logo

туризм

103 шикоят оид ба гумшавии бағоҷи мусофирон

- КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар семоҳаи аввали соли 2010 бо нишондиҳандаҳои назаррас ноил гашта, парвозҳо дар фурудгоҳ аз ҷониби 19 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 6 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ, 10 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои ИДМ ва 3 ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон – КВДҲ «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Ист Эйр» сурат гирифт. Фурудгоҳ дар ин муддат ба 129 ҳазору 367 нафар мусофири ҷумҳурӣ ва ба 87 ҳазору 356 нафар мусофирони омада хизмат  расонид. Миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолёфта аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳ 563 тоннаю 340 килограммро ташкил дода, ба 1710 рейсҳои доимию чартерӣ (фармоишӣ) ва боркашонӣ хизмат расонида шудааст.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз дар пеш дорем, гум шудани бағоҷҳои мусофирон мебошад. Оид ба ин масъала 103 аризаи шикоятӣ ворид шуд, ки аз онҳо 76-тояш қонеъ гашт, 27-тояш дар марҳалаи баррасӣ қарор дорад.
Барои азнавсозии сохтмони терминали нави байналмилалии фурудгоҳ байни Ҳукумати Франсия ва Ҳукумати Тоҷикистон шартнома ба имзо расид. Арзиши умумии сохтмон 27 миллион евроро ташкил дода, аз ин 20 миллион евро саҳми ҷониби Франсия, 7 миллион евро саҳми ҷониби Тоҷикистон мебошад.
Аз рӯи нақшаи пешбинишуда сохтмони терминали нави байналмилалӣ бояд дар рӯзи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёбад, -гуфт зимни нишасти матбуотӣ Азиз Иброҳимов, муовини директори генералии КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе».

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7019
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед