошад.
4. Аз рӯи натиҷаҳои баррасии масъалаҳои матраҳшуда Шуро ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба қабули қарори дахлдор хулосаи тавсиявӣ пешниҳод менамояд.
Моддаи 161. Оқибатҳои пешниҳоди ариза (шикоят) нисбат ба ҳисобкунии маблағҳои андоз, ҷаримаҳо ва фоизҳо
1. То ба охир расидани баррасии аризаи (шикояти) андозсупоранда нисбат ба санад ё қарори мақомоти андоз тибқи муқаррароти бобҳои 17 ва 18 Кодекси мазкур танҳо қисми эътирофгардидаи уҳдадориҳои андозӣ пардохт ва ситонида мешавад.
2. Фоизҳо барои дар муҳлатҳои муқарраршуда пардохт нагардидан танҳо нисбат ба маблағи эътирофшудаи андозҳои иловатан ҳисобшуда, аз ҷумла маблағҳои андозии баъди баррасии шикоят аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда ҳисоб карда мешаванд.
ФАСЛИ V. МАҚОМОТИ АНДОЗ
БОБИ 22. МАҚОМОТИ АНДОЗ
Моддаи 162. Вазифаҳои асосии мақомоти андоз
1. Мақомоти андоз фаъолияти худро мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин мақомоти андози давлатҳои дигар амалӣ менамояд.
2. Вазифаҳои асосии мақомоти андоз инҳо мебошанд:
- таъмин намудани иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокчиёни муносибатҳои андозӣ;
- таъмин намудани воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет дар муҳлатҳои муқарраршуда аз ҷониби иштирокчиёни муносибатҳои андозӣ;
- дар доираи ваколатҳои худ иштирок намудан дар раванди таҳия ва такмили қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар доираи ваколатҳои худ иштирок намудан дар раванди таҳия ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ;
- мусоидат ба андозсупорандагон дар иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ва риояи қонунгузории андоз;
- муайян намудани расмиёт ва усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти андоз ва амалӣ намудани онҳо;
- дар доираи ваколатҳои худ таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба масъалаҳои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ;
- иҷрои дигар вазифаҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти андоз вогузор шудаанд.
Моддаи 163. Вазъи ҳуқуқӣ ва сохтори мақомоти андоз
1. Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақомоти андоз) аз мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти ҳудудии андоз иборат мебошад, ки дар маҷмуъ низоми ягонаи мутамаркази мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамоянд.
2. Сохтор, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи мақомоти андоз, тартиби фаъолият ва воҳидҳои сохтории он, инчунин муносибатҳои мутақобилаи мақомоти андоз бо дигар мақомот, ташкилотҳо, муассисаҳо ва шаҳрвандонро низомномаи мақомоти андоз муқаррар менамояд.
3. Мақомоти ҳудудии андоз ба мақомоти дахлдори болоии андоз ҳисоботдиҳанда ва тобеъ мебошад. Мақомоти ҳудудии андоз аз раёсати андози андозсупорандагони калон бо нозиротҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раёсатҳои андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, нозироти андоз дар шаҳрҳо (ноҳияҳо), инчунин мақомоти минтақавии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ иборат мебошад.
4. Маблағгузории фаъолияти мақомоти андоз аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода мешавад.
5. Мақомоти андоз шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни мустақил, суратҳисобҳои махсус дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти он дар маҳалҳо, муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи он ба забони давлатӣ мебошад.
6. Мақомоти андоз дорои рамз ва нишонаи сарисинагии идоравӣ мебошад, ки тавсифи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 164. Кормандони мақомоти андоз ва масъулияти онҳо
1. Кормандони мақомоти андоз хизматчиёни давлатӣ буда, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» танзим менамояд.
2. Ба кормандони мақомоти андоз ҷиҳати тасдиқи ваколатҳояшон шаҳодатномаи хизматӣ дода мешавад, ки намунаи онро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд.
3. Ба кормандони мақомоти андоз мутобиқи тартиби муқарраршуда рутбаҳои тахассусӣ дода мешаванд.
4. Намунаҳо ва меъёрҳои додани либоси махсуси расмии кормандони мақомоти андоз тибқи рутбаҳояшон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
5. Рутбаҳои тахассусии кормандони мақомоти андоз аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. Низомнома дар бораи тартиби ба кормандони мақомоти андоз додани рутбаҳои тахассусӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
6. Ба кормандони мақомоти андоз ҳангоми гузаронидани назорат ва санҷишҳои андозӣ расонидани зарар бо амалҳои ғайриқонунӣ ба андозсупорандагон ё молу мулки дар истифода ё ихтиёрдории онҳо қарордошта манъ аст.
7. Кормандони мақомоти андоз барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои худ, инчунин, риоя накардани сирри давлатӣ, хизматӣ, андозӣ, тиҷоратӣ ва бонкии бо қонун ҳифзшаванда, суиистифода аз мансаби хизматӣ, расонидани зарар ба андозсупоранда ҳангоми гузаронидани назорат ва санҷишҳои андозӣ ва амалҳои дигари ғайриқонунӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида мешаванд.
8. Зараре, ки ба андозсупоранда бо қарорҳои ғайриқонунии мақомоти андоз ё амалҳои шахсони мансабдори онҳо ҳангоми гузаронидани назорат ва санҷишҳои андозӣ расонида мешавад, бо санади судӣ муайян мегардад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда мешавад.
9. Зараре, ки ба андозсупорандагон ё намояндагони онҳо бо амалҳои қонунии шахсони мансабдори мақомоти андоз расонида шудааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, ҷуброн карда намешавад.
Моддаи 165. Ҳамкории мақомоти андоз бо мақомоти давлатии дигар
1. Мақомоти андоз фаъолияти худро новобаста ба дигар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ менамояд. Иҷрои қарорҳои дар доираи ваколатҳояшон қабулнамудаи мақомоти андоз барои тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад.
2. Мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд ба мақомоти андоз ҷиҳати иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини мукаммал ва саривақтии ба буҷет ворид шудани андозҳо мусоидат намоянд. Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, дахолати мақомоти зикргардида ба фаъолияти мақомоти андоз манъ аст.
3. Мубодилаи маълумот байни мақомоти андоз ва мақомоти дахлдори давлатии дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Мақомоти гумрук, мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд мунтазам бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти андоз маълумоти барои иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурии дар ихтиёри онҳо бударо пешниҳод намоянд.
Моддаи 166. Ҳисобот
1. Дар давоми 6 моҳи баъди анҷоми ҳар соли тақвимӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар сомонаи расмии худ ҳисоботро оид ба фаъолияти мақомоти андоз нашр менамояд.
2. Ҳисоботи солонаи мақоми ваколатдори давлатӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- таҳлили муфассали вазъи иҷрои воридоти андозҳо, аз ҷумла аз рӯи ҳар намуд бо назардошти мансубияти онҳо ба вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- маълумот дар бораи татбиқи имтиёзҳои андозӣ нисбат ба андозсупорандагон ва батаъхиргузории пардохти андозҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таҳлили сабаб ва омилҳои пайдоиши бақияпулиҳои андоз аз рӯи намудҳои андозҳо дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, таносуби онҳо ба ҳаҷми умумии воридоти солонаи андозҳо;
- таҳлили вазъи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;
- маълумот оид ба корҳои назоратии мақомот ва натиҷаи онҳо;
- маълумот оид ба шикояти андозсупорандагон ва натиҷаи баррасии онҳо;
- оид ба тадбирҳои анҷомдодашуда дар самти такмили маъмурикунонии андоз, аз ҷумла ҷорӣ намудани барнома ва технологияҳои муосири рақамӣ;
- баҳодиҳии сатҳи қаноатмандии андозсупорандагон аз хизматрасонии мақомоти андоз;
- оид ба мушкилоти ҷойдошта ва дурнамои фаъолияти мақомоти андоз барои давраи миёнамуҳлат.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар сомонаи расмии худ рӯйхати андозсупорандагонеро, ки андозҳояшон ҳисоб (иловатан ҳисоб) карда шудаанд, вале ба маблағи зиёда аз 5000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт нашудаанд, бо нишон додани ҳаҷми бақияпулиҳо, ҷойгир намуда, онро мунтазам нав мекунад.
Моддаи 167. Ҳуқуқҳои мақомоти андоз
1. Мақомоти андоз мутобиқи Кодекси мазкур ҳуқуқ дорад:
- дар раванди таҳия ва такмили қонунгузории андоз иштирок намояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки аз Кодекси мазкур бармеоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ намояд;
- назорати риоя гардидани муқаррароти қонунгузории андозро амалӣ намояд;
- ҳамкории байналмилалиро оид ба масъалаҳои андозбандӣ амалӣ намояд;
- барои азназаргузаронии маълумоти таъминоти барномавии баҳисобгирии автоматиконидашудаи муҳосибӣ ва андоз ба низоми иттилоотии дорои ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибии андозсупорандагон (агентҳои андоз) дастрасии электронӣ дошта бошад;
- мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур ҳуҷҷатҳои андозсупоранда, аз ҷумла маълумоти дар ҳомили электронӣ мавҷударо, ки ба амалиётҳои андозбандӣ алоқаманд мебошанд, мусодира намояд;
- мутобиқи Кодекси мазкур ҳаҷми уҳдадории андозиро (бо истифода аз усулҳои баҳодиҳии мустақим ва ғайримустақим, нархҳои бозорӣ ё иттилооти муоинаи хронометражӣ) ҳисоб намояд;
- ҳангоми гузаронидани санҷишҳои андозӣ санҷиши ҳуҷҷатҳои молиявӣ, китобҳои муҳосибӣ, ҳисоботҳо, сметаҳо, пули нақд, коғазҳои қиматнок ва дигар сарватҳо, ҳисобҳо, эъломияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳисоб ва пардохт намудани андозҳоро анҷом диҳад, оид ба масъалаҳои дар рафти санҷиш бамиёномада аз шахсони мансабдор ва дигар кормандони ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ маълумот ва баёноти хаттӣ гирад;
- дар рафти санҷиши андозӣ муоина ва барӯйхатгирии (инвентаризатсияи) молу мулки андозсупорандаро (ба истиснои биноҳои истиқоматӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур гузаронад;
- дар рафти санҷиши андозӣ биноҳои истеҳсолӣ, савдо, анборҳо ва дигар биноҳои корхонаҳо ва шахсони воқеиро, ки барои гирифтани даромад ё барои нигоҳдории объектҳои андозбандӣ истифода мешаванд, аз назар гузаронад;
- ба роҳбарон ва дигар кормандони мансабдори ташкилотҳо, инчунин, ба шахсони воқеӣ ҷиҳати бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ дастур диҳад ва иҷрои онро назорат намояд;
- оид ба боздоштани (бекор намудани) амали иҷозатномаҳо барои иҷрои намудҳои алоҳидаи фаъолият дархост намояд;
- барои ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ муҷозот ва ҷаримаҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд;
- мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур, аз ҷумла тавассути пешниҳоди даъвоҳо ба суд, аз андозсупорандагон, шахсони мансабдори онҳо ва шахсони воқеӣ андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои ҳисобшударо ситонад;
- дар ҳолати аз ҷониби андозсупорандагон риоя нагардидани талаботи қонунгузории андоз намудҳои ҷавобгарии дар қонунгузорӣ муқарраршударо татбиқ намояд;
- аз андозсупоранда (агенти андоз) пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дурустии ҳисоб ва пардохти саривақтии андозҳо, ҳисоботи андозии тартибдодаи андозсупоранда (агенти андоз), ҳисоботи молиявӣ бо замима намудани хулосаи аудиторӣ дар ҳолате, ки агар тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба чунин шахс гузаронидани аудити ҳатмӣ муқаррар шуда бошад, талаб намояд;
- бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истеҳсолоти иҷро ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳоро татбиқ намояд, маблағҳои қарзи андозро ситонад ва иҷрои онҳоро дар фаъолияти андозсупоранда ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ назорат намояд;
- барои гузаронидани назорати андозӣ машваратчиён, коршиносон, экспертон, шоҳидон ва тарҷумонҳоро ҷалб (даъват) намояд;
- андозсупорандагонро оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ дар муҳлатҳо ва ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур огоҳ намояд;
- аз мақомоти давлатӣ, муассисаву ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ маълумоти марбут ба амалиётҳои андозбандиро тибқи муқаррароти Кодекси мазкур талаб намояд;
- дигар ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро амалӣ намояд.
2. Мақомоти болоии андоз ҳуқуқ дорад қарорҳои мақомоти поёнии андозро дар ҳолати мувофиқ набудани онҳо ба қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор намояд.
Моддаи 168. Уҳдадориҳои мақомоти андоз
1. Мақомоти андоз уҳдадор аст:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, инчунин, шаҳрвандонро риоя намояд;
- дуруст ҳисоб намудан, ба пуррагӣ ва дар муҳлати муқарраршуда ба буҷет пардохт гардидани андозҳоро назорат намояд, қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра ва дақиқ риоя намояд;
- ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро риоя ва ҳимоя намояд;
- нашри санадҳои қонунгузории андоз дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ва дастрасии андозсупорандагонро ба ин иттилоот ва дигар масъалаҳои марбут ба андозбандӣ таъмин намояд;
- ба андозсупорандагон дар амалисозии қонунгузории андоз мусоидат намояд;
- бо мақсади муносиб гардонидани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ барои андозсупорандагон мунтазам намудҳои муосири хизматрасониҳои электрониро ҷорӣ намояд;
- бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» анҷом диҳад;
- баҳисобгирии пурра ва саривақтии андозсупорандагон, аз ҷумла супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва объектҳои андозбандӣ, баҳисобгирии андозҳои ҳисобшуда (иловатан ҳисобшуда), пардохтшуда ва бақияпулиҳоро таъмин намояд;
- дар бораи ба буҷет ворид гардидани андозҳо ҳисобот тартиб диҳад;
- оид ба маблағҳои имтиёзҳои додашудаи андоз аз рӯи гурӯҳҳои андозсупорандагон, намудҳои андозҳо ва имтиёзҳо, инчунин минтақаҳо баҳисобгириро ба роҳ монад ва ҳисобот тартиб диҳад;
- ҷаримаҳо ва фоизҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ситонад;
- мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати андозро амалӣ намояд;
- қоидаҳо, тартиб, дастурҳои методӣ ва дастурамалҳоро тибқи муқаррароти Кодекси мазкур таҳия намояд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ мунтазам корҳои таблиғотӣ гузаронад ва нашри варақаҳо, дастурҳо ва овезаҳоро анҷом диҳад;
- тибқи аризаи андозсупоранда дар давоми 5 рӯзи корӣ аз ҳисобномаи шахсии ӯ дар бораи ҳолати ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ иқтибос пешниҳод намояд;
- чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андози андозсупорандаро мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намояд;
- нусхаи дуюми санади санҷиши андозӣ ва қарори дахлдори мақомоти андозро оид ба натиҷаи санҷиши андозӣ ба андозсупорандагон пешниҳод намояд;
- баҳисобгирии дастгоҳҳои назоратӣ–хазинавии дорои хотираи фискалиро пеш барад;
- бо тартиби муқарраршуда дархостҳо, аризаҳо, шикоятҳо ва пешниҳодҳоро оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти мақомоти андоз баррасӣ намояд;
- ҳар моҳ ба мақомоти молия маълумоти заруриро оид ба маблағҳои ҳисобшуда ва пардохтшудаи андозию ғайриандозӣ, бақияпулиҳои андозӣ, имтиёзҳои андозӣ, манбаъҳои андозбандӣ ва шумораи андозсупорандагон дар доираи шартномаи дуҷониба пешниҳод намояд;
- оид ба вайрон гардидани қонунгузории андоз маълумот ҷамъоварӣ намояд, таҳлил кунад, баҳо диҳад, ба мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба бартараф намудани сабабҳо ва шароите, ки боиси сар задани чунин ҳолатҳо мешаванд, тавсияҳо пешниҳод намояд;
- мувофиқи муқаррароти моддаи 117 Кодекси мазкур маблағҳои аз андозҳои ҳисобшуда барзиёд супоридаи андозсупорандагонро ба ҳисоб гирад ва (ё) ба андозсупорандагон баргардонад;
- махфияти сирри фаъолияти андозсупорандаро таъмин намояд;
- оид ба амалисозии қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тавзеҳотиро анҷом диҳад, бо тартиби муқарраргардида ба андозсупорандагон шаклҳои ҳисоботи андозро пешниҳод кунад ва тартиби пур кардани онҳоро фаҳмонад, тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳоро, аз ҷумла дар шакли хаттӣ, шарҳ диҳад;
- дар давоми муҳлати даъво нигоҳдории ҳисоботи андозӣ, ҳуҷҷатҳои пардохти андоз, санадҳои санҷиши андозӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро, ки ба андозсупорандаи мушаххас марбут мебошанд, таъмин намояд;
- парвандаҳои шахсии андозсупорандагонро нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки мутобиқи Кодекси мазкур уҳдадоранд эъломияи андозиро пешниҳод намоянд, тартиб диҳад;
- дар ҳолати ошкор гардидани аломатҳои ҷиноят дар фаъолияти андозсупоранда вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ дар давоми 10 рӯзи корӣ мутобиқи қисмҳои 2 ва 6 моддаи 170 Кодекси мазкур ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ барои чораҷӯӣ мавод пешниҳод намояд;
- фаъолияти мақомоти поёнии ҳудудии андоз ва корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи дигарро назорат намояд.
2. Мақомоти андоз, инчунин, уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамоянд.
Моддаи 169. Бархӯрди манфиатҳо
Ба корманди мақомоти андоз иҷро намудани уҳдадориҳои мансабӣ нисбат ба андозсупорандагоне, ки бо онҳо робитаи хешутаборӣ ё манфиати мустақим ё ғайримустақим дорад, манъ аст.
Моддаи 170. Сирри маълумот (сирри андоз)
1. Мақомоти андоз, зерсохторҳои мақомоти андоз, агентҳои андоз ва кормандони онҳо (дар давраи кор ё баъди аз кор озод шудан) уҳдадоранд, ки сирри ҳама гуна маълумотро оид ба андозсупорандагон пинҳон нигоҳ доранд, ба истиснои маълумоти зерин:
- дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- дар бораи саҳмдорон ва иштирокчиёни шахсони ҳуқуқӣ;
- дар бораи низоми андозбандии андозсупоранда;
- дар бораи шумораи коргароне, ки дар эъломияҳо нишон дода шудааст;
- дар бораи маблағҳои пардохтшуда ва қарзҳои андозӣ;
- дар бораи маблағҳои даромад ва хароҷот аз рӯи ҳисоботи молиявӣ;
- дар бораи вайронкунии талаботи Кодекси мазкур аз ҷониби андозсупоранда ва чораҳои нисбати ӯ татбиқшаванда;
- маълумоти дигаре, ки бо розигии андозсупоранда интишор шудааст.
2. Мақомоти андоз ва агентҳои андоз ҳуқуқ доранд маълумотро оид ба андозсупоранда бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда танҳо ба шахсони зерин пешниҳод намоянд:
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва кормандони мақомоти андоз бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ;
- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар ҳолати риоя нагардидани қонунгузории андоз ва содир гардидани ҷиноят дар соҳаи андозбандӣ;
- ба судҳо ҳангоми баррасии парванда оид ба муайян намудани уҳдадориҳои андозии андозсупоранда ё ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз;
- ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои дигар мутобиқи шартномаҳои байналмилалии андози эътирофнамудаи Тоҷикистон;
- ба мақомоти дигар дар доираи созишномаҳои дуҷониба, инчунин, барои амалисозии ваколатҳои соҳавӣ;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизмати давлатӣ ҷиҳати анҷом додани ваколатҳои низомномавӣ нисбат ба шахсоне, ки уҳдадоранд вобаста ба даромадҳо эъломия пешниҳод намоянд;
- ба мақомоти гумрук барои иҷрои қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба дигар мақомоти ваколатдор, ки мутобиқи Кодекси мазкур ҳуқуқи ситонидани андозҳоро доранд.
3. Ба шахсони сеюм додани маълумоти аз мақоми ваколатдори давлатӣ гирифташуда ва ифшои он манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар худи андозсупоранда барои ифшои маълумот ба шахси сеюм розигӣ дода бошад.
4. Ифшои маълумот оид ба андозсупоранда ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои дигар танҳо дар он ҳаҷме, ки дар доираи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муқаррар шудааст, танзим ва анҷом дода мешавад.
5. Ба мақомоти давлатии дигар пешниҳод намудани ҳама гуна ҳуҷҷатҳо, ки дар ҷараёни фаъолияти мақомоти андоз ташаккул дода шудаанд, аз ҷумла парвандаҳои шахсии андозсупорандагон, санадҳои санҷиши андозӣ, огоҳиномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар, ки барои амалӣ намудани назорати андоз гирифта шудаанд, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, манъ аст.
6. Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ дар асоси дархости расмӣ нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳое, ки дар қисми 5 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, бо риояи муқаррароти қисми 1 ҳамин модда дар ҳолати оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба андозсупорандаи мушаххас пешниҳод гардида, нусхаи онҳо дар мақомоти андоз нигоҳ дошта мешавад.
7. Нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои тибқи қисми 6 ҳамин модда гирифташуда дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи қатъ гардидани парвандаи ҷиноятӣ ё эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи судӣ ба мақомоти дахлдори андоз баргардонида мешаванд.
ФАСЛИ VI. БАТАНЗИМДАРОРИИ АНДОЗБАНДИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
БОБИ 23. МУҚАРРАРОТИ МАХСУС ДОИР БА ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ АНДОЗБАНДӢ
Моддаи 171. Тартиби татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ
1. Шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ бо мақсади пешгирии андозбандии дукарата ва саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва молу мулк (сармоя) дар асоси шартномаҳои эътирофнамудаи Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.
2. Дастурамал дар бораи татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ бо мақсади пешгирии андозбандии дукарата ва саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва молу мулк (сармоя) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 172. Андозбандии даромадҳои ғайрирезидентҳо аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсиси муассисаи доимӣ
1. Андозбандии даромадҳои ғайрирезидентҳо аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси таъсис додани муассисаи доимӣ намегардад, тибқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ амалӣ карда мешавад, ба истиснои даромадҳое, ки дар моддаҳои 173-177 Кодекси мазкур муқаррар шудаанд.
2. Ғайрирезидентҳое, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсиси муассисаи доимӣ даромад мегиранд, ҳуқуқ доранд пардохти андозҳоро тибқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон анҷом диҳанд.
3. Дар ҳолати амалӣ нагардидани муқаррароти ҳамин модда нисбат ба ғайрирезидентҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда ва нисбат ба резидентҳои давлатҳои хориҷие, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалӣ оид ба пешгирии андозбандии дукарата ва саркашӣ аз пардохти андозҳо ба имзо расонида нашудаанд, агентҳои андоз уҳдадоранд андозро аз манбаи пардохт нигоҳ доранд ва бо тартиби муқарраргардида пардохт намояд.
4. Ғайрирезидентҳое, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсиси муассисаи доимӣ даромад мегиранд, дар ҳолати истифода намудани шартномаи байналмилалӣ оид ба пешгирии андозбандии дукарата ва саркашӣ аз пардохти андозҳо уҳдадоранд, ба мақомоти андоз бо тартиби муқарраргардида ариза, нусхаи аслии ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ дар давлати аҳдкунандаро барои соли дахлдори тақвимӣ (бо тарҷумаи ба тариқи нотариалӣ тасдиқшуда ё апостилшуда) пешниҳод намоянд.
5. Агенти андоз ҳангоми ба ғайрирезидент пардохт намудани даромад уҳдадор аст, муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандиро иҷро намояд. Дар ҳолати аз ҷониби агенти андоз иҷро нагардидани муқаррароти ҳамин модда, уҳдадорӣ оид ба нигоҳдории андоз дар манбаи пардохт, инчунин, пардохти ҷарима ва фоизҳо барои дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро нагардидани уҳдадориҳои андозӣ ба зиммаи агенти андоз вогузор карда мешавад.
6. Мақомоти андоз пешбурди баҳисобгирии маблағҳои зеринро анҷом медиҳад:
- маблағи даромадҳо аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли пардохти онҳо, ки аз ҷониби агентҳои андоз ба ғайрирезидентҳо пардохт шудааст;
- маблағҳои андозҳои ба ғайрирезидентҳои дорои ҳуқуқ ба татбиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ пардохтшуда (баргардонидашуда);
- маблағи андозҳое, ки агентҳои андоз аз даромадҳои ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштаанд ва ба буҷет пардохт намудаанд.
Моддаи 173. Тартиби татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандии даромадҳо аз хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ
1. Даромадҳои шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент аз фаъолияти хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бе пешниҳоди ариза дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ аз андозбандӣ озод карда мешаванд, агар шартҳои зерин иҷро шаванд:
- нисбат ба шахси ҳуқуқӣ - ғайрирезидент муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ амалӣ гардад;
- шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани чунин фаъолият муассисаи доимӣ дошта бошад.
2. Бо назардошти муқаррароти қисми 1 ҳамин модда, шахси ҳуқуқӣ - ғайрирезидент уҳдадор аст баҳисобгирии маблағи даромадҳо аз хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ, ки мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ андозбандӣ намегарданд ва аз хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар алоҳидагӣ анҷом дода, дар эъломияи андоз аз даромади муассисаи доимӣ даромади умумиро дарҷ намояд.
3. Ҳангоми ҳисоб кардани андоз аз даромад аз маблағи умумии даромади дар қисми 2 ҳамин модда муайяншуда даромаде, ки мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ андозбандӣ намегардад, тарҳ карда мешавад.
4. Дар ҳолати риоя нагардидани муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ, ки боиси қисман ё пурра пардохт нагардидани андозҳо ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад, шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент (муассисаи доимӣ) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
5. Даромади шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент, ки фаъолияти хизматрасонии нақлиётиро дар ҳамлу нақли байналмилалие, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бе таъсиси муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад ва барои иҷрои муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ ҳуқуқ дорад, мутобиқи муқаррароти моддаи 172 Кодекси мазкур аз андозбандӣ озод карда мешавад.
Моддаи 174. Тартиби татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ нисбат ба андозбандии суди саҳмияҳо, фоизҳо ва роялти
1. Агенти андоз ҳангоми пардохти даромад ба ғайрирезидент дар шакли суди саҳмияҳо, фоизҳо ва роялти ҳуқуқ дорад муқаррароти шартномаҳои байналмилалиро дар самти андозбандӣ нисбат ба ғайрирезидент дар асоси ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин татбиқ намояд:
- аризаи ғайрирезидент барои татбиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ;
- агар ғайрирезидент гирандаи охирини даромад бошад;
- агар ғайрирезидент барои татбиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ ҳуқуқ дошта бошад.
2. Агенти андоз уҳдадор аст ҳангоми ҳисобкунии андоз аз манбаи пардохт, ки ба мақомоти андоз пешниҳод мешавад, маблағи даромади пардохтшуда (ҳисобшуда) ва (ё) андозҳои мутобиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ ситонидашуда, инчунин, меъёрҳои андоз, номи шартномаҳои байналмилалӣ ва иттилоотро аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентии ғайрирезидент дарҷ намояд.
3. Дар ҳолати риоя нагардидани муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ, ки боиси қисман ё пурра пардохт нагардидани андозҳо ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст, агенти андоз мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 175. Тартиби татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ нисбат ба андозбандии фоидаи соф аз фаъолият тавассути муассисаи доимӣ
1. Ғайрирезидент ҳуқуқ дорад муқаррароти шартномаҳои байналмилалиро нисбат ба андозбандии фоидаи соф аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ бе пешниҳоди ариза дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ татбиқ намояд, агар чунин ғайрирезидент гирандаи ниҳоии фоидаи соф ва дорои ҳуқуқи татбиқи муқаррароти шартномаҳои дахлдори байналмилалӣ дар самти андозбандӣ бошад.
2. Шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент уҳдадор аст дар эъломия оид ба андоз аз фоидаи софи муассисаи доимӣ меъёри андоз, маблағи андоз аз фоидаи соф ва мушаххасоти шартномаи байналмилалиро, ки дар асоси он меъёри дахлдори андоз татбиқ шудааст, дарҷ намояд.
3. Дар сурати риоя нагардидани муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ, ки боиси қисман ё пурра пардохт нагардидани андозҳо ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст, агенти андоз мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 176. Тартиби татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ нисбат ба андозбандии даромадҳои дигар аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ғайрирезиденте, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегирад, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои 173-175 Кодекси мазкур пешбинишуда, ҳуқуқ дорад то аз ҷониби агенти андоз пардохт гардидани даромад ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии агенти андоз оид ба татбиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ ариза пешниҳод намояд.
2. Мақомоти андоз дар давоми 5 рӯзи тақвимӣ нисбат ба аризаи ғайрирезидент оид ба татбиқ гардидани (нагардидани) муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ хулосаи асоснок пешниҳод менамоянд.
3. Бо назардошти муқаррароти қисми 2 ҳамин модда ғайрирезидент ҳуқуқ дорад нисбат ба хулосаи мақомоти андоз ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо ҷалби мақомоти салоҳиятдори мамлакати резидент ҷиҳати баррасии такрории ариза муроҷиат намояд.
Моддаи 177. Талаботи умумӣ ҳангоми пешниҳоди ариза барои татбиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ
1. Ғайрирезидент уҳдадор аст якҷоя бо ариза оид ба татбиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ ҳуҷҷатҳои зеринро ба мақомоти андоз пешниҳод намояд:
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентии ба расмият даровардашуда ё апостил гузошташудаи ғайрирезидент, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад;
- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;
- нусхаи шартномаҳо барои иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё барои фаъолияти (амалҳои) дигар;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) ва фаъолияти (амалҳои) дигар аз ҷониби ғайрирезидент;
- маълумот дар бораи даромадҳо аз хизматрасониҳои нақлиётӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Агенти андоз ба мақомоти андоз ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии тасдиқкунандаи маблағи ҳисобшуда ва (ё) пардохтшудаи даромадҳо ва андозҳои нигоҳдошташударо пешниҳод менамояд.
3. Ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои чорум ва панҷуми қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ баъди иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 178. Маълумотнома оид ба маблағҳои андозҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшуда
Дар асоси дархости ғайрирезидент мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи даромад ва андозҳои аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшуда маълумотнома пешниҳод менамояд.
БОБИ 24. МУБОДИЛАИ ИТТИЛООТ
Моддаи 179. Мубодилаи иттилооти андозӣ ва молиявӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад иттилооти заруриро барои ҳисоб намудан ва ситонидани андозҳо, баррасии шикоятҳои марбут ба андозбандӣ ва таъқиби ҷиноятӣ, аз ҷумла иттилоотеро, ки дар доираи таҷрибаи байналмилалӣ паҳн гардида, хилофи дигар қонунҳо намебошад, гирад ва чунин иттилоотро ба давлатҳои дигари аҳдкунанда пешкаш намояд.
2. Дархости мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақомоти салоҳиятдори дигар давлати аҳдкунанда бояд иттилооти молиявии зеринро дар бар гирад:
- ҳисоб кардани уҳдадориҳои андозӣ;
- санҷиши молу мулки тариқи мерос ё ҳадя бадастомада;
- санҷиши асоснокии иттилоот ё далели саркашӣ намудан аз пардохти андоз;
- оид ба молу мулки андозсупорандае, ки уҳдадориҳои андозиро иҷро накардааст.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ пешниҳоди маълумоти молиявӣ дар бораи амалиётҳои молиявии резидентҳо, ширкатҳои маҳаллӣ, шахсони ғайрирезидент ва ширкатҳои хориҷӣ, ки барои ҳисоб кардани маблағи андоз, ситонидан ва маъмурикунонии андози дигар давлати аҳдкунанда масъул мебошанд, дархост намуда, ҳангоми зарурат бо дигар давлати аҳдкунанда аз рӯи принсипи мутақобила тибқи шартномаи андоз мубодилаи мунтазами иттилооти молиявӣ кунад.
4. Новобаста ба дархости мақоми ваколатдори давлатӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ метавонанд иттилоот дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда, иштирокчиёни амалиётҳои молиявӣ ва иттилооти дигарро, ки барои мубодилаи маълумоти молиявӣ байни давлатҳои аҳдкунанда зарур аст, нигоҳ доранд.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти салоҳиятдори дигар давлати аҳдкунанда дар доираи шартномаҳои (созишномаҳои) байналмилалӣ раванди қабул, мубодила ва пешниҳоди ҳама гуна иттилооти андозӣ ё молиявиро аз рӯи амалиётҳои молиявии дар сархати сеюми қисми 2 ҳамин модда зикргардида амалӣ менамоянд.
6. Ҳар корманди ташкилоти молиявӣ ва шахсони дигар бояд аз пешниҳоди маълумоти молиявӣ бо қабули дархосте, ки мухолифи қисмҳои 2 ё 3 ҳамин модда мебошад, худдорӣ кунад.
7. Ҳеҷ шахс, ки дар бораи иттилооти молиявӣ мутобиқи қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда огоҳ шудааст, ҳуқуқ надорад чунин иттилоотро ба шахсони сеюм, ба истиснои мақомоти салоҳиятдори дигар давлати аҳдкунанда пешниҳод намояд ё ифшо кунад, ё чунин иттилоотро ғайриқонунӣ истифода барад ва ҳеҷ шахс ҳуқуқ надорад аз шахсе, ки аз иттилооти молиявӣ огоҳ аст, пешниҳоди иттилооти молиявиро талаб кунад.
8. Ҳар шахсе, ки иттилооти молиявии хилофи қисмҳои 2, 3 ва 4 ҳамин модда пешниҳод ё ифшошударо ба даст овардааст, агар дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ огоҳ гардад, ҳуқуқ надорад чунин иттилоотро ба шахсони сеюм пешниҳод кунад ё ифшо намояд.
9. Новобаста ба қисми 3 ҳамин модда, мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад пешниҳоди иттилооти молиявиро ба дигар давлати аҳдкунанда аз рӯи созишномаи ба принсипи мубодилаи мутақобила асосёфта маҳдуд намояд.
10. Роҳбари ширкати молиявӣ ва шахсони дигар, ки ният дорад иттилооти молиявиро мутобиқи қисми 3 ҳамин модда пешниҳод намоянд, ё иттилооти молиявиро тибқи талаботи ҳамин модда санҷанд, метавонанд аз тарафи муқобили шартномаи молиявӣ пешниҳоди иттилоотро барои санҷиши иттилооти гирифташуда талаб намоянд.
ҚИСМИ МАХСУС
ФАСЛИ VII. АНДОЗ АЗ ДАРОМАД
БОБИ 25. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 180. Андозсупорандагон
1. Супорандагони андоз аз даромад шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ-резидентҳо ва ғайрирезидентҳо мебошанд, ки объектҳои андозбандӣ доранд, ба истиснои шахсоне, ки ҷавобгӯи шартҳои низомҳои махсуси андозбандӣ мебошанд.
2. Дар ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, уҳдадорӣ оид ба ситонидани андоз аз даромад дар манбаи пардохт аз ҷониби агенти андоз амалӣ карда мешавад.
3. Ҳама гуна субъекти хориҷие, ки шахси воқеӣ намебошад, барои мақсадҳои фасли мазкур ба сифати андозсупоранда-корхона баррасӣ мегардад, агар исбот накунад, ки он мутобиқи моддаи 94 Кодекси мазкур ба сифати иштирокчии соҳибии муштарак амал менамояд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон, ба истиснои муқаррароти қисми 2 ҳамин модда, супорандаи андоз аз даромад намебошад.
Моддаи 181. Объекти андозбандии андоз аз даромад
1. Объекти андозбандии андоз аз даромад даромади андозбандишавандаи андозсупоранда дар давраи ҳисоботӣ, сарфи назар аз маҳал ва усули пардохт, мебошад.
2. Объекти андозбандии андоз аз даромади андозсупоранда-резидент даромадҳое мебошанд, ки аз ҳамаи манбаъҳои даромад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд.
3. Объекти андозбандии андоз аз даромади андозсупоранда-ғайрирезидент танҳо даромадҳое дониста мешаванд, ки аз манбаъҳои даромад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд.
4. Даромади умумии андозсупоранда ба даромадҳои зерин ҷудо карда мешавад:
- даромаде, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ мегардад;
- даромаде, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ карда намешавад.
Моддаи 182. Манбаи андоз
1. Манбаи андоз аз даромади андозсупоранда-резидент дар давраи ҳисоботӣ ин фарқияти байни даромади умумӣ ва хароҷотҳои тарҳшавандае мебошад, ки мутобиқи ҳамин фасл барои чунин давра иҷозат дода шудааст.
2. Манбаи андоз аз даромади андозсупоранда-ғайрирезидент, ки дар давраи ҳисоботӣ тавассути муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳад, фарқияти даромади умумӣ аз манбаъҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муассисаи доимӣ ва хароҷоти тарҳшавандае мебошад, ки мутобиқи ҳамин фасл барои чунин давраи ҳисоботӣ иҷозат дода шудааст.
3. Даромади умумии аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастовардаи андозсупоранда-ғайрирезидент, ки муқаррароти қисми 2 ҳамин модда нисбат ба он татбиқ намегардад, дар манбаи пардохт бе тарҳи хароҷот мутобиқи моддаи 239 Кодекси мазкур андозбандӣ карда мешавад.
4. Манбаи андоз аз даромади андозсупоранда-ғайрирезидент аз фурӯш ё бегона намудани молу мулк ё ҳуқуқҳои молу мулкие, ки ба муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунандаи он алоқаманд намебошад, фарқият байни даромади умумӣ аз фурӯш ё бегона намудан ва хароҷоти тарҳшавандае мебошад, ки мутобиқи ҳамин фасл барои чунин давраи ҳисоботӣ иҷозат дода шудааст. Агар андози даромад аз фурӯш ё додани молу мулк ва (ё) ҳуқуқҳои молумулкии андозсупоранда-ғайрирезидент пардохт нашуда бошад, шахси ҳуқуқие, ки чунин ғайрирезидент дар он дорои ҳуқуқҳои молумулкӣ буд (мебошад) ё агенти андозе, ки ба андозсупоранда-ғайрирезидент маблағ пардохт менамояд, уҳдадор аст андози даромадро бе тарҳ нигоҳ дорад ва пардохт намояд.
Моддаи 183. Меъёрҳои андоз
1. Даромади андозбандишавандаи шахси воқеӣ-резидент аз ҷойи кори асосӣ зиёда аз тарҳи шахсӣ бо меъёри 12 фоиз андозбандӣ карда мешавад.
2. Даромади андозбандишавандаи шахси воқеӣ-ғайрирезидент аз кори кироя, ки аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст, бо меъёри 20 фоиз андозбандӣ карда мешавад.
3. Даромади андозбандишавандаи шахсони воқеӣ, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикр нагардидааст, бе тарҳҳои дар моддаи 191 Кодекси мазкур пешбинишуда, ба истиснои андози иҷтимоии суғурташаванда, бо меъёри 15 фоиз андозбандӣ карда мешавад.
4. Даромади андозбандишавандаи шахси ҳуқуқӣ бо меъёрҳои зерин андозбандӣ карда мешавад:
- барои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо - 13 фоиз;
- барои фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ширкатҳои мобилӣ - 20 фоиз;
- барои фаъолият оид ба истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, инчунин, барои ҳама намуди фаъолияти дигар, ба истиснои сархатҳои якум ва дуюми қисми мазкур - 18 фоиз.
БОБИ 26. ДАРОМАДИ УМУМӢ
Моддаи 184. Даромади умумӣ
1. Ҳама намуди даромад ва подошпулиҳо дар шакли пулӣ, моддӣ ва ғайримоддии ба манфиати андозсупоранда пардохтшаванда, инчунин, манфиатҳои дигари гирифтаи андозсупоранда, ба истиснои даромадҳое, ки тибқи боби 27 Кодекси мазкур аз андоз аз даромад озод карда шудаанд, даромади умумии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дониста мешаванд, аз ҷумла:
- даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ;
- даромадҳо дар шакли музди меҳнат;
- ҳама гуна даромадҳои дигар аз фаъолияте, ки кори кироя ё фаъолияти соҳибкорӣ намебошад.
2. Даромади умумии андозсупоранда даромадест, ки бе назардошти тарҳҳо муайян шудааст.
Моддаи 185. Даромади умумӣ аз фаъолияти соҳибкорӣ
Даромади умумӣ аз фаъолияти соҳибкорӣ ҳама гуна даромад, подошпулӣ ва манфиатҳое мебошад, ки андозсупоранда дар шакли пулӣ, моддӣ ва ғайримоддӣ аз фаъолияти соҳибкорӣ гирифтааст, аз ҷумла:
- даромади аз фурӯш, супоридан ё бегонакунии дороиҳои дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашавандаи андозсупоранда мутобиқи моддаи 213 Кодекси мазкур;
- фарқияти қурби асъоре, ки андозсупоранда дар давраи ҳисоботӣ мутобиқи моддаи 212 Кодекси мазкур гирифтааст.
Моддаи 186. Даромадҳо дар шакли музди меҳнат
1. Ҳама гуна пардохтҳо, подошпулӣ, мукофотпулӣ ё манфиатҳо, аз ҷумла дар шакли пулӣ, моддӣ ва ғайримоддӣ (аз рӯи маҳдудияти молу ашё ва андозаи дар қонунгузорӣ муқарраршуда), ки корманд аз корфармо дар доираи муносибатҳои меҳнатӣ (мутобиқи шартномаи меҳнатӣ ва ё бе он) гирифтааст, новобаста ба шакл ва маҳалли пардохт, даромади дар шакли музди меҳнат гирифташуда дониста мешавад, аз ҷумла:
- даромад аз кори кироя;
- даромад аз кори кирояи пешина, ки дар шакли нафақа ё дигар шакл гирифта мешавад ё даромад аз кори кирояи минбаъда.
2. Шаклҳои зерини даромадҳо, ки ба корманд аз ҷониби корфармо дар шакли моддӣ ё ғайримоддӣ (аз рӯи маҳдудияти молу ашё ва андозаи дар қонунгузорӣ муқарраршуда) пардохт шудаанд, ҳамчун даромад аз музди меҳнат дониста мешаванд, аз ҷумла:
- арзиши молу мулки бар ивази музди меҳнат додашуда;
- арзиши молу мулки (кори, хизматрасонии) ба корманд бо тартиби муқаррарнамудаи банди 2) қисми 3 ҳамин модда ройгон додашуда;
- арзиши моли (иҷрои кор ва хизматрасонии) аз ҷониби корфармо барои корманд ба шахси сеюм пардохтшуда;
- маблағи кумакпулӣ ё арзиши ҷуброни хароҷоти анҷомдодаи корфармо ба корманд барои ҷуброни хароҷоти неъматҳои моддӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла хароҷот барои озуқа, будубош, таҳсили кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ, хароҷоти марбут ба истироҳат, аз ҷумла рафтуомади аъзои оилаҳои онҳо ҳангоми рухсатии меҳнатӣ;
- хароҷоти сафар ё ҷуброни хароҷоти сафар зиёда аз меъёрҳои дар қисми 4 ҳамин модда барои хароҷоти сафар муқарраргардида.
3. Барои мақсадҳои қисми 1 ҳамин модда ҳаҷми подошпулии корманд бо тарҳи ҳама гуна пардохтҳои корманд барои чунин подошпулӣ ба маблағи зерин баробар мебошад:
1) фарқияти маблағи фоизи қарзи аз корфармо гирифтаи корманд нисбат ба меъёри фоизи миёнавазни муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба намудҳои қарз;
2) ҳангоми фурӯш ё ройгон додани мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) аз ҷониби корфармо ба корманд, аз ҷумла:
а) ҳангоми аз ҷониби корфармо ба корманд таҳвил гардидани (ё ройгон додани) мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) – 75 фоизи арзиши нархи муқаррарии фурӯши чунин мол (кор ё хизматрасонӣ) ба харидорони дигар, агар корфармо истеҳсолкунандаи мол ё анҷомдиҳандаи кор ё хизматрасонӣ бошад;
б) дар ҳолатҳои дигар - барои корфармо арзиши пурраи мол (иҷрои кор ё хизматрасонии) бадастовардаи коргар аз корфармо;
3) арзиши кумаки барои таҳсил гирифтаи корманд ё шахсони дар таъминоти ӯ қарордошта, ба истиснои барномаҳои тайёрӣ, ки бевосита ба иҷрои уҳдадориҳои коргар алоқаманданд;
4) арзиши ҷуброни хароҷоти бевосита ба меҳнати кирояи корманд алоқаманд набуда;
5) маблағи бахшидашудаи қарз ё уҳдадории корманд дар назди корфармо;
6) арзиши пардохти мукофотпулии суғурта тибқи шартномаҳои суғуртаи ҳаёт ва саломатӣ ва маблағҳои дигари шабеҳ аз ҷониби корфармо, агар полиси суғуртавӣ ба манфиати корманд ё шахсони дар таъминоти корманд қарордошта амал кунад, андозаи чунин мукофотпулии суғуртавӣ ё маблағ барои корфармо;
7) арзиши истифодаи воситаи нақлиёти корфармо аз ҷониби корманд бо мақсадҳои шахсӣ, ки бо формулаи (A х 10%)/12 барои моҳи тақвимӣ муайян карда мешавад, дар ин ҷо:
A – маблағи хароҷоте, ки корфармо барои харид ва нигоҳдории воситаи нақлиёт сарф намудааст ё арзиши бозории ба иҷора гирифтани воситаи нақлиёт;
8) дар ҳолатҳои дигар – арзиши бозории манфиат.
4. Даромади умумии корманд ҷуброни чунин хароҷотро дар бар намегирад, аз ҷумла:
- ҷуброни сафарҳои хизматӣ аз ҷониби корфармо мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматӣ аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои онҳо, фондҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ -ғайрирезидентҳо.
5. Даромадҳо вобаста ба пардохтҳои намояндагӣ ва даромадҳои дигари шабеҳ, аз ҷумла даромадҳо барои гузаронидани ҷашнҳо, ҷойгиронии меҳмонон ва ғайра, ки шахси воқеӣ гирифтааст, ба даромади умумии ӯ дохил карда намешаванд, агар арзиши чунин даромадҳо аз меъёрҳои дар қисми 3 моддаи 192 Кодекси мазкур муқарраргардида зиёд набошад.
6. Арзиши пардохтҳои моддӣ (ғайримоддӣ), манфиатҳо ва дигар пардохтҳои дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда номбаршуда, ки ба манфиати шахсони воқеӣ анҷом дода шудаанд, маблағи андози аксиз, андоз аз арзиши иловашуда ва ҳама гуна андози дигарро, ки бояд дар робита бо шартномаи баҳододашаванда пардохт карда шавад, дар бар мегирад.
Моддаи 187. Даромади умумӣ аз фаъолияти ба кори кироя ё фаъолияти соҳибкорӣ мансубнабуда
1. Даромади зерини андозсупоранда аз фаъолияте, ки ба кори кироя ё фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нест, даромади ғайрисоҳибкории андозсупоранда дониста мешавад:
- даромад дар шакли фоизҳо;
- даромад аз амонат ва пасандозҳои бонкдории исломӣ;
- суди саҳмияҳо;
- даромад аз фурӯш, супоридан ё бегонакунии дороиҳои дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашавандаи андозсупоранда, ки мутобиқи моддаи 213 Кодекси мазкур муайян карда шудааст;
- даромадҳо дар шакли роялти;
- маблағи қарзи ба андозсупоранда бахшидаи қарздиҳанда, ба истиснои қарзи андозсупорандаи ғайри қобили пардохт эътирофшуда ё қарзи дар доираи шартнома дар бораи таҷдиди назари қарз бо мақсади барқарорсозии ҳолати устувори молиявии андозсупоранда бахшидашуда;
- ҳама гуна манфиат ва даромадҳо, ба истиснои даромад дар шакли музди меҳнат ва (ё) даромад аз фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки шахси воқеӣ гирифтааст.
2. Муқаррароти моддаи мазкур нисбат ба даромаде, ки мутобиқи моддаҳои 184 ё 185 Кодекси мазкур ба даромади умумии андозсупоранда дохил карда шудааст, амалӣ карда намешавад.
Моддаи 188. Тасҳеҳи даромади умумӣ
Даромадҳое, ки андозсупоранда дар шакли музди меҳнат, суди саҳмияҳо, фоизҳо, бурдҳо, роялти ва дигар даромадҳо дар давраи андоз гирифтааст, бо мақсади муайян намудани маблағи ниҳоии андоз аз даромад тавассути тарҳкунӣ аз даромад ё замкунӣ ба даромад тасҳеҳ карда мешаванд, агар даромадҳо аз манбаъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ шаванд.
БОБИ 27. ОЗОДКУНӢ АЗ АНДОЗ
Моддаи 189. Озодкунӣ аз андоз
1. Намудҳои зерини даромадҳои шахсони воқеӣ андозбандӣ карда намешаванд:
1) даромад аз фаъолияти расмии дипломатӣ (консулӣ) ва фаъолияти ба он баробаркардашудаи шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозае, ки дар шартномаи байналмилалӣ пешбинӣ шудааст;
2) арзиши молу мулки дар шаклҳои аслӣ (ғайримоддӣ) ва (ё) пулии аз шахсони воқеӣ мерос ё туҳфа гирифташуда, ба истиснои даромаде, ки меросгир аз фурӯш (бегона кардан) ё ба иҷора додани молу мулки ба мерос гирифташуда ба даст овардааст, аз ҷумла подошпулӣ (мукофотпулӣ), ки ба меросхӯрони (ворисони ҳуқуқии) муаллифони асарҳои илмӣ, адабӣ, санъат, инчунин, кашф, ихтироъ ва намунаҳои саноатӣ пардохт карда мешаванд;
3) арзиши туҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ гирифташуда, инчунин, ҷоизаҳои (бурдҳои) дар озмунҳо ва мусобиқаҳо гирифташуда, аз ҷумла дар шакли пулӣ, агар:
а) арзиши туҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ гирифташуда аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд набошад;
б) арзиши ҷоизаҳои (бурдҳои) дар озмунҳо ва мусобиқаҳои байналмилалӣ гирифташуда аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд набошад;
в) арзиши ҷоизаҳои (бурдҳои) дар озмунҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ гирифташуда аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд набошад;
4) нафақаҳои давлатӣ ва суғуртавӣ, ҷоизаҳо ва мукофотҳои давлатӣ, стипендияҳои давлатӣ, кумакпулиҳои давлатӣ ва ҷубронпулиҳои давлатӣ;
5) маблағи алимент аз шахсоне, ки алимент мегиранд;
6) подошпулӣ ба донорҳо барои супоридани хун, барои шири модар ва кумакҳои дигари донорӣ;
7) маблағҳои пардохти якдафъаина ва кумаки моддӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дода мешаванд;
8) маблағҳои аз ҷониби корфармо ба шахси воқеӣ - резидент барои хароҷоти сафарҳои хизматӣ мутобиқи меъёрҳои муқарраршуда пардохтшаванда;
9) маблағи ҷуброни хароҷоти сафарҳои хизматӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои онҳо, фондҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ-ғайрирезидентҳо пардохт карда мешавад;
10) маблағҳое, ки дар шакли кумаки башардӯстона ва кумаки эҳсонкорӣ, аз ҷумла ҳангоми офатҳои табиӣ, пардохт карда мешаванд;
11) фарқияти афзоиши арзиши молу мулки ғайриманқул ҳангоми фурӯш ё шакли дигари бегона кардан, агар:
а) биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ то лаҳзаи бегона кардан на камтар аз 2 сол ҷойи истиқомати асосии андозсупоранда бошанд. Имтиёзи мазкур танҳо нисбат ба як ҷойи зисти асосии шахси воқеӣ татбиқ карда мешавад;
б) объектҳои ғайриманқули дигар (ба истиснои объектҳои ғайриманқули бо мақсадҳои соҳибкорӣ истифодашаванда) то санаи бегона кардан на кам аз 2 сол аз санаи бақайдгирӣ дар моликияти андозсупоранда қарор дошта бошанд.
12) фарқияти афзоиши арзиш аз фурӯш ё шакли дигари бегона кардани молу мулки манқул, ба истиснои ҳолатҳои зерин:
а) агар молу мулк аз ҷониби андозсупоранда барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда шавад;
б) агар афзоиши арзиш аз фурӯши молу мулк, ашёи қиматноки таърихӣ (атиқа), асарҳои санъат, ҷавоҳирот ва ашёи дигари коллексионӣ зиёда аз 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил кунад. Муқаррароти мазкур дар ҳолатҳои бо ду ва зиёда амалиёт ба як шахс ва шахсони ба он алоқаманд фурӯхтани ашёи қиматноки таърихӣ, асарҳои санъат, ҷавоҳирот ва ашёи дигари коллексионӣ амалӣ намегарданд. Дар ин ҳолат арзиши маҷмуии молу мулки дар зербанди мазкур номбаршуда ба эътибор гирифта мешавад;
в) фурӯхтан, додан, гузашт кардан ва шакли дигари бегонакунии саҳмияҳо ва ҳиссаҳои иштирок дар сармояи оинномавии корхонаҳо;
г) воситаҳои нақлиёт ва ядакҳо, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд ва камтар аз як сол то санаи бегона кардан дар моликияти андозсупоранда қарор дошта бошанд;
13) пардохтҳои суғуртавие, ки тибқи шартномаҳои дорои хусусиятҳои ҷамъшаванда ва баргардонидашаванда дар доираи маблағҳои аз ҷониби шахси воқеӣ ба ҳисоби чунин шартномаҳо пардохташуда гирифта шудаанд;
14) пардохтҳои суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) тибқи шартномаи суғуртавӣ аз рӯи шаклҳои суғурта, инчунин, пардохтҳои суғуртавие, ки дар натиҷаи фавти шахси суғурташуда гирифта шудаанд;
15) маблағҳои маош, подошпулиҳо ва пардохтҳои дигаре, ки хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, мақомоти давлатии амнияти миллӣ, оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъовар, Гвардияи миллӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба адои хизмат (иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ) гирифтаанд;
16) бурдҳо аз вомбаргҳои давлатӣ ва лотереяҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия баровардааст, ба андозаи на зиёда аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба як вомбарг ё лотерея;
17) маблағи кумакҳои иҷтимоии суроғавӣ, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, ба истиснои пардохтҳои марбут ба музди меҳнат, ки аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ ба андоза ва бо тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дода мешавад;
18) маблағе, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати вафот, расидани зарари ҷисмонӣ ё намуди дигари зарар ба саломатии корманд ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ пардохт карда шудааст;
19) арзиши либосҳои махсус ва (ё) либосҳои расмӣ ва пойафзол, воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва кумаки аввалияи тиббӣ, собун, воситаҳои безараркунанда, шир ё маҳсулоти дигари озуқавории баробарарзиш, ки мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд;
20) пардохтҳои суғуртавии тибқи шартномаҳои суғуртаи ҳатмии масъулияти корфармо (аз ҳисоби маблағҳои корфармо) барои расонидани (ҳангоми расонидани) зарар ба ҳаёт ва саломатии корманд ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ (хизматӣ);
21) маблағи ҷуброни зарари моддӣ, ки бо қарори суд муқаррар шудааст;
22) даромад аз фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ бе коркарди саноатӣ парвариш (истеҳсол) карда шудааст;
23) маблағи бонусҳо, кэшбэк ва механизмҳои дигари ҳавасмандгардонии муштариён ҳангоми амалиёт бо истифода аз воситаҳои электронии пардохт;
24) стипендияҳое, ки ба шахс барои таҳсили рӯзона дар муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ, олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва махсус дода мешаванд;
25) даромади дар шакли музди меҳнат гирифтаи маъюбон аз овони кӯдакӣ ва маъюбони гурӯҳи I;
26) ҷубронпулиҳои суғурта ва дигар пардохтҳои гирифтаи пасандоздорон, ки аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ё аз номи он амалӣ шудааст.
2. Намудҳои зерини даромадҳои шахсони ҳуқуқӣ андозбандӣ карда намешаванд:
1) муассисаҳо, иттиҳодияҳои динӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратии хайриявӣ, байниҳукуматӣ ва байнидавлатӣ (байналмилалӣ), ба истиснои даромадҳое, ки онҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ мегиранд. Чунин муассисаҳо ва ташкилотҳо уҳдадоранд ҳисобдории алоҳидаи фаъолияти асосии худ (фаъолияти аз андози даромад озодшуда) ва фаъолияти соҳибкориро пеш баранд;
2) маблағгузарониҳои ройгон, молу мулки ройгон ва грантҳое, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мегиранд ва барои фаъолияти ғайритиҷоратӣ истифода мебаранд, инчунин аъзоҳаққиҳо ва хайрияи гирифтаи онҳо;
3) даромадҳои Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ;
4) суди саҳмияҳое, ки корхонаҳо-резидентҳо аз корхонаҳо-резидентҳо мегиранд;
5) кумакҳои молиявие (субсидияҳое), ки муассисаҳои давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории фаъолияти худ мегиранд;
6) даромади корхонаҳои навтаъсис аз таҳвили молҳои истеҳсолшуда, агар муассисони онҳо дар муҳлати 12 моҳи тақвимии аз санаи бақайдгирии ибтидоии давлатӣ ба фонди оинномавии чунин корхонаҳо ҳаҷмҳои дар поён зикргардидаи сармоягузориҳоро ба муҳлатҳои зерин ворид намоянд:
а) 2 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 200 ҳазор доллари ИМА то 500 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил кунад;
б) 3 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 500 ҳазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА-ро ташкил кунад;
в) 4 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА-ро ташкил кунад;
г) 5 сол, агар ҳаҷми сармоягузориҳо бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошад.
7) даромадҳои аз фаъолияти сайёҳӣ бадастомада дар давоми 5 сол аз санаи бақайдгирии давлатӣ дар сурати мавҷудияти иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти сайёҳӣ.
3. Озодкунӣ аз андоз аз даромад мутобиқи бандҳои 6) ва 7) қисми 2 ҳамин модда дар ҳолати аз нав ба қайд гирифтани корхона ё азнавташкилдиҳии он, тағйирот дар шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҳамроҳшавӣ, ба иҷора гирифтани корхонаҳои истеҳсолии амалкунанда (нисбати даромадҳое, ки аз истеҳсоли моли корхонаҳои ба иҷора гирифташуда ва ё муттаҳидшуда ба даст оварда мешаванд) амалӣ карда намешавад.
