сиёсат
ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ШУРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД
10 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи ғайринавбатии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар иҷлосия, инчунин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Акилбек Жапаров ва Дабири кулли СААД Станислав Зас ширкат варзиданд.
Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шурои амнияти дастаҷамъии СААД Никол Пашинян сурат гирифт.
Тавре таъкид гардид, 10 январ дар Қазоқистон ба хотири гиромидошти қурбониёни бетартибиҳои оммавӣ рӯзи умумимиллии мотам эълон гардид ва иштирокчиён иҷлосияро бо дақиқаи хомӯшӣ оғоз карданд.
Иштирокдорони иҷлосия масъалаи “Дар бораи вазъ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва тадбирҳои муътадилсозии он”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аъзои Шурои амнияти дастаҷамъӣ оид ба вазъи Қазоқистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои аъзои СААД мубодилаи афкор карда, аз ҳолати мураккаби имрӯза дар Қазоқистон изҳори нигаронӣ намуданд.
Дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суханронӣ карда, дар бораи вазъи кишвар ва чораҳои ба эътидол овардани он маълумоти муфассал дод.
Дабири кулли СААД Станислав Зас дар бораи иҷрои қарори Шурои амнияти дастаҷамъӣ оид ба расондани кумак ба Қазоқистон гузориш дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз иқдомоти раҳбарияти Қазоқистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ ва барқарор намудани тартибот дар ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ мекунад.
Сарвари давлат таваҷҷуҳи аъзои Шуроро ба мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва радикализм дар кишварҳои узви СААД, инчунин, талошҳои таблиғоти онҳо байни шаҳрвандон ҷалб сохтанд. Дар ин замина, Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими фаъолияти муштараки ҳамаҷонибаи мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД дар муқобилият бо ин чолишҳо ва таҳдидҳо шуданд.
Президенти Тоҷикистон, ҳамчунин, оид ба як қатор ташаббусҳо, аз ҷумла зарурати таҳияи низоми ҳифзи фазои иттилоотӣ, изҳори назар намуданд.
Сарварони давлатҳои аъзои СААД аҳамияти барқарор кардани амният ва субот дар Қазоқистонро таъкид карданд.
Дар ҷараёни иҷлосия иштирокдорон оид ба таъмини амният дар Қазоқистон ва пешгирии таъсири он ба амнияти кишварҳои аъзо як қатор таклифу пешниҳодҳоро ба миён гузоштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.2022 №: 10 Мутолиа карданд: 739