туризм
РУШДИ САЙЁҲӢ АЗ МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд, ки танҳо аз ҳисоби рушди соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, молияву бонкдорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва дигар бахшҳо бояд то 200 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.
Боиси фараҳмандист, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат, соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври мусбат ва ҷолиб арзёбӣ гардида, мавқеи худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам намуда истодааст.
Барои рушди сайёҳии байналмилалӣ дар мамлакат тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар амал татбиқ гардида, нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ ба таври муосир ба роҳ монда мешаванд. Ҳамчунин, бренди сайёҳии ҷумҳурӣ васеъ тарғибу ташвиқ гардида, бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ боз ҳам ҷоннок мешавад. Татбиқи пурра ва самараноки стратегия ба рушди сайёҳӣ мусоидат намуда, яке аз омилҳои баланд бардоштани иқтисодиёти миллӣ мегардад.
Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо, андешидани чораҳои ташкилӣ, техникӣ, моддӣ, молиявӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, ҳамчунин, иштироки фаъолонаи мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандон муҳим дониста мешавад.
Ҳабибулло АМИРБЕКЗОДА,
муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.01.2022 №: 11 Мутолиа карданд: 7920