қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, №7-8, мод.606; с.2012, №4, мод.252, №7, мод.686, №12, қ.1, мод.1024; с.2014, №7, қ.2, мод.400, №12, мод.824; с.2015, №11, мод.957, №12, қ.1, мод.1113; с.2016, №5, мод.364, №7, мод.618; с.2019, №4-5, мод.218; с.2020, №1, мод.13, №7-9, мод.609) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 7 моддаи 10 хориҷ карда шавад.
2. Дар қисми 1 моддаи 29:
- сархатҳои якум, дуюм ва сеюми банди 2) хориҷ карда шаванд;
- банди 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати санитарию эпидемиологӣ:
- хулосаи санитарию эпидемиологӣ;
- мувофиқакунонии усулҳои нобудсозии пеститсидҳо ва заҳрхимикатҳои муҳлати истифодабариашон гузашта ва иҷозати истифодабарӣ надошта;
- мувофиқакунонии лоиҳаҳои биноҳои қабул ва нигоҳдории пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (нуқтаҳои қабул) ва таҷҳизоти он.»;
- бандҳои 3)-16) мувофиқан бандҳои 4)-17) ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1821
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 17 ноябри соли 2021, № 571
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, № 194
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.01.2022 №: 7 Мутолиа карданд: 3237