иҷтимоиёт
ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ…
Чанде қабл ба идораи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» марде омад, ки дар даст панҷ асо дошт. Ӯ суроғ мекард, ки кӣ дар хона модару падар, бибию бобо ё ягон наздики барҷомонда дорад, то ба вай як асо ҳадия кунад.
Ин амали ғайриодӣ таваҷҷуҳамро ҷалб кард ва бо вай ҳамсуҳбат шудам. Дар ҷараёни суҳбати гарму самимӣ маълум гардид, ки Ҳамроқул Қурбонови 70-сола аз ноҳияи Шаҳринав будааст. Ин марди хайрхоҳ асоҳоро ба пироне, ки ба ин такягоҳ ниёз доранд, сохтаву ройгон тақдим менамудааст.
- Нафақхӯрам. Маблағи нафақаро гирифта, оҳан, равшанидиҳанда харида асо месозам. То қадри имкон дар шаҳрҳои Турсунзодаю Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав ба пиронсолон асо тақдим намуда, дуои хайр гирифтам. Илова бар ин, ба ҳар як минтақаи кишвар Рашт, Кӯлоб, Хатлону Суғд ва Бадахшон яктоӣ фиристодам. Ният дорам, ки даҳ асои дигар ба хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе тақдим намоям, - гуфт Ҳамроқул Қурбонов.
Ӯ мегӯяд, ки модарашро 17 сол дар бистари беморӣ нигоҳубин кардааст. «Имрӯз мебинам баъзе солхӯрдаҳоро, ки муҳтоҷи навозиши фарзандонанд. Вале фарзандоне, ки бо меҳру муҳаббат ва умед ба воя расондаанд, ҳатто ба аёдаташон намеоянд. Инҳоро мебинаму аламам мекунад».
Ҳамроқул Қурбонов то ба нафақа баромадан дар заводи арзизи тоҷик (Ширкати Алюминийи Тоҷик) фаъолият намудааст. Ихтироъкориро меписандад. - Пас аз баромадан ба нафақа фикр кардам коре анҷом диҳам, ки ба нафъи ҷомеа бошад.
Сохтани асо ба сарам омад. Шукр, ки заррае ҳам бошад, фоидаам ба ҷамъият мерасад. То ҳол 71 асо сохта ба ниёзмандон тақдим кардам. Умр вафо кунад, ин амалро идома медиҳам, - иброз дошт Ҳамроқул Қурбонов.
Ин марди наҷиб соҳиби 5 фарзанд (як писару чор духтар) ва 13 набера мебошад.
М. БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.2022 №: 10 Мутолиа карданд: 581