ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.532; с.2014, №3, мод.156, №7, қ.2, мод.422; с.2016, №3, мод.148, №7, мод.624; с.2017, №7-9, мод.581; с.2018, №5, мод.278; с. 2020, №12, мод.912) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархати ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илмро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;».
2. Дар қисми 3 моддаи 12 калимаҳои «давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти дахлдори давлатӣ» ба калимаҳои «давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 19 моддаи 16 ва қисми 21 моддаи 23 калимаҳои «давлатӣ дар соҳаи маориф» ба калимаҳои «давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 28:
- ҷумлаи дуюми қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Назорати давлатӣ дар соҳаи маориф тавассути мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм амалӣ мегардад.»;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар шакли санҷиши нақшавӣ, ғайринақшавӣ, иловагӣ ва такрорӣ амалӣ мегардад.».
5. Моддаи 281 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 281. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм;
- назорати сифати таҳсилот дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ;
- додани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти таълимӣ ба муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати риояи нақша ва барномаҳои таълимии намунавӣ барои муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот;
- тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот бо тартиби муқарраргардида ташкил кардани баҳогузории маҷмуӣ ва аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ;
- тибқи натиҷаи аттестатсияи давлатӣ ва баҳогузории маҷмуӣ ба фаъолияти муассисаи таълимӣ ташкил намудани аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ;
- таъмини назорати меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таълимӣ;
- назорати иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ;
- назорати фаъолият оид ба мутобиқати маводи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилот;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.».
6. Ба моддаи 32 сархатҳои ҳаждаҳум ва нуздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- тасдиқи қоидаҳои аттестатсияи давлатӣ, аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ, баҳогузории маҷмуӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ;
- тасдиқи тартиби гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот ва рейтинги муассисаҳои таълимӣ, эътироф ва муайян намудани баробарарзишӣ (нострификатсия)-и ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ;».
7. Сархатҳои ҳаштум, шонздаҳум ва ҳабдаҳуми моддаи 33 ва сархати чордаҳуми моддаи 36 хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1832
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 6 октябри соли 2021, № 512
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, № 205