қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» аз 13 декабри соли 1997 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №23-24, мод. 350; с. 2003, №8, мод. 458; с. 2006, №4, мод. 200; с. 2007, №3, мод. 177, №7, мод. 694; с. 2008, №10, мод. 821; с. 2012, №4, мод. 274, №8, мод. 830; с. 2013, №12, мод. 903) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 10. Тартиби баҳисобгирӣ, индексатсия ва пардохти маблағҳои андӯхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд
Маблағҳои андӯхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд, алоҳида ба ҳисоб гирифта шуда, ба маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дохил намешаванд.
Муассисаи суғурта уҳдадор аст ҳар сол як маротиба маблағҳои андӯхти нафақавиеро, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд, мутаносибан ба даромади аз сармоягузории он бадастомада индексатсия намояд.
Пардохти маблағҳои андӯхти нафақавие, ки дар суратҳисоби инфиродии нафақавии шахсони суғурташуда қарор доранд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» анҷом дода мешавад.».
3. Дар моддаи 12 рақамҳо ва калимаҳои «70», «60» ва «собиқаи меҳнатии бефосилаи», «собиқаи бефосилаи корӣ» ва «собиқаи бефосилаи кории» мувофиқан ба рақамҳо ва калимаҳои «75», «65», «собиқаи меҳнатии» ва «собиқаи меҳнатӣ» иваз карда шаванд.
4. Сархати якуми қисми дуюми моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- саҳмҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ, солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо;».
5. Дар моддаи 231:
- дар қисми сеюм калимаҳои «қонунҳои амалкунанда» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- қисми панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Муассисаи суғурта уҳдадор аст даромаднокиро аз ҷойгиронии маблағи андӯхти нафақавӣ на камтар аз нишондиҳандаи сатҳи таваррум таъмин намояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1839
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2021, № 499
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, № 212
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.12.2021 №: 252 Мутолиа карданд: 2008