logo

иҷтимоиёт

ИНКИШОФИ НУТҚ. ЧАРО БА ОН ТАВАҶҶУҲ БОЯД НАМУД?

 
Методикаи инкишофи нутқ фанест, ки дар он омӯзгор роҳи дурусти нутқ ва маҳорати сухан гуфтанро ба хонандагон меомӯзонад. Аслан, дарсҳои нутқи мураттаб аз солҳои 70-уми асри XX дар барномаи таълимии синфҳои 4 - 8 ворид шуда, мақсад аз ташкили чунин дарсҳо, дар хонандагон такмил додани маҳорату малакаи суханронӣ мебошад.
Таълими грамматика, имло, аломатҳои китобатӣ, оҳанги талаффуз, услуби сухан ва роҳҳои инкишоф додани нутқи хонандагон дар раванди омӯзиш хеле муҳим мебошад. Аммо агар омӯзгор ин дастурҳоро худ аз бар нанамояду надонад, дар таълими ин фанни барои хонанда муҳим муваффақ намегардад 
Кӯдак ба мактаб гӯё «сухангӯ» меояд, вале ин барои ифода кардани донишҳои гирифтааш нокифоя мебошад. Вай ҳанӯз маҳорати зебо баён кардани фикри худро надорад ва таассуроташро дар бораи табиат, атроф пурра баён карда наметавонад. Инкишоф додани нутқ ва фикронии бачагони синни мактабӣ аз мақсадҳои асосии ин машғулиятҳо мебошад. Ҳар қадар хонанда андешаҳояшро пурмазмун, фаҳмо ва пайдарҳам баён карда тавонад, ҳамон андоза ҷаҳонбиниаш васеъ мешавад. 
Аз рӯйи мушоҳидаҳо ҳоло нутқи хонандагон ва костагии фонди луғавиашон боиси нигаронӣ мебошад. Ба андешаи мо сабаби ин мутолиа накардани китоби бадеӣ ва огоҳ набудан аз васоити ахбори омма мебошад. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар сурати китоби бадеӣ хондан дарси инкишофи нутқи мураттаб барои бомаърифату бофарҳанг ва озод баён намудани фикри хонандагон кумак менамояд. Аммо ҷойи таассуф аст, ки ҳоло ба ин масъала ҳам омӯзгорон ва ҳам волидон камтар таваҷҷуҳ менамоянд. Ҳол он ки ҳатто дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” малакаи бурро ва бенуқс сухан гуфтан аз шартҳои асосии озмун маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, бояд омӯзгорон дар дарсҳои мазкур мавзуъҳоеро интихоб намоянд, ки ба фаъолияти касбию ҳунарии одамон, тасвири воқеаву ҳодисаҳои табиат алоқаманд бошанд. Хуб мешавад агар дар ҷараёни дарс хонандагон андешаҳои хешро доир ба мавзуъ ба тарзи шифоҳӣ ва хаттӣ баён намоянд. Масалан, бо методи проблемавӣ. Ин метод хусусияти муайян намудани проблема дар мавзуъ, гузоштани саволҳои мантиқӣ ва ҳалли проблемаи гузошташударо талаб менамояд. Дар чунин дарсҳо омӯзгор муҳити мураккабро бояд созмон бидиҳад. Ин ба хонандагон имкон медиҳад, ки нисбати мавзуъ эҷодкорона муносибат намуда, мустақилона фикр намоянд ва фикрашонро озодона баён созанд. Дарси инкишофи нутқ бояд табодули афкор бошад ва мубоҳисаҳое, ки созмон дода мешаванд, муносибати фардӣ, дониш ва маҳорату малакаи хонандагонро зиёд намоянд. Ба инобат гирифтани вақт барои ибрози андеша, илова ва такмили андешаҳо, ба хонанда додани имкон барои ташаббус ва қобилияти эҷодкорӣ бояд ҳатман ба назар гирифта шавад. 
Мақсаду вазифа ва ҳадафи асосии таълими дарси инкишофи нутқ ин аст, ки хонанда, пеш аз ҳама, донишу малакаи худро инкишоф диҳад, имло ва меъёри забони адабӣ, ҷумлаороиву муфассалбаёниро бештар аз худ намояд. 
 
Мухлиса МАДУМАРОВА, 
омӯзгори Гимназияи № 1 
барои хонандагони 
болаёқати шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2022    №: 11    Мутолиа карданд: 790
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед