logo

сиёсат

"ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН". АНДЕШАВУ ХУЛОСАҲОИ ҲУНАРПЕШАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Эълон ва баргузории озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар соли гузашта низ ба хотири пешрафти соҳаи мусиқӣ ва ба воя расондани истеъдодҳои нодир аз ҳисоби наврасону ҷавонон буд. Бо пайдо кардани онҳо, албатта, аз ҷониби мутахассисони асил ва эҷодкорони маъруф ҳамаҷониба бояд дастгирӣ биёбанду ҳавасманд гардонда шаванд. 
 
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳеҷ як кишвари дунё сарварони давлат аз ҳисоби фонди захиравии худ барои баргузорӣ ва ҳавасманд намудани соҳибистеъдодон ин қадар маблағи зиёд ҷудо намекунанд. 
Бешак, ҳамаи мо ҳамасола шоҳиди ташаббусҳои бузург ва ҳавасмандгардонии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешавем. Барои рушду пешрафти соҳаи мусиқӣ низ тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуданд, ки пештар аз сарварии ӯ собиқа надоштанд. 
Ҳадафи Пешвои миллат аз пешниҳоду амалӣ намудани ин гуна ташаббусҳо боло бурдани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, хоса наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Ҳамин аст, ки дар соли равон нисбат ба солҳои қаблӣ маблағи чунин озмунҳоро бештар карданд ва таъкид намуданд, ки устодону волидони ин соҳибистеъдодҳо низ ҳавасманд шаванд. Ҳайати ҳакамоне низ, ки дар даври ниҳоӣ ширкат варзиданд, соли гузашта аз маблағи пулӣ баҳравар шуданд. Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо бояд ин озмун нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтару шаффофтару пурмуҳтавотар мегузашт, то баъзе аз нофаҳмиҳоро ба вуҷуд намеовард. 
Оре, агарчи баъзе аз дастовардҳоро нодида наметавон гирифт. Мавриди зикр мебошад, ки масъулони озмун ҳамаи номинатсияҳоро якҷоя карданд. Масалан, дар номинатсияи сарояндагӣ. Иҷрои кӯдакон ё худ наврасони аз 12 то 17 - сола тамоман зидди тарбияи мусиқии онҳо буд. Мутаассифона, дар озмунҳои қаблӣ ва дигар озмунҳои сарояндагӣ талабот риоя намешуду нашуд. Аслан аз синни 13 то 15 - солагӣ давраи мутатсияи овоз мебошад. Инчунин, дар озмунҳои қаблӣ ва имсолаи «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» надидаму нашунидам, ки ин гурӯҳ вобаста ба синну солашон суруд иҷро карда бошанд. Дақиқтараш, барномаҳоро барои онҳо бояд интихоб бинамоянд ё худ сурудҳоро эҷод бикунанд. Ҳамаи сурудҳои иҷрошуда тасодуфӣ буданд. Дар ин синну сол бояд онҳо ҳамагӣ дар ҳудуди аз ҳашт то  дувоздаҳ овози нотавӣ суруд бихонанд. Барои ин синну сол композиторони тоҷик ва тамоми дунё суруд навиштаанд. Вобаста ба синну сол, ё худ аз 12 то 17 –солагӣ, ин сурудҳоро бояд истифода кард. Чунин талабот дар дигар кишварҳо ба инобат гирифта мешавад. Баъзе аз наврасон дар ин озмун суруди «Республикаи ман» - ро хонданд. Шодравон Аҳмад Бобоқулов, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС,  авҷи  онро (адвори сибекар) ба зӯр, бо як азоб гирифта буд. Наврас дар ҳеҷ сурат набояд ин сурудро бихонад. Ё ба монанди ин дигар сурудҳои патриотие, ки диапозони овозашон ба онҳо мутобиқ нестанд.  Вақте наврас як бор  нотаҳои баланди ин гуна сурудҳоро  мегирад, яъне дар ин сатҳ иҷро мекунад, овози ӯ барои умре бас-та мешавад, онро дигар барқарор карда наметавонанд. Аз ин рӯ, дар тамоми адабиётҳои таълимии мусиқӣ омадааст, ки дар ин синну сол, яъне аз 12 то 17 – солагӣ, овозро эҳтиёт намудан лозим аст. Ҳамин тавр, кӯдакону наврасонро ба роҳи нодуруст ҳидоят намуданду бурданд. Агар кӯдакону наврасон аз сурудҳои композиторони тоҷик, аз ҷумла Амирбек Мӯсоев, Қудратулло Яҳёев, Миратулло Атоев ва Шарофиддин Сайфиддиновро, ки махсусан барои ин синну сол, бо ба назар гирифтани имконияти овозияшон дар васфи Ватан, модар, сарзамини аҷдодӣ, Тоҷикистони азиз эҷод намудаанд, тараннум мекарданд, ба манфиати онҳо ва пешрафти мусиқии касбӣ мегардид. 
