иҷтимоиёт
МАСЪУЛИЯТ. ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН ФОРИҒБОЛ НАБОШЕМ!
Ояндаи дурахшони давлат ва миллати куҳанбунёди мо ба тарбияи дурусти насли наврас зич алоқаманд аст. Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма мегирад. Зеро оила чи аз нигоҳи қонун ва чи аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад.
Рӯйи кор омадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2 августи соли 2011), ки ба урфу одат ва хусусиятҳои миллии тоҷикон асос ёфтааст ва аз ҳуқуқҳои табиии инсон сарчашма гирифта, ба зиндагии мардум созгор мебошад, дар самти таълиму тарбияи насли ҷавон тағйироти сифатӣ ба амал омад. Тавассути қонуни мазкур ва дигар қонунҳои амалкунанда давлат ҳар як падару модар, омӯзгор ва шахсони ба таълиму тарбияи насли наврас вобастаро вазифадор мекунад, ки дар назди ҷамъият масъул бошанд.
Мушоҳидаҳои чанд соли ахир нишон медиҳанд, ки ин қонун дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасону ҷавонон мусоидат намуда, ҳамкории падару модарро бо мактаб зич намуд. Пеш аз ҳама, он масъулияти падарону модаронро дар тарбияи дурусти фарзандон бештар кард. Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз дигар қонунҳои кишвар куллан тафовут дошта, мақсади асосии он пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин, пойдории оила мебошад. Қабули чунин як санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин ҷумҳуриҳои пасошуравӣ буд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соли 1993 ба «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак» (20 ноябри соли 1989) ҳамроҳ шуд. Дар ҳуҷҷати мазкур, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун санади муҳими байналмилалӣ пазируфта шудааст, ҳуқуқҳои асосии кӯдак ва уҳдадориҳои падару модар, давлат дар бобати дуруст ба роҳ мондани тарбияи кӯдакон зикр гардидаанд.
Ҳарчанд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» даҳ сол гузашта бошад ҳам, мушоҳидаҳо собит месозанд, ки баъзе аз волидон дар тарбияи фарзандон то ҳол беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд, ки бар зарари онҳост. Ин бепарвоияшон то ҷое мерасад, ки фарзандони онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил шуда, даст ба ҷиноят мезананд ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.
Дар асоси гуфтаҳои боло падарону модарон бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа вазифаву уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд сарбаландона иҷро намуда, наслеро ба воя расонанд, ки дар рушду нумӯи Тоҷикистони азизи мо саҳми созандаи худро гузорад. Вақте мо дар бораи ояндаи миллату Ватан ҳарф мезанем, бояд аз ҳамин лаҳзаҳо вақтро беҳуда сарф накарда, барои таълиму тарбияи насли наврас талош варзем ва, пеш аз ҳама, кӯшиш намоем, ки худамон барои онҳо намунаи ибрат бошем.
Гулҷамол ҒАФУРОВА,
омӯзгори МТМУ № 92-и ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.01.2022 №: 11 Мутолиа карданд: 687