қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод. 68, мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1, мод.986, №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141, №7, қ, 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199, №11, мод. 949, №12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, №3, мод. 127, №5, мод. 355, мод. 356, №7, мод. 608, мод. 609, №11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, №1-2, мод. 2, мод. 3, №7-9, мод. 586; с. 2018, №1, мод. 4, мод. 5, №5, мод. 266, №7-8, мод. 522; с. 2019, №1, мод. 1, мод. 2, №6, мод. 311; с. 2020, №1, мод. 8, мод. 9, №7-9, мод. 607, мод. 623, №12, мод. 904; с. 2021, №4, мод. 196), моддаи 3341 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 3341. Ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ
Ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва дар давоми сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, -
бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин муҳлат ё бидуни он ҷазо дода мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1809
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 6 октябри соли 2021, № 504
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, № 182
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.01.2022 №: 7 Мутолиа карданд: 3025