иҷтимоиёт
ТАБИАТ. ЭҲТИРОМИ ОН ЭҲТИРОМИ ИНСОН АСТ!
Ҳифзи табиат дар тамоми давру замон аз муҳимтарин вазифаҳои инсоният ба ҳисоб меравад. Инсон аз аввали пайдоишаш бо табиат дар робитаи мунтазам қарор дорад. Аммо дар ибтидо фаҳмиши инсон нисбат ба қонуниятҳои муҳити зист хусусияти илмӣ надошт. Бо гузашти вақт, манбаъҳои дониши экологии инсон такмилу инкишоф ёфтанд. Дар гузашта таъсири инсон фақат ба олами ҳайвоноту наботот бештар мушоҳида мешуд. Ҳоло бошад, дар натиҷаи тараққиёти илму техника, инсон ба оламе, ки ӯро иҳота мекунад, таъсири худро мерасонад.
Мақсади асосии ҳифзи табиат, ташкили шароити муътадил барои ҳаёти одамон мебошад. Тарбияи самараноки экологии инсон имкон фароҳам меоварад, ки муҳити зист тоза нигоҳ дошта шавад. Имрӯзҳо дар саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Мутаассифона, сол то сол масъалаи ба танзим даровардани партофтани партовҳо ба проблемаи асосӣ табдил ёфтааст. Гарчанде дар ин самт пешравиҳо бошанд ҳам, ҳанӯз аз тарафи шахсони алоҳида қонунвайронкуниҳо ба чашм мерасанд. Дар бисёр маврид аз тарафи сокинон партовҳои маишӣ ва рӯзгор дар ҷойҳои номувофиқ партофта мешаванд, ки ин аз як тараф ҳусни табиатро коста мегардонад, аз тарафи дигар боиси сар задани ҳар гуна касалиҳои сироятӣ мешавад. Дар ин раванд, баланд бардоштани донишҳои экологӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Сарчашмаҳои асосии саломатии инсон ва тарақиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, тарбияи экологии омма дар дуруст муҳофизат кардани табиат ва самаранок истифода бурдани ҳама гуна сарватҳои он мебошад. Омили асосии инкишофи инсоният на аз поймол кардани он, балки аз муносибати оқилонаю беғаразона, ҳифзи тамоми ҷузъҳои олами органикӣ ва ғайриорганикии рӯи Замин иборат мебошад.
Барои таъмини фаъолият дар соҳаи ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ як қатор кодекс ва қонунҳо таҳия ва қабул шудаанд. Ин, пеш аз ҳама, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат” (1993) ба ҳисоб меравад. Он ҳуҷҷати асосии соҳа буда, дар асосаш дигар қонунҳое, ки меъёрҳо ва бахшҳои гуногуни соҳаро муайян менамоянд, қабул шудаанд. Дар баробари ин, соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ” қабул гардид, ки аз 4 боб ва 17 модда иборат аст. Қонуни мазкур принсипҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва иқтисодии сиёсати давлатро дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ ба танзим медарорад. Маърифати экологӣ ин раванди таълим мебошад, ки мақсади он нишон додани қобилият ва ташаккули рафтори дурусти шахсони алоҳида ва аҳолӣ оид ба ҳифз ва истифодаи табиат аст.
Барои беҳбуди маърифати экологӣ на танҳо раванди таълим, балки экологикунонии соҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон зарур мебошад. Ташкили тарбияи самараноки экологии шаҳрвандон имкон фароҳам меоварад, ки инсон муҳити зистро тоза нигоҳ дорад, онро афзун гардонад ва худ дар он сиҳату саломат умр ба сар барад. Муҳимтарин шарте, ки ҳифозати табиатро таъмин менамояд, муносибати ғамхорона нисбат ба он аст.
Аз ин рӯ, ба хотири фароҳам овардани рӯзгори обод, моро мебояд бунёдкори ҳаёти бофароғати худ буда, ҳастиҳои табиат ва неъматҳои бароямон офаридаро поку беолоиш нигоҳ дорем. Ҳифзи табиат ва сарсабзу озода нигоҳ доштани он яке аз муҳимтарин рисолатҳои инсонӣ дар зиндагӣ арзёбӣ гардида, мо аминем, ки дар муддати кӯтоҳ сатҳи зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон ба маротиб боло хоҳад рафт.
Арафа САЛИМОВА,
сармутахассиси шуъбаи табиати
Осорхонаи миллӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.01.2022 №: 9 Мутолиа карданд: 670