logo

паёмҳо

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави милодии 2022, шаҳри Душанбе, 31-уми декабри соли 2021

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави милодии 2022 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва рӯзгори обод орзу менамоям.
Соли 2021, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони азизи мо соли воқеан таърихӣ гардид. Дар соли 2021 Истиқлолияти давлатии тоҷикон, яъне давлати миллии мо, сисола шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин санаи муқаддасу бузургро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд. Аз ин лиҳоз, соли 2021 дар таърихи давлатдории навини миллии тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Вобаста ба ин, мехоҳам бо қадрдониву ифтихор хотирнишон созам, ки мардуми шарафманду заҳматдӯсти мо, соҳибкорону тоҷирони ватандӯст ва шахсони саховатпеша ба хотири истиқболи арзандаи ин ҷашни бузурги миллӣ сарҷамъу аҳлона кор карданд ва садоқати худро ба Ватан ва арзишҳои истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодии худ исбот намуданд.
Дар натиҷаи заҳмати софдилона, фаъолияти содиқона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқи Тоҷикистон, тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то дурдасттарин деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин хеле ободу зебо гардида, бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинони мамлакат бартараф карда шуданд. Соли 2021 кишвари соҳибистиқлоли мо дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, шароити зиндагии халқамон дар муқоиса бо солҳои пешин беҳтар шуд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам тақвият пайдо кард. Дар баробари ин, таъкид месозам, ки вазифаҳои Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҷодаи таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои панҷ соли оянда, яъне то Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ муайян ва мушаххас мебошанд.
Ҳоло вазифаи ҳар яки мо – шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз он иборат аст, ки ба хотири иҷрои ҳадафҳои дар наздамон қарордошта ва нақшаву барномаҳои қабулкардаамон боз ҳам бештар заҳмат кашем. Зеро, дар баробари дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаамон, дар зиндагии мардумамон ҳанӯз мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб вуҷуд доранд. Лекин хотиррасон месозам, ки бовари мо барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда, яъне таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати халқамон, фардои ободи Ватан ва таҳкими иқтидори иқтисодии давлат, қавӣ ва қатъӣ мебошад. Барои расидан ба ҳадафҳои некамон ва иҷрои нақшаву барномаҳои созандаамон мо захираву имкониятҳои зарурӣ ва, муҳимтар аз ҳама, мардуми ватандӯсту заҳматқарин ва бонангу номус дорем.
Ҳамватанони мо хуб огоҳанд, ки вазъияти минтақа ва ҷаҳон торафт мураккабу пешгӯинашаванда гардида, илова бар ин, мушкилоти глобалӣ – гармшавии иқлим, хушксоливу камобии пайиҳам, болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ ва камчин шудани маводи озуқа боиси ба вуҷуд омадани бисёр масъалаҳои мубрам дар ҳаёти аҳли башар гардида истодааст. Дар чунин шароит мо бояд кӯшиш кунем, ки аз захираву имкониятҳои мавҷуда ҳарчи самараноку оқилона истифода карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, бозори истеъмолӣ, яъне талаботи мардумро бо маводи ғизоӣ боз ҳам беҳтар таъмин кунем, иқтидори содиротии кишварро тақвият бахшем ва ба масъалаи сарфаю сарриштакорӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем.
Дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2022 – 2026 Солҳои рушди саноат эълон гардиданд. Мақсад аз ин ташаббус, дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар такони ҷиддӣ бахшидан ба пешрафти саноат мебошад. Рушди саноат яке аз омилҳои муҳимтарини тараққиёти давлат, афзоиши даромади буҷет, бо молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин кардани сокинони кишвар ва фароҳам овардани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҷойи нави кор барои ҳамватанонамон ба ҳисоб меравад.
Ба ҳамватанони азиз муроҷиат карда, як нуктаи муҳимро хотирнишон менамоям, ки бо анҷом ёфтани соли 2021, яъне сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва фаро расидани соли 2022 кишвари мо ба марҳалаи нави рушди худ ворид мегардад. Тамоми саъю талоши мо дар ин давра бояд ба хотири боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани маҳбубамон, минбаъд низ пешрафтаву неруманд намудани давлати соҳибистиқлоламон, аз имрӯза беҳтар сохтани шароити зиндагии халқамон ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон, яъне бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни бузурги 35-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони биҳиштосоямон, равона карда шавад.
Бо изҳори итминон ба амалӣ гардидани нияту нақшаҳои некамон, бори дигар тамоми мардуми шарифи кишварро ба ифтихори фарорасии Соли нави милодии 2022 самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат тандурустиву хушбахтӣ, иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.
Соли нави милодии 2022 муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2021    №: 252    Мутолиа карданд: 5798
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед