сиёсат
ТАҲАВВУЛОТИ ТОЗАИ ЗИНДАГӢ
Таҳлили амиқи дастоварду музаффариятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми сӣ соли Истиқлоли давлатӣ ва муқоисаи воқеъбинонаи он ба 70 соли замони Иттиҳоди Шуравӣ аз ҷумлаи муҳимтарин нукоти Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буд.
Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ дар шароите ироа гардид, ки вазъи сиёсии ҷаҳони муосир ҳамоно печида боқӣ монда, густариши терроризми байналмилалӣ ба амнияти ҷомеаи кишварҳои олам, аз ҷумла Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, дар Паём на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимолияти равандҳои пуртазоди ҷаҳони муосир, ки асоси онҳоро манфиатҳои геополитикӣ ташкил мекунанд, дарҷ гардиданд.
Роҳбари давлат вазъи сиёсии ҷаҳони муосирро таҳлилу баррасӣ намуда, таъкид доштанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша кӯшиш намоем. Албатта, ин таъкиди Пешвои миллат ба маврид мебошад, зеро ҷаҳони муосир бархӯрду мушкилоти пурпечутобе дорад, ки ҳар лаҳза ин бархӯрду муносибатҳо тағйирпазир буда, инсониятро пешорӯйи интихоби мушкил қарор медиҳанд. Махсусан, рақобатҳои бузурги саҳнаи сиёсати байналмилалӣ амнияту оромӣ дар ҷаҳонро халалдор намуда, як қатор хатару таҳдидҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки дар роҳи ҳифзи арзишҳо ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ монеа эҷод менамоянд. Дар ин замина, танҳо кишварҳое ваҳдати худро мустаҳкам нигоҳ дошта метавонанд, ки дар масири сиёсати дохиливу хориҷии худ самти дурустро интихоб намудаанд.
Гузашта аз ин, Пешвои миллат бо мақсади такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи он ба парлумон ва дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда оид ба мутобиқгардонии қонунгузорӣ ба инкишофу пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, механизми амалисозии онҳо, риоя ва иҷрои қатъии қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва камолоти фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ дастурҳои мушаххас доданд. Ва бо ишора ба мақомоти судии кишвар чунин баён доштанд: “Дар ин раванд, мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд”.
Дарвоқеъ, ҳар як нукта ва Паёми Сарвари давлат идомаи мантиқии нуқтаҳо ва паёмҳои қаблӣ буда, ҳамдигарро пурра менамоянд. Аз ин нуқтаи назар, мо бояд дар партави сиёсати созанда ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ ва сулҳу салоҳ барои ҳифзи истиқлоли миллӣ саҳми сазовори хешро гузорем.
Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА,
раиси суди ноҳияи Ёвон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.01.2022 №: 11 Мутолиа карданд: 987