logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ.1, мод. 380; с. 2015, №7-9, мод. 698; с. 2016, №7, мод. 603; с. 2018, №2, мод. 62; с. 2021, №1-2, мод. 1, №4, мод. 191) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 171 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 171. Боздоштани ваколатҳои судя
1. Ваколатҳои судя дар ҳолатҳои зерин муваққатан боздошта мешаванд:
- агар ӯ бо вайрон кардани тартиби муқарраргардида интихоб ё таъин шуда бошад;
- агар ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан аз вазифа дур карда шавад;
- агар бо тартиби муқарраршуда барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ӯ ризоият дода шуда бошад.
2. Ваколатҳои судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия бо пешниҳоди раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе бо пешниҳоди раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон то аз байн рафтани асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда аз ҷониби Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан боздошта мешаванд.». 
2. Дар сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 18 калимаи «маросимҳо» ба калимаи «маросим» иваз карда шавад.
3. Дар қисми 2 моддаи 19 калимаҳои «нуҳум, ёздаҳум ва ҳаждаҳуми» ба калимаҳои «ҳаштум, даҳум ва нуздаҳуми» иваз карда шаванд.
4. Ба сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 37 пас аз калимаҳои «низомномаҳои дастгоҳ» ва «дастурамали мансабии» мувофиқан калимаҳои «ва воҳидҳои сохтории он» ва «кормандони» илова карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 53:
- сархати шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ҷадвали воҳидҳои кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, дастурамал оид ба коргузорӣ, низомномаҳои дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории он, дастурамали мансабии кормандони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дигари Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад, роҳбарии умумии фаъолияти Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд, кормандони Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коромӯз - судя, сардорони шуъбаҳои судҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;»;
- дар сархати ҳаштум калимаҳои «раис ва ҳайати коллегияи» ба калимаҳои «раисон ва ҳайати коллегияҳои» иваз карда шаванд;
- ба сархати бистум пас аз калимаи «судяҳои судҳои иқтисодӣ» калимаи «,сохтор» илова карда шавад;
- сархати сиюм хориҷ карда шавад.
6. Ба қисми 1 моддаи 113 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- масъалаи муваққатан боздоштани ваколатҳои судяро баррасӣ менамояд;».
7. Дар қисми 5 моддаи 131 калимаҳои «ёздаҳум ва чор-даҳуми» ба калимаҳои «даҳум ва понздаҳуми» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми 2 моддаи 135 калимаҳои «марзиву маъмурие» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудие» иваз карда шаванд. 
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1807
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 20 октябри соли 2021, № 527
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, № 180


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.01.2022    №: 7    Мутолиа карданд: 3035
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед