Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Токаев гуфт, ки дар Қазоқистон қувваҳои мусаллаҳ ҳеҷ гоҳ алайҳи тазоҳургарони осоишта истифода нашудаанд ва намешаванд.
CentralAsia (KZ). “Имрӯз мо Сарвазири нав Алихон Смаиловро таъин карда, дар назди ӯ як қатор вазифаҳои мушаххас гузоштем. Ба ӯ супориш медиҳам, ки дар муддати се ҳафта Барномаи амали ҳукуматро барои соли 2022 омода созад”, - гуфт Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
Известия. Барои мубориза бо штаммҳои нав, аз ҷумла Omicron, ваксинаҳои мавҷудаи коронавирус бояд навсозӣ ва такмил дода шаванд. Дар ин бора дар тавсияҳои нави гурӯҳи машваратии техникӣ оид ба таркиби ваксинаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ омадааст.
АИР "Новости". Муовини котиби давлатии ИМА Виктория Нуланд гуфт, ки агар давлатҳои Финляндия ва Шветсия хоҳиши узвият ба НАТО-ро дошта бошанд, ИМА тайёр аст, ин масъаларо баррасӣ намояд.
ТАСС. Дар Алма – Ато беш аз як шабонарӯз аст, ки ягон ҳолати тирпарронӣ рух надодааст. Зиндагӣ дар ин шаҳр рӯ ба беҳбудӣ дорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 917