сиёсат
ПАЁМ. АРҶГУЗОРӢ БА КИТОБ МАРҲИЛАИ ТОЗА КАСБ МЕКУНАД
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанберо яке аз дастовардҳои камназири сӣ соли соҳибистиқлолӣ арзёбӣ карданд, ки ҷойи шодмонист.
Басо рамзист, ки даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» се сол боз бар зиммаи масъулони ин даргоҳи илму ирфон вогузор мешавад ва рафти онро Сарвари кишвар пайгирӣ мекунанд. Макони баргузории озмун баргузида шудани Китобхонаи миллӣ тасмими Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва маҳз дар асоси супоришу маслиҳатҳояшон имконияти мавҷудаамонро таҳлил карда, тадбирҳои иловагӣ низ андешидем, то барои аҳли озмун шароити мусоиду баробар фароҳам орем. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат мақсади аслии гузарондани ин ва дигар озмунҳоро чунин шарҳ доданд: “Ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад”.
Ҷумъахон ФАЙЗАЛИЗОДА,
директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.01.2022 №: 11 Мутолиа карданд: 1575