Композиторони ҷаҳонӣ низ, аз қабили И. Думаевский, А. Свешников, Д. Кабалевский, А. Тахмутова, Ю. Чичиков, Л. Ирнов ва дигарон низ махсус барои ин синну сол суруд эҷод намудаанд. Яъне, имкониятҳои овозии онҳоро ба инобат гирифтаанд. Инчунин, мавзуи матни сурудҳо низ ба дунёи кӯдакону наврасон мутобиқ мебошад. Асарҳои онҳо дастрас аст. Фақат зарур аст, ки масъулият эҳсос карду онҳоро бояд бишиносонанд ва сурудҳояшонро иҷро бикунанду тарғиб бинмоянд.
Шумораи ин гурӯҳ, мутаассифона, бисёр кам буд. Намунаи онро мо дар озмуни вилоятӣ, дар шаҳри Хуҷанд дидему шунидем, ки бо оркестри миллӣ сароиданд ва барояшон чунин эҷод ва иҷроиш мувофиқ ба назар мерасид. 
Номинатсияи сарояндагӣ  ба жанрҳо тақсим мешавад: академӣ, анъанавӣ ва навозандагӣ. Боз бармегардем ба кӯдакону наврасон. Онҳо шашмақом мехонанд. Овози шашмақом нисбат ба овози сурудҳои патриотӣ, ватандӯстӣ хеле ҳам баландтар аст. Онҳо, албатта, сурудҳои шашмақомро сароиданд, аммо дарк мешуд, ки барояшон бениҳоят мушкил буд, худро маҷбур менамуданд, то ба нуқтаи зарурии овозҳо бирасанд. Дар ин сурат низ онҳо аз овозҳои табииашон маҳрум мегарданд.   Дар жанри академӣ агарчи мавзуъ маълум аст, яъне «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», сулҳ, истиқлол мебошад, аммо на ҳамаи сурудҳои академӣ ва арияҳои операҳои машҳури дунё ин мавзуъҳоро фарогир ҳастанд. Ин чиз сифати баргузории озмунро паст мефарорад. Ба ҷуз ин, дар Низомномаи озмун омадааст, ки иштирокчии жанри академӣ дар номинатсияи сарояндагӣ бояд дар ягон муассисаи касбӣ фаъолият надошта бошад. Ҷойи тааҷҷуб аст. Охир, агар ӯ, яъне иштирокчии озмун, дар муассисаи касбӣ кор накунад ва ё таҳсил надошта бошад, чӣ гуна метавонад суруди академиро бихонад? Танҳо мутахассис ё муҳассили соҳа медонад, ки ария, сарояндагии вокалӣ чӣ аст ва бояд чӣ гуна онро иҷро намуд. Нафаре, ки ягон мактаби вокалиро  нагузаштааст, арияро иҷро карда наметавонад. Он нозукиҳои зиёд дорад. Ҳатто  тарзи нафаскашӣ, нафасбарориро дар мавридҳои мувофиқи иҷроиш  бояд бидонаду риоя бинамояд. Магар мумкин аст, ки нафареро аз қади кӯча ё муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ биорему иштирок бинамояду ария бихонад? Не, албатта. Барои донистану иҷро кардани ин гуна сурудҳо, яъне академӣ, ҳатман дар мактаби мусиқӣ, коллеҷу консерватория бояд таҳсил намояд. Тавре бармеояд, дар Низомнома тағйирот бояд ворид кард. Аз давраи дуюм ба сеюм як нафарро аз вилояти Суғд гузарондем. Иҷроишаш хуб, ҷавобгӯи талабот буд. Вақте аз ӯ пурсидем, ки дар куҷо фаъолият дорад, посух дод, ки дар ҳеҷ куҷо кор намекунад, аммо аз Адҳам Холиқов, устоди соҳа, дарс мегирад. Барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ масъулон аз ӯ чун мепурсанд, ки дар куҷо кор мекунад, гуфтааст, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ. Ба ӯ мегӯянд, ки дар ин сурат ҳуқуқи иштирок дар озмунро надорад. Барои равшан шудани масъала изҳор медорад, ки ман дар  миманси ин театр фаъолият дорам. Миманс, яъне бо мимика, қиёфа, ишора нақш меофарад. Дар ин ҷо ӯ овоз намедиҳад. Охир, дар ин театри касбӣ агар кас фаррош, ронанда, коргари соҳаи барқ ё посбон бошад, магар ҳуқуқи иштирок дар озмунро бояд аз даст бидиҳад? Ин чӣ гуна муносибату хулосабарориву тасмимгирӣ аст?! 
Дар шаҳри Хуҷанд духтаре сурудеро бениҳоят дар сатҳи олӣ иҷро кард. Саҳназеб буд. Овози тозаву хуб ва маҳорати баланди сарояндагӣ дошт. Мутаассифона, оҳанг ба матни интихобнамудааш созгор набуд. Оҳанг ғамангез буд. Ба ӯ пешниҳод кардам, ки як ҳафта фурсат дорӣ, метавонӣ оҳанги дигар интихоб бинамоиву бо матн мувофиқ гардонӣ. Ин пешниҳодро, афсӯс, напазируфт. Ман бовар доштам, ки бо он овоз, иҷроиш ба даври сеюми озмун роҳ меёфт ва яке аз ҷойҳои намоёнро дар номинатсияи сарояндагӣ сазовор мегардид. Зарур аст, ки ин гуна истеъдодҳои нодир дастгирӣ биёбанд. Як муддат роҳнамоӣ бишаванд,баъдҳо сарраро аз носарра худ мешиносанд, ба саҳнаҳои бузурги ҳунар роҳ меёбанд ва дар пешрафти соҳа саҳми арзанда мегиранд.
Жанри анъанавӣ (шашмақом). Дар ин жанр сурудҳо мутафовитанд: ҳам сурудҳои иҷроишашон мушкил дорад ва ҳам осон. Як нафар суруди осони ин жанрро интихоб мекунаду мехонад. Ва дар ин ҳангом ба мушкилот рӯ ба рӯ намешавад. Ба он баҳои баланди ҳакамонро сазовор ва соҳиби ҷоизаву мукофот мегардад. Аммо нафаре, ки суруди мушкилро интихоб намудаву месарояд, пушти парда мемонад. Яъне, баҳои баландаш намедиҳанд. Ин як навъ ноадолатӣ нисбат ба сароянда аст.
Аз рӯи талаботи Низомнома иштирокчиён бе «минусавой»  бояд бихонанд. Яъне, бе сабти гурӯҳи ҳунарӣ, навозандагон. Аммо аксар иштирокчиён талаботро риоя накарданд ва ҳакамон низ дар ин маврид хомӯширо ихтиёр карданду монеъ нагардиданд.
Дар жанри анъанавӣ кӯдакон ва ҳам наврасон фалак мехонанд. Аз ин иҷрокунандагон ё худ ширкаткунандагони озмун дар оянда ҳеҷ гоҳ сарояндаи асил ба воя намерасанд. Тавре пештар зикр шуд, онҳо овози табиии худро барои умре аз даст медиҳанд. Ҳол он ки мақсад аз баргузории ин қабил озмунҳо пайдо намудани истеъдодҳо ва чеҳраҳои нав аст. Се сол боз ин озмун доир мегардад. Оё тавонистем, ки истеъдод ва чеҳраҳои навро пайдо бикунем? Не. Ҷавоб мусбат нест. 
Баъзе аз иштирокчиён агар дар озмун соҳиби Шоҳҷоиза нашаванд, ҳуқуқи иштирок дар озмунро, ки солҳои баъд баргузор мешаванд аз даст намедиҳанд. Боз ҳам ширкат меварзанд, тарғиб мешаванд, ба воситаи телевизион бо сурудҳое, ки ҷавобгӯи талабот нестанд, баромад мекунанд. Аммо дар ҳеҷ сурат чеҳраи асили соҳаи ҳунар шуда наметавонанд. Киро мефиребем?  На худро? Чунин муносибат, хотирбинӣ тарафдории ноҳақона, хидмати хирсона намудан ба миллат ва фарҳанги он маҳсуб мешавад.
Масъалаи дигар, репертуари иҷроиши суруд-ҳо аст, ки бояд аз ҷониби комиссияи озмунӣ дақиқтараш, аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои иштирокчиён пешниҳод бигардад. Дар ин сурат ва қиёс метавон ҳунарманди асилро шинохт ва баҳои дуруст дод. Мутаассифона, чунин барнома пешниҳод нагардидааст. Чаро? Чунки дар вазорат ягон мутахассиси соҳаи мусиқӣ, ки  ин гуна масъалаҳоро дарк бикунаду тадбир биандешад, фаъолият надорад. Чанд сол пештар яке аз муовинҳои вазири фарҳанг аҳли мусиқӣ буд ва риштаи кор ба ин сурат печида набуд. Ҳатто дар раёсати санъати ин вазорат нафаре роҳбар нест, ки мусиқӣ ва мушкилоти мавҷудаи ин соҳаро бидонаду дарк бикунад.
Дар номинатсияи композиторӣ камбудиҳову норасоиҳову ғалатҳое, ки вуҷуд дошт, дар ягон номинатсия ман надидам. Аз рӯйи талаботи Низомнома нафаре, ки асари академӣ эҷод мекунад, бо нафаре, ки асари анъанавӣ меофарад, баробар аст. Тақсими ҷоизаҳову мукофотҳо низ ба ин сурат аст, ҳол он ки ин ҳар ду аз ҳам бисёр фарқ мекунанд. Офаридан ё худ эҷоди асари академӣ мисли асари анъанавӣ осон нест.
Дар ин номинатсия низ эстрада дохил мешавад. Ду намуди эстрада дар дунё мавҷуд аст: ансамбли эстрадӣ ва оркестри эстрадӣ. Дар ансамбли эстрадӣ ҳатман се гитар бояд бошад: соло гитара, ритм гитара, бас гитара. Ин хусусиятҳову талаботро дар озмун ба эътибор нагирифтанд. Ба ҷуз ин, иштирокчиён аз ин ҳама огоҳӣ надоштанд. Ҳар кас мутобиқи завқу фаҳмиши нодурусти худ иҷро кард ва баҳои баландро соҳиб гардид. Чунин баҳогузорӣ ва «қаҳрамонӣ»  дар ягон кишвари дунё нест. Ҳар чиз чорчӯба, қонуну қоида дорад, иҷрои ҳар кори нодурустро набояд ба меъёр табдил дод ё навоварӣ ҳисобид. 
Дар номинатсияи композиторӣ жанри академӣ ноадолатӣ, фикр мекунам, ки бештар сурат гирифт. «Копозитор» -е аз шаҳри Хуҷанд дар ин номинатсия Шоҳҷоизаро соҳиб шуд. Тавре бархе изҳор доштанд, дар эҷоди ин мусиқӣ ҳеҷ саҳме надорад, онро аз дигар ҷову кас дархост кардааст. Нафаре барои иҷроиш онро ба созҳои мусиқӣ тақсим намудааст. Ин асарро баъд дар оркестр навохтаанд. Дар даври дуюми озмун дар вилояти Суғд ӯ рапсодия пешниҳод кард. Аз ӯ пурсида будам, ки тарзу шакли навишти он чӣ гуна аст, надонист. Яъне, аз ин метавон ба хулоса омад, ки  ӯ ба талаботи эҷоди асарҳои жанри академӣ ошноӣ надорад ва дар ҳеҷ сурат наметавонад мусиқие биофарад, ки соҳиби Шоҳҷоизаи озмун бигардад. 
Аз ин нафар, инчунин, пурсида будам, ки дар Тоҷикистон композиторе рапсодия навиштааст. Ин асари ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Метавонӣ аз ин композитор ном бубарӣ ва дар бораи ӯву асараш маълумот бидиҳӣ? Албатта, дармонд, аз посух гуфтан оҷиз омад, чунки ошноӣ ва маълумот надошт. Агар медонист, аз Фозил Солиев ном мебурд, ки рапсодияи тоҷикӣ навиштааст ва он дар тамоми дунё машҳур мебошад. 
Аз шаҳри Левакант ҷавоне ҷои дуюмро соҳиб гардид. Ин нафар дар бораи оркестри симфонӣ, жанрҳои мусиқии академӣ маълумоте надорад. Аз ин метавон ба хулоса омад, ки барои ӯ нафари дигаре асари мусиқӣ ва клавирашро ҳам  кадом як композиторе навиштааст. Партитураашро бошад, дигар кас. Ба ин пурсиш посух намеёбам, ки кадом композитори касбӣ дар музофот аст? Магар метавонад нафаре, ки асари мусиқии касбии ҷаҳонӣ эҷод мекунад, дар музофоти кишварамон бошад? Ин нафар ҳам аз жанрҳои мусиқии академӣ бӯе намебурд. 
Дар пойтахти кишвар композиторони ҷавону боистеъдод, аз ҷумла Бахтиёр Убайдуллозода, фаъолият доранд. Ду шогирди ӯ: Лутфулло Раҳматуллоев ва Беҳрӯз Сайфиддинов дар озмун иштирок карданд . Хатмкардаи консерваторияи шаҳри Новосибирск Фирдавс Ёров бо асари тозаэҷоди “Такато Самоъ” - ро пешкаши ҳакамон намуданд ва маълум буд, ин композиторон барои пешрафти соҳа асарҳои хубу мондагор эҷод карда метавонанд. Онҳо худашон эҷод кардаанд ва клавиру партитураҳоро навиштанд. Ба талаботи жанрҳои академӣ ошноӣ доранд, вале аз ҷойҳои намоёни озмун бенасиб монданд. Бо чунин муносибат дилсардӣ ба соҳа ва пешаи интихобнамуда пайдо мешавад ва  истеъдодҳо рӯи об намебароянду мусиқии касбии мо ба пешрафт ноил намегардад. Инчунин, ба арсаи олам роҳ намеёбад ва миллатамонро чун миллати мутамаддин муаррифӣ карда наметавонад. Норизоӣ ва шикоятҳо аз чунин тарзи ноадолатонаи баҳогузорӣ бисёр шуданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд. Масъулони баррасии норизоӣ ва шикоятҳо набояд мақомоти болоӣ, яъне Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ё Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бошад. Зарур буд, ки комиссияи апеллатсионӣ таъсис медоданд ва беҳтарин мутахассисони бовиҷдону холис ҳамаро боадолатона месанҷиданд ва хулосаҳои дурусту мувофиқ мебароварданд. Танҳо ин комиссия метавонад, ки тасмиму қарорҳои гирифтаву баровардаи ҳакамони озмунро, агар дурусту шаффоф набошанд, бекор бикунад ва адолатро барқарор намояд. Ин комиссияро бояд Вазорати фарҳанг таъсис медод ва ҳайати он бо Ҳукумати ҷумҳурӣ мувофиқ кунонда мешуд. Фикр мекунам, ки дар ин ҳайат на камтар аз панҷ нафар мутахассис бояд бошад. Ва меъёрҳои фаъолияти он дар Низомнома муайяну тасдиқ шаванд. Агар чунин комиссия мебуд, ҳарҷу марҷ ба озмун роҳ намеёфт ва норизоиву шикоятҳо ба воситаҳои гуногуни информатсионӣ ба мақомоти болоӣ намерафт. Онҳо мӯйро аз хамир ҷудо мекарданд. Дар ин сурат ба ноҳақӣ кардан, баҳои нодуруст додан ҷасорат пайдо наменамуданд. 
Ин ҳама ноҳақӣ, нодуруст натиҷагирӣ кардан маро ҳамчун мутахассиси соҳа водор сохт, ки андешаву хулосаҳоямро бинависам, то дар оянда пеши роҳи ноадолатӣ гирифта шаваду он дар сурати бадтар аз ин такрор нагардад.
Албатта, «мушт намунаи хирвор» гуфта, қисме аз норасоиҳо, нофаҳмоиҳо, ноадолатиҳоро зикр намудам. Агар дар оянда чунин муносибат, ноҳақӣ, бемасъулиятӣ, идома биёбад, ба пешрафти мусиқии касбӣ, пайдо шудану ба воя расондани истеъдодҳои асил умед баста наметавонем. 
Ман пештар бо навиштаҳояму нашрашон дар рӯзномаҳо пешниҳод карда будам, ки бо иштикорчиёни озмун мисли иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аъзои ҳакамон ҳамсуҳбат гарданд ва ба воситаи телевизиону радио намоишу  шунавонда шавад. Ин суҳбатҳо бо иштирокчиён сатҳи донишу фаҳмиши онҳоро дар бораи мусиқӣ, асарҳои иҷрокардаашон ошкор месозад. Ҳамин тавр, дар ин сурат дар баробари ҳакамон бинандагону шунавандагон баҳои худро мегузоранду мутмаин мегарданд, ки озмун боадолатона сурат гирифтаву ғолибонро дуруст муайян кардаанд. Махсусан, суҳбат бо нафароне, ки дар номинатсияи композиторӣ ширкат варзидаанд, ҳатмист ва ҷиддӣ бояд сурат бигирад. Ҳакамон бояд суол бидиҳанд ва посухи дуруст бигиранд. Фикр мекунам, ки муаллифони ҳақиқии асар ба ҳамаи пурсишҳо посухи мусбат дода метавонанд ва баръакс. Мавзуву мундариҷаи асарро бояд шарҳ бидиҳанд. Дар мавриди тақсимоти овозҳо ва созҳо маълумот дода тавонанд. Инчунин, посух бидиҳанд, ки сарчашмаи омӯзишашон киҳову чиҳоанд, бо кадом композиторон робитаи эҷодӣ доранд, усулҳои офариниши асарҳои жанри академӣ чи гунаанд. Ба ҷуз ин, дар бораи композиторони тоҷик маълумот бидиҳанд, мавқеи онҳоро дар сатҳи ҷаҳонӣ бишносанд. Ин гуна пурсишу посухҳо муайян карда метавонанд, ки иштирокчии озмун то кадом сатҳ истеъдоду дониш дорад ва асари эҷодкарда, воқеан, моли ӯ ҳаст ё ин ки аз композиторон онро харидааст. Тавре зикр шуд, агар дар эҷоди асар саҳми композитори дигар бошад, ин навъ тақаллуб, назарфиребӣ рӯ мезанад ва офтобро бо доман пӯшонда наметавонанд. Ин василаҳо монеи тақаллубҳо мешаванд. Бинандаву шунаванда аз ин гуна пурсишу посухҳо қонеъ мегарданд, ҳақиқатро дармеёбанд ва ҳам маълумот ба даст оварда метавонанд. 
Мутаассифона, ин пешниҳодҳоро амалӣ нанамуданд. Пешниҳоди навбатии ин ҷониб он аст, ки ба ғолибон мукофотҳо дар шакли маблағи пулӣ дода нашаванд. Яъне, мукофоте, бошад, ки ғолиб онро тақсиму сарф карда натавонад, балки ҳамчун хотира бо худаш боқӣ бимонад.
Ин метавонад, ки пеши роҳи баъзе шубҳаҳоро бигирад. Ба ҷуз ин, барои сайқали маҳорати истеъдоди ғолибон имкон фароҳам биоваранд, ки дар мамлакатҳои пешрафтаи соҳаи мусиқӣ таҳсилро идома ва ё донишашону маҳораташонро сайқал бидиҳанд. 
 
Холаҳмади МАҶИД,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,
узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2022    №: 9    Мутолиа карданд: 2095
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед