Хабарҳо
ПАЙРАВӢ АЗ СИЁСАТИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Ёрӣ ба ниёзмандон ва дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо муваффақият амалӣ мегардад.
Дар пайравӣ ба ин иқдомҳои хайрхоҳона ва инсонпарваронаи Сарвари давлат ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун сарпараст дар арафаи Соли нави мелодӣ ба 244 бошандаи Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор” либосҳои гарми зимистона, дастархони идона ва бо назардошти парасторон ва табибони муассиса 300 адад туҳфаи солинавӣ таҳия ва дастрас шуд.
Як нукта боиси зикр аст, ки қишрҳои осебпазири ҷомеа таҳти ғамхории ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дастгирии онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат, новобаста аз иду ҷашнҳои миллӣ, ба ниёзмандон дасти ёрӣ дароз хоҳад кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1210