4. Ҳама гуна зарари давраи имтиёзи андозӣ мутобиқи қисми 2 ҳамин модда ҳангоми ба анҷом расидани давраи имтиёзи андоз ба давраи дигари андоз гузаронида намешавад.
5. Муқаррароти банди 6) қисми 2 ҳамин модда нисбат ба корхонаҳое, ки истихроҷи канданиҳои фоиданок ё амалиётҳоро дар соҳаи нафту газ амалӣ менамоянд, татбиқ карда намешаванд.
БОБИ 28. ТАРҲҲО АЗ ДАРОМАДИ УМУМӢ
Моддаи 190. Тарҳи хароҷоти вобаста ба гирифтани даромад
1. Аз даромади умумӣ тамоми хароҷоти тасдиқшудаи воқеан анҷомдодаи марбут ба давраи ҳисоботии бо гирифтани чунин даромад алоқаманд, ки дар Кодекси мазкур ва (ё) дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардида, ба Кодекси мазкур мухолифат намекунанд, тарҳ карда мешаванд, аз ҷумла:
- хароҷоти бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи уҳдадориҳои андозӣ бо назардошти маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи зербанди н) қисми 8 моддаи 192 Кодекси мазкур;
- хароҷоти бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи музди меҳнат, хароҷоти сафарҳои хизматии кормандон дар доираи меъёрҳои муқарраршуда ва ба андозае, ки хароҷоти сафари хизматии зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда мутобиқи моддаи 186 Кодекси мазкур ба даромади корманд дохил карда мешавад;
- хароҷоти тасдиқшудаи барои ашёи хом, мавод, хароҷоти реклама, энергияи воқеан дар давраи андоз истифодашуда, ба истиснои ҳароҷоти вобаста ба сохтмон, хариди воситаҳои асосӣ ва васлсозии онҳо (аз ҷумла хароҷоти фарқияти манфии қурби асъор, ҷаримаҳо ва фоизҳои қарз, ки ҳангоми сохтмон ва насб ба арзиши воситаҳои асосӣ мансуб дониста мешаванд), инчунин, хароҷоти дигаре, ки мутобиқи моддаи 214 Кодекси мазкур хусусияти асосӣ (капиталӣ) доранд ва хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 192 Кодекси мазкур ва муқаррароти дигари ҳамин боб бояд тарҳ нашаванд;
- даромад аз фурӯш, супоридан ё хориҷкунии дороиҳои дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашавандаи андозсупоранда, ки мутобиқи моддаи 213 Кодекси мазкур муайян карда шудааст;
- фарқияти қурби асъор, ки андозсупоранда дар давраи ҳисоботӣ мутобиқи моддаи 212 Кодекси мазкур гирифтааст.
2. Тарҳи хароҷот дар ҳолати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои ба таври дахлдор ба расмият даровардашуда, ки хароҷоти воқеии вобаста ба гирифтани чунин даромадро тасдиқ менамоянд, иҷозат дода мешавад.
3. Ҳама гуна хароҷот бояд бо ҳуҷҷати дахлдор дар бораи хароҷот бо ифодаи пулӣ, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» пешбинӣ гардидааст, тасдиқ карда шавад. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хароҷот инчунин шартномаи граждании ҳуқуқӣ мебошад, ки хусусияти хароҷоти андозсупорандаро ифода мекунад ва мақсаднокии иқтисодии онро шарҳ медиҳад.
4. Дар ҳолате ки агар ҳамон як хароҷот дар якчанд моддаи хароҷот пешбинӣ шуда бошад, ҳангоми ҳисоб кардани даромади андозбандишаванда хароҷоти зикргардида танҳо як маротиба тарҳ карда мешаванд.
5. Ҷаримаҳо, фоизҳо (пеня), ноустуворонаҳои таъиншуда ё эътирофшудаи вобаста ба гирифтани даромади умумӣ, ки бояд аз ҳисоби андозсупоранда пардохт шаванд (шудаанд), ба истиснои онҳое, ки бояд ба буҷет ворид гарданд, тарҳ карда мешаванд.
6. Андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, ки барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ба ҳисоб гирифтани он иҷозат дода намешаванд, дар арзиши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба эътибор гирифта мешаванд.
Моддаи 191. Тарҳкуниҳои шахсии шахсони воқеӣ
1. Аз даромади умумии шахси воқеӣ-резиденте, ки корманди кироя мебошад, дар шакли музди меҳнат барои ҳар моҳи тақвимӣ ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо тарҳи шахсӣ амалӣ карда мешавад.
2. Аз даромад дар шакли музди меҳнати гурӯҳҳои зерини шахсони воқеӣ-резидентон барои ҳар моҳи тақвимӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо тарҳи шахсӣ амалӣ карда мешавад:
- қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, қаҳрамонҳои меҳнати сотсиалистӣ, қаҳрамонҳои Тоҷикистон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ барои муҳофизати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо, ҷанговарони интернатсионалист, инчунин маъюбони гурӯҳи II;
- шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи садамаҳо дар объектҳои атомӣ бемор ва мубталои бемории шуоъ шудаанд, шахсони дар рафъи оқибатҳои чунин садамаҳо дар доираи минтақаи ҷудокунӣ иштирокдошта, шахсоне, ки дар давраи бартараф намудани оқибатҳои садамаҳо дар корҳои баистифодабарӣ ё корҳои дигар дар объектҳои атомӣ иштирок намудаанд.
3. Аз даромади шахси воқеӣ-корманди кироя дар шакли музди меҳнат яке аз маблағҳои нисбатан калонтари тарҳи шахсӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда иҷозат дода мешавад.
4. Дар ҳолате ки шахси воқеӣ камтар аз шонздаҳ рӯзи тақвимӣ дар давоми моҳ корманди кироя бошад, пас ҳангоми муайян намудани даромади андозбандишавандаи корманд тарҳи шахсӣ мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда анҷом дода намешавад.
5. Тарҳи шахсӣ аз даромади андозбандишаванда мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда аз рӯи даромадҳои танҳо дар як ҷойи кори (асосии) корманд гирифташуда роҳ дода мешавад. Дар ҳолате ки шахси воқеӣ корманди кироя ва соҳибкори инфиродӣ набошад, тарҳи шахсии дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда муқарраргардида танҳо дар як маҳалли пардохти даромад, ки дар асоси аризаи пешниҳодшудаи ӯ муайян карда мешавад, роҳ дода мешавад.
6. Ҳангоми ҳисоб кардани даромади андозбандишавандаи шахси воқеӣ аз даромади ӯ маблағи андози иҷтимоии барои суғурташудагон, ки мутобиқи муқаррароти қисми 2 моддаи 332 Кодекси мазкур нигоҳ дошта шудааст, тарҳ карда мешавад.
7. Шахсе, ки даромади шахси воқеиро пардохт менамояд, барои дуруст амалӣ намудани тарҳи шахсӣ масъул мебошад. Дар ҳолати вайрон намудани талаботи муқаррарнамудаи ҳамин модда маблағи андози бинобар нодуруст тарҳ кардан ба буҷет вориднашударо ҳамин шахс ҷуброн менамояд.
8. Ба шахсони воқеӣ ҳангоми амалӣ намудани хароҷот дар шакли ғайринақдӣ, аз ҷумла тавассути суратҳисобҳои бонкӣ ва кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба андозаи 10 фоизи маблағи умумии даромади гирифташуда, вале на зиёда аз 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол тарҳ намудани чунин хароҷот дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (расид (чек) ё ҳуҷҷати дигари бонкӣ) бо тартиби тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
Моддаи 192. Хароҷоте, ки тарҳ карда намешаванд
1. Тарҳ нисбат ба хароҷоте, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нест, инчунин, хароҷоти вобаста ба хариди мол (кор, хизматрасонӣ) аз соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, иҷозат дода намешавад. Тарҳ нисбат ба хароҷоти вобаста ба сохтмон, истифодабарӣ ва нигоҳдории объектҳо, инчунин хароҷоти дигаре, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ (истеҳсолоти асосӣ) алоқаманд нест, амалӣ карда намешавад.
2. Тарҳҳои пешбининамудаи ҳамин боб иҷозат дода намешаванд, агар онҳо ҷавобгӯи талаботи моддаи 190 Кодекси мазкур набошанд.
3. Тарҳ нисбат ба хароҷоти зерин иҷозат дода намешавад:
1) хароҷоти намояндагӣ ва хароҷоти шабеҳи дигар (гузаронидани ҷашнҳо, ҷойгиркунонии меҳмонон ва ғайра), ки аз 1 фоизи даромади умумии андозсупоранда дар давраи ҳисоботӣ зиёд мебошад;
2) хароҷоти рекламавӣ (маркетингӣ), ки аз 5 фоизи даромади умумии андозсупоранда дар давраи ҳисоботӣ зиёд мебошад;
3) новобаста ба талаботи бандҳои 1) ва 2) ҳамин қисм, андозсупорандаи навтаъсис дар соли аввали фаъолият метавонад то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо хароҷоти намояндагӣ, рекламавӣ ва хароҷоти шабеҳи дигарро (гузаронидани ҷашнҳо, ҷойгиркунонии меҳмонон ва ғайра) ба хароҷоти тарҳшаванда мансуб донад, агар ҳуҷҷатҳои асосноккунанда дошта бошад.
4. Банди 1) қисми 3 ҳамин модда нисбат ба андозсупорандае, ки фаъолияти соҳибкориаш дорои хусусияти фароғатӣ мебошад, татбиқ намегардад, агар хароҷот дар доираи чунин фаъолият анҷом дода шавад.
5. Тарҳ нисбат ба ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравӣ танҳо мувофиқи муқаррароти Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
6. Тарҳ нисбат ба арзиши молу мулки ройгон (хайрия) додашуда, кор ва хизматрасонии ройгон (эҳсонкорона), ба истиснои ҳолати пешбининамудаи моддаи 193 ва сархати сеюми қисми 2 моддаи 206 Кодекси мазкур, анҷом дода намешавад.
7. Тарҳ нисбат ба хароҷоти марбут ба нақлиёти автомобилии сабукрав, ки дар ҳама давра дар ҷараёни давраи андоз дар ихтиёри кормандон ё саҳмдорон (иштирокчиёни андозсупоранда) барои истифодаи шахсӣ қарор дошт, аз ҷумла истифодаи онҳо барои кашондани кормандон ба ҷои кор ва баръакс, ба истиснои ҳолате, ки корманд вобаста ба арзиши даромад мутобиқи банди 7) қисми 3 моддаи 186 Кодекси мазкур бо андоз аз даромад андозбандӣ карда шудааст, анҷом дода намешавад.
8. Тарҳ инчунин нисбат ба хароҷоти зерин иҷозат дода намешавад:
а) саҳм ба сармояи оинномавӣ (шарикӣ), аъзоҳаққии саҳмӣ, пардохтҳо барои аз меъёр зиёд ба ҳаво партофтани моддаҳои ифлоскунанда, аъзоҳаққиҳои ихтиёрӣ ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
б) сармоягузорӣ ба сармояи оинномавии андозсупорандаи дигар;
в) хароҷоти кумаки молиявие (субсидияҳое), ки муассисаҳои давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории фаъолияти худ гирифтаанд;
г) маблағи аз ҷониби андозсупоранда - эмитент аз барориши саҳмия гирифташуда;
д) маблағҳои аз ҷониби андозсупоранда тибқи шартномаҳои комиссионӣ, фармоишӣ ва шартномаҳои шабеҳи дигар пардохтшаванда, ки ба манфиати комитент, принсипал пардохта мешаванд, ба истиснои пардохтҳо ва хароҷот барои пӯшонидани маблағҳои подошпулии комиссионӣ;
е) пардохти (пӯшонидани) маблағи асосии қарз;
ж) талафёбии мол зиёда аз меъёрҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор, ки тибқи қонунгузории марбута муайян шудааст;
з) пардохти арзиши хизматрасонии коммуналӣ, ки барои истифода ба корхонаҳои хӯроки умумӣ ройгон пешниҳод шудааст;
и) хароҷоте, ки барои шахси воқеӣ тибқи моддаҳои 186 ва 187 Кодекси мазкур манфиат ҳисобида шуда, бо андоз аз даромад андозбандӣ намешавад;
к) пардохти зиёда аз меъёри барои истифодаи нақлиёти шахсӣ аз ҷониби корманд барои мақсадҳои хизматӣ муқарраршуда, ба он андозае, ки барзиёдӣ ба даромади корманд дохил карда нашудааст;
л) зарар аз дуздӣ ва камомад, агар шахсони гунаҳкор маълум набошанд;
м) маблағҳои зерин:
- андоз аз даромаде, ки мутобиқи Кодекси мазкур ситонида шудааст ва ҳама гуна андоз аз даромаде, ки дар давлати хориҷӣ пардохт шудааст ё пардохт мешавад;
- ҷаримаҳо ё фоизҳое (пеняе), ки ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба буҷети давлати хориҷӣ пардохт мешаванд;
- андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки барои баҳисобгирӣ иҷозат дода шудааст;
- андозҳое, ки дар натиҷаи санҷишҳои андозӣ ошкор карда шудаанд;
н) хароҷоти марбут ба амалиётҳо оид ба таҳвили моле (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), ки воқеан анҷом дода нашудаанд ва бо қарори суд муайян шудаанд.
Моддаи 193. Тарҳ барои пардохтҳои эҳсонкорӣ
1. Ба андозсупоранда тарҳи пардохтҳо ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ва барои иҷрои фаъолияти эҳсонкорӣ дар давраи ҳисоботӣ анҷомдодашуда иҷозат дода мешавад. Маблағи чунин пардохтҳо наметавонад аз 10 фоизи даромади андозбандишавандаи андозсупоранда дар давраи ҳисоботӣ зиёд бошад.
2. Ҳангоми анҷом додани пардохти эҳсонкорӣ дар шакли молу мулк маблағи воқеии пардохти эҳсонкорӣ, хурдтарини яке аз ин ду бузургӣ – арзиши бозории молу мулк дар лаҳзаи супоридан ё арзиши аслии он ҳисобида мешавад.
3. Ба андозсупоранда тарҳкунӣ барои пардохтҳо ё кумакҳои дигар барои пешгирии оқибатҳо ё расонидани кумак дар робита бо офатҳои техногенӣ ё табиӣ ё эпидемия иҷозат дода мешавад.
Моддаи 194. Маҳдудияти тарҳҳо нисбат ба фоизҳо
1. Агар дар қисми 2 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба андозсупоранда тарҳ кардани фоизҳои воқеан пардохтшуда барои ҳар қарз дар давраи ҳисоботӣ иҷозат дода мешавад, аммо ба андозаи на бештар аз маблағи секаратаи фоизҳои бо истифодаи меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобшуда (ҳисобшаванда), ки дар давраи андоз амал мекунад. Ҳамин муқаррарот нисбат ба фоизҳои супоридашаванда тибқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) низ татбиқ мегардад.
2. Фоизҳои қарзҳое, ки дар робита ба харид ва (ё) сохтани воситаҳои асосии истеҳлокшаванда пардохт мешаванд ё бо хароҷоте марбут мебошанд, ки ба тағйирёбии арзиши то ба истифода додани онҳо таъсир мерасонанд, аз даромади умумии солона тарҳ карда намешаванд, вале арзиши чунин воситаҳои асосиро зиёд менамоянд.
3. Маҳдудиятҳо ниcбат ба тарҳи фоизҳои дар моддаи мазкур зикршуда, то истифодаи моддаи 224 Кодекси мазкур татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 195. Тарҳҳо нисбат ба қарзҳои беэътимод
1. Андозсупорандагон нисбат ба қарзҳои беэътимод вобаста ба таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) ба тарҳ ҳуқуқ доранд, агар даромади марбут ба онҳо қаблан ба даромади умумие, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ гирифта шудааст, дохил карда шуда бошад.
2. Тарҳ нисбат ба қарзи беэътимод дар лаҳзаи аз эътибор соқит намудани қарз ҳамчун арзишнадошта дар дафтарҳои муҳосибавии андозсупоранда ба шарте ки соқиткунӣ ба стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ мутобиқ мебошад, иҷозат дода мешавад.
3. Муқаррароти моддаи мазкур нисбат ба ташкилотҳои молиявии қарзие, ки нисбат ба онҳо муқаррароти қисми 2 моддаи 204 Кодекси мазкур амалӣ карда мешаванд, татбиқ карда намешаванд.
Моддаи 196. Тарҳҳо нисбат ба хароҷот барои таҳқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таҷрибавию конструкторӣ
1. Ба андозсупоранда тарҳ кардани хароҷот барои таҳқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таҷрибавию конструктории вобаста ба гирифтани даромади умумӣ, ба истиснои хароҷот барои харидани воситаҳои асосӣ, васлсозии онҳо ва хароҷоти дигари хусусияти асосидошта, иҷозат дода мешавад. Асос барои тарҳи чунин хароҷот супоришҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ, санади корҳои иҷрошуда ва санадҳои қабули давраҳои иҷрошудаи чунин корҳо мебошанд.
2. Муқаррароти қисми 1 ҳамин модда нисбат ба хароҷот барои таҳқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва (ё) таҷрибавию конструкторӣ дар ташкилотҳое, ки ин намудҳои фаъолиятро ба сифати иҷрочӣ (пудратчӣ ё зерпудратчӣ) анҷом медиҳанд, татбиқ намешаванд. Хароҷоти зикршуда ҳамчун хароҷот барои амалӣ намудани фаъолияти ин ташкилотҳо, ки ба гирифтани фоида (даромад) равона шудааст, ҳисобида мешаванд.
3. Дар ин модда таҳти мафҳуми таҳқиқоти илмӣ ҳама гуна фаъолияти таҷрибавӣ дониста мешавад, ки натиҷаи онро пешакӣ дар асоси дониш, иттилоот ё таҷрибаи мавҷуда маълум ё муайян кардан имконнопазир аст, вале онро танҳо бо роҳи гузарондани ҷараёни муназзами таҳқиқот дар асоси принсипҳои илмии муқарраршуда муайян кардан мумкин аст. Таҳқиқоти илмӣ ҷустуҷӯи захираҳои табииро дар бар намегирад. Хароҷот барои таҳқиқоти илмӣ ҳама гуна саҳми гузоштаи андозсупорандаро ба муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ, ки он барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ бо мақсади рушди тиҷоратии андозсупоранда истифода бурда мешавад, дар бар мегирад.
Моддаи 197. Ба давраи дигар гузаронидани зарар, зарар ҳангоми фурӯш ё супоридани молу мулк
1. Барзиёдии тарҳҳои ба андозсупоранда иҷозатдодашуда аз даромади умумӣ (зарар аз фаъолияти соҳибкорӣ) дар давраи ҳисоботӣ ба давраи минбаъда бо давомнокии то 3 солро фарогиранда гузаронида шуда, аз даромади то андозбандии давраи оянда пӯшонида мешавад.
2. Зараре, ки аз фурӯш, супоридан ё бегонакунии молу мулк (ба истиснои молу мулке, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешавад ё молу мулке, ки даромад аз фурӯш, супоридан ё бегонакунии он аз андоз озод карда шудааст) расонида мешавад, аз ҳисоби даромад аз фурӯш, супоридан ё бегонакунии чунин молу мулки дигар ҷуброн карда мешавад.
3. Агар ҷуброни зарари дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда дар ҳамон сол имконнопазир бошад, он ба давраи минбаъдаи то 3 солро дарбаргиранда гузаронида мешавад ва аз ҳисоби даромади аз фурӯш, супоридан ё бегонакунии дигари чунин молу мулк гирифташуда ҷуброн карда мешавад. Зарарҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинигардида аз даромади умумӣ тарҳ карда намешаванд.
БОБИ 29. ТАРҲҲО АЗ РӮИ ВОСИТАҲОИ АСОСӢ
ВА ДОРОИҲОИ ҒАЙРИМОДДӢ
Моддаи 198. Тарҳи ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ ва тарҳҳои дигар аз рӯи воситаҳои асосии истеҳлокшаванда
1. Таҳти дороиҳои истеҳлокшаванда барои мақсадҳои моддаи мазкур воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддии дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда дониста мешаванд.
2. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки дар давраи ҳисоботӣ аз даромади андозбандишаванда мутобиқи меъёрҳои дар ҳамин модда муқарраршуда ҳиссаи истеҳлоки воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддиро тарҳ намояд.
3. Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ ба воситаҳои асосӣ ва дороиҳои ғайримоддие, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намегарданд, иҷозат дода намешавад.
4. Тарҳи ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ нисбат ба дороиҳои зерин иҷозат дода намешавад:
- замин, чорво, асарҳои санъат, захираҳои молию моддӣ, аз ҷумла объектҳои сохтмонии нотамом ва таҷҳизоти васлнашуда, инчунин молу мулке, ки арзиши онҳо ҳангоми муайян намудани манбаи андозбандишавандаи соли ҳисоботӣ пурра тарҳ карда мешавад;
- роҳҳои автомобилгард, роҳравҳо, гулгашту хиёбонҳои истифодаи умум, иншооти ободонӣ, ки дар ихтиёрдории (нигоҳдории) ҳокимияти давлатӣ қарор доранд;
- воситаҳои асосие, ки ройгон гирифта шудаанд;
- воситаҳои асосие, ки арзиши онҳо аллакай пурра тарҳ карда шудааст;
- воситаҳои асосии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла воситаҳои асосие, ки онҳо барои гирифтани даромад истифода мебаранд.
5. Воситаҳои асосии истеҳлокшаванда, ба истиснои дороиҳои ғайримоддӣ, ба гурӯҳҳои дорои меъёрҳои зерини истеҳлок тақсим мешаванд:
6. Андозсупоранда бояд андозаи тарҳи ҳиссаҷудокунии истеҳлокиро, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда барои ҳамаи гурӯҳҳои дороиҳо дар асоси дороиҳои алоҳида иҷозат дода шудааст, бо усули хаттии ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ муайян намояд.
7. Ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ барои ҳар як воситаи асосии гурӯҳи 5 дар алоҳидагӣ барои тамоми давраи истифодабарӣ анҷом дода мешаванд.
8. Ҳиссаҷудокунии истеҳлокии воситаҳои асосӣ ва (ё) дороиҳои ғайримоддии дар давоми соли тақвимӣ воридшуда (хориҷшуда) аз моҳи тақвимии пас аз истифодаи воқеии (аз истифодаи воқеӣ баровардани) онҳо анҷом дода (қатъ карда) мешавад, аммо дар мавриди бино на пештар аз он, ки мақоми танзимкунанда шаҳодатномаи ба итмом расонидани сохтмони онро медиҳад.
9. Арзиши воситаҳои асосӣ, ки дар асоси шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) гирифта шудаанд, дар тавозун арзишии гурӯҳи дахлдори иҷорагирон дохил карда шуда, ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ вобаста ба меъёрҳои барои гурӯҳҳои дахлдор муайяншуда ҳисоб карда мешавад.
10. Маблағи асосие, ки барои воситаҳои асосии ба иҷораи молиявӣ (лизинг) додашуда ба иҷорадеҳ пардохт шудааст, агар воситаҳои асосӣ ба тавозуни молиявии гурӯҳ то интиқоли онҳо ба иҷораи молиявӣ (лизинг) дохил карда шуда бошанд, ҳамчун маблағе дониста мешавад, ки ҳангоми фурӯши чунин воситаҳои асосӣ гирифта мешавад. Барои иҷорагир маблағи асосие, ки он ба иҷорадеҳ мепардозад, ҳамчун нархи хариди воситаҳои асосӣ баррасӣ мегардад.
11. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад илова ба тарҳи ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда барои дороиҳои алоҳида иҷозат дода шудааст, инчунин, тарҳи сармоягузориро истифода намояд.
Моддаи 199. Тарҳи ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ бо усули хаттӣ
1. Моддаи мазкур дар ҳолатҳое амалӣ карда мешавад, ки андозсупоранда барои мақсадҳои қисми 1 моддаи 198 Кодекси мазкур ҳиссаҷудокунии истеҳлокиро барои воситаҳои асосии истеҳлокшавандаи дороиҳои алоҳида дар асоси усули хаттӣ ҳисоб кунад.
2. Андозсупоранда тарҳи истеҳлокиро, ки дар давраи ҳисоботӣ барои воситаҳои асосии истеҳлокшаванда иҷозат дода шудааст, бо истифода аз усули хаттӣ ҳисоб карда, меъёри истеҳлокро, ки нисбат ба воситаи асосӣ дар мавриди арзиши он (бе назардошти зиёдшавии арзиши дороиҳо дар натиҷаи азнавнархгузорӣ) амалӣ карда мешавад, тавре дар қисми 5 моддаи 198 Кодекси мазкур зикр гардидааст, истифода менамояд.
3. Агар андозсупоранда воситаҳои асосии тибқи ҳамин модда истеҳлокшавандаро қисман барои ба даст овардани даромади андозбандишаванда ва қисман барои мақсадҳои дигар истифода барад, тарҳи ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ мутобиқи қисми 5 моддаи 198 Кодекси мазкур танҳо нисбат ба ҳиссаи мутаносиб ба даромади андозбандишавандаи давраи ҳисоботӣ иҷозат дода мешавад.
4. Агар андозсупоранда воситаҳои асосии мутобиқи ҳамин модда истеҳлокшавандаро, ки нисбат ба онҳо амали моддаи мазкур татбиқ мегардад, дар давоми тамоми давраи ҳисоботӣ барои ба даст овардани даромади андозбандишаванда истифода набарад, ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ дар ин давра мутобиқи формулаи зерин ҳисоб карда мешаванд:
A x B/C,
дар ин ҷо: А - тарҳкунии истеҳлокӣ, ки мутобиқи қисми 2 ҳамин модда бо назардошти қисми 4 ҳамин модда ҳисоб карда мешавад;
B - миқдори рӯзҳо дар давраи ҳисоботӣ, ки дар давоми он андозсупоранда воситаҳои асосии истеҳлокшавандаро барои ба даст овардани даромади андозбандишаванда истифода бурдааст;
C - миқдори рӯзҳои давраи ҳисоботӣ мебошад.
Моддаи 200. Тартиби ҳисобкунии ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ бо усули хаттӣ
1. Ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокии воситаҳои асосӣ бо усули хаттӣ аз рӯи арзиши тавозунии воситаҳои асосӣ бо қисмҳои мутаносибан баробар дар тамоми давраи истифодаи онҳо ҳисоб карда мешаванд.
2. Ҳангоми гузариш аз усули арзиши бақияи тавозунӣ ба усули хаттӣ ҳисобкунии ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ аз рӯи арзиши тавозунии воситаҳои асосӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 201. Тарҳи сармоягузорӣ
1. Андозсупорандае, ки воситаҳои асосии дар қисми 2 ҳамин модда зикргардидаро дар давраи ҳисоботӣ ба истифода медиҳад, ҳуқуқ дорад барои ин давра бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 ҳамин модда тарҳи иловагиро анҷом диҳад.
2. Тарҳи сармоягузорӣ аз рӯи меъёрҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) 10 фоиз аз арзиши:
- таҷҳизоти технологии нав – таҷҳизот, дастгоҳҳо, қисмҳо ва механизмҳое, ки андозсупоранда дар раванди истеҳсоли мол (кор, хизматрасонӣ) истифода мебарад ва аз рӯзи барориши онҳо на бештар аз се сол гузаштааст;
- азнавтаҷҳизонӣ (муосиркунӣ) – корҳои вобаста ба тағйир додани таъиноти технологӣ ё хизматии воситаҳои асосие, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ё беҳтаркунии дигар хусусиятҳои сифатии онҳо равона гардидааст;
- азнавтаҷҳизонии техникӣ ва (ё) технологӣ-маҷмуи чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои техникӣ-иқтисодии воситаҳои асосӣ ё қисмҳои алоҳида бо роҳи ҷорӣ намудани техника ва (ё) технологияи пешқадам, механизатсия ва автоматикунонии истеҳсолот, иваз намудани таҷҳизоти куҳнашуда ва (ё) фарсудашуда ба таҷҳизоти нави маҳсулноктар, инчунин, ташкил ва васеъ кардани истеҳсолоти амалкунанда;
- маблағи барои пешниҳоди таъминоти барномавии истеҳсоли ватанӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба ташкили низоми иттилоотӣ;
2) 5 фоиз аз арзиши:
- азнавсозии биною иншоот, ки дар раванди истеҳсолот истифода мешаванд;
- азнавсозии биною иншооти мавҷудаи дар истеҳсоли молҳо ва хизматрасонӣ истифодашаванда (зиёда аз 50 фоиз навкунии биною иншоот аз рӯи масоҳат), ки ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои техникӣ-иқтисодии воситаҳои асосӣ дар доираи лоиҳаи таҷдид ва азнавтаҷҳизонии иқтидори истеҳсолӣ равона гардидаанд;
- васеъ кардани истеҳсолот дар шакли сохтмони нав – сохтмони биною иншооти нав бо мақсади истифодаи онҳо дар раванди истеҳсоли мол ё хизматрасонӣ.
3. Ҳиссаҷудокуниҳои сармоягузорӣ дар давраи ҳисоботие амалӣ карда мешаванд, ки дар он таҷҳизоти технологии нав ба истифода дода шудааст ё азнавтаҷҳизонӣ (муосиркунӣ), азнавтаҷҳизонии техникӣ ва (ё) технологии истеҳсолоти худӣ, васеъ кардани истеҳсолот дар шакли сохтмони нав, азнавсозии биною иншооте, ки дар раванди истеҳсолот истифода мешаванд ва пешниҳоди таъминоти барномавии истеҳсоли ватанӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба ташкили низоми иттилоотӣ сурат гирифтааст.
4. Ҳиссаҷудокуниҳои сармоягузорӣ нисбат ба сармоягузориҳое, ки тибқи талаботи ҳамин модда баъди 31-уми декабри соли 2021 амалӣ шудаанд, иҷозат дода мешаванд.
Моддаи 202. Тарҳи арзиши таъмири воситаҳои асосии истеҳлокшаванда
1. Тарҳи маблағ нисбат ба ҳар гурӯҳ оид ба хароҷот барои таъмири воситаҳои асосии шомили гурӯҳи мазкур ба андозаи маблағи воқеии чунин таъмир, вале на бештар аз 10 фоизи тавозуни арзишии гурӯҳ дар охири соли тақвимӣ иҷозат дода мешавад.
2. Маблағи воқеии хароҷоти таъмир зиёда аз 10 фоизи тавозуни арзишии гурӯҳ ба афзоиши тавозуни арзишии ҳамин гурӯҳ дохил карда мешавад.
Моддаи 203. Тарҳи ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ аз рӯи дороиҳои ғайримоддӣ
1. Ба арзиши дороиҳои ғайримоддӣ хароҷот барои объектҳои ғайримоддӣ (объектҳои моликияти ғайримоддӣ, ба монанди иҷозатнома, патент барои ихтироъ, тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ, ҳуқуқи муаллифӣ, шартнома оид ба истифодаи номи фирмавӣ, таъминоти барномавӣ ва объектҳои дигари моликияти зеҳнӣ), ки дорои муҳлати маҳдуди истифода мебошанд ва дар давоми на камтар аз дувоздаҳ моҳ истифода мегарданд, дохил мешавад.
2. Андозсупоранда тарҳи истеҳлокиро, ки моддаи 198 Кодекси мазкур барои дороии ғайримоддӣ иҷозат додааст, бо назардошти он ки истеҳлок меъёрҳои зеринро ташкил медиҳад, ҳисоб менамояд:
- барои дороии ғайримоддӣ, ки муҳлати истифодаи муфиди он зиёда аз 10 сол мебошад ё муайян намудани муҳлати истифодаи муфиди он имконнопазир аст - 10 фоиз;
- барои ҳар дороии ғайримоддии дигар - фоизи бо роҳи тақсим намудани 100 фоиз ба миқдори солҳои истифодаи муфиди дороии ғайримоддӣ.
3. Муқаррароти ҳамин модда нисбат ба дороиҳои ғайримоддие, ки дар моддаи 196 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, татбиқ намегарданд.
БОБИ 30. ХУСУСИЯТИ АНДОЗБАНДИИ
ДАРОМАДИ БАХШҲОИ АЛОҲИДА
§1. Андозбандии ташкилотҳои қарзӣ
Моддаи 204. Даромад ва хароҷоти ташкилотҳои қарзӣ
1. Объекти андозбандии андоз аз даромад барои ташкилотҳои қарзӣ фарқияти мусбати байни даромад ва хароҷоти онҳо бо назардошти талаботи зерини моддаи мазкур мебошад:
1) даромади ташкилотҳои қарзӣ аз даромадҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда, бо назардошти талаботи муқаррарнамудаи моддаи 182 Кодекси мазкур, иборат мебошад, аз ҷумла:
а) дар шакли фоиз аз ҷойгиркунии маблағҳо ва додани қарзҳо, аз ҷумла маблағи ҷарима ва ноустуворона аз рӯи шартномаи қарзӣ;
б) дар шакли ҳаққи хизматрасонӣ аз кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ, клиринг, қарздиҳӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои электронии пардохт, барориш ва ё хизматрасонии воситаҳои пардохт, аз додани иқтибос ва ҳуҷҷатҳои дигар аз рӯи ҳисобҳо ва ҷустуҷӯи маблағҳо;
в) дар шакли ҳаққи хизматрасонӣ аз рӯи амалиётҳои эквайрингӣ ва аз иштирокчиёни тиҷорати электронӣ;
г) аз гузаронидани амалиёт бо асъор бо назардошти ҳаққи хизматрасонӣ ҳангоми амалиёти харидуфурӯши асъор, аз ҷумла аз ҳисоб ва бо супориши муштариён;
д) аз гузаронидани амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо, сарватҳои асъорӣ, аз ҷумла амалиёти харидуфурӯши асъор барои худ ё муштариён;
е) аз фарқияти мусбати амалиёти азнавбаҳодии асъор, металл ва сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла сабикаҳои ченакӣ аз металлҳои қиматбаҳо, коғазҳои қиматнок;
ж) аз хариду фурӯши воситаҳои бозории пулӣ (аз ҷумла чекҳо, векселҳо, уҳдадориномаҳо ва тасдиқномаҳои пасандозӣ), саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда барои худ ё муштариён;
з) аз шартномаҳои форвардӣ, созишномаҳои своп, фючерс, опсион ва ҳосилаи дигар, ки ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металл ва сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахл доранд, барои худ ё муштариён;
и) аз додани кафолат, баҳисобгирии уҳдадориҳои шартӣ, аз ҷумла кафолатҳо ва эътиборномаҳо (аккредитивҳо) барои худ ва муштариён, додани замонат, ки иҷрои уҳдадориҳои пулиро дар назди шахси сеюм пешбинӣ менамояд;
к) аз амалиёти сейфӣ, нигаҳдорӣ ва идоракунии дороиҳо (пул, коғазҳои қиматнок, металл, ҷавоҳирот ва ғайра);
л) аз хизматрасонии амалиётии ба боварӣ асосёфта (идоракунии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва ғайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он);
м) аз амалиёти хазинавӣ: қабул намудан, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;
н) аз ҳамлу нақл (инкассатсия), қабул намудан ва фиристодани пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва ашёи қиматбаҳо;
о) аз амалиётҳо вобаста ба харидуфурӯши тангаҳои хотиравӣ (коллексионӣ) ҳамчун фарқияти нархи байни харид ва фурӯш;
п) дар шакли маблағи баргардонидаи дороиҳое, ки зарар аз хориҷ кардани он қаблан ба таркиби хароҷоти тарҳшаванда дохил шуда, манбаи андозро кам кардааст ё ин ки аз ҳисоби захираи (фонди) ташаккулёфта хориҷ шуда, қаблан манбаи андозро кам кардааст;
р) аз амалиётҳои факторинг ва форфейтинг;
с) аз иҷораи молиявӣ (лизинг);
т) аз хизматрасонӣ ба сифати агенти молиявӣ, хизматрасонӣ ба сифати мушовир ё маслиҳатгари молиявӣ, хизматрасонии иттилооти молиявӣ ва қарзӣ;
у) дар шакли маблағи барқароршудаи захира (фонд) барои пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи дороиҳо, ки арзиши онҳо қаблан дар таркиби хароҷоте, ки манбаи андоз аз даромадро кам кардааст, дохил шуда буд;
ф) аз хизматрасониҳои фосилавӣ ва ба воситаи шабакаи интернет;
х) даромадҳои дигар;
2) ба даромади андозбандишавандаи ташкилотҳои қарзӣ даромадҳои зерин дохил намешаванд:
а) ҳангоми аз ташкилоти қарзии дигар харидорӣ намудани қарзҳои беэътимод ё шубҳанок (ғайрифаъол), маблағи асосии қарз ё фоизҳои қаблан ҳисобшуда, ки зиёда аз арзиши харид метавонанд ба даст оварда шаванд, агар чунин маблағи барзиёд воқеан ба даст оварда нашуда бошад;
б) фоизҳо, ҷарима ва ноустуворонаи пардохтнашудаи ҳисобшуда аз рӯи қарзҳои беэътимод ё шубҳанок (ғайрифаъол), ки ба ташкилоти қарзӣ пардохт нашудаанд, ба истиснои ҳолатҳои шахсони мутақобилан вобаста;
в) пардохтҳои суғуртавие, ки аз рӯи шартномаи суғурта ҳангоми фавт ё аз даст додани қобилияти меҳнатии шахси қарздори ташкилоти қарзӣ, инчунин, пардохтҳои суғуртавӣ аз рӯи шартномаи суғуртаи молу мулке, ки ҳамчун таъминоти қарз қабул шудааст, дар доираи маблағи қарзи баргардониданашудаи қарзгир аз рӯи қарз, фоизҳои ҳисобшуда, ҷаримаҳои аз ҷониби суд эътирофшуда, ба ташкилоти қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои суғуртавӣ пардохт карда мешавад;
г) даромади бадастовардашуда дар шакли афзоиши дороиҳои соф аз ҳисоби зиёдшавии сармояи оинномавии корхонаҳои фаръии ташкилоти қарзӣ.
2. Хароҷоти ташкилотҳои қарзӣ аз хароҷоти дар моддаҳои 190, 192, 193, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 194, моддаҳои 196-203, 208, 214, 215 Кодекси мазкур ва хароҷоти дар ҳамин модда пешбинишуда иборат буда, бо назардошти талаботи зерин муайян карда мешаванд:
1) барои мақсадҳои фасли мазкур ба хароҷоти ташкилотҳои қарзӣ марбут ба фаъолияти бонкӣ хароҷоти зерин дохил мешаванд:
а) фоизҳои ҳисобшуда аз рӯи воситаҳои пулии ҷалбшуда (аз ҷумла амонатҳо, пасандозҳо ва қарзҳо), маблағи суратҳисобҳои бонкӣ, коғазҳои қиматнок ва маблағҳои депонентии дар суратҳисобҳои махсус нигоҳдорандаи муштариён;
б) хидматона барои кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ, клиринг, қарз, ҳисоббаробаркунӣ, нақдикунонӣ ва интиқоли маблағҳои пулӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои электронии пардохт, барориш ва ё хизматрасонии воситаҳои пардохт, барои гирифтани иқтибос ва дигар ҳуҷҷатҳо аз рӯи ҳисобҳо ва ҷустуҷӯи маблағҳо;
в) аз гузаронидани амалиётҳо бо асъор бо назардошти ҳаққи хидматона ҳангоми амалиёти харидуфурӯши асъор, аз ҷумла аз ҳисоб ва бо супориши муштариён;
г) аз амалиётҳо бо металлу сангҳои қиматбаҳо, сарватҳои асъорӣ, аз ҷумла амалиётҳои харидуфурӯши асъор барои худ ё муштариён;
д) аз фарқияти манфии амалиёти азнавбаҳодии асъор, металл ва сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла сабикаҳои ченакӣ аз металлҳои қиматбаҳо, коғазҳои қиматнок;
е) аз харидуфурӯши воситаҳои бозори пулӣ (аз ҷумла чекҳо, векселҳо, уҳдадориномаҳо ва тасдиқномаҳои пасандозӣ), саҳмияҳо ва коғазҳои қиматноки дигари интиқолшаванда барои худ ё муштариён;
ж) аз қарордодҳои форвардӣ, созишномаҳои своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳое, ки ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои фоизӣ дахл доранд, барои худ ё муштариён;
з) барои гирифтани кафолат, кушодани аккредитивҳо барои худ ва муштариён;
и) барои амалиёти сейфӣ, нигаҳдорӣ ва идоракунии дороиҳо (пул, коғазҳои қиматнок, металл, ҷавоҳирот ва ғайра);
к) барои амалиёти хазинавӣ: қабул намудан, иваз намудан, нигоҳ доштан ва экспертизаи пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;
л) барои ҳамлу нақл (инкассатсия), қабул намудан ва фиристодани пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва ашёи қиматбаҳо;
м) зарар аз амалиётҳои харидуфурӯши тангаҳои хотиравӣ (коллексионӣ) дар шакли фарқияти байни нархи харид ва фурӯш;
н) барои амалиёт вобаста ба барориш ва хизматрасонии чекҳои сафарӣ, воситаҳои электронӣ ва воситаҳои дигари пардохт, аз ҷумла кортҳои пардохтии бонкӣ;
о) боҷҳо ва пардохтҳои дигар барои ба расмият даровардани гарав (аз ҷумла ипотека), ворид намудани тағйирот ба феҳристҳои бақайдгирӣ ва шартномаҳои аз ҷониби нотариус тасдиқшуда;
п) барои иҷораи биною иншоот, воситаҳои нақлиёт ва хароҷоти дигари вобаста ба онҳо, инчунин, воситаҳои дигари марбут ба фаъолияти бонкӣ;
р) зарар аз фурӯш, дисконткунӣ ё аз тавозун хориҷ намудани коғазҳои қиматнок, қарзҳо, қарзҳои байнибонкӣ, ҷойгиркунии муҳлатнок ва ҳосила аз онҳо;
с) аз амалиётҳои факторинг ва форфейтинг;
т) аз иҷораи молиявӣ (лизинг);
у) барои хизматрасонии агенти молиявӣ, мушовир ё маслиҳатгари молиявӣ, хизматрасонии иттилоотии молиявӣ ва қарз;
ф) пардохти бонусҳо, кэшбэк ва механизмҳои дигари ҳавасмандгардонӣ ба муштариён ҳангоми истифодаи воситаҳои электронии пардохт;
х) пардохтҳои тақвимӣ барои суғуртаи амонатҳо (пасандозҳо) ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ;
ч) ҳиссаҷудокуниҳо ба захира (фонд) барои пӯшонидани талафоти имконпазири дороиҳо мувофиқи дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон, ба истиснои дороиҳои ба фоидаи тарафҳои бо ҳам алоқаманд ё тибқи уҳдадориҳои тарафҳои бо ҳам алоқаманд ба шахсони сеюм ва қарзҳои бегарав ба андозаи зиёда аз 2500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дода шудаанд;
ш) барои хизматрасонии фосилавӣ ва ба воситаи шабакаи интернет;
ю) хароҷоти дигар.
§2. Андозбандии бонкдории исломӣ
Моддаи 205. Муқаррароти умумӣ
1. Андозбандии бонкдории исломӣ нисбат ба ташкилотҳои қарзии молиявие, ки амалиётҳоро мутобиқи принсипҳо ва стандартҳои маблағгузории исломӣ, инчунин, бо шартномаҳо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» анҷом медиҳанд (минбаъд - фаъолияти бонкдории исломӣ), амалӣ карда мешавад.
2. Ташкилотҳои қарзии молиявие, ки фаъолияти бонкдории исломиро амалӣ менамоянд, андоз аз даромадро мутобиқи муқаррароти ҳамин параграф ва дигар андозҳоро тибқи муқаррароти Кодекси мазкур пардохт менамоянд.
3. Маблағгузории исломии ғайрифаъол – маблағгузорие, ки маблағи асосӣ, даромад (барои маблағгузории ғайрифаъол) тибқи талаботи шартномаи маблағгузорӣ аз рӯи дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон пардохт карда намешавад.
4. Ташкилотҳои қарзии молиявие, ки фаъолияти бонкдории исломиро амалӣ менамоянд, уҳдадоранд баҳисобгирии даромаду хароҷоти худро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» ва барои давраҳои ҳисоботии дахлдор бо усули ҳисобу замкунӣ, инчунин, барои хизматрасонии алоҳида (музораба, мушорака ва вакола) бо усули баҳисобгирии хазинавӣ амалӣ намоянд.
5. Агар ташкилоти қарзии молиявӣ дар баробари анҷом додани амалиётҳои маъмулии бонкӣ хизматрасонӣ ва амалиётҳои бонкдории исломиро амалӣ намояд, он уҳдадор аст баҳисобгирии муҳосибии амалиётҳои бонкӣ ва амалиётҳои бонкдории исломиро дар алоҳидагӣ ба роҳ монад.
Моддаи 206. Даромад ва хароҷоти ташкилотҳои қарзии молиявие, ки фаъолияти бонкдории исломиро амалӣ менамоянд
1. Объекти андозбандии андоз аз даромади ташкилотҳои қарзии молиявие, ки фаъолияти бонкдории исломиро амалӣ менамоянд, фарқияти мусбати байни даромад ва хароҷоти онҳо бо назардошти талаботи муқаррарнамудаи моддаи мазкур мебошад:
1) даромади ташкилотҳои қарзие, ки фаъолияти бонкдории исломиро амалӣ менамоянд, аз даромадҳои пешбининамудаи зербандҳои б) - ф) банди 1) қисми 1 моддаи 204 Кодекси мазкур бо назардошти талаботи муқаррарнамудаи моддаи 182 Кодекси мазкур ва даромадҳои зерин иборат мебошад, аз ҷумла:
- дар шакли даромад аз суратҳисобҳои муросилотӣ ё ҷорӣ дар бонкҳои дигар, ҷойгиркунии муҳлатнок, маблағгузории субординарӣ, маблағгузории байнибонкӣ, аз амалиётҳои репои исломӣ, изофабардошт (овердрафт), маблағгузории қарзи ҳасана, муробаҳа, таварруқ, иҷора, вакола, иҷораи мунтаҳия, биттамлик, музораба, мушорака, мушоракаи мутанақиса, салам, истисно, ҳисобҳои сармоягузории номаҳдуд ё маҳдуд, ипотека, эътиборнома ва маблағгузориҳои дигар;
- даромадҳои дигар.
2) Ба даромади ташкилотҳои қарзии молиявие, ки фаъолияти бонкдории исломиро амалӣ менамоянд, даромадҳои зерин дохил намешаванд:
- даромад аз маблағгузории исломӣ, ҷарима ва ноустуворонаи пардохтнашуда аз рӯи маблағгузории исломии ғайрифаъол, ки ба ташкилоти қарзии исломӣ пардохт нашудаанд;
- ҷарима ва ноустуворонаи ҳисобшуда аз рӯи маблағгузории исломӣ;
- пардохтҳои суғуртавие, ки аз рӯи шартномаи суғурта ҳангоми фавт ё аз даст додани қобилияти меҳнатии шахси қарздори ташкилоти қарзии молиявӣ, инчунин, пардохтҳои суғуртавӣ аз рӯи шартномаи суғуртаи молу мулке, ки ҳамчун таъминоти маблағгузории исломӣ қабул шудааст;
- ҷаримаҳои аз ҷониби суд эътирофшуда, ки ба ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҳисоби маблағҳои суғуртавӣ пардохт карда мешаванд;
- арзиши молу мулке, ки ташкилоти қарзии молиявӣ ҳамчун мавзӯи аҳдҳои дар доираи фаъолияти бонкии исломӣ басташуда истифода мебаранд;
- даромаде, ки дар шакли афзоиши дороиҳои соф аз ҳисоби зиёдшавии сармояи оинномавӣ ё нархи саҳмияҳои ширкатҳои фаръии ташкилоти қарзии молиявӣ ба даст оварда шудааст.
2. Хароҷоти ташкилотҳои қарзии молиявие, ки фаъолияти бонкдории исломиро амалӣ менамоянд, аз хароҷоти дар моддаҳои 190, 192-193, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 194, моддаҳои 196 - 203, 208, 214, 215 ва хароҷоти дар ҳамин модда пешбинишуда иборат буда, бо назардошти талаботи моддаи мазкур муайян карда мешаванд. Хароҷоти ташкилотҳои қарзии молиявие, ки фаъолияти бонкдории исломиро амалӣ менамоянд, аз хароҷоти пешбининамудаи зербандҳои б)-ф) банди 1) қисми 2 моддаи 204 Кодекси мазкур ва хароҷотҳои зерин иборат мебошанд, аз ҷумла:
- хароҷоти марбут ба амонатҳои дархостӣ, пасандозҳо, муҳлатнок, ҳисобҳои сармоягузории маҳдуд ва номаҳдуд, амонатҳо ва уҳдадориҳои дигари шабеҳ;
- барои иҷораи биною иншоот, нақлиёт ва хароҷоти дигари вобаста ба он, инчунин, воситаҳои дигари марбут ба фаъолияти бонкдории исломӣ;
- маблағи ҷаримаҳои аз рӯи маблағгузории исломӣ барои мақсадҳои эҳсонкорӣ пардохтшаванда;
- зарар аз фурӯш, дисконткунӣ ё аз тавозун хориҷ намудани коғазҳои қиматнок, маблағгузориҳои исломӣ ва ҳосила аз онҳо;
- барои хизматрасонии агенти молиявӣ, мушовир ё машваратчии молиявӣ, хизматрасонии исломии молиявӣ ва маблағгузории исломӣ;
- ҳиссаҷудокуниҳо ба захира (фонд) барои пӯшонидани зарари имконпазир аз рӯи дороиҳо мутобиқи дастурамали Бонки миллии Тоҷикистон, ба истиснои дороиҳои тарафҳои бо ҳам алоқаманд ё ин ки тибқи уҳдадориҳои тарафҳои бо ҳам алоқаманд ба шахсони сеюм додашуда ва маблағгузории бегарав - зиёда аз 2500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- хароҷоти дигар.
§3. Тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо барои ташкилотҳои суғуртавӣ
Моддаи 207. Тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғурта барои ташкилотҳои суғуртавӣ
1. Ба шахси ҳуқуқие, ки фаъолиятро дар соҳаи суғуртаи умумӣ анҷом медиҳад, иҷозат дода мешавад, ки дар давраи ҳисоботӣ бақияи захираи таваккалҳои дар охири давраи ҳисоботӣ тибқи шартномаи суғуртавии амалкунанда ташаккулёфтаро тарҳ намояд. Маблағи тарҳ вобаста ба ташаккули захира набояд аз андозаи дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» муқарраршуда зиёд бошад.
2. Шахси ҳуқуқие, ки дар соҳаи суғуртаи умумӣ фаъолият мекунад, уҳдадор аст маблағи мутобиқи қисми 1 ҳамин модда дар давраи ҳисоботии гузашта тарҳшударо ба даромади шахси ҳуқуқӣ дар давраи ҳисоботӣ дохил намояд.
3. Ба шахси ҳуқуқие, ки фаъолиятро оид ба суғуртаи ҳаёт анҷом медиҳад, дар давраи ҳисоботӣ тарҳ намудани маблағҳои зерин иҷозат дода мешавад:
- маблағи захираҳои аввалияе, ки дар суратҳисобҳои молиявии ташкилот барои амалӣ намудани полисҳои нави суғуртаи ҳаёти дар ин давра баровардашуда таҳия шудаанд, аммо андозаи тарҳи иҷозатдодашуда набояд аз маблағе, ки барои ташкили захираи аввалия мутобиқи қонунгузории суғурта зарур аст, зиёд бошад;
- маблағи афзоиши солонаи захираҳо нисбат ба полиси суғуртаи ҳаёти дар ҳисоботи молиявии ташкилот нишондодашуда, вале ҳаҷми тарҳи иҷозатдодашуда набояд аз маблағе, ки барои афзоиши солона тибқи қонунгузории суғуртавӣ зарур аст, зиёд бошад.
4. Агар дар давраи ҳисоботӣ шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти суғуртаи ҳаётро анҷом медиҳад, амали полиси суғуртаи ҳаётро бекор кунад, маблағи тарҳи захиравӣ вобаста ба полиси бекоршуда ба даромади шахси ҳуқуқӣ барои давраи ҷорӣ дохил карда мешавад.
5. Шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти суғуртаи ҳаётро анҷом медиҳад, пардохтҳои зерини суғуртавиро дар давраи ҳисоботӣ амалӣ менамояд:
- агар маблағи умумии пардохтҳои талаботии дар ин давра анҷомдодашуда аз маблағи умумии захираҳои тарҳшуда нисбат ба чунин пардохтҳо камтар бошад, барзиёдӣ ба даромади шахси ҳуқуқӣ барои давраи ҷорӣ дохил карда мешавад;
- агар маблағи умумии пардохтҳои талаботии дар ин давра анҷомдодашуда аз маблағи умумии захираҳои тарҳшуда нисбат ба чунин пардохтҳо камтар бошад, ба шахси ҳуқуқӣ барои тарҳи маблағи барзиёдӣ як сол иҷозат дода мешавад.
6. Ҳеҷ гуна тарҳ барои ташаккул додани захираи шахси ҳуқуқие, ки дар суғуртаи умумӣ ё ҳаёт фаъолият мекунад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин модда, иҷозат дода намешавад.
7. Дар моддаи мазкур таҳти маҳфумҳои «суғуртаи умумӣ» ва «суғуртаи ҳаёт» маҳфумҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғурта» муайянгардида дар назар дошта мешаванд.
Моддаи 208. Тарҳи хароҷот барои мукофоти (ҳаққи) суғуртавӣ
1. Мукофоти (ҳаққи) суғуртавӣ, ки шахси ҳуқуқӣ тибқи шартномаи суғуртаи умумӣ барои суғуртаи таваккали вобаста ба фаъолияти соҳибкории шахси ҳуқуқӣ пардохт намудааст, барои тарҳ иҷозат дода мешавад. Тарҳ, новобаста ба он, ки суғурта ҳатмӣ ё ихтиёрист, иҷозат дода мешавад.
2. Тарҳи мукофоти (ҳаққи) суғуртавӣ, ки шахси ҳуқуқӣ тибқи шартномаи суғуртаи ҳаёт пардохт кардааст, иҷозат дода мешавад, агар:
- суғуртакунӣ ба суғуртаи шахси асосӣ мансуб буда, талаботи суғурта тибқи шартнома ба шахси ҳуқуқӣ пардохта шавад;
- суғурта ба корманди шахси ҳуқуқӣ тааллуқ дошта бошад ва пардохти суғуртаи тибқи шартнома анҷомдодашуда ба корманд ё шахси дар таъминоти ӯ қарордошта пардохта шавад, аммо танҳо дар ҳолате, ки мукофоти суғуртавӣ тибқи моддаи 186 Кодекси мазкур ба даромад дар шакли музди меҳнати корманд дохил карда шавад.
§4. Тарҳи хароҷот барои истифодабарандагони
захираҳои табиӣ
Моддаи 209. Тарҳи хароҷоти истифодабарандагони захираҳои табиӣ барои иктишоф ва истихроҷ
1. Муқаррароти моддаи 203 Кодекси мазкур нисбат ба хароҷоти корҳои иктишофи геологӣ, ки истифодабарандаи захираҳои табиӣ дар давраи ҳисоботӣ ба амал овардааст, дар асоси он, ки ин хароҷот хароҷоти ғайримоддии бо меъёри истеҳлоки 100 фоиз мебошад, татбиқ карда мешавад.
2. Мутобиқи муқаррароти моддаи 198 Кодекси мазкур меъёри истеҳлоки техника ва таҷҳизот, ки аз ҷониби истифодабарандаи захираҳои табиӣ танҳо ва махсус барои гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ харида мешаванд ва барои ин мақсадҳо истифода бурда мешаванд, 100 фоизи арзиши техника ва таҷҳизотро ташкил медиҳад.
3. Муқаррароти моддаи 203 Кодекси мазкур нисбати хароҷоти истифодабарандаи захираҳои табиӣ дар давраи ҳисоботӣ барои истихроҷ дар асоси он, ки ин хароҷот хароҷоти ғайримоддӣ мебошад, бо меъёри истеҳлоки баробар ба андозаи калонтарини бузургиҳои зерин татбиқ карда мешавад:
- фоизе, ки бо роҳи тақсим кардани 100 ба миқдори солҳои пешбинишуда барои истихроҷ дар асоси ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ, ки хароҷот ба он тааллуқ дорад; ё
- 10 фоизи хароҷот.
4. Агар истифодабарандаи захираҳои табиӣ хароҷот барои истихроҷ ё ба даст овардани воситаҳои асосиро барои истифода дар фаъолият тибқи иҷозатномаи истихроҷ то оғози фаъолият анҷом диҳад, муқаррароти Кодекси мазкур дар асоси хароҷоти аз лаҳзаи оғози фаъолияти истихроҷ татбиқ карда мешавад.
5. Маблағи тарҳҳои истеҳлокӣ, ки нисбати он муқаррароти қисми 4 ҳамин модда татбиқ мегардад, барои давраи ҳисоботӣ, ки дар он фаъолияти истихроҷ оғоз шудааст, бо истифодаи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
A x B/C,
дар ин ҷо: A - ҳаҷми хароҷот барои истихроҷ ё арзиши воситаҳои асосӣ;
B - шумораи рӯзҳо дар даврае, ки аз санаи оғози фаъолияти истихроҷ оғоз ёфта, дар рӯзи охирини давраи ҳисоботӣ, ки дар он фаъолияти истихроҷ оғоз ёфтааст, ба охир мерасад;
C - миқдори рӯзҳои давраи ҳисоботӣ, ки фаъолияти истихроҷӣ оғоз шудааст.
Моддаи 210. Муқаррароти асосии тарҳи хароҷоти истифодабарандагони захираҳои табиӣ барои иктишоф ва истихроҷ
Барои мақсадҳои параграфи мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мегарданд:
- оғози фаъолияти истихроҷ - рӯзи якуми давраи якуми 30 рӯзи пайдарпай;
- хароҷот барои иктишоф - хароҷоти асосӣ барои ҷустуҷӯ, аз ҷумла хароҷот ҳангоми ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ, ба истиснои хароҷоти хариди воситаҳои асосӣ;
- хароҷот барои истихроҷ - хароҷоти асосӣ ҳангоми истихроҷи захираҳо, аз ҷумла хароҷот ҳангоми ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ, ба истиснои хароҷоти хариди воситаҳои асосӣ.
Моддаи 211. Маҳдудияти тарҳҳо ба истифодабарандаи захираҳои табиӣ
1. Хароҷоти тарҳшавандаи истифодабарандаи захираҳои табиӣ ҳангоми амалисозии шартномаи истифодаи захираҳои табиӣ, вобаста ба даромади умумии аз чунин шартнома дар давраи ҳисоботӣ бадастомада, иҷозат дода мешаванд.
2. Агар маблағи тарҳҳои умумии иҷозатдодашудае, ки дар давраи ҳисоботӣ анҷом дода шудаанд, аз даромади умумии дар доираи шартномаи истифодаи захираҳои табиӣ бадастовардашуда зиёд бошад, чунин барзиёдӣ ба муҳлати зиёда аз се сол гузаронида шуда, тарҳ карда мешавад.
§5. Даромад ва зарар ҳангоми мубодилаи асъор
Моддаи 212. Даромад ва зарар ҳангоми мубодилаи асъор
1. Даромади умумии андозсупоранда аз фаъолияти соҳибкорӣ дар давраи ҳисоботӣ даромадро аз фарқияти қурби асъор, ки андозсупоранда дар давраи ҳисоботӣ гирифтааст, дар бар мегирад.
2. Тарҳҳои иҷозатдодашудаи андозсупоранда дар давраи ҳисоботӣ зарар аз фарқияти мубодилаи асъорро дар давраи ҳисоботӣ дар бар мегиранд.
3. Зарар аз фарқияти қурб мутобиқи қисми 2 ҳамин модда танҳо дар ҳолате ба ҳисоб гирифта мешавад, ки агар андозсупоранда маблағи зарарро асоснок намуда бошад.
4. Даромад ё зарари ғайрирезидент аз фарқияти қурби асъор танҳо дар сурате ба ҳисоб гирифта мешавад, ки агар онҳо бо фаъолияти соҳибкорӣ, ки тавассути муассисаи доимии ғайрирезидент анҷом дода мешавад, алоқаманд бошанд.
5. Барои мақсадҳои ин модда, даромад ва зарари андозсупоранда ҳангоми мубодилаи асъор мувофиқан даромад ва зараре мебошад, ки аз тағйирёбии қурби асъор ба миён омадааст.
6. Амалиёт бо асъор яке аз амалиётҳои зерине мебошад, ки барои ба даст овардани даромади умумӣ анҷом дода мешавад:
- амалиёт бо асъор;
- уҳдадориҳои қарздиҳӣ ва қарзгирӣ бо асъор;
- ҳама гуна амалиётҳои дигар бо асъор.
7. Ҳангоми муайян намудани даромад ё зарари андозсупоранда аз фарқияти қурбӣ аз рӯи амалиёт бо асъор муқаррароти шартномаи суғуртаи хавфҳо ва хеджеркунӣ ба эътибор гирифта мешавад.
БОБИ 31. ҚОИДАҲОИ ТАНЗИМИ ДОРОИҲО
Моддаи 213. Даромад ва зарар ҳангоми фурӯш ё супоридани дороиҳо
1. Даромад аз фурӯш, супоридан ё намуди дигари бегонакунии дороиҳо фарқи мусбати байни маблағҳои аз фурӯш ё супоридани дороиҳо бадастомада, ки тибқи моддаи 215 Кодекси мазкур муайян карда мешавад ва арзиши дороиҳо мебошад, ки мутобиқи моддаи 214 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.
2. Зарар аз фурӯш, супоридан ё дигар намуди бегонакунии дороиҳо фарқи манфии байни маблағҳои аз фурӯш ё супоридани дороиҳо воридгардида ва арзиши дороиҳо мебошад, ки мутобиқи моддаи 214 Кодекси мазкур муайян карда мешавад.
3. Муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда нисбат ба дороиҳои тибқи гурӯҳҳо истеҳлокшаванда, инчунин, нисбат ба захираҳои молию моддӣ амалӣ намегарданд.
4. Дар Кодекси мазкур истинод ба «бегонакунии» дороиҳо инҳоро дар бар мегирад:
- нобудшавии дороиҳо;
- бекор кардан, пӯшонидан, ба охир расидани муҳлати амал ё даст кашидан аз дороиҳои ғайримоддӣ.
Моддаи 214. Арзиши дороиҳо
1. Ба арзиши дороиҳо хароҷот барои харид, истеҳсол, сохтмон, васл ва насби онҳо, инчунин, дигар хароҷоте, ки арзиши онҳоро зиёд мекунад, ба истиснои азнавнархгузории воситаҳои асосӣ ва хароҷот, ки нисбат ба онҳо андозсупоранда барои тарҳ кардан ҳуқуқ дорад, дохил карда мешаванд.
2. Агар дороиҳо воситаҳои асосӣ, ки мутобиқи моддаи 199 Кодекси мазкур дар асоси усули хаттӣ ё молу мулки ғайримоддие бошанд, ки мутобиқи моддаи 203 Кодекси мазкур истеҳлок мешаванд, арзиши дороиҳо дар лаҳзаи фурӯш, супоридан ё дигар намуди бегонакунӣ ба андозаи маблағи тибқи истеҳлок пешбинишуда нисбат ба чунин дороиҳо кам карда мешавад.
3. Агар танҳо як қисми дороиҳо фурӯхта, супорида ё бегона карда шавад, пас арзиши дороиҳо, мутобиқи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
A x B / (B + C),
дар ин ҷо: A- арзиши дороӣ;
B – маблағи бадастомада аз қисми дороии фурӯхташуда, супоридашуда ё бегонашуда;
C - арзиши бозории қисми боқимондаи дороӣ дар лаҳзаи фурӯш, супоридан ё бегонакунӣ.
4. Дар сурати амалисозии муқаррароти қисми 3 ҳамин модда:
- қисми боқимондаи дороӣ ба сифати дороии алоҳида дониста мешавад;
- арзиши қисми боқимондаи дороӣ ҳамчун бақияи арзиши дороиҳо баъди ба назар гирифтани арзиши дороиҳои тақсимшуда мутобиқи қисми 2 ҳамин модда фурӯхташуда, супоридашуда ё бегона кардашуда мебошад.
5. Дар ҳолате, ки ду ё зиёда дороиҳо (дороиҳои аслӣ) ба як дороӣ (дороиҳои якҷояшуда) якҷоя карда шаванд, меъёрҳои зерин амалӣ мешаванд:
1) дороиҳои аввалия дар лаҳзаи якҷояшавӣ фурӯхташуда дониста мешаванд;
2) ҳангоми бегонакунии дороиҳои аввалия даромад ё зарар ба эътибор гирифта намешавад;
3) шахс дар лаҳзаи якҷоякунии дороиҳо харидори ин дороиҳо эътироф карда мешавад;
4) арзиши дороиҳои якҷояшуда ба маблағҳои зерин баробар мебошад:
а) арзиши умумии дороиҳои аввалия дар лаҳзаи якҷояшавӣ;
б) хароҷоте, ки шахс ҳангоми табдил додани дороиҳои аввалия ба дороиҳои якҷояшуда сарф кардааст.
6. Ҳангоми осеб дидани дороӣ арзиши дороӣ ба маблағе, ки барои зиён мутобиқи полиси суғуртавӣ, ҷуброн ва созишномаи дигар ё бо қарори суд ба даст омадааст, кам карда мешавад. Агар маблағи гирифташуда аз арзиши дороӣ зиёд бошад, маблағи барзиёдӣ ҳамчун даромад дар лаҳзаи гирифтани ин маблағ бадастомада дониста шуда, арзиши дороӣ ба сифр баробар карда мешавад.
Моддаи 215. Қоидаҳои муайян намудани маблағе, ки фурӯшанда ҳангоми фурӯш ё супоридани дороиҳо гирифтааст
1. Нархи дороии фурӯхташуда маблағи умумии гирифташуда ё гирифташаванда барои дороиҳо аз ҷониби шахс, аз ҷумла арзиши бозории ҳама гуна дороиҳои дар шакли натуралӣ гирифташуда дар санаи фурӯши чунин дороӣ, мебошад.
2. Дар ҳолати нобуд гардидани дороӣ маблағи барои чунин дороӣ гирифташуда, аз ҷумла маблағи ҷуброн, барқароркунӣ ва ё товони гирифташуда ё гирифташавандаи шахс дар натиҷаи нобуд гардидани дороӣ, муайян карда мешавад.
3. Агар дар як вақт ду ё зиёда дороӣ дар доираи як амалиёт хориҷ карда шавад ва арзиши ҳар як дороӣ ба таври алоҳида муайян нашуда бошад, маблағи умумии гирифташуда байни ду ё зиёда дороӣ дар асоси нархи бозорӣ дар санаи хориҷшавии дороӣ тақсим карда мешавад.
4. Агар гарави ба соҳиби дороӣ додашуда пурра ё қисман дар ихтиёри соҳиби дороӣ боқӣ монад ва фурӯши пешниҳодшуда ё супоридани дороиҳо ба вуқӯъ наояд, пас маблағи гарави дар ихтиёри соҳиби дороӣ боқимонда ҳамчун даромади гирифташуда эътироф карда мешавад.
5. Агар шахс ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маблағи барои дороӣ гирифташударо пешниҳод карда натавонад, пас арзиши дороӣ дар асоси арзиши бозории дороӣ дар лаҳзаи бегонакунӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 216. Амалиётҳо байни тарафҳои алоқаманд
1. Ҳангоми бегонакунии дороиҳо арзиши дороиҳо ба таври зерин муайян карда мешавад:
- барои шахси интиқолдиҳанда – арзиши дороии супоридашуда аз рӯи арзиши бозории дороиҳо дар лаҳзаи бегонакунӣ ҳисоб карда мешавад;
- барои шахси қабулкунанда - арзиши дороии қабулшуда аз рӯи арзиши бозории дороиҳо дар лаҳзаи қабулкунӣ ҳисоб карда мешавад.
2. Агар нисбат ба бегонакунии дороӣ талаботи боби 33 ҳамин Кодекс татбиқ карда шавад, муқаррароти моддаи мазкур истифода намегарданд.
Моддаи 217. Эътироф накардани даромад ё зарар
1. Ҳангоми муайян намудани даромади андозбандишаванда даромад ё зарар дар ҳолатҳои зерин эътироф намешавад:
- додугирифти дороиҳо байни зану шавҳар, аммо танҳо дар сурате, ки ҳамсари дороиҳоро бадастоварда ҳангоми супоридани минбаъдаи онҳо мутобиқи Кодекси мазкур андозбандӣ карда шавад;
- додугирифти дороиҳо байни собиқ ҳамсарон ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ, аммо танҳо дар сурате, ки собиқ ҳамсари дороиҳоро бадастоварда ҳангоми бегонакунии минбаъдаи онҳо мутобиқи Кодекси мазкур андозбандӣ карда шавад;
- додани дороиҳо ба меросгир дар ҳолати фавти андозсупоранда, аммо танҳо дар сурате, ки меросгир ҳангоми бегонакунии минбаъдаи дороиҳо мутобиқи Кодекси мазкур андозбандӣ карда шавад;
- беихтиёр нобуд кардани дороӣ ё бегона кардани он бо сармоягузории такрории даромад (масалан, ҷубронпулии суғуртавии барои беихтиёр нобуд сохтани дороӣ гирифташуда) ба дороии шабеҳи он ё дар дороии бо ҳамон хусусият (дороии ивазкунанда) то ба охир расидани соли дуюми баъди соле, ки дороӣ нобуд ё бегона карда шудааст.
2. Ҳангоми татбиқи муқаррароти сархати чоруми қисми 1 ҳамин модда, агар арзиши хариди дороии ивазкунанда аз маблағи барои дороии ивазшуда гирифташуда зиёд бошад, арзиши дороиҳои ивазкунанда ба маблағи зиёдшудаи арзиши дороиҳои ивазшуда зиёд карда мешавад.
3. Ҳангоми татбиқи муқаррароти сархати сеюми қисми 1 ҳамин модда, агар арзиши дороии ивазшаванда аз арзиши хариди дороии ивазкунандаи дороии ивазшаванда зиёд бошад, арзиши дороии ивазкунанда бо арзиши дороии ивазшаванда дар санаи хориҷкунӣ ба маблағи зиёдшуда, вале на камтар аз сифр, кам карда мешавад. Ҳар қисми зиёдшавие, ки барои камкунии арзиши дороии ивазшуда истифода бурда намешавад, ба даромади умумии андозсупоранда дар даврае, ки дороии ивазкунанда харида шудааст, дохил карда мешавад.
4. Арзиши дороии барои ҳамсар ё ҳамсари собиқ дар натиҷаи шартнома бадастомада, ки ҳангоми он даромад мувофиқи сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 ҳамин модда барои мақсадҳои андозбандӣ ба ҳисоб гирифта намешавад, арзиши дороӣ барои ҳамсар ё собиқ ҳамсари супорандаи он дар санаи шартнома мебошад.
5. Арзиши молу мулке, ки ворис тибқи сархати сеюми қисми 1 ҳамин модда ба даст овардааст, арзиши молу мулки андозсупорандаи фавтида дар санаи вафоти ӯ мебошад.
6. Муқаррароти ҳамин модда нисбат ба дороиҳое, ки аз рӯи гурӯҳҳо истеҳлок мешаванд, татбиқ намегарданд, ба истиснои сархатҳои якум, дуюм ва сеюми қисми 1 ҳамин модда, ки онҳо дар ҳолатҳое татбиқ мегарданд, ки ҳамаи дороиҳои гурӯҳ дар як вақт ба ҳамсар, собиқ ҳамсар ё меросгир дода шаванд.
Моддаи 218. Муомилоти дороиҳо байни иштирокчиёни гурӯҳи ширкатҳо
1. Муқаррароти моддаи мазкур дар ҳолати риояи шартҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- ширкати интиқолдиҳандаи воситаҳои асосӣ «тарафи интиқолдиҳанда» ва ширкати қабулкунандаи чунин воситаҳои асосӣ «тарафи қабулкунанда» номида шаванд;
- ҳамаи дороиҳои ширкати интиқолдиҳанда дар дохили гурӯҳи ширкатҳо бояд ба ширкати қабулкунанда дода шаванд, агар дороиҳои интиқолдода воситаҳои асосие бошанд, ки аз ҷониби ширкати интиқолдиҳанда тибқи моддаи 198 Кодекси мазкур аз рӯи гурӯҳӣ истеҳлок карда мешаванд;
- маблағи уҳдадориҳои вобаста ба воситаҳои асосии тарафи интиқолдиҳанда наметавонанд аз арзиши бақиявии воситаҳои асосии интиқолдодашуда зиёд бошад;
- ширкати қабулкунанда дар ҳолати таҳвили минбаъдаи дороиҳо вобаста ба ин дороиҳо бо андоз аз даромад андозбандӣ карда мешавад;
- ширкати интиқолдиҳанда нисбат ба қабулкунанда ширкати гурӯҳӣ дониста мешавад;
- ширкати интиқолдиҳанда ва ширкати қабулкунанда то санаи интиқоли дороиҳо ба таври хаттӣ ба созиш меоянд, ки моддаи мазкур нисбат ба интиқоли воситаҳои асосӣ амалӣ карда мешавад.
2. Дар ҳолатҳои зерин муомилот оид ба дороиҳо дар дохили гурӯҳи ширкатҳо андозбандӣ карда намешавад:
- ҳангоми аз тарафи интиқолдиҳанда интиқол додани дороиҳо даромад (фоида) ё зарар ба вуҷуд наояд;
- арзиши дороиҳои ба ширкати қабулкунанда интиқолдодашаванда ба арзиши дороиҳои ширкати интиқолдиҳанда дар лаҳзаи интиқолдиҳӣ баробар бошад.
3. Ҳангоми татбиқи муқаррароти сархати дуюми қисми 1 ҳамин модда ширкати қабулкунанда ҳамчун харидори гурӯҳи воситаҳои асосӣ ба маблағи баробар ба арзиши бақиявии гурӯҳ дар лаҳзаи интиқол дониста мешавад.
4. Барои мақсадҳои Кодекси мазкур ҳар ширкат ҳамчун узви гурӯҳи ширкатҳо эътироф мегардад, агар яке аз шартҳои зерин ҷой дошта бошад:
- як ширкат мустақиман ё тавассути як ё якчанд ширкати бо ҳам алоқаманд 100 фоизи саҳмияҳо ё ҳиссаи иштирокро дар ширкати дигар дошта бошад;
- ширкат мустақиман ё тавассути як ё якчанд ширкати бо ҳам алоқаманд 100 фоизи саҳмияҳо ва ё ҳиссаи иштирокро дар ҳар ду ширкат дошта бошад.
5. Дар қисми 1 моддаи мазкур истинод ба «ширкат» истинод ба ширкати алоҳидаро ифода мекунад, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
БОБИ 32. ҚОИДАҲОИ УМУМИИ АНДОЗБАНДИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 219. Манбаъҳои даромад
1. Даромад аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастомада дониста мешавад, агар даромад дар шакли пулӣ, моддӣ ё ғайримоддӣ ё (бе ҳама гуна тарҳкуниҳо) аз ҳар намуди фаъолият, молу мулк (ҳуқуқҳои молумулкӣ) ва манбаъҳои дигари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ба даст омада бошад, сарфи назар аз маҳалли пардохти даромад, аз ҷумла:
а) даромад аз кори кирояи дар моддаи 186 Кодекси мазкур муқарраршуда, агар яке аз шартҳои зерин амалӣ шавад:
- кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шавад;
- арзиши иҷрои кор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, резидентҳо ва муассисаҳои доимии ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт шавад, новобаста ба он, ки кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар хориҷа иҷро мешавад;
б) даромад аз фаъолияти соҳибкории резидент, ба истиснои даромаде, ки ба муассисаи доимии хориҷии резидент мансуб аст;
в) даромад аз фаъолияти соҳибкории ғайрирезидент, ки метавонад ба муассисаи доимии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта мансуб дониста шавад, аз ҷумла:
- даромад аз фурӯши ҳамон навъи молҳо ё навъи шабеҳи молҳое, ки тавассути муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил (фурӯхта) шудаанд;
- даромад аз ҳар фаъолияти соҳибкории дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамон хусусият ё хусусияти шабеҳи чунин фаъолияти тавассути муассисаи доимӣ анҷомшавандаро дорад;
г) даромади дар шакли суди саҳмия аз шахси ҳуқуқӣ-резидент гирифташуда ва даромаде, ки аз фурӯш ё ба шахси дигар додани ҳиссаи иштирок дар чунин шахси ҳуқуқӣ ба даст омадааст;
д) даромад дар шакли нафақа, фоиз, бурдҳо, мукофотҳо, роялти, пардохтҳои техникӣ ва дигар даромадҳои пардохтшуда:
- аз ҷониби резидент, ба истиснои холатҳое, ки агар пардохтҳо хароҷоти муассисаи доимии хориҷии резидент бошад;
- аз ҷониби ғайрирезидент, агар пардохтҳо хароҷоти муассисаи доимии ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
е) даромади аз ҳисоби молу мулки ғайриманқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта бадастомада, аз ҷумла даромад аз фурӯш ё ба шахси дигар додани ҳиссаи иштирок дар чунин молу мулки ғайриманқул;
ж) даромад аз фурӯш ё ба шахси дигар додани саҳм ё ҳиссаи иштирок дар шахси ҳуқуқие, ки ҳар вақт дар давоми 365 рӯз то фурӯш ё ба шахси дигар додани арзиши саҳм ё ҳиссае, ки мустақиман ё ғайримустақим, асосан, аз ҳисоби арзиши молу мулки ғайриманқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта муайян мешавад;
з) даромадҳои дигар аз фурӯш ё ба шахси дигар додани молу мулк аз ҷониби резидент, ки ба амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд нест, ба истиснои:
- молу мулки ғайриманқули берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта;
- саҳм ё ҳиссаҳои дигари иштирок дар шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент.
и) даромад, ки дар шакли мукофот бораи суғуртакунӣ ё азнавсуғуртакунии хавфҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад;
к) даромад аз хизматрасонии телекоммуникатсионӣ ё нақлиётӣ ҳангоми амалӣ намудани алоқа ё ҳамлу нақли байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар;
л) подоши роҳбарон ва (ё) пардохтҳои дигаре, ки аъзои мақомоти олии идоракунии (шурои директорон, раёсат ё мақомоти дигари шабеҳи) шахси ҳуқуқӣ-резидент, сарфи назар аз маҳалли воқеии иҷрои уҳдадориҳои ба зиммаи чунин шахсон гузошташуда мегиранд;
м) даромадҳо (гонорарҳо), ки ба ҳунармандони театр ва кино, кормандони радио ва телевизион, мусиқинавозон, рассомон ва варзишгарон бинобар фаъолияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд, сарфи назар аз он, ки бевосита ба ҳунармандони театр ва кино, кормандони радио ва телевизион, мусиқинавозон, рассомон, варзишгарон ё ба шахсони ҳуқуқие, ки аз ҷониби онҳо назорат карда мешаванд, пардохт мешаванд;
н) даромад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз муқаррароти зербандҳои болозикри ҳамин қисм, тибқи созишномаҳои андозӣ андозбандӣ намояд.
2. Ҳама гуна даромаде, ки аз манбаъҳои берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда мешавад, даромади хориҷӣ мебошад.
Моддаи 220. Баҳисобгирии андози хориҷӣ
1. Даромади андозбандишавандаи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаи резидент - даромади дар хориҷа бадастовардаи резидент мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андоз аз даромад андозбандӣ карда мешавад.
2. Маблағи андоз аз даромад, ки дар давраи андоз аз ҷониби резидент берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда шудааст, дар сурати пешниҳод гардидани тасдиқномаи чунин пардохтҳо, ҳангоми пардохти андозҳои дар ҳамин қисм номбаршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
3. Маблағи баҳисобгирифташавандаи дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда набояд аз маблағи андозе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба чунин даромади бо меъёрҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳисоб карда мешавад, зиёд бошад.
4. Андоз аз даромад ё фоидаи софи андозбандишавандаи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаи резидент, бо истифода аз меъёри миёнаи андози даромади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои резидентон ҳисобшаванда ҳисоб карда мешавад. Бо ин мақсад:
- меъёри миёнаи андози даромади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои резидентон ҳисобшаванда маънои меъёри андози даромади резидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки резидентон мутобиқи Кодекси мазкур ҳамчун фоизи даромади андозбандишаванда барои давраи андозӣ мепардозанд, ифода мекунад;
- даромад ё фоидаи софи андозбандишавандаи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи андоз гирифташуда даромади умумии резидент бо тарҳи мутобиқи Кодекси мазкур иҷозатдодашуда дониста мешавад;
- дар ҳолати дар хориҷи кишвар нигоҳ доштани андоз дар манбаи пардохт резидент ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод менамояд.
5. Баҳисобгирии андози хориҷии ба резидент дар давраи андоз иҷозатдодашуда барои даромаде, ки резидент дар хориҷа барои давраи андозӣ алоҳида ҳисоб карда шуда даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ ва даромади дигари хориҷии резидент барои давраи ҳисобшаванда мебошад.
6. Баҳисобгирии андоз аз даромади хориҷии резидент мутобиқи ҳамин модда танҳо дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода мешавад, агар:
- резидент андози хориҷиро дар давоми ду соли пас аз ба охир расидани давраи андозе, ки даромади хориҷӣ аз ҷониби резидент гирифта шудааст ё дар давоми чунин вақти иловагӣ, ки мақомоти андоз иҷозат додааст, пардохт кардааст;
- аз ҷониби резидент ҳуҷҷат дар бораи пардохти андози хориҷӣ ва ҳама гуна ҳуҷҷатҳои иловагӣ аз мақомоти андози хориҷӣ ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ пешниҳод шудаанд, ки пардохти андозро дар хориҷа тасдиқ мекунанд.
7. Агар андози дар хориҷа пардохтшудаи резидент аз андози дар дохил пардохтшуда зиёд бошад, чунин барзиёдӣ мутобиқи муқаррароти қисми 2 ҳамин модда ба ҳисоб гирифта намешавад, баргардонида ва (ё) ба даври дигар гузаронида намешавад.
Моддаи 221. Ба давраи дигар гузаронидани зарар аз даромади хориҷӣ
1. Тарҳ кардани хароҷот аз маблағи даромади хориҷие, ки резидент гирифтааст, мутобиқи Кодекси мазкур иҷозат дода мешавад, аммо бо маҳдуд кардани он, ки ин хароҷот танҳо аз даромади хориҷӣ тарҳ карда мешавад. Агар хароҷоти тарҳшавандаи резидент дар давоми давраи андоз ҳангоми ба даст овардани даромади хориҷӣ аз маблағи ин даромад дар ин давра зиёд бошад, чунин барзиёдӣ ҳамчун зарари хориҷӣ дар ин давра ҳисобида мешавад.
2. Резидент метавонад зарари хориҷии худро дар давраи андоз ба давраи минбаъдаи андоз ҳамчун тарҳ аз даромади хориҷии дар давраи минбаъдаи андоз арзёбишавандаи резидент гузаронад. Чунин тарҳкунӣ то замоне иҷозат дода мешавад, ки зарар пурра тарҳ нагардад ё давраи иҷозатдодашудаи гузаронидани зарар ба охир нарасад. Давраи гузарондани зарар 3 давраи андозро баъд аз ба охир расидани даврае дар бар мегирад, ки дар он зарар гирифта шудааст. Агар резидент зарари хориҷӣ дошта бошад, ки мутобиқи моддаи мазкур ба зиёда аз як давраи андозӣ гузаронида шудааст, дар навбати аввал бояд зарари хориҷии давраи ибтидоии андоз тарҳ карда шавад.
3. Моддаи мазкур нисбат ба даромади хориҷии арзёбишавандаи резидент дар даврае, ки даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ ҳисоб карда мешавад ва ҳама гуна даромади хориҷии андозбандишавандаи резидент барои давраи мазкур ҳисобида мешавад, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 222. Андозбандии фоидаи софи муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ
Муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, илова ба андоз аз даромад бо андоз аз фоидаи софи ҳамин муассисаи доимӣ дар давраи андоз бо меъёри 15 фоиз андозбандӣ карда мешавад.
Моддаи 223. Даромаде, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқии хориҷии назоратшаванда дар мамлакатҳои дорои андозбандии имтиёзнок гирифта шудааст
1. Агар ҳиссаи резидент мустақиман ё ғайримустақим дар шахси ҳуқуқии хориҷии дар ҳудуди юрисдиксияи бо андозҳои меъёри паст қарордошта дар давоми соли андоз зиёда аз 25 фоизро ташкил диҳад, даромади чунин резидент аз хориҷи кишвар дар давоми сол бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
A х B,
дар ин ҷо: A - фоизи ҳиссаи резидент дар шахси ҳуқуқии хориҷӣ;
B - даромади андозбандишавандаи шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар давоми сол, ки ба маблағи андози дар хориҷа ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъекти хориҷӣ аз даромади андозбандишавандаи пардохтшуда кам карда шудааст.
2. Фоизи ҳиссаи шахс дар шахси ҳуқуқии хориҷӣ калонтарин аз ҳиссаҳои фоизии резидент дар дороиҳои зерин мебошад:
- ҳуқуқи овоздиҳӣ дар шахси ҳуқуқии хориҷӣ;
- ҳуқуқ ба гирифтани суди саҳмия ва даромадҳои дигар, ки шахси ҳуқуқии хориҷӣ пардохт менамояд;
- ҳуқуқ ба ҳиссаи сармоя дар шахси ҳуқуқии хориҷӣ.
3. Ҳангоми ҳисоб кардани ҳиссаи фоизии шахси ҳуқуқӣ дар шахси ҳуқуқии хориҷӣ ҳама гуна манфиати мустақим ё ғайримустақими шахси ҳуқуқӣ нисбат ба шахси вобаста ба назар гирифта мешаванд.
4. Кишвари дорои меъёрҳои пасти андозбандишаванда кишваре дониста мешавад, ки дар он яке аз омилҳои зерин ҷой дошта бошад:
- меъёрҳои номиналии андоз ё як қисми он дар кишвар аз меъёрҳое, ки барои резидент мутобиқи Кодекси мазкур татбиқ карда мешаванд, аз 30 фоиз камтаранд;
- кишвар аз даромади хориҷии резидентҳо андоз намегирад ё аз даромади хориҷии резидентҳо танҳо дар сурати интиқол додани даромад ба он, андоз ситонида мешавад;
- қонунгузории амалкунандаи кишвар ҳифзи махфияти маълумоти молиявӣ ё маълумотро дар бораи ширкатҳо пешбинӣ мекунад, ки он ҳифзи махфияти маълумотро дар бораи соҳиби ниҳоии молу мулк ё гирандаи ниҳоии даромад (фоида) таъмин менамояд.
5. Шахси ҳуқуқӣ резиденти минтақаи имтиёзнок (оффшорӣ) - кишвари дорои меъёрҳои пасти андозбандӣ дониста мешавад, агар яке аз шартҳои зерин риоя шавад:
- корхона дар кишвари дорои меъёри пасти андозбандӣ таъсис ёфта ва ба қайд гирифта шудааст; ё
- назорат ва идоракунии шахси ҳуқуқӣ аз кишвари дорои меъёри пасти андозбандӣ амалӣ карда мешавад.
6. Суди саҳмияе, ки ба резидент дар кишвари дорои меъёри пасти андозбандӣ пардохт карда шудааст, аз андоз аз даромади резидент ба андозае озод карда мешавад, ки андоз аз даромад (ҳисобшуда) аз ҷониби резидент мутобиқи ҳамин модда пардохт карда шудааст. Бо ин мақсад суди саҳмия аз ҳисоби даромадҳои ҳисобшуда ҳамчун пардохтшуда ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 224. Сармоягузории моҳирона
1. Бо назардошти талаботи қисми 2 ҳамин модда, агар дар давраи ҳисоботӣ таносуби қарзи миёнаи шахс-резиденти таҳти назорати ғайрирезидент қарордошта ба сармояи оинномавии миёна аз ду маротиба зиёд бошад, тарҳи маблағи фоизҳои иҷозатдодашаванда ба чунин шахс барои ин давра маҳдуд карда мешавад.
2. Нисбат ба шахс-резиденти таҳти назорати ғайрирезидент қарордошта, агар зиёда аз 25 фоизи ҳиссаи ӯ дар сармояи миёнаи оинномавӣ мустақиман ё ғайримустақиман ба ғайрирезидентҳо ё шахсони ҳуқуқии аз андоз аз фоида озод тааллуқ дошта бошад, аз рӯи ҳар қарзи дар давраи андоз истифодашуда фоизҳои пардохтшуда мутобиқи қисми 1 ҳамин модда тарҳ карда мешаванд, аммо маблағи ниҳоии фоизҳое, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда метавонад тарҳ карда шавад, бо маблағи фоизҳое, ки аз меъёри ҳадди ниҳоии фоизҳо зиёд мебошад, маҳдуд мегардад.
3. Барои мақсадҳои ҳамин модда меъёри ҳадди ниҳоии фоизҳо бо роҳи тақсим намудани маблағи фоизи қарзҳо ба коэффисиенти сармояи миёнаи оинномавӣ муайян карда мешавад. Коэффисиенти сармояи миёнаи оинномавӣ бо роҳи тақсими маблағи миёнаи қарзи пардохтнашуда дар охири давраи ҳисоботӣ ба бузургии миёнаи ҳиссаи иштироки муассиси хориҷӣ дар сармояи оинномавӣ ва тақсими он ба 3 (се) муайян карда мешавад. Таҳти мафҳуми қарз ҳама гуна қарзҳои тиҷоратӣ ва амонатҳои бонкӣ ва қарзҳои дигар, новобаста ба шакли барасмиятдарории онҳо, дониста мешаванд.
4. Моддаи мазкур нисбати ғайрирезиденте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи доимӣ дорад, дар асосҳои зерин татбиқ карда мешавад:
- муассисаи доимӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ-резидент, ки таҳти назорати хориҷӣ қарор дорад, дониста мешавад;
- таносуби қарзи миёнаи муассисаи доимии ғайрирезидент ба сармояи оинномавии миёнаи он аз рӯи уҳдадориҳои қарзии муассисаи доимии ғайрирезидент ва сармояе, ки ба фаъолияти ширкате, ки тавассути муассисаи доимӣ сармоягузорӣ шудааст, ҳисоб карда мешавад.
5. Бо мақсади татбиқи муқаррароти моддаи мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- қарзи миёнаи шахси ҳуқуқӣ-резиденти таҳти назорати хориҷӣ қарордошта дар давраи андоз маблағест, ки бо роҳи ба 3 тақсим кардани ҳосили ҷамъи бақияи маблағи қарзи ин шахси ҳуқуқӣ дар охири рӯзҳои аввал, миёна ва охирини давраи андоз ҳисоб карда мешавад;
- сармояи миёнаи шахси ҳуқуқӣ-резиденти таҳти назорати хориҷӣ қарордошта дар давраи андозӣ маблағест, ки бо роҳи ба 3 тақсим кардани ҳосили ҷамъи маблағи сармояи ин шахси ҳуқуқӣ дар охири рӯзҳои аввал, миёна ва охирини давраи андоз ҳисоб карда мешавад;
- қарзи шахси ҳуқуқӣ-резиденти таҳти назорати хориҷӣ қарордошта ҳама гуна уҳдадориҳои қарзии шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ муайян карда шудаанд ва қарзҳои кредиториро дар бар намегиранд;
- сармояи оинномавии хусусии шахси ҳуқуқӣ-резиденти таҳти назорати хориҷӣ қарордошта ин сармояи оинномавии хусусиест, ки мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ муайян карда мешавад;
- шахси ҳуқуқӣ-резиденти таҳти назорати ғайрирезидент қарордошта шахси ҳуқуқӣ-резиденте мебошад, ки дар он зиёда аз 25 фоизи саҳмияҳо ё ҳиссаҳои дигари иштирок ба ғайрирезидент, танҳо ё якҷо бо шахсони вобаста тааллуқ доранд.
БОБИ 33. НАРХГУЗОРИИ ТРАНСФЕРТӢ
Моддаи 225. Шартнома дар бораи нархгузории трансфертӣ
1. Шартнома дар бораи нархгузории трансфертӣ шартномае дониста мешавад, ки амалиёт ё силсилаи амалиётҳоро бо иҷрои ҳамаи шартҳои зерин дар бар мегирад:
- агар мақсади амалиёт таҳвил ё хариди молу мулк, хизматрасонӣ, муомилот бо дороиҳои моддӣ ё ғайримоддӣ ва маблағҷудокуниҳои қарзӣ бошад;
- агар амалиёт байни шахсони ба ҳам алоқаманд анҷом дода шуда бошад;
- агар амалиёти анҷомдодашуда фаромарзӣ бошад.
2. Амалиёт фаромарзӣ дониста мешавад, агар он:
- байни шахс-резидент ва шахс-ғайрирезидент анҷом дода шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки амалиёт пурра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад;
- байни ду резидент анҷом дода шавад ва амалиёти анҷомдодашуда ба фаъолияти соҳибкорие, ки тавассути муассисаи доимӣ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби як ё ҳар ду резидент амалӣ карда мешаванд, алоқаманд бошад;
- байни ду ғайрирезидент анҷом дода шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки амалиёт ба фаъолиятҳое, ки тавассути муассисаҳои доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби як ё ҳар ду ғайрирезидент амалишаванда алоқаманд бошад.
Моддаи 226. Принсипи шартномабандӣ бо шартҳои бозорӣ
1. Принсипи шартномабандӣ бо шартҳои бозорӣ дар ҳолате истифода карда мешавад, ки агар даромад, хароҷот, фоида ё зарари дар асоси шартнома дар бораи нархгузории трансфертӣ ташаккулёфтаи шахсони ба ҳам алоқаманд аз даромад, хароҷот, фоида ё зарари шахсони ба ҳам алоқаманднабуда, ки дар шароити воқеии бозорӣ ташаккул ёфтааст, фарқ кунад.
2. Фарқияти даромад, хароҷот, фоида ё зарар байни шахсони ба ҳам алоқаманд ва шахсони ба ҳам алоқаманднабуда тавассути муқоисаи ҳолатҳо муайян карда мешавад.
3. Ҳолатҳо дар он сурат ба ҳолатҳои воқеии дар шартнома дар бораи нархгузории трансфертӣ зикргардида қиёспазир дониста мешаванд, ки агар чунин ҳолатҳо ба шартҳои бозорӣ мутобиқ бошанд ва ё дар сурати мавҷуд будани фарқият, яке аз шартҳои зерин амалӣ карда шавад:
- фарқият назаррас набошад, нархҳои трансфертӣ истифода карда намешаванд;
- фарқият назаррас бошад, нархҳои трансфертӣ амалӣ карда мешаванд.
4. Ҳангоми муайян намудани мутобиқати шартномаҳои басташуда бо шартҳои бозорӣ талаботи зерин ба эътибор гирифта мешавад:
- уҳдадориҳо ва хавфҳое, ки тарафҳо дар доираи шартнома дар бораи нархгузории трансфертӣ барои анҷом додани амалиётҳо ба зимма мегиранд;
- хусусиятҳои молу мулк, хизматрасонӣ, муомилот бо дороиҳои моддӣ ё ғайримоддие, ки тибқи шартномаи нархгузории трансфертӣ таҳвил гардидаанд ё харидорӣ шудаанд;
- шартҳои шартнома дар доираи шартнома дар бораи нархгузории трансфертӣ;
- вазъи бозоре, ки амалиёт дар он анҷом дода шудааст, инчунин, омилҳои дигари иқтисодии марбут ба механизми нархгузории трансфертӣ;
- стратегияи тиҷоратии тарафҳои шартнома дар бораи нархгузории трансфертӣ.
5. Принсипи шартҳои бозорӣ бояд мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ оид ба нархгузориҳои трансфертӣ ба корхонаҳои фаромиллӣ ва мақомоти андоз истифода гардад. Дар сурати ихтилофот байни Кодекси мазкур ва чунин стандартҳо оид ба нархгузориҳои трансфертӣ афзалият ба Кодекси мазкур дода мешавад.
Моддаи 227. Усулҳои нархгузории трансфертӣ
1. Нархгузории трансфертӣ аз усулҳои зерин иборат мебошад:
- муқоисавии нархҳои бозорӣ;
- такрорфурӯшӣ;
- замкунӣ ба хароҷот;
- муқоисавии даромаднокии амалиёт;
- тақсими фоида аз амалиёт.
2. Усулҳои нархгузории трансфертии дар қисми 1 ҳамин модда муқарраргардида бояд аз рӯи таъинот дар алоҳидагӣ ё омезиши якҷоя истифода ва мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шаванд.
3. Андозсупоранда метавонад усули нархгузории трансфертиро, ки дар қисми 1 ҳамин модда муқаррар карда нашудааст, истифода намояд, агар андозсупоранда мавҷудияти ду унсури зеринро асоснок карда тавонад:
- ҳеҷ яке аз усулҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида барои муайян намудани мутобиқати даромад, хароҷот, фоида ва зарари тибқи шартномаи дар бораи нархгузории трансфертӣ ташаккулёфта ба принсипи шартҳои бозорӣ наметавонад ба таври муносиб истифода карда шавад;
- усули аз ҷониби чунин андозсупоранда истифодашаванда боиси натиҷае гардад, ки бо натиҷаҳои дигаре, ки дар муносибатҳои шахсони ба ҳам алоқаманднабудаи дар асоси принсипи шартҳои бозорӣ амалкунанда ба даст омадаанд, муқоисашаванда мебошад.
Моддаи 228. Тасҳеҳи нархгузории трансфертӣ
1. Андозсупорандае, ки шартномаро бо назардошти талаботи шартнома дар бораи нархгузории трансфертӣ ба имзо мерасонад, бояд бо усули нархгузории трансфертӣ ё омезиши он даромад, хароҷот, фоида ва зарари тибқи шартнома бамиёномадаро аз рӯи принсипи шартҳои бозорӣ муайян намояд, аз ҷумла:
- ҷанбаҳои қавӣ ва заифи ҳар усули нархгузории трансфертӣ тибқи шартнома дар бораи нархгузории трансфертӣ;
- саҳеҳияти ҳар усули нархгузории трансфертӣ бо назардошти хусусияти шартнома дар бораи нархгузории трансфертӣ, ки тавассути таҳлили амалиётҳои иҷрошуда, дороиҳои истифодашаванда ва хавфҳое, ки ҳар тарафи шартнома ба зимма мегирад, муайян карда мешавад;
- мавҷудияти маълумоти боэътимод, ки барои истифодаи ҳар усули нархгузории трансфертӣ зарур мебошад;
- дараҷаи муқоисаи шартҳо дар доираи шартнома дар бораи нархгузории трансфертӣ ва принсипи шартҳои бозорӣ, инчунин, эътимоднокии тасҳеҳ дар ҳолати мавҷудият, ки барои бартараф намудани фарқият зарур мебошанд.
2. Усули нархҳои муқоисашавандаи бозорӣ усули дақиқ ва боэътимоди истифодаи принсипи шартҳои бозорӣ нисбат ба захираҳое мебошад, ки истифодабарандагони захираҳои табиӣ мефурӯшанд.
3. Агар шахс даромад, хароҷот, фоида ва зарарро, ки тибқи шартнома дар бораи нархгузории трансфертӣ ташаккул ёфтааст, мутобиқи принсипи шартҳои бозорӣ муайян накунад, мақомоти андоз метавонад тасҳеҳи заруриро барои мутобиқати даромад, хароҷот, фоида ва зарарҳои дар доираи шартнома дар бораи нархгузории трансфертӣ бамиёномада бо принсипи шартҳои бозорӣ ворид намояд.
4. Агар бо назардошти усулҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, шахс усули дақиқ ва боэътимоди нархгузории трансфертиро истифода намояд, аз ҷониби мақомоти андоз муайян намудани мутобиқати даромад, хароҷот, фоида ва зарари дар доираи шартнома дар бораи нархгузории трансфертӣ ташаккулёфта бояд дар асоси принсипи шартҳои бозорӣ, ки онро шахс истифода мебарад, анҷом дода шавад.
Моддаи 229. Ҳуҷҷатҳои нархгузории трансфертӣ
1. Андозсупоранда мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур уҳдадор аст ҳуҷҷатҳои (шартнома, борхати нақлиётӣ, эъломияи гумрукии бор, нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи мол) тасдиқкунандаи мутобиқати амалиёти аз ҷониби андозсупоранда тибқи шартнома дар бораи нархгузории трансфертӣ анҷомшавандаро ба принсипи шартҳои бозорӣ тартиб диҳад. Дар ҳуҷҷатҳо бояд асос барои истифодаи усул ё усулҳои нархгузории трансфертӣ дарҷ карда шавад.
2. Андозсупоранда уҳдадор аст ҳуҷҷатҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишударо барои соли андозӣ то пешниҳоди эъломияи солонаи андоз аз даромад таҳия ва ба мақомоти андоз пешниҳод намояд.
3. Андозсупорандагоне, ки талаботи ҳуҷҷатгузории дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда муқарраршударо риоя наменамоянд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
4. Ҳар уҳдадорӣ оид ба пешбурди ҳисобот, ки мутобиқи Кодекси мазкур муқаррар гардидааст, бояд уҳдадорӣ оид ба пешбурди ҳисоботи андозсупорандаи баимзорасонидаи шартнома дар бораи нархгузории трансфертиро мукаммал намояд.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия метавонад талаботро барои ҳуҷҷатгузории содакардашудаи нархгузории трансфертӣ нисбат ба андозсупорандагон ва амалиётҳои алоҳидаи зерин муқаррар намояд:
- таъминкунандагон (дистрибюторҳо);
- андозсупорандагони дорои ҳаҷми хурди амалиётҳои фаромарзӣ;
- субъектҳои соҳибкорони миёна;
- хизматрасонии дохилигурӯҳии ширкатҳо;
- маблағҷудокуниҳои қарзӣ;
- хизматрасонии техникӣ.
6. Талаботи содакардашуда ба ҳуҷҷатҳои нархгузории трансфертӣ мутобиқи қисми 5 ҳамин модда нисбат ба роялти, пардохтҳои иҷозатномадиҳӣ, шартномаҳо оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дороиҳои дигари ғайримоддӣ татбиқ карда намешаванд.
Моддаи 230. Мафҳуми тарафҳои вобаста
1. Барои мақсадҳои Кодекси мазкур ду тараф дар ҳолатҳои зерин ба ҳам вобаста дониста мешаванд, агар:
- яке аз тарафҳо соҳиби мустақим ё ғайримустақими на камтар аз 25 фоизи сармоя ё ҳуқуқҳои овоздиҳии тарафи дигар бошад;
- ҳар шахси сеюм соҳиби мустақим ё ғайримустақими на камтар аз 25 фоизи сармоя ё ҳуқуқи овоздиҳӣ дар ҳар кадоме аз ин ду ва ё зиёда тарафҳои вобаста бошад;
- зиёда аз нисфи шурои директорон ё аъзои шурои директорон ё як ё якчанд нафар директорони иҷроия ё аъзои иҷроияи шурои директорони як тарафро тарафи дигар таъин намояд;
- зиёда аз нисфи шурои директорон ё аъзои шурои директорон ё як ё якчанд нафар директорони иҷроия ё аъзои иҷроияи шурои директорони ҳар ду тарафро ҳамон як тарафи сеюм таъин намояд;
- қарзи аз ҷониби як тараф ба тарафи дигар додашуда ё таъмингардида зиёда аз 50 фоизи арзиши тавозунии тамоми дороиҳои тарафи дигарро ташкил диҳад;
- тараф мустақиман ё ғайримустақим на камтар аз 25 фоизи даромадро дар натиҷаи иҷрои шартномаи ҳамкорӣ байни ҳар ду тараф гирад;
- яке аз тарафҳо муассисаи доимии тарафи дигар бошад.
2. Барои мақсадҳои сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 ҳамин модда шахси воқеӣ соҳиби ҳисса дар сармояи танзимшаванда ё ҳуқуқи овоздиҳӣ дониста мешавад, агар ҳисса мустақиман ё ғайримустақим ба яке аз аъзои як оила, аз ҷумла ҳамсар, хешовандони мустақим, бародарон ва хоҳарон, фарзандони бародарон ва хоҳарон, ҳамсарони бародарон ва хоҳарон, бародарон ва хоҳарони ҳамсар, падару модари зан ё шавҳар, бародарон ва хоҳарони падару модари зан ё шавҳар, васиён ва падару модари фарзандхонд тааллуқ дошта бошад.
3. Барои мақсадҳои Кодекси мазкур ҳамаи амалиётҳои тиҷоратӣ ва молиявии анҷомдодаи резиденти кишвари дорои андози меъёри пасти андозбандӣ, ки мутобиқи муқаррароти қисми 4 моддаи 223 Кодекси мазкур муайян шудааст, ҳамчун амалиётҳои тарафҳои вобаста дониста мешаванд. Дар ин ҳолат, агар андозсупорандагон ба мақомоти андоз дар бораи шахсияти саҳомони тарафи дигар маълумот диҳанд ва исбот кунанд, ки бо ҳам вобастагӣ надоранд, нисбат ба онҳо муқаррароти мазкур татбиқ карда намешаванд.
Моддаи 231. Ҳисобот бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳо
1. Ҳисобот бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳо, дастрасии мақомоти андозро ба маълумот дар бораи фоида ва андозҳои ҷаҳонии пардохтшаванда аз ҷониби гурӯҳҳои азими корпоративии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда фароҳам меорад. Чунин маълумот метавонад аз ҷониби мақомоти андоз барои баҳодиҳии хавфҳои нархгузории трансфертӣ истифода карда шавад.
2. Муқаррароти моддаҳои 233-235 Кодекси мазкур пешниҳоди ҳисобот бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳоро барои баъзе ташкилотҳо-резидентҳо пешбинӣ менамоянд.
3. Мақомоти андоз ҳисобот бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳоро, ки ба мақомоти андози кишварҳои хориҷӣ пешниҳод шудааст, мутобиқи шартҳои мубодилаи иттилооти дар боби 24 Кодекси мазкур муқарраршуда мегирад.
Моддаи 232. Муайянкунии истилоҳоти марбут ба ҳисобот бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳо
1. Гурӯҳи нуфузи ҷаҳонӣ - шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки ба ҳамаи меъёрҳои зерин мутобиқ мебошанд, аз ҷумла:
а) ба гурӯҳ на камтар аз ду ва ё зиёда шахсони ҳуқуқӣ-резидентҳо дар кишварҳои гуногун ва шахси ҳуқуқӣ-резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари хориҷӣ муассисаи доимӣ дорад, шомил мебошанд;
б) гурӯҳи ширкатҳо барои мақсадҳои ҳисоботи баҳисобгирии молиявӣ мутобиқи стандартҳои баҳисобгирии байналмилалии молиявии нисбат ба ширкати модарии гурӯҳ амалишаванда муттаҳид мешаванд ё гурӯҳи ширкатҳо бояд муттаҳид карда шаванд, агар саҳмияҳои (ҳиссаи) ҳар узви гурӯҳ дар биржаи фондӣ ба фурӯш бароварда шаванд;
в) гардиши умумии солонаи гурӯҳ дар соли қаблии молиявӣ 4,7 миллиард сомониро ташкил дод.
2. Узви гурӯҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ – шахси ҳуқуқии ба ҳамаи меъёрҳои зерин мутобиқ мебошад:
а) шахси ҳуқуқие, ки ба яке аз шартҳои зерин ҷавобгӯ мебошад:
- шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоботи молиявии муттаҳидшудаи гурӯҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ дохил карда шудааст ё ба ҳисоботи молиявии муттаҳидшуда дохил карда мешавад, агар саҳмияҳои (ҳиссаи) ширкат дар биржаи фондӣ ба фурӯш бароварда шаванд;
- шахси ҳуқуқӣ аз ҳисоботи молиявии муттаҳидшудаи гурӯҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ танҳо бинобар сабаби андозаи он ё набудани таъсири назаррас ба фаъолияти гурӯҳ хориҷ карда шудааст;
б) муассисаи доимии шахси ҳуқуқие, ки дар зербанди а) ҳамин қисм муқаррар шудааст, агар чунин шахси ҳуқуқӣ пешбурди ҳисоботи молиявии алоҳидаи муассисаи доимиро барои мақсадҳои молиявӣ, танзимкунӣ ва андоз ё назорати дохилӣ анҷом диҳад.
3. Созишнома оид ба мақомоти салоҳиятдор - созишнома байни мақоми салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти салоҳиятдори давлати хориҷӣ ё кишварҳои хориҷӣ, ки мубодилаи автоматии ҳисоботро бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳо талаб менамояд.
4. Шахси ҳуқуқии модарии сунъӣ (ваколатдор) - шахси ҳуқуқие, ки узви гурӯҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ мебошад ва аз ҷониби гурӯҳ барои аз номи гурӯҳ пешниҳод намудани ҳисобот дар кишвари резидентии худ таъин карда мешавад, дар ҳолате, ки ширкати модарӣ барои ҳисоботдиҳӣ дар кишвари резидентии худ уҳдадор намебошад.
5. Ширкати ниҳоии модарӣ - узви гурӯҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ дониста мешавад, агар шартҳои зерин пурра иҷро карда шаванд:
а) узве, ки мустақиман ё ғайримустақим дар як ё якчанд аъзои дигари гурӯҳ ҳиссаи кофӣ дорад ва он бояд ҳисоботҳои муттаҳидкардашудаи молиявии гурӯҳи дорои нуфузи ҷаҳониро дар кишвари худ таҳия намояд ё ин амалро бояд ба анҷом расонад, агар саҳмияҳои шахси ҳуқуқӣ дар биржаи фондии кишвари он ба фурӯш бароварда шаванд;
б) узви дигари гурӯҳ, ки мустақиман ё ғайримустақим дар узви дигари гурӯҳи дар зербанди а) қисми мазкур зикргардида ҳисса дошта метавонист, мавҷуд набошад.
Моддаи 233. Уҳдадорӣ барои пешниҳоди ҳисобот бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳо
1. Шахси ҳуқуқӣ-резидент уҳдадор аст барои давраи ҳисоботӣ ба мақомоти андоз ҳисоботро бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳо пешниҳод намояд, агар:
1) шахси ҳуқуқӣ ширкати модарии гурӯҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ бошад;
2) шахси ҳуқуқӣ ширкати модарии ваколатдори (сунъии) гурӯҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ дар соли ҳисоботӣ бошад;
3) узви гурӯҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ бошад ва ширкати модарии гурӯҳ барои пешниҳоди ҳисобот бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳо дар кишвари резидентии худ барои ин давра уҳдадор набошад ва гурӯҳ узвро ба сифати ширкати модарии ваколатдори (сунъии) шахси ҳуқуқӣ барои ин сол таъин карда бошад;
4) узви гурӯҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ, ки нисбат ба он ҳеҷ яке аз муқаррароти бандҳои 1)-3) ҳамин қисм татбиқ карда нашуда, нисбат ба он шартҳои зерин татбиқ карда шаванд:
- байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари резидентии ширкати ниҳоии модарии гурӯҳ созишномаи дахлдор оид ба мақомоти салоҳиятдор вуҷуд надорад;
- байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари резидентии ширкати ниҳоии модарии гурӯҳ созишномаи дахлдор оид ба мақомоти салоҳиятдор вуҷуд дорад, аммо кишвари резидентӣ талаботи чунин созишномаро мунтазам риоя намекунад.
2. Шахс-резидент бояд мақомоти андозро бо тартиби муқарраргардида огоҳ намояд, агар он шахси ҳуқуқие бошад, ки нисбат ба он муқаррароти бандҳои 2) ва 3) қисми 1 ҳамин модда амалӣ карда шаванд.
3. Шахси ҳуқуқӣ-резидент бояд то охири соли молиявие, ки огоҳинома ба он дахл дорад, ба мақомоти андоз мутобиқи қисми 2 ҳамин модда огоҳинома пешниҳод намояд.
4. Мақомоти андоз то охири соли ҳисоботӣ уҳдадор аст шахси ҳуқуқӣ-резидентро дар хусуси нисбат ба чунин шахс дар давраи ҳисоботӣ татбиқ гардидани муқаррароти банди 4) қисми 1 ҳамин модда огоҳ намояд.
5. Агар нисбат ба зиёда аз як шахси ҳуқуқӣ-резиденти гурӯҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ муқаррароти бандҳои 3) ва ё 4) қисми 1 ҳамин модда дар соли молиявӣ татбиқ гардад, гурӯҳ метавонад мақомоти андозро дар бораи шахси ҳуқуқӣ-резиденте, ки барои пешниҳоди ҳисобот бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳо мутобиқи талаботи қисми 1 ҳамин модда барои ҳамин сол таъин шудааст, огоҳ намояд. Огоҳинома дар бораи соли молиявӣ бояд дар шакли тасдиқшуда таҳия гардида, ба мақомоти андоз то муҳлати пешниҳоди ҳисобот бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳо барои ин сол пешниҳод карда шавад. Агар шахси ҳуқуқӣ-резидент, ки аз ҷониби гурӯҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ барои пешниҳоди ҳисобот бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳо дар соли молиявӣ таъин шудааст, ҳисоботро пешниҳод накунад, мақомоти андоз метавонад талаб намояд, ки шахси ҳуқуқӣ-резиденти дигари ҳамин гурӯҳ, ки ба талаботи бандҳои 3) ва ё 4) қисми 1 ҳамин модда мутобиқ аст, ҳисоботро то санаи дар талаботи хаттии мақомоти андоз зикргардида пешниҳод намояд.
6. Барои мақсадҳои сархати дуюми банди 4) қисми 1 ҳамин модда чунин ҳисобида мешавад, ки давлати хориҷӣ муқаррароти созишномаи дахлдорро оид ба мақомоти салоҳиятдор мунтазам риоя намекунад, агар давлати хориҷӣ ба яке аз амалҳои зерин роҳ диҳад:
- мубодилаи маълумот тибқи созишнома оид ба мақомоти салоҳиятдор бо Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта шудааст, ба истиснои боздоштани мубодилаи маълумот мутобиқи созишнома;
- новобаста ба талошҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи маълумот бо кишварҳои маҳалли ҷойгиршавии гурӯҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ ва аъзои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда нашудааст.
Моддаи 234. Ҳисоботи кишварӣ
1. Ҳисоботи кишварӣ дар давраи ҳисоботӣ, ки ба мақомоти андоз аз ҷониби шахси ҳуқуқии резидент вобаста ба гурӯҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ тибқи муқаррароти моддаи 233 Кодекси мазкур пешниҳод карда мешавад, бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
1) маълумоти маҷмуӣ дар бораи даромад, фоида ва зарар то андозбандӣ, андози ҳисобшуда, сармояи эълоншуда, фоидаи ташаккулёфта, шумораи кормандон ва дороиҳои моддӣ (ба истиснои пул ё эквиваленти пулӣ) барои ҳар кишваре, ки дар он ин гурӯҳ фаъолият мекунад;
2) мушаххасот оид ба ҳар як узви гурӯҳ бо маълумоти зерин:
- кишвари резидентии андозӣ барои ҳар яке аз иштирокчиён;
- кишваре, ки шахси ҳуқуқӣ тибқи қоидаҳои ин кишвар дар он таъсис дода шудааст, ба қайд гирифта шудааст, танзим карда мешавад, агар тибқи сархати якуми ҳамин қисм аз кишвари резидентии андозӣ фарқият мавҷуд бошад;
- хусусияти тиҷорати асосӣ ё тиҷорати иштирокчиёни он.
2. Ҳисобот бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳо бояд дар шакли шабеҳ ба шакли махсусе, ки дар стандартҳои байналмилалӣ оид ба нархгузории трансфертӣ муайян шудааст, пешниҳод карда шавад ва ҳама талаботи дигари мақомоти андозро дар бар гирад.
3. Ҳисобот бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳо дар давраи ҳисоботӣ бояд аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ резидент ба мақомоти андоз дар муддати 12 моҳи пас аз ба охир расидани давраи ҳисоботӣ пешниҳод карда шавад. Агар ҳисоботи молиявии гурӯҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ барои давраи аз давраи ҳисоботӣ фарқкунанда таҳия шуда бошад, гурӯҳ метавонад ҳисоботро бо ишора ба соли молиявии гурӯҳ пешниҳод намояд.
4. Шахси ҳуқуқӣ-резидент, ки мутобиқи ин модда ҳисоботро бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳо пешниҳод наменамояд, тибқи қонунгузории ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 235. Истифодаи ҳисобот бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳо
Мақомоти андоз метавонад ҳисобот бо ҷудокунӣ аз рӯи кишварҳоро, ки тибқи моддаи 233 Кодекси мазкур ё тибқи созишнома оид ба мақомоти салоҳиятдор пешниҳод шудааст, танҳо бо мақсадҳои зерин истифода барад:
1) арзёбии хавфҳои нархгузории трансфертӣ, хавфҳои сатҳи баланд ва дигар хавфҳои пинҳонкунӣ ва тағйирдиҳии манбаи андозбандӣ ва азнавтақсимкунии фоида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) арзёбии хавфҳои риоя накардани қоидаҳои нархгузории трансфертӣ мутобиқи Кодекси мазкур аз ҷониби гурӯҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ;
3) таҳлили иқтисодӣ ва оморӣ.
БОБИ 34. НИГОҲ ДОШТАНИ АНДОЗ АЗ МАНБАИ ПАРДОХТ
Моддаи 236. Тартиби нигоҳ доштани андоз аз манбаи пардохт
1. Шахсони (агентҳои андози) зерин уҳдадоранд, ки андозро аз манбаъҳои пардохт нигоҳ доранд, ба истиснои пардохтҳое, ки даромадгирандаи онҳо аз андозбандӣ озод мебошад:
1) шахсони ҳуқуқӣ-резидентон, инчунин, воҳидҳои алоҳидаи онҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо, ки ба шахсони воқеии кироякори худ пардохтҳоро дар шакли музди меҳнати тибқи моддаи 186 Кодекси мазкур муқарраршуда анҷом медиҳанд (бояд диҳанд);
2) шахсони ҳуқуқӣ-резидентон, инчунин, воҳидҳои алоҳидаи онҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо, ки барои хизматрасонӣ (иҷрои кор) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеие, ки ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта нашудаанд, дар асоси шартномаҳои хусусияти граждании ҳуқуқидошта ё бе чунин шартномаҳо, ба истиснои шартномаҳои граждании ҳуқуқие, ки мавзуи онҳо гузашт кардани ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқҳои дигари шайъӣ (ҳуқуқҳои молумулкӣ) мебошад, даромад пардохт менамоянд;
3) шахсони ҳуқуқӣ-резидентон, инчунин, воҳидҳои алоҳидаи онҳо, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳо, ки ба шахсони воқеӣ нафақа, стипендия ва кумакпулӣ медиҳанд, ба истиснои нафақа, стипендия ва кумакпулиҳои давлатӣ;
4) шахсони ҳуқуқӣ-резидентон, ки суди саҳмияҳоро пардохт менамоянд;
5) резидентон ва муассисаҳои доимии ғайрирезидент, ки фоизҳоро пардохт менамоянд;
6) шахсони ҳуқуқӣ-резидентоне, ки қисми саҳмияи (ҳиссаи иштироки) ба ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдоштаи онҳо фурӯхта (бегона карда) шудааст, инчунин, агентҳои ваколатдори ғайрирезидентҳо, ки молу мулки (саҳмияҳо, ҳиссаи иштироки) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуддоштаи чунин ғайрирезидентҳоро фурӯхтаанд (бегона кардаанд) ё додаанд, агар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андоз аз ҷониби худи ғайрирезидентҳо пас аз фурӯш (бегонакунӣ) ё додани молу мулки зикршуда дар давоми 5 рӯзи корӣ баъди ба охир расидани моҳе, ки дар он пардохтҳо (маблағҳо) супорида шуда буданд, пешниҳод нашуда бошанд;
7) ташкилотҳои қарзии молиявие, ки фаъолияти бонкдории исломиро амалӣ менамоянд, ҳангоми пардохти подошпулиҳо аз рӯи маблағҳо дар суратҳисобҳои амонатӣ, пасандозӣ, ҷойгиркуниҳо ва суратҳисобҳои сармоягузорӣ бо меъёри муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 238 Кодекси мазкур;
8) резидентон ва муассисаҳои доимии ғайрирезидентон, ки пардохтҳои дар моддаи 239 Кодекси мазкур пешбинишударо анҷом медиҳанд;
9) резидентон ва муассисаҳои доимии ғайрирезидентон, ки бурдҳоро аз рӯи вомбаргҳо, лотереяҳо, аз рӯи натиҷаҳои озмунҳо, мусобиқаҳо ва дигар чорабиниҳо мукофотҳо (бурдҳо, туҳфаҳо) медиҳанд.
2. Агенти андоз, ки даромади дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишударо пардохт менамояд, барои ситонидан ва ба буҷет гузаронидани андоз масъул мебошад. Агар маблағи андоз сари вақт ба буҷет гузаронида нашавад, агенти андози пардохткунандаи даромад уҳдадор аст маблағи андози нигоҳдоштанашуда ва ба буҷет гузарониданашуда, инчунин, ҷаримаҳо ва фоизҳои дахлдорро аз ҳисоби худ ба буҷет гузаронад. Агенти андоз, ки андозро аз манбаи пардохт пас аз напардохтани андоз аз ҳисоби худ пардохт менамояд, ҳуқуқ дорад аз гирандаи даромад андоз ситонад.
3. Пардохти даромад маънои интиқоли пул дар шакли нақд ё ғайринақдӣ, коғазҳои қиматнок, молҳо ва молу мулки дигар, пешниҳоди манфиат, иҷрои кор, хизматрасониро дорад.
4. Агенти андоз бояд андозро аз пардохти даромад дар муҳлатҳои барвақттар то фаро расидани ҳолатҳои зерин нигоҳ дорад:
1) даромад аз номи пардохткунанда ё бо супориши пардохткунанда ё мутобиқи ҳама гуна қонун истифода карда мешавад;
2) даромад ба манфиати гиранда азнавсармоягузорӣ, ҷамъ ё сармоякунонӣ шудааст;
3) ба суратҳисоб ба манфиати гиранда ҳисоб карда шудааст;
4) амалан ба қабулкунанда пардохт карда шудааст ё ба тариқи дигар дода шудааст.
5. Шахсоне, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда андозро аз манбаи пардохт нигоҳ медоранд, аз ҷумла шахсоне, ки барои пардохти музди меҳнат аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ маблағ мегиранд, уҳдадоранд:
1) андозҳои нигоҳдошташуда (ҳисобшуда), аз ҷумла андози иҷтимоиро ба буҷет ҳамзамон, бо гирифтани маблағҳо барои пардохти даромад дар шакли музди меҳнат, дар ҳолатҳои дигар – дар давоми 10 рӯзи корӣ баъди ба охир расидани моҳе, ки дар он пардохтҳо (маблағҳо) супорида шуда буданд, гузаронанд;
2) ҳангоми пардохти даромад дар шакли музди меҳнат ба шахсони воқеие, ки даромад мегиранд, бо зикри насаб, ном ва номи падар, рақами мушаххаси андозсупоранда, маблағ ва намуди даромад ва андозҳои ситонидашуда (агар андоз нигоҳ дошта шавад) маълумотнома диҳанд;
3) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда даромад мегиранд (гирифтаанд), бо дархости онҳо дар давоми 10 рӯзи корӣ бо зикри рақами мушаххаси андозсупоранда, номи (насаб, ном ва номи падари) шахс, маблағи умумии даромад ва маблағи умумии андози дар соли ҳисоботӣ ситонидашуда маълумотнома фиристонанд (пешниҳод кунанд).
6. Ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ додани маблағҳои пулӣ барои пардохти даромад дар шакли музди меҳнат бе пешакӣ ба буҷет аз ҷониби андозсупорандагон (агентҳои андоз) гузарондани маблағи андоз аз даромад ва андози иҷтимоие, ки ба маблағҳои воситаҳои пулии дар боло зикргардида мутобиқ мебошад, манъ аст.
7. Нигоҳ доштани андоз аз даромад ва пардохт намудани андози иҷтимоӣ аз даромадҳои аз буҷет маблағгузоришавандаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои дипломатӣ, консулӣ ва муассисаҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда ба ҳайси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа фаъолият менамоянд, ба таври марказонидашуда то санаи 15 моҳе, ки пас аз семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, бо тартибе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян кардаанд, анҷом дода мешаванд.
8. Даромаде, ки ташкилотҳои қарзии молиявии фаъолияти бонкдории исломиро амаликунанда аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорӣ тибқи шартномаҳои «Шарика» ва «Мушорака» пардохт менамоянд, аз манбаи пардохт андозбандӣ нашуда, аз ҳиссаи даромади ҳар иштирокчӣ андозбандӣ карда мешаванд.
Моддаи 237. Нигоҳ доштани андоз аз суди саҳмияҳо дар манбаи пардохт
1. Суди саҳмияҳое, ки корхонаҳои резидентӣ пардохт менамоянд, ба истиснои суди саҳмияҳо ё ҳиссаи давлатии корхонаҳое, ки тибқи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун пардохтҳои дигари ҳатмӣ (пардохтҳои ғайриандозӣ) аз фоидаи соф ба Буҷети давлатӣ пардохт карда мешаванд, дар манбаи пардохт бо меъёри 12 фоиз андозбандӣ карда мешаванд, агар дар моддаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Маблағи суди саҳмияҳо аз рӯи маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ муайян карда мешавад.
2. Суди саҳмияҳое, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда воқеан андозбандӣ гардидаанд, инчунин, даромади корхонаҳое, ки тибқи дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун пардохтҳои ҳатмии дигар (пардохтҳои ғайриандозӣ) воқеан андозбандӣ гардидаанд, ба даромади умумии гирандаи он дохил карда намешавад ва минбаъд андозбандӣ намегардад.
Моддаи 238. Нигоҳ доштани андоз аз фоизҳо дар манбаи пардохт
1. Фоизҳое, ки резидент ё муассисаи доимии ғайрирезидент пардохт мекунад ё аз номи чунин муассиса дода мешаванд, агар даромад аз манбаъҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда бошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 5 ҳамин модда, дар манбаи пардохт бо меъёри 12 фоиз аз маблағи додашаванда андозбандӣ мегарданд.
2. Фоизҳое, ки ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ-резидентон, мақомоти молия, Бонки миллии Тоҷикистон, ширкатҳои молиявии лизингӣ-резидентон, аз ҷумла тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) пардохт мешаванд, дар манбаи пардохт андозбандӣ намегарданд.
3. Фоизҳое, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда воқеан андозбандӣ шудаанд, ба даромади умумии гирандаи онҳо – шахси воқеӣ дохил намешаванд ва дар оянда, баъди пардохти онҳо ба ин шахс, андозбандӣ намегарданд.
4. Шахси ҳуқуқӣ–резидент, ки даромади он бояд андозбандӣ гардад, ҳангоми гирифтани фоизҳои мутобиқи қисми 1 ҳамин модда андозбандишуда тамоми маблағи даромади фоизиро бе тарҳи андози ситонидашуда ба даромади умумии худ дохил менамояд ва ҳуқуқ дорад ин андози аз манбаи пардохт нигоҳдошташударо, ҳангоми мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи нигаҳдошти андоз дар манбаи пардохт, аз андози даромади пардохтшаванда тарҳ намояд.
5. Фоизҳое, ки корхонаҳо-резидентон, ба истиснои ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ба ширкатҳои хориҷии назоратшаванда пардохт менамоянд, дар манбаи пардохт бо меъёри 18 фоиз андозбандӣ мегарданд.
Моддаи 239. Нигоҳ доштани андоз аз даромади ғайрирезидентҳо дар манбаи пардохт
1. Даромади ғайрирезидент аз манбаъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муассисаи доимии ҳамин ғайрирезидент дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут намебошад, бояд аз манбаи пардохт ҳамчун даромади умумӣ, бе тарҳи хароҷот (ба истиснои тарҳи андоз аз арзиши иловашуда дар ҳолати андозбандӣ мутобиқи моддаи 260 Кодекси мазкур) бо меъёрҳои муайяннамудаи қисми 8 ҳамин модда андозбандӣ гардад.
2. Бо тартиби муайяннамудаи қисми 1 моддаи мазкур, инчунин, даромадҳои ғайрирезидент аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи Кодекси мазкур ба муассисаи доимии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут буда, сари вақт андозбандӣ нашудаанд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андоз пешниҳод нагардидаанд, дар манбаи пардохт андозбандӣ карда мешаванд. Муассисаи доимии гирандаи даромад, ки ин қисм нисбат ба он татбиқ карда мешавад, бояд ҳаҷми пурраи маблағи даромадро ба даромади умумии худ бе назардошти андози нигоҳдошташуда дохил намояд ва барои баҳисобгирии чунин андози дар манбаи пардохт нигоҳдошташуда ба шарти мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи нигоҳ доштани андоз дар манбаи пардохт ҳуқуқ дорад.
3. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур бо назардошти талаботи созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки муносибатҳои андозиро танзим менамоянд, татбиқ карда мешаванд.
4. Таҳти мафҳуми пардохти даромад супоридани пул дар шаклҳои нақдӣ ва (ё) ғайринақдӣ, коғазҳои қиматнок, мол, молу мулки дигар, додани манфиат, иҷрои кор, хизматрасонӣ фаҳмида мешавад. Пардохт, инчунин, гузаронидани маблағро ба суратҳисоби бонкӣ ба манфиати ғайрирезидент дар бар мегирад.
5. Пардохтҳо ба манфиати ғайрирезидентҳо мутобиқи қисми 1 ҳамин модда вобаста ба таҳвили молҳо аз рӯи амалиётҳои савдои хориҷӣ (вобаста ба воридоти молҳо) ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манбаи пардохт андозбандӣ карда намешаванд.
6. Андозбандии даромадҳои ғайрирезидент, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд, сарфи назар аз даромадҳои худро ба манфиати шахсони сеюм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) воҳидҳои алоҳидаи худ (шахсони дигар) дар давлатҳои дигар ихтиёрдорӣ намудани ин ғайрирезидент, дар манбаи пардохт анҷом дода мешавад.
7. Андоз аз даромади ғайрирезидент аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба шакл ва маҳалли пардохти даромад, ситонида мешавад.
8. Бо назардошти муқаррароти ҳамин модда даромадҳои ғайрирезидент аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо муассисаи доимии ин ғайрирезидент дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд намебошанд, дар манбаи пардохт ҳамчун даромади умумӣ, бе тарҳи хароҷот (ба истиснои тарҳи андоз аз арзиши иловашуда дар ҳолати андозбандӣ мутобиқи моддаи 260 Кодекси мазкур) тибқи меъёрҳои зерин андозбандӣ мешаванд:
1) суди саҳмияҳо – мутобиқи моддаи 237 Кодекси мазкур;
2) фоизҳо – мутобиқи моддаи 238 Кодекси мазкур;
3) подошпулиҳо аз рӯи маблағҳо дар суратҳисобҳои амонатӣ, пасандозӣ, ҷойгиркуниҳо ва суратҳисобҳои сармоягузорӣ - мутобиқи банди 7) қисми 1 моддаи 236 Кодекси мазкур;
4) маблағҳои суғуртавие, ки мутобиқи шартномаҳои суғурта ва азнавсуғуртакунии таваккалҳо аз тарафи резидент ё муассисаҳои доимӣ пардохт мешаванд – бо меъёри 6 фоизи маблағҳои суғуртавӣ;
5) маблағҳое, ки барои хизматрасонии телекоммуникатсионӣ ё нақлиётӣ ҳангоми амалӣ намудани алоқаи байналмилалӣ ё ҳамлу нақли байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар аз тарафи резидент ё муассисаҳои доимӣ пардохт мешаванд:
а) барои хизматрасонии байналмилалии алоқа - 3 фоизи маблағи умумии барои хизматрасонӣ пардохтшуда;
б) барои ҳамлу нақли байналмилалӣ - 3 фоиз аз маблағи умумии пардохташуда;
6) даромадҳо дар шакли музди меҳнат, ки моддаи 186 Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст ва аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба шакл ва маҳалли пардохти даромадҳо, пардохт мешаванд, – тибқи меъёри дар қисми 2 моддаи 183 Кодекси мазкур пешбинигардида;
7) даромадҳои дигар, ки дар бандҳои 1)-6) ҳамин қисм пешбинӣ нашудаанд – бо меъёри 15 фоиз аз маблағи умумии даромад.
9. Ташкилотҳое, ки ба ғайрирезидентони дар амалисозии созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) бе таъсиси муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироккунанда даромад пардохт менамоянд, сарфи назар аз маҳалли пардохт, уҳдадоранд ба сифати агентҳои андоз аз манбаи пардохт андозро нигоҳ доранд ва ба буҷет пардохт намоянд. Дар ҳолати риоя накардани талаботи мазкур андоз аз ҳисоби ташкилотҳои зикршуда ситонида мешавад.
БОБИ 35. МУҚАРРАРОТИ МАЪМУРӢ
Моддаи 240. Давраи андоз
1. Давраи андоз аз даромад барои даромадҳои дар шакли музди меҳнати аз ҷониби шахсони воқеӣ гирифташуда, ки андоз аз онҳо дар манбаи пардохт ситонида мешавад, моҳи тақвимӣ мебошад, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
2. Давраи андоз аз даромад барои даромадҳои шахсони воқеие, ки андоз аз онҳо дар манбаи пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида намешавад, соли тақвимӣ мебошад, агар боби мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
3. Давраи андоз аз даромади шахси ҳуқуқӣ соли тақвимӣ мебошад. Ҳамзамон, пешниҳоди ҳисобҳои пардохтҳои ҷории андоз аз даромад ва пардохти онҳо дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи моддаҳои 242 – 243 Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
Моддаи 241. Пешниҳоди эъломия
1. Эъломияи ягона оид ба андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз даромадҳои дар шакли музди меҳнати шахсони воқеӣ, ки андоз аз онҳо дар манбаи пардохт ситонида мешавад, аз ҷумла аз ҷониби воҳиди алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ, то санаи 15-уми моҳе пешниҳод карда мешавад, ки баъди моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад.
2. Эъломияи ягона оид ба андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз даромадҳои шахсони воқеӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои дипломатӣ, консулгариҳои давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи ташкилотҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, то санаи 15-уми моҳе пешниҳод карда мешавад, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад. Маълумот дар бораи шахсони воқеии дар боло зикргардида ба мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи гузашта фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад.
3. Ҳисоби ягона оид ба андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз даромадҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ташкилотҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои ба онҳо баробаркардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа фаъолият менамоянд, ҳар семоҳа аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия то санаи 15-уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад ва дар ҳамин муҳлат андозҳо аз рӯи онҳо ситонида мешаванд.
4. Андозсупорандагони зерин уҳдадоранд эъломияро оид ба андоз аз даромадҳое, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ намешаванд ва (ё) эъломияро оид ба андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ то 1-уми апрели баъди соли ҳисоботӣ ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд:
- резидентҳо ва муассисаи доимии ғайрирезидентҳо, ки супорандагони андоз аз даромад мебошанд;
- шахсони воқеӣ-резидентони дорои даромад, ки дар манбаи пардохти воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ намешаванд, ба истиснои шахсоне, ки андозҳоро мутобиқи фасли ХIV Кодекси мазкур пардохт менамоянд;
- шахсони воқеӣ-резидентоне, ки дар суратҳисобҳояшон дар бонкҳои хориҷии воқеъ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои пулӣ доранд, инчунин, онҳое, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд;
- шахсони воқеие, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо уҳдадории пешниҳоди эъломия оид ба андоз аз даромад гузошта шудааст. Тартиб, муҳлатҳои пешниҳод, инчунин, шакли эъломияро, ки ин шахсон пешниҳод мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- шахсони воқеие, ки мутобиқи қисми 8 моддаи 191 Кодекси мазкур ҳуқуқи тарҳкунӣ аз даромадро доранд;
- дигар шахсони ҳуқуқӣ-ғайрирезидентон ва шахсони воқеӣ-ғайрирезидентоне, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромаде мегиранд, ки бояд андозбандӣ карда шавад, аммо дар манбаи пардохт андозбандӣ намешавад.
5. Ҳангоми барҳам додани шахси ҳуқуқӣ комиссияи барҳамдиҳӣ ё андозсупоранда фавран дар ин бора ба мақомоти андоз огоҳиномаи хаттӣ мефиристад. Комиссияи барҳамдиҳӣ уҳдадор аст, ки эъломияи андозро ба мақомоти дахлдори андоз пешниҳод намояд.
6. Шахси воқеие, ки аз ӯ пешниҳод кардани эъломияи андоз талаб карда намешавад, метавонад бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда бо талаби аз нав ҳисоб кардани андоз ва баргардонидани маблағи барзиёд супоридааш эъломия пешниҳод кунад.
7. Ҳисобҳо оид ба пардохти маблағҳои ҷорӣ аз рӯи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, инчунин, маълумот дар бораи шахсоне, ки андози онҳо дар манбаи пардохт нигоҳ дошта шудааст, аз рӯи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ бо назардошти талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 242 Кодекси мазкур ҳар моҳ (ҳар семоҳа) то санаи 15-уми моҳе, ки баъди моҳи (семоҳаи) ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешаванд.
8. Эъломияи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ва ҳисоботи муҳосибии солона, аз ҷумла тавозуни муҳосибӣ, то 1-уми апрели баъди соли ҳисоботӣ пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 242. Пардохтҳои ҷории андоз
1. Шахсони ҳуқуқӣ-cупорандагони андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ бо назардошти қисмҳои 2-4 ҳамин модда уҳдадоранд пардохти ҷории ҳармоҳаро ба буҷет на дертар аз санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, анҷом диҳанд. Маблағи ҳар пардохти ҷории моҳона дар давраи 12-моҳа, ки ҳар 15-уми апрел оғоз меёбад, наметавонад аз ҳар яке аз маблағҳои зерин камтар бошад:
- аз дувоздаҳ як қисми маблағи андоз аз даромад барои соли гузаштаи андоз;
- 1 фоизи даромади умумии моҳи ҳисоботӣ.
2. Агар даромади андозсупоранда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба даромади дар ҳамон семоҳаи соли гузашта аз 50 фоиз кам бошад, андозсупоранда метавонад бо пешниҳод намудани ҳисобот барои ҳар семоҳа ба мақомоти андоз, пардохтҳои ҷории моҳонаро аз рӯи ҳисоботҳои семоҳаи гузашта бо роҳи тақсим намудани онҳо ба 3, вале на камтар аз 1 фоизи даромади умумии моҳи ҳисоботӣ ҳисоб ва пардохт намояд.
3. Пардохтҳои ҷорӣ аз рӯи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи моддаи мазкур ба маблағи чунин андози барои соли тақвимӣ пардохтшаванда ба ҳисоб гирифта мешаванд. Пардохтҳои барзиёди ҷории андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ нисбат ба уҳдадории андозӣ аз рӯи ин андоз барои соли тақвимӣ уҳдадориҳои андозӣ аз рӯи андозҳои дигар ба ҳисоб гирифта мешаванд ё ба андозсупоранда баргардонида мешаванд.
4. Пардохтҳои ҷорӣ аз рӯи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ пардохтҳои ҳатмӣ буда, барои сари вақт напардохтани онҳо фоизҳо ҳисоб карда мешаванд.
Моддаи 243. Пардохти андозҳо ва муқаррароти маъмурӣ
1. Шахсони воқеӣ, ки cупорандагони андоз аз даромад мебошанд, андозро дар маҳалли баҳисобгирӣ дар муҳлатҳои барои пешниҳод намудани эъломияҳои андоз муқарраршуда пардохт менамоянд.
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби кор дар ташкилотҳои дипломатию консулгарии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудаи ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд, уҳдадоранд аз даромадҳои худ мустақилона андози даромадро дар муҳлатҳои барои пешниҳоди эъломия муқарраршуда супоранд.
3. Тақсим кардани маблағи пардохтҳои ҷории андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, инчунин, маблағҳои андозе, ки бояд ба қисми даромади буҷетҳо аз рӯи ҷамъбасти соли тақвимӣ гузаронида шаванд, аз ҷониби корхона байни буҷетҳои маҳалли ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона, инчунин, маҳалли ҷойгиршавии ҳар воҳиди алоҳидаи он бо назардошти ҳиссаи хароҷот барои пардохти музди меҳнат, ки ба воҳиди асосии корхона ва ба ҳар яке аз воҳидҳои алоҳидаи корхона дар хароҷоти умумии музди меҳнат дар корхона (воҳиди асосии корхона якҷоя бо ҳамаи воҳидҳои алоҳидаи корхона) тааллуқ дорад, мутобиқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибии корхона сурат мегирад. Ҳиссаҳои хароҷоти барои пардохти музди меҳнати дар қисми мазкур зикргардида бо назардошти нишондиҳандаҳои воқеии хароҷот барои музди меҳнати воҳиди асосии корхона ва воҳидҳои алоҳидаи он мутобиқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибии корхона барои охири давраи ҳисоботӣ муайян карда мешаванд.
4. Ҳисоб кардани маблағи пардохтҳои ҷории андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, инчунин, маблағҳои андоз, ки бояд ба қисми даромади буҷетҳо аз рӯи ҷамъбасти соли тақвимӣ дар маҳалли ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона ва ҳар яке аз воҳидҳои алоҳидаи он пардохт шаванд, аз ҷониби корхона мустақилона анҷом дода мешавад. Маълумотро дар бораи маблағҳои пардохтҳои ҷории андоз, инчунин, дар бораи маблағҳои аз рӯи ҷамъбасти соли тақвимӣ ҳисобкардашуда корхона ба воҳидҳои алоҳидаи худ, инчунин, ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии худ ва маҳалли ҷойгиршавии воҳидҳои алоҳида на дертар аз муҳлати барои амалӣ намудани пардохтҳои ҷорӣ мутобиқи моддаи 242 Кодекси мазкур муқарраргардида ва барои пешниҳоди эъломияи андоз аз даромади шахси ҳуқуқӣ мутобиқи моддаи 241 Кодекси мазкур дастрас менамояд.
5. Корхона маблағи пардохти ҷорӣ ва маблағи андозеро, ки аз рӯи ҷамъбасти соли тақвимӣ ҳисоб карда шудааст, ба буҷетҳои маҳалли ҷойгиршавии воҳиди асосии корхона ва воҳидҳои алоҳидаи он тавассути воҳиди асосии корхона ё тавассути ҳар воҳиди алоҳидаи на дертар аз муҳлати муқаррарнамудаи ҳамин модда ва моддаи 242 Кодекси мазкур месупорад.
6. Шахсони ҳуқуқӣ, ки - супорандагони андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ мебошанд, на дертар аз 10-уми апрели соли баъди соли тақвимии ҳисоботӣ фарорасанда ҳисоби ниҳоиро анҷом дода, андозро дар маҳалли баҳисобгирии худ пардохт менамоянд.
7. Назорати пардохти андоз аз даромад аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешавад.
8. Дастурамалҳо оид ба ҳисоб ва пардохт намудани андоз аз даромад, инчунин, шаклҳои эъломияҳо ва ҳисобҳои дахлдор бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешаванд.
ФАСЛИ VIII. АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА
БОБИ 36. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 244. Мафҳуми андоз аз арзиши иловашуда
Андоз аз арзиши иловашуда андози ғайримустақим буда, дар тамоми марҳилаҳои муомилоти мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур пардохт карда мешавад.
Моддаи 245. Андозсупорандагон
1. Шахсони зерин супорандагони андоз аз арзиши иловашуда эътироф карда мешаванд:
- шахсе, ки даромади умумии ӯ дар давраи на зиёда аз 12 моҳи пурраи пайдарпайи тақвимӣ аз 1,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад;
- шахсе, ки фаъолияти ӯ ба муқаррароти сархати дуюми қисми 2 моддаи 375 Кодекси мазкур мутобиқ мебошад;
- шахси хориҷие, ки хизматрасонии фосилавиро мутобиқи боби 43 Кодекси мазкур анҷом медиҳад;
- шахси ҳуқуқии хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвили мол ва иҷрои корро анҷом медиҳад, агар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли таҳвили чунин мол ва иҷрои кор эътироф карда шавад;
- шахсе, ки вориси ҳуқуқии супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мебошад;
- шахсе, ки тибқи муқаррароти моддаи 260 Кодекси мазкур агенти андоз дониста мешавад;
- шахсе, ки воридоти андозбандишавандаи молҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;
- шахсе, ки барои супоридани андоз аз арзиши иловашуда ихтиёран муроҷиат менамояд.
2. Барои муайян намудани даромади шахсони дар сархатҳои якум ва ҳаштуми қисми 1 ҳамин модда зикргардида даромади умумии шахсони мутақобилан вобаста ба эътибор гирифта мешавад.
3. Бақайдгирии ихтиёрии шахс ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз ҷониби мақомоти андоз танҳо дар ҳолати таъмин гардидани талаботи зерин анҷом дода мешавад:
- агар макони фаъолияти доимии соҳибкории шахс муайян бошад;
- агар шахс фаъолияти соҳибкорӣ дошта бошад ва баҳисобгирии муҳосибиро тибқи қонунгузории баҳисобгирии муҳосибӣ анҷом диҳад;
- агар шахс ба ширкатҳои дорои фаъолияти аҳамияти иқтисодӣ надошта алоқаманд набошад.
4. Дар ҳолати ба миён омадани талаботи сархатҳои якум, дуюм, сеюм, панҷум, шашум ва ҳаштуми қисми 1 ҳамин модда бақайдгирии андозсупоранда ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дар асоси муроҷиати андозсупоранда ба таври автоматӣ аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода шуда, дар ин хусус ба андозсупоранда шаҳодатнома дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешавад.
5. Мақомоти андоз дар сурати ошкор намудани асосҳои кофӣ ҳуқуқ дорад, ки якчанд намуди фаъолияти соҳибкории ба як шахс тааллуқдоштаро ҳамчун як субъекти хоҷагидорӣ эътироф намояд ва аз рӯзи якуми давраи ҳисоботии баъди моҳе, ки ҳолати мазкур ошкор шудааст, чунин шахсро ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирад.
6. Шахс ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз санаҳои зерин эътироф карда мешавад:
- мутобиқи сархати якуми қисми 1 ҳамин модда - аз рӯзи якуми давраи ҳисоботии баъди моҳе, ки дар он даромади умумии андозсупоранда аз ҳадди бақайдгирӣ зиёд шудааст;
- мутобиқи сархати дуюми қисми 1 ҳамин модда - аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ;
- мутобиқи сархатҳои сеюм ва чоруми қисми 1 ҳамин модда - аз рӯзи оғози фаъолият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мутобиқи сархати панҷуми қисми 1 ҳамин модда - аз лаҳзаи ба даст овардани ҳуқуқ ба ворисӣ;
- мутобиқи сархати шашуми қисми 1 ҳамин модда - аз санаи пардохти даромад ба ғайрирезидент;
- мутобиқи сархати ҳаштуми қисми 1 ҳамин модда - аз санаи дар шаҳодатномаи бақайдгирӣ дарҷшуда.
7. Ба истиснои ҳолатҳои дар сархати ҳафтуми қисми 1 ҳамин модда зикргардида, шахсони зерин супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дониста намешаванд:
1) мақомоти маҳаллӣ ва марказии ҳокимияти давлатӣ - дар доираи иҷрои ваколатҳо;
2) шахсоне, ки дар низомҳои махсус фаъолият менамоянд.
8. Андозсупорандагони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ҳуқуқи бекор намудани бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашударо доранд, агар шартҳои зерин иҷро гарданд:
- даромади умумии андозсупоранда бо назардошти муқаррароти қисми 2 ҳамин модда дар давраи на зиёда аз 12 моҳи пурраи пайдарпайи тақвимӣ аз ҳадди 1 миллион сомонӣ кам шуда бошад;
- аз лаҳзаи гузариш ба низоми умумии андозбандӣ 36 моҳи тақвимӣ гузашта бошад.
9. Дар ҳолати бақайдгирӣ ва бекор кардани бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда андозсупоранда уҳдадор аст, ки мувофиқан дар низоми умумии андозбандӣ ё махсус фаъолият намояд.
10. Тартиби бақайдгирӣ ва бекор намудани бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, пешбурди Феҳрист, додани шаҳодатнома ва қатъи амали он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
БОБИ 37. ОБЪЕКТҲОИ АНДОЗБАНДӢ
Моддаи 246. Объектҳои андозбандӣ
1. Объектҳои андозбандии андоз аз арзиши иловашуда аз инҳо иборатанд:
- таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби ғайрирезидент дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- воридоти мол ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Амалиёти андозбандишаванда мутобиқи моддаи 258 Кодекси мазкур хизматрасонӣ ё иҷрои корро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар намегирад.
3. Агар андозсупоранда молро (корро, хизматрасониро) бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда харад ва маблағи дахлдори андозро ба ҳисоб гирифта бошад, истифодаи минбаъдаи чунин мол (кор, хизматрасонӣ) барои фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ амалиёти андозбандишаванда дониста мешавад.
4. Таҳвили мол (иҷрои кор ё хизматрасонии) андозсупоранда ба кормандони худ ва ба ҳар шахси дигаре, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда намебошанд, аз ҷумла ба таври ройгон, амалиёти андозбандишаванда дониста мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳангоми хариди мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дода нашуда бошад. Дар ин ҳолат арзиши амалиёти андозбандишаванда фарқияти байни арзиши хариди мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) ва арзиши бозории онҳо мебошад.
5. Сарфи назар аз муқаррароти дигари ҳамин модда, таҳвили мол аз ҷониби супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои истифодабарандаи меъёри пасткардашуда, амалиёти андозбандишаванда дониста намешавад, агар ин мол дар натиҷаи амалиёти андозбандишавандаи андоз аз арзиши иловашуда харида шуда бошанду мутобиқи моддаи 266 Кодекси мазкур баҳисобгирии маблағи андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дода нашуда бошад. Агар ҳангоми харидани мол баҳисобгирӣ қисман иҷозат нашуда бошад, пас андозаи амалиёти андозбандишаванда мутаносибан ба ҳиссаи баҳисобгирии иҷозатнашуда кам карда мешавад.
6. Агар бастаҳо (зарфҳо) тибқи шарт ва муҳлатҳои муқарраркардаи шартнома баргардондашаванда бошанд, онҳо объекти андозбандӣ дониста намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо дар муҳлати муқарраршудаи шартномавӣ баргардонда нашуда бошанд.
7. Агар андозсупоранда ҳангоми истеҳсоли мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) аз ашёи хом ва маводи фармоишгар истифода намояд ва маҳсулоти ниҳоӣ дар соҳибии фармоишгар боқӣ монад, барои андозсупоранда иҷрои чунин кор ва хизматрасонӣ амалиёти андозбандишаванда дониста мешавад.
8. Воридоти молҳо ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар эъломия дарҷ карда шаванд, ба истиснои молҳое, ки мутобиқи моддаи 251 Кодекси мазкур аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд, воридоти андозбандишаванда дониста мешавад.
Моддаи 247. Фурӯш ё гузашт намудани ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ
1. Дар доираи як амалиёт фурӯхтан ё гузашт намудани ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ ё воҳиди алоҳидаи он аз ҷониби як супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба супорандаи дигари андоз аз арзиши иловашуда амалиёти андозбандишаванда дониста намешавад, агар фаъолияти соҳибкорӣ ё воҳиди алоҳидаи он мунтазам амалкунанда бошад.
2. Ҳангоми мутобиқи муқаррароти қисми 1 ҳамин модда анҷом ёфтани амалиёт, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои андозии фурӯшанда ё шахси гузашткунандаи ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ ба харидор ё гирандаи ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ мегузарад.
3. Муқаррароти ҳамин модда ҳангоми иҷро гардидани шартҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида дар муҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимии баъди фурӯш ё гузашт намудани ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ мақомоти андозро дар бораи қарор оид ба амалисозии муқаррароти ҳамин модда ба таври хаттӣ огоҳ намоянд;
- фурӯшанда ё шахси гузашткунандаи ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ то рӯзи анҷоми амалиёт фаъолият намояд;
- харидор ё гирандаи ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ аз рӯзи анҷоми амалиёт имтиёзҳои андозиро нисбат ба фаъолияти соҳибкории харидашуда анҷом надиҳад ё онро ба мақсадҳои худ истифода нанамояд.
4. Фурӯшанда ё шахси гузашткунандаи ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ барои ҳама гуна уҳдадориҳо вобаста ба пардохти андоз аз арзиши иловашудае, ки то санаи бегонакунӣ ба вуҷуд омадааст, масъулият доранд.
БОБИ 38. МАНБАИ АНДОЗ
Моддаи 248. Арзиши амалиёти андозбандишаванда
1. Манбаи андоз арзиши амалиёти андозбандишаванда буда, дар асоси маблағе (арзише, аз ҷумла дар шакли аслӣ), ки андозсупоранда аз мизоҷ ё аз ҳар шахси дигар мегирад ё ҳуқуқи гирифтанро дорад, аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ва (ё) пардохтҳои дигар, вале бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда, муайян карда мешавад. Маблағи тахфифҳои иҷозатдодашуда, ки аз ҷониби андозсупоранда ҳангоми анҷоми амалиёти андозбандишаванда ба эътибор гирифта шудааст, аз арзиши амалиёти андозбандишаванда кам карда мешавад. Тахфиф ё тағйири нархҳо, ки баъди анҷом додани амалиёти андозбандишаванда гузаронида шудааст, мутобиқи муқаррароти моддаи 249 Кодекси мазкур тасҳеҳ карда мешавад.
2. Агар бар ивази амалиёти андозбандишаванда ба андозсупоранда таҳвили мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) анҷом дода шавад ё андозсупоранда ҳуқуқи гирифтани онҳоро дошта бошад, арзиши амалиёти андозбандишаванда нархи бозории ин мол (кор ва хизматрасонӣ), аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ё пардохтҳои дигарро бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда дар бар мегирад.
3. Агар андозсупоранда бар ивази амалиёти андозбандишаванда ягон дороиро (мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ) нагирад, арзиши амалиёти андозбандишаванда нархи бозории ин мол (кор ва хизматрасонӣ), аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ё пардохтҳои дигарро бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда дар бар мегирад.
4. Дар сурати бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода гардидани мол (кор ё хизматрасонӣ), инчунин, ҳангоми таҳвили мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) ба ҳама гуна шахсон (аз ҷумла кормандони худ), арзиши амалиёти андозбандишаванда нархи бозории ин мол (кор ва хизматрасонӣ), аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ё пардохтҳои дигарро бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда дар бар мегирад.
5. Дар ҳолати таҳвили мол бо шартҳои пардохти ба муҳлатҳо ҷудогардида арзиши амалиёти андозбандишаванда ҳаҷми умумии маблағи пардохтшавандаро, сарфи назар аз ҷадвали пардохтҳои дар шартнома муқарраршуда, дар бар мегирад.
6. Дар сурати фурӯхтани (бегона кардани) молу мулки ба гарав гузошташуда арзиши чунин амалиёти андозбандишавандаи гаравдиҳанда арзиши бозории молу мулки ба гарав гузошташуда (ё бегонашаванда), аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ё пардохтҳои дигарро бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда дар бар мегирад.
7. Арзиши амалиёти андозбандишавандаи молҳои воридотӣ ҳангоми таҳвили минбаъда наметавонад аз арзиши воридоти андозбандишаванда кам бошад. Дар ҳолатҳои ба миён омадани фарқияти манфии арзиши амалиёти андозбандишавандаи моли воридшуда чунин фарқият барои ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда баробари сифр қабул карда мешавад.
8. Агар андозсупоранда амалиёти бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандишавандаро мутобиқи сархатҳои якум, дуюм ва чоруми қисми 13 моддаи 269 Кодекси мазкур дар алоҳидагӣ бе ҷудо намудани маблағи андоз дарҷ намояд, арзиши амалиёти андозбандишаванда ва ҳиссаи андоз ба истиснои ҳолатҳое, ки тартиб додани ҳисобнома-фактура ҳатмӣ мебошад, бо формулаҳои зерин ҳисоб карда мешавад:
1) арзиши амалиёти андозбандишаванда:
А-АхБ/(100+Б),
дар ин ҷо: A - маблағи умумии амалиёти андозбандишаванда;
Б - меъёри андоз аз арзиши иловашуда барои амалиёт;
2) маблағи андоз аз арзиши иловашуда дар амалиёти андозбандишаванда:
АхБ/(100 + Б),
дар ин ҷо: A - маблағи умумии амалиёти андозбандишаванда;
Б - меъёри андоз аз арзиши иловашуда барои амалиёт.
9. Агар супорандаи андоз аз арзиши иловашуда амалиёти андозбандишавандаро бо арзиши иловашуда ба супорандаи дигари чунин андоз бе ҷудо намудани маблағи андоз анҷом диҳад, маблағи андоз аз арзиши иловашудаи баҳисобгирифташаванда мутобиқи муқаррароти қисми 8 ҳамин модда муайян карда мешавад.
Моддаи 249. Тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда
1. Муқаррароти ҳамин модда нисбат ба амалиёти андозбандишавандаи андозсупоранда баъд аз анҷом додани амалиёти андозбандишаванда дар ҳолатҳои зерин амалӣ мегарданд:
- бекор гардидани амалиёт ё тағйир ёфтани шартҳои он;
- тағйир ёфтани арзиши амалиёти андозбандишаванда;
- тағйир ёфтани ҷуброни мувофиқашуда барои амалиёт бо сабаби тағйирёбии нарх ё бо ҳар сабаби дигар;
- пурра ё қисман баргардонидани мол ба андозсупоранда;
- қабул нагардидани иҷрои кор ё хизматрасонии анҷомдодашуда.
2. Дар ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда андозсупоранда уҳдадор аст ҳисобнома-фактура оид ба андоз аз арзиши иловашудаи иловагӣ (тасҳеҳӣ) тартиб дода, тибқи талаботи қисми 2 моддаи 265 ва қисми 8 моддаи 266 Кодекси мазкур эъломияи тасҳеҳӣ пешниҳод намояд.
3. Тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда дар асоси ҳисобнома-фактураи иловагӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда ё ҳуҷҷатҳои дигаре, ки фаро расидани ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишударо баъд аз анҷом додани амалиёти андозбандишаванда тасдиқ менамоянд, анҷом дода мешавад.
Моддаи 250. Арзиши воридоти андозбандишаванда
1. Арзиши гумрукии молҳо, ки мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, аз ҷумла андозҳо, боҷи гумрукӣ, пардохти махсус ва хироҷ, ки пардохти онҳо ҳангоми воридоти молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда арзиши воридоти андозбандишаванда ҳисобида мешавад. Дар ҳар сурат арзиши гумрукии мол наметавонад аз арзиши яклухти мол, ки тибқи омори расмӣ тасдиқ шудааст, зиёд бошад.
2. Агар мол аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмир, барқарорсозӣ ё такмил содирот шуда бошад, ҳангоми воридоти дубораи он арзиши воридоти андозбандишаванда маблағи афзоиши арзиши моли содиротшуда дониста мешавад, агар шакл ё хусусияти мол ва ҳуқуқи моликият ба мол аз лаҳзаи содирот тағйир наёбад.
БОБИ 39. ОЗОДКУНИҲОИ АНДОЗӢ
Моддаи 251. Озод кардан аз андоз
1. Агар таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуда бошад, он амалиёти андозбандишаванда дониста намешавад ва арзиши онҳо аз ҷониби андозсупоранда ба амалиёти андозбандишаванда дохил карда намешавад. Инчунин, воридоти молҳое, ки аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд, ба истиснои фурӯш ва таҳвили минбаъдаи онҳо дар дохили кишвар, ба арзиши воридоти андозбандишаванда дохил карда намешавад.
2. Таҳвили мол (ба ғайр аз содироти мол), иҷрои кор ва хизматрасонии зерин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудаанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд:
1) фурӯш, супоридан ё иҷораи молу мулки ғайриманқул, ба истиснои ҳолатҳои зерин:
а) фурӯш ё супоридани бинои меҳмонхонаҳо ё манзилгоҳ барои истироҳаткунандагон;
б) фурӯш ё супоридани биноҳои истиқоматии нави сохташуда;
в) фурӯш ё иҷораи молу мулки ғайриманқул, ки барои мақсадҳои соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд, ба истиснои фурӯш ё гузашт намудани ҳуқуқ мутобиқи моддаи 247 Кодекси мазкур.
2) хизматрасонии молиявӣ бар ивази подошпулӣ, ки номгӯи онҳоро Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд, аз ҷумла молу мулки моддии истеҳлокшаванда тибқи амалиёти иҷораи молиявӣ, ба истиснои таҳвили предмети иҷораи молиявӣ;
3) таҳвили пули миллӣ ва асъор (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматикӣ);
4) хизматрасонии муассисаҳои динӣ;
5) хизматрасонии тиббии муассисаҳои давлатӣ, ба истиснои хизматрасониҳои косметологӣ, дандонпизишкӣ ва санаторию курортӣ;
6) хизматрасонии зерини муассисаҳои давлатии аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар соҳаи маориф:
а) таҳсилоти томактабӣ;
б) таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ;
в) таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ;
г) таҳсилоти олии касбӣ;
д) таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
е) таҳсилоти иловагӣ ва махсус;
7) ройгон супоридани (даст кашидан аз) мол ба манфиати давлат, таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) ба сифати кумаки башардӯстона;
8) таҳвили моле (иҷрои кор, хизматрасоние), ки бевосита аз ҷониби муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё корхонаҳои давлатие, ки ба системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд, анҷом дода шудааст;
9) таҳвили маҳсулоти махсуси истифодаи инфиродӣ барои маъюбон мувофиқи номгӯе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
10) таҳвили (фурӯши) либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ, ки номгӯи онҳо бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илм дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
11) таҳвили (фурӯши) маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ, ки номгӯи онҳо бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Таҳвили металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, алюминийи аввалия, консентратҳои захираҳои табиӣ, маъданҳои молӣ, оҳанпораи металлҳои сиёҳу ранга ва металлҳои дигари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, сабикаҳои ченакӣ аз металлҳои қиматбаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, пилла, нахи пахта, калобаи пахта, пахтаи коркарднашуда, аз ҷумла барои содирот, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
4. Намудҳои зерини воридот аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд:
- воридоти пули миллӣ ё асъор (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматикӣ), инчунин, коғазҳои қиматнок;
- воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо;
- воридоти молҳое, ки ройгон ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, воридоти молҳо ба сифати кумаки башардӯстона, воридоти молҳое, ки ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ барои мақсадҳои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо ройгон дода мешаванд;
- воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг), барои ташаккул ё пурра кардани фонди (сармояи) оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда, ба шарте ки ин молу мулк мустақиман барои истеҳсоли мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона истифода шуда, ба категорияи молҳои зераксизӣ мансуб набошад. Дар сурати барҳамдиҳии чунин корхона ё аз ҷониби ин корхона дар давоми ду сол аз лаҳзаи воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода нашудан ё ба шахси дигар таҳвил намудани таҷҳизоти истеҳсолии технологӣ ва маҳсулоти такмилие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, андоз аз арзиши иловашуда, ки мутобиқи ҳамин сархат пардохта нашудааст, ба буҷет бе амалисозии баҳисобгирӣ мутобиқи моддаи 266 Кодекси мазкур ситонида мешавад, ба истиснои воридоти чунин таҷҳизот дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг);
- воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ, технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти муосири ташхису табобат, дорувории тиббӣ, ба истиснои дорувории тиббии дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ки тартиб ва номгӯи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- воридоти молҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои созишномаҳои грантӣ ва қарзӣ;
- воридоти молҳо барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим, ба истиснои молҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшавандае, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- воридоти таҷҳизоту техника, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи дигар барои таъмини эҳтиёҷоти иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва иншооти дигари сайёҳӣ), ба истиснои молҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда. Рӯйхати иншооти сайёҳӣ, номгӯй ва миқдори таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонии воридшаванда ва маводи дигар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
- воридоти молҳо (ба истиснои молҳои зераксизӣ) барои истеҳсоли алюминийи аввалия бевосита аз ҷониби истеҳсолкунандагон тибқи номгӯй ва ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- воридоти алюминийи аввалия;
- воридоти техникаи ҳарбӣ, агрегатҳои асосӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиавӣ, инчунин, қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо, арзиши хизматрасонӣ ва таъмир;
- воридоти молҳои махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мутобиқи номгӯе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва (ё) воридоти молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худии субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво;
- воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба истиснои ашёи хоми дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, ки тартиб ва номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
5. Воридот ва таҳвили минбаъдаи техника ва таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии зерин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд, ба истиснои воридоти қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад:
- техникаҳои кишоварзӣ;
- қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии техника ва мошинолоти кишоварзӣ аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда (истеҳсолкунанда) барои истеҳсол, инчунин, фӯруши моли (маҳсулоти) ниҳоии истеҳсолшуда;
- қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии автомобилҳои сабукрав, боркашу борбардор аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда (истеҳсолкунанда) барои истеҳсоли худӣ.
6. Воридот ва таҳвили минбаъдаи автомобилҳои нав бевосита аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда (аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаи онҳо то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад) бо мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 аз пардохти 50 фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашудаи дар банди 1) қисми 1 моддаи 264 ва қисми 4 моддаи 397 Кодекси мазкур муқарраршуда озод карда мешаванд.
Моддаи 252. Андозбандии ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ
1. Хизматрасонии нақлиётӣ ё хизматрасонии дигар, ё иҷрои корҳои марбут ба ҳамлу нақли байналмилалии борҳо ва мусофирон, инчунин, таҳвили сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва маҳсулоти дигари ҳангоми парвозҳои байналмилалӣ дар киштиҳои ҳавоии ватанӣ ва (ё) хориҷӣ барои анҷоми ҳамлу нақли байналмилалӣ истифодашаванда аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд. Таҳти мафҳуми ҳамлу нақли байналмилалӣ кашондани бор ва мусофирон фаҳмида мешавад, ки яке аз маҳалҳои ҳаракат ё таъинот берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошад.
2. Барои мақсадҳои ҳамин модда иҷрои кор ва хизматрасонии зерин ҳамлу нақли байналмилалӣ дониста мешаванд:
- кор, хизматрасонии нақлиётӣ (боркашонӣ, ҳамлу нақл), борбардорӣ, борфарорӣ, азнавборкунӣ, ирсоли моле, ки аз (ба) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад, инчунин, моле, ки тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун транзит интиқол дода мешавад;
- кор, хизматрасонии нақлиётӣ, техникӣ, аэронавигатсионӣ, фурудгоҳии хатсайрҳои байналмилалии ҳавоӣ, тиҷоратӣ, инчунин, кору хизматрасонӣ вобаста ба интиқоли почта, мусофирон, бағоҷ аз (ба) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои даромад аз хизматрасонии вобаста ба фурӯши билетҳои ҳавопаймо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатсайрҳои ҳавоии байналмилалӣ мутобиқи шартномаҳои комиссионӣ ё шартномаҳои дигари шабеҳ.
3. Дар ҳолати иҷрои кор ва хизматрасонии дар сархати якуми қисми 2 ҳамин модда зикргардида озод намудан аз андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми риояи шартҳои зерин амалӣ мегардад:
- мавҷудияти шартнома оид ба иҷрои кор, хизматрасонӣ, ки бевосита бо таҳвилкунандаи мол ба имзо расонида шудааст;
- мутобиқи талаботи ягонаи байналмилалии ҳамлу нақл ба расмият даровардани ҳамлу нақли бор ва мусофирон;
- мавҷудияти эъломияи гумрукии бори молҳое, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, таҳти низоми гумрукии «Транзити гумрукии байналмилалӣ» ба расмият дароварда шудаанд.
4. Ҳангоми иҷро намудани кор ва хизматрасонии дар сархати дуюми қисми 2 ҳамин модда зикргардида озод намудан аз андоз аз арзиши иловашуда дар ҳолати риоя гардидани шартҳои зерин амалӣ мегардад:
- мавҷуд будани шартнома оид ба иҷрои кор, хизматрасонӣ, ки бевосита бо қабулкунандаи (фармоишгари) кор, хизматрасонӣ ба имзо расонида шудааст;
- агар барасмиятдарории ҳамлу нақли бор ва мусофирон мутобиқи ҳуҷҷатҳои ягонаи боркашонӣ ва мусофиркашонии байналмилалӣ анҷом дода шуда бошад.
5. Ҳамлу нақл ва хизматрасонии марбут ба боркашониҳои транзитии дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 253 Кодекси мазкур зикргардида аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
6. Муқаррароти ҳамин модда танҳо нисбат ба давлатҳое, ки низоми озодкунӣ аз андоз аз арзиши иловашударо нисбат ба хизматрасонии нақлиётӣ ё хизматрасонии дигар ё иҷрои корҳои марбут ба боркашонӣ ва мусофиркашонии байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода менамоянд, татбиқ мегарданд.
Моддаи 253. Хусусиятҳои андозбандӣ ҳангоми интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба интихоби низоми гумрукӣ ва риояи шартҳои он, бо тартиби зерин андозбандӣ карда мешавад:
- ҳангоми таҳти низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод» қарор додани мол андоз аз арзиши иловашуда дар ҳаҷми пурра пардохт карда мешавад;
- ҳангоми таҳти низоми гумрукии «Реимпорт» қарор додани мол аз ҷониби андозсупоранда маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки мутобиқи Кодекси мазкур аз пардохт озод карда шудааст ё вобаста ба содироти мол бояд аз тарафи ӯ баргардонида шавад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад;
- ҳангоми таҳти низомҳои гумрукии «Транзити гумрукии байналмилалӣ», «Анбори гумрукӣ», «Реэкспорт», «Савдои бебоҷ», «Коркард дар ҳудуди гумрукӣ», «Минтақаи озоди гумрукӣ», «Анбори озод», «Нобудкунӣ», «Даст кашидан ба манфиати давлат», «Интиқоли захираҳо» ва таҳти низомҳои гумрукии махсус қарор додани мол андоз аз арзиши иловашуда пардохт карда намешавад;
- ҳангоми таҳти низоми гумрукии «Коркард дар ҳудуди гумрукӣ» қарор додани мол андозсупоранда бо қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шартан аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда пурра озод карда мешавад;
- ҳангоми таҳти низоми гумрукии «Воридоти муваққатӣ» қарор додани мол андозсупоранда бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда пурра ё қисман озод карда мешавад;
- ҳангоми ворид намудани маҳсулоти коркарди моле, ки таҳти низоми гумрукии «Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ» берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, андозсупоранда бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда пурра ё қисман озод карда мешавад;
- ҳангоми таҳти низоми гумрукии «Коркард барои муомилоти озод» қарор додани мол андоз аз арзиши иловашуда аз арзиши гумрукии маҳсулоти коркард пардохт карда мешавад.
2. Ҳангоми содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
- ҳангоми содироти мол таҳти низоми гумрукии «Содирот» берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт карда намешавад ё маблағҳои пардохтшудаи андоз аз арзиши иловашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур баргардонида ё ба ҳисоб гирифта мешаванд. Тартиби мазкур, инчунин, нисбат ба содироти мол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низоми гумрукии «Содирот» нисбат ба он моле, ки дар лаҳзаи содирот таҳти низоми гумрукии «Анбори гумрукӣ», «Анбори озод» ё «Минтақаи озоди гумрукӣ» қарор дорад, амалӣ карда мешавад;
- ҳангоми содироти моли хориҷии таҳти низоми гумрукии «Реэкспорт» қарордошта маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда шудааст, бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур ба андозсупоранда баргардонда мешавад;
- ҳангоми содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дигар низомҳои гумрукӣ, ки дар сархатҳои якум ва дуюми ҳамин қисм пешбинӣ нашудаанд, муқаррарот дар бораи аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудан ва (ё) баргардонидани маблағҳои пардохтшудаи чунин андоз амалӣ карда намешаванд, агар қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
3. Ҳангоми аз ҷониби шахсони воқеӣ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сарҳади гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи шахсӣ интиқол додани мол андоз аз арзиши иловашуда пардохт карда намешавад. Дар сурати аз меъёрҳои муқаррарнамуда зиёд будани моли барои истифодаи шахсӣ интиқолшаванда арзиши барзиёдии чунин мол бо тартиби умумии муқарраршуда андозбандӣ гардида, барасмиятдарории он тибқи муқаррароти Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Тартиб ва меъёри воридоти мол барои истифодаи шахсӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
4. Дар ҳолати риоя накардани шартҳои низоми гумрукии интихобгардида андозсупоранда уҳдадор аст, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи андоз ва фоизҳои ҳисобшударо пардохт намояд.
Моддаи 254. Андозбандии содироти мол
1. Содироти мол, ба истиснои содироти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, алюминийи аввалия, консентратҳои сарватҳои табиӣ, маъданҳои молӣ, оҳанпораи металлҳои сиёҳу ранга ва металлҳои дигари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, сабикаҳои ченакӣ аз металлҳои қиматбаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, пилла, нахи пахта, калобаи пахта, пахтаи коркарднашуда, молҳои дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда бо меъёри сифрии андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ карда мешаванд.
2. Дар сурати дар муҳлати 90 рӯзи тақвимӣ аз санаи дар мақомоти гумрук таҳти низоми гумрукии «Содирот» ба расмият даровардани мол ё ҳангоми содироти мол тавассути хатҳои интиқоли қувваи барқ ё бо истифодаи расмиёти эъломияи нопурраи даврӣ тасдиқ нагардидани содироти мол мутобиқи моддаи 255 Кодекси мазкур, таҳвили чунин мол аз рӯи меъёри мусбати дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 ва қисмҳои 3-4 моддаи 264 Кодекси мазкур зикргардида бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ мегардад.
Моддаи 255. Тасдиқи содироти мол
1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти мол инҳо мебошанд:
- эъломияи гумрукии бор, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст;
- шартномаи таҳвили мол;
- нусхаи ҳисобнома-фактура, борхат, коносамент бо қайди мақомоти гумруки дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида. Дар ҳолати таҳти низоми гумрукии «Содирот» тавассути хатҳои интиқоли қувваи барқ, инчунин, санади қабул ва супоридани мол пешниҳод карда мешавад;
- ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ва иқтибос аз ташкилоти қарзии молиявӣ (нусхаи иқтибос), ки воридоти воқеии даромади асъорро аз содироти мол ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.
2. Дар ҳолати анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ оид ба мубодилаи мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), андозсупоранда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз рӯи амалиётҳои зикргардида гирифта шудаанд, инчунин, ба ҳисоб гирифтани онҳоро пешниҳод мекунад.
3. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти мол ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳуҷҷатҳои дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардида, инчунин, нусхаи эъломияи гумрукии бори дар кишвари воридоти мол барасмиятдаровардашуда мебошанд. Мутобиқи созишномаҳои байналмилалии андоз метавонад тартиби дигари тасдиқи содироти мол муқаррар карда шавад.
4. Дар ҳолати амалӣ намудани содироти минбаъдаи моли қаблан берун аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии «Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ» баровардашуда ё маҳсулоти коркарди он, тасдиқи содирот мутобиқи қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда, инчунин, дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин анҷом дода мешавад:
- эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми гумрукии «Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ» ба расмият дароварда шудааст;
- эъломияи гумрукии бор, ки мутобиқи он низоми гумрукии «Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ» ба низоми гумрукии «Содирот» тағйир дода шудааст;
- нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки дар ҳудуди давлати ҳориҷӣ таҳти низоми гумрукии «Коркард дар ҳудуди гумрукӣ» ба расмият дароварда шудааст;
- нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми гумрукии «Содирот» ҳангоми баровардани мол ё маҳсулоти коркарди он аз ҳудуди давлати коркарди мол ба расмият дароварда шудааст ва онро мақомоти гумруки барасмиятдароварда тасдиқ кардааст.
5. Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти мол ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ дар давоми 120 рӯзи тақвимӣ аз санаи қайди мақомоти гумруки дар сархати якуми қисми 1 ҳамин модда зикргардида андозсупоранда ҳуқуқ дорад андози мутобиқи қисми 2 моддаи 254 Кодекси мазкур пардохтшударо баргашта гирад. Дар акси ҳол, андозсупоранда барои баргашта гирифтани андозе, ки мутобиқи қисми 2 моддаи 254 Кодекси мазкур пардохт шудааст, ҳуқуқ надорад.
БОБИ 40. САНА ВА МАҲАЛЛИ АНҶОМ ДОДАНИ АМАЛИЁТИ
АНДОЗБАНДИШАВАНДА ВА ҚОИДАҲОИ МАХСУС
Моддаи 256. Санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда
1. Санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи пешниҳод гардидани ҳисобнома-фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо дониста мешавад, агар дар моддаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
2. Агар ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо то ё дар лаҳзаи (рӯзи) амалӣ шудани амалиёти андозбандишаванда пешниҳод карда нашавад, муқаррароти қисми 1 ҳамин модда амалӣ намегарданд ва рӯзҳои зерин вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда дониста мешаванд:
- рӯзи қабул, фурӯхтан ё супоридани мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ);
- рӯзи боркунии мол, агар таҳвили мол тибқи шартнома ҳамлу нақли молро дар бар гирад.
3. Агар маблағ барои таҳвили мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) то фарорасии муҳлати дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда пешпардохт гардида бошад ва дар давоми панҷ рӯзи баъд аз пешпардохт аз ҷониби таҳвилгар ба харидор ҳисобнома-фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо пешниҳод нагардад, муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда нисбат ба ин амалиёт татбиқ карда намешаванд. Дар ин ҳолат санаи пешпардохт амалиёти андозбандишаванда дониста мешавад.
4. Барои мақсадҳои қисми 3 ҳамин модда, агар барои амалиёти андозбандишаванда ду ва ё зиёда аз он пешпардохт анҷом дода шуда бошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 ҳамин модда, ҳар як пешпардохт ҳамчун амалиёти алоҳидаи андозбандишаванда дониста мешавад.
5. Агар хизматрасонӣ мунтазам амалӣ гардад, пас санаи амалиёти андозбандишаванда барои ҳар давраи ҳисоботӣ яке аз санаҳои зерин, ки амалиёт пештар анҷом дода шудааст, дониста мешавад:
- санаи пешниҳоди ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо;
- санаи пешниҳоди ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо барои пардохти арзиши молҳо дар асоси шартҳои лизинги молиявӣ;
- санаи пардохти ҳаққи хизматрасонӣ.
6. Дар ҳамаи ҳолатҳо барои мақсадҳои қисми 5 ҳамин модда, новобаста ба муқаррароти моддаи мазкур, таҳвилгар уҳдадор аст, ки ҳисобнома-фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳоро барои ҳар як моҳ на дертар аз рӯзи 10-уми моҳи баъд аз моҳи ҳисоботӣ пешниҳод намояд. Агар ҳисобнома-фактура дар муҳлати муқаррарнамудаи ҳамин қисм пешниҳод нагардад ва пардохт анҷом дода нашавад, пас санаи хизматрасонии анҷомдодашуда рӯзи охирини моҳи ҳисоботӣ дониста мешавад. Муқаррароти ҳамин қисм нисбат ба таҳвили мол тибқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) низ татбиқ мегарданд.
7. Дар ҳолати татбиқ гардидани муқаррароти қисми 3 моддаи 246 Кодекси мазкур санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи истифодабарии мол (кор ва хизматрасонӣ) дониста мешавад.
8. Дар ҳолати дар қисми 4 моддаи 246 Кодекси мазкур зикргардида санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи таҳвили мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) ба кормандон ва шахсони дигар дониста мешавад.
9. Санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда оид ба таҳвили алоқаи барқӣ, қувваи барқ, гармӣ, газ, об ва хизматрасонии дигари мунтазам анҷомёбанда санаҳои дар қисмҳои 5 ва 6 ҳамин модда зикргардида, дониста мешавад.
10. Барои мақсадҳои ҳамин боб, сарфи назар аз муқаррароти қисми 3 ҳамин модда, санаи муайян намудани амалиёти андозбандишаванда ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ яке аз санаҳои зерин, ки амалиёт пештар анҷом дода шудааст дониста мешавад:
- санаи гирифтани (ба даст овардани ҳуқуқ барои гирифтани) пардохти ҷорӣ аз фармоишгар;
- санаи қисман (пурра) иҷро намудани корҳои сохтмонию васлкунӣ, ки дар баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботҳои андозсупоранда сабт шудаанд.
11. Санаи таҳвили мол (кор ва хизматрасонӣ) тавассути ҳама гуна дастгоҳи худкори пардохтӣ ё таҷҳизоти дигаре, ки пардохти онҳо бо маблағҳои нақдӣ, кортҳои пластикӣ ва жетон анҷом дода мешавад, санаи гирифтани мол (кор ва хизматрасонӣ) дониста мешавад.
Моддаи 257. Маҳалли таҳвили мол
1. Маҳалли таҳвили мол макони ҷойгиршавии мол дар лаҳзаи таҳвил (супоридан) ё лаҳзаи ба ихтиёри харидор гузаштани мол эътироф мешавад. Агар мол тавассути нақлиёти харидор ё ташкилоти нақлиётӣ расонида шуда бошад, пас маҳалли таҳвили мол макони ҷойгиршавии мол дар лаҳзаи оғози интиқол дониста мешавад.
2. Ҳангоми таҳвили қувваи барқ, гармӣ ва газ макони гирифтани чунин мол маҳалли таҳвил дониста мешавад. Дар ҳолати содироти чунин мол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли таҳвил Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.
Моддаи 258. Иҷрои кор ё хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Кор ё хизматрасонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта дониста мешавад, агар маҳалли фаъолияте, ки иҷрои кор ё хизматрасонӣ анҷом дода мешавад, Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 2 ҳамин модда муқаррар шудаанд.
2. Агар иҷрои кор ё хизматрасонӣ аз ҷониби шахси берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта анҷом дода шавад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи доимӣ надорад ва иҷрои кор ё хизматрасониро ба шахсе, ки мутобиқи моддаи 260 Кодекси мазкур агенти андоз намебошад, анҷом дода бошад, маҳалли иҷрои кор ё хизматрасонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта дониста мешавад, агар яке аз муқаррароти зерин нисбат ба ин шахс амалӣ карда шавад:
1) иҷрои кор ё хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсе амалӣ карда шавад, ки ҳангоми иҷрои ин кор ё хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;
2) иҷрои кор ё хизматрасонӣ тавассути хизматрасонии фосилавӣ ба резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти қисми 3 ҳамин модда анҷом дода шуда бошад;
3) хизматрасонӣ хизматрасонии алоқаи барқиро дар бар гирад ва аз ҷониби шахси хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳузурдошта ба номи худ ё ба номи шахси дигар оғоз намояд, ба истиснои хизматрасонии алоқаи барқие, ки тавассути яке аз таҳвилгарони зерин амалӣ шудаанд:
а) таҳвилкунандаи дохилии хизматрасонии алоқаи барқӣ;
б) шахсе, ки роуминги ҷаҳониро дар давоми муваққатан қарор доштан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода менамояд;
4) хизматрасонӣ бо молу мулки ғайриманқули Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд бошад;
5) харидори кор (хизматрасонӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намояд.
3. Барои мақсадҳои банди 2) қисми 2 ҳамин модда резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ дониста мешавад, агар на камтар аз ду талаботи сархатҳои зерин ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намоянд:
- суроғаи биллингии қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ;
- суроғаи шабакавӣ ё протоколи интернетии (IP) таҷҳизоти қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ ё усули дигари муайянкунандаи мавқеи ҷуғрофии (геолокатсионӣ) қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ;
- маълумоти (реквизитҳои) бонки қабулкунанда, аз ҷумла суратҳисоби бонкӣ ё биллингӣ барои пардохт;
- рамзи мобилии рақами мушаххаси байналмилалии муштарии мобилӣ, ки дар харитаи модули мушаххаскунандаи муштарии аз тарафи қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ истифодашаванда нигоҳ дошта мешавад;
- маҳалли ҷойгиршавии хатти статсионарии қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ, ки тавассути он ба қабулкунанда хизматрасонӣ анҷом дода мешавад;
- ҳама гуна иттилооти дигари тиҷоратие, ки ба резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон будани қабулкунанда ишора менамояд.
4. Агар аз рӯи ду талаботи дар қисми 3 ҳамин модда зикргардида қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва ду талаботи дигар маҳалли ҷойгиршавии чунин резидентро дар давлати дигар ишора намояд, пас таҳвилкунанда бояд резидентии қабулкунандаи хизматрасонии фосилавиро дар асоси нишондиҳандаҳои нисбатан боэътимод муайян кунад.
5. Шахси ҳуқуқии хориҷӣ нисбат ба қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, набояд амалиётро мутобиқи муқаррароти моддаи 260 Кодекси мазкур анҷом диҳад, агар аз ҷониби чунин резидент маълумотномаи тасдиқкунанда дар бораи ҳамчун агенти андоз эътироф гардидани ӯ пешниҳод нагардида бошад. Агар агенти андоз ҳамчун қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ дониста шавад, нисбат ба анҷом додани хизматрасонии фосилавӣ муқаррароти моддаи 259 Кодекси мазкур амалӣ карда мешаванд.
6. Барои мақсадҳои банди 3) қисми 2 ҳамин модда шахсе, ки таҳвили хизматрасонии алоқаи барқиро анҷом медиҳад, шахсе мебошад, ки ҳамчун шахси дастраскунандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ муайян карда шуда, оғози таҳвили чунин хизматрасониро назорат мекунад. Агар таҳвилкунандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ шахси назораткунандаи оғози чунин хизматрасониро муайян карда натавонад, пас шахси назораткунандаи оғози хизматрасонӣ яке аз шахсони зерин ҳисобида мешавад:
- шахсе, ки хизматрасониро пардохт мекунад;
- шахсе, ки барои анҷом додани хизматрасонӣ шартнома мебандад;
- шахсе, ки ба ӯ ҳисобнома-фактура барои пардохти ҳаққи хизматрасонӣ фиристода шудааст.
7. Агар таҳвилгар ҳамчун ташаббускори хизматрасонӣ дар зиёда аз яке аз сархатҳои қисми 6 ҳамин модда муайян шуда бошад, пас шахсе, ки хизматрасониро таҳвил медиҳад, шахсе дониста мешавад, ки аз рӯи тартиби пайдарҳамии ин сархатҳо якум ҳисобида мешавад.
8. Дар ин модда ва моддаи 259 Кодекси мазкур маҳфумҳои зерин чунин маъно доранд:
1) хизматрасонии фосилавӣ кор ё хизматрасоние мебошад, ки дар маҳалҳои зерин иҷро ё расонида мешавад:
а) маҳалли иҷрои воқеии хизматрасонӣ ё кор;
б) маҳалли ҷойгиршавии қабулкунандаи хизматрасонӣ ё кор;
2) хизматрасонии алоқаи барқӣ интиқол, паҳн намудан ё қабули сигналҳо, сабтҳо, тасвирҳо, садоҳо ё ҳама гуна маълумотро тавассути сим, радио, ноқили нахи оптикӣ, низомҳои дигари электромагнитӣ ё тавассути низоми дигари техникии шабеҳ дар бар мегирад ва аз инҳо иборат аст:
а) гузашткунии дахлдори ҳуқуқ барои чунин интиқол, панҳнкунӣ ва ё қабулкунии маълумот; ё
б) пешниҳоди дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ё маҳаллӣ, ки таҳвил, таҳияи сабт, тасвирҳо, садоҳо ё иттилоотро дар бар намегирад.
Моддаи 259. Таъмини хизматрасонии фосилавӣ тавассути майдони электронии савдо
1. Дар ин модда «майдони электронии савдо» маънои вебсомона, интернет-портал, шлюз, мағозаи интернетӣ, платформаи савдо ё платформаи дигари шабеҳро дорад, ки идоракунии он ба таври электронӣ амалӣ гардида, тавассути он таҳвилкунандаи ибтидоӣ хизматрасонии фосилавиро тавассути шахси дигар (оператори майдони савдо) ба шахси сеюм (қабулкунанда) анҷом медиҳад, вале фаъолияти коркарди пардохтҳоро дар бар намегирад.
2. Муқаррароти моддаи мазкур дар ҳолатҳое амалӣ карда мешаванд, ки агар ҳамаи шартҳои зерин риоя карда шаванд:
1) таҳвилкунандаи ибтидоӣ - хизматрасониҳои фосилавиро тавассути майдони электронии савдо ба роҳ мемонад;
2) майдони электронии савдо аз ҷониби шахсе идора карда мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи доимӣ надорад ва амалиётҳои зеринро анҷом медиҳад:
а) пардохти маблағро ба қабулкунанда иҷозат медиҳад;
б) расондани молро ба қабулкунанда иҷозат медиҳад; ё
в) шартҳои анҷом додани таҳвилро муқаррар менамояд;
3) қабулкунандаи мол мутобиқи муқаррароти қисмҳои 3 ва 4 моддаи 258 Кодекси мазкур шахси воқеӣ-резидент мебошад.
3. Мутобиқи шартҳои қисми 2 ҳамин модда муқаррароти моддаи 258 Кодекси мазкур дар ҳолате амалӣ карда мешаванд, ки оператори майдони электронии савдо дар раванди анҷом додани фаъолияти андозбандишаванда таҳвилгари хизматрасонии фосилавӣ эътироф гардад.
4. Агар таҳвилгари ибтидоӣ ва оператори майдони электронии савдо ба мувофиқа омада бошанд, ки пардохти андоз аз арзиши иловашуда барои чунин амалиётҳо аз ҷониби таҳвилгари ибтидоӣ анҷом меёбад, муқаррароти қисми 3 ҳамин модда амалӣ карда намешаванд.
Моддаи 260. Андозбандии бозгашт
1. Андозбандии бозгашт – усули махсуси ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда мебошад, ки мутобиқи он ҳисобкунӣ ва пардохти андоз аз ҷониби харидор анҷом дода мешавад.
2. Муқаррароти моддаи мазкур дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешаванд, агар:
1) шахси берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли доимии фаъолият надорад (таҳвилгари хориҷӣ), ба шахси ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, хизматрасонӣ ва ё корро анҷом дода бошад;
2) хизматрасонӣ ва ё иҷрои кор аз ҷониби таҳвилгари хориҷӣ аз маҳалли фаъолияти ӯ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад;
3) хизматрасонӣ ва ё иҷрои кор аз ҷониби таҳвилгари хориҷӣ аз маҳалли фаъолияти ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад ва амалиётҳои мазкур амалиётҳои андозбандишаванда бошанд.
3. Дар сурати татбиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда агенти андоз аз маблағе, ки бояд ба таҳвилгари хориҷӣ пардохт карда шавад, андоз аз арзиши иловашударо дар манбаи пардохт нигоҳ медорад. Маблағи андоз бо истифодаи меъёрҳои муқаррарнамудаи бандҳои 1) (ва) ё 2) қисми 1 моддаи 264 Кодекси мазкур нисбат ба маблағе, ки бояд баъди нигоҳ доштани андоз ба таҳвилгари хориҷӣ пардохт шавад, муайян карда мешавад.
4. Агар агенти андоз барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шуда бошад, андози нигоҳдошташуда бояд ба буҷет пардохт карда шавад ва дар эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои моҳе, ки дар он амалиёт сурат гирифтааст, чун маблағи пардохтшаванда (бе ҳуқуқи баҳисобгирии маблағи андоз аз арзиши иловашуда) дарҷ карда шавад.
5. Агар агенти андоз барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта нашуда бошад, дар чунин ҳолат уҳдадор аст, ки дар давоми панҷ рӯз пас аз санаи пардохти маблағ ба таҳвилгари хориҷӣ андози нигоҳдошташударо ба буҷет пардохт кунад, инчунин, эъломияи андоз аз арзиши иловашударо то рӯзи 15-уми моҳи пас аз моҳи ҳисоботӣ ба мақомоти андоз пешниҳод намояд.
6. Муқаррароти қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда ҳангоми риоя шудани шартҳои қисми 7 моддаи мазкур нисбати шахс дар он ҳолат амалӣ карда мешаванд, ки хизматрасонӣ ё кор амалиёти алоҳидае бошад, ки пардохти он бо арзиши баробар ба арзиши бозории хизматрасонӣ ва ё иҷрои кор анҷом дода шавад.
7. Муқаррароти қисми 6 ҳамин модда дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешаванд, агар:
- шахс бо мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шуда бошад;
- шахс қисми фаъолияти соҳибкориро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад (қисми хориҷии фаъолият);
- қисми хориҷии фаъолияти шахс барои хизматрасонӣ ё иҷрои кор дар доираи фаъолияти шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад;
- хизматрасонӣ ва кори қаблан байни шахсони алоҳидаи дорои маҳалли фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашуда амалиёти андозбандишаванда ба ҳисоб равад.
Моддаи 261. Санаи воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт
Санаи воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 262. Амалиётҳои омехта
1. Таҳвили мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ), ки нисбат ба таҳвили асосии мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) хусусияти ёрирасон дорад, ҳамчун қисми таҳвили асосии мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) баррасӣ карда мешавад.
2. Агар амалиёт унсурҳои мустақил дошта, ду ва ё зиёда амалиёти зеринро дар бар гирад, амалиёти алоҳида ҳисобида мешавад:
- таҳвили моле (иҷрои кор ё хизматрасоние), ки бо меъёри стандартии андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ мешаванд;
- таҳвили моле (иҷрои кор ё хизматрасоние), ки бо андоз аз арзиши иловашуда аз рӯи меъёри аз меъёри стандартӣ фарқкунанда (аз ҷумла меъёри сифр ё пасткардашуда) андозбандӣ мешаванд;
- таҳвили моле (иҷрои кор ё хизматрасоние), ки аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шудаанд.
3. Хизматрасоние, ки ба арзиши моли воридотӣ илова мегардад, ҷузъи воридот ҳисобида мешавад, аммо танҳо дар сурате, ки арзиши моли воридотӣ арзиши чунин хизматрасониро дар бар гирад.
Моддаи 263. Амалиётҳое, ки тавассути шахси боваринок (агент) анҷом дода мешаванд
1. Таҳвили моле (иҷрои кор ё хизматрасоние), ки бо супориш ё аз номи шахси ваколатдиҳанда тавассути шахси бовариноки (агенти) чунин шахс анҷом дода мешавад, амалиёти иҷронамудаи шахси ваколатдиҳанда дониста мешавад, агар дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
2. Муқаррароти қисми 1 ҳамин модда нисбат ба подошпулиҳое, ки шахси боваринок (агент) аз хизматрасонӣ ба шахси ваколатдиҳанда мегирад, татбиқ карда намешаванд.
3. Муқаррароти қисми 1 ҳамин модда нисбат ба интиқоли мол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахси бовариноки (агенти) ғайрирезидент татбиқ карда намешаванд. Дар ин ҳолат барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда интиқоли мол амалиёти анҷомдодаи шахси боваринок (агент) дониста мешавад.
БОБИ 41. ТАРТИБИ ҲИСОБКУНӢ ВА ПАРДОХТИ АНДОЗ
Моддаи 264. Меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда ва тартиби ҳисоби он
1. Барои амалиётҳои андозбандишаванда ва воридоти андозбандишаванда меъёрҳои зерини андоз аз арзиши иловашуда муқаррар карда мешаванд:
1) меъёри стандартӣ - 15 фоиз;
2) меъёри пасткардашуда, ба истиснои воридоти андозбандишаванда ва таҳвили минбаъдаи моли воридшуда, нисбат ба иҷрои кори сохтмонӣ, хизматрасонии меҳмонхонавӣ ва хизматрасонии хӯроки умумӣ – 7 фоиз ва барои фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хизматрасонии таълимӣ ва фаъолияти оид ба хизматрасонии тиббӣ дар осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо бе ҳуқуқи баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда – 5 фоиз;
3) меъёри сифрӣ.
2. Меъёри сифрӣ нисбат ба амалиётҳои андозбандишавандаи дар моддаи 254 Кодекси мазкур муқарраршуда татбиқ карда мешавад.
3. Дар ҳолати аз ҷониби супорандаи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда анҷом додани воридоти андозбандишаванда, таҳвили минбаъдаи чунин моли воридшуда бо меъёри дар банди 1) қисми 1 ҳамин модда зикргардида андозбандӣ карда мешавад. Чунин андозсупоранда ҳуқуқ дорад маблағи ҳангоми воридот пардохтнамудаи андоз аз арзиши иловашударо мутобиқи моддаи 266 Кодекси мазкур ба ҳисоб гирад.
4. Ҳангоми аз ҷониби супорандаи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда ба моли дигар табдил додани моли воридотӣ андозбандии таҳвили минбаъдаи ҳиссаи моли табдилёфта мутаносибан ба вазни қиёсии молҳои воридшуда дар ҳаҷми умумии харид бо меъёри стандартӣ ва ҳиссаи боқимондаи чунин мол (табдилёфта) бо меъёри пасткардашуда андозбандӣ карда мешавад.
5. Супорандаи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда уҳдадор аст, ки тибқи талаботи моддаи 91 Кодекси мазкур баҳисобгирии ҷудогонаи объектҳои андозбандиро аз рӯи муомилоти андозбандишаванда ва воридоти андозбандишаванда амалӣ намояд.
6. Муомилоти андозбандишаванда аз арзиши умумии амалиёти андозбандишаванда дар давраи ҳисоботӣ иборат мебошад.
7. Маблағи андоз аз арзиши иловашуда бо роҳи зарб кардани арзиши муомилоти андозбандишаванда ба меъёри дахлдор муайян карда мешавад.
Моддаи 265. Андоз аз арзиши иловашудаи ба буҷет пардохтшаванда
1. Маблағи андоз аз арзиши иловашудаи дар давраи ҳисоботӣ ба буҷет пардохтшаванда фарқи мусбати байни маблағи андози тибқи банди 1) қисми 1 моддаи 264 Кодекси мазкур аз муомилоти андозбандишаванда бо назардошти маблағи андози тибқи қисми 4 моддаи 260 Кодекси мазкур ҳисобшуда ва маблағи андози мутобиқи моддаи 266 Кодекси мазкур барои ба ҳисоб гирифтан иҷозатдодашуда мебошад.
2. Агар маблағи андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшавандаи бо назардошти ҳолатҳои моддаи 249 Кодекси мазкур тасҳеҳшаванда нисбат ба маблағи воқеан дар эъломия нишондодашудаи андозсупоранда зиёд бошад, маблағи барзиёдӣ ҳамчун андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшавандаи дар давраи ҳисоботӣ тасҳеҳшаванда дониста шуда, дар ҳамин давраи ҳисоботӣ ба маблағи андози тибқи қисми 1 ҳамин модда пардохтшаванда илова карда мешавад.
Моддаи 266. Андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми муайян намудани пардохтҳо ба буҷет дар ҳолати истифодаи меъёри стандартӣ ба ҳисоб гирифта мешавад
1. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳангоми истифодаи меъёри стандартӣ маблағи андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшаванда ё пардохтшуда дар ҳолатҳои зерин баҳисобгирифташаванда дониста мешавад, агар:
- ба андозсупоранда ҳисобнома-фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо пешниҳод шуда бошад;
- дар давраи ҳисоботӣ санаи амалиёти воридоти андозбандишавандаи мол мутобиқи муқаррароти моддаи 261 Кодекси мазкур фаро расида, маблағи андоз аз арзиши иловашуда воқеан ба буҷет пардохт шуда бошад;
- амалиётҳои андозбандишаванда оид ба таҳвили мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) мутобиқи муқаррароти моддаи 256 Кодекси мазкур дар давраи ҳисоботӣ анҷом дода шуда бошанд;
- агар моли (кори ё хизматрасонии) дар ҳамин қисм пешбинишуда барои мақсадҳои фаъолияти соҳибкории андозсупоранда истифода шавад.
2. Баҳисобгирии маблағи андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба бақияи моли харидашудаи андозсупорандае, ки аз низоми содакардашуда ба низоми умумии андозбандӣ гузаштааст, иҷозат дода мешавад, агар маблағи андоз аз арзиши иловашуда аз даромадҳои андозбандишаванда тарҳ карда нашуда бошад.
3. Барои мақсадҳои қисми 1 ҳамин модда маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда дар ҳолатҳои зерин баҳисобгирифташаванда дониста мешаванд, агар:
- маблағи андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшаванда дар ҳисобнома-фактураҳои таҳвилкунанда дар алоҳидагӣ нишон дода шуда бошад;
- маблағи андоз аз арзиши иловашуда дар эъломияи гумрукии бор нишон дода шуда, ба буҷет пардохт гардида бошад ва мутобиқи шартҳои низоми гумрукӣ маблағи баргардониданашаванда бошад;
- маблағи андоз аз арзиши иловашуда дар ҳуҷҷатҳои пардохтии хариди билетҳои роҳкирои воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла роҳи оҳан, ҳавоӣ ва автомобилӣ, нишон дода шуда бошад;
- маблағи андоз аз арзиши иловашуда дар ҳуҷҷатҳои пардохтии таҳвилгарони хизматрасонии коммуналӣ нишон дода шуда, ҳисоббаробаркунии он тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ анҷом дода шавад.
4. Баҳисобгирии маблағи андоз аз арзиши иловашуда мутобиқи муқаррароти қисми 3 ҳамин модда дар моҳи ҳисоботие, ки мол (кор, хизматрасонӣ) гирифта шудаанд, анҷом дода мешавад.
5. Ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми воридоти мол ва амалиёти андозбандишаванда, ки андозсупоранда қисман барои фаъолияти соҳибкорӣ ва қисман барои мақсадҳои дигар истифода менамояд, дар асоси вазни қиёсии истифодабарии онҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ анҷом дода мешавад.
6. Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудае, ки пардохт шудааст (бояд пардохт шавад), дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода намешавад:
- ҳангоми хариди автомобилҳои сабукрав, ба истиснои фурӯхтан ва ба иҷора додани онҳо аз ҷониби шахсе, ки чунин амалиётҳо ҳамчун намуди асосии фаъолияти соҳибкории ӯ ба ҳисоб мераванд;
- агар хароҷот бо мақсади эҳсонкорӣ ва ё иҷтимоӣ, инчунин, хароҷоти фароғатӣ ё намояндагӣ анҷом дода шуда бошанд;
- агар дар ҳисобнома-фактураҳо маблағи андоз аз арзиши иловашудаи аз амалиётҳои андозбандишаванда алоҳида нишон дода нашуда бошад;
- агар ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол дар ҳуҷҷатҳои пардохтии маблағи андоз аз арзиши иловашуда реквизитҳои воридкунандаи молу маҳсулот (аз ҷумла ном, РМА, РЯМ) нишон дода нашуда бошанд;
- агар хароҷот барои иҷрои корҳои иктишофи геологӣ ва омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ анҷом дода бошанд;
- агар хароҷот барои харид, истеҳсол, сохтмон, насб ва васлкунӣ, инчунин, барои барқарор намудани (таъмири) воситаҳои асосии истеҳлокшаванда ва дороиҳои ғайримоддии истеҳлокшаванда, новобаста ба маблағи хароҷот, анҷом дода шуда бошанд;
- агар хароҷоти вобаста ба хариди мол (кор, хизматрасонӣ) ба шахсоне, ки воқеан чунин амалиётро анҷом надодаанд, ба расмият дароварда шуда бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки андозсупоранда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба буҷетро пешниҳод намояд;
- агар хароҷот аз рӯи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда анҷом дода шуда бошанд, ба истиснои хароҷоти вобаста ба воридоти андозбандишаванда барои шахсони дар қисми 3 моддаи 264 Кодекси мазкур зикргардида;
- агар аз ҷониби шахси хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии фосилавӣ бе таъсис додани муассисаи доимӣ анҷом дода шаванд.
7. Баҳисобгирии маблағи андоз аз арзиши иловашудаи андозсупорандае, ки дар фаъолияти худ амалиётҳои андозбандишаванда ва амалиётҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озод дорад, мутобиқи моддаи 268 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад. Баҳисобгирии маблағи андоз аз арзиши иловашудаи андозсупорандае, ки танҳо амалиёти озод дошта бошад, иҷозат дода намешавад.
8. Агар маблағи андоз аз арзиши иловашудаи пардохташавандаи харидор вобаста ба ҳолатҳои моддаи 249 Кодекси мазкур нисбат ба маблағи воқеан дар эъломия нишондодаи андозсупоранда зиёд бошад, барои давраи ҳисоботӣ баҳисобгирии маблағи барзиёдии андоз аз арзиши иловашудаи пешниҳодгардида иҷозат дода мешавад.
9. Баҳисобгирии маблағи андоз аз арзиши иловашуда аз рӯи ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, ки барои амалиётҳои қаллобӣ ё амалан иҷронашуда тартиб дода шудаанд, манъ аст ва маблағҳои қаблан баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашуда беэътибор дониста мешаванд.
10. Дар ҳолатҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 341 Кодекси мазкур баҳисобгирии маблағи андоз аз фурӯши алюминийи аввалия дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда иҷозат дода мешавад.
11. Сарфи назар аз муқаррароти моддаи мазкур, баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ки барои воридоти мол аз ҷониби супорандагони андоз аз арзиши иловашудаи бо фаъолияти савдои яклухт ва чакана, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурӯш машғулбуда пардохт гардидааст, танҳо дар давраи ҳисоботии фаро расидани амалиётҳои андозбандишаванда, иҷозат дода мешавад.
Моддаи 267. Тасҳеҳи маблағҳои баҳисобгирифташавандаи андоз аз арзиши иловашуда
1. Маблағи андоз аз арзиши иловашудае, ки қаблан ба ҳисоб гирифта шудааст, дар ҳолатҳои зерин аз маблағҳои минбаъдаи андоз аз арзиши иловашудаи баҳисобгирифташаванда хориҷ карда мешавад:
- ҳангоми на ба мақсадҳои муомилоти андозбандинашаванда истифода гардидани мол (кор, хизматрасонӣ);
- ҳангоми беэътибор донистани ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо мутобиқи муқаррароти қисми 9 моддаи 266 Кодекси мазкур;
- ҳангоми тағйир ёфтани арзиши моли (кори, хизматрасонии) қабулшуда дар ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи 249 Кодекси мазкур зикргардида;
- ҳангоми бекор гардидани бақайдгирии андозсупоранда ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба маблағи қаблан баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашудаи бақияи моли (кори, хизматрасонии) андозсупоранда;
- ҳангоми вайрон шудан ё талаф ёфтани мол, аз ҷумла воситаҳои асосӣ, ба истиснои ҳолатҳои вайрон шудан ё талаф ёфтани мол дар натиҷаи ҳодисаҳои фавқулода ва ба мақомоти андоз пешниҳод гардидани хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ё хулосаи (санади) экспертизаи мустақил ва санади муоинаи гумрукӣ, мутобиқи муқаррароти моддаи 363 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳангоми риоя нагардидани муқаррароти пешбининамудаи моддаи 269 Кодекси мазкур.
2. Барои мақсадҳои Кодекси мазкур:
а) вайрон шудани мол (молу мулк) – ин пурра ё қисман корношоям гардидани мол (молу мулк) ва ё сифати (хусусияти) ҷузъии он, ки дар натиҷа моли (молу мулки) барои муомилоти андозбандишаванда истифода шуда наметавонад;
б) талаф ёфтани мол (молу мулк) - ин рӯйдодест, ки дар натиҷаи он коҳишёбӣ ва (ё) нобудшавии мол (молу мулк) ба амал омадааст. Коҳишёбӣ ва (ё) нобудшавии моли (молу мулки) андозсупоранда дар доираи меъёрҳои талафоти табиии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаф ёфтани мол (молу мулк) намебошад.
3. Тасҳеҳи маблағҳои андоз аз арзиши иловашудаи баҳисобгирифташуда дар ҳамон давраи ҳисоботие гузаронида мешавад, ки дар он ҳолатҳои дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардида ба миён омадаанд.
Моддаи 268. Тартиби ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми амалиётҳои озодкардашуда
1. Агар мол (кор, хизматрасонӣ) барои амалиётҳои аз андоз озодкардашуда истифода шаванд, маблағи андоз аз арзиши иловашудаи ба таҳвилкунандагон пардохтшаванда ё ҳангоми воридот пардохткардашуда ба ҳисоб гирифта намешавад.
2. Ҳангоми дар як давраи ҳисоботӣ анҷом додани амалиётҳои андозбандишаванда ва аз андоз озодкардашуда баҳисобгирии маблағи андоз аз арзиши иловашуда бо усули мутаносибӣ барои давраи андоз муайян карда мешавад.
3. Маблағи андоз аз арзиши иловашудае, ки бо усули мутаносибӣ ба ҳисоб гирифта мешавад, аз рӯи ҳиссаи амалиётҳои андозбандишаванда дар ҳаҷми умумии амалиёт муайян карда мешавад.
Моддаи 269. Ҳисобнома-фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо
1. Шахси ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда бақайдгирифташуда ва ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият шомилнашуда, ки амалиёти андозбандишавандаро иҷро менамояд, дар санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда уҳдадор аст ба гирандаи (харидори) мол (кор ё хизматрасонӣ) ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳоро пешниҳод намояд, агар дар қисмҳои 9, 11, 12, 13 ва 14 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
2. Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ҳуҷҷатест, ки аз рӯи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда таҳия гардида, маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- номи ҳуқуқӣ ва ё фирмавӣ ва суроғаи андозсупоранда ва харидор (фармоишгар);
- рақами мушаххаси андозсупоранда ва харидор (фармоишгар);
- рақами ягонаи мушаххаси андозсупоранда ва харидор (фармоишгар);
- рақами шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашудаи андозсупоранда (таҳвилкунанда) ва санаи бақайдгирии он;
- номгӯи моли таҳвилшуда, ҳамлунақлшуда, интиқолшуда (иҷрои кор ва хизматрасонӣ);
- амалиёти пешпардохтшуда;
- маблағи амалиёти андозбандишаванда;
- маблағи андози аксиз аз мол ва хизматрасонии зераксизӣ;
- маблағи андоз аз арзиши иловашуда;
- санаи додани ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо;
- рақами тартибии ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо.
3. Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электронӣ тартиб дода шуда, ба супорандаи андоз аз арзиши иловашуда танҳо дар шакли электронӣ ва ба шахсони дигар, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда намебошанд, нусхаи чопии он ва ё дар шакли электронӣ ба ҳуҷраи шахсии чунин андозсупоранда ирсол карда мешавад.
4. Нусхаҳои чопии ҳисобнома-фактураҳо аз ҷониби шахсоне, ки ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шудаанд, мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур барои баҳисобгирии маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба эъломияи андоз замима карда мешаванд.
5. Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо дар шакли электронӣ тартиб дода шуда, дар реҷаи мустақим (онлайн) ба харидор дастрас гардида, дар махзани электронии маълумоти мақомоти андоз то ба анҷом расидан муҳлати даъво нигоҳ дошта мешаванд. Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо тавассути барномаи иттилоотӣ дар феҳрист дар шакли электронӣ ба қайд гирифта мешаванд.
6. Шакл ва тартиби пешбурди Феҳристи баҳисобгирии ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, ки дар қисми 5 ҳамин модда зикр гардидаанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.
7. Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо дорои силсила ва рақами дахлдор буда, аз ҷониби андозсупоранда бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар шакли электронӣ тартиб дода мешаванд. Шакли ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, аз ҷумла шакли иловагии он, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.
8. Андозсупоранда уҳдадор аст на дертар аз санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда (таҳвили мол, иҷрои кор, хизматрасонӣ) ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳоро ба харидори мол (фармоишгари кор, хизматрасонӣ) пешниҳод намояд. Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо бо имзои электронии шахси ваколатдори таҳвилдиҳанда тасдиқ карда мешавад.
9. Андозсупорандагоне, ки таҳвили қувваи барқ, об ва газ, хизматрасонии алоқа, хизматрасонии коммуналӣ, ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, хизматрасонии нақлиётӣ-экспедиторӣ ва амалиётҳои бонкии бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандишавандаро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд аз рӯи ҷамъбасти давраи андоз дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 5 моддаи 256 Кодекси мазкур ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳоро тартиб диҳанд.
10. Ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда дар ҳисобнома-фактура оид ба ҳар номгӯи мол (кор, хизматрасонӣ) алоҳида нишон дода мешавад.
11. Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо танҳо ҳангоми иҷрои амалиётҳои андозбандишаванда пешниҳод карда мешаванд. Агар таҳвили мол (иҷрои кор ва (ё) хизматрасонӣ) мутобиқи муқаррароти ҳамин фасл аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуда бошанд, ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо пешниҳод карда намешаванд. Дар чунин ҳолат, андозсупоранда ҳисобнома-фактураи шакли муҳосибии барои пардохт пешбинишударо тартиб медиҳад.
12. Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо барои амалиётҳои содиротӣ, бо назардошти муқаррароти қисми 2 ҳамин модда, маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- сабти тасдиқкунандаи таъиноти амалиёти содиротӣ;
- мамлакат ва маҳалли таъиноти содирот;
- меъёри амалишавандаи андоз аз арзиши иловашуда аз рӯи амалиёти содиротӣ.
13. Дар ҳолатҳои зерин тартиб додани ҳисобнома-фактураҳо талаб карда намешавад:
- ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасониҳои коммуналӣ (аз ҷумла таҳвили неруи барқ, неруи гармӣ, об, гази табиӣ), хизматрасонии алоқа, таълимӣ ва тиббӣ ба аҳолӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ, дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ ва (ё) дастгоҳҳои худкори пардохтӣ, ки барои баҳисобгирии муҳосибӣ асос мегарданд;
- ҳангоми ба расмият даровардани ҳамлу нақли мусофирон тавассути билетҳои роҳкиро;
- ҳангоми таҳвили моле (иҷрои коре, хизматрасоние), ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд;
- ҳангоми мутобиқи муқаррароти моддаи 277 Кодекси мазкур ба сифати супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифтани шахсони хориҷӣ.
14. Супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми фурӯши чаканаи мол ва иҷрои кору хизматрасонӣ ба харидори ниҳоие, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда намебошад, бар ивази ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо расиди (квитансияи) ташкилоти қарзии молиявӣ ё чеки дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ ва дастгоҳҳои худкори пардохтиро пешниҳод менамояд. Барои мақсадҳои қисми мазкур фурӯши чакана ҳамчун таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) барои истифодаи шахсӣ, манзилӣ ё истеъмолӣ таъин гардида, ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ бо нархи бозорӣ дониста мешавад.
15. Дастурамал оид ба тартиби истифодаи ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 270. Тартиб додани ҳисобнома-фактураҳои иловагӣ ҳангоми тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда
1. Ҳангоми тасҳеҳи ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда ҳисобнома-фактураи иловагӣ тартиб дода шуда, дар он маълумоти зерин дарҷ карда мешавад:
- рақами тартибӣ ва санаи тартиб додани ҳисобнома-фактураи иловагӣ;
- рақами тартибӣ ва санаи тартиб додани ҳисобнома-фактурае, ки ба он тасҳеҳ ворид карда мешавад;
- ном, нишонӣ, рақами ягонаи мушаххас ва рақами мушаххаси андозсупорандаи таҳвилкунанда ва қабулкунандаи мол (кор, хизматрасонӣ);
- номи мол (кор, хизматрасонӣ), воҳиди ченак, миқдор (ҳаҷм) ва арзиши мол (кор, хизматрасонӣ) то ва баъди тасҳеҳ;
- маблағи фарқияти тасҳеҳшудаи амалиёти андозбандишаванда бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда;
- маблағи андоз аз арзиши иловашуда;
- андози аксизӣ барои молҳои зераксизӣ.
2. Ҳисобнома-фактураи иловагӣ аз ҷониби таҳвилкунандаи мол (кор, хизматрасонӣ) тартиб дода шуда, аз тарафи қабулкунандаи чунин мол (кор, хизматрасонӣ) тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 271. Қоидаҳои махсус
Манбаи андоз аз арзиши иловашуда ва унсурҳои дигари андозбандии хизматрасонии бонкдории исломӣ, суғуртавӣ, фурӯши комиссионӣ, фурӯши молҳои нигоҳдошташуда (қисман истифодашуда) ва намудҳои дигари фаъолият, ки мутобиқи фасли мазкур мустақиман (бевосита) муайян намудани онҳо мушкил мебошад, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
БОБИ 42. МУҚАРРАРОТИ МАЪМУРӢ ВА ХОТИМАВӢ
Моддаи 272. Пешниҳоди эъломияҳо ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда
1. Андозсупоранда, ба истиснои қисми 2 ҳамин модда, уҳдадор аст барои ҳар як давраи ҳисоботӣ на дертар аз рӯзи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ ба мақомоти андоз эъломия дар бораи андоз аз арзиши иловашударо пешниҳод намуда, пардохти андозро ба буҷет анҷом диҳад.
2. Шахсони хориҷие, ки ба шахсони воқеӣ хизматрасонии фосилавиро анҷом медиҳанд, уҳдадоранд эъломияи андоз, ҳуҷҷатҳо (иттилоот) ва маълумоти дигарро на дертар аз санаи 20-уми моҳе, ки баъд аз давраи ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод намоянд.
3. Новобаста ба муқаррароти қисми 1 ҳамин модда, ҳангоми воридоти мол андоз аз арзиши иловашуда мутобиқи Кодекси мазкур ва қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ва ситонида мешавад.
4. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда, инчунин, шакли эъломия ва замимаҳои он бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 273. Давраи андоз
1. Давраи андоз оид ба андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои муқаррароти қисми 2 ҳамин модда, моҳи тақвимӣ мебошад.
2. Барои шахсони хориҷие, ки ба шахсони воқеӣ хизматрасонии фосилавиро анҷом медиҳанд, давраи андоз семоҳаи тақвимӣ мебошад.
Моддаи 274. Тартиби баргардондани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашуда
1. Барзиёдии маблағи андоз аз арзиши иловашудаи баҳисобгирифташаванда нисбат ба маблағи ҳисобкардашудаи он дар давраи андозӣ аз ҷониби мақомоти молия якҷо бо мақомоти андоз дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи андозсупорандае, ки амалиётҳои он бо меъёри сифрӣ андозбандӣ мешаванд, аз буҷети дахлдор баргардонда мешавад.
2. Маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашуда дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин баргардонда мешавад:
- эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои давраи андозӣ;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти мол, ки дар моддаи 255 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд;
- хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи тасдиқи саҳеҳияти маблағи андоз аз арзиши иловашудаи баргардондашаванда.
3. Маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашуда ба суратҳисоби бонкии андозсупоранда пас аз иҷрои пайдарҳами амалҳои зерин баргардонда мешавад:
- пӯшонидани қарзҳои андоз, аз ҷумла қарзи андоз аз арзиши иловашуда барои давраҳои пешинаи андоз;
- пӯшонидани маблағи андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми воридоти молҳо пардохт карда мешавад.
4. Маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашудаи андозсупорандагоне, ки амалиётҳои бо меъёри сифрӣ андозбандишаванда надоранд, барои пӯшонидани (баҳисобгирии) уҳдадориҳои андозии шаш давраи минбаъдаи андоз аз арзиши иловашуда гузаронида мешавад. Ҳама гуна бақияи зиёдатӣ дар давоми 30 рӯзи баъд аз гузаштани шаш давраи андозӣ аз буҷет баргардонда мешавад.
5. Дар сурати аз ҷониби мақомоти андоз ошкор гардидани ҳолатҳое, ки маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба андозсупоранда иштибоҳан барзиёд баргардонда шудааст, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад бо тартиби муқарраргардида чунин маблағҳоро бозпас ситонад.
6. Тартиби баргардондани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи андоз аз арзиши иловашудаи нисбат ба маблағи ҳисобшудаи андоз дар давраи андозӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 275. Тартиби андозбандии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ
1. Моли (кори, хизматрасонии) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ (минбаъд дар ин модда – созишномаҳо) харидашаванда дар асоси аризаи мақоми ваколатдори дахлдори соҳавии қарзгиранда (грантгиранда) ё шахси ваколатдори он дар сурати иҷро гардидани шартҳои зерин аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд, агар:
- хариди мол (кор, хизматрасонӣ) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донисташуда ва (ё) аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда анҷом шавад;
- мол (кор, хизматрасонӣ) танҳо барои мақсадҳои дар созишномаҳои мазкур муқарраргардида харида шавад;
- таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) мутобиқи шартномае амалӣ гардад, ки бевосита бо мақоми ваколатдори дахлдори қарзгиранда (грантгиранда) ё шахси ваколатдори онҳо ва ё пудратчии (таҳвилгари) асосӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳа ба имзо расонида шудааст.
2. Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани моли (кори, хизматрасонии) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 276. Баргардондани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин, аъзои ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд
1. Маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудае, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, инчунин, аъзои ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд (минбаъд дар ҳамин модда – намояндагиҳо) ба шарте баргардонда мешавад, ки чунин баргардонӣ дар асоси мутақобила дар шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, пешбинӣ шуда бошад.
2. Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки намояндагиҳо ба таҳвилкунандагони моли (кори, хизматрасонии) барои истифодаи расмии намояндагиҳо, инчунин, истифодаи шахсии аъзои ҳайати кормандони дипломатӣ, маъмурию техникӣ ва хизматрасони онҳо, аз ҷумла аъзои оилаи онҳо, пешбинигардидаро пардохтаанд, баргардонда мешавад, агар чунин баргардонӣ дар шартномаҳои байналмилалии андоз муқаррар шуда бошад.
3. Баргардондани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳо тибқи хулосаи раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар асоси феҳристҳои ҷамъбастие, ки аз ҷониби ин намояндагиҳо тартиб дода мешаванд ва нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда (ҳисобнома-фактураҳо, чекҳо ва ғайра), ки супоридани андоз аз арзиши иловашударо тасдиқ менамоянд, амалӣ карда мешавад.
4. Феҳристҳои ҷамъбастӣ дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби намояндагиҳо ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи мубодилаи ёддоштҳо оид ба риоя намудани принсипи мутақобила ҳангоми пешниҳоди имтиёзҳо оид ба андозҳои ғайримустақим (андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз) мутобиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалии андоз пешниҳод карда мешаванд. Баъд аз тасдиқ шудани феҳристҳои ҷамъбастӣ, он ба мақомоти андозе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ барои баргардондани маблағҳо муайян менамояд, пешниҳод карда мешаванд.
5. Агар дар ҳуҷҷатҳои ба феҳристҳои ҷамъбастӣ замимашаванда маблағи андоз аз арзиши иловашуда дар сатри алоҳида дарҷ нашуда бошад, баргардондани маблағҳо ба намояндагӣ танҳо ҳангоми аз ҷониби таҳвилгари мол (кор, хизматрасонӣ) тасдиқ гардидани воридшавии маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба буҷет имконпазир мегардад.
6. Маблағи андоз аз арзиши иловашуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 4 ҳамин модда дар давоми 30 рӯзи тақвимии баъди аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ гирифани феҳристҳои ҷамъбастӣ аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагиҳо баргардонда мешавад. Маблағи андоз аз арзиши иловашудаи баргардондашаванда аз буҷети давлатӣ ба суратҳисобҳои дахлдори намояндагиҳо гузаронда мешавад.
7. Тартиби баргардондани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳо бо назардошти муқаррароти ҳамин модда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
БОБИ 43. ХУСУСИЯТҲОИ АНДОЗБАНДИИ ХИЗМАТРАСОНИИ
ФОСИЛАВИИ ШАХСОНИ ХОРИҶӢ
Моддаи 277. Андозсупорандагон
1. Андозсупорандагон шахсони хориҷии бе макони фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд, ки мустақиман ба шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, хизматрасонии фосилавиро анҷом медиҳанд ва маҳалли чунин хизматрасонӣ мутобиқи моддаи 258 Кодекси мазкур ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
2. Агар чунин хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои доимии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ амалӣ карда шаванд, харидорони чунин хизматрасонӣ мутобиқи моддаи 260 Кодекси мазкур агентҳои андоз эътироф карда мешаванд.
Моддаи 278. Тартиби баҳисобгирии (аз ҳисоб баровардани) шахсони хориҷие, ки хизматрасонии фосилавиро анҷом медиҳанд
Шахсони хориҷии анҷомдиҳандаи хизматрасонии фосилавӣ ба шахсони воқеӣ, ки нисбати онҳо муқаррароти моддаи 277 Кодекси мазкур татбиқ мегарданд, дар асоси пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳои дигар аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба таври электронӣ ба ҳисоб гузошта (аз ҳисоб бароварда) мешаванд. Ариза дар бораи баҳисобгирии (аз ҳисоб баровардани) шахсони хориҷӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз (қатъ) намудани хизматрасонии фосилавӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 279. Намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда
1. Мақомоти андоз метавонад аз шахсе, ки хизматрасонии фосилавиро анҷом медиҳад ва бояд ба қайди супорандаи андоз аз арзиши иловашуда гирифта шавад, вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли фаъолияти доимӣ надорад, иҷрои як ё ҳар ду аз амалҳои зеринро талаб намояд:
- намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба андоз аз арзиши иловашударо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намояд;
- пардохти андоз аз арзиши иловашударо барои хизматрасонии фосилавӣ ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
2. Намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда барои иҷрои ҳамаи корҳое, ки дар ҳамин боб пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла дархост барои бақайдгирӣ, пешниҳоди эъломияҳои андоз аз арзиши иловашуда ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда, масъул аст.
3. Бақайдгирии намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда ба номи шахсе, ки онро намояндагӣ мекунад, анҷом дода мешавад.
4. Шахс метавонад барои зиёда аз як шахс намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда бошад, аммо барои ҳар шахсе, ки онро намояндагӣ мекунад, ба қайди алоҳида гирифта мешавад.
5. Намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда, ки онро намояндагӣ мекунад, масъулият дорад.
6. Барои мақсадҳои боби мазкур ба хизматрасонии электронӣ хизматрасоние дохил мешавад, ки тавассути шабакаи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионии интернет (минбаъд – шабакаи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ), бо усули автоматӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ карда мешавад.
7. Ба хизматрасонии электронӣ дохил мешаванд:
- додани ҳуқуқи истифодабарии таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (аз ҷумла бозиҳои компютерӣ) ва махзани электронии маълумот тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла бо роҳи пешниҳоди дастрасии фосилавӣ ба онҳо, инчунин, таҷдиди онҳо ва имкониятҳои иловагии функсионалӣ;
- амалӣ намудани хизматрасонии рекламавӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла аз ҳисоби истифодаи таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ё махзани электронии маълумоти дар шабакаи иттилоотӣ коммуникатсионӣ истифодашаванда, инчунин, пешниҳоди майдонҳои рекламавӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
- анҷом додани хизматрасонӣ оид ба ҷойгиркунии пешниҳодҳо дар бораи хариди (фурӯши) мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳуқуқҳои молумулкӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
- анҷом додани хизматрасонӣ тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ вобаста ба пешниҳодҳои техникӣ, ташкилӣ, иттилоотӣ ва имкониятҳои дигар, ки бо истифода аз система ва технологияҳои иттилоотӣ барои ташкил намудани алоқа ва бастани шартномаҳо (аҳдҳо) байни фурӯшандагон ва харидорон (тавассути майдонҳои савдои дар шабакаи интернет дар вақти воқеӣ амалкунанда, ки дар он ба харидорони воқеӣ арзиши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) тавассути расмиёти автоматикунонидашуда пешниҳод гардида, тарафҳо ҷиҳати ба савдо баровардани онҳо, тариқи ташкили огоҳонии автоматӣ хабардор мешаванд);
- таъмин ва (ё) нигоҳдории фаъолияти иқтисодӣ, инчунин, дастгирии захираҳои электронии истифодабарандагон, аз ҷумла сомонаҳо ва (ё) саҳифаҳои сомонаҳо дар шабакаи интернет, таъмини дастрасии истифодабарандагони дигар ба шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
- бурдҳои интерактивӣ барои қиморбозӣ дар идораҳои букмекерӣ;
- таъмини дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, инчунин, ба истифодабарандагон фароҳам овардани имконияти тағйир додани онҳо;
- нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот ба шарте, ки шахси чунин иттилоотро пешниҳоднамуда имконияти дастрасӣ ба онро тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дошта бошад;
- дар низоми вақти воқеӣ пешниҳод намудани иқтидорҳои ҳисобкунӣ барои дар низоми иттилоотӣ ҷойгир намудани иттилоот;
- пешниҳоди номгузории доменҳо, хизматрасонии хостингӣ;
- пешниҳоди хизматрасонӣ оид ба маъмурикунонии низоми иттилоотӣ, сомонаҳо дар шабакаи интернет;
- пешниҳоди хизматрасоние, ки ҳангоми аз ҷониби харидори хизматрасонӣ ворид намудани маълумот ба воситаи шабакаи интернет тариқи худкор анҷом дода мешавад, хизматрасонии автоматикунонидашуда оид ба ҷустуҷӯи маълумот, интихоби маълумот аз рӯи дархостҳо, ба воситаи шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маълумоти мазкур (аз ҷумла маълумотномаи биржаи коғазҳои қиматнок дар реҷаи вақти воқеӣ, интиқоли автоматӣ дар реҷаи вақти воқеӣ);
- додани ҳуқуқ барои истифодаи китобҳои электронӣ (нашрияҳо) ва нашрияҳои дигари электронӣ, маводи иттилоотию таълимӣ, тасвирҳои графикӣ, асарҳои мусиқӣ бо матн ё бе матн, асарҳои аудиовизуалӣ, аз ҷумла бо роҳи пешниҳоди дастрасии фосилавӣ ба онҳо ҷиҳати тамошо кардан ё шунидан, тариқи шабакаи интернет;
- пешниҳоди хизматрасонӣ ба фармоишгар доир ба дарёфт ва (ё) пешниҳоди маълумот оид ба харидорони эҳтимолӣ;
- пешниҳоди дастрасӣ ба низоми ҷустуҷӯӣ дар шабакаи интернет;
- пешбурди омор дар сомонаҳои шабакаи интернет.
8. Ба хизматрасонии электронӣ дохил намешаванд:
- фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), агар ҳангоми фармоиши тавассути шабакаи интернет анҷомдодашуда таҳвили мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) бе истифода аз шабакаи интернет амалӣ гардад;
- фурӯши (додани ҳуқуқи истифодабарии) барномаҳо барои мошинаҳои электронии ҳисоббарор (аз ҷумла бозиҳои компютерӣ), махзани маълумот дар ҳомилҳои моддӣ;
- пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ тавассути почтаи электронӣ;
- пешниҳоди хизматрасонӣ вобаста ба додани дастрасӣ ба шабакаи интернет.
9. Мақомоти андоз, усул, расмиёт ва талаботро барои таъин намудани намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва уҳдадориҳои намояндаро муқаррар менамояд.
ФАСЛИ IX. АНДОЗИ АКСИЗ
БОБИ 44. АНДОЗИ АКСИЗ
Моддаи 280. Андозсупорандагон
1. Мутобиқи ҳамин боб шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла воҳидҳои алоҳидаи шахсони ҳуқуқӣ, ки амалиётҳои андозбандишавандаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, супорандагони андози аксиз дониста мешаванд.
2. Супорандагони андози аксиз шахсони зерин эътироф карда мешаванд:
1) шахсони ҳуқуқӣ-резидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки молҳои зераксизиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол менамоянд;
2) шахсони ҳуқуқӣ-резидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хизматрасонии алоқаи барқиро анҷом медиҳанд (хизматрасонии зераксизӣ);
3) шахсони ҳуқуқӣ-ғайрирезидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаҳои доимӣ молҳои зераксизӣ истеҳсол мекунанд ё хизматрасонии аксизиро анҷом медиҳанд;
4) субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки молҳои зераксизиро тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол менамоянд.
3. Дар ҳолати аз ҳисоби ашёи хоми фармоишгар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол гардидани молҳои зераксизӣ супорандаи андози аксиз молистеҳсолкунанда дониста мешавад.
Моддаи 281. Объекти андозбандӣ
1. Объекти андозбандӣ молҳои зераксизӣ ва амалиётҳои андозбандишаванда бо онҳо, инчунин, намудҳои фаъолияти зераксизӣ мебошанд.
2. Амалиётҳои зерин бо молҳои зераксизӣ объекти андозбандӣ мебошанд:
1) аз ҳудуди корхона (макони истеҳсолот) берун баровардани молҳои зераксизие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шудаанд, аз ҷумла:
а) таҳвили молҳои зераксизӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки андози аксиз барои ин молҳо қаблан пардохт шудааст;
б) барои коркард супоридани молҳои (ашёи) зераксизии фармоишгар ба шахси дигар;
в) таҳвили (супоридани) молҳои зераксизие, ки маҳсули коркард аз ашёи хом ва (ё) маводи барои коркард додашуда, аз ҷумла ашёи хом ва (ё) маводи зераксизии барои коркард додашуда, мебошад;
г) барои ташаккул ё пурра намудани фонди (сармояи) оинномавии субъекти соҳибкорӣ ҳамчун ҳиссагузорӣ (саҳмгузорӣ) интиқол гардидани молҳои зераксизӣ;
д) истифодаи молҳои зераксизӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунии молӣ ва ҳангоми пардохт дар шакли аслӣ (натуралӣ);
е) фиристодани молҳои зераксизӣ аз ҷониби истеҳсолкунанда ба воҳидҳои алоҳидаи худ;
ж) фурӯши миқдори озмунии молҳои зераксизӣ ҳангоми гузаронидани расмиёти муфлисшавии андозсупоранда, агар аз рӯи молҳои мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аксиз пардохт нашуда бошад;
2) воридоти молҳои зераксизӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интиқоли онҳо тавассути сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории гумрукӣ;
3) фурӯши молҳои зераксизии мусодирашуда, бесоҳиб, тибқи ҳуқуқи мерос ба давлат гузашта ва ройгон ба моликияти давлат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридашуда, агар аз рӯи молҳои зикргардида дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан аксиз пардохт нашуда бошад;
4) истифодаи молҳои зераксизӣ барои эҳтиёҷоти истеҳсолии худӣ ва (ё) барои истеҳсоли молҳои дигари зераксизӣ ва (ё) истифодаи (истеъмоли) молҳои зераксизӣ дар маҳалли истеҳсолот аз ҷониби кормандон ва (ё) шахсони дигар;
5) ҷамъкунии (комплекткунии) молҳои зераксизии дар сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 282 Кодекси мазкур муайяншуда ва бегонакунии онҳо;
6) вайрон шудан, талаф ёфтани молҳои зераксизӣ.
3. Намудҳои фаъолияти зераксизӣ хизматрасонии алоҳида дар соҳаи алоқаи барқӣ, ки дар қисми 2 моддаи 282 Кодекси мазкур муайян шудаанд, сарфи назар аз намуд ва шакли дар иҷозатномаҳо барои хизматрасонии алоқаи барқӣ дарҷгардида, мебошанд.
Моддаи 282. Номгӯи молҳои зераксизӣ ва намудҳои фаъолияти зераксизӣ
1. Молҳои зераксизӣ инҳо мебошанд:
- ҳамаи намудҳои спирт, нӯшокиҳои спиртдор, ғайриспиртӣ ва нерудиҳанда, ба истиснои оби софи нӯшокӣ;
- тамокуи коркардшуда, маҳсулоти саноатии ивазкунандаи тамоку ва маҳсулоти тамоку;
- маҳсулоти дорои никотин, моеъҳои дорои никотин, маҳсулоти дорои тамокуи тафсон, сигорҳои электронӣ ва дастгоҳҳои интиқоли дуд;
- сӯзишвории минералӣ, ҳама намудҳои нафти хом ва маҳсулоти коркарди он, моддаҳои битумдор, мумҳои минералӣ, гази моеъ;
- резинчарха ва гирдорезинҳои ҳаводор, яклухт ё нимҳаводор, протекторҳои резинчархагӣ ва тасмаҳои ҳошиядори резинӣ;
- автомобилҳои сабукрав ва ҳама гуна воситаҳои нақлиёте, ки барои кашонидани одамон пешбинӣ шудаанд;
- маҳсулоти тайёри қолинии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда;
- ҳама гуна обҳои воридотӣ, аз ҷумла обҳои газдор, маснуот барои интиқол додан ё борпечонии молҳо аз пластмасса: пӯк, сарпӯш, каллапӯш ва воситаҳои дигари маҳкамкунии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда;
- маҳсулоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин, қисмҳои онҳо аз металлҳои қиматбаҳо ва (ё) бо металлҳои қиматбаҳо рӯйпӯшкардашуда.
2. Намудҳои фаъолияти хизматрасонии зераксизӣ маҷмӯи хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ мебошад, аз ҷумла:
- хизматрасонии алоқаи сайёри истифодаи умуми ҳамаи стандартҳо (хизматрасонии алоқаи кандуии мобилӣ);
- хизматрасонӣ оид ба интиқоли маълумот (аз ҷумла алоқаи телеграфӣ ва IP-телефонӣ), аз ҷумла тавассути шабакаҳои операторон;
- хизматрасонии хадамоти телематикӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернетӣ;
- хизматрасонии алоқаҳои телефонии байналмилалӣ (байнишаҳрӣ) тавассути шабакаҳои операторҳо.
Моддаи 283. Манбаи андоз
1. Манбаи андоз барои молҳои зераксизӣ инҳо мебошанд:
- ҳаҷми воқеии молҳои зераксизӣ;
- маблағи амалиёти андозбандишаванда, ки дар асоси нархи фурӯши чаканаи молҳои зераксизӣ бо тарҳи андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксизҳо муайян карда мешавад;
- маблағи амалиёти андозбандишаванда аз рӯи арзиши гумрукӣ ё нишондиҳандаи ҳаҷми воқеии моли зераксизӣ, ки мутобиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксизҳо муайян карда мешавад;
- маблағи амалиёти андозбандишавандаи молҳои зераксизӣ ҳангоми истифода гардидани онҳо ба сифати пардохт дар шакли аслӣ (натуралӣ), туҳфа намудани молҳои зераксизӣ, ба моликияти гаравгиранда додани молҳои ба гарав мондашуда ё амалиёти мубодила, инчунин, ҳангоми ройгон додани молҳои зераксизӣ, ки аз рӯи нархи чаканаи мол бо тарҳи андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксизҳо муайян карда мешавад.
2. Нархҳои мутобиқи сархатҳои дуюм ва чоруми қисми 1 ҳамин модда барои ҳисоб намудани уҳдадориҳои андозӣ муайяншаванда наметавонанд аз нархҳои чаканаи амалкунанда паст бошанд.
3. Агар мутобиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 285 Кодекси мазкур барои намудҳои гуногуни спирт, нӯшокиҳои спиртдор, ғайриспиртӣ меъёрҳои гуногуни аксиз муқаррар шаванд, манбаи андоз дар алоҳидагӣ аз рӯи амалиётҳо бо меъёрҳои гуногуни андозбандишаванда муайян карда мешавад.
4. Ҳангоми муайян намудани маблағи амалиёти андозбандишаванда нархи бастаҳо, ба ғайр аз бастаҳои баргардондашаванда, ба эътибор гирифта мешавад.
5. Новобаста ба он ки моли зераксизӣ аз ашёи хоми худӣ ё аз ашёи хоми барои коркард додашуда истеҳсол шудааст, муқаррароти қисмҳои 1-3 ҳамин модда барои муайян намудани манбаи андоз татбиқ карда мешаванд.
6. Манбаи андоз барои намудҳои алоҳидаи хизматрасониҳо дар соҳаи алоқаи барқӣ бо роҳи аз даромади умумӣ тарҳ намудани андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксизҳо муайян карда мешавад.
7. Ҳангоми вайрон шудан ва ё талаф ёфтани молҳои зераксизии истеҳсолшуда ва (ё) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда андози аксиз дар ҳаҷми пурра аз миқдори молҳои зераксизии вайроншуда ва (ё) талафёфта пардохт мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки вайроншавӣ ё талаф ёфтани молҳо дар натиҷаи ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодаи бо тартиби муқаррарнамудаи сархати панҷуми қисми 1 моддаи 267 Кодекси мазкур тасдиқшуда ба миён омада бошад. Муқаррароти мазкур нисбат ба молҳои зераксизии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда дар он ҳолат татбиқ карда мешаванд, ки андозсупоранда тибқи талаботи моддаи 363 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёт ва (ё) низомҳои муқарраршудаи насупоридани пардохтҳои гумрукиро истифода намуда бошад.
8. Барои мақсадҳои ҳамин модда таҳти мафҳуми вайрон шудан ва талаф ёфтани маҳсулоти зераксизӣ рӯйдодҳои дар қисми 2 моддаи 267 Кодекси мазкур пешбинигардида дониста мешаванд.
Моддаи 284. Вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда
1. Вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда бо молҳои зераксизии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда санаи таҳвили (интиқоли) чунин молҳо дониста мешавад, аз ҷумла санаи:
- аз корхона (макони истеҳсол) берун баровардани (таҳвили, фурӯши) молҳои зераксизӣ;
- ба шахси дигар барои коркард додани молҳои зераксизӣ;
- ба фармоишгар баргардонидан ва (ё) ба шахси муайяннамудаи фармоишгар интиқол додани молҳои зераксизии аз ашёи хоми барои коркард истеҳсолшуда ва (ё) ашёи хом;
- барои истифода дар эҳтиёҷоти истеҳсолии худӣ додани молҳои зераксизӣ;
- тартиб додани санад дар бораи аз ҳисоб баровардани маҳсулоти зераксизии вайроншуда ё санаи қабули қарор дар хусуси истифодаи молҳои зераксизии вайроншуда дар раванди истеҳсолот;
- талаф ёфтани маҳсулоти зераксизӣ;
- ба фонди (сармояи) оинномавии субъекти соҳибкорӣ ҳамчун ҳиссагузорӣ (саҳмгузорӣ) интиқол намудани молҳои зераксизӣ;
- анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ ва пардохт бо молҳои зераксизӣ;
- фурӯши молҳои зераксизии мусодирашуда, бесоҳиб, тибқи ҳуқуқи мерос ба давлат гузашта ва ройгон ба моликияти давлат супоридашуда, агар андози аксиз барои онҳо қаблан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт нашуда бошад;
- фурӯши миқдори озмунии молҳои зераксизӣ, агар аз рӯи молҳои зикргардида дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан андози аксиз пардохт нашуда бошад;
- ҷамъкунии (комплекткунии) молҳои зераксизие, ки дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 282 Кодекси мазкур муайян шудааст;
2. Вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда бо молҳои зераксизии ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда санаи воридоти чунин молҳо мутобиқи қонунгузории гумрук мебошад.
3. Ҳангоми анҷом додани фаъолияти хизматрасонии зераксизӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вақти амалиёти андозбандишаванда санаи дар қисми 5 моддаи 256 Кодекси мазкур муайяншуда мебошад.
Моддаи 285. Меъёрҳои андоз
1. Меъёрҳои андози аксиз барои молҳои зераксизӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
2. Меъёрҳои андози аксиз бо фоиз (адвалорӣ) аз арзиши молҳои зераксизӣ ва (ё) бо маблағи собит (мутлақ) аз воҳиди ченаки молҳои зераксизӣ бо ифодаи натуралӣ муқаррар карда мешаванд.
3. Меъёрҳои андози аксиз барои маҳсулоти спиртдор аз рӯи ҳаҷми спирти дар таркиби он мавҷудбуда (садфоиза) муайян карда мешаванд.
4. Меъёри андози аксиз барои намудҳои фаъолияти зераксизӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ҳаҷми 7 фоиз аз манбаи андоз муқаррар карда мешавад.
Моддаи 286. Озодкунӣ
1. Аз пардохти андози аксиз озод мебошанд:
- истеҳсоли нӯшокиҳои спиртдор барои истеъмоли худӣ аз ҷониби шахси воқеӣ тибқи номгӯй ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ворид намудани ду литр нӯшокии спиртӣ, ду баста (400 дона) сигор, маснуоти заргарӣ ба миқдори 4 адад (бо арзиши на зиёда аз 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) аз тарафи шахси воқеӣ барои истеъмоли (истифодаи) худӣ, инчунин, сӯзишвории автомобилӣ мувофиқи ғунҷоиши стандартии зарфи сӯзишвории воситаи нақлиёт барои шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо автомобил ворид мешаванд;
- молҳое, ки ба тариқи транзит тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд;
- воридоти муваққатии молҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои молҳое, ки барои содироти такрорӣ (реэкспорт) пешбинӣ шудаанд;
- молҳои зераксизӣ, ба ғайр аз маҳсулоти спиртдор ва тамоку, ки дар доираи кумакҳои башардӯстона ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, инчунин, молҳои воридшаванда, ки ройгон ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаҳо, фалокатҳо ва ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дода мешаванд;
- содироти молҳои зераксизӣ, агар чунин содирот ба талаботи муқаррарнамудаи моддаи 287 Кодекси мазкур ҷавобгӯ бошад;
- воридоти автомашинаҳои нав бевосита аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда (аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад) бо мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 андозаи 50 фоизи меъёри муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Озодкунӣ аз андози аксизҳои дар сархатҳои сеюм - ҳафтуми қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида танҳо дар ҳолатҳое амалӣ мешавад, ки шартҳои озодкунӣ аз боҷи гумрукӣ дар низомҳои дахлдор мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шаванд. Дар ин сурат, агар барои мақсади ситонидани боҷи гумрукӣ воридот таҳти низоми гумрукии «Баргардондани боҷи гумрукӣ» қарор гирад ё супоридани боҷи гумрукӣ дар ҳолати иҷро накардани шарти озодкунӣ талаб карда шавад, ҳамин низом нисбат ба ситонидани аксиз татбиқ мегардад.
Моддаи 287. Тасдиқи содироти молҳои зераксизӣ
1. Ҳангоми содироти молҳои зераксизӣ барои тасдиқи асоснокии озодкунӣ мутобиқи моддаи 286 Кодекси мазкур андозсупоранда уҳдадор аст, ки дар давоми 120 рӯзи тақвимӣ аз санаи қайди мақомоти гумруке, ки баровардани молҳои зераксизиро бо низоми гумрукии «Содирот» амалӣ намудааст, ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
- эъломияи гумрукии бор ё нусхаи он, ки мақомоти гумрук тасдиқ кардааст, бо қайди мақомоти гумруке, ки молҳои зераксизиро бо низоми «Содирот» баровардааст, дар мавриди баровардани молҳои зераксизӣ таҳти низоми «Содирот» тавассути шабакаи хатлӯлаҳои асосӣ ё бо истифодаи расмиёти эъломиякунонии нопурраи даврагӣ бошад, эъломияи пурраи гумрукии бор бо қайди мақомоти гумруке, ки барасмиятдарории гумрукиро анҷом додааст;
- шартнома оид ба таҳвили молҳои зераксизии содиршаванда;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои бо мол фиристодашаванда бо қайди мақомоти гумрукие, ки дар гузаргоҳи ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст ва дар ҳолати содироти молҳои зераксизӣ таҳти низоми гумрукии «Содирот» тавассути шабакаи хатлӯлаҳои асосӣ - санади қабулу супоридани чунин молҳо;
- ҳуҷҷатҳои пардохт аз ташкилоти қарзии молиявӣ ва нусхаи иқтибос аз он, ки воридоти воқеии даромади асъорро аз таҳвили молҳои зераксизӣ ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.
2. Дар ҳолати анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ оид ба мубодилаи мол (кор, хизматрасонӣ) андозсупоранда уҳдадор аст ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти молро (иҷрои кор, хизматрасониро) ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи амалиётҳои зикргардида гирифта шудаанд, пешниҳод намояд.
3. Дар ҳолати тасдиқ нашудани содироти молҳои зераксизӣ мутобиқи муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда чунин содирот бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин фасл барои андозбандии таҳвили молҳои зераксизӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешавад.
4. Ҳангоми ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти молҳои зераксизӣ дар давоми 180 рӯзи тақвимӣ аз санаи қайди дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида андозсупоранда барои баҳисобгирӣ ё баргардонда гирифтани андози аксизи мутобиқи қисми 3 ҳамин модда пардохтшуда, ба истиснои фоизҳои ҳисобшуда, хуқуқ дорад. Дар сурати риоя нагардидани муҳлати дар ҳамин қисм муқарраршуда андозсупоранда ҳуқуқи баҳисобгирӣ ё баргардонидани андози мутобиқи қисми 3 ҳамин модда пардохтшударо надорад, агар чунин ҳолат ба ҳолатҳои қувваи рафънопазир алоқаманд набошад.
Моддаи 288. Ба ҳисоб гирифтани андози аксиз
1. Супорандаи андози аксиз ҳангоми ба буҷет пардохтани андози аксиз ҳуқуқ дорад маблағи аксизеро, ки ҳангоми харид (гирифтан) ё воридоти молҳои зераксизӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намудааст, ба ҳисоб гирад, агар молҳои зераксизӣ ҳамчун ашёи хоми асосӣ барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ истифода шуда бошанд.
2. Супорандаи андози аксиз, ки хизматрасонии зераксизро дар соҳаи алоқаи барқӣ анҷом медиҳад, ҳуқуқ дорад дар қисмати хизматрасонии интернетӣ ҳиссаи маблағи андози аксизи ҳангоми хариди (гирифтани) хизматрасонии интернетӣ пардохтшударо бо усули мутаносибӣ нисбат ба маҷмуи хизматрасонии зераксизии алоқаи барқии истифодашуда ба ҳисоб гирад, агар хизматрасонии зикргардида аз ҷониби андозсупоранда барои хизматрасонии зераксизии алоқаи барқӣ истифода шуда бошанд.
3. Мутобиқи қисми 1 ҳамин модда баҳисобгирии маблағи андози аксиз ба миқдори ашёи хоми воқеан дар давраи андоз барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ истифодашуда иҷозат дода мешавад, агар истеҳсоли маҳсулоти зераксизӣ аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда анҷом дода шуда бошад.
4. Муқаррароти қисмҳои 1 ва 3 ҳамин модда ҳангоми супоридани молҳои зераксизие, ки аз ашёи хоми зераксизии барои коркард додашуда истеҳсол шудаанд, ба шарти тасдиқи пардохти андози аксиз аз ҷониби соҳиби ашёи хоми зераксизии барои коркард додашуда татбиқ мегардад.
5. Ба ҳисоб гирифтани (ё мутобиқи моддаҳои 117 ва 118 Кодекси мазкур баргардондани) андози аксизе, ки барои молҳои зераксизии аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо бо мақсадҳои тиббӣ, инчунин, аз тарафи корхонаҳои фармасевтӣ барои истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда пардохт шудаанд, мутобиқи тартиб ва меъёрҳои дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррарнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
6. Ба ҳисоб гирифтан ё баргардондани андози аксиз мутобиқи ҳамин модда танҳо дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода мешавад, аз ҷумла ҳангоми:
- пешниҳод намудани ҳисобнома-фактура, ки пардохти андози аксизро ҳангоми харидани молҳои зераксизӣ (ашёи хом) тасдиқ менамояд;
- тасдиқ гардидани пардохти андози аксиз аз ҷониби соҳиби молҳои (ашёи хоми) зераксизии барои коркард додашуда;
- пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти ашёи хом. Номгӯи ҳуҷҷатҳоеро, ки пардохти андози аксизро тасдиқ менамоянд, мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
7. Мутобиқи ҳамин модда ба ҳисоб гирифтан ё баргардондани андози аксиз нисбати ҳаҷми (миқдори, арзиши) молҳои (ашёи хоми) зераксизии дар давраи андоз аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо барои истеҳсоли молҳои дигари зераксизӣ бо мақсадҳои тиббӣ, инчунин, аз ҷониби корхонаҳои фармасевтӣ барои истеҳсоли дорувории тиббӣ воқеан истифодашуда иҷозат дода мешавад.
Моддаи 289. Давраи андоз
Давраи андозии андози аксиз моҳи тақвимӣ мебошад.
Моддаи 290. Пардохти андози аксиз
1. Дар сурати истеҳсоли молҳои зераксизӣ андози аксизи амалиётҳои андозбандишаванда на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъди моҳи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда пардохт карда мешавад.
2. Андозсупоранда бе пардохти андози аксиз ҳуқуқ надорад молҳои зераксизиро аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ берун барорад.
3. Ҳангоми воридоти молҳо андози аксиз аз ҷониби мақомоти гумрук бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории гумрук ситонида мешавад.
4. Пардохти андози аксиз ба буҷет барои хизматрасониҳо дар соҳаи алоқаи барқӣ на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъди моҳи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда амалӣ карда мешавад.
Моддаи 291. Назорати андозии маҳсулоти зераксизии спиртдор, ғайриспиртӣ ва тамоку
1. Назорати андози ҳаҷми истеҳсол (ба зарфҳо рехтан), нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ берун баровардани маҳсулоти зераксизии спиртдор, ғайриспиртӣ ва (ё) тамоку, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, инчунин, содироти он берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи ҳамин модда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати ҳаҷм, миқдор ва тамғагузории молҳои зераксизиеро, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо низоми гумрукии «Иҷозат ба муомилоти озод» ворид карда мешаванд, инчунин, тибқи низомҳои дигари гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш бароварда мешаванд, амалӣ менамоянд.
3. Бо мақсади пурра ба ҳисоб гирифтани гардиши молҳои зераксизӣ ҳангоми ба миён омадани ҳолатҳои дар моддаи 44 Кодекси мазкур пешбинигардида, дар ҳудуди (маҳалли ҷойгиршавии) истеҳсолкунандагони молҳои зераксизӣ дидбонгоҳи андозӣ гузошта мешавад.
4. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку таҳти низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод» аз ҷониби мақомоти гумрук бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ танҳо баъд аз гузоштани тамғаҳои аксизӣ ба чунин маҳсулот иҷозат дода мешаванд.
5. Гузоштани тамғаҳои аксизӣ ба маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку аз ҷониби шахси воридкунандаи чунин маҳсулот анҷом дода мешавад. Барои гузоштани тамғаҳои аксизӣ маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамокуи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анборҳои нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир карда мешаванд ва (ё) таҳти низоми гумрукии «Анбори гумрукӣ» ба расмият дароварда мешаванд.
6. Барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку таҳти низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод» мутаносибан ба маблағи пардохтшудаи боҷи гумрукӣ ва андозҳое, ки қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 292. Маҳалли пардохти андози аксиз
1. Андози аксиз барои молҳои зераксизӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда зикргардида, ба буҷети дахлдор дар маҳалли бақайдгирии супорандаи андози аксиз пардохт карда мешавад.
2. Супорандагони андози аксиз аз рӯи молҳои зераксизӣ, ки дорои воҳидҳои алоҳида мебошанд, андози аксизро ба буҷети дахлдор дар маҳалли ҷойгиршавии воҳидҳои алоҳида, ки истеҳсоли молҳои зераксизиро анҷом медиҳанд, пардохт менамоянд.
3. Андози аксиз барои намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба буҷети дахлдор дар маҳалли асосии баҳисобгирии андозсупоранда (новобаста ба мавҷудияти воҳидҳои алоҳида) пардохт карда мешавад.
Моддаи 293. Пешниҳоди эъломияи андози аксиз
1. Супорандагони андози аксиз эъломияҳои андозро на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботии андоз, бо тартиб ва дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, пешниҳод менамоянд.
2. Супорандагони андози аксиз, ки дорои воҳидҳои алоҳида мебошанд, уҳдадоранд бо эъломия ҳисобҳои андози аксиз барои воҳидҳои алоҳидаро пешниҳод намоянд.
3. Эъломия оид ба пардохти андози аксизҳо барои хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботии андоз ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии (ҳисоботдиҳии) андозсупоранда (новобаста ба мавҷудияти воҳидҳои алоҳида) пешниҳод карда мешавад.
4. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохт намудани андози аксиз, инчунин, шакли эъломияҳо бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 294. Баргардондани андози аксиз ҳангоми реэкспорти молҳо
1. Дар ҳолати реэкспорти молҳои зераксизӣ маблағи пардохтшудаи андози аксиз дар ҳаҷми воқеии реэкспорт бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гумрукӣ дар давоми 30 рӯзи баъд аз пешниҳод гардидани аризаи хаттии андозсупоранда баргардонда мешавад, агар ҳангоми воридоти чунин молҳо андози аксиз пардохт шуда бошад.
2. Муқаррароти қисми 1 ҳамин модда нисбат ба воридоти молҳои зераксизие, ки мутобиқи сархати панҷуми қисми 1 моддаи 286 Кодекси мазкур аз пардохти андози аксиз озод мебошанд, татбиқ намегарданд.
Моддаи 295. Тамғаҳои аксизӣ
1. Тамғаи аксизӣ ҳуҷҷати ҳисоботдиҳии қатъии дорои дараҷаи муайяни муҳофизат буда, барои баҳисобгирӣ ва назорати истеҳсоли молҳои алоҳидаи зераксизии воридотӣ аз ҷониби мақомоти пешбарандаи сиёсати молиявӣ ба муомилот бароварда мешавад.
2. Тартиби тайёр кардан (омодасозӣ) ва муомилоти тамғаҳои аксизӣ, таҳияи номгӯи молҳои зераксизии истеҳсоли ватанӣ ва воридотӣ, ки бояд ҳатман тамғагузорӣ карда шаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
3. Фурӯши молҳои зераксизии тамғагузоришаванда бе тамғаҳои аксизӣ манъ аст. Ҳангоми бе тамғаҳои аксизӣ ба фурӯш баровардани молҳои зераксизии тамғагузоришаванда чунин молҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд.
4. Истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони молҳои зераксизӣ барои тамғагузории молҳои зераксизӣ масъул мебошанд.
5. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, ҳангоми вайрон ё гум шудани тамғаҳои аксизӣ андози аксиз дар ҳаҷми номгӯи молҳои зераксизии тамғагузоришаванда пардохт карда мешавад.
6. Ҳисоби андози аксиз аз рӯи тамғаҳои аксизии вайрон ё гумшуда мутобиқи меъёрҳои андози аксизи барои ҳар воҳиди ҳаҷми зарф ё баста муқарраршуда (дар тамға зикргардида) анҷом дода мешавад.
7. Дар сурати дар тамғаи аксизӣ мавҷуд набудани ишора ба ҳаҷми воҳиди зарф (баста) ҳисоби андози аксиз аз рӯи тамғаҳои аксизии вайроншуда ё гумшуда бо назардошти ҳаҷми нисбатан калони воҳиди зарфи (бастаи) молҳои зераксизӣ дар давоми давраи пеш аз вайрон ё гум шудани тамғаҳои аксизӣ муайян карда мешавад.
8. Ҳангоми вайрон шудан ё гум шудани тамғаҳои аксизӣ дар ҳолатҳои зерин андози аксиз пардохт карда намешавад:
- вайрон шудан ё гум шудани тамғаҳои аксизӣ дар натиҷаи рух додани ҳолатҳои фавқулода, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи сархати панҷуми қисми 1 моддаи 267 Кодекси мазкур тасдиқ гардидааст;
- тамғаҳои аксизии вайроншуда, ки барои баровардан аз ҳисоб ё нобудсозӣ ба мақомоти андоз дар асоси санад супорида шудаанд.
9. Дар ҳолатҳои зерин тамғагузории молҳои зераксизӣ ҳатмӣ намебошад:
1) ҳангоми таҳти низоми гумрукии «Содирот» баровардани молҳои зераксизӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) аз ҷониби субъектҳои савдои бебоҷ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии «Савдои бебоҷ» ворид намудани молҳои зераксизӣ;
3) тавассути ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии «Транзити байналмилалӣ» интиқол додани молҳои зераксизӣ;
4) аз ҷониби шахси воқеии аз 21-сола боло ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти спиртӣ ва тамоку.
Моддаи 296. Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо
Андозсупорандае, ки таҳвил ва (ё) содироти молҳои зераксизиро амалӣ менамояд, уҳдадор аст бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 269 ва 270 Кодекси мазкур ба қабулкунандагони молҳои зераксизӣ ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳоро тартиб дода, пешниҳод менамояд.
ФАСЛИ X. АНДОЗҲО БАРОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ
БОБИ 45. АНДОЗҲО БАРОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ
§ 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 297. Муқаррароти асосӣ
1. Ҳангоми истифода бурдани захираҳои табиӣ, аз ҷумла истифодаи онҳо дар доираи шартномаҳо оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ва (ё) истифодабарии об барои истеҳсоли неруи барқ, андозҳо ҳисоб ва пардохт карда мешаванд.
2. Андозҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- бонуси обунавӣ;
- бонуси кашфи тиҷоратӣ;
- роялти барои истихроҷ;
- роялти барои об;
- рентаи содиротӣ.
3. Дар боби мазкур бо мақсади андозбандӣ мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- истифодабарандагони захираҳои табиӣ - шахсоне, ки ҷустуҷӯ ва кашфи конҳо, истихроҷи канданиҳои фоиданок, истихроҷи ҷузъҳои фоиданок аз ашёи хоми минералӣ ва (ё) коркарди ташкилаҳои минералии техногениро анҷом медиҳанд;
- кон – қитъаи қишри замин (ё қисми он), ки анбӯҳи табиии канданиҳои фоиданокро дар бар мегирад;
- минералҳо - канданиҳои фоиданоки минералӣ ва органикӣ, ки таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикиашон барои истифодаи онҳо дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ (масалан, ҳамчун ашёи хом ё сӯзишворӣ) имкон медиҳанд. Минералҳо аз минералҳои сахт, моеъ ва газдор иборат мебошанд;
- кандании фоиданок – моддаҳои табиии минералӣ ва органикии дар қишри замин ташаккулёфта дар шаклҳои сахт, моеъ ва (ё) газмонанд, ки таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикии онҳо имконият медиҳанд дар истеҳсолот ва (ё) истеъмолот самаранок истифода гарданд;
- истихроҷ – маҷмуи корҳое, ки бо берун баровардани канданиҳои фоиданок аз қишри замин, аз ҷумла аз ташкилаҳои минералии техногенӣ, алоқаманд мебошанд;
- коркарди ашёи хоми минералӣ ва (ё) ташкилаҳои минералии техногенӣ – корҳои марбут ба ҷудо намудани ҷузъҳои фоиданок аз ашёи хоми минералӣ ва ташкилаҳои минералии техногенӣ, инчунин, аз онҳо ҳосил намудани канданиҳои фоиданок;
- кашфи тиҷоратӣ – захираҳои канданиҳои фоиданоки дар ҳудуди шартномавии иҷозатдодашудаи истифодабарандаи захираҳои табиии кашфгардида, ки аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок тасдиқ гардидаанд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ барои истихроҷ самаранок мебошанд;
- бонуси обунавӣ - андози устувори яккаратаи истифодабарандаи захираҳои табиӣ барои ба даст овардани ҳуқуқи истифодабарии захираҳои табиӣ дар ҳудуди муайяннамудаи иҷозатнома (иҷозат) мебошад;
- бонуси кашфи тиҷоратӣ – андози устувори яккаратаи истифодабарандаи захираҳои табиӣ барои ба даст овардани ҳуқуқи истифодабарии захираҳои табиӣ барои ҳар кашфи тиҷоратӣ дар ҳудуди муайяннамудаи иҷозатнома (иҷозат). Барои ҳисоб кардани он арзиши ҳаҷми захираҳои барқароршавандаи маъдан, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология тасдиқ кардааст, асос мебошад. Муқаррарот оид ба бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ нисбат ба корхонаҳои давлатие, ки корҳои омӯзиши геологиро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ анҷом медиҳанд, татбиқ намегарданд;
- канданиҳои фоиданоки пошхӯрда – ташкилаҳои табиии минералӣ, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, қалъагӣ, волфрам, металлҳои нодир, сангҳои ороишӣ ва ғайра, ки дар натиҷаи бодхӯрдашавии физикию кимиёвии ҷинсҳои кӯҳӣ, ташкилаҳо ва конҳои канданиҳои фоиданоки аслӣ пайдо шудаанд;
- усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ – тарзи ташкили истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, ки мутобиқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояш ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда амалӣ карда мешавад;
- ташкилаҳои минералии техногенӣ – ҷамъшавии ташкилаҳои канданиҳои фоиданоки дар сатҳи замин дар натиҷаи истихроҷ ё коркарди канданиҳои фоиданок, ки дар шакли партовҳои саноатии истихроҷ, коркард ва металлургӣ нигоҳ дошта мешаванд;
- роялти барои истихроҷ - андозе, ки истифодабарандаи захираҳои табиӣ аз рӯи ҳар намуди канданиҳои фоиданоки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷшаванда, новобаста ба он, ки онҳо ба харидорон (қабулкунандагон) таҳвил (бор карда фиристода) шудаанд ё барои эҳтиёҷоти худӣ истифода гардидаанд, алоҳида месупорад.
4. Ғайрирезидент метавонад истифодабарии захираҳои табииро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути шахси ҳуқуқие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ба амал барорад.
5. Шахсони зерин супорандаи андоз барои истифодаи захираҳои табиӣ намебошанд:
- шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул ва обҳои зеризаминӣ аз қитъаҳои замини ба онҳо барои истифода вобасташуда, агар чунин канданиҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда нашаванд;
- истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, моҳипарварӣ ва муассисаҳои давлатие, ки обҳои зеризаминиро барои эҳтиёҷоти хоҷагидории худ ва беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ истихроҷ менамоянд;
- истифодабарандагони захираҳои табиӣ, ки дар як вақт бо захираҳои табиии дигар обҳои зеризаминиро истихроҷ менамоянд, аммо ин обҳо барои нигоҳдории фишори қишри замин баргашта ба зери замин ворид карда мешаванд;
- шахсоне, ки обҳои зеризаминии заҳбуриро (заҳкаширо), ки ба тавозуни давлатии канданиҳои фоиданок дохил намебошанд, ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, сохтмон ва истифодабарии иншооти зеризаминӣ истихроҷ менамоянд;
- шахсоне, ки обҳои заминҳои ботлоқшударо истихроҷ менамоянд;
- шахсони воқеие, ки ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ машғуланд ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаро риоя менамоянд.
6. Андозҳо барои захираҳои табиӣ барои мақсадҳои андоз аз даромади шахси ҳуқуқӣ аз даромади умумӣ тарҳ карда мешаванд.
7. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо барои захираҳои табиӣ, инчунин, шаклҳои эъломияҳои андоз (ҳисобҳо) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешаванд.
8. Пардохти андозҳо аз тарафи истифодабарандагони захираҳои табиӣ истифодабарандагони захираҳои табииро аз пардохти андозҳои дигари муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, инчунин, аз иҷрои уҳдадориҳои андозӣ барои анҷоми намудҳои дигари фаъолият (ки бо истифодабарии захираҳои табиӣ алоқаманд нестанд) мутобиқи қонунгузории андози дар санаи ба миён омадани чунин уҳдадориҳо (бо истифодабарии захираҳои табиӣ алоқаманд набуда) амалкунанда озод наменамояд.
Моддаи 298. Муқаррар намудани низоми андоз дар шартномаҳо оид ба истифодабарии захираҳои табиӣ
1. Шартҳои пардохти андозҳо аз истифодабарандагони захираҳои табиӣ (минбаъд дар фасли мазкур - низоми андозбандӣ), ки барои ҳар истифодабарандаи захираҳои табиӣ мутобиқи Кодекси мазкур муқаррар карда мешаванд, дар шартномаи истифодабарии захираҳои табиии (минбаъд дар фасли мазкур - шартнома) байни истифодабарандаи захираҳои табиӣ ва мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд дар фасли мазкур – мақоми салоҳиятдор) дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон басташаванда муайян карда мешаванд.
2. Шартнома байни истифодабарандаи захираҳои табиӣ ва мақоми салоҳиятдор, агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлатҳои дигарро пешбинӣ накарда бошад, дар муҳлати на дертар аз 3 моҳи тақвимии пас аз гирифтани иҷозатнома (иҷозат) ба имзо расонда мешавад.
3. Истифодабарии захираҳои табиӣ бе иҷозатнома (иҷозат) ва бе шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ манъ аст.
4. Ҳангоми бе иҷозатнома ва бе бастани шартнома истифода гардидани захираҳои табиӣ, андозҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ (бонусҳо ва роялти барои истихроҷ) барои тамоми давраи чунин фаъолият дар ҳаҷми меъёри дукаратаи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ситонида мешаванд ва чунин шахс мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
5. Низоми андозе, ки дар шартнома муқаррар карда мешавад, бояд ба талаботи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи баимзорасонии шартнома мутобиқат намояд.
6. Ворид намудани муқаррарот (талабот) оид ба пардохти андозҳо барои захираҳои табиӣ ба иҷозатномаҳо ва санадҳои дигаре, ки ба истифодабарии захираҳои табиӣ алоқаманд мебошанд, ба истиснои шартномаҳо оид ба истифодабарии захираҳои табиӣ, манъ аст.
7. Дар ҳолатҳое, ки захираҳои табиӣ дар асоси як шартнома аз ҷониби якчанд андозсупоранда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешаванд, низоми андозбандии дар чунин шартнома муқарраршуда барои ҳамаи истифодабарандагони захираҳои табиӣ (андозсупорандагон), ки дар шартнома дарҷ шудаанд, ягона мебошад. Бо мақсадҳои андозбандӣ фаъолияти дар доираи чунин шартнома иҷрошавандаи андозсупорандагон ҳамчун фаъолияти як андозсупоранда дониста шуда, онҳо уҳдадор мебошанд, ки баҳисобгирии ягонаи муштаракро пеш баранд ва ҳамаи андозҳои барои истифодабарии захираҳои табиӣ дар шартнома муқарраршударо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намоянд.
8. Истифодабарандаи захираҳои табиӣ уҳдадор аст баҳисобгирии алоҳидаро барои ҳисоб кардани уҳдадориҳои андозӣ мутобиқи низоми андозбандии пешбининамудаи шартнома ва ҳисоб кардани уҳдадориҳои андозӣ оид ба фаъолияте, ки аз доираи чунин шартнома берун аст (аз ҷумла бо истифодаи захираҳои табиӣ алоқаманднабуда), амалӣ намояд.
9. Муқаррароти қисми 7 ҳамин модда дар мавриди баҳисобгирии алоҳида дар ҳолатҳое, ки истифодабарандагони захираҳои табиӣ дар баробари фаъолият тибқи шартномаи истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва (ё) обҳои зеризаминӣ фаъолиятеро анҷом медиҳанд, ки аз доираи чунин шартномаҳо берун аст (ба истифодаи захираҳои табиӣ вобаста нест), татбиқ намегарданд.
10. Дар ҳолати аз ҷониби истифодабарандаи захираҳои табиӣ бе ворид намудани тағйирот ба шартнома коркард гардидани канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ ва канданиҳои дигар, ки дар шартнома пешбинӣ нашудаанд, андозҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ (бонусҳо ва роялти барои истихроҷ) мутобиқи муқаррароти боби мазкур бо меъёри дукарата ҳисоб ва пардохт карда мешаванд.
§2. Бонуси обунавӣ
Моддаи 299. Андозсупорандагон
Бонуси обунавӣ аз ҷониби шахсе пардохт мегардад, ки дар озмун барои гирифтани ҳуқуқи истифодабарии захираҳои табиӣ ғолиб омадааст ё ҳуқуқи истифодабарии захираҳои табииро дар асоси музокироти мустақим ва (ё) иҷозатномаро (иҷозат) барои истихроҷи канданиҳои фоиданок ё барои омӯзиши геологӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст.
Моддаи 300. Андозаи бонуси обунавӣ
Андозаи бонуси обунавӣ мутобиқи қоидаҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, дар шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ дарҷ карда мешавад.
Моддаи 301. Муҳлати пардохти бонуси обунавӣ
1. Маблағи муқарраршудаи бонуси обунавӣ аз ҷониби истифодабарандагони захираҳои табиӣ пас аз гирифтани иҷозатнома (иҷозат) оид ба ҳуқуқи истихроҷи захираҳои табиӣ дар муҳлатҳои зерин пардохт карда мешавад:
а) барои канданиҳои фоиданоки маъмул ва канданиҳои фоиданок (ба истиснои субъектҳое, ки дар соҳаи истихроҷи ангишт, нафт, конденсати газ ва гази табиӣ фаъолият менамоянд):
- сӣ фоизи маблағи муқарраршудаи бонуси обунавӣ дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи гирифтани иҷозатнома (иҷозат) оид ба ҳуқуқи истихроҷи захираҳои табиӣ;
- ҳафтод фоизи маблағи боқимондаи муқарраршудаи бонуси обунавӣ аз санаи оғоз намудани корҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок дар давоми 1 (як) сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи давраи ҳисоботӣ. Дар ҳолатҳои алоҳида барои конҳои ҷудогонаи канданиҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳиссаҳои баробарро барои ҳар моҳи давраи ҳисоботӣ дар давоми 2 (ду) сол муқаррар намояд;
б) барои истихроҷи ангишт, нафт, конденсати газ ва гази табиӣ вобаста ба андозаи бонуси обунавии ҳисобшуда:
- то 200000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар давоми 2 (ду) сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ;
- аз 200000 то 500000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар давоми 4 (чор) сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ;
- аз 500000 то 1 миллион нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар давоми 6 (шаш) сол аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ;
- аз 1 миллион то 5 миллион нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар муҳлати 10 (даҳ) соли аввали фаъолият аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ;
- зиёда аз 5 миллион нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар муҳлати 20 (бист) соли аввали фаъолият аз рӯи ҳиссаҳои баробар барои ҳар моҳи ҳисоботӣ.
2. Истифодабарандаи захираҳои табиӣ метавонад маблағи пурраи ҳисобшудаи бонуси обунавиро, новобаста ба муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур, якбора пардохт намояд.
3. Бонуси обунавӣ аз ҷониби истифодабарандагони захираҳои табиӣ, ки барои омӯзиши геологӣ иҷозатнома (иҷозат) гирифтаанд, дар муҳлатҳои зерин пардохт карда мешавад, агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад:
- панҷоҳ фоизи маблағи муқарраршуда дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқ барои омӯзиши геологӣ;
- панҷоҳ фоизи маблағи муқарраршудаи боқимонда на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз санаи эътибор пайдо кардани шартнома дар бораи омӯзиши геологӣ.
4. Бонуси обунавӣ барои канданиҳои фоиданоки маъмул ва обҳои зеризаминӣ ба буҷети маҳалли ҷойгиршавии кон пардохт мешавад.
5. Доир ба конҳои ҷудогонаи канданиҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад муҳлати дигари пардохти бонуси обунавиро муқаррар намояд.
Моддаи 302. Эъломияи андоз
Эъломияи бонуси обунавӣ аз ҷониби истифодабарандаи захираҳои табиӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии кон дар муҳлати пардохти якум пешниҳод карда шуда, ба варақаи ҳисоббаробаркунии андозсупоранда дар муҳлатҳое, ки барои пардохти бонуси мазкур муқаррар шудаанд, ворид карда мешавад.
§ 3. Бонуси кашфи тиҷоратӣ
Моддаи 303. Андозсупорандагон
1. Андозсупорандагони бонуси кашфи тиҷоратӣ ин истифодабарандагони захираҳои табиие мебошанд, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология дар бораи кашфи тиҷоратии канданиҳои фоиданок дар ҳудуди шартномавӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти истифодабарии захираҳои табиӣ дар доираи иҷозатномаи (иҷозати) барои истифодабарии захираҳои табиӣ гирифташуда муроҷиат намудаанд.
2. Бонуси кашфи тиҷоратиро истифодабарандагони захираҳои табиӣ дар асоси иҷозатномаҳои (иҷозатҳои) зерин пардохт менамоянд:
1) барои истихроҷи канданиҳои фоиданок дар ҳолатҳои зерин:
а) барои ҳар кашфи тиҷоратии канданиҳои фоиданок дар ҳудуди шартномавие, ки қаблан аз ҷониби ҳамин истифодабарандаи захираҳои табиӣ дар ҳудуди дахлдор дар доираи иҷозатнома (иҷозат) барои иктишоф эълон шудааст;
б) барои кашф дар рафти гузаронидани иктишофи иловагии конҳо, ки боиси зиёдшавии ҳаҷми истихроҷи захираҳои канданиҳои фоиданоки қаблан аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология муқарраршуда мегардад;
в) барои ҳар кашфи тиҷоратии канданиҳои фоиданоки дигар дар рафти гузаронидани иктишофи иловагии конҳои захираҳои истихроҷшавандае, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология тасдиқ шудаанд;
2) барои иктишоф ва истихроҷи якҷоя нисбат ба ҳар кашфи тиҷоратии канданиҳои фоиданок дар ҳудуди шартномавӣ, аз ҷумла барои кашф дар рафти гузаронидани иктишофи иловагии конҳо, ки боиси зиёдшавии захираҳои канданиҳои фоиданоки истихроҷшавандаи қаблан аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология муқарраршуда мегардад.
3. Дар доираи иҷозатномаҳо (иҷозатҳо) барои гузаронидани корҳои иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, ки истихроҷи минбаъдаи онҳоро пешбинӣ наменамоянд, бонуси кашфи тиҷоратӣ пардохт карда намешавад.
Моддаи 304. Андозаи бонуси кашфи тиҷоратӣ
Андозаи бонуси кашфи тиҷоратӣ мутобиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуда, дар шартномаи истифодаи захираҳои табиӣ дарҷ карда мешавад.
Моддаи 305. Муҳлати пардохти бонуси кашфи тиҷоратӣ
1. Маблағи бонуси кашфи тиҷоратӣ аз ҷониби истифодабарандагони захираҳои табиӣ на дертар аз санаи 15-уми ҳар се моҳи минбаъда пас аз моҳе, ки ба андозсупоранда иҷозатнома (иҷозат) барои истихроҷи канданиҳои фоиданок дода шудааст, бо маблағи маҷмуии на камтар аз 30 фоиз, 60 фоиз ва 100 фоиз ба буҷет пардохт карда мешавад.
2. Бонуси кашфи тиҷоратии канданиҳои фоиданоки маъмул ва обҳои зеризаминӣ дар маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда аз рӯи ҷойгиршавии кон ва дар муҳлати на дертар аз санаи 15-уми моҳи пас аз моҳе, ки ба андозсупоранда иҷозатнома (иҷозат) дода шудааст, пардохт карда мешавад.
Моддаи 306. Эъломияи андоз
Эъломия оид ба бонуси кашфи тиҷоратӣ аз ҷониби истифодабарандагони захираҳои табиӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии кон дар муҳлати пардохти якум, ки дар моддаи 305 Кодекси мазкур барои пардохти бонуси мазкур муқаррар шудааст, пешниҳод карда мешавад ва ба варақаи ҳисоббаробаркунии андозсупоранда дар муҳлатҳое, ки барои пардохти бонуси мазкур муқаррар шудааст, ворид карда мешавад.
§4. Роялти барои истихроҷ
Моддаи 307. Андозсупорандагон
Супорандагони роялти барои истихроҷ истифодабарандагони захираҳои табиие мебошанд, ки дар доираи иҷозатномаҳо (иҷозат) барои истифодабарии захираҳои табиӣ амалҳои зеринро анҷом медиҳанд:
- истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла канданиҳои фоиданок аз ташкилаҳои минералии техногенӣ;
- коркарди канданиҳои фоиданок ва аз таркиби онҳо гирифтани ҷузъҳои фоиданок.
Моддаи 308. Объекти андозбандӣ
1. Объекти андозбандии роялти барои истихроҷ (минбаъд - роялти) ҳаҷми зерини канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда, аз ҷумла ҳаҷми канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ истихроҷшудаи бо роҳи технологӣ ҷудогардида (минбаъд – ҳамроҳ истихроҷшуда), мебошанд:
- аз конҳо ё қитъаҳои алоҳидаи захираҳои табиии ба андозсупоранда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда истихроҷшуда;
- аз партовҳо (талафот) истихроҷшаванда, бо назардошти ҷудокунии технологӣ, агар чунин истихроҷ гирифтани иҷозатномаи (иҷозати) алоҳидаро талаб намояд.
2. Объекти роялти аз рӯи ҳар намуди кандании фоиданоки истихроҷшуда алоҳида муқаррар карда мешавад.
3. Объектҳои андозбандӣ барои роялти инҳо мебошанд:
- ҳаҷми канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда (аз ҷумла бо роҳи технологӣ ҷудогардидаи канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ истихроҷшуда);
- ҷузъҳои муфиди аз канданиҳои фоиданок, ашёи хоми минералӣ ва ташкилаҳои минералии техногенӣ ташаккулёфта;
- карбогидридҳои истихроҷшуда, ки коркарди аввалияи тиҷоратиро гузаштаанд, аз ҷумла канданиҳои фоиданоки ҳамроҳ истихроҷшуда ва ҷузъҳои фоиданоки онҳо;
- ҷузъҳои фоиданок, ки дар ҷараёни коркарди карбогидридҳо ба даст омадаанд ва ҳамчун маҳсулоти тайёр ҳангоми истихроҷ ва коркарди қаблӣ дар таркиби канданиҳои фоиданоки коркардшаванда андозбандӣ нашудаанд;
- металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои истихроҷшуда, аз ҷумла аз ташкилаҳои минералии техногенӣ;
- обҳои зеризаминие, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд, аз ҷумла аз коркарди аввалия гузашта;
- канданиҳои фоиданоки дигар, аз ҷумла ашёи хоми минералии аз коркарди аввалия гузашта.
Моддаи 309. Манбаи андоз
1. Манбаи андози роялти арзиши ҳаҷми канданиҳои истихроҷшуда, аз ҷумла ҳамроҳ истихроҷшуда мебошад, ки бо нархи миёнаи таҳвил дар давраи ҳисоботӣ ҳисоб карда шудааст, агар дар ин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
2. Нархи миёнаи таҳвил дар давраи ҳисоботӣ барои ҳар намуди кандании фоиданоки истихроҷшуда алоҳида бо роҳи тақсим намудани маблағи фурӯш бо пули миллӣ (бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо) ба ҳаҷми фурӯш бо ифодаи ҷисмонӣ муайян карда мешавад. Дар сурати ба фурӯш нарафтани канданиҳои фоиданок дар давраи ҳисоботӣ манбаи андоз дар асоси нархи миёнаи таҳвили канданиҳои фоиданок дар давраи ҳисоботии охир, ки фурӯш дар он сурат гирифтааст, муайян карда мешавад.
3. Дар сурати пурра мавҷуд набудани таҳвили канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда ва пурра барои эҳтиёҷоти худи андозсупоранда истифода намудани онҳо, арзиши канданиҳои фоиданоки дар давраи андоз истихроҷшуда дар асоси арзиши аслии воқеии истихроҷ ва (ё) коркарди аввалия (полоиш, тозакунӣ), ки ба ин канданиҳои фоиданок тибқи талаботи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ рост меояд, 20 фоиз зиёд карда шуда, муайян карда мешавад.
4. Дар ҳолатҳое, ки як қисми канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда фурӯхта шуда, қисми дигари кандании фоиданок барои эҳтиёҷоти худӣ истифода мешавад, манбаи андози кандании фоиданок дар асоси нархи миёнаи фурӯши ин кандании фоиданок барои тамоми ҳаҷми кандании фоиданоки истихроҷшуда ҳисоб карда мешавад.
5. Манбаи андози роялти аз ҷониби истифодабарандаи захираҳои табиӣ мустақилона, бо назардошти ҷудокунии технологӣ нисбат ба ҳар як кандании фоиданоки истихроҷшуда, аз ҷумла ҷузъҳои фоиданоки ҳамроҳ, ки ҳангоми истихроҷи кандании фоиданоки асосӣ истихроҷ карда шудаанд, муайян карда мешаванд.
6. Манбаи андоз барои навъҳои алоҳидаи канданиҳои фоиданок, ба истиснои металлҳои қиматбаҳо, инчунин сангҳои қиматбаҳо, ҳамчун миқдори канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда бо ифодаи аслӣ муайян карда мешавад.
7. Манбаи андози металлҳои қиматбаҳо дар шакли софи кимиёвӣ бо ифодаи ибтидоӣ дар миқдори канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда муайян карда мешавад.
8. Манбаи андоз барои истихроҷи сангҳои қиматбаҳо аз конҳои қишрӣ, пошхӯрда ва техногенӣ аз рӯи миқдори канданиҳои фоиданоки баъд аз ҷудокунии аввалия ва баҳодиҳии ибтидоии сангҳои коркарднашуда бадастомада муайян карда мешавад. Дар ин ҳолат сангҳои қиматбаҳои нодир алоҳида ҳисоб карда шуда, барои онҳо манбаи андози роялти алоҳида муайян карда мешавад. Баҳодиҳии арзиши сангҳои қиматбаҳои истихроҷшуда дар асоси баҳодиҳии ибтидоии онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо анҷом дода мешавад.
9. Арзиши металлҳои қиматбаҳо (тилло, нуқра ва платина) ва металлҳои дигари дар давраи андоз истихроҷкардаи истифодабарандаи захираҳои табиӣ дар асоси нархи миёнаи таҳвили чунин металлҳо, ки дар давраи андоз дар биржаи металлҳои Лондон, биржаи металлҳои қиматбаҳои Лондон ва ё биржаҳои байналмилалии (минтақавии) дигар ташаккул ёфтааст, ҳисоб карда мешавад.
10. Арзиши навъҳои алоҳидаи канданиҳои фоиданоки маъмули дар давраи андоз истихроҷкардаи истифодабарандаи захираҳои табиӣ дар асоси нархи миёнаи баҳодиҳии фондҳои асосии сохтмонии муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон муайян карда мешавад.
11. Агар дар қисмҳои дигари ҳамин модда муқаррароти дигар пешбинӣ нашуда бошанд, арзиши канданиҳои фоиданоки дар давраи андоз истихроҷкардаи истифодабарандаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла ҳамроҳ истихроҷшуда, дар асоси нархи миёнаи таҳвили чунин канданиҳои фоиданок, ки дар биржаи байналмилалӣ (минтақавӣ) дар давраи андоз ташаккул ёфтааст, ё бо тартиби дигари аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ муқарраршаванда муайян карда мешавад.
Моддаи 310. Меъёрҳои роялти барои истихроҷ
1. Меъёрҳои роялти барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд:
2. Меъёрҳои роялти барои истихроҷи обҳои зеризаминӣ аз рӯи категорияҳои обҳои зеризаминӣ тибқи ҷадвали овардашуда ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд:
Эзоҳ: Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 309 Кодекси мазкур манбаи ҳисоб намудани андози роялти барои истихроҷи обҳои зеризаминӣ барои ба зарфҳо рехтан (бо роҳи коркарди саноатӣ) аз ҳисоби арзиши аслии маҳсулоти молии якум ҳисоб карда мешавад.
3. Меъёрҳои роялти барои истихроҷи канданиҳои фоиданок, ба истиснои онҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикр гардидаанд, ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
4. Андозаи роялти барои истихроҷи ҳамаи намудҳои канданиҳои фоиданок, ки бояд ба буҷет пардохт шавад, ҳамчун ҳосили зарби арзиши (ҳаҷми) ҳар намуди канданиҳои фоиданоки истихроҷнамудаи истифодабарандаи захираҳои табиӣ дар давраи андоз ба меъёрҳои дахлдори роялти муайян карда мешавад.
5. Субъектҳое, ки захираҳои табииро дар истеҳсолот, сохтмон ва фурӯш истифода намудаанд, аммо оид ба хариди онҳо ҳуҷҷат надоранд ва ё ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаашон асоснок намебошанд, вобаста ба чунин захираҳои табиӣ андози роялтиро бо меъёри дукаратае, ки дар ҳамин модда муайян шудааст, ҳисоб ва ба буҷет пардохт менамоянд.
Моддаи 311. Тартиби муқаррар намудан ва пардохти роялти барои истихроҷ дар шакли натуралӣ
1. Дар ҳолати ба имзо расонидани шартномаи иловагӣ байни истифодабарандаи захираҳои табиӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав дар бораи пардохти роялти дар шакли натуралӣ чунин пардохт дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат дода мешавад.
2. Арзиши дар шакли натуралӣ пардохтшавандаи роялти бояд ба маблағи пулии пардохти андози мазкур баробар бошад.
3. Истифодабарандаи захираҳои табиӣ ва қабулкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии кон оид ба супоридани роялти дар шакли натуралӣ дар муҳлати муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамоянд.
4. Қабулкунанда барои сари вақт ва пурра ба буҷет гузаронидани маблағҳои пулии пардохти роялти барои истихроҷ (тибқи ҳисобҳои истифодабарандаи захираҳои табиӣ), инчунин, барои маҳсулоти қабулкардааш мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
Моддаи 312. Давраи андоз, тартиби пешниҳоди эъломия ва пардохти роялти барои истихроҷ
1. Давраи андоз (ҳисоботӣ) барои муайян ва пардохт намудани роялти барои истихроҷ моҳи тақвимӣ мебошад.
2. Эъломияи (ҳисоби) роялти барои истихроҷ аз рӯи шакл ва бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ то санаи 15-уми моҳи пас аз давраи ҳисоботии андоз ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии кон, пешниҳод карда мешавад.
3. Роялти барои истихроҷи тамоми намудҳои канданиҳои фоиданок на дертар аз рӯзи 15-уми моҳи пас аз давраи ҳисоботӣ пардохт карда мешавад.
§5. Роялти барои об
Моддаи 313. Андозсупорандагон
Супорандагони роялти барои об (минбаъд дар ҳамин боб - андозсупорандагон) шахсоне эътироф мешаванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон обро барои истеҳсоли неруи барқ истифода мебаранд.
Моддаи 314. Объекти андозбандӣ
Объекти андозбандии роялти барои об истифодаи объектҳои обӣ бо мақсади истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ эътироф мешаванд.
Моддаи 315. Манбаи андоз
1. Манбаи андоз ҳамчун миқдори неруи барқи дар давраи ҳисоботӣ истеҳсолшуда бе назардошти талаф ҳангоми интиқоли (таҳвили) минбаъдаи он муайян карда мешавад.
2. Манбаи андоз аз ҷониби андозсупоранда нисбат ба ҳар объекти об алоҳида муайян карда мешавад.
Моддаи 316. Озодкунӣ
Объектҳои дорои иқтидори истеҳсолии то 1000 киловатт неруи барқ аз ҳисоб ва пардохти роялти барои об озод карда мешаванд.
Моддаи 317. Давраи андоз
Давраи андози роялти барои об моҳи тақвимӣ дониста мешавад.
Моддаи 318. Меъёри андоз
Меъёри роялти барои об барои ҳар 1000 киловатт/соат неруи барқи истеҳсолшуда ба андозаи 0,06 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда мешавад.
Моддаи 319. Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани роялти барои об
1. Маблағи роялти барои об аз рӯи натиҷаи ҳар давраи андоз ҳамчун ҳосили зарби манбаи андоз ба меъёри андоз ҳисоб карда мешавад.
2. Маблағи роялти барои об ба буҷет на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи андоз пардохт карда мешавад.
Моддаи 320. Эъломияи андоз
Эъломияи андоз бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби андозсупоранда ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии он на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи андоз пешниҳод карда мешавад.
§6. Рентаи содиротӣ
Моддаи 321. Андозсупорандагон
Супорандагони рентаи содиротӣ шахсоне мебошанд, ки консентрати металлҳои қиматбаҳо, сиёҳ, ранга, нодир, радиоактивӣ, ашёи хоми кимиёвии кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом аз сангҳои ороишии аз коркарди аввалия гузашта, пахтаи коркарднашуда, нахи пахта, калоба ва ресмони пахтагин, пилла, риштаи абрешимӣ, пашм ва пӯстро (минбаъд дар параграфи мазкур – мол) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон содирот менамоянд.
Моддаи 322. Объекти андозбандӣ
Объекти андозбандии рентаи содиротӣ ҳаҷми моли аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиротнамудаи андозсупоранда дониста мешавад. Барои мақсадҳои ҳамин боб таҳти мафҳуми содирот амалиётҳои зерин дониста мешаванд:
- таҳти низоми гумрукии «Содирот» берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани молҳо;
- ба фурӯш баровардани молҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии «Коркард» содиротшуда.
Моддаи 323. Манбаи андоз
1. Манбаи андози рентаи содиротӣ дар давраи ҳисоботӣ арзише мебошад, ки дар асоси нархи миёнаи таҳвили (содироти) молҳо дар лаҳзаи содирот, ки дар шартномаҳои содиротӣ нишон дода шудааст, муайян карда мешавад.
2. Манбаи андоз аз ҷониби андозсупоранда нисбат ба ҳар намуди объектҳои андозбандӣ алоҳида муайян карда мешавад.
Моддаи 324. Давраи андоз
Давраи андоз барои рентаи содиротӣ моҳи тақвимӣ дониста мешавад.
Моддаи 325. Меъёри андоз
Меъёри рентаи содиротӣ ба андозаи зерин аз манбаи андоз муқаррар карда мешавад:
- аз 1 январи соли 2023 – 2 фоиз;
- аз 1 январи соли 2025 – 4 фоиз;
- аз 1 январи соли 2027 – 6 фоиз.
Моддаи 326. Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани рентаи содиротӣ
1. Маблағи рентаи содиротӣ аз рӯи натиҷаи ҳар давраи андоз ҳамчун ҳосили зарби манбаи андоз ба меъёри андоз ҳисоб карда мешавад.
2. Маблағи рентаи содиротӣ ба буҷет на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи андоз пардохт карда мешавад.
Моддаи 327. Эъломияи андоз
Эъломияи андоз бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби андозсупоранда ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии он дар муҳлати на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи андоз пешниҳод карда мешавад.
ФАСЛИ XI. АНДОЗИ ИҶТИМОӢ
БОБИ 46. АНДОЗИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 328. Андозсупорандагон
1. Супорандагони андози иҷтимоӣ шахсони зерин мебошанд:
- шахсони ҳуқуқӣ, воҳидҳои алоҳидаи онҳо, муассисаҳои доимии ғайрирезидентон ва соҳибкорони инфиродӣ – корфармоён, ки ба шахсони воқеӣ-резидентони бо онҳо дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ ё бе шартнома ҳамчун коргарони кироя коркунанда музди меҳнат, подошпулӣ ва манфиатҳои дигар медиҳанд;
- шахсони ҳуқуқӣ, воҳидҳои алоҳидаи онҳо, муассисаҳои доимии ғайрирезидентон ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба шахсони воқеӣ-резидентони ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифтанашуда дар асоси шартномаҳои дорои хусусияти граждании ҳуқуқӣ ё бе шартнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи хизматҳои расонидашударо (корҳои иҷрошударо) ҷуброн менамоянд;
- шахсони воқеии дар сархатҳои якум ва дуюми ҳамин қисм зикргардида, ки музди меҳнат, подошпулӣ, манфиатҳои дигар ва ҷуброни ҳаққи хизматҳои расонидашударо (корҳои иҷрошударо) гирифтаанд;
- шахсони воқеие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғуланд, аз ҷумла онҳое, ки ба сифати аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд.
2. Агар андозсупоранда дар як вақт ба якчанд категорияи андозсупорандагони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида мансуб бошад, ӯ доир ба ҳар як ҳолат андозро ҳисоб ва пардохт менамояд.
3. Барои мақсадҳои ҳамин боб:
- андозсупорандагони дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 ҳамин модда зикргардида суғуртакунандагон эътироф карда мешаванд;
- андозсупорандагони дар сархати сеюми қисми 1 ҳамин модда зикргардида суғурташудагон эътироф карда мешаванд;
- андозсупорандагони дар сархати чоруми қисми 1 ҳамин модда зикргардида ҳамзамон шахсони суғуртакунанда ва суғурташаванда эътироф карда мешаванд.
4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд ба мақомоти андози маҳалли зисти доимиашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи хаттӣ муроҷиат намуда, ихтиёран супорандаи андози иҷтимоӣ шаванд ва онро дар ҳаҷм ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намоянд.
Моддаи 329. Объекти андозбандӣ
1. Барои андозсупорандагони дар сархатҳои якум ва сеюми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур пешбинигардида объекти андозбандӣ инҳо мебошанд:
- музди меҳнат, подошпулӣ ва даромадҳои дигари мутобиқи моддаи 186 Кодекси мазкур муайяншаванда, ки аз ҷониби андозсупоранда ба манфиати кормандони кироя пардохт мешаванд;
- пардохтҳо, подошпулӣ ва даромадҳои дигари ба манфиати шахси воқеӣ пардохтшаванда, ки дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур нишон дода нашудаанд.
2. Барои андозсупорандагони дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур зикргардида объекти андозбандӣ музди меҳнат, подошпулӣ ва манфиатҳои дигари мутобиқи шартномаҳои меҳнатӣ ва граждании ҳуқуқӣ оид ба иҷрои кор, хизматрасонӣ, аз ҷумла пардохтҳо ва подошпулӣ мутобиқи шартномаҳои муаллифӣ мебошанд, ки андозсупорандагон ба манфиати шахсони воқеие мепардозанд, ки соҳибкорони инфиродӣ намебошанд.
3. Барои андозсупорандагони дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур зикргардида объекти андозбандӣ даромади умумӣ аз фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
4. Мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда даромадҳои зерин ба объекти андозбандӣ дохил намешаванд:
- маблағҳои дар доираи шартномаҳои граждании ҳуқуқӣ пардохтшаванда, ки мавзуи онҳо гузаштани ҳуқуқи моликият ё ҳуқуқи дигари шайъӣ ба моликият (ҳуқуқи молумулкӣ) мебошад;
- маблағҳои дар доираи шартномаҳои марбут ба додани ҳуқуқи истифодаи молу мулк (ҳуқуқи молумулкӣ) пардохтшаванда;
- маблағҳое, ки дар асоси шартномаҳои меҳнатии бо филиал ва намояндагии шахсони ҳуқуқӣ-резидентони берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта басташуда, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд пардохт карда мешаванд;
- маблағҳое, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд дар доираи шартномаҳои хусусияти граждании ҳуқуқидошта, ки мавзуи онҳо иҷрои кор, расонидани хизмат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, пардохт карда мешаванд.
Моддаи 330. Манбаи андоз
1. Манбаи андози андозсупорандагон-суғуртакунандагон дар сархати якуми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур зикргардида маблағи музди меҳнат, подошпулӣ ва дигар манфиатҳое мебошад, ки суғуртакунандагон барои давраи андоз ба шахсони воқеӣ пардохт менамоянд.
2. Манбаи андози андозсупорандагони дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур зикргардида маблағи пардохтҳо, подошпулиҳо ва манфиатҳои дигаре мебошад, ки дар давраи андоз бе тарҳкунӣ ба шахсони воқеӣ ҷуброн карда мешаванд.
3. Манбаи андози андозсупорандагон-шахсони воқеии дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур зикргардида маблағи музди меҳнат, пардохтҳо, подошпулӣ ва манфиатҳои дигаре мебошад, ки чунин андозсупорандагон дар давраи андоз бе тарҳкунӣ мегиранд.
4. Ҳангоми муайян намудани манбаи андози шахсони воқеӣ ҳама гуна пардохтҳо ва подошпулиҳо, аз ҷумла подошпулиҳои муаллиф, ки ҳамчун объекти андозбандӣ муайян шудаанд, ба истиснои имтиёзҳои дар моддаи 331 Кодекси мазкур пешбинишуда, ба ҳисоб гирифта мешаванд.
5. Барои шахсони воқеӣ-резидентон, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ, консулигариҳои давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ ва (ё) граждании ҳуқуқӣ корҳоро иҷро мекунанд ва хизмат мерасонанд, манбаи андоз маблағи музди меҳнат, пардохтҳо ва подошпулиҳои дигар мебошад, ки дар давраи андоз ба онҳо пардохт карда мешавад.
6. Маълумот дар бораи даромади шахсони воқеӣ-резидентони дар қисми 5 моддаи мазкур зикргардида аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳи баъд аз семоҳаи сипаришуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
7. Манбаи андози соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла аъзои хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) бе таъсиси шахси ҳуқуқии дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур зикргардида даромади умумии онҳо мебошад, ки чунин андозсупорандагон дар давраи андоз аз фаъолияти соҳибкорӣ дар шакли пулӣ ва (ё) аслӣ (натуралӣ) гирифтаанд.
8. Ҳангоми дар шакли мол (кор, хизматрасонӣ) пардохт гардидани музди меҳнат, подошпулиҳо ва манфиатҳои дигар манбаи андоз аз рӯи арзиши чунин мол (кор, хизматрасонӣ) дар рӯзи супоридани онҳо дар асоси нархҳои (тарифҳои) бозории онҳо ва ҳангоми танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) ба чунин мол (кор, хизматрасонӣ), дар асоси нархҳои чаканаи танзимшавандаи давлатӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 331. Озодкунӣ
Даромадҳои зерин аз пардохти андози иҷтимоӣ озод карда мешаванд:
- даромади шахсони воқеӣ - шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ ва (ё) консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа корҳоро иҷро мекунанд ва (ё) хизмат мерасонанд;
- даромади шаҳрвандони хориҷӣ аз кироякорӣ дар доираи амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- даромадҳое, ки мутобиқи қисми 1 моддаи 189 Кодекси мазкур аз андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда шудаанд.
Моддаи 332. Меъёрҳои андоз
1. Меъёри андози иҷтимоӣ барои суғуртакунандагон ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
- барои муассисаҳои буҷетӣ - 25 фоиз;
- барои ташкилотҳои дигар - 20 фоиз.
2. Меъёри андози иҷтимоӣ барои суғурташудагон ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
- барои муассисаҳои буҷетӣ - 1 фоиз;
- барои ташкилотҳои дигар - 2 фоиз.
3. Барои соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ меъёри ҳадди ақалли андози иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
4. Меъёри андози иҷтимоӣ барои соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда (хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ), ки ба сифати шахсони суғурташуда дониста мешаванд, ба 1,0 фоиз аз манбаи андоз, вале на камтар аз андозаи ҳадди баландтарини андози иҷтимоӣ (бо назардошти коэффитсиенти минтақавӣ), ки барои соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда муқаррар шудааст, баробар мебошад. Дар сурате, ки чунин соҳибкор дар давраи ҳисоботӣ даромад надошта бошад, он ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо, бо назардошти коэффитсиенти минтақавӣ, ки барои соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда муқаррар шудааст, пардохт карда мешавад.
5. Барои шахсони воқеӣ-резидентҳо, ки дар намояндагиҳои дипломатӣ, консулигариҳои давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта кор мекунанд ва хизмат мерасонанд, меъёри андози иҷтимоӣ барои суғуртакунандагон ба андозаи 20 фоиз ва барои суғурташудагон 2 фоиз муқаррар карда мешавад.
Моддаи 333. Давраи андоз
Агар дар моддаи 334 Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, давраи андози иҷтимоӣ моҳи тақвимӣ мебошад.
Моддаи 334. Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андози иҷтимоӣ
1. Агар дар боби мазкур тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, маблағи андози иҷтимоӣ бо роҳи зарб намудани манбаи андозбандӣ ба меъёрҳои дахлдори андоз муайян карда мешавад.
2. Андози иҷтимоӣ дар ҳолатҳои дар сархатҳои якум-сеюми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур пешбинишуда бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 236 Кодекси мазкур то санаи 15-уми моҳи баъди давраи андоз ба буҷет пардохт карда мешавад.
3. Андози иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва ташкилотҳои ба онҳо баробаркардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар хизмати давлатӣ қарор доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа то санаи 15-уми баъди семоҳаи ҳисоботӣ пардохт карда мешавад.
4. Соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда андози иҷтимоиро дар як вақт бо гузаронидани маблағи патент ба буҷет пардохт менамоянд. Соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда, инчунин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми 4 моддаи 332 Кодекси мазкур зикр гардидаанд, то санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ эъломияи андозро пешниҳод ва маблағи андозро пардохт менамоянд.
5. Андозсупорандагони дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 328 Кодекси мазкур зикргардида эъломияи ягонаи андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромадро ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии худ ҳар моҳ то санаи 15-уми моҳи баъд аз моҳи ҳисоботӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод ва маблағи андозҳоро пардохт менамоянд.
6. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ ҳар нимсолаи тақвимӣ то санаи 15-уми моҳи баъд аз нимсолаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирӣ эъломияи андози иҷтимоиро барои аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод ва маблағи андозро пардохт менамоянд.
7. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми 5 моддаи 332 Кодекси мазкур зикр гардидаанд, ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳи баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ эъломияи ягонаи андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромадро дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод ва маблағи андозҳоро пардохт менамоянд.
8. Назорати пардохти андози иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешавад.
9. Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохт намудани андози иҷтимоӣ, шаклҳои эъломияҳои (ҳисобҳои) андоз барои суғуртакунанда ва суғурташаванда (бо нишон додани насаб, ном, номи падар ва рақами мушаххаси суғуртавӣ (РМС) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
ФАСЛИ XII. АНДОЗ АЗ ФУРӮШ
БОБИ 47. АНДОЗ АЗ ФУРӮШ (АЛЮМИНИЙИ АВВАЛИЯ)
Моддаи 335. Мафҳум ва муқаррароти умумӣ
1. Дар боби мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
1) моли андозбандишаванда - алюминийи аввалия;
2) амалиётҳои зерини андозбандишаванда (минбаъд барои мақсадҳои ҳамин боб - фурӯш):
а) таҳвили моли андозбандишаванда;
б) воридоти молҳои андозбандишаванда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) содироти молҳои андозбандишаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) коркарди молҳои андозбандишаванда аз ҷониби истеҳсолкунанда барои коркард, ба гарав ва (ё) ба сифати ашёи хом барои коркард додани онҳо;
г) таҳвили (фурӯши) молҳои андозбандишаванда мутобиқи шартномаҳои фючерсӣ (форвардӣ) ё намудҳои дигари додани (бегона кардани) молҳои андозбандишаванда;
д) ба шахси дигар додани молҳои андозбандишавандае, ки натиҷаи хизматрасонӣ оид ба истеҳсоли молҳои андозбандишаванда мутобиқи низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
2. Андоз аз фурӯши алюминийи аввалия (минбаъд - андоз аз фурӯш) ҳангоми анҷом додани амалиёти андозбандишаванда пардохт мешавад, дар айни замон ҳангоми анҷом додани амалиётҳои мазкур, ба истиснои амалиётҳои андозбандишавандаи дар зербанди д) банди 2) қисми 1 ҳамин модда муайяншуда, андоз аз арзиши иловашуда ситонида намешавад.
Моддаи 336. Андозсупорандагон
Супорандагони андоз аз фурӯш шахсоне мебошанд, ки объекти андозбандӣ доранд.
Моддаи 337. Объекти андозбандӣ
1. Объекти андозбандӣ анҷом додани амалиёти андозбандишаванда бо молҳои андозбандишаванда мебошад.
2. Намудҳои дигари молҳои андозбандишаванда, ки бо истифода аз низоми гумрукии «Коркард» дар ҳудуди гумрукӣ истеҳсол гардида, бо андози фурӯш андозбандӣ карда мешаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 338. Манбаи андоз
1. Манбаи андоз арзиши молҳои андозбандишаванда мебошад, агар дар қисмҳои 2-4 ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад. Ҳангоми ҳисоб намудани манбаи андоз арзиши воҳиди моли андозбандишаванда бо назардошти сифат, намуд ва навъ, дар асоси нархҳои дар санаи содир гардидани амалиёти андозбандишаванда дар биржаи металлҳои рангаи Лондон ташаккулёфта муайян карда мешавад.
2. Андозсупорандагоне, ки бо харида фурӯхтани молҳои андозбандишаванда машғуланд, андоз аз фурӯшро дар шакли фарқи байни маблағи андозе, ки дар асоси нархҳои барои андозбандӣ истифодашаванда дар санаи фурӯши молҳои андозбандишаванда ба харидорон ҳисобкардашуда ва нархҳо дар санаи хариди онҳо аз таҳвилкунандагони худ ҳисоб карда шудаанд, пардохт менамоянд.
3. Манбаи андоз барои молҳои андозбандишавандае, ки бо истифодаи низоми гумрукии «Барориш барои муомилоти озод» ворид карда мешаванд, мутобиқи қонунгузории гумрук дар асоси нархҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда муайян карда мешавад.
4. Манбаи андоз барои молҳои андозбандишавандае, ки бо истифодаи низоми гумрукии «Коркард дар ҳудуди гумрукӣ» истеҳсол шудаанд, арзиши (ҳаҷми) маҳсулоти коркарди бо назардошти нархҳои мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муайяншуда мебошад.
Моддаи 339. Меъёри андоз
1. Меъёри андоз аз фурӯш барои алюминийи аввалия нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисмҳои 1-3 моддаи 338 Кодекси мазкур ба андозаи 3 фоиз муқаррар карда мешавад.
2. Меъёри андоз барои фурӯш нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисми 4 моддаи 338 Кодекси мазкур ба андозаи 1 фоиз муқаррар карда мешавад.
Моддаи 340. Тартиби ҳисобкунӣ ва муҳлати пардохти андоз
1. Маблағи андози пардохтшавандаро андозсупорандагон дар асоси арзиши (ҳаҷми) молҳои андозбандишаванда ва меъёри андоз мустақилона ҳисоб мекунанд. Дар ҳуҷҷатҳои пардохти андоз намуди амалиёти андозбандишаванда зикр карда мешавад.
2. Ҳангоми харида фурӯхтани молҳои андозбандишаванда андоз аз фурӯш бо назардошти нархи молҳои андозбандишаванда дар санаи харид (гирифтан), дар санаи фурӯш (интиқол) ва ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда муайян карда мешавад.
3. Ҳангоми дар рӯзи фурӯш (супоридан) мавҷуд набудани маълумот дар бораи нархи биржавӣ андоз дар асоси маълумоти мавҷудаи охирон оид ба нархи биржавии моли андозбандишаванда дар санаи наздиктарини рӯзи фурӯш ҳисоб карда мешавад. Маблағи андоз аз ҷониби андозсупоранда ҳангоми ворид гаштани маълумот оид ба нархи моли андозбандишавандаи фурӯхташуда дар санаи фурӯш тасҳеҳ карда мешавад.
4. Андоз то таҳвили (интиқоли) моли андозбандишаванда ё дар муҳлати на дертар аз 3 рӯзи баъди ворид шудани маблағ ба суратҳисоби андозсупоранда дар ташкилоти қарзии молиявӣ ё ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд ба хазинаи ӯ воридшуда, ҳангоми амалиётҳои дигари андозбандӣ бошад, то лаҳзаи бор кардан, таҳвил ё интиқоли молҳои андозбандишаванда пардохт карда мешавад. Шахсоне, ки дар натиҷаи амалиёти андозбандишаванда молҳои андозбандишавандаро харидаанд, уҳдадоранд дар муҳлати 10 рӯз нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти андозро ба нозироти андози андозсупорандагони калон пешниҳод кунанд. Дар ҳолати вуҷуд надоштани ҳуҷҷатҳои мазкур ин шахсон уҳдадоранд маблағи пурраи андозро аз ҳисоби худ пардохт намоянд.
5. Ҳангоми аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба берун содир кардани моли андозбандишаванда то гузаштани сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз рӯи нархҳои дар лаҳзаи содирот амалкунанда пардохт карда мешавад. Барасмиятдарории гумрукии содироти молҳои андозбандишаванда ба берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тасдиқномаи нозироти андози андозсупорандагони калон доир ба пардохти андоз аз фурӯш амалӣ карда мешавад.
6. Ҳисоб намудани андоз барои амалиёти андозбандишаванда ҳангоми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани алюминийи аввалия бо истифодаи низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод» бо назардошти талаботи боби мазкур ва қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
7. Эъломияи андоз аз фурӯш дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (ҳисобҳо) дар бораи пардохти андоз нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисмҳои 1-3 моддаи 338 Кодекси мазкур ба мақомоти дахлдори андоз аз ҷониби андозсупоранда дар муҳлатҳои барои пардохти андоз муқарраргардида пешниҳод карда мешавад.
8. Эъломияи андоз аз фурӯш дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (ҳисобҳо) дар бораи пардохти андоз нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисми 4 моддаи 338 Кодекси мазкур аз ҷониби таҳвилкунанда ба мақомоти дахлдори андоз на дертар аз санаи 15-уми моҳе, ки баъд аз моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 341. Ба ҳисоб гирифтани маблағи андоз аз фурӯш ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми таҳвили маҳсули коркарди онҳо ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дар ҳолати ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил намудани молҳое, ки маҳсули коркарди молҳои андозбандишаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, баҳисобгирии маблағҳои пардохтшудаи андоз аз фурӯш нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисмҳои 1-3 моддаи 338 Кодекси мазкур ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дода мешавад.
2. Ҳангоми таҳвили маҳсулоти коркарди молҳои андозбандишаванда ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирӣ дар асоси қисми 1 ҳамин модда бо тартиби пешбининамудаи моддаи 268 Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
3. Ҳангоми содироти маҳсули коркард ба ҳисоб гирифтани маблағи андоз аз фурӯш ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд пардохт шавад, анҷом дода намешавад.
4. Агар фарқи байни андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз рӯи таҳвили маҳсулоти коркард ба бозори дохилӣ пардохт шавад ва маблағи дахлдори андоз аз фурӯш манфӣ бошад, ҷуброни (баргардонидани) маблағ аз фурӯш аз буҷет анҷом дода намешавад. Фарқи мусбати байни маблағҳои дар боло пешбинигардида бояд ба буҷет пардохт шавад.
5. Дастурамал дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андоз аз фурӯш, инчунин, шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
6. Назорати пардохти андоз аз фурӯш аз ҷониби мақомоти андоз амалӣ карда мешавад.
ФАСЛИ ХIII. АНДОЗҲОИ МАҲАЛЛӢ
БОБИ 48. АНДОЗҲО АЗ МОЛУ МУЛК
Моддаи 342. Муқаррароти умумӣ
1. Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар ҳудуди худ андозҳои маҳаллиро, ки дар моддаи 24 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, муқаррар менамоянд.
2. Нисбат ба андозҳои маҳаллӣ муқаррароти қисми умумии Кодекси мазкур амалӣ мегардад.
3. Қарорҳои маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо оид ба андозҳои маҳаллӣ бояд ба муқаррароти Кодекси мазкур мутобиқат намоянд ва дар нашрияҳои даврии дастрасии омма дар ҳудуди дахлдор расман интишор карда шаванд.
Моддаи 343. Муқаррароти асосӣ ва давраи андоз
1. Барои мақсадҳои боби мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- молу мулк - қитъаҳои замин, молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт;
- молу мулки ғайриманқул (минбаъд – объектҳои ғайриманқул) – биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, объектҳои сохтмонии нотамом, иморатҳо, аз ҷумла бӯстонсаройҳо, гаражҳо, саройҳо, биноҳои нигоҳдории чорво, биноҳои дигари ёридиҳанда ва молу мулки дигаре, ки ҷойивазкунии онҳо бе расонидани зарари моддӣ ғайриимкон аст;
- қитъаҳои замин – заминҳое, ки тибқи қонунгузорӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ё бе онҳо барои истифода дода шудаанд ё амалан истифода мешаванд;
- воситаҳои нақлиёт – нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан ва обӣ.
2. Дар боби мазкур андозҳои зерин аз молу мулк муқаррар карда мешаванд:
- андоз аз объектҳои ғайриманқул;
- андози замин;
- андоз аз воситаҳои нақлиёт.
3. Давраи андоз барои андозҳо аз молу мулк соли тақвимӣ мебошад.
§1. Андоз аз объектҳои ғайриманқул
Моддаи 344. Андозсупорандагон
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – соҳибмулкони объектҳои ғайриманқул ё шахсоне, ки объекти ғайриманқулро истифода мебаранд, супорандагони андоз аз объекти ғайриманқул дониста мешаванд.
Моддаи 345. Объекти андозбандӣ
1. Объектҳои андозбандӣ - биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, объектҳои сохтмонии нотамом (аз лаҳзаи зиндагонӣ кардан ё истифода бурдан), иморатҳо, аз ҷумла пентхаус (масоҳати истиқоматӣ (квартира, иморат) дар бом ё минтақаи алоҳидаи қабати болоии бино), бӯстонсаройҳо, гаражҳо, саройҳо, биноҳои нигоҳдории чорво, биноҳои дигари ёридиҳанда ва молу мулки дигаре, ки ҷойивазкунии онҳо бе расонидани зарари моддӣ ғайриимкон аст.
2. Дар боби мазкур бо мақсади андозбандӣ ба объектҳои андозбандӣ, инчунин, контейнерҳо, систернаҳо, дуконҳо, шипангҳо, вагонҳо дохил мешаванд, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода шуда, дар давоми на камтар аз 3 моҳ дар ҳар соли тақвимӣ дар маҳалли амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ бе ҳаракат ҷойгир карда шудаанд.
Моддаи 346. Манбаи андоз
1. Манбаи андоз масоҳати умумии ишғолнамудаи объекти андозбандӣ ва барои биноҳои бисёрошёна масоҳати ҳар ошёнаи чунин бино дар алоҳидагӣ дониста мешавад.
2. Барои биноҳои ёрирасони шахсони воқеӣ, аз ҷумла гаражҳо, саройҳо, биноҳои нигоҳдории чорво ва биноҳои дигари ёридиҳанда, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешаванд, манбаи андоз 50 фоизи масоҳати ишғолнамудаи чунин биноҳо дониста мешавад.
3. Масоҳати таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешаванд, ба манбаи андоз дохил намегарданд. Дар ҳолати дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода шудани чунин объектҳо манбаи андозбандии таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ 50 фоизи масоҳати ишғолнамудаи онҳо дониста мешавад.
4. Масоҳати объектҳои ғайриманқул дар асоси ҳуҷҷатҳои техникӣ ё ҳуҷҷатҳои дигари расмии дахлдор муайян карда мешавад.
5. Дар ҳолати пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои дахлдор, инчунин, имконнопазир будани ченкунии берунии объекти ғайриманқул, масоҳати чунин объект аз ҷониби мақомоти андоз бо иштироки андозсупоранда аз рӯи масоҳати умумии муфиди дохилии объект бо замми коэффисиенти 1,25 зарбшуда муайян карда мешавад.
Моддаи 347. Имтиёзҳо
1. Объектҳои ғайриманқули зерин андозбандӣ карда намешаванд:
- объектҳои ғайриманқули муассисаҳои давлатӣ, ки бевосита барои иҷро намудани вазифаҳои оинномавии онҳо истифода мешаванд ва фаъолияти онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ маблағгузорӣ мегардад;
- объектҳои ғайриманқуле, ки дар онҳо Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, дорандагони ордени «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ордени «Зарринтоҷ», ордени «Исмоили Сомонӣ», иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ оид ба муҳофизати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ, аз ҷумла ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни рафъи оқибатҳои фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил, маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ба қайд гирифта шудаанд;
- объектҳои ғайриманқули нафақагирони яккаю танҳо, ки дар алоҳидагӣ ё якҷоя бо кӯдакони ноболиғ ё кӯдаки маъюб дар хонаи алоҳида зиндагӣ мекунанд;
- объектҳои ғайриманқули оилаҳои серфарзанд, ки падар ё модар ё ҳар ду вафот кардаанд ва дар онҳо панҷ ва зиёда аз он кӯдакони то 16-сола истиқомат доранд;
- объектҳои ғайриманқули падару модар, ҳамсар (бевамард ва ё бевазан) ва фарзандони то 16-солаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ фавтидаанд;
- объектҳои ғайриманқули иттиҳодияҳои динӣ, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешаванд;
- масоҳати объектҳои ғайриманқули давлатӣ, ки бо тартиби муқарраргардида ба иҷора дода шуда, иҷорапулии онҳо дар ҳаҷми пурра ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад;
- гармхонаҳои мавсимии наздиҳавлигӣ.
2. Имтиёзҳои дар сархатҳои сеюм-панҷуми қисми 1 ҳамин модда муқарраршуда дар асоси шаҳодатномаи нафақа, шаҳодатномаи мукофоти давлатӣ, маълумотномаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба шумораи фарзандон, маълумотнома дар бораи фавти хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 348. Меъёри андоз
1. Меъёри андоз аз объектҳои ғайриманқул, вобаста ба масоҳати ишғолнамудаи объектҳои ғайриманқул ва мақсади истифодабарии онҳо бо фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти коэффитсиенти минтақавӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо, ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешавад:
1) барои объектҳои ғайриманқуле, ки ҳамчун биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ, инчунин, биноҳои ёрирасони онҳо истифода мешаванд:
- то 90 метри мураббаъ - 3 фоиз;
- аз 90 то 200 метри мураббаъ - 4 фоиз;
- зиёда аз 200 метри мураббаъ - 6 фоиз;
2) барои объектҳои ғайриманқуле, ки барои амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, намудҳои дигари хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифода мешаванд:
- то 250 метри мураббаъ - 12 фоиз;
- аз 250 то 500 метри мураббаъ - 15 фоиз;
- зиёда аз 500 метри мураббаъ - 18 фоиз;
3) барои объектҳои ғайриманқуле, ки барои амалӣ намудани намудҳои дигари фаъолият истифода мешаванд:
- то 200 метри мураббаъ - 9 фоиз;
- аз 200 то 500 метри мураббаъ - 12 фоиз;
- зиёда аз 500 метри мураббаъ - 15 фоиз;
4) барои объектҳои ғайриманқуле, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ҷойгир мебошанд, меъёрҳои дар бандҳои 2) ва 3) муайяншуда ба андозаи дукарата истифода карда мешавад.
2. Коэффитсиентҳои зерини минтақавӣ андозаи пардохти андоз аз объектҳои ғайриманқулро ба танзим медароранд:
3. Барои объектҳои ғайриманқуле, ки дар минтақаҳои рушди сайёҳӣ ва истироҳат ҷойгир мебошанд ва бо мақсади фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд, меъёрҳои андоз ба андозаи дукаратаи меъёрҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, муқаррар карда мешаванд.
§ 2. Андози замин
Моддаи 349. Андозсупорандагон
1. Андозсупорандагони андози замин шахсони зерин мебошанд:
- заминистифодабарандагоне, ки ба онҳо қитъаҳои замин барои истифодаи бемуҳлат, муҳлатнок ва меросии якумра дода шудаанд;
- заминистифодабарандагоне, ки воқеан қитъаҳои заминро истифода мебаранд, ба истиснои истифодабарандагони низоми ягонаи кишоварзӣ;
- истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки тибқи низоми умумии андозбандӣ фаъолият мекунанд.
2. Дар ҳолати ба иҷора додани қитъаи замин иҷорадиҳанда супорандаи андози замин дониста мешавад.
3. Андозсупоранда бо риояи муқаррароти бобҳои 52-53 Кодекси мазкур ва сипарӣ шудани 36 моҳи тақвимӣ метавонад аз низоми умумии андозбандӣ ба низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ гузарад.
Моддаи 350. Объекти андозбандӣ
1. Объекти андозбандии андози замин қитъаҳои заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, заминҳои берун аз маҳалҳои аҳолинишин бо назардошти сифат, минтақаи кадастрии замин, таъиноти истифодабарӣ ва хусусиятҳои экологии қитъаҳои замине мебошанд, ки мансубияти онҳоро қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Объекти андозбандии андози замин мутобиқи қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҷойгиршавии қитъаи замин, минтақаи кадастрии замин, таъиноти истифодабарӣ ва хусусиятҳои экологии қитъаи замин муайян карда мешавад.
3. Бо назардошти муқаррароти қисми 2 ҳамин модда, асос барои муайян намудани андози замин ҳуҷҷатҳои заминистифодабаранда ва минтақаи кадастрии қитъаи замин мебошад.
4. Маблағи андози замин, новобаста ба натиҷаи фаъолияти хоҷагидории заминистифодабаранда, барои воҳиди масоҳати замин дар шакли пардохтҳои устувор барои як сол муқаррар карда мешавад.
Моддаи 351. Манбаи андоз
1. Манбаи андоз барои ҳисоб намудани андози замин масоҳати қитъаи замини дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин зикргардида ё масоҳати қитъаи замине, ки заминистифодабаранда амалан истифода мебарад (дар ихтиёр дорад), ба истиснои замини аз пардохти андоз озодшуда, мебошад.
2. Ба масоҳати андозбандишаванда заминҳои вобасташуда, аз ҷумла заминҳои зери биноҳо, иншоот, объектҳои минтақаҳои санитарии муҳофизатӣ, минтақаҳои техникӣ ва қитъаҳои замини дигаре, ки барои нигоҳдории бинову иншоот заруранд, дохил мешаванд.
3. Барои воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ манбаи андоз масоҳати қитъаи замине мебошад, ки ба чунин воҳиди алоҳида (филиал ё намояндагӣ) дар ҳудуди марзи маъмурии дахлдор вобаста шудааст.
Моддаи 352. Меъёрҳои андози замин
1. Меъёрҳои андоз барои як гектари замин дар миқёси вилоятҳо ва шаҳрҳо (ноҳияҳо) бо назардошти минтақаҳои кадастрӣ ва намудҳои замин, аз ҷумла заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, заминҳои зери ҷангалзор ва буттазорҳои маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои таъиноти кишоварзӣ, бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқашуда ҳар 5 сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
2. Меъёрҳои андози замин ҳамасола аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи сатҳи таварруми соли гузашта индексатсия карда мешаванд. Меъёрҳои индексатсияшудаи андози замин барои соли тақвимӣ дар сомонаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешаванд.
3. Заминҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ дар маҳалҳои аҳолинишин (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо) истифода карда мешаванд, бо тартиби зерин андозбандӣ мегарданд:
1) масоҳати ҳар қитъаи замине, ки ба заминистифодабаранда мутобиқи ҳуҷҷати тасдиқкунанда вобаста карда шудааст, тибқи зербандҳои а) ва б) банди 2 ҳамин қисм андозбандӣ мегардад;
2) маблағи андози замин вобаста ба масоҳати қитъаи замин ва мақсади истифодабарии он бо тартиби зерин ҳисоб карда мешавад:
а) барои қитъаҳои замин, аз ҷумла заминҳои зери биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ истифодашаванда ва биноҳои ёрирасони онҳо:
- то 0,12 гектар дар заминҳои обӣ ва то 0,15 гектар дар заминҳои обёринашаванда (лалмӣ) – тибқи меъёрҳои муқарраргардида;
- аз 0,12 гектар то 0,20 гектар дар заминҳои обӣ ва аз 0,15 то 0,25 гектар дар заминҳои обёринашаванда (лалмӣ) – бо меъёри дукаратаи барои масоҳатҳои дар сархати якум зикргардида;
- зиёда аз 0,20 гектар дар заминҳои обӣ ва дар заминҳои обёринашаванда (лалмӣ) зиёда аз 0,25 гектар – бо меъёри секаратаи барои масоҳатҳои дар сархати якум муқарраргардида;
б) барои заминҳои бо мақсади амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ истифодашаванда, ба истиснои соҳибкорони инфиродии тибқи низоми содакардашуда барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ фаъолияткунанда, бо меъёри панҷкаратаи барои масоҳатҳои дар сархати якуми зербанди а) банди 2) ҳамин қисм муқарраргардида.
4. Нисбат ба заминҳое, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ истифода карда мешаванд, меъёри панҷкаратаи дар сархати якуми зербанди а) банди 2) қисми 3 ҳамин модда муқарраргардида татбиқ карда мешавад.
Моддаи 353. Озодкунӣ аз андози замин
1. Аз пардохти андози замин ҳудудҳо ва заминҳои зерин озод мебошанд:
- ҳудуди мамнӯъгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва дендрологӣ, ботаникӣ, ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ, ки номгӯй ва масоҳати ҳудудҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд;
- заминҳои муассисаҳои давлатӣ, ки барои амалисозии фаъолияти оинномавии (низомномавии) чунин муассисаҳо истифода мегарданд, ба истиснои заминҳои чунин муассисаҳо, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ дода (истифода) шудаанд;
- заминҳое, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вайроншуда эътироф шудаанд, инчунин, заминҳое, ки тибқи хулосаи расмии мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар марҳилаи азхудкунии кишоварзӣ қарор доранд, ба муҳлати 5 сол баъд аз гирифтани (оғози азхудкунии) чунин заминҳо;
- заминҳое, ки таҳти хати мушоҳида дар тули сарҳади давлатӣ қарор дошта, бо мақсадҳои дигар истифода намешаванд;
- заминҳои истифодаи умумии маҳалҳои аҳолинишин ва хоҷагии коммуналӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои динӣ, қабристонҳо, агар дар чунин заминҳо фаъолияти соҳибкорӣ анҷом дода нашавад;
- заминҳои захираи озоди давлатӣ, инчунин, заминҳое, ки дар зери пиряхҳо, ярчҳо, дарёҳо ва кӯлҳо воқеъ мебошанд, агар дар онҳо фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ карда нашавад;
- заминҳое, ки дар онҳо таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи барқ насб гардидаанд (бо қувваи номиналии 0,1 МВт ва зиёда аз он), ба муҳлати 5 сол аз санаи ба кор андохтани он;
- заминҳои таҳти роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва роҳи оҳан, инчунин, заминҳои таҳти объектҳои давлатии интиқоли барқ, обтаъминкунӣ ва иншооти обии давлатӣ қарордошта, агар дар онҳо фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ карда нашавад;
- заминҳое, ки барои таъмини мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҷойгиркунии онҳо ва масоҳати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, агар дар онҳо фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ карда нашавад;
- як қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва қитъаи замине, ки барои сохтмони манзил ба шахсони дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 347 Кодекси мазкур зикршуда ҷудо гардидаанд;
- қитъаҳои замини наздиҳавлигие, ки ба муҳоҷирони ихтиёрӣ ва экологӣ барои зисти доимӣ аз як ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ноҳияҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудаанд, ба муҳлати 3 сол баъд аз ҷудо намудани чунин заминҳо;
- қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил ба муаллимони дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва духтурони дар муассисаҳои тиббии деҳот коркунанда ҷудо карда шудаанд, дар давраи кори онҳо дар чунин муассисаҳо;
- масоҳати заминҳое, ки бо мақсадҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин, озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, дарахтҳои ороишӣ ва мевадиҳанда ба ташкилотҳои илмӣ, хоҷагиҳои таҷрибавӣ ва илмию озмоишӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии самтҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, ки номгӯй ва истифодабарандагони онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ҷудо гардидаанд, агар чунин масоҳатҳо бо мақсади соҳибкорӣ истифода нагарданд;
- қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил барои ҳамаи гурӯҳи маъюбон (ба истиснои маъюбони гурӯҳҳои I ва II) дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси замин ҷудо шудаанд, агар дар чунин оилаҳо шахси ғайри қобили меҳнат бошад ва шахси маъюб эътирофшуда бе ҷои кор бошад;
- замини чарогоҳҳо, алафзорҳо, бешаҳо ва заминҳои дигар, ки барои бунёди боғҳо ва токзорҳо истифода карда мешаванд, ба муҳлати 5 сол аз соли оғози бунёди боғҳо ва токзорҳо, агар чунин заминҳо қаблан барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода нашуда бошанд.
2. Барои истифодаи имтиёзҳои андозии дар ҳамин модда пешбинишуда андозсупоранда уҳдадор аст ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии қитъаи замин ҳуҷҷатҳои дахлдори муайянкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаро пешниҳод намояд.
Моддаи 354. Тартиби умумии ҳисоб ва пардохт намудани андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул
1. Ҳисоб намудани андоз аз андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул бо роҳи зарб намудани манбаи андоз ба меъёрҳои дахлдори андоз оид ба ҳар объекти андозбандӣ дар алоҳидагӣ анҷом дода мешавад.
2. Андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул аз моҳи минбаъдаи моҳе, ки дар он андозсупоранда ҳуқуқи истифодаи (ё ихтиёрдории) объекти андозбандиро гирифтааст, ҳисоб карда мешавад.
3. Дар ҳолати қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи (ё ихтиёрдории) объекти андозбандӣ андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул барои моҳҳои воқеан истифодашудаи (ё ихтиёрдории) объекти андозбандӣ, аз ҷумла моҳи қатъ гардидани ҳуқуқҳои дар боло зикргардида, ҳисоб карда мешавад.
4. Ҳангоми дар давоми соли тақвимӣ аз як категорияи замин (маҳалли аҳолинишин) ба категорияи дигар гузаронидани заминҳо (маҳалли аҳолинишин) андоз аз объектҳои ғайриманқул барои соли ҷорӣ аз ҷониби андозсупорандагон мутобиқи меъёрҳои қаблан барои чунин заминҳои маҳалли аҳолинишин (гурӯҳи заминҳо) муқарраргардида ва дар соли минбаъда мутобиқи меъёрҳои барои категорияи нави заминҳо (маҳалли аҳолинишин) муқарраргардида пардохт карда мешавад.
5. Ҳангоми аз як ҳудуди марзию маъмурӣ ба ҳудуди дигар гузаштани маҳалли аҳолинишин меъёри нави андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул аз 1-уми январи соли минбаъдае, ки дар он тағйирёбии ҳудудӣ ба миён омадааст, истифода карда мешаванд.
Моддаи 355. Тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз
1. Ҳисоби маблағи андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқули шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, ки бояд барои соли ҳисоботӣ пардохт карда шаванд, дар асоси маълумоти мақомоти ваколатдори соҳавӣ аз ҷониби мақомоти андози маҳалли бақайдгирии андозсупоранда то 1-уми феврали соли ҳисоботӣ тавассути низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз ташаккул дода шуда, огоҳинома дар ин хусус ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда дар шакли электронӣ ирсол мегардад.
2. Дар ҳолати дастрас гардидани маълумоти иловагӣ аз мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва ё аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод гардидани тавзеҳот (ё ҳуҷҷатҳои асоснок) мақомоти андоз дар давоми як моҳ аз санаи гирифтани чунин маълумот уҳдадор аст онро баррасӣ намуда, ҳисоботи ислоҳкардашударо барои давраи ҳисоботӣ ба низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз ворид намуда, ба андозсупоранда огоҳинома ирсол намояд. Шакли ҳисобот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.
3. Ҳисобкунии маблағҳои андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқули шахсони воқеӣ, ки онро дар фаъолияти соҳибкории худ истифода намебаранд, аз ҷониби мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии қитъаҳои замин ва (ё) объектҳои ғайриманқул дар асоси маълумоти мақомоти ваколатдори соҳавӣ то 1-уми феврали соли ҳисоботӣ тавассути низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз анҷом дода шуда, огоҳинома дар ин хусус ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда дар шакли электронӣ ирсол мегардад.
4. Агар бо ягон сабаб огоҳинома оид ба маблағҳои андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул ба андозсупоранда нарасида бошад, чунин шахс уҳдадор аст ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии молу мулк муроҷиат намуда, ҳисобҳои андозҳоро гирад ва мустақилона маблағҳои андозҳоро дар муҳлатҳои муайяннамудаи Кодекси мазкур пардохт намояд.
5. Андозсупорандагон уҳдадоранд маълумоти заруриро оид ба объектҳои нави андозбандии марбут ба қитъаҳои замин ва (ё) объектҳои ғайриманқули аз нав ҷудокардашуда (ба даст овардашуда, гирифташуда, сохташуда, тағйирот дар соҳибмулкӣ) дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи ҷудокунӣ (ба даст овардан, гирифтан, сохташуда, тағйирот дар соҳибмулкӣ) ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд.
Моддаи 356. Муҳлати пардохт
1. Маблағи андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул барои соли ҳисоботӣ аз ҷониби андозсупорандагон на дертар аз рӯзи 15-уми моҳи дуюми ҳар семоҳа ба андозаи аз чор як ҳиссаи маблағи солонаи андоз пардохт карда мешавад.
2. Андозсупоранда метавонад маблағи андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқулро пеш аз муҳлат пурра пардохт намояд.
3. Андозсупоранда уҳдадор аст пардохтҳои андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқулро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда анҷом диҳад. Ҳангоми дар муҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби андозсупоранда пардохт нагардидани андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул аз ҷониби мақомоти андоз барои батаъхиргузории муҳлати пардохт фоизҳо ҳисоб карда мешаванд.
4. Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохт намудани андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул, инчунин, шаклҳои эъломия (ҳисобот) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
5. Назорати пардохт намудани андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул аз ҷониби мақомоти андоз дар ҳамкорӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.
§ 3. Андоз аз воситаҳои нақлиёт
Моддаи 357. Андозсупорандагон
Супорандагони андоз аз воситаҳои нақлиёт шахсоне мебошанд, ки соҳиб ва (ё) истифодабарандаи воситаҳои нақлиёти дорои объекти андозбандӣ дониста мешаванд.
Моддаи 358. Объекти андозбандӣ
1. Объектҳои андозбандӣ автомобилҳо, мотосиклҳо, мотороллерҳо, автобусҳо ва механизмҳои дигари худгарди пневматикӣ ва тасмачарх, ҳавопаймоҳо, чархболҳо, локомотивҳои роҳи оҳан, киштиҳои муҳаррикдор, яхтаҳо, киштиҳои бодбонӣ, заврақҳо, барфгардҳо, чанаҳои муҳаррикдор, обгардҳои муҳаррикдор ва воситаҳои нақлиёти обӣ ва ҳавоии дигар (минбаъд дар ин боб - воситаҳои нақлиёт) мебошанд, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Бақайдгирии объектҳои андозбандӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти ваколатдори соҳаҳои нақлиёт, мудофиа, кишоварзӣ ва (ё) мақомоти дигари давлатӣ (минбаъд дар ин боб - мақомоти ваколатдори бақайдгирандаи воситаи нақлиёт) анҷом дода мешавад.
3. Новобаста ба корношоямии воситаи нақлиёт ва бо сабабҳои гуногун истифода нагардидани он, инчунин, дар қайди давлатӣ набудани воситаи нақлиёт, андозсупоранда уҳдадор аст андоз аз воситаҳои нақлиётро пардохт намояд.
4. Воситаи нақлиёт объекти андозбандӣ дониста намешавад, агар он бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз қайди давлатӣ ва аз ҳисоб бароварда шуда бошад.
5. Мақомоти ваколатдори дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида уҳдадоранд на камтар аз як маротиба дар 3 соли тақвимӣ барӯйхатгирии воситаҳои нақлиётро анҷом диҳанд ва тариқи электронӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот ирсол намоянд.
Моддаи 359. Манбаи андоз
Манбаи андоз аз воситаҳои нақлиёт иқтидори муҳаррики воситаи нақлиёт мебошад, ки бо воҳидҳои қувваи асп ё воҳиди истифодаи қувваи барқ ё килограмм-фишори муҳаррики реактивӣ ифода меёбад.
Моддаи 360. Меъёрҳои андоз
1. Меъёрҳои андоз аз воситаҳои нақлиёт вобаста ба иқтидори муҳаррик, фишори муҳаррики реактивӣ, номгӯй, ҷои нишаст, иқтидори борбардорӣ, соҳаи фаъолият бо ҳисоби як қувваи аспи иқтидори муҳаррик, як кВт/соат қувваи барқи иқтидори муҳаррик ва як килограмм - фишори муҳаррики реактивӣ, ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
Эзоҳ: Барои объектҳои андозбандие, ки иқтидори муҳаррики онҳо пурра бо қувваи барқ ифода ёфтааст, 50 фоизи меъёрҳои дар ҷадвал муқарраршуда барои ҳар 1 кВт/соат истифода карда мешавад. Барои автомобилҳои дорои ҳам муҳаррики дарунсӯз ва ҳам барқӣ андоз аз рӯи муҳаррике, ки иқтидори баландтар дорад ва агар иқтидораш баробар бошад, аз рӯи иқтидори муҳаррики дарунсӯз ҳисоб карда мешавад.
2. Меъёрҳои андоз аз воситаҳои нақлиёт ҳамасола то 1 феврали соли тақвимӣ дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 361. Озодкунӣ
Воситаҳои нақлиёти зерин аз андозбандӣ озод карда мешаванд:
- тракторҳо, комбайнҳои муҳаррикдори ғалладарав, пахтачин ва махсус, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд;
- автобусҳо ва троллейбусҳое, ки корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум барои мусофиркашонӣ истифода мебаранд;
- воситаҳои нақлиёти тиббии махсус;
- воситаҳои нақлиёти ҳарбии махсус ва техникаи ҳарбии махсуси баҳисобгирифташуда;
- як автомобили сабукрави ба маъюби гурӯҳи I ё II тааллуқдошта;
- нақлиёти саноатии роҳи оҳан (ба истиснои локомотивҳо);
- як автомобили сабукрав, новобаста ба иқтидори муҳаррик, ки моликияти Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, дорандаи ордени «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ордени «Зарринтоҷ», ордени «Исмоили Сомонӣ», иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, шахси ба ӯ баробаркардашуда, иштирокчии дигар амалиётҳои ҳарбӣ оид ба муҳофизати Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ, ҷанговари интернатсионалист, иштирокчии рафъи оқибатҳои фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил мебошад.
Моддаи 362. Тартиби пардохти андоз
1. Андоз аз воситаҳои нақлиёт ба буҷети дахлдори маҳалли бақайдгирии воситаи нақлиёт на дертар аз муҳлати гузаштани бақайдгирӣ ё муоинаи техникии ҳарсолаи воситаи нақлиёт пардохт карда мешавад.
2. Дар ҳолати аз нав ба қайд гирифтани воситаи нақлиёт, аз ҷумла ҳангоми хариду фурӯши он, андоз аз воситаҳои нақлиёт пардохт карда намешавад, агар соҳиби қаблии воситаи нақлиёт барои ин соли тақвимӣ андоз аз воситаҳои нақлиётро пардохт карда бошад.
3. Бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ ва гузаронидани муоинаи техникии ҳарсолаи воситаи нақлиёт танҳо баъд аз пардохти андоз барои соли андоз анҷом дода мешавад.
4. Ҳисоби маблағҳои андоз аз воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти андози маҳалли бақайдгирии воситаҳои нақлиёт дар асоси маълумоти мақомоти ваколатдори бақайдгирандаи воситаҳои нақлиёт то 1-уми апрели соли ҷорӣ ташаккул дода шуда, дар ин хусус тавассути низоми иттилооти барномаҳои мақомоти андоз ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда дар шакли электронӣ огоҳинома ирсол карда мешавад. Шакли ҳисоб оид ба маблағи ҳисобшудаи андозро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
5. Дар ҳолати дастрас гардидани маълумоти иловагӣ мақомоти ваколатдори бақайдгирандаи воситаҳои нақлиёт ва ё аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод намудани тавзеҳот (ё ҳуҷҷатҳои асоснок) мақомоти андоз дар давоми як моҳ аз санаи гирифтани чунин маълумот уҳдадор аст онро баррасӣ намуда, ҳисоботи ислоҳкардашударо барои давраи ҳисоботӣ ба низоми иттилооти барномаҳои мақомоти андоз ворид намуда, ба андозсупоранда огоҳинома ирсол намояд.
6. Мақомоти ваколатдори бақайдгирандаи воситаҳои нақлиёт уҳдадоранд ҳар сол тариқи электронӣ то 1-уми апрел ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар шакли тасдиқшуда маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:
- дар бораи соҳибони воситаҳои нақлиёт;
- дар бораи шумораи воситаҳои нақлиёти ба қайди давлатӣ гузошташуда (ба ҳисоб гирифташуда) ба ҳолати 31-уми декабри соли ҳисоботӣ, бо назардошти иқтидори муҳаррики воситаи нақлиёт;
- дар бораи шумораи воситаҳои нақлиёти аз муоинаи ҳарсолаи техникӣ гузаронидашуда;
- дар бораи пардохти маблағи андоз дар соли ҳисоботӣ.
7. Назорати пардохти андозро мақомоти ваколатдори бақайдгирандаи воситаи нақлиёт амалӣ менамоянд.
8. Мақомоти андоз бо мақсади таъмини пардохти пурраи андоз аз воситаи нақлиёт ба шахсони ҳуқуқӣ ва воҳидҳои алоҳидаи онҳо дар бораи маблағи ҳисобшудаи андоз дар муҳлатҳои зерин огоҳинома мефиристад:
1) дар давоми даҳ рӯз пас аз омода гардидани ҳисобот аз ҷониби мақомоти андоз дар бораи маблағи ҳисобшудаи андоз, ки бояд аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воҳидҳои алоҳидаи онҳо дар давраи андоз пардохт карда шавад;
2) на дертар аз ду моҳ аз санаи аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоти дигаре, ки барои ҳисоб кардани (азнавҳисобкунии) маблағи андозҳои дахлдори андозсупоранда барои давраи пешинаи андоз пардохтшаванда заруранд;
3) на дертар аз як моҳ аз лаҳзаи гирифтани маълумоти дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ дарҷгардида дар бораи он, ки ташкилоти дахлдор дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор дорад.
9. Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохти андоз аз воситаҳои нақлиёт, инчунин, шаклҳои эъломияи андоз аз воситаҳои нақлиёт бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
ФАСЛИ ХIV. НИЗОМҲОИ МАХСУСИ АНДОЗБАНДӢ
БОБИ 49. НИЗОМИ АНДОЗБАНДИИ ФАЪОЛИЯТ
ДАР МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 363. Муқаррароти асосӣ
1. Низоми андозбандии фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ тартиб ва шартҳои андозбандии фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодиро, ки дар қитъаҳои алоҳидаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҷавобгӯи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳанд, муқаррар менамояд.
2. Молҳои хориҷӣ ва ватании ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ воридшаванда аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо таҳти назорати мақомоти гумрук, бо шартҳои муайяннамудаи низоми гумрукии «Минтақаи озоди гумрукӣ» пурра озод карда мешаванд.
3. Ҳангоми аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ содирот намудани мол, пардохтҳои гумрукӣ, ба истиснои хироҷи барасмиятдарории гумрукӣ, ситонида намешаванд.
4. Ҳангоми аз ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба қисми дигари ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани мол пардохтҳои гумрукӣ ситонида мешаванд.
Моддаи 364. Низоми андоз дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Низоми андоз дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда, филиалҳои шахсони ҳуқуқии хориҷие, ки дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ ба қайд гирифта шудаанд ва ба талаботи зерин ҷавобгӯ мебошанд, татбиқ мегардад, агар:
- бо тартиби муқарраргардида аз бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз гузашта бошанд;
- берун аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ воҳидҳои алоҳида надошта бошанд;
- намудҳои фаъолиятеро амалӣ намоянд, ки дар низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд.
2. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар доираи фаъолияти дар минтақаи озоди иқтисодӣ амалишаванда ва молу мулки истифодашаванда аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, ба истиснои андозҳои дар қисми 3 ҳамин модда муқарраршуда, озод карда мешаванд.
3. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ супорандагони андози иҷтимоӣ ва агентони андоз нисбат ба шахсоне мебошанд, ки ба онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур даромадҳо, мукофотпулиҳо, пардохтҳо, фоида ва маблағҳои дигар пардохт мешаванд (бояд пардохт шаванд).
4. Муқаррароти қисми 2 моддаи мазкур танҳо нисбат ба фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ анҷом дода мешавад, татбиқ карда мешавад.
Моддаи 365. Тартиби ҳисоб ва пардохти андозҳо
1. Ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо, инчунин, пешниҳод намудани эъломияҳои андоз аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур анҷом дода мешаванд.
2. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ҳар семоҳа на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ бо шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ дар бораи шумора ва фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ маълумот пешниҳод менамояд.
3. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ уҳдадоранд ҳисоби фаъолияти хоҷагидории худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд.
4. Объектҳои андозбандии дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ қарордошта, ки моликияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ намебошанд, мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.
5. Муносибатҳои мутақобилаи мақомоти андоз бо маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо созишномаи байни онҳо басташаванда муайян карда мешаванд.
6. Назорати пардохти андозҳои субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодиро мақомоти андоз ва гумрук анҷом медиҳанд.
БОБИ 50. НИЗОМИ АНДОЗБАНДИИ СУБЪЕКТҲОИ
БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК
Моддаи 366. Низоми андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок
1. Муқаррароти моддаи мазкур нисбат ба субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок – иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок (минбаъд – иштирокчиёни касбӣ), эмитентҳо ва сармоягузорон, ки дар бозори муташаккили коғазҳои қиматнок иштирок мекунанд, татбиқ карда мешаванд.
2. Ба фаъолияти иштирокчиёни касбӣ дохил мешаванд:
- фаъолияти брокерӣ ва дилерӣ;
- фаъолият оид ба муайян кардани уҳдадориҳои тарафҳо (клиринг) аз рӯи амалиётҳо бо коғазҳои қиматнок;
- фаъолияти маҳфуздорӣ;
- фаъолияти ташкили савдо дар бозори коғазҳои қиматнок.
3. Иштирокчиёни касбӣ, ки фаъолияти дар қисми 2 ҳамин модда муқарраршударо амалӣ менамоянд, зимни амалисозии чунин фаъолият аз пардохти 50 фоизи андозҳои зерин озод карда мешаванд:
- андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ;
- андоз аз арзиши иловашуда.
4. Эмитентҳо – шахсони ҳуқуқии резидент ва ғайрирезиденте, ки коғазҳои қиматноки онҳо дар биржаҳои фондии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда дар муомилот мебошанд, вобаста ба даромади бадастоварда аз афзоиши арзиши коғазҳои қиматнок дар санаи муомилоти онҳо аз пардохти андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ (андози низоми содакардашуда) озод карда мешаванд.
5. Сармоягузорон – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки резидент ва ғайрирезидент мебошанд ва аз афзоиши арзиши коғазҳои қиматнок (пардохти купонӣ, дисконтӣ ва ба инҳо монанд) дар санаи муомилоти онҳо дар биржаи коғазҳои қиматнок даромад мегиранд, вобаста ба чунин даромад аз пардохти андоз аз даромад аз афзоиши коғазҳои қиматнок озод карда мешаванд.
6. Муқаррароти қисми 5 моддаи мазкур нисбат ба сармоягузорон, ки саҳмияҳои ба онҳо таллуқдоштаро харидорӣ (маблағи саҳмияро пардохт) намудаанд, татбиқ намегарданд.
7. Бо мақсади амалисозии назорати имтиёзҳои додашаванда ворид намудани шахсони дар қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи мазкур зикргардида ба қайди махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ ва асосҳои соҳиб шудан ба имтиёзҳои андозӣ аз ҷониби онҳо, биржаи фондӣ сари вақт ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои бақайдгирӣ маълумоти асоснокро пешниҳод менамояд. Имтиёзҳои дар моддаи мазкур номбаршуда танҳо пас аз қайди зикргардида ва пешниҳоди шаҳодатномаи дахлдор истифода мегарданд.
8. Дар сурати аз ҷониби эмитентҳо ва сармоягузорон ба анҷом расонидани амалиёт бо коғазҳои қиматнок дар бозори номуташаккили коғазҳои қиматнок чунин амалиёт бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур андозбандӣ мешавад.
9. Барои субъектҳои бозори коғазҳои қиматноки тибқи ҳамин боб андозбандишаванда муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи андоз, инчунин, муҳлати даъво ба муҳлати (давраи) пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ мутобиқи қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи мазкур тамдид карда мешаванд.
10. Дастурамал оид ба андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматноки тибқи ҳамин боб андозбандишаванда, инчунин шакли эъломияҳо (ҳисобот ва маълумот) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
БОБИ 51. НИЗОМИ АНДОЗБАНДИИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ, КИ
ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРИРО ДАР АСОСИ ПАТЕНТ Ё ШАҲОДАТНОМА
АМАЛӢ МЕНАМОЯНД
§1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 367. Муқаррароти умумӣ
1. Андозбандии фаъолияти соҳибкории шахсони воқеӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома анҷом дода мешавад.
2. Шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси патент амалӣ менамоянд, новобаста ба даромад, андозҳои барои чунин фаъолият муқарраршударо бо андозаи устувор пардохт менамоянд.
3. Шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома амалӣ менамоянд, мутобиқи муқаррароти ҳамин боб ва боби 52 Кодекси мазкур андозбандӣ карда мешаванд.
4. Аз ҷониби шахси воқеӣ анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ бе бақайдгирии давлатӣ манъ аст. Ҳангоми анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ бе бақайдгирии давлатӣ даромади чунин шахс ба андозаи дукаратаи меъёри барои чунин фаъолият муқарраршуда барои давраи бе бақайдгирӣ фаъолият намудан андозбандӣ карда мешавад.
5. Истифода бурдани низоми андозбандии муқаррарнамудаи ҳамин боб бо мақсади пинҳон намудани ё кам нишон додани уҳдадориҳои андозии соҳибкорони инфиродӣ ва (ё) шахсони истифодабарандаи хизматрасонии онҳо манъ аст, аз ҷумла:
- агар соҳибкори инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда асосан ба як шахс хизмат расонад ва (ё) даромадҳоро аз як манбаъ гирад ва (ё) аз ҷониби ӯ иҷро намудани нишонаҳои шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шуда бошад;
- агар интихоби таҳвилкунандаи мол (иҷрокунандаи кор ва ё хизматрасонӣ) асосан ба истифодабарии низоми андозбандии муқаррарнамудаи ҳамин боб вобаста бошад.
6. Соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда ҳуқуқ дорад баҳисобгирии муҳосибии худро тибқи муқаррароти моддаи 89 Кодекси мазкур ё мутобиқи низоми содакардашудаи баҳисобгирии муҳосибии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муқарраршуда амалӣ намояд.
7. Андозбандии даромадҳои фаъолияти соҳибкории инфиродии шахсони воқеӣ-ғайрирезидентон бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти меъёри андоз аз даромади муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 183 ва муқаррароти дигари Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
§ 2. Андозбандии соҳибкорони инфиродии
дар асоси патент фаъолияткунанда
Моддаи 368. Муқаррароти умумии андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда
1. Патент ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахсони воқеӣ-резидентон ва ғайрирезидентон ҳамчун соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда мебошад.
2. Андозбандии шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида дар асоси Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда (минбаъд – низоми патентӣ), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад, агар дар як вақт шартҳои зерин иҷро гарданд:
- фаъолияти соҳибкори инфиродӣ бе кирояи қувваи корӣ ва бе амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ анҷом дода шавад;
- дар соли тақвимӣ даромади умумии соҳибкори дар асоси патент фаъолияткунанда аз 200 ҳазор сомонӣ бештар набошад (минбаъд – ҳадди даромад барои низоми патентӣ).
3. Соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда ҳуқуқи истифода намудани низомҳои дигари андозбандии тибқи Кодекси мазкур муқарраршударо надорад.
4. Истифодаи низоми андозбандӣ дар асоси патент ҳангоми иҷро нагардидани яке аз шартҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинигардида, инчунин, дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи 367 Кодекси мазкур иҷозат дода намешавад.
5. Ҳангоми аз ҷониби соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда ҷалб гардидани коргари кироя ва аз 200 ҳазор сомонӣ зиёд гардидани даромади умумии он дар давраи на зиёда аз дувоздаҳ моҳи тақвимӣ, чунин соҳибкор уҳдадор аст дар муҳлати 10 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи пайдо шудани чунин ҳолатҳо ба мақомоти андоз барои қатъ намудани фаъолият дар асоси патент ва ба низоми дигар гузаштан ариза диҳад.
6. Соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда аз иҷрои уҳдадориҳои зерин озод мебошад:
- аз пардохти андоз аз даромад аз фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки дар қисми 2 моддаи 24 Кодекси мазкур муқаррар шудааст, ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоии бевосита ба арзиши (нархи) патент дохилшаванда;
- аз пешниҳоди ҳисоботи андоз, ба истиснои пешниҳод намудани эъломияи даромади умумӣ барои соли гузаштаи тақвимӣ (ё барои давраи аз оғози соли тақвимӣ дар ҳолати қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ) бо замимаи нусхаҳои ҳуҷҷатҳои бонкӣ доир ба пардохти андозҳо.
7. Ҳангоми аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ - дорандаи патент иҷро нагардидани яке аз шартҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинигардида чунин соҳибкори инфиродӣ бо меъёри панҷкаратаи андозаи моҳонаи андозҳои ба фаъолияти ӯ дахлдошта андозбандӣ карда мешавад.
8. Мақомоти андоз бо мақсади муайян намудани ҳадди даромади соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда бо истифода аз маълумоти мавҷуда корҳои назоратиро амалӣ менамояд.
9. Соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда андозҳои дигари дар Кодекси мазкур барои шахсони воқеӣ муқарраргардидаро пардохт менамояд.
10. Уҳдадории андозии соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда то расман бекор гардидани қайди давлатӣ боқӣ мемонад.
Моддаи 369. Андозсупорандагон ва баҳисобгирии онҳо
1. Шахсони воқеӣ-резидентҳо ва ғайрирезидентон, ки ба муқаррароти қисмҳои 1-3 моддаи 368 Кодекси мазкур мутобиқат менамоянд, андозсупорандагони бо низоми патентӣ фаъолияткунанда дониста мешаванд.
2. Соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда дар мақомоти андози маҳалли фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Дар ҳолати иваз гардидани маҳалли фаъолияти чунин соҳибкор варақаи ҳисоббаробаркунии ӯ ба таври автоматӣ ба мақомоти андози дахлдор интиқол дода мешавад.
3. Аз низоми патентӣ ба низоми дигари андозбандӣ, инчунин, аз низоми дигари андозбандӣ ба низоми патентӣ гузаштани соҳибкори инфиродӣ бо тартиби муқарраргардида баъд аз иҷрои расмиёти бақайдгирии давлатӣ анҷом дода мешавад.
4. Уҳдадории андозии соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда аз санаи якуми моҳи баъд аз моҳи қатъ гардидани бақайдгирии давлатии чунин соҳибкори инфиродӣ хотима меёбад.
Моддаи 370. Меъёри андоз
Меъёри андозҳои соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамояд, аз рӯи намудҳои алоҳидаи фаъолият мутобиқи боби мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти коэффитсиентҳои минтақавии танзимкунанда муайян карда мешавад.
Моддаи 371. Давраи андоз
Давраи андоз барои соҳибкори инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда моҳи тақвимӣ эътироф карда мешавад.
Моддаи 372. Тартиби супоридани андозҳо
1. Андозҳо аз рӯи низоми патент аз ҷониби андозсупоранда мустақилона тариқи пешпардохт то санаи 5-уми моҳ барои як моҳ ё якчанд моҳи минбаъда ба буҷети маҳалли фаъолият пардохт карда мешаванд.
2. Соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда уҳдадоранд, ки нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи андозҳоро барои соли тақвимии гузашта на дертар аз 1-уми марти соли баъд аз соли ҳисоботии тақвимӣ ба мақомоти андози маҳалли фаъолият тариқи электронӣ ирсол намоянд.
§ 3. Хусусиятҳои умумии андозбандии соҳибкорони инфиродии
дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда
Моддаи 373. Хусусиятҳои умумии андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда
1. Даромади умумии шахсони воқеӣ-резидентон ва ғайрирезидентон, ки ҳамчун соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд (минбаъд – соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда), аз ҳамаи намудҳои фаъолияти амалишавандаи онҳо дар давраи пешинаи дувоздаҳ моҳи пурраи муттасили (пайдарпайи) тақвимии гузашта наметавонад аз 1 миллион сомонӣ зиёд бошад.
2. Агар даромади умумии соҳибкори дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда дар давраи на зиёда аз дувоздаҳ моҳи тақвимӣ аз 1 миллион сомонӣ зиёд гардад, чунин соҳибкор уҳдадор аст, ки ҳамчун шахси ҳуқуқӣ аз қайди давлатӣ гузарад ва дар низоми умумии андозбандӣ фаъолият намояд.
3. Аз низоми андозбандии соҳибкории дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда ба низоми умумии андозбандӣ гузаштани чунин соҳибкор, инчунин, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ӯ бе гузаронидани санҷиши андоз амалӣ карда мешавад. Дар чунин ҳолат барои мақсадҳои андозбандӣ уҳдадориҳои чунин соҳибкорони инфиродӣ ба шахси ҳуқуқии навтаъсис мегузаранд.
4. Соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда вобаста ба намуди фаъолият ва даромади гирифтаашон бо тартиби муқарраргардида низомҳои махсуси зерини андозро истифода мебаранд:
- низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд;
- низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
- низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ.
5. Соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки дар як вақт 2 низоми махсуси андозбандии дар қисми 4 ҳамин модда пешбинигардидаро истифода мебаранд, уҳдадоранд баҳисобгирии алоҳидаи даромадҳо, хароҷот ва амалиёти хоҷагидории анҷомшавандаро оид ба ҳар як низоми махсуси андози истифодашаванда пеш баранд.
6. Низомҳои махсуси андоз аз ҷониби соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда дар ҳолате истифода мешаванд, ки агар даромад ва фаъолияти онҳо ба шартҳои чунин низомҳои махсуси андоз ҷавобгӯ бошанд.
7. Агар ҳамин боб тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад, соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда андозҳои дигарро мувофиқи муқаррароти Кодекси мазкур пардохт менамоянд.
8. Соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда аз иҷрои уҳдадориҳои агенти андоз, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, озод намебошанд.
9. Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
10. Новобаста ба муқаррароти боби мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад қоидаҳои андозбандӣ, намудҳои фаъолият ва меъёрҳои устувори андозҳои дахлдорро барои соҳибкорони дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда муқаррар намояд.
БОБИ 52. НИЗОМИ СОДАКАРДАШУДАИ АНДОЗБАНДӢ
БАРОИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРД
Моддаи 374. Муқаррароти умумӣ
1. Низоми содакардашудаи андозбандӣ (минбаъд – андози низоми содакардашуда) нисбат ба субъектҳои соҳибкорие, ки даромади умумии онҳо дар давраи на зиёда аз дувоздаҳ моҳи пайдарпайи тақвимии гузашта аз 1 миллион сомонӣ зиёд намебошад, амалӣ мегардад.
2. Ҳангоми гузариш аз низоми содакардашуда ба низоми умумии андозбандӣ ва аз низоми умумӣ ба низоми содакардашуда даромади умумии субъекти соҳибкорӣ бо усули ҳисобу замкунӣ муайян карда мешавад.
3. Субъектҳое, ки супорандаи андози низоми содакардашуда мебошанд, андоз аз даромадро бо тартиби содакардашуда пардохт менамоянд.
4. Андозсупорандагоне, ки бо низоми содакардашуда фаъолият менамоянд, ҳуқуқ доранд ихтиёран андози низоми содакардашударо аз даромади умумӣ ё аз фарқияти байни даромад ва хароҷоти иҷозатдодашуда ҳисоб ва пардохт намоянд.
5. Супорандаи андози низоми содакардашуда андозсупорандаи андозҳои зерин дониста намешавад:
- андоз аз даромади шахси ҳуқуқӣ, ба истиснои даромадҳое, ки аз онҳо андоз дар манбаи пардохт нигоҳ дошта мешавад;
- андоз аз даромади соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда, ба истиснои даромадҳое, ки дар манбаи пардохт нигоҳ дошта мешаванд;
- андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми воридоти молҳо ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андоз аз арзиши иловашудаи ғайрирезидент, ки дар манбаи пардохт нигоҳ дошта мешавад.
6. Супорандагони андози низоми содакардашуда андозҳои дигари муқаррарнамудаи Кодекси мазкурро пардохт менамоянд, агар дар ҳамин боб тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.
7. Супорандагони андози низоми содакардашуда уҳдадоранд уҳдадориҳои агенти андозро, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, иҷро намоянд.
8. Новобаста ба муқаррароти қисмҳои 1-7 ҳамин модда супорандагони андози низоми содакардашуда ҳуқуқ доранд ихтиёран барои бақайдгирӣ ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мутобиқи талаботи низоми умумии андозбандӣ ба мақомоти андоз ариза пешниҳод намоянд.
Моддаи 375. Андозсупорандагон
1. Шахсони зерин супорандагони андози низоми содакардашуда дониста мешаванд:
- шахсоне, ки дар давоми соли тақвимӣ фаъолияти соҳибкориро оғоз намудаанд, новобаста ба бақайдгирии давлатии чунин шахсон;
- шахсоне, ки ба талаботи қисмҳои 1 ва 3 моддаи 374 Кодекси мазкур ва сархати якуми қисми 3 ҳамин модда мутобиқат менамоянд.
2. Андози низоми содакардашуда нисбат ба андозсупорандагони зерин татбиқ намегардад:
- шахсони воқеие, ки ҳамчун соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд;
- фондҳои сармоягузорӣ, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳои суғуртавӣ ва қарзӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ломбардҳо, истифодабарандагони захираҳои табиӣ, таҳвилкунандагони алюминийи аввалия, истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони маҳсулоти зераксизӣ, инчунин, шахсоне, ки дар асоси шартномаҳои комиссия, супориш ва шартномаҳои миёнаравии дигар бо фаъолияти миёнаравӣ машғуланд;
- истифодабарандагони низоми содакардашудаи андозбандии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ба истиснои даромадҳое, ки андозбандии онҳо дар доираи низоми содакардашудаи андозбандии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба танзим дароварда нашудааст;
- шахсони истифодабарандаи низоми содакардашудаи андозбандии субъектҳои бизнеси бозӣ, ба истиснои даромадҳое, ки ба бизнеси бозӣ тааллуқ надоранд.
3. Гузариш аз низоми умумии андозбандӣ ба низоми содакардашуда ва аз низоми содакардашуда ба низоми умумии андозбандӣ бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
- агар аз рӯи натиҷаи на зиёда аз 12 моҳи пайдарпайи тақвимии гузашта даромади умумии андозсупорандаи истифодабарандаи низоми умумии андоз аз маблағи дар қисми 1 моддаи 374 Кодекси мазкур муқарраршуда кам бошад ва агар аз муҳлати аз низоми содакардашуда ба низоми умумии андоз гузаштани чунин шахс 36 моҳи тақвимӣ гузашта бошад, андозсупорандаи мазкур метавонад дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи ба миён омадани чунин ҳолатҳо ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирӣ барои гузариш ба андози низоми содакардашуда ариза пешниҳод намояд;
- агар аз рӯи натиҷаи на зиёда аз 12 моҳи пайдарпайи тақвимии гузашта даромади умумии андозсупорандаи истифодабарандаи низоми содакардашудаи андоз аз маблағи дар қисми 1 моддаи 374 Кодекси мазкур муқарраршуда зиёд бошад, андозсупорандаи мазкур уҳдадор аст дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи ба миён омадани чунин ҳолат ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирӣ барои гузариш ба низоми умумии андозбандӣ ариза пешниҳод намояд;
- агар андозсупоранда барои бақайдгирӣ ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ихтиёран муроҷиат намуда бошад, андозсупорандаи мазкур уҳдадор аст дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи муроҷиат ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирӣ барои гузариш ба низоми умумии андозбандӣ ариза пешниҳод намояд;
- дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда риоя нагардидани талаботи сархати якум ё дуюми ҳамин қисм, аз як низом ба низоми дигар гузаштани чунин андозсупоранда аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода шуда, дар ин хусус ба андозсупоранда огоҳинома ирсол карда мешавад.
4. Андозсупоранда ҳуқуқ дорад ихтиёран андози низоми содакардашударо аз фарқияти даромад ва хароҷот пардохт намояд, агар ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирӣ бо шакли муқарраргардида дар муҳлатҳои зерин ариза пешниҳод карда бошад:
1) андозсупорандаи навтаъсис – дар давоми 5 рӯзи корӣ пас аз бақайдгирии давлатӣ;
2) андозсупорандаи амалкунанда – то 31-уми декабри соли тақвимӣ.
5. Барои андозсупорандагоне, ки пардохти андози низоми содакардашударо аз рӯи фарқияти байни даромад ва хароҷоти иҷозатдодашуда интихоб менамоянд, ҳисоб ва пардохти андоз аз санаи зерин амалӣ карда мешавад:
- барои андозсупорандаи навтаъсис - аз санаи бақайдгирии давлатӣ;
- барои андозсупорандаи амалкунанда пас аз пешниҳоди ариза – аз 1-уми январи соли минбаъдаи тақвимӣ.
6. Андозсупорандагоне, ки яке аз усули ҳисоби андози низоми содакардашударо интихоб намудаанд, уҳдадоранд то охири соли ҷории тақвимӣ бо ҳамин усул фаъолият намоянд. Чунин андозсупорандагон ҳуқуқ доранд аз оғози соли минбаъда усули интихобнамударо иваз намоянд, агар то 31-уми декабри соли ҷорӣ ба мақомоти андози маҳалли қайди худ ариза пешниҳод карда бошанд.
Моддаи 376. Объекти андозбандӣ
1. Агар дар қисмҳои 2, 3 ва 4 ҳамин модда тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, объекти андозбандии андози низоми содакардашуда даромади умумӣ, аз ҷумла даромад аз таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), инчунин, даромадҳои дигари бадастомада, мебошад.
2. Объекти андозбандии андозсупорандагони дар қисми 4 моддаи 375 Кодекси мазкур муайяншуда даромади умумии онҳо бо тарҳҳои пешбининамудаи бобҳои 28 ва 29 Кодекси мазкур дониста мешавад.
3. Ҳангоми аз ҷониби андозсупоранда интихоб гардидани усули ҳисоби андози низоми содакардашуда аз даромади умумӣ бе тарҳи хароҷот, объекти андозбандии чунин андозсупоранда бо усули хазинавӣ ҳисоб карда мешавад.
4. Ҳангоми аз ҷониби андозсупоранда интихоб шудани усули ҳисоби андози низоми содакардашуда аз даромуди умумӣ бо тарҳи хароҷот, объекти андозбандии чунин андозсупоранда бо усули ҳисобу замкунӣ ҳисоб карда мешавад.
5. Баҳисобгирии даромаду хароҷот бо усули ҳисобу замкунӣ мутобиқи муқаррароти моддаи 93 Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
6. Даромади умумии бадастовардаи шахси ҳуқуқии хориҷӣ, ки фаъолияти худро тавассути филиал ва (ё) намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, дар асоси даромадҳои он, ки аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудаанд, муайян карда мешавад.
Моддаи 377. Манбаи андоз
1. Манбаи андоз барои истифодабарандагони андози низоми содакардашуда даромади умумии дар давраи андоз гирифтаи андозсупоранда дониста мешавад.
2. Дар ҳолати дар муҳлати зиёда аз 6 моҳи тақвимӣ амалӣ нагардидани пардохтҳо барои моли (иҷрои кори ва хизматрасонии) аз ҷониби андозсупоранда таҳвилшуда, барои мақсадҳои андозбандӣ арзиши чунин мол (кор, хизматрасонӣ) барои андозсупорандае, ки усули хазинавиро интихоб намудааст, пардохтшуда ҳисобида мешаванд. Дар сурати аз ҷониби қарздорон ба андозсупоранда пардохт нагардидани қарзҳои беэътимод, ки қаблан ба даромади андозбандишаванда ҳамроҳ карда будаанд, онҳо аз даромади андозбандишавандаи ӯ тарҳ карда мешаванд.
3. Андозсупорандагоне, ки андози низоми содакардашударо истифода менамоянд, барои мақсадҳои муайян намудани манбаи андоз метавонанд низоми содакардашудаи баҳисобгирии муҳосибии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муқарраршударо истифода намоянд.
4. Барои андозсупорандагони дар қисми 4 моддаи 375 Кодекси мазкур муайяншуда манбаи андоз даромади умумии дар давраи андоз гирифтаи чунин андозсупорандагон бо тарҳи хароҷоти иҷозатдодашуда дониста мешавад.
Моддаи 378. Имтиёзҳо
1. Имтиёзҳои пешбининамудаи бандҳои 6) ва 7) қисми 2 моддаи 189 Кодекси мазкур барои мақсадҳои боби мазкур татбиқ карда намешаванд.
2. Кумакҳои молиявие (субсидияҳое), ки муассисаҳои давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории фаъолияти худ мегиранд, ба даромади умумии онҳо дохил намегарданд.
Моддаи 379. Давраи андоз
Давраи андоз барои андозсупорандаи низоми содакардашуда соли тақвимӣ ва давраи ҳисоботӣ ҳар семоҳа дониста мешавад.
Моддаи 380. Меъёрҳои андоз
Меъёри андози низоми содакардашуда ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
1) барои фаъолияти андозсупорандагони дар моддаи 375 Кодекси мазкур пешбинишуда, ба истиснои андозсупорандагони дар қисми 4 моддаи 375 Кодекси мазкур муайяншуда – 6 фоиз;
2) барои фаъолияти андозсупорандагони дар қисми 4 моддаи 375 Кодекси мазкур пешбинишуда - меъёрҳое, ки дар қисми 4 моддаи 183 Кодекси мазкур муқаррар карда шудаанд.
Моддаи 381. Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андози низоми содакардашуда
1. Андози низоми содакардашуда барои андозсупорандагоне, ки манбаи андози онҳо мутобиқи қисми 1 моддаи 377 Кодекси мазкур муқаррар шудааст, бо роҳи зарби маблағи даромади умумӣ ба меъёри дахлдори андоз ҳисоб карда мешавад.
2. Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда амалӣ гардидани якчанд намуди фаъолият, пешбурди баҳисобгирии даромад ва хароҷот барои ҳар намуди фаъолият, инчунин, ҳисоб намудани маблағҳои андози дахлдор ҷудогона анҷом дода мешавад.
3. Барои андозсупорандагоне, ки манбаи андози онҳо мутобиқи қисми 4 моддаи 377 Кодекси мазкур муқаррар шудааст, маблағи андози низоми содакардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи фасли VII Кодекси мазкур барои андоз аз даромад ҳисоб карда мешавад.
4. Андозсупорандагоне, ки то гузариш ба андози низоми содакардашуда ҳангоми ҳисоб намудани андозҳо аз рӯи низоми умумии андозбандӣ усули ҳисобу замкуниро истифода мебурданд, дар вақти пардохти андози низоми содакардашуда қоидаҳои зеринро иҷро менамоянд:
- маблағи то гузариш ба андози низоми содакардашуда гирифташудае, ки вобаста ба он таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) тибқи шартнома баъд аз гузариш ба андози низоми содакардашуда анҷом дода мешавад, ба манбаи андози низоми содакардашуда дохил карда мешавад;
- маблағе, ки барои таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) баъд аз гузариш ба андози низоми содакардашуда гирифта шудааст, ба манбаи андоз дохил карда намешавад, агар қаблан чунин маблағҳои гирифташуда бо усули ҳисобу замкунӣ дар асоси низоми умумии андозбандӣ ба манбаи андоз дохил карда шуда бошанд.
5. Даромадҳо аз таҳвили мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ, ҳуқуқи молумулкӣ) дар давраи истифодаи андози низоми содакардашуда, ки пардохти (пардохти ҷузъии) онҳо то санаи гузариш ба низоми умумии андозбандӣ амалӣ нашудааст, ба таркиби даромадҳои дар эъломияи охирини андози низоми содакардашуда ҳангоми гузариш ба низоми умумии андозбандӣ дохил карда мешаванд.
6. Маблағи андози низоми содакардашудаи то гузариш ба низоми умумии андозбандӣ гирифташудае, ки вобаста ба он таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) тибқи шартнома баъд аз гузариш ба низоми умумии андозбандӣ анҷом дода мешавад, аз маблағи андози даромад дар низоми умумии андозбандӣ тарҳ карда мешавад.
7. Ҳангоми гузариш аз низоми умумии андозбандӣ ба андози низоми содакардашуда ва аз андози низоми содакардашуда ба низоми умумии андозбандӣ, андозсупорандагон вобаста ба андоз аз арзиши иловашуда қоидаҳои зеринро иҷро менамоянд:
- ҳангоми гузариш ба андози низоми содакардашуда маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки то чунин гузариш аз маблағи ба ҳисоби таҳвили минбаъдаи мол (кор, хизматрасонӣ) дар давраи пас аз гузариш ба андози низоми содакардашуда пардохтшуда (қисман пардохтшуда) ҳисоб ва ба буҷет пардохт шудаанд, дар давраи охирини андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоб гирифта мешаванд;
- ҳангоми гузариш ба низоми умумии андозбандӣ маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки супорандаи андози низоми содакардашуда барои бақияи молҳои харидоришуда пардохт намудааст, аз ҷониби ин андозсупоранда дар давраи якуми андоз пас аз гузариш ба низоми умумии андозбандӣ доир ба андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоб гирифта мешаванд ва аз арзиши чунин молҳо кам карда мешаванд.
8. Эъломияи андоз бо шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар семоҳа на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.
9. Андози низоми содакардашуда ҳар семоҳа дар маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда то санае, ки барои пешниҳоди эъломия муайян шудааст, ба буҷети маҳаллӣ пардохт карда мешавад.
10. Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохти андози низоми содакардашуда, инчунин, шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
БОБИ 53. НИЗОМИ СОДАКАРДАШУДАИ АНДОЗБАНДӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Моддаи 382. Муқаррароти умумӣ
1. Низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (минбаъд – андози ягонаи кишоварзӣ) низоми махсус барои андозбандии фаъолияти субъектҳое мебошад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бе коркарди саноатӣ анҷом медиҳанд.
2. Андози ягонаи кишоварзӣ нисбат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва шахсони ҳуқуқии дигар - истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (минбаъд – истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ) истифода карда мешавад.
3. Супорандаи андози ягонаи кишоварзӣ, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бе коркарди саноатӣ анҷом медиҳад, аз пардохти андозҳои зерин озод мебошад:
- андоз аз даромад (андози низоми содакардашуда барои субъектҳои соҳибкории хурд), ба истиснои даромадҳое, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ карда мешаванд;
- андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашудае, ки ҳангоми воридоти молҳо ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад ва (ё) дар ҳолати анҷом ёфтани амалиётҳои дар манбаи пардохт андозбандишаванда;
- андози замин.
4. Даромадҳои аз фаъолияти кишоварзӣ бадастовардаи аъзои хоҷагии деҳқоние (фермерӣ), ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд, аз пардохти андоз аз даромад барои шахсони воқеӣ озод карда мешаванд.
5. Дастурамал дар бораи муайян намудани меъёрҳои истифодабарии техника ва қувваи корӣ (аз ҷумла корҳои дастӣ) барои як гектар замин барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
6. Ҳангоми дар як вақт анҷом додани фаъолияти ғайрикишоварзӣ супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ иловатан супорандаи андози низоми содакардашуда ё низоми умумии андозбандӣ мебошанд. Чунин андозсупоранда уҳдадор аст, ки пешбурди баҳисобгирии даромад ва хароҷоти фаъолияти кишоварзӣ ва ғайрикишоварзии худро дар алоҳидагӣ анҷом диҳад.
7. Супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ андозҳои дигарро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пардохт намуда, уҳдадориҳои агенти андозро иҷро менамоянд.
8. Супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ ҳуқуқ доранд ба низоми умумии андозбандӣ гузаранд.
Моддаи 383. Андозсупорандагон
1. Супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзие эътироф карда мешаванд, ки ба муқаррароти моддаи 382 Кодекси мазкур мутобиқат менамоянд.
2. Барои мақсадҳои ҳамин боб ҳама гуна маҳсулоти кишоварзӣ, ки таҳти коркарди саноатӣ қарор дода нашудааст, дохил мешавад.
3. Андозсупорандагони зерин наметавонанд супорандаи андози ягонаи кишоварзӣ бошанд:
- муассисаҳои давлатӣ;
- андозсупорандагоне, ки ба истеҳсоли молҳои зераксизӣ машғуланд;
- заминистифодабарандагоне, ки қитъаи заминро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва шахсони ҳуқуқии дигар – истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои фаъолияти кишоварзӣ ба иҷора гирифтаанд;
- андозсупорандагоне, ки низоми содакардашудаи андозбандии бизнеси бозиро истифода менамоянд.
4. Гузариш аз низоми умумии андозбандӣ ба низоми андози ягонаи кишоварзӣ ва аз низоми андози ягонаи кишоварзӣ ба низоми умумии андозбандӣ аз 1-уми январи соли тақвимии баъд аз соли ҳисоботӣ бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
- истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо низоми андози ягонаи кишоварзӣ андозбандӣ мегарданд, ҳуқуқ доранд на дертар аз 10-уми январи соли тақвимии баъд аз соли ҳисоботӣ ба мақомоти дахлдори андоз оид ба гузариш ба низоми умумии андозбандӣ ариза диҳанд;
- истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзие, ки фаъолияти онҳо бо низоми умумӣ андозбандӣ карда мешавад, танҳо пас аз 3 соли тақвимӣ метавонанд барои гузариш ба низоми андози ягонаи кишоварзӣ ба мақомоти андоз то 10-уми январи соли тақвимии дахлдор ариза пешниҳод намоянд.
5. Барои гузаштан аз як низоми андозбандӣ ба низоми дигари андозбандӣ андозсупоранда бояд уҳдадориҳои андозии худро аз рӯи низоми андозбандии амалкунанда (қаблӣ) пурра анҷом диҳад.
Моддаи 384. Объекти андозбандӣ ва манбаи андоз
1. Объекти андозбандии андози ягонаи кишоварзӣ қитъаи замини истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ба истиснои заминҳое, ки мутобиқи моддаи 385 Кодекси мазкур аз пардохти андози ягонаи кишоварзӣ озод карда шудаанд.
2. Манбаи андоз – масоҳати қитъаи замине мебошад, ки дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодабарии он муқаррар шудааст ё амалан (бе ҳуҷҷат) истифода мешавад.
3. Маблағи андози ягонаи кишоварзӣ аз натиҷаҳои фаъолияти андозсупоранда вобастагӣ надошта, дар шакли пардохти устувор барои воҳиди масоҳати замин ба ҳисоби як сол муқаррар карда мешавад.
4. Даромади умумии супорандаи андози ягонаи кишоварзӣ барои соли тақвимии гузашта дар асоси усули ҳисобу замкунӣ, ки барои супорандагони низоми умумии андозбандӣ муқаррар шудааст, муайян карда мешавад.
5. Супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ уҳдадоранд пешбурди баҳисобгирии муҳосибиро, ки шакли онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд, анҷом диҳанд.
Моддаи 385. Имтиёзҳои андоз
Аз пардохти андози ягонаи кишоварзӣ қитъаҳои замини зерин озод карда мешаванд:
- қитъаҳои замини ҳудуди мамнӯъгоҳҳо, боғҳои ботаникӣ, миллӣ ва дендрологӣ, ки номгӯи ташкилотҳо ва масоҳати ҳудуди онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, агар қитъаҳои заминҳои ҷудогардида барои анҷоми фаъолияти соҳибкорӣ истифода карда нашаванд;
- қитъаҳои замине, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вайроншуда эътироф шудаанд, инчунин, заминҳое, ки тибқи хулосаи расмии мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар зинаи азхудкунии кишоварзӣ қарор доранд, ба муҳлати 5 сол баъд аз оғози азхудкунӣ;
- заминҳое, ки таҳти хати мушоҳидаи сарҳади давлатӣ қарор доранд, агар чунин заминҳо барои анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ истифода карда нашаванд;
- заминҳои захираи давлатӣ, агар чунин заминҳо барои анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ истифода карда нашаванд;
- заминҳои чарогоҳҳо, алафзорҳо, бешазорҳо ва заминҳои дигаре, ки барои бунёди боғҳо ва токзорҳо ҷудо карда мешаванд, агар чунин заминҳо қаблан барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода нашуда бошанд - ба муҳлати 5 сол аз санаи ҷудо гардидани қитъаи замин. Андозсупоранда уҳдадор аст, ки дар давоми 45 рӯзи тақвимӣ пас аз бунёди боғҳо ва токзорҳо ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавӣ доир ба масоҳати воқеии боғҳо ва токзорҳои бунёдшуда расман маълумот пешниҳод намояд. Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод нагардидани маълумоти зикргардида чунин заминҳо ҳамчун заминҳои бо дарахтони бисёрсола бандбуда андозбандӣ карда мешаванд.
Моддаи 386. Меъёрҳои андози ягонаи кишоварзӣ
1. Меъёрҳои солонаи андози ягонаи кишоварзӣ аз рӯи кадастри замин барои ҳар гектар замин бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар 5 сол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
2. Меъёрҳои андози ягонаи кишоварзӣ барои заминҳое, ки дар муқаррароти қисми 1 ҳамин модда муайян нашудаанд, меъёрҳои андози замини дар қисми 1 моддаи 352 Кодекси мазкур муқарраршуда дониста мешаванд.
3. Доир ба заминҳои кишти обӣ, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, меъёри андози ягона дар ҳаҷми нисфи меъёри мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муайянгардида муқаррар карда мешавад. Маълумот дар бораи масоҳати заминҳое, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, аз ҷониби андозсупоранда ба мақоми андози маҳалли бақайдгириаш то 1-уми июни соли тақвимӣ (ҳисоботӣ) пешниҳод карда мешавад.
4. Меъёрҳои андози ягонаи кишоварзӣ ҳамасола аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи сатҳи таварруми соли гузашта индексатсия карда мешаванд. Меъёрҳои индексатсияшудаи андози ягонаи кишоварзӣ барои соли тақвимӣ дар сомонаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 387. Давраи андоз
Давраи андози ягонаи кишоварзӣ соли тақвимӣ мебошад.
Моддаи 388. Муҳлат, тартиби ҳисоб ва пардохти андоз
1.Супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ уҳдадоранд, ки ҳар сол то санаи 1-уми марти соли тақвимӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии заминҳои худ эъломияи андозро барои соли ҷории тақвимӣ пешниҳод намоянд.
2. Маблағи андози ягонаи кишоварзӣ барои соли ҷории тақвимӣ аз ҷониби андозсупорандагон на дертар аз рӯзи 10-уми моҳи сеюми ҳар семоҳа ба андозаи зерин аз маблағи солонаи андоз пардохт карда мешавад:
- семоҳаи якуми соли ҷории тақвимӣ - 15 фоиз;
- семоҳаи дуюми соли ҷории тақвимӣ - 15 фоиз;
- семоҳаи сеюми соли ҷории тақвимӣ - 35 фоиз;
- семоҳаи чоруми соли ҷории тақвимӣ - 35 фоиз.
3. Супорандаи андози ягонаи кишоварзӣ метавонад маблағи андози ягонаи кишоварзиро пеш аз муҳлат ва дар ҳаҷми пурра пардохт намояд.
4. Дастурамал дар бораи ҳисоб ва пардохт намудани андози ягонаи кишоварзӣ, инчунин, шаклҳои эъломия (ҳисобҳо) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешаванд.
5. Назорати пардохт намудани андози ягонаи кишоварзӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар ҳамкорӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад.
БОБИ 54. НИЗОМИ СОДАКАРДАШУДАИ АНДОЗБАНДӢ
БАРОИ СУБЪЕКТҲОИ БИЗНЕСИ БОЗӢ
Моддаи 389. Мафҳумҳои дар ҳамин боб истифодашаванда
1. Низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ (минбаъд - андоз аз бизнеси бозӣ) низоми махсус мебошад, ки мутобиқи он субъектҳои бизнеси бозӣ, ба истиснои даромадҳо аз бизнеси бозии дар манбаи пардохт андозбандишаванда, андозбандӣ карда мешаванд.
2. Барои мақсадҳои боби мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- бизнеси бозӣ – фаъолият оид ба хизматрасонӣ вобаста ба шартбандӣ бо иштирокунандагони бозӣ, ки дар асоси таваккал оид ба бурд ё бе бурд асос ёфтааст ва (ё) ташкили кор оид ба бастани чунин шарт байни ду ва ё зиёда иштироккунандагони бозӣ мебошад;
- шарт (гарав) – шартномаи ба таваккал асосёфта доир ба бурд, ки байни ду ё якчанд иштирокдори бизнеси бозӣ байни худ ё бо субъекти (соҳиби, намояндаи соҳиби) бизнеси бозӣ баста шудааст ва натиҷаи он аз ҳодисае вобаста аст, ки фаро расидан ё нарасидани он маълум нест;
- мизи бозӣ – ҷойи махсуси бо як ё якчанд майдони бозӣ таҷҳизонидашудаи субъекти (соҳиби) бизнеси бозӣ, ки барои гузаронидани бозӣ (бо бурд ва бе бурд) пешбинӣ гардида, дар он субъекти (соҳиби) бизнеси бозӣ ба воситаи намояндагони худ ҳамчун тараф ё чун ташкилкунанда иштирок менамояд, ба ғайр аз ҳолатҳои қиморбозӣ;
- автомати бозӣ – таҷҳизоти махсуси (механикӣ, барқӣ, электронӣ ё дигар таҷҳизоти техникӣ) ва (ё) компютери шахсӣ, ки барои гузаронидани бозӣ (бо бурд ва бе бурд) бе иштироки субъекти (соҳиби, намояндаи соҳиби) бизнеси бозӣ дар бозиҳои мазкур истифода мешаванд, ба ғайр аз ҳолатҳои қиморбозӣ;
- нуқтаи қабули шартҳо дар тотализатор – таҷҳизоти ҳисобкунии пули шарт, ки маблағи шарт ва бурди пардохташавандаро муайян мекунад;
- нуқтаи қабули шартҳо дар идораи букмекерӣ – ҷойи махсуси таҷҳизонидашудаи соҳиби бизнеси бозӣ, ки дар он маблағи шарт ба ҳисоб гирифта шуда, маблағи бурди пардохтшаванда муайян карда мешавад;
- сомонаи бизнеси бозӣ – ҳар сомонаи интернетӣ, ки тавассути он бизнеси бозӣ анҷом дода мешавад;
- роҳрави бозӣ – роҳрави махсус, ки барои бозии боулинг (кегелбан) пешбинӣ гардидааст;
- мизи билярд – мизи махсус, ки барои бозии билярд пешбинӣ шудааст;
- лото – бозӣ бо картаҳои махсуси дорои рақам (сурат ё аломатҳои дигар), ки бо муҳрача (фишка) пӯшонида мешаванд;
- лотерея – бозии оммавии муташаккилона мебошад, ки дар он тақсимоти даромад ва зарар аз тасодуфан гирифтани ин ё он билет ё рақам (қуръа, лот) ва ҳаҷми фонди мукофот барои ҳар барориши лотерея вобаста аст. Як қисми маблағҳои супоридаи бозингарон ба ташкилкунандагони лотерея равона шуда, қисми дигари он дар шакли андоз ба давлат пардохт карда мешавад;
- объектҳои дигари бизнеси бозии аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайяншуда, ки барои гирифтани даромад истифода мешаванд;
- барориши лотерея – шумораи билетҳои лотереяҳои аз ҷониби ташкилкунандаи лотерея барои фурӯш тайёршуда;
- варақаи бақайдгирии объектҳои андозбандӣ – санади тасдиқкунандаи бақайдгирии объектҳои андозбандии марбут ба бизнеси бозӣ дар мақомоти андоз, ки шакли онро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд.
3. Истифодаи низоми содакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ аз пардохти чунин андозҳо, ба истиснои даромадҳои дар манбаи пардохт андозбандишуда, озод мекунад:
- андоз аз даромад аз бизнеси бозӣ;
- андоз аз даромад бевосита аз даромадҳои бизнеси бозии соҳибкори инфиродӣ, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият мекунад;
- андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои андоз аз арзиши иловашудаи барои хизматрасонии (кори) ба ғайрирезидент таҳвилшуда ва марбут ба воридоти мол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Шахсоне, ки андоз барои бизнеси бозиро истифода менамоянд, аз иҷрои уҳдадориҳои агенти андози пешбининамудаи Кодекси мазкур озод карда намешаванд.
Моддаи 390. Андозсупорандагон
Андозсупорандагони андоз аз бизнеси бозӣ шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳои онҳо, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродие мебошанд, ки фаъолияти соҳибкориро дар соҳаи бизнеси бозӣ амалӣ менамоянд.
Моддаи 391. Объекти андозбандӣ
1. Объекти андозбандӣ барои андоз аз бизнеси бозӣ объектҳои зерин дониста мешаванд:
- сомонаи бизнеси бозӣ;
- нуқтаи қабули шартҳо дар тотализатор;
- нуқтаи қабули шартҳо дар идораи букмекерӣ;
- мизи бозӣ;
- автомати бозии бе бурди пулӣ;
- роҳрави бозӣ (ҳангоми бозии боулинг (кегелбан);
- мизи билярд (ҳангоми бозии билярд);
- ташкили лото (ҳангоми бозии лото);
- ба фурӯш баровардани лотерея;
- объектҳои дигари бизнеси бозӣ, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешаванд.
2. Барои мақсадҳои ҳамин боб ҳар объекти андозбандии дар қисми 1 ҳамин модда (ба ғайр аз ба фурӯш баровардани лотерея ) зикргардида на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ то санаи оғози татбиқи (истифодаи) он дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии чунин объекти андозбандӣ ба қайд гирифта мешавад.
3. Ҳар як барориши билетҳои лотерея ба фурӯш, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидааст ва ҳаҷми фурӯши номиналии онҳо бо ифодаи пулӣ бояд дар мақомоти андози дахлдор на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ то санаи фурӯши билетҳои лотерея бо нишон додани маҳалли (минтақаи) фурӯши чиптаҳои лотерея ба қайд гирифта шавад.
4. Бақайдгирӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси аризаи андозсупоранда дар бораи баҳисобгирии объекти (объектҳои) андозбандӣ дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ бо ҳатман додани шаҳодатномаи дахлдор сурат мегирад. Шаклҳои ариза ва шаҳодатнома аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.
5. Андозсупоранда уҳдадор аст, ки ҳар тағйироти миқдории объектҳои андозбандиро на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ то санаи ҷойгиркунӣ ё қатъ гардидани истифодаи ҳар объекти андозбандӣ, аз ҷумла ҳар ба фурӯш баровардани лотереяҳо, дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии объектҳои андозбандӣ ба қайд гузорад.
6. Ҳангоми қатъ гардидани фаъолият дар соҳаи бизнеси бозӣ ва (ё) аз кор мондани ҳамаи объектҳои андозбандӣ (ба анҷом расонидани фурӯши билетҳои лотерея), варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳо бояд дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ ба мақомоти андоз супорида шавад.
7. Амалӣ намудани фаъолияти бизнеси бозӣ бе бақайдгирии объектҳои андозбандӣ роҳ дода намешавад.
Моддаи 392. Манбаи андоз ва меъёри андоз
1. Барои мақсадҳои ҳисоб намудани манбаи андоз аз бизнеси бозӣ даромади аз ҳар воҳиди объекти андозбандӣ (ҳар ба фурӯш баровардани лотереяҳо) дар назар дошташуда истифода мешавад.
2. Маблағи андоз аз бизнеси бозӣ барои давраи андоз, бо назардошти муқаррароти қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда, новобаста ба андозаи даромад, дар ҳаҷми устувор барои ҳар воҳиди объекти андозбандӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо (ноҳияҳо) муқаррар карда мешавад.
3. Меъёри андоз барои сомонаи идораи букмекерӣ ба андозаи на камтар аз хаҷми 5 000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як давраи андоз муқаррар карда мешавад.
4. Меъёри андоз барои намудҳои дигари сомонаи бизнеси бозӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.
5. Меъёри андоз барои нуқтаи тотализатор, нуқтаи идораи букмекерӣ ва барои ба фурӯш баровардани лотерея ба андозаи меъёри собити аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайяншуда муқаррар карда мешавад.
6. Супорандагони андоз аз бизнеси бозӣ уҳдадоранд пешбурди ҳисоби даромадҳо ва хароҷотро бо тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд.
Моддаи 393. Давраи андоз
Давраи андоз моҳи тақвимӣ дониста мешавад.
Моддаи 394. Тартиби пардохти андоз
1. Маблағи андоз аз тарафи андозсупоранда мустақилона бо назардошти манбаъ ва меъёри андоз, ки барои ҳар объекти андозбандӣ муқаррар шудааст, ҳисоб карда мешавад.
2. Эъломияи андоз аз тарафи андозсупоранда ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии объектҳои андозбандӣ на дертар аз санаи 15-уми моҳи пас аз давраи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.
3. Ҳангоми додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии объекти (объектҳои) андозбандӣ маблағи андоз ҳамчун ҷамъи миқдори умумии объектҳои дахлдори андозбандӣ (аз он ҷумла объекти нави андозбандӣ) ва меъёри андози барои ин объектҳои андозбандӣ муқарраршуда бо тартиби зерин муайян карда мешавад:
- маблағи пурраи андоз аз рӯи объектҳо барои давраи ҳисоботӣ пардохт карда мешавад, агар чунин объектҳо то 15-уми моҳи ҳисоботӣ мавриди истифода қарор дода шуда бошанд;
- 50 фоизи маблағи андоз аз рӯи объектҳо барои давраи ҳиособотӣ пардохт карда мешавад, агар чунин объектҳо баъд аз 15-уми моҳи ҳисоботӣ мавриди истифода қарор дода шуда бошанд.
4. Пардохти андоз аз бизнеси бозӣ аз ҷониби андозсупоранда (шахси ваколатдорнамудаи ӯ) ба буҷети маҳаллии маҳалли ҷойгиршавии объекти андозбандӣ на дертар аз санаи 15-уми моҳи пас аз давраи ҳисоботӣ анҷом дода мешавад.
5. Дар ҳолати аз ҷониби субъекти бизнеси бозӣ амалӣ гардидани намудҳои дигари фаъолият ҳисоби фаъолият оид ба бизнеси бозӣ ва намудҳои дигари фаъолият, инчунин, андозбандии онҳо, алоҳида ба анҷом расонида мешавад.
6. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти андоз аз бизнеси бозӣ, инчунин, шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо), бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
БОБИ 55. НИЗОМИ СОДАКАРДАШУДАИ АНДОЗБАНДИИ ФАЪОЛИЯТИ ПАРАНДАПАРВАРӢ, МОҲИПАРВАРӢ ВА ИСТЕҲСОЛИ ХӮРОКИ
ОМЕХТАИ ПАРАНДА ВА ЧОРВО
Моддаи 395. Низоми содакардашудаи андозбандии фаъолияти парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво
1. Субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз супоридани андозҳои зерин озод карда мешаванд:
- андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ;
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз объектҳои ғайриманқул;
- андози замин.
2. Дар ҳолати таҳвил додани молҳои воридотӣ ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амалиёт бо андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва андозҳои дигар бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.
3. Дастурамал оид ба андозбандии фаъолияти тибқи ҳамин боб андозбандишаванда, инчунин, шаклҳои эъломияҳо (ҳисобот, маълумот) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
БОБИ 56. НИЗОМИ СОДАКАРДАШУДАИ АНДОЗБАНДИИ
ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНИЮ ТЕХНОЛОГӢ
Моддаи 396. Низоми содакардашудаи андозбандӣ барои фаъолияти инноватсионию технологӣ
1. Низоми содакардашудаи андозбандӣ барои фаъолияти инноватсионию технологӣ низоми махсус барои субъектҳое мебошад, ки фаъолияти инноватсионию технологиро анҷом медиҳанд.
2. Номгӯи фаъолияти инноватсионию технологӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Субъектҳои фаъолияти инноватсионию технологӣ дар доираи фаъолияти худ аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд, ба истиснои пардохти андози иҷтимоӣ ҳамчун андозсупоранда-суғуртакунанда, пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоии суғурташаванда, инчунин, дар лаҳзаи пардохти даромадҳо дар манбаи пардохт, аз ҷумла суди саҳмияҳо ҳамчун агенти андоз, озод карда мешаванд.
4. Воридоти таҷҳизоти инноватсионию технологӣ аз ҷониби субъектҳои фаъолияти инноватсионию технологӣ, ки бевосита барои эҳтиёҷоти худии чунин субъектҳо истифода карда мешавад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Дар ҳолати аз ҷониби субъектҳои фаъолияти инноватсионию технологӣ таҳвил додани таҷҳизоти инноватсионию технологии воридшуда чунин амалиётҳо бо андоз аз арзиши иловашуда ва андозҳои дигар бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур андозбандӣ карда мешаванд.
ФАСЛИ XV. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
БОБИ 57. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 397. Муқаррароти интиқолӣ
1. Минбаъд, то ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба андозбандӣ дар қисме, ки ба Кодекси мазкур мухолиф намебошанд, амалӣ карда мешаванд.
2. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои ҳуқуқие, ки пас аз мавриди амал қарор додани он ба миён меоянд, амалӣ карда мешавад. Дар муносибатҳои ҳуқуқие, ки то мавриди амал қарор додани он ба миён омадаанд, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба он ҳуқуқ ва уҳдадориҳое татбиқ карда мешавад, ки онҳо пас аз мавриди амал қарор додани он ба миён меоянд, агар муҳлатҳои муқарраршудаи даъво нагузашта бошанд.
3. То қабули қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо (ноҳияҳо) оид ба андозҳои маҳаллӣ, ҳисоб ва пардохти андозҳои маҳаллӣ тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми сентябри соли 2012 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом дода мешаванд.
4. Меъёри андоз аз арзиши иловашудаи дар банди 1) қисми 1 моддаи 264 Кодекси мазкур муқарраршуда барои муомилоти андозбандишаванда ва воридоти андозбандишаванда аз 1-уми январи соли 2024 то 31-уми декабри соли 2026 – 14 фоиз ва аз 1 январи соли 2027 - 13 фоиз муқаррар карда мешавад.
5. Супорандагони андоз аз арзиши иловашудаи бо меъёри стандартӣ андозбандишаванда, ки ба меъёри пасткардашудаи дар банди 2) қисми 1 моддаи 264 Кодекси мазкур муқарраршуда мегузаранд, уҳдадоранд маблағи андоз аз арзиши иловашудаи ба санаи мавриди гузариш баҳисобгирифташударо, ба истиснои маблағи андоз аз арзиши иловашудаи нисбат ба воридоти андозбандишаванда пардохтшуда, бекор намоянд.
6. Амали бобҳои 46-48, ба истиснои боби 471 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми сентябри соли 2012 нисбат ба субъектҳое, ки то 31-уми декабри соли 2021 аз он истифода намудаанд, то анҷоми муҳлати ин имтиёзҳо тибқи муқаррароти ҳамин бобҳо татбиқ карда мешавад.
7. Муқаррароти боби 471 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми сентябри соли 2012 ва боби 55 Кодекси мазкур то 31-уми декабри соли 2023 амал мекунанд.
8. Муқаррароти боби 56 Кодекси мазкур то 31-уми декабри соли 2026 амал мекунанд.
9. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон то 31-уми марти соли 2022 барои татбиқи муқаррароти Кодекси мазкур санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуда, ҷиҳати ҷорӣ намудани шакли ягонаи муттаҳидкардашудаи электронии баҳисобгирии амалиётҳои аз ҷониби андозсупоранда анҷомдодашаванда, тамғагузории электронӣ, чеки фискалии электронӣ, ҳисобнома-фактураи электронии мол (кор, хизматрасонӣ) ва шакли пардохти ғайринақдӣ тадбирҳо андешад.
10. Истифодабарандагони захираҳои табиӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология, мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадоранд шартномаҳои амалкунанда оид ба истифодаи захираҳои табииро ба муқаррароти Кодекси мазкур мутобиқ намоянд. Чунин мутобиқгардонӣ ё тағйир додани шартҳои шартнома дар давоми шаст рӯз аз лаҳзаи мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
11. Муқаррароти сархатҳои панҷум, ҳаштум, сездаҳум ва чордаҳуми қисми 4 моддаи 251 Кодекси мазкур то 31-уми декабри соли 2026 амал мекунанд.
12. Муқаррароти банди 10) қисми 2, қисмҳои 5 ва 6 моддаи 251, сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 286 ва боби 50 Кодекси мазкур то 31-уми декабри соли 2026 амал мекунанд.
13. Меъёри муқаррарнамудаи сархати якуми қисми 4 моддаи 183 Кодекси мазкур то 31-уми декабри соли 2025 амал намуда, аз 1-уми январи соли 2026 меъёри андоз ба андозаи 18 фоиз муқаррар карда мешавад.
14. Истилоҳи «андоз аз фоида», ки қаблан дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба андоз истифода шудааст, минбаъд ҳамчун «андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ» дониста мешавад.
15. Муқаррароти боби 11 Кодекси мазкур нисбат ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус дар ҷойҳои ғайристатсионарӣ фаъолият менамоянд ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз 1-уми январи соли 2023 татбиқ карда мешавад.
Моддаи 398. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 17-уми сентябри соли 2012 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 9, мод. 838; с. 2013, № 12, мод. 889, мод. 890; с. 2015, № 3, мод. 210, № 11, мод. 965, мод. 966; с. 2016, № 3, мод. 150, № 11, мод. 883; с. 2017, № 1-2, мод. 21, № 5, қ. 1, мод. 280; с. 2018, № 2, мод. 66, мод. 67, № 7-8, мод. 529; с. 2019, № 4-5, мод. 227, № 6, мод. 322, № 7, мод. 473; с. 2020, № 1, мод. 21, мод. 22, № 7-9, мод. 614, № 12, мод. 918, мод. 919), бо назардошти муқаррароти моддаи 397 Кодекси мазкур, аз 1 январи соли 2022 аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 399. Мавриди амал қарор додани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои боби 33 Кодекси мазкур) аз 1-уми январи соли 2022 мавриди амал қарор дода шавад.
2. Муқаррароти боби 33 Кодекси мазкур аз 1-уми январи соли 2023 мавриди амал қарор дода шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1844
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2012, № 902, «Оид ба қабул кардани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 9, мод. 848; с. 2013, № 10, мод. 732, № 12, мод. 1016; с. 2014, № 12, мод. 857; с. 2015, № 10, мод. 859, мод. 893; с. 2016, № 10, мод. 802, № 12, мод. 1010; с. 2017, № 3-4, мод. 217, мод. 255, № 12, мод. 899; с. 2018, № 2, мод. 97, № 5, мод. 350; с. 2019, № 2-3, мод. 134, № 4-5, мод. 250, № 6, мод. 388, № 8-10, қ. 1, мод. 557, № 12, мод. 799; с. 2020, № 6, мод. 430, № 10, мод. 791, № 12, мод. 1015) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2021, № 549
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, № 217
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.01.2022 №: 1-6 Мутолиа карданд: 2165