сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН
10 январ пас аз ба анҷом расидани ҷаласаи ғайринавбатии Шурои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат сарварони ду давлат вазъияти имрӯзаро дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ карда, атрофи он мубодилаи афкор анҷом доданд.
Вобаста ба масъалаҳои мазкур ҷонибҳо ҷиҳати идомаи тамосҳо дар сатҳҳои мухталиф ба мувофиқа расида, зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориро дар соҳаи амният таъкид карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.01.2022 №: 11 Мутолиа карданд: 798