иҷтимоиёт
САФИ ФАЪОЛЗАНОН ДАР ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ЗИЁД МЕШАВАД
Мехостам дар бораи соҳаи энергетика, ки зимни ироаи Паём Сарвари давлат ба он махсус дахл намуданд, андешаҳои худро иброз намоям. Аз ҷумла, Президенти кишвар дар назди масъулон вазифа гузоштанд, ки дар ҳафт соли оянда дар асоси «энергияи сабз», яъне сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди неругоҳҳои «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум», иқтидори энергетикии кишварро иловатан 4 ҳазор мегаватт зиёд намоянд. Ин вазифаи ҷиддист, ки кормандони соҳа бояд дар иҷрои он масъулияти баланд нишон диҳанд.
Ҳамзамон, Ҷаноби Олӣ истифодаи дигар энергияҳои барқароршавандаро таъкид сохтанд. Айни замон мо дар таҳияи нақшаи рушди «туризми сабз» дар асоси истифодаи энергияи барқароршаванда фаъолона иштирок дорем. Дар иртибот ба ин, мо ба мамлакат ворид намудани нақлиётҳои барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳоро, ки воридоташон пурра аз андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод мегарданд, бо хушнудӣ пазируфтем. Истифодаи онҳо, дар навбати худ, ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ дар кишвари мо, ки ҳиссаи асосии он имрӯз ба нақлиёти автомобилӣ вобаста аст, инчунин, ба таҳияи технологияи нави хидматрасонии мошинҳои барқӣ, таъсиси ҷойҳои кор, коҳиши вобастагии кишвар аз боздоштани воридоти сӯзишворӣ барои воситаҳои нақлиёт рост меояд, мусоидат менамоянд.
Инчунин, дар Паём Президенти мамлакат бори дигар дар бораи зан – Модар ва нақши ӯ дар оила ва ҷомеа бо меҳру муҳаббат сухан гуфтанд. Бояд гуфт, ки чун дар дигар паёмҳои хеш Сарвари давлат дар хусуси баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ишора намуданд. Аз ҷумла, дастур доданд, ки ҳайати занон дар хизмати давлатӣ ба 30 фоиз ва роҳбарикунанда 25 фоиз расонда шавад. Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ҳайати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12- ум, ҳамагӣ 4 фоизро ташкил медод.
Баромади барҷастаи Ҷаноби Олӣ ҳамаи моро водор месозад, ки зери сиёсати созандаи Пешвои миллат муттаҳид шуда, тамоми кӯшиши худро баҳри рушди кишвар равона созем ва бо заҳмати софдилонаи хеш дар ин ҷода ҳиссаи арзанда гузошта, баҳри боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ саъй намоем.
Рафиқа МӮСОЕВА,
раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.01.2022 №: 11 Мутолиа карданд: 1968