сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН
3 январи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарварони давлатҳо ҳамдигарро бо фарорасии Соли нави милодӣ самимона табрик намуданд.
Зимни суҳбат баррасии баъзе масъалаҳои дар ҳошияи тавофуқоти 27 декабри соли 2021 дар шаҳри Санкт-Петербург дар сатҳи олӣ бадастомада, идома ёфт.
Мусоҳибон азми худро ҷиҳати ғанӣ гардондани муносибатҳои Тоҷикистону Россия бо мундариҷаи босифат ва иловагӣ тасдиқ намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.01.2022 №: 8 Мутолиа карданд: 1021