сиёсат
СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ
7 январ суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шурои амнияти СААД муҳтарам Никол Пашинян доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба раванди эътидоли вазъият дар Ҷумҳурии Қазоқистон табодули афкор анҷом дода, ҷонибдории худро дар ростои талошҳои роҳбарияти кишвари дӯст ҷиҳати барқарор намудани сулҳу оромӣ таъкид намуданд.
Дар зимн, мусоҳибон ҷараёни татбиқи қарори СААД-ро дар бораи фиристодани ҳайати муттаҳидаи сулҳофари Созмон ба Қазоқистон барои мусоидат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини субот мавриди баррасӣ қарор доданд.
8 январ суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат сарварони давлатҳо раванди эътидоли вазъият дар Қазоқистонро баррасӣ намуданд.
Муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Пешвои миллат дар бораи андешидани тадбирҳои амалӣ бо мақсади таҳти назорат гирифтани вазъият, барқарор намудани сулҳу оромӣ ва ҳамзамон, ҳадафҳои ниҳоии саркардагони рӯйдодҳои фоҷиабор ҷиҳати ғасби ҳокимият дар кишвар ба таври муфассал маълумот доданд.
Дар зимн, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ирсоли ҳайати маҳдуди низомиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қазоқистон дар қатори неруҳои муттаҳидаи сулҳофари СААД барои мусоидат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини субот изҳори сипос намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.2022 №: 10 Мутолиа карданд: 740