маориф
БУНЁДИ МАОРИФИ МИЛЛӢ ҲАДАФИ МУҲИМ ВА САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид доштанд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Пас, ниҳодҳои масъули ин соҳаро лозим аст, ки мутобиқи талабот ва меъёрҳои оинномавии худ фаъолият намуда, ба рушди сиёсати давлатии соҳаи маориф ва беҳтар намудани сатҳу сифат ва аз бар намудани донишҳои замони муосири донишҷӯён саъю талоши худро аз ҳар вақти дигар дида, поквиҷдонона равона созанд.
Имрӯз мо комилан дарк менамоем, ки Пешвои миллат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Дар даврони истиқлолият барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёда аз 315 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла 115 ҳазор нафар барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шудааст. Таъминнокии муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, дар маҷмуъ, 98,7 дарсадро ташкил медиҳад. Ин нишондод аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат дар замони истиқлолият тамоми чораҳои заруриро барои пешрафти илм ва соҳаи маориф андешидааст.
Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо - омӯзгорон чароғи раҳнамо буда, ҷиҳати расидан ба мақсади наҷиб, ки он ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омода кардани кадрҳои баландихтисос мебошад, мусоидат менамояд.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромада, Пешвои миллат дар Паём зарур донистанд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дигаргуниҳои куллии иқтисодиву иҷтимоӣ ва демократие, ки солҳои охир дар ҳаёти сиёсии давлат, махсусан сиёсати дипломатӣ, ба вуқуъ пайваста истодаанд, моро водор месозад, ки барои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забони русӣ ва англисӣ, ки забони муоширати байналмилалӣ қабул гардидаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Зеро Тоҷикистон бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат зарур шумурданд, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ, дар тамоми факултаву шуъбаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.
Таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба ин раванд сол ба сол зиёд гардида, дар даҳсолаи оянда яке аз талаботи асосии ба кор қабул намудан дар хизмати давлатӣ ба таври ҳатмӣ донистани забони русӣ ва англисиро ҳамчун забони модарӣ пурра аз бар намудан зарур шумурданд. Муҳимияти ин гуфтаҳо, ҳамчунин, дар он зоҳир мегардад, ки бояд ҷомеаи навини тоҷик барои ба ҷаҳони муосир пайвастан ва самаранок идора намудани давлат омӯзиши забонҳои хориҷиро васеъ ба роҳ монад.
Хулоса, бунёди маорифи миллӣ на танҳо фарогирии малакаҳои муайяни ақлониву истеҳсолист, балки шароити фарҳангии зиндагиву фаъолияти ҷомеа, яъне, наздикшавии шахс ба арзишҳои олии маънавию ақлонӣ низ маҳсуб хоҳад шуд. Ҷомеаи навини мо ба самти фарзонагиву саодат қадам ниҳода, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ ва забонҳои хориҷӣ мавқеи умумимиллӣ касб хоҳанд кард. Паёми Президенти кишвар низ дар рушди соҳаи маориф, самтгирии асосӣ барои ноил шудан ба ин ҳадафи олӣ мебошад.
И. ҒАНИЗОДА,
Р. ДОДИХУДОЕВ,
омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.01.2022 №: 8 Мутолиа карданд: 6418