номаҳо
«БОВАР ДОРАМ, КИ БА ДОДАМ МЕРАСАНД»
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» (7 феврали соли 2009, № 622) матлаби Сайфулло Муродов, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 6 октябри соли 2021, № 199 – 200, таҳти унвони «Бовар дорам, ки ба додам мерасанд» ба нашр расидааст, дар Суди Олӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Муайян гардид, ки бо ҳалномаи суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 21 январи соли 2016 даъвои Сайфулло Муродов бо ҷавобгарии Азизова Озодахон Камоловна дар бораи рӯёндани маблағи 12747 доллари ИМА мутаносибан бо асъори миллӣ 62460 сомонӣ қонеъ шудааст.
Аз номаи муаллиф Сайфулло Муродов бармеояд, ки ӯ талаби иҷрои санади судиро намудааст.
Мутобиқи қисми 1 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои судии дигар давлатҳо ба зиммаи иҷрочиёни мақомоти иҷро гузошта шудааст.
Аз ин рӯ, Сайфулло Муродов метавонад бо риояи талаботи қонуни дар боло зикргардида ба иҷрочиёни мақомоти иҷро дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба иҷрои ҳалнома муроҷиат намояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.01.2022 №: 11 Мутолиа карданд: 14622