қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» аз 8 августи соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №7-9, мод.713; с. 2017, №5, қ.1, мод.284, №7-9, мод.583; с. 2018, №5, мод. 279) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 16:
- дар қисми 2:
- дар сархати панҷум калимаи «назорати» ба калимаи «танзими» иваз карда шавад;
- сархати шашум хориҷ карда шавад;
- аз сархати ҳафтум аломат ва калимаҳои «, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дахлдор» хориҷ карда шаванд;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- назорати фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- бо тартиби муқарраргардида додани иҷозатнома ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ;
- бо тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дахлдор;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.»;
- қисмҳои 3 ва 4 мувофиқан қисмҳои 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
2. Қисми 2 моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Назорати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм амалӣ карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1834
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 6 октябри соли 2021, № 518
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, № 207
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.12.2021 №: 252 Мутолиа карданд: 2821