қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ КӮҲИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 531), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархатҳои якум ва сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - минтақаҳои кӯҳӣ) - ҳудудҳое, ки дорои хусусиятҳои хоси табиӣ (баландиҳои табиии минтақавӣ) буда, ба ташаккули экосистемаҳо, тарзи ҳаёт ва пешбурди фаъолияти хоҷагидории аҳолии дар ин ҳудудҳо истиқоматкунанда таъсир мерасонанд;»;
- баландиҳои табиии минтақавӣ - тағйирёбии мунтазами шароитҳо ва ландшафтҳои табиӣ, ки бинобар тағйирёбии иқлим ва баландии сатҳи баҳр, бо пайдоиши минтақаҳои табиии кӯҳии миёна, баланд ва баландтар ба амал омадааст;»;
- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ҳифзи минтақаҳои кӯҳӣ - маҷмуи чорабиниҳое, ки ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва тарзи зиндагии анъанавии аҳолии минтақаҳои кӯҳӣ равона шудаанд;».
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Ба моддаи 4 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- таъмини ҳифзи муҳити зист, системаҳои табиии экологӣ ва ландшафтҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ;».
4. Моддаи 61 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 61. Ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои кӯҳӣ
1. Дар минтақаҳои кӯҳӣ системаҳои табиии экологӣ, ландшафтҳои табиии кӯҳӣ, қисматҳои табиӣ ва иқлими кӯҳӣ таҳти муҳофизати махсус қарор доранд.
2. Ҷойгиронии объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолияти минтақаҳои кӯҳӣ пас аз гузарондани арзёбии экологии таъсири фаъолияти пешбинишуда ба муҳити зист иҷозат дода мешавад.
3. Зараре, ки ба муҳити зист дар натиҷаи амалисозии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дар минтақаҳои кӯҳӣ расонда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.».
5. Дар моддаи 8:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ;»;
- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- таъмини ҳамкории мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ;».
6. Ба моддаи 9 сархатҳои дуюм, сеюм ва шашум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба рушд ва ҳифзи минтақаҳои кӯҳӣ;
- фароҳам овардани шароит барои рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии варзишию кӯҳгардӣ ва экологӣ;
- фароҳам овардани шароит барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ;».
7. Ба моддаи 10 сархатҳои ҳаштум, нуҳум, даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- дастгирӣ ва рушди заминистифодабарии лалмӣ, боғдорӣ ва ангурпарварии кӯҳӣ, чорводории чарогоҳҳои кӯҳӣ;
- рушди технологияҳои рақамӣ ва воситаҳои коммуникатсионӣ;
- рушди системаҳои саноатӣ, ирригатсионию мелиоративӣ, шабакаҳои нақлиётӣ ва энергетикӣ;
- рушди хоҷагидории манзилию коммуналӣ;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1829
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 27 октябри соли 2021, № 546
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, № 202
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.12.2021 №: 252 Мутолиа карданд: 1795