қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ЗАМИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, № 23, мод. 351; с. 1997, № 23-24, мод. 333, фасли IV; с. 1999, № 5, мод. 59; с. 2001, № 4, мод. 176; с. 2004, № 2, мод. 55, №3, мод. 190; с. 2006, №7, мод. 347; с. 2008, №1, қ. 2, мод. 22, №6, мод. 463; с. 2011, №3, мод. 171; с. 2012, №4, мод. 269, №8, мод. 828; с. 2016, №11, мод. 879), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати ҳафтуми моддаи 12 калимаҳои «бегона намудан» ба калимаҳои «бегона намудани он» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми дуюми моддаи 2, банди а) моддаи 5, қисми якуми моддаи 8, сархати якуми моддаи 52, қисми якуми моддаи 57 калимаҳои «қаламрави», «қаламрав» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди», «ҳудуд» иваз карда шаванд.
3. Қисми сеюми моддаи 22 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қитъаҳои замине, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ дода шудаанд, танҳо мувофиқи таъиноти мақсадноки онҳо истифода бурда мешаванд.».
4. Дар қисми 1 моддаи 4 ва қисми якуми моддаи 57 калимаҳои «марзиву маъмурӣ» ва «марзию маъмурӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд.
5. Ба банди к) моддаи 5 баъди калимаҳои «Кодекси мазкур» калимаҳои «ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.
6. Дар сархати дуюми моддаи 20 калимаи «иҷорагир» ба калимаи «иҷорадеҳ» иваз карда шавад.
7. Дар қисми якуми моддаи 27 калимаи «Қисми» ба калимаҳои «Ҳуқуқи истифодабарии қисми» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1825
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2021, № 555
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2021, № 198
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.01.2022 №: 7 Мутолиа карданд: 3472