Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Известия. Ба маълумоти дафтари матбуоти Ҳукумати Арманистон видеоконфронси роҳбарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ имрӯз баргузор мегардад.
Мир 24. Вазъият дар тамоми минтақаҳои Қазоқистон ба эътидол омадааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми биноҳои маъмурии қаблан тасарруфшударо озод карданд. Кори муассисаҳои коммуналӣ ва системаҳои ҳаётан муҳим барқарор мешавад. Дар ин бора ба Президенти кишвар Қосим-Жомарт Токаев дар ҷаласаи ситод иттилоъ доданд.
Лента. ру. Вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу дар шабакаи телевизионии «Звезда» гуфт, ки феълан дар ҳама ҷабҳаҳо ҷанги иттилоотӣ ҷараён дорад ва Маскав ҳақ надорад дар он мағлуб шавад.
РИА Новости. Дар Қазоқистон амалиёти зиддитеррористӣ ба марҳалаи нав гузашт. Ҳарбиён дар тамоми посгоҳҳо мустақар шудаанд, то фирори ҷангиёнро аз Алмаато ҷилавгирӣ намоянд.
Газета. ру. Бори аввал дар таърихи ИМА бонуи афсар бо номи Эми Бауэрншмидт фармондеҳи киштии атомии ҳавопаймобари Abraham Lincoln таъин шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 988