logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

 
Хотираи инсонҳои нек ҳамеша дар умқи ёдҳо ҷой дошта, рӯзгори саросар аз ҳикматашон пандомӯзи мост. Яке аз чунин чеҳраҳо, ки дар қалби шогирдон хонаи меҳр бунёд кардааст, устоди равоншод Хушбахт Бекзода, дорандаи медали Хизмати шоиста, Аълочии телевизион ва радио, Аълочии матбуот ва фарҳанг, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
Ин марди зинданом дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (9 майи соли 1945) ба дунё омадааст. Қиблагоҳаш Бойзодаи Бекмуҳаммад дар ин рӯзи фараҳ писарро Хушбахт ном мениҳад.
Ҳамин тавр, Хушбахт пас аз хатми мактаби зодгоҳ ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти педагогии Тоҷикистон ба номи Т. Г Шевченко (ҳозира ДДОТ ба номи С. Айнӣ) дохил мешавад. Баъд аз хатми донишгоҳ соли 1968 аз имтиҳони ҷиддии шоирону олимон Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода ва Абдуқодир Маниёзов гузашта, барои кор ба Кумитаи телевизион ва радио роҳхат мегирад. Вай фаъолиятро ба ҳайси муҳаррир дар шуъбаи саноати радиои "Тоҷикистон" шуруъ намудааст. 
Устод Хушбахт Бекзода дар солҳои пурхавфи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳамчун журналисти парлумонӣ фаъолият намуда, даҳҳо гузоришу барномаҳо таҳия менамуд. Дар он давраи вазнин ҳар лаҳза журналистонро хатар таҳдид  мекард. Бо ҷасорату ғайрат солҳои 1993 – 1994 ҳамроҳи ходимони намоёни давлатӣ ба Рашту Бадахшон сафар мекард. Набиҷон Каримов, роҳбари вақти хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз сафарҳояшонро чунин нигоштааст: «Соли 1994 ҳангоми аз ноҳияи Рӯшон ба Хоруғ баргаштан, дар хамгашти роҳ мухолифин ба ҳуҷум гузашта, автомобилҳоро тирборон мекарданд. Тир шишаҳоро шикаста сару рӯямонро мехарошид. Суръати мошинро ронанда тез намуд ва тахминан ним соат нагузашта садои тир паст гардиду овози хабарнигори парламентӣ Хушбахт Бекзода баланд гардид. Ӯ мегуфт: «Шунавандагони азиз, ин лаҳза гурӯҳи кории Ҳукумат дар зери борони тир қарор дорад. Намедонем, кӣ бо кӣ меҷангад, лек медонем, ки ҳадафашон моем. Худо накунаду бори дигар тирпарронӣ шавад, зинда мондани мо амри маҳол аст. Намедонам, ки ин дастгоҳ ба дасти кӣ меафтад. Эҳтиромона ҳоҳиш менамоем, ки касетаҳоро ба «Хонаи радио» расонед. Баъд аз ин ҳодиса гумон кардам, ки Хушбахт Бекзода касби рӯзноманигориро тарк мекунад. Чӣ тавре ки мебинед, устод дар сафи пеши рӯзноманигорон қадам мезананд».
Гузашта аз ин, ин марди наҷиб аз ҷумлаи муаллифони барномаи «Хоки Ватан»-и радиои «Тоҷикистон» (1993 – 1997), ки барои баргардондани гурезагони иҷборӣ нақши назаррас дорад, мебошад. 
Хушбахт Бекзода 20 сол дар телевизион ва қариб 30 сол дар радио фаъолият намуда, баъд аз ба нафақа баромадан дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода аз таҷрибаи хуби эҷодии хеш ба донишҷӯён дарс мегуфт. Бо хусусиятҳои аҷибу пурмеҳри омӯзгорӣ, пуртамкину ором, илми журналистикаро чун олими пажӯҳишгар сабақ медод. Ва ҳар дарси устод ба мо, шогирдон роҳнамо барои фардои дурахшон буд.
Ин марди шариф соли 2020 дар синни 75 дунёи фониро падруд гуфт. 
Ӯ бо ҳаммуаллифии Гавҳар Умарова 17 китоб, аз ҷумла «Ток-шоу дар телевизиони Тоҷикистон», «Лаълҷӯи ҳунар», «Чеҳраҳои Садо ва Симо» ва «Телевизион ва воқеияти Тоҷикистон» -ро ба нашр расондааст. Пас аз фавти устод, соли ҷорӣ китоби ҷадидаш таҳти унвони «Пайванди эҷоду маърифат» рӯйи чоп омад. 
 
Судобаи ФАЙЗАЛӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2022    №: 11    Мутолиа карданд: 758
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед