logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВИИ КАСБӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» аз 26 декабри соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №12, мод. 854) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд: 
1. Дар сархатҳои ҳаштум, ёздаҳум ва дувоздаҳуми моддаи 1, сархатҳои якум ва дуюми моддаи 3, қисми 5 моддаи 8, сархати сеюми қисми 1 моддаи 20, қисми 2 моддаи 26 калимаҳои «синни ниҳоии» ба калимаҳои «синни муқарраргардидаи» иваз карда шаванд.  
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«1. Бо мақсади таъмини суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ суғуртакунанда бояд бо муассисаи суғурта шартнома бандад. Пас аз бастани шартнома барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ он наметавонад яктарафа то лаҳзаи иҷрои ҳамаи уҳдадориҳое, ки аз шартҳои шартномаи мазкур бармеоянд, бекор карда шавад. 
 2. Талабот оид ба шартҳо, уҳдадориҳо ва муҳлати шартномаи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ дар шартномаи коллективӣ байни корфармо ва кормандон муайян карда мешаванд.
3. Суғуртакунандагоне, ки шароити махсуси корӣ доранд, бо назардошти имконоти молиявӣ ҳуқуқ доранд дар асоси шартномаи коллективӣ аз ҳисоби маблағҳои худ ба кормандони собиқ иловапулӣ ба ҳаҷми нафақаи суғуртавии муқарраршуда таъин ва пардохт намоянд.».
4. Дар моддаи 7: 
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро таъмин менамояд.»;
- аз қисми 4 калимаҳои «моликияти инфиродӣ ба ҳисоб рафта,» хориҷ карда шаванд.
5. Қисми 4 моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Дар ҳолате, ки маблағи воқеан пардохтгардидаи саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ барои давраи ҳисоботӣ аз ҳаҷми саҳмҳои ҳисобидашуда кам бошад ва дар муҳлати 15 рӯз пас аз моҳи ҳисоботӣ суғуртакунанда маблағи камомадро пардохт накунад, муассисаи суғурта: 
- суғуртакунандаро дар хусуси аз ҷониби ӯ иҷро кардани уҳдадориҳои шартномаи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ба таври хаттӣ огоҳ менамояд;
- ҷиҳати ситонидани маблағҳои пардохтнагардида дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, чораҳо меандешад.».
6. Қисми 1 моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Корфармоёне, ки барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ шартнома мебанданд, ба муассисаи суғурта саҳмҳои суғуртавиро барои шахсони дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур номбаршуда ба андозаи 5 фоиз аз фонди музди меҳнати воҳиди сохтории дорои ҷойҳои шароити вазнин ва зарарнок, барои кормандони дигари дар қисми 1 моддаи 5 ҳамин Қонун – 2,5 фоиз аз фонди музди меҳнат пардохт менамоянд.».
7. Моддаи 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 13. Давраи ҳисоббаробаркунӣ
Давраи ҳисоббаробаркунии саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ моҳи сипаришуда мебошад. Саҳмҳо дар як вақт бо пардохти музди меҳнат ва андози иҷтимоӣ ҳисоб ва пардохт карда мешаванд.». 
8. Дар моддаи 14:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«1. Саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ҳар моҳ то санаи 10-уми моҳи навбатии пас аз анҷоми давраи ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи заминаи саҳмбандии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ ва тарифҳои дар моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинишуда пардохт карда мешаванд.»; 
- қисми 2 хориҷ карда шавад;
- қисми 3 қисми 2 ҳисобида шуда, калимаҳо ва рақами «аз 30 марти соли» ва «эъломияи» мувофиқан ба калимаҳо ва рақами «аз санаи 15-уми моҳи» ва «ҳисобот оид ба пардохти» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 22: 
- сархатҳои якум ва дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шаванд: 
«- ҷамъоварӣ ва баҳисобгирии саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро таъмин намояд;
- индексатсияи маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбии шахсони суғурташударо, ки дар қисми касбии суратҳисоби инфиродӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд, бо назардошти даромадҳо аз ҷобаҷогузории онҳо таъмин намояд;»;
- сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- тартиб ва шартҳои ташаккулёбӣ, нигоҳдорӣ, ҷобаҷогузорӣ ва сармоякунонии маблағҳоеро, ки аз ҷониби суғуртакунандагон барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ пардохт гардидаанд, муайян намояд;
- устувории молиявӣ ва тавозуни низоми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро таъмин намояд;
- назорати риояи қонунгузории низоми суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро дар корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар таъмин намуда, барои риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ, шарт ва муҳлатҳои шартномаҳои байни муассисаи суғурта ва суғуртакунандагон басташуда дар доираи ваколатҳои худ чораҳои зарурӣ андешад; 
- ҷойгиркунонии даромадноки маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро дар коғазҳои қиматнок ва депозитҳои бонкӣ  таъмин намояд;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти  
Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1841
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» қабул карда шавад. 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2021, № 495
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  17 декабри соли 2021, № 214


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2021    №: 252    Мутолиа карданд: 1746
